|

Халқи тоҷик дар ҳайати давлати Шайбониён. (солҳои 1499-1599)

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2018-09-17

  1. Истилои давлати Темуриён ва ташкил ёфтани давлати Шайбониён.
  2. Фаъолияти Абдуллохон.  
  3. Фарҳанги моддӣ ва маънавӣ дар асри ХVI.

Дар ҳудуди Қазоқистони ҳозира аз замонҳои қадим қабилаҳои турки кӯчманчӣ зиндагӣ мекарданд. Дар охирҳои асри ХV ва ибтидои асри ХVI ӯзбекҳои бодиянишин бо сардории Муҳаммад Шайбонихон Мовароун-наҳри Марказӣ ва баъдтар тамоми қисмати боқимондаи давлати Темуриёнро забт намуданд. Давлат ва сулолаи нав бо номи таъсискунандаи худ - Шайбонӣ машҳур гардид. Худи Шайбонихон аз хонадони Чинғизхон буд.
Шайбонихон аз муборизаи байни ворисони Темур истифода мебурд. Оқибат, соли 1500 Самарқанд бе ҷанг ба дасти Шайбонихон даромад. Аммо як қисми атрофи Бухоро ва Самарқанд пинҳонӣ бо шоҳзодаи ҷавони темурӣ – Бобурмирзо мукотиба намуда, ӯро ба Самарқанд оварда, подшоҳ эълон намуданд. Вале нигоҳ доштани шаҳр ба Бобур муяссар нагардид. Ба Бобур касе ёрӣ нарасонид, ӯ ба қаҳатӣ ва гуруснагӣ тоб наоварда, роҳи гурезро пеш гирифт. Соли 1501 Самарқанд дубора ба дасти Шайбонихон даромад.
Баъд аз пойдор гаштан дар Самарқанд Шайбонихон хост Ўротеппаро ишғол намояд. Ишғоли ин шаҳр муяссар нашуд. Чунки Ўротеппа чунон истеҳкоми мустаҳкам дошт, ки Шай-бонихонро ба ҳайрат гузошта буд. Вале кӯшишҳои Шайбонихон бе оқибат монданд.
Шайбонихон бо лашкараш барои ишғоли Хуҷанд равон гашт. Сокинони ин қалъаи мустаҳкам бо роҳбарии шоҳзода Ҷаҳонгир бар зидди душман истодагари карда натавонистанд. Ишғоли қалъаи устувори Хуҷанд роҳи водии Фарғонаро кушод. Шайбонихон соли 1504 Фарғона ва соли 1503 шаҳри Тошкандро тобеъ кард.
Дар як муддати кӯтоҳ шаҳру вилоятҳои Мовароун-наҳр тобеи Шайбонихон гаштанд. Акнун ӯ мақсад дошт, ки Хуросон ва пойтахти дигари Темуриён шаҳри Ҳиротро забт намояд. Соли 1507 Шайбонихон Ҳиротро тобеъ намуд. Бо ҳамин ҳукмронии давлати Темуриён ба охир расида, ба сари ҳокимият дар Мовароуннаҳру Хуросон сулолаи Шайбониён омад.
Ислоҳоти пулие, ки Шайбонихон дар соли 1507 ба амал овард, аз кӯшишҳои ў дар бобати ба тарафи худ ҷалб кардани табақаҳои ҳокимияти давлати истилокардааш ва ба ин васила васеъ намудани базаи синфии худ гувоҳӣ медиҳад.
Ислоҳоти пулии Шайбонихон дар тамоми давлат муомилоти ягонаи пулиро ташкил карда, онро аз ҳар гуна тағирот раво намуд. Вай, вазн, ҳаҷм ва навъи сиккаҳои нуқрагию мисӣ ва муносибати байни онҳоро муайян кард.
Дар миёнаи асри ХVI ҷангу низоъҳои феодалӣ як ҳодисаи муқаррарӣ гардид. Вақте ки ҳокими Тошканд Наврӯз - Аҳмадхон ба тахти салтанат нишаст, ҷангҳои байнихудӣ хеле авҷ гирифт. Оқибат ду гурӯҳи асосии мухолифи якдигар ба вуҷуд омад; хонадони амлокдорони тошкентӣ бо сардории ҳоқон Наврӯз - Аҳмадхон ва гурӯҳе, ки дар сари он Абдулло – султони ҷавон меистод.
Охири охирон пирӯзи насиби Абдуллохон мегардад. Соли 1557 ӯ Бухороро ишғол намуд. Падари Абдулло Искандар фақат исман ҳукмрон буд. Абдулло соли 1573 Балх, соли 1574 Ҳисор, соли 1578 Самарқанд ва соли 1582 Тошкентро ишғол кард.
Абдулло соли 1583 пас аз вафоти падараш бо номи Абдуллохони II маъруф гардид. Абдуллохони II ходими барҷастаи давлатӣ буд. Ў барои пурзӯршавии ҳокимияти марказӣ барои тараққиёти иқтисодиёт шароити мусоид фароҳам овард. Ислоҳоти пулии Абдуллохони II махсусан аҳамияти калон дошт. Ӯ ба зарби тангаҳои тиллоии асил шурӯъ кард. Акнун пулҳое, ки асосан дар Бухоро бароварда мешуданд, аз “садди мулкӣ” берун омада, дар саросари давлат баробар ба гардиш даромаданд. Ислоҳоти пулӣ ҳам ба манфиати давлат гардид.
Дар асри ХVI бинокорӣ хеле авҷ гирифт. Дар шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд, Ҳисор, Ўротеппа ва дар дигар ҷойҳо бозорҳо, ҳамомҳо, мадрасаҳо, масҷидҳо сохта шуданд. Иншоотҳои муҳими меъмории замони Шайбониён; мадрасаи Мири Араб (Бухоро), мадрасаи Абдуллохон (Бухоро), масҷиди Калон (Бухоро), масҷиди Кӯкгунбаз (Уротеппа) ва ғайраҳо буданд.
Илму фан ва адабиёт дар ин давра то як дараҷа ривоҷ ёфт. Аз байни адибони он давра Зайниддин Восифӣ ба ғайр аз ашъор асари хеле ҷолиби саргузаштие бо унвони «Бадоеъ-ул-вақоеъ» дорад.
Шоир ва муаррихи номӣ Камолиддини Биноӣ мебошад. Дар байни осори ӯ девонҳо, маснавии «Беҳрӯзу Баҳром», асарҳои таърихии «Шайбонинома» ва «Футу-ҳоти хонӣ» шӯҳрати бештаре пайдо карданд.
Бадриддин Ҳилолӣ шоири ғазалсарои асри ХVI буд. Ғайр аз девони ғазалиёт ба қалами Ҳилолӣ боз се девон - «Лайли ва Маҷнун», «Сифот-ул-ошиқин» ва «Шоҳу дарвеш» тааллуқ дорад.
Дар асри ХVI таърихнигорӣ ҳам хеле пеш рафта буд. Яке аз муаррихони ин аср Хондамир мебошад, ки бо асарҳои «Ҳабиб-ус-сияр», «Дастур-ул-вузаро», «Ҳумоюн-нома» шӯҳрат пайдо кардааст. Яке аз сарчашмаҳои таърихи ва адабии асри ХVI асари Бобур Мирзо “Бобурнома” мебошад. Ин асар дар бораи Мовароуннаҳр, Афғонистон, Ҳиндустон, шаҳрҳои он ҷойҳо маълумоти дақиқ медиҳад.

Дидан карданд: 1799

Мавзӯъҳои монанд:

Ниёкони мо: БАРМАКИЁН

Абулфазли Балъамӣ - вазири соҳибтадбири давлати Сомониён

Бузургтарин китобхонаи қадимии олам, ки баъдан сӯхта хокистар шуд

Омад хуҷаста Меҳргон, ҷашни бузурги хусравон...

Ҷомеаи ибтидоӣ. Аҷдоди тоҷикон дар давраи тараққиёти ғуломдорӣ ва феодалӣ

Ҳуҷуми муғулҳо ба Осиёи Миёна

Хоҷагӣ, маданияти моддӣ, муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ, илм ва адабиёти халқи тоҷик дар аҳди Сомониён

Халқҳои Осиёи Миёна дар ҳайати Хилофати араб

Халқи тоҷик дар ҳайати давлати Шайбониён. (солҳои 1499-1599)

Халқи тоҷик дар замони ҳукмронии туркҳо

Коментари дохил карданд:

Каментарй дохил кард: Shakira
Санаи дохилгардида: 2019-10-17

Илм ва маданияти давлати шайбонихо


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: