|

Халқи тоҷик дар замони ҳукмронии туркҳо

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2018-09-17

1.Халқи тоҷик дар замони ҳукмронии Ғазнавиён.
2.Давлати Қараҳониён ва Ғуриҳо
3.Халқи тоҷик дар замони салтанати Салҷуқиён
4.Илм ва адабиёт дар асрҳои XI- XI1

Давлати Ғазнавиён давлати феодалии нимаи асри Х буда, дар Афғонистон барпо шудааст. Пойтахташ шаҳри Ғазна буд ва ин сулола номаш аз ҳамин шаҳр гирифтааст. Сабуктегин асосгузори сулолаи Ғазнавиён (963-1186) буд. Сабуктегин соли 997 вафот мекунад. Ба тахт писари калонии ӯ Маҳмуд (998-1030) нишаст.
Маҳмуди Ғазнавӣ дар давоми 32 - соли давлатдориаш ба давлатҳои дурру наздик лашкар кашида, чандин мамлакати ободро хароб ва ҳазорҳо оилаҳоро бехонумон кардааст. Танҳо ба як Ҳиндустон зиёда аз 15 маротиба лашкар кашидааст.
Заминҳои шимол ва шимолу ғарбии Ҳиндустон, Чағониёну Қубодиёну Хатлон, Хоразму музофотҳои Эрон - Исфаҳон, Рай ба қаламравии ӯ дохил мешуданд.
Дар давраи ҳукмронии писари ӯ, Масъуди Ғазнавӣ соли 1040 давлати Ғазавиён аз тарафи Салҷуқиҳо шикаст мехӯрад. Бо ҳамин ҳукмронии Ғазнавиён дар Хуросон ба охир расид.
Қарахониён – ин давлат солҳои 90-уми асри 10 дар ҳудуди Туркистони Шарқӣ, Ҳафтрӯд таъсис ёфта буд. Асосгузори сулолаи Қараҳониён, Абдулкарими Буғрохони муғулнаҷоди туркзабон буд. Давлати Қарахониёнро асосан ду қабилаи турк, яғмо ва чигилиҳо барпо кардаанд. Сарзамини Қараҳониён ба ду ҳоқон тақсим мешуд. Ҳоқони қисми шарқӣ - марказаш Баласоғун ва ҳоқони қисми ғарбӣ - марказаш Ӯзганд.
Аз солҳои 40 асри XI сар карда, шӯҳрати Иброҳими Тамғочхон (1046-1068) афзуд. Ӯ дар Мовароуннаҳр давлати Қарахониёнро пурра ташкил кард. Ӯ Самарқандро пойтахт эълон намуд, системаи андоз ва нархи маҳсулоти бозорро тағйир дод, пулро дигар кард.
Қабилаҳои сершумори қарахитоҳо (хитоиҳои сиёҳ), ки дар водии Тарим маскун буданд, соли 1125 империяи бузургашонро барпо намуданд, ки ҳудуди он то шимолу шарқии дарёи Енисей мерасид. Қарахитоиҳо солҳои 20-уми асри XI1 Ҳафтрӯдро забт намуда, давлати мустақили худро таъсис доданд, ки пойтахташ шаҳри Баласоғун дар соҳили дарёи Чу воқеъ гашта буд.
Соли 1287 Қарахитоиҳо дар ноҳияҳои Хуҷанд пайдо шуда ба лашкари Маҳмуди Қарахонӣ зарбаи сахт заданд. Қарахитоиҳо дар ҷанги ҳалкунанда ба қӯшуни муттаҳидаи Маҳмуди Қарахонӣ ва Султон Санҷари Салчукӣ  9 сентябри соли 1141 дар наздикии Самарқанд зарбаи сахт заданд. Қарахитоиҳо ҳам, мисли Салҷуқиҳо, сулолаи Қарахониёнро аз байн набурдаанд, балки ба вассали худ мубаддал карданд. Қарахитоиҳо Мовароуннаҳри Марказӣ ва Бухороро ҳам ба даст дароварданд.
Давлати Ғӯриён - ин давлати тоҷикон аз нимаи асри XI1 то аввали асри XIII дар қисми ғарбии Афғонистонӣ кунуни арзи вуҷуд кардааст. Асосгузори он сулолаи Шансабониён аст. Ғӯриҳо гуфта сулолаи тоҷикони Шансабониён дар назар дошта мешавад, ки аз замони дини ислом то ҳуҷуми муғулҳо ҳукумат рондааст. Аввал кӯҳистони Ғӯр ва баъдтар тамоми Хуросон, Мовароуннаҳр ва шимоли Ҳиндустонро дар итоати худ нигоҳ медошт. Асосгузори ин хонадон Шансаб ибни Хурнак буд ва аз ин сабаб ба худ номи сулолаи Шансабро гирифта аст. Мардуми ин мамлакат асосан тоҷикони кӯҳистони буданд.
Давлати Ғӯриён аз ҷиҳати муносибатҳои феодалӣ назар ба Мовароуннаҳру Хуросон ақиб монда буд. Гарчанде аз дигар мамлакатҳои ҳамсоя қафомонда бошад ҳам, аз ҷиҳати истихроҷи маъдан ва сохтани силоҳи ҷангӣ хеле пеш рафта буд. Ҳанӯз дар охири асри Х пешвои қабилаи Шансабонӣ - асосгузори давлати Ғӯриён Сури Сайфуддин Изуддини Ҳусайн чандин қабилаҳоро ба итоати худ дароварда, нуфузашро дар байни мардуми ин кишвар афзуд. Дар аввал пойтахти Ғӯриён, Фирӯзкӯҳ буд, вале баъди ғалабаи комил бар давлати Ғазнавиён шаҳри Ғазнаро пойтахт интихоб карданд.
Дар миёнаи асри ХI дар Осиёи Миёна давлати Салҷуқиён ба вуҷуд омад. Қабилаҳои бодиянишини туркзабони оғуз бо сардории Салҷуқ асосгузори сулолаи Салҷуқиён дар даштҳои шимоли води Зарафшон мезистанд. Туғралбеки Салҷуқӣ (1038-1063) набераи Салҷуқ баъд аз ғалабаи муҳорибаи Дандонакон соли 1040 дар Хуросон ба ҷои Ғазнавиён ба сари қудрат омада, худро ҳокими тамоми Хуросон эълон кард.
Дере нагузашта Туғрал мамлакатҳои Хоразм, Эрони Ғарбӣ, Курдистон, Арманистон, Озарбойҷон ва Ироқро ба тассаруфи худ даровард. Туғрал шаҳри Райро (дар Эрон) пойтахт эълон намуд ва шаҳри Марв пойтахти бародараш Ҷағрибек қарор гирифт.
Дар аҳди салтанати Ҷалолидини Маликшоҳ соли (1072-1092) давлати Салҷуқиён хеле ривоҷ ёфт. Ҳудуди давлати Маликшоҳ хеле васеъ буд. Он аз баҳри Миёназамин то сарҳади давлати Чин тӯл мекашид ва қариб тамоми мамлакатҳои мусулмони Осиёи Миёнаро дар бар мегирифт. Пойтахташ шаҳри Исфаҳон буд.
Яке аз бузургтарин донишманд ва сиёсатмадорӣ замони Салҷуқиён Абӯалӣ Ҳасан ибни Алӣ буд, ки барои пойдор намудани ин давлат ва тарзи давлатдорӣ хизмати бузурге кардааст. Ӯ дар аҳди ду султони салҷуқӣ Алпарслон ва Маликшоҳ вазифаи вазириро иҷро мекард. Ин марди фозил қариб 30 сол (с.1063-1092) давлатро идора карда ба туфайли кордониву хирадаш ба гирифтани номи «Низоммулмулк» сазовор гаштааст. Низомулмулк асари машҳури худ «Сиёсатнома»-ро ба забони тоҷикӣ таълиф намудааст, ки дар хусусӣ тарзи давлатдорӣ, одобу ахлоқ, муомилаву рафтор, хизматдорӣ, муомила бо вазирону амирон ва дигар табақаҳои мардум нақл мекунад.
Таърих чор сулолаи Хоразмшоҳиёнро медонад. Бузургтарини онҳо сулолаи чорум аст ва он бо номи «Хоразмшоҳиёни бузург» шӯҳрат ёфтааст. Ба ин хонадон Ануштегини Ғалча соли 1077 асос гузоштааст. Набераи ӯ Отсиз (1127-1156) асосгузори ҳақиқии давлатии Ҳоразмшоҳиён ба ҳисоб меравад. Хоразм махсусан дар давраи Аллоуддин Муҳаммад Текӯш (1172-1200) хеле тараққӣ мекунад. Баъди ӯ писараш Муҳаммади Хоразмшоҳ (с.1200 -1220) ба сари ҳокимият меояд. Ӯ соли 1207 бо баҳонаи пахш намудани шӯриши Маликсанҷар ба Бухоро ҳуҷум оварда онро ишғол кард. Ӯ ба Қараҳониён ҷангҳои бисёр карда Мовароуннаҳр ва Афғонистонро забт намуд. Соли 1215 ноҳияҳои ҷанубии Тоҷикистон ва Ӯзбекистони имрӯзаро низ забт кард. Дар аввал обрӯи хеле афзуда буд ва ҳатто ӯро «Искандари дуюм» меномиданд. Ҳудуди давлаташ аз соҳилҳои шимолии баҳри Каспий то халиҷи Форс, то кӯҳҳои Кавқоз, Ҳиндуқуш расид. Дар давраи ҳукмронии Муҳаммади Хоразмшоҳ Осиёи Миёна ба давлати Чингизхон ҳамроҳ карда шуд.
Дар асрҳои XI-XI1 ва авали асри XIII як қатор шоирон, олимон, файласуфон, ки дар таърихи адабиёти форс-тоҷик саҳми бузург доранд, ба вуҷуд омаданд.
Давлати Ғазнавиён, ки Хуросон, Чағониён, Хатлон, Тахо-ристон, қисми бузурги Эрон ва шимоли Ҳиндустонро дар бар мегирифт, барои нашъунамоӣ илму адабиёт шароити хубтар муҳайё карда буд.
Ҳаёт ва фаъолияти адаби намояндагони маъруфи адабиёти тоҷик, ба монанди Асади Тӯсӣ, Масъуди Саъди Салмон, Фахриддини Гургонӣ, Умари Хайём, Носири Хисрав ва ғайра дар ҳамин давра ҷараён ёфтааст.

Дидан карданд: 792

Мавзӯъҳои монанд:

Ниёкони мо: БАРМАКИЁН

Абулфазли Балъамӣ - вазири соҳибтадбири давлати Сомониён

Бузургтарин китобхонаи қадимии олам, ки баъдан сӯхта хокистар шуд

Омад хуҷаста Меҳргон, ҷашни бузурги хусравон...

Ҷомеаи ибтидоӣ. Аҷдоди тоҷикон дар давраи тараққиёти ғуломдорӣ ва феодалӣ

Ҳуҷуми муғулҳо ба Осиёи Миёна

Хоҷагӣ, маданияти моддӣ, муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ, илм ва адабиёти халқи тоҷик дар аҳди Сомониён

Халқҳои Осиёи Миёна дар ҳайати Хилофати араб

Халқи тоҷик дар ҳайати давлати Шайбониён. (солҳои 1499-1599)

Халқи тоҷик дар замони ҳукмронии туркҳо

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: