|

Халқи тоҷик дар замони давлатдории Темур ва Темуриён

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2018-09-17

  1. Қадамҳои аввалини Темур дар саҳнаи сиёсии Мовароуннаҳр (соли 1370 – 1405).
  2. Забткориҳои амир Темури-ланг дар Осиёи Миёна ва берун аз он. Мовароуннаҳр дар аҳди салтанати  Улуғбек.
  3. Ҳаёти маданию фарҳангӣ дар асри ХIV ва аввали асри ХV

Дар нимаи асри ХIV дар саҳнаи сиёсати Мовароуннаҳр писари беки қабилаи барлос Темур зуҳур менамоянд. Темур соли 1336 дар деҳаи Хоҷаилғор таваллуд ёфтааст.
Дар соли 1361 хони Муғулистон Туғлуқ Темур Самарқанд ва  шаҳри Кӯшро ишғол кард. Темур дар ин вақт хидмати Туғлуқ Темурро қабул намуд ва бо кӯмаки ӯ ҳокими Кӯш гардид. Аммо Темур дар хидмати хони  Муғулистон бисёр давом накард. Вай бо ҳокими Балх амир Ҳусайн, ки бо Туғлуқ Темур муносибати душманона дошт, созиш карда, ба ҳомии аввалаи худ хиёнат намуд.
Амир Хусайн ва Темур ба муқобили Туғлуқ Темур сар бардошта, вале дар ҷанг шикаст хӯрда, ба Систон гурехтанд. Темур дар Сиистон ҳангоми яке аз моҷароҳои ҳарбии худ аз даст ва пои росташ захмдор гардида, то охири умр ланг шуд. Баъд аз ин ӯро бо унвони Темури -Ланг низ ёд карданд. Дере нагузашта, писар ва вориси Туғлуқ Темур Илёсхоҷа бо мақсади дубора ғасб кардани Мовароуннаҳр бар зидди Ҳусайн ва Темур лашкар кашид.
Мавлонозода ном яке аз шогирдони мадраса бо розигии ҳамаи ҳозирон вазифаи сардории мудофиаи шаҳри Самарқандро ба ӯҳдаи худ гирифт. Вақте ки хабари аз муҳосираи Самарқанд даст кашида, ақибни-шинӣ кардани муғулҳо ба гӯши Темур расид, ӯ фавран ба пеши амир Ҳусайн қосид фиристод. Баҳори соли 1365 амир Ҳусайн ва Темур бо лашкари худ ба Самарқанд расида, дар он ҷо мактуб навиштанд ва гуфтанд: «Мо ба шумо боварии куллӣ дорем ва бо шумо беҳтар аз дигар ҳукмронон, рафтор хоҳем кард». Роҳбарони сарбадорон ба ин суханони маккорона бовар карда, ба лашкаргоҳи амир Ҳусайн равона шуданд ва ҳамин ки ба он ҷо расиданд, ҳама дастгир шуданд.
Ҳамин тариқ, ҷунбиши сарбадорони Самарқанд бераҳмонона фурӯ нишонда шуда, амир Ҳусайн ва Темур дубора ҳукмрони ин шаҳр гардиданд.
Пас аз забт шудани Самарқанд муносибати байни амир Ҳусайн ва Темур вайрон гардид. Муборизаи махфиёнаи Темур то дараҷае расид, ки соли 1370 бо фармони ӯ дар Самарқанд табаддулоте ба амал омада, амир Ҳусайн кушта шуд ва Темур ҳокими тамоми Мовароуннаҳр гардид. Ў худро амир эълон кард.
Темур ба кишваркушоии 35 солаи худ қадам ниҳода, ҳокимияти худро, қабл аз ҳама, дар паҳноии ҷараёни дарёҳои Сир мустаҳкам намуд, ки дар он вақт дар ҳукумати хонии Оқ-Ўрда мавчуд буд. Ў ба ихтилофи дохили сулолавии Оқ-Ўрда мудохила карда, Тўхтамишхонро, ки яке аз муддаиёни тоҷу тахт буд, ҳимоя намуд. Тўхтамишхон баъдҳо бо кўмаки Темур ҳукумати Олтин - Ўрдаро низ ба даст даровард. Дар соли 1372 амир Темур нахустин дафъа Хоразмро забт намуд.
Темур дар соли 1404 ба пойтахти худ шаҳри Самарқанд баргашт дар фикри истилои мамлакати Чин афтод ва соли 1405 лашкари худро ба тарафи шарқ ҳаракат дод. Лекин ў ба мақсади худ нарасида, дар роҳ ногаҳон вафот кард.
Тамоми лашкаркашиҳои Темур ошкоро характери ғоратгарона доштанд. Ў дар соли 1387 ҳангоми забт намудани шаҳри Исфаҳон ба аскарони худ фармон дод, ки 70 ҳазор нафар аҳолии бегуноҳро сар бурида, аз сари, онҳо «калламанора» созад. Дар соли 1398 дар Ҳиндустон бо амри ӯ 100 ҳазор нафар асирон ба қатл расонида шуданд. Вай соли 1401 шӯриши Бағдодро фурӯ нишонда, рӯзи иди қурбон 90 ҳазор касро кушта,аз сари онҳо 120 калламанора сохт.
Пас аз марги Темур давлати бузурги иператории ташкил кардаи, ў аз по афтода, Мовароуннаҳр ба саҳнаи муборизаҳои хунини сулолавӣ табдил ёфт. Темур ҳанўз дар вақти ҳаёти худ давлатро дар байни фарзандонаш Ҷаҳонгир, Умаршайх, Мироншоҳ, Шоҳрух ва набераҳояш Муҳаммадсултон, Пир-муҳаммад, Иброҳим ва Улуғбек тақсим намуда буд.
Аз соли 1411 Улуғбеки ҳабдаҳсола ҳукмронӣ Мовароуннаҳр гардид.
Аз муҳимтарин тадбироти Улуғбек дар дохили давлат ин ислоҳоти пулии соли 1428 буд. Ин ислоҳот дар бобати ба низом даровардани муомилоти пулӣ ва тиҷорат, ки ба андозае манфиатҳои аҳолии меҳнатиро ифода мекард, роли мусбат бозид. Аввалин мураббии Улуғбек дар овони кӯдакиаш донишманди маъруф шайх Орифи Озарӣ буд. Соли 1449 Улуғбек бо фармони писараш Абдулатиф ба қатл расид.
Дар замони Темуриён вазъияти хоҷагии қишлоқ назар ба замони муғулхо хеле беҳтар гардид.
Андози асосии замин дар замони Темур ва темуриён хироҷ буд, ки ба ду шакл: яке ба тариқи мол, дигаре аз рўи масоҳати замин ба тариқи пул ситонида мешуд.
Ёдгориҳои мӯҳташами меъмории замони Темуриён инҳо буданд; масҷиди Бибихонум, мақбараи Шоҳизинда, мақбараи Гӯри Мир, мадраси Улуғбек, расадхонаи Улуғ-бек.
Дар асри XIV - XV илму адаб тараққӣ карда буд. Муаррихони барҷастаи он давр; Низомиддини Шомӣ, Шарофиддин Алии Яздӣ, Мирхонд ва дигарон буданд. Адабиёти бадеӣ низ тараққӣ карда, адибони барҷастае ба вуҷуд омаданд, ки дар байни онҳо классикони машҳури назми форсу тоҷик, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҳусайн Воизи Кошифӣ мавкеи бузургеро ишғол мекунанд. Дар асарҳои онҳо бештар ғояҳои тараққихоҳонаи замона инъикос ёфта буд.
Бузургтарин намояндаи адабиёти ин давра шоир ва донишманди маъруф Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ мебошад.
Аз асоситарин асарҳои манзуми Ҷомӣ «Ҳафт авранг» мебошад, ки аз ҳафт достони бузурги мисли достонҳои
«Хамса»- и Низомӣ фароҳам омадааст.
Дар ин давра инчунин оид ба илми ахлоқ бисёр асарҳо таълиф ёфтаанд.
Дар соли 1494 Хусайн Воизи Кошифӣ дар масъалаи ахлоқ ва тарбия «Ахлоқи Мухсинӣ»-ро офарид, ки аз чил боб иборат буда, ба шоҳзода Мӯҳсин бахшида шудааст. Ў китоби машҳури «Калила ва Димна» - ро бо номи «Анвори Суҳайлӣ» аз нав таҳрир намуд.

Дидан карданд: 2157

Мавзӯъҳои монанд:

Ниёкони мо: БАРМАКИЁН

Абулфазли Балъамӣ - вазири соҳибтадбири давлати Сомониён

Бузургтарин китобхонаи қадимии олам, ки баъдан сӯхта хокистар шуд

Омад хуҷаста Меҳргон, ҷашни бузурги хусравон...

Ҷомеаи ибтидоӣ. Аҷдоди тоҷикон дар давраи тараққиёти ғуломдорӣ ва феодалӣ

Ҳуҷуми муғулҳо ба Осиёи Миёна

Хоҷагӣ, маданияти моддӣ, муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ, илм ва адабиёти халқи тоҷик дар аҳди Сомониён

Халқҳои Осиёи Миёна дар ҳайати Хилофати араб

Халқи тоҷик дар ҳайати давлати Шайбониён. (солҳои 1499-1599)

Халқи тоҷик дар замони ҳукмронии туркҳо

Коментари дохил карданд:

Каментарй дохил кард: suhrobmehrobtj@gmail.com
Санаи дохилгардида: 2018-12-21

дар бораи давлати Курдхои Хирот ва Сарбадорони Хуросон кори корси надорен


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: