|

Ҳаёти тоҷикон дар давраи Ҷониён аморати Бухоро ва хонигарии Қӯқанд (асри ХVII ва ибтидои асри ХVIII)

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2018-09-17

  1. Халқи тоҷик дар ҳайати давлати Ҷониён.
  2. Ислоҳоти Убайдуллохон.
  3. Таназзули давлати Ҷониён ва ба сари омадани манғитиҳо.

Охирин намояндаи сулолаи Шайбониён Пирмуҳам-мадхони II фақат ба як қисмати ночизи давлат соҳиб буд. Ӯ ҳам ба зудӣ дар xангу низоъҳои байнихудӣ ҳалок гардид.
Аён ва ашрофи феодалӣ маснади хони Бухороро ба Ҷонимуҳаммад султон пешниҳод намуданд. Ў хоҳари Абдуллохони Шайбониро ба зани гирифта буд. Вале Ҷонибек султон хон шудан нахост. Ба сари ҳокимият бародараш Боқимуҳаммад (1599-1605) омад.
Баъд аз вафоти Боқимуҳаммад бародари ӯ Вали-муҳаммадхон ҳукмрон гардид. Ў аз ӯҳдаи идораи давлат набаромад. Бинобар он аъёну ашроф тахти хониро ба Имомкулихон (1611-1642) вогузоштанд.
Баъд аз ҳукмронии 30 – сола хони Бухоро кӯр шуда, ҳокимиятро ба бародараш ҳокими Балх Надирмуҳаммадхон (1642-1645) супурд. Ҳукумронии ӯ дер давом накард. Ба тахти салтанат писараш Абдуазизхон (1645-1680) соҳиб шуд. Ниҳоят давлатро Субҳонқулихон (1680-1702) ба даст даровард.
Баъди Субҳонкулихон ба тахти Бухоро Убайдуллохон (1702-1711) нишаст. Убайдуллохон охирин кас аз хонадони салтанатии Ҷониён буд, ки дар роҳи маҳдуд намудани худсариҳои феодалон ва пурқувват кардани ҳокимияти марказӣ саъю кӯшиши зиёде кардааст.
Ба Убайдуллохон аз Субҳонкуллихон вазъияти сахте мерос мондааст. Амирон-сардорони тоифаҳои ӯзбек худро тамоман соҳибихтиёр ҳис мекарданд. Онҳо дар қаламрави худ замин харида, ба заминдори калон табдил меёфтанд. Убайдул-лохонро на сармоя буд ва на қӯшуни кофӣ, ки ба сари худ зидди ҷудоихоҳии ин феодалон мубориза барад.
Муносибати ӯ бо амирон душманона ва муборизаҳояш бо онҳо рӯи рост ва ошкоро буд. Ў ба ҳамон амироне такя мекард, ки пулу мол ва замин ҳадя менамуданд.
Убайдуллохон ба ислоҳоти пул умеди калон баста буд. Соли 1708 пулҳои дар хазина буда дубора сикка зада шуданд; аз ҳар тангаи кӯҳна чор тангаи нав ба вуҷуд оварда шуд, ки ҳар кадоми он 9 фоиз нуқра дошт. Пас аз ин эълон карда шуд, ки минъбад иқтидори хариди пулҳои нав (9% нуқра) ва пулҳои кӯҳна (35% нуқра) баробар хоҳад буд. Убайдуллохон хост дорои хазинаро якбора чор маротиба афзояд.
Дар Бухоро кори савдо қатъ гардид. Тоҷирон ва косибони шаҳр дӯҳкону корхонаҳояшонро бастанд. Дар бозор чизе ёфт намешуд. Убайдуллохон ба созиш маҷбур гардид ва маънии ислоҳотро тағйир дод. Акнун пули кӯҳна на ба як, балки ба ду нав баробар карда шуд.
Душманӣ то дараҷае расид, ки ҳангоми яке аз сӯи-қасдҳо дар соли 1711 Убайдуллохон кушта ва дарборӣ хонӣ тороҷ карда шуд. Пас аз ӯ бародараш Абдулфайзхон (1711-1747) ба тахт нишаст. Ӯ охирин намояндаи сулолаи Ҷониён дар тахти Бухоро буд.
Дар миёнаҳои асри ХVIII Осиёи Миёна, ки дар натиҷаи ҷангҳои дохилӣ пароканда ва аз харобиҳои иқтисодӣ хеле заиф шуда буд, ба ҳуҷуми шоҳи Эрон Нодиршоҳ дучор гардид.
Дар ин давра табақаи ашрофи қабилаи манғит имтиёзи бештаре пайдо мекунад, ки ин эътирози шадиди аъёну ашрофи дигар тоифаҳои ӯзбекро ба амал меорад. Абулфайзхон дар ҳокимияти ҳарбию сиёсӣ ягон қудрате надошт.
Нодиршоҳ соли 1740 аз роҳи Балх ва Чорҷӯй ба Мовароуннаҳр дохил шуд. Нодиршоҳ майлҳои чоҳтала-бонаи феодалони осиёмиёнагиро моҳирона истифода мебурд. Яке аз онҳо Муҳаммадҳаким атолиқ буд. Писари ӯ Муҳаммадраҳим ба истиқболи Нодиршоҳ рафта, дар назди ӯ сари итоат фуруд овард.
Соли 1747 Нодиршоҳ аз тарафи ҷиянаш Аликули-хон кушта шуд ва Муҳаммадраҳимбӣ ҳам зуд ба Бухоро омада, Абдулфайзхонро дар мадрасаи Мири Араб ба қатл расонда бо дастгирии табақаҳои ашроф ва рӯҳониён ба тахти хонии Бухоро нишаст ва бо ҳамин ба силсилаи хонадони Манғития асос гузошта, соли 1753 ӯ худро амир эълон кард.
Дар солҳои ҳукмронии Муҳаммадраҳимбӣ хонига-рии Бухоро як қадар муттамарказ шуда аз ҷиҳати ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ қувват мегирад ва баъд аз марги Муҳаммадраҳимбӣ соли 1758 амаки ӯ Дониёлбӣ атолиқ (1758-1785) ба тахти хони нишаст.
Дар замони ҳукмронии Дониёлбӣ норозигии халқ боло мегардад. Дар аҳди ӯ хеле андозҳои нав, монанди; никоҳона, мӯҳрона, ҳаққӣ тарозу ва ғайра ҷорӣ карда шуд. Норозигии оммаи халқ тамоми аморати Бухороро фаро гирифт. Ва бо хоҳишу талаботи халқ Дониёлбӣ маҷбур мешавад писари хурдиаш Шоҳмуродро соли 1785 ба тахт шинонад.
Аҳди салтанати амир Шоҳмурод (1785-1800) дар таърихи сулолаи Манғития давраи нисбатан устувор гардидани аморати Бухоро буд.
Шоҳмурод бо мақсади бартараф намудани эътирози умуми халқӣ, ки дар вақти ҳукмронии падараш ба миён омада буд, ислоҳотҳо аз қабили ислоҳоти судӣ, ҳарбӣ, иқтисодӣ ва маъмуриро гузаронида, вазъияти халқро беҳтар гардонид. Шоҳмурод шакли зоҳирӣ, ҳаҷм ва вазни сиккаҳоро тағир дода, онҳоро аз нуқраи пуриёр мебаровардагӣ шуд. Шоҳмурод умури маҳкамаро низ ба тартиб даровард. Дар он замон қонуне ҷорӣ гардид, ки агар касе нисбат ба моликият, ҷинояте содир кунад, сарфи назар аз мартабаҳои ҷамъиятии ӯ, ба сахттарин ҷазо гирифтор мешуд.
Пас аз вафоти Шоҳмурод писараш амир Ҳайдар (1800-1826) ба тахт нишаст. Дар соли 1826 амир Ҳайдар вафот кард ва ба тахт писари сеюми он Насрулло (1826-1860) нишаст. Дар давраи ҳукмронии Насрулло аморати Бухоро марказият ёфта сарзамини ӯ васеъ мегардад. Дар соли 1837 амир Насрулло ислоҳоти ҳарбӣ гузаронид. То ин вақт қӯшун аз ду қисмат иборат буд; яке нӯкарҳо, ки бидуни мӯҳлат хизмат мекарданд, дигаре қарачирикҳо, фавxҳои ғайримуназзами сершумореро ташкил медоданд. Ғайр аз нӯкарҳо шогирдпешаҳо низ буданд, ки хизмати қисми тайёрии қӯшунро адо карда, сипас ба нӯкарӣ
гузаронида мешуданд.
Аморати Бухоро дар солҳои ҳукмронии амир Насрулло яке аз давлатҳои пурзтартарин дар Осиёи Миёна буд ва давлати Русия бо аморати Бухоро хеле наздик гардид, ки ин боиси бо зудӣ забт кардани Осиёи Миёна аз тарафи Русия гардид.
Пас аз вафоти амир Насрулло салтанат ба дасти писари ягонаи ӯ Музаффар (1860-1885) расид. Дар замони ҳукмронии амир Музаффар Осиёи Миёна ба Русия ҳамроҳ карда шуд.
Дар соли 1710 хонигарии Қӯқанд аз тарафи Шоҳрухбӣ асос гузошта шуд. Дар аҳди Олимхон (1800-1810) ҳудуди хонигари васеъ шуда, давлат марказонида шуд.
Ҳамин иқдомоти Олимхонро бародараш Умархон (1800 - 1822) бо муваффақият идома дод. Пас аз вафоти Умархон писар ва вориси ӯ Муҳаммадалӣ (1822-1842) ба тахт нишаста, тақрибан 20-сол зимоми умури хонии Қӯқандро дар дасти худ нигоҳ дошт.

Дидан карданд: 1902

Мавзӯъҳои монанд:

Ниёкони мо: БАРМАКИЁН

Абулфазли Балъамӣ - вазири соҳибтадбири давлати Сомониён

Бузургтарин китобхонаи қадимии олам, ки баъдан сӯхта хокистар шуд

Омад хуҷаста Меҳргон, ҷашни бузурги хусравон...

Ҷомеаи ибтидоӣ. Аҷдоди тоҷикон дар давраи тараққиёти ғуломдорӣ ва феодалӣ

Ҳуҷуми муғулҳо ба Осиёи Миёна

Хоҷагӣ, маданияти моддӣ, муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ, илм ва адабиёти халқи тоҷик дар аҳди Сомониён

Халқҳои Осиёи Миёна дар ҳайати Хилофати араб

Халқи тоҷик дар ҳайати давлати Шайбониён. (солҳои 1499-1599)

Халқи тоҷик дар замони ҳукмронии туркҳо

Коментари дохил карданд:

Каментарй дохил кард: Behruz behruz.normatov.beh@gemail.com
Санаи дохилгардида: 2019-04-04

Мухторияти Қуқанд ва барҳам додани он


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: