|

Халқи тоҷик дар давраи аз тарафи Русия забт карда шудани Осиёи Миёна

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2018-09-17

  1. Вазъи сиёсии Осиёи Миёна дар миёнаҳои асри ХIХ.
  2. Тобеи Русия гардидани аморати Бухоро ва хонигарии Хева. Барҳам хӯрдани хонигарии Қӯқанд.
  3. Генерал- губернатории Туркистон ва сохтори он.

Осиёи Миёна дар арафаи истило ба якчанд давлатҳои феодалӣ тақсим мешуд. Ба ғайр аз хонигариҳои Бухоро, Қӯқанд ва Хева боз бекигариҳо ва шоҳҳои дигари мустақил буданд.
Вазъияти таърихӣ дар Осиёи Миёна дар арафаи забт шудани он аз тарафи Русия фавқулода мураккаб буд. Осиёи Миёна диққати давлатҳои дар ҳамон давра пуриқтидортарин ва дорои мустамликаҳои бешумор, инчунин Туркияи султонӣ ва Эронӣ шоҳиро ба худ ҷалб намуда буд.
Баъди барҳам хӯрдани ҳуқуқи крепостноӣ дар соли 1861, Русия ба роҳи тараққиёти капиталистӣ дохил шуд. Аз ҳамин сабаб Русияи подшоҳӣ ба забт намудани Осиёи Миёна шавқу ҳаваси зиёде зоҳир менамуд.
Дар солҳои шастуми асри ХIХ ба сабаби он, ки дар дар натиҷаи сар задани ҷангҳои дохилӣ дар шимол ва ҷануби Америка ба Европа кашондани пахтаи америкоӣ қатъ гардида, бӯҳрони саноати бофандагии Европа ва Русия ба амал омад, ки истилои Осиёи Миёна ҳамчун манбаи маводи хоми пахта аҳамияти махсус касб намуд.
Дар охири солҳои 40-ум ва аввали соли 50-уми асри ХIХ ҳаракати Русия ба Осиёи Миёна сар мешавад. Дар моҳи сентябри соли 1864 қӯшуни рус Чимкентро забт намуда, ба тарафи Тошканд ҳаракат намуд. Баъди шикаст хӯрдани муҳофизони шаҳри Тошканд лашкари рус бо лашкари амири Бухоро дучор меояд.
Ҷангҳои дохилии хонигии Қӯқанд ва ҳамчунин муносибатҳои душманонаи байни Қӯқанду Бухоро ба амалиёти муваффақиятомези қӯшунҳои подшоҳӣ шароити мусоид фароҳам оварданд.
25-майи соли 1866 истилогарон Хуҷандро забт карданд. Дар охири сентябри ҳамон сол лашкари ҳукумати подшоҳӣ ба қалъаи мустаҳками Ӯротеппа наздик шуданд, ки ин шаҳр дар итоати амири Бухоро буд. Соли 1866 байни Русия ва хонигарии Қӯқанд шартномаи сулҳ баста шуд, ки мувофиқи он хонигарии Қӯқанд худро тобеи Русияи подшоҳӣ донист.
23 - июни соли 1868 дар байни Русия ва Бухоро шартнома баста шуд, ки мувофиқи он ҳамаи заминҳои қӯшуни подшоҳӣ забт карда, яъне Зирабулоқ, Каттақӯрғон, Самарқанд, Ургут, Тошкент, Ҷиззах, Ӯротеппа ва Хуҷанд ба итоати Русия гузаштанд. Ҳукумати амир дигар ҳуқуқ надошт, ки бо давлатҳои хориҷӣ мустақилона робита кунад.
Лашкари подшоҳӣ муқобилияти ҷиддие надида 29 майи соли 1873 шаҳри Хеваро забт кард. 12 - июни соли  1873 шартномаи байни Русия ва Хева ба имзо расид.
Ҳукумати подшоҳӣ танҳо дар ҳудуди истилокарда-аш Осиёи Миёна соли 1865 вилояти Туркистонро, ки марказаш шаҳри Тошканд буд, барпо намуд. Соли 1867 ин вилоят ба генерал-губернатории Туркистон табдил ёфт. Аз ҷиҳати маъмурӣ генерал - губернатории Туркистон дар аввал ба ду вилоят тақсим мешуд вилоятҳои  Ҳафтрӯд ва Сирдарё. Сипас ба ҳайати вай се вилояти нав ташкил шуда, Фарғона, Самарқанд ва Закаспий дохил шуданд. Дар сари он генерал – адютанти подшоҳӣ К.П. Кауфман қарор гирифт. Ӯ ба ин вазифа бо “ярлиқи заррини” Александри 2 таъйин шуда буд. Генерал – губернатор ваколатҳои ниҳоят калон дошт. Тамоми ҳокимият дар кишвар дар дасти ӯ буд. Вай ҳуқуқ дошт, дар мавриди лозими бо мулкҳо ҷанг кунад, сулҳ бандад, ҳама корҳои сиёсӣ, сарҳад ва савдоро ҳал кунад. Генерал – губернатор метавонист бе ҳеҷ гуна суд намояндагони аҳолии маҳаллиро ба муддати 5 сол аз кишвари Туркистон ронад.
Дар нимаи дуюми асри ХIХ дар як қатор маҳалҳои калони аҳолинишин, бозорҳо ва корвонсаройҳои нав кушода шуданд. Пас аз ба Русия ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна дере нагузашта дар Хуҷанд фабрикаҳои на чандон калони коркарди ашё кушода шуданд. Соли 1870 фабрикаи пиллакашӣ кушода шуд. Соли 1873 дар қишлоқи Деҳмой заводи шаробкашӣ кушода шуд.
Дар солҳои 70 – ум нақшаи сохтмони роҳи оҳан, ки Осиёи Миёнаро бо Русия мепайваст, аҳамияти махсус пайдо намуд. Дар солҳои 1885 роҳи оҳан то Ашқобод, дар соли 1888 то Самарқанд ва дар соли 1898 то Тошкент кашида шуд.
Дар натиҷаи ҳамроҳ шудан ба Русия ҳаёти мадании Осиёи Миёна рӯҳ гирифт. Масалан; дар Тошкент китобхона, театр, музей кушода шуда, кори матбуот рӯ ба тараққӣ ниҳод. Ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна ба Русия аҳамияти объективонаву таърихан прогресивӣ дошт.
Халқҳои Осиёи Миёна ба ин восита имкон ёфтанд, ки бо маданияти пешқадами рус ва муборизаи ревалутсионӣ табақаҳои демократӣ ва сипас пролетарии он ошно шаванд.
Осиёи Миёна тӯъмаи империяи Британия нагардид, ки мехост ин қисмати Осиёро мустамликаи худ созад ва ё онро ба ягон давлати хонии калон, вале ақибмондае ҳамроҳ намуда, ба ин восита халқҳои ин сарзаминро мисли бисёр халқҳои дигар истисмор кунад.
Ба ҳайати Русия дохил гардидани давлатҳои хони Осиёи Миёна, низоъҳои дохили феодалӣ ва ҷангҳои муттасилеро, ки аҳолии меҳнаткаш аз онҳо сахт дар азоб буданд, барҳам дод.
Маҳз, аз ҳамин сабаб аз ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна ба Русия дере нагузашта дар байни меҳнаткашони Русияи револутсионӣ ва меҳнаткашони кишварҳои канории миллӣ, аз он ҷумла пролетариати нав ташкил ёфта, косибон ва деҳққонони Осиёи Миёна бар зидди ҳукумати подшоҳӣ, сохти помешикиву буржазӣ ва истисморкунан-дагони маҳаллӣ иттиҳоди мустаҳкам ба миён омад. Ғояҳои пешқадами револутсионии пролетариати Русия то рафт бештар шуури халқҳои Осиёи Миёнаро бедор мекард. Ин буд, ки ниҳоят меҳнаткашони тоҷик, ӯзбек, туркман, қирғиз, қазоқ ва дигар халқҳои Осиёи Миёна тадриҷан тавонистанд дар таҳти роҳбарии партияи болшевикӣ ба ҳаракати револутионӣ пролетариати Русия ворид шаванд.
Ин ҳолат дар баёни аҳамияти ба Русия ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна мавқеи хеле муҳимро ишғол менамояд.

Дидан карданд: 957

Мавзӯъҳои монанд:

Ниёкони мо: БАРМАКИЁН

Абулфазли Балъамӣ - вазири соҳибтадбири давлати Сомониён

Бузургтарин китобхонаи қадимии олам, ки баъдан сӯхта хокистар шуд

Омад хуҷаста Меҳргон, ҷашни бузурги хусравон...

Ҷомеаи ибтидоӣ. Аҷдоди тоҷикон дар давраи тараққиёти ғуломдорӣ ва феодалӣ

Ҳуҷуми муғулҳо ба Осиёи Миёна

Хоҷагӣ, маданияти моддӣ, муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ, илм ва адабиёти халқи тоҷик дар аҳди Сомониён

Халқҳои Осиёи Миёна дар ҳайати Хилофати араб

Халқи тоҷик дар ҳайати давлати Шайбониён. (солҳои 1499-1599)

Халқи тоҷик дар замони ҳукмронии туркҳо

Коментари дохил карданд:

Каментарй дохил кард: navidismatov1997@gmail.com
Санаи дохилгардида: 2018-12-07

аморати бузоро


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: