|

Таърихи сиёсии асрҳои IХ - Х

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2018-09-17

1. Давлати Тоҳириён ва Саффориён.
2. Таъсиси давлати Сомониён. Сохти давлат ва ташкили дастгоҳи идораи он.
З. Исмоили Сомонӣ - ҳамчун асосгузори давлати   Сомонӣ.

Давлати Тоҳириён дар асри IХ дар Хуросон таъсис ёфта аст. Асосгузори ин сулола Тоҳир ибни Ҳусайн мебошад. Ин давлат бо вуҷуди муддати кӯтоҳи таърихи (821-873) вуҷуд доштан, дар таърихи мардуми Хуросону Мовароуннаҳр дар таъсис намудани давлати мустақили маҳаллӣ хизмати бузург кардааст. Соли 821 Тоҳир ибни Ҳусайн волии Хуросону Мовароуннаҳр таъйин мешавад ва дигар ба хилофати араб итоат намекунад.
Баъд аз Тоҳир писараш Талха (с.822_ -828) ҳоким таъин гардид. Баъд аз Талха дар замони ҳукмронии бародараш Абдулло ибни Тоҳир (828-844) Хуросон пурра мустақил шуд. Дар замони Тоҳири II ибни Абдулло (844-862) ва Муҳаммад ибни Тоҳир (862-873) давлати Тоҳириён ба муваффақиятҳои бузурге ноил мегардад. Аммо соли 873 давлати Тоҳириён аз тарафи Саффориён забт карда мешавад.
Дар асрҳои 8-9 дар Осиёи Миёна аз ҳисоби деҳқону ҳунармандони хонавайрон шуда гурӯҳҳои махсуси - ғозиён муборизаи ғазовот дар роҳи дин ташкил шуд. Ин ҷунбиши халқиро бародарон Яъқуб ибни Лайс ва Амру ибни Лайс ба манфиати худ истифода бурданд ва соли 861 Яъқуб ҳокими Сиистон гардид. Ҳамин Яъқуб ибни Лайс ба давлати Саффориён оянда асос мегузорад. Вай соли 873 пойтахти Тоҳириён шаҳри Нишопурро забт намуд.
Соли 876 Яъқуб бар зидди хилофати араб лашкар кашида, шикаст хӯрд ва соли 879 вафот кард. Баъди вафоти Яъқуб бародараш Амру ибни Лайс ба тахт нишаст. Дар муҳорибаи соли 899 назди Балх Исмоил қӯшуни Саффориёнро торумор кард. Амру асир афтода, ба Бағдод фиристода шуд ва дар ҳабсхонаи он ҷо соли 900 вафот кард.
Бунёдгузори сулолаи Сомониён, Сомонхудот (Аркак) (ҳокими Сомон) мебошад. Писари Сомонхудот, Асад, чор писар дошт: Нӯҳ, Аҳмад, Яҳё ва Илёс. Ҳамаи фарзандони Асад дар аҳди хилофати Маъмун ба корҳои идораи давлат кашида шуда буданд. Нӯҳ ба Самарқанд, Аҳмад ба Фарғона, Яҳё ба Чоч ва Устурушан, Илёс ба Ҳирот ҳоким таъин гардида буданд. Соли 842 Нӯҳ вафот кард ва бародари ӯ Аҳмад ибни Асад сарвари сулола шуд. Аҳмад ҳафт писар дошт; Наср, Яъқуб, Яҳё, Асад, Исмоил, Исҳоқ ва Ҳомид.
Ҳамин тавр, дар миёнаи асри IХ Мовароуннаҳр қисман дар дасти Оли Сомон муттаҳид гашт. Баъди вафоти Аҳмад (864-865) вазифаи сарсулола насиби писари бузурги ӯ Наср гашт.
Ҷараёни ваҳдати сиёсии сарзаминҳои тоҷикон ба фаъолияти сиёсатмадори бошуҷоат, марди фозил ва дурандеш бародари Наср Исмоил ибни Аҳмад вобаста аст. Ӯ соли 849 дар Фарғона таваллуд шуда, дар синни 25 - солагӣ ба арсаи сиёсат омад ва дар синни 50 - солагӣ подшоҳи тамоми Хуросон ва Мовароуннаҳр эътироф гардид.
Исмоили Сомонӣ ҳамчун асосгузори давлати бузурги  Хуросону Мовароуннањр марҳилаи зеринро тай намудааст.
1.Тадбирҳои Исмоил барои баланд бардоштани мақоми Бухоро ҳамчун ҳастии давлати марказонидашуда аз июли соли 874 то августи соли 892 мебошад. Дар ин муддат Исмоил намояндагони ашрофи Бухороро мутеъ намуд. Августи соли 892 Наср ибни Аҳмад вафот кард ва Исмоил амири мутлақи Мовароуннаҳр гардид ва Бухорро пойтахти давлати Сомониён эълон кард.
2.Солҳои 892 - 900 -ро дарбар мегирад. Исмоил соли 893 шаҳри Тарозро ишғол кард, хони туркҳоро бо 10 ҳазор ҷангова-ронаш асир гирифт ва пеши турктозиҳоро ба Мовароуннаҳр гирифт.
3. 8 - соли охири умри Исмоил ибни Аҳмадро (байни солҳои 900 – 907) дарбар мегирад. Самараи муҳими давраи сеюми фаъолияти давлатдории Исмоили Сомонӣ ин ташкили дастгоҳи марказии давлати, артишӣ хуб мусаллаҳ шуда буд. Дар замони ҳукумати Исмоили Сомонӣ аввалин бор баъди истилои арабҳо ҳамаи сарзаминҳои тоҷикон дар ҷануб ва шимоли Аму дарё ба давлати бузурги ягонаи марказонида шудаи Хуросон муттаҳид гардиданд. Исмоил мардумро аз ӯҳдадории ҳарсолаи таъмири деворҳои атрофии воҳаи Бухоро озод намуд ва гуфт: «То ман зинда бошам девори Бухоро ман бошам».
Дар замони салтанати Насри II Сомонӣ (914-943) набераи Исмоили Сомонӣ дар атрофии регистони Бухоро даҳ бинои азим сохта шуд, ки дар ҳар кадоми он девонҳои (идораҳои давлатӣ) алоҳида ҷой гирифтанд.

  1. Девони вазир - асоситарин идораи маркази ҳисоб мешуд ва ба корҳои тамоми муассисаҳои маъмурӣ, сиёсӣ ва иқтисодии давлат назорат мебурд. Ба вазифаи вазирӣ ё ҳоҷиби бузург, одатан яке аз намояндагони се хонавода; Xайҳонӣ, Балъамӣ ва Утбӣ таъин мешуданд.
  2. Девони соҳиб - ул - барид - (идораи почта), танҳо хизмати ҳукуматро ба ҷо меоварад.
  3. Девони муставфӣ - ба корҳои молия, харҷу дахли хазинаи давлатӣ назорат мекард.
  4. Девони амид-ул-мулк - сардори корхонаҳои дипломатӣ ва ҳуҷҷатҳои муҳим буд.
  5. Девони соҳиб-уш-шурот - ба лашкари Сомониён назорат бурда, онро бо силоҳ, озуқа, либос ва моҳона таъмин мекард.
  6. Девони мӯҳтасиб - аз болои хариду фурӯши бозор, тарозу, молҳои ба савдо мерафтагии бозаргонон, ҳунармандон, инчунин баъдтар ба ахлоқи мардумон, масҷидравӣ ва истеъмол накардани машрубот назорат мебурд.
  7. Девони мушриф - (назораткунанда) - ба корҳои давлатӣ ба хароҷоту даромади хазинаҳо сарварӣ мекард.
  8. Девони козӣ - бо сардории қозикалон.
  9. Девони мулкҳои давлатӣ - идораи заминҳои давлатӣ.
  10. Девони вақф - заминҳои назди масҷидҳо ва мадрасаҳо.

Дар давраи ҳукмронии Нӯҳ ибни Наср (943 – 954) аломатҳои таназулли давлати Сомонӣ ба таври равшан падидор мешавад. Давлат дар солҳои аввали ҳукумронии Нӯҳ ба душвории сахти молиявӣ рӯ оварда буд. Душвории молиявӣ ба дараҷае расида буд, ки ба сипоҳиён ва ҳатто ба гвардияи амир вақти зиёде моҳона дода нашуд. Ин аҳвол дар байни аскарон норозигии ҷиддӣ ба вуҷуд овард.
Дар давраи ҳукумронии писари калонии Нӯҳ - Абдумалики 1 (954 – 961) бо қувват гирифтани нуфузи сиёсии саркардагони ҳарбии гвардияи турк ва ба дасти онҳо гузаштани қариб ҳамаи корҳои идораи давлат тавсиф меёбад.
Дар ин вақт хусусан сардори гвардияи турк ва феодали калон Алп – Тегин ба сифати ҳоxиби бузург сар мебарорад. Таъсири Алп – Тегин ба дараҷае афзуда буд, ки Абдумалик бидуни розигии ӯ, ҳатто касеро ба маснади вазорат таъин карда наметавонист. Марги Абдумалик боиси ошӯбҳои нав дар Бухоро гардид. Аҳолии шӯришкардаи пойтахт қасри амирро оташ зада, толон намуданд.
Бо саъю кӯшиши Алп – Тегин, Мансур ибни Нӯҳи Сомониро (961 – 976) ба тахт нишонданд.
Баъд аз вафоти Мансур дар аҳди писари ӯ Нӯҳи 2 (976 – 997) ихтилофоти дарборӣ ва исъёнҳои ҳокимону феодалони маҳаллӣ, ки вилоятҳои ҷудогонаи давлати Сомонӣ, аз он ҷумла, бисёр маҳалҳои Хуросон ба дасти онҳо гузашта буд, боз ҳам бештар қувват гирифтанд.
Маҳз дар чунин вазъият дар соли 992 давлати Сомонӣ ба ҳамлаи як қатор қабилаҳои бодиянишини турк дучор афтод. Дар сари онҳо хонҳои аз қабилаи яғмо меистоданд, ки ин сулола бо номи Қарахониён машҳур гардидааст.
Дар соли 997 Нӯҳи 2 ва Сабук – Тегин вафот карданд. Писари Нӯҳи 2 Мансур ибни Нӯҳ (997 – 999) тамоман дар таҳти таъсири Маҳмуди Ғазнавӣ буд. Вале дере нагузашта соли 999 дар натиҷаи зарбаи нави қарахониҳо давлати Сомонӣ аз по афтод. Хони қарахониён Насри Илокхон пойтахти давлати Сомонӣ - шаҳри Бухороро забт намуда, Абдумалик ва дигар намояндагони хонадони салтанатро ҳабс кард. Бо ҳамин давлати Сомониён аз байн рафт.

Дидан карданд: 780

Мавзӯъҳои монанд:

Ниёкони мо: БАРМАКИЁН

Абулфазли Балъамӣ - вазири соҳибтадбири давлати Сомониён

Бузургтарин китобхонаи қадимии олам, ки баъдан сӯхта хокистар шуд

Омад хуҷаста Меҳргон, ҷашни бузурги хусравон...

Ҷомеаи ибтидоӣ. Аҷдоди тоҷикон дар давраи тараққиёти ғуломдорӣ ва феодалӣ

Ҳуҷуми муғулҳо ба Осиёи Миёна

Хоҷагӣ, маданияти моддӣ, муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ, илм ва адабиёти халқи тоҷик дар аҳди Сомониён

Халқҳои Осиёи Миёна дар ҳайати Хилофати араб

Халқи тоҷик дар ҳайати давлати Шайбониён. (солҳои 1499-1599)

Халқи тоҷик дар замони ҳукмронии туркҳо

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: