|

Давраи андозсупорӣ

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Алишер Фозилов

Санаи дохилгардида: 2017-12-21

Давраи андозсупорӣ муддате дар назар дошта шудааст  (соли тақвими,  семоҳа,  моҳ,  даҳрўза ё дигар мўҳлат), ки нисбати андозҳои алоҳида мутобиқи Кодекси андоз муқаррар гардидааст ва ҳангоми гузаштани он  (ба  охир  расидани  он)  манбаи андоз муайян ва маблағи андози ба буҷет супоридашаванда ҳисоб карда мешавад.  Аз сабабе, ки пардохти андоз ҳолати қатъи ўҳдадории андозро ифода менамояд бинобар ин муайян кардани лаҳзаи пардохти андоз бо мафҳуми он монанд аст. Давраи андоз метавонад  аз як  ё  якчанд давраҳои ҳисоботи (семоҳаҳо,  моҳҳо, даҳрўзаҳо ва дигар мўҳлатҳо) иборат бошад,  ки бо гузаштани (ҷамъбасти) онҳо пешпардохтҳо (пардохтҳои ҷори) сурат мегиранд.

Ин унсури андоз аз он ҷиҳат зарур аст, ки ба бисёр объектҳои андозбандӣ (фоида гирифтан, фиристодани мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ) дарозмўҳлатӣ хос мебошад ва барои ҷамбасти натиҷаи фаъолият дар мўҳлати муайян ҳисоб карда мешаванд. Мисол давраи андоз аз фуруши чакана семоҳаи тақвими мебошад ва эъломия   оид  ба  маблағи  ҳисобшавандаи андоз  дар  семоҳаи ҳисоботи ба мақоми дахлдори андоз то рўзи 15-уми моҳи  ояндаи  семоҳаи исоботи  пешниҳод  карда  мешавад  ва дар ҳамин мўҳлат андоз ба буҷет пардохта мешавад. Давраи андоз аз соҳибони воситаи нақлиёт яксола мебошад.

Дидан карданд: 936

Мавзӯъҳои монанд:

Андозбандии шахсони ҳуқуқӣ. Васоити таълимӣ

Ҷавобгарии ҳуқуқӣ барои вайрон намудани қонунгузории андоз

Имтиёзҳо дар бахши андоз

Меъёри андоз ва тарзу усули андозбандӣ

Воҳиди андозбандӣ

Тарзҳои ба ҳисоб гирифтани манбаи андоз

Давраи андозсупорӣ

Объекти андозбандӣ.

Андозсупоранда

Мафҳум ва аҳамияти ҳукуқии таснифи унсурҳои андоз

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: