|
youtaj

Андозсупоранда

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Алишер Фозилов

Санаи дохилгардида: 2017-12-21

Шахсони воқеӣ ва (ё) ҳуқуқӣ, ки ба зиммаашон мутобиқи Кодекси андози ўҳдадории пардохти андоз гузошта щудааст, андозсупоранда эътироф мешаванд. Аз ин мафҳум бармеояд, ки андозсупоранда ҳам шахси воқеӣ ва ҳам шахси ҳуқуқӣ мебошад. Шахси воқеӣ ин шаҳрванди Ҷумиҳурии Тоҷикистон, шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрвандӣ мебошад. Шахси ҳуқуқи бошад ташкилоте дониста мешавад, ки дар моликият, пешбурди хоҷагидори ё идоракунии оперативии молу мулкро дошта, аз рўи ўҳдадориҳои худ бо ин молу мулк масъулият дорад, метавонад аз номи худ ҳуқуқҳои молу мулки ва шахсии ғайримолумулкиро ба даст оварда, татбиқ намояд, ўҳдадори гирад, дар суд даъвогар ва ҷавобгар бошад. Ашхоси ҳуқуқи бояд баланс ё сметаи мустақил дошта бошанд. Вобаста ба муносибатҳои иқтисодии андозсупоранда ба давлат ду гурўҳи андозсупорандаро ҷудо менамоянд: 1.Резидентҳо. Шахсони воқеи, агар онҳо воқеан дар ҷараёни ҳама гуна мўҳлати 12- моҳаи пайдарҳами дар ҳамин соли тақвими хотимаёбанда зиёда аз 182 рўз дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд, ё новобаста аз давомнокии мўҳлати он дар соли ҷории тақвими берун аз қаламрави он дар хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта бошанд, нисбати тамоми соли ҷории тақвими резидент ба ҳисоб мераванд. Шахсони воқеие, ки сарфи назар аз мўҳлати дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон буданашон ва дигар омилҳои муайяннамудаи моддаи 30 КА ҶТ, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, шахсони воқеие, ки барои қабул шудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё барои бешаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати зисти муқими дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтани иҷозат ариза додаанд, ҳамчун шахсони воқеи-резидент эътироф мешаванд, ки: — аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа ба сафари хизмати фиристода шудаанд, аз ҷумла кормандони муассисаҳои дипломатию консули ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда, намояндагиҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои байналмилали ё байниҳукумати, инчунин аъзои оилаи чунин шахсони воқеи; — аъзои экипажҳои воситаҳои нақлиётии ба шахсони ҳуқуқи ё шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқдошта, ки боркашонии байналмилалиро анҷом медиҳанд; — хизматчиёни ҳарби ва кормандони ғайринизомии дар пойгоҳҳои ҳарби, қисмҳои ҳарби, гурўҳҳо, қисмҳо ва ҷузъу томҳои ҳарбии берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудаанд; — дар объектҳои воқеъ берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё резидентҳо, ё субъектҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд (аз ҷумла; дар асоси шартномаҳои консессиони), кор мекунанд; — хонандагон, донишҷўён, касбгирандагон ва таҷрибаомўзон, ки бо мақсади таҳсил ва гузаштани таҷриба дар давоми тамоми мўҳлати таълим ва таҷрибаомўзи берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд; — муаллимон ва кормандони илми дар давоми тамоми мўҳлати таълим ё иҷрои корҳои номбаршуда, ки бо мақсади таълимдиҳи, машварат ё иҷрои корҳои илми берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Ҳама гуна рўзе, ки дар давоми он шахси воқеи ҳақиқатан дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз давомнокии истиқомат ҳозир буд, рўзи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон будан ҳисобида мешавад. шахсҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доимо зиндагӣ мекунанд; 2.Ғайрирезидентҳо. Шахси воқеие, ки мутобиқи модда 30 КА ҶТ резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб намеравад, ғайрирезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Шахси воқеи дар давраи аз рўзи охирини буданаш дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамин соли андоз то охири ҳамин соли андоз ғайрирезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, агар чунин шахс дар соли мустақиман минбаъдаи андоз низ ғайрирезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад. Андозсупоранда навобаста аз таснифоташ ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, резидент ва ғайрирезидент дорои ҳолати ҳуқуқии мушахас мебошад. Ҳолати ҳуқуқии андозсупоранда гуфта маҷмўи ҳуқуқҳои бо қонунгузории андоз муқарраршуда ва ўҳдадориҳои ба зиммаи андозсупоранда гузошташударо меноманд. Ҳолати ҳуқуқии андозсупоранда бо моддаҳои 37 ва 38 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст: 1.Андозсупоранда ҳуқуқ дорад: — аз мақомоти андоз доир ба ҳамаи масъалаҳои оид ба андозбандӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет вобастабуда, аз ҷумла оид ба санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки масъалаҳои андозбандиро танзим менамоянд, оид ба санҷиши дарпешистодаи фаъолияти худ (ба истиснои санҷишҳои амалиётӣ) маълумот талаб намояд ва вобаста ба масъалахои татбиқи қонунгузориҳои андоз шарҳи хаттӣ гирад; -манфиатҳои худро оид ба масъалаҳои муносибатҳои андоз шахсан ё тавассути намояндаи худ муҳофизат намояд; -ҳангоми гузаронидани назорати андоз иштирок намуда, нусхаи ҳуҷҷатҳоро оид ба натиҷаҳои назорати андоз талаб намояд ва гирад; -ба мақомоти андоз, дар рафти гузаронидани назорати андоз ва аз рўи натиҷаҳои он, оид ба ҳисобкуни ва пардохти андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатми ба буҷет тавзеҳот пешниҳод намояд; -доир ба ҳолати ҳисоббаробаркуни бо буҷет оид ба иҷрои ўҳдадориҳои андози аз варақаҳои ҳисобномаҳои шахсиаш нусха гирад; -мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекс андоз ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати санадҳои санҷиши андоз ва огоҳномаҳо оид ба санадҳои санҷиши андоз ва амали (беамалии) шахсони мансабдори мақомоти андоз шикоят намояд; -пинҳон доштани сирри андозро талаб кунад; -маълумотнома ва ҳуҷҷатҳои ба андозбанди вобаста набударо надиҳад; -имтиёзҳои андозро тибқи тартиб ва асосҳои мавҷуда мутобиқи қонунгузории андоз истифода барад; -мўҳлати тамдиди (ба таъхир гузоштани) пардохти андозҳоро тибқи тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи Кодекси андоз дастрас намояд; -баҳисобгири ё баргардонидани саривақтии маблағҳои андозҳои барзиёд супорида ё ситонидашударо (андозҳои ба буҷет барзиёд дохилшударо) талаб намояд; -аз шахсони мансабдори мақомоти андоз риояи қонунгузории андозро ҳангоми иҷрои амал нисбати андозсупорандагон талаб намояд; -санадҳо (қарорҳо) ва талаботи мақомоти андоз ва шахсони мансабдори онро, ки ба қонунгузории андоз, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи доир ба андозбанди ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ нестанд, иҷро накунад. -аз шахсони мансабдори санҷишкунандаи мақоми андоз барои гузаронидани санҷиши андоз асос талаб намояд, бо шаҳодатномаи хизматии онҳо шинос шавад; -бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ аз мақоми андоз товони зарари дар натиҷаи қабули карор ва амалҳои (беамалии) ғайриқонунии шахсони мансабдори он расонидашударо талаб кунад; -дар ҷараёни гузаронидани санҷишҳои андоз мутахассисон, намояндагони ассотсиатсияҳо ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятиро ҷалб кунад, инчунин салоҳияти шахсони ҷалбкарда бояд мутобиқи қисми 3 моддаи 39 Кодексм андоз тасдик карда шавад. Ба андозсупорандагон ҳифзи судии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонуниашон кафолат дода мешавад. Тартиби ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии андозсупорандагонро Кодекси андоз ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд. Ҳуқуқхои андозсупорандагон тавассути ўҳдадориҳои дахлдори шахсони мансабдори мақомоти андоз таъмин карда мешаванд. Иҷро накардан ё иҷрои номатлуби ўҳдадориҳо оид ба таъмини ҳуқуқҳои андозсупорандагон боиси кашидан ба ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад. 2. Андозсупоранда ўҳдадор аст: -сари вақт дар баҳисобгирии бақайдгири ба сифати андозсупоранда ва қайди супорандаи андоз аз арзиши иловашуда истад; -ҳамаи ўҳдадориҳои андозро мутобиқи Кодекси андоз дар ҳаҷми пурра иҷро намояд; -талаботи қонунии мақомоти андозро дар хусуси бартараф намудани вайронкуниҳои ошкоршудаи қонунгузории андоз иҷро намуда, инчунин ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизмати ба фаъолияти қонунии онҳо монеъ нашавад; -дар асоси амрнома шахсони мансабдори мақомоти андозро барои азназаргузаронии амволе, ки объекти андозбанди ва (ё) объекти бо андозбанди алоқаманд мебошанд, иҷозат диҳад; -ба мақомоти дахлдори андоз эъломияҳои андоз, дигар ҳисоботи андоз ва ҳуҷҷатҳоро тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси андоз пешниҳод намояд; -ҳисоббаробаркунии пулиро мутобиқ Кодекси андоз бо истеъмолкунандагон, ки ҳангоми иҷрои амалиёти тиҷорати ё хизматрасони тавассути пули нақд, кортҳои пардохтии бонки, чекҳо бо татбиқи ҳатмии мошинаҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискали ва додани чеки назорати ба дасти истеъмолкунанда сурат мегирад, амали намояд; -бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории андоз баҳисобгирии даромадҳои (хароҷотҳои) худ, объекти андозбанди ва (ё) объектҳои бо андозбанди алоқамандро пеш барад; -дар муддати на камтар аз 3 соли баъди ба охир расидани соли тақвими маълумоти баҳисобгирии муҳосиботи, дигар баҳисобгириро ва ҳуҷҷатҳои барои ҳисоб ва пардохти андозҳои барои ҳамин соли тақвими зарури, инчунин ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи даромадҳои гирифташуда, хароҷот ва андозҳои пардохтшударо (нигоҳдошташударо) нигоҳ дорад. -ҳар сол барўйхатгирии амвол ва ўҳдадориҳоро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ гузаронад; -мақоми андози маҳалли бақайдгириро оид ба ҳамаи суратҳисобҳои кушодааш дар бонкҳо ва дигар муассисаҳои молиявию — кредитӣ (ба истиснои суратҳисобҳои пасандозии (депозитии) шахсони воқеӣ) дар мўҳлати на дертар аз 5 рўзи корӣ аз рўзи кушодани суратҳисобҳо хабардор намояд; -то санаи 15-уми июли соли ҷорӣ барои нимсолаи якуми соли ҷорӣ ва то санаи 15-уми январи соли минбаъда барои нимсолаи дуюми соли ҷорӣ ба мақоми андози маҳалли баҳисобгирии бақайдгирӣ дар ҳолатҳо, шаклҳо ва бо тартибе, ки мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, ҳисобот оид ба маблағҳои имтиёзҳои андоз доир ба аидозҳои умумидавлатӣ ва маҳаллӣ ҳангоми муайян намудани ўдадориҳои андозии худ мутобиқи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта, аз ҷумла оид ба имтиёзҳои андозии ба дигар шахсон додашуда, ҳангоми аз ҷониби ин андозсупоранда иҷро намудани амалҳои агенти андоз пешниҳод намояд. Шахсони ҳуқуқи ва соҳибкорони инфироди ба ғайр аз ўҳдадориҳои муқаррарнамудаи қисми 1 моддаи 38 Кодекси андози ҶТ ўҳдадоранд ба таври хатти ба мақомоти андози маҳали бақайдгириашон маълумоти зеринро пешниҳод намоянд: 1) оид ба ҳамаи воҳидҳои махсусашон, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуданд — дар мўҳлати на дертар аз 30 рўзи тақвими аз рўзи таъсис, азнавташкилшави ё барҳамхўри; 2) оид ба эълон намудани муфлисшави, барҳамхури ё азнавташкилшавӣ — дар мўҳлати на дертар аз 10 рўзи тақвими аз рўзи қабули чунин қарор; 3) оид ба тағйир ёфтани маҳали ҷойгиршави ё зист — дар мўҳлати на дертар аз 10 рўзи тақвими аз лаҳзаи чунин тағйирот. Барои иҷро накардан ё иҷрои номатлуби ўҳдадориҳои ба зиммааш гузошташуда андозсупоранда мутобиқи Кодекси андоз ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошад.

Дидан карданд: 1363

Мавзӯъҳои монанд:

Ҷавобгарии ҳуқуқӣ барои вайрон намудани қонунгузории андоз

Имтиёзҳо дар бахши андоз

Меъёри андоз ва тарзу усули андозбандӣ

Воҳиди андозбандӣ

Тарзҳои ба ҳисоб гирифтани манбаи андоз

Давраи андозсупорӣ

Объекти андозбандӣ.

Андозсупоранда

Мафҳум ва аҳамияти ҳукуқии таснифи унсурҳои андоз

Давраи андозсупорӣ

Коментари дохил карданд:

Каментарй дохил кард: Сорбон 902924692
Санаи дохилгардида: 2018-03-08

Салом


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: