|
youtaj

Мафҳум ва аҳамияти ҳукуқии таснифи унсурҳои андоз

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Алишер Фозилов

Санаи дохилгардида: 2017-12-21

Унсурҳои андоз гуфта воҳидҳои функсионалии дохилии ифодаёбандаро меноманд, ки дар маҷмўъ сохтори ҳуқуқи андозро ташкил медиҳанд. Сохтори таркибӣ барои ҳамаи андоз ва пардохтҳо ягона мебошад ва аз ин рў ин сохтор унверсалӣ аст. Аммо ифодаёбии ин унсурҳо барои ҳар як андоз бо хусусияти хос пешбини шуда, дар натиҷа андоз намуди алоҳидаи фардиро касб намуда, имконияти фарқ намудани андозҳо ва прадохтҳоро пешбини менамояд.    
С.Г. Пепеляев дар асри худ «Асосҳои ҳуқуқи андоз» унсурҳои андозро чунин тавсиф намудааст:
— андозсупоранда — шахсоне, ки ба зиммаи онҳо вазифаи ҳуқуқии пардохти андоз гузошта шудааст;
— объекти андозбандӣ – далелҳои ҳуқуқие (амал, воқеа, ҳолат), ки меъёрҳои ҳуқуқ бамиён омадан, тағийр ёфан ё худ қатъ гардидани ҳуқуқу вазифаҳои андозро ба онҳо алоқаманд медонанд;
— манбаи андоз – аломатҳои хусусияти воқеиро (на ҳуқуқиро) муайян мекунад ва ин аломатҳо барои ситонидани андози дахлдор асос мешаванд;
— миқёси андоз – тартиби ҳисоб кардани манбаи андоз аст;
— тарзи ҳисоби манбаи андоз – тарзу усули ҳисобу китоби андоз аст;
— давраи андозсупорӣ – мўҳлатест, ки дар муддати он ҷарайёни ташакули манбаи андозанҷом меёбад ва ҳаҷму андозаи ўҳдадории андоз пурра муайёян мегардад;
— воҳиди андозбандӣ – воҳиди миқёсиест, ки барои миқдоран муайян намудани манбаи андоз истифода мешавад;
— меъёри андоз – ҳаҷму андозаи аз ҳар воҳиди андозбандӣ ситондани андозро муайян мекунад;
— тарзу усулҳои андозбандӣ – тартиби тағийр додани меъёри андоз вобаста ба афзоиши манбаи андоз аст;
—  тартиби ҳисоб кардани андоз – бо истифода аз усулҳои муҳосиби баҳисобгири андоз аст;
— тарзу тартиби пардохти андоз – пардохти андоз бо декларация, манбаи пардохт ва усули кадастрӣ мебошад.
    Дар Кодекси андози Федератсияи Россия бошад муқаррар шудааст, ки андоз танҳо дар сурати муайян гардидани андозсупорандагон ва унсурҳои андозбандӣ, яъне:
— объекти андозбандӣ;
— манбаи андоз;
— давраи андоз;
— меъёри андоз;
— тартиби ҳисоб кардани андоз;
— тартибу мўҳлати пардохти андоз;
— имтиёзҳо аз андоз муқарар карда мешавад.
Назарияи ҳуқуқи андоз чунин унсурҳои андозро пешниҳод менамояд:
-субъекти андозситон;
-субъекти андозсупор;
-мавзўъ ва сарчашмаи андоз;
-объекти андоз;
-базаи андоз;
-сатҳи андоз;
-воҳиди андозбандӣ;
-давраи (ҳисоботи) андоз;
-меъёри (ставкаи) андоз;
-тартиби ҳисоб намудани андоз;
-мўҳлати пардохти андоз;
-тартиби пардохти андоз;
-имтиёзҳо аз андоз;
-тартиби бозгардонидани андози барзиёд супоридашуда;
-тартиби маҷбуран ситонидани маблағи боқимондаи андоз;
-ҷавобгари барои напардохтани андоз.
Инчунин вобаста ба зарурияти унсур барои муқаррар кардани андоз, унсурҳои андозро ба ду гурўҳ ҷудо менамоянд:
1.Унсурҳои ҳатмӣ (зарурӣ) андоз. Истисно намудани ҳато як унсури ҳатмии андоз дар қонунгузории андоз ба нолозимии сохтори ҳуқуқии андоз ва муқаррар нашудани пардохти ҳатмии он оварда мерасонад. Ба унсурҳои ҳатми дохил мешаванд:
а) субъекти андозситон — субъекти оммавӣ, ки ба фоидаи он пардохти ин ё он намуди андоз суръат мегирад ва аз ҷониби он андоз муқаррар шуда, баамал бароварда мешавад. Ба монанди нозироти андоз, Маҷлиси Олии ҶТ;
б) субъекти андозсупор (андозсупоранда) – шахсе, ки ба зимааш прадохти андоз тибқи қонунгузории андоз гузошта шудааст;
в) мавзўъи андоз – ин неъматҳои моддӣ (пул, амвол) ва неъматҳои ғайримоддӣ (ҳуқуқи истифодабари, иҷозатдиҳӣ) дорои хусусияти миқдорӣ, арзишӣ ва ё физикӣ мебошад, ки метавонанд бавуҷудоварандаи ўҳдадории пардохти андоз гарданд агар дар муносибат ба он субъет дар ҳолати муайяни ҳуқуқӣ бошад;
г) сарчашмаи андоз – ин воситаҳои пулии андозсупоранда (даромад, сармоя) мебошад, ки аз ҳисоби онҳо андоз пардохта мешавад;
ғ) объекти андозбандӣ – ин фаъолият оиди фуруши амвол (кор, хизматрасонӣ), амвол, даромад, фоида, арзиши амволи фурўхташуда (иҷрои кор, расонидани хизмат) ё инки дигар объекти  дорои хусусияти миқдорӣ, арзишӣ ва ё физикӣ мебошад, ки метавонанд бавуҷудоварандаи ўҳдадории пардохти андоз гарданд;
д) факти ҳуқуқӣ – ин ҳолати мушахаси ҳайёти, ки меъёрҳоии ҳуқуқ бавуҷудоӣ, тағийрёбӣ ва қатъгардии муносибатҳоро вобаста медонанд. Фактҳо ҳуқуқӣ дар ҳолати андозбандӣ дар натиҷаи ин амалҳо бамиён меоянд:
-истеҳсоли неъматҳо (андоз аз аромад);
-муомилоти неъматҳо;
-истемоли неъматҳо (андоз аз аксиз, аноз аз фуруши чакана);
е) базаи андоз — асоси баҳисобгирии андоз, ки ба воситаи тарзу усулҳои муҳосибӣ баамал бароварда мешавад;
ё) сатҳи андоз —  асос барои чен намудани базаи андоз бо воситаи параметрҳои физикӣ, миқдорӣ ва арзишӣ;
ж) воҳиди андозбандӣ – воҳиди ченаки ин ва ё он параметри базаи андоз аст;
з) давраи андоз – ин муддати вақте, ки дар давоми он базаи андоз чен карда баанҷом расонида шуда, андоз прадохт мегардад;
и) давраи ҳисоботӣ – ин муддати вақте, ки дар давоми он андозсупоранда ўҳдадор аст мустақилона декларатсияро дар бораи объекти андозбандии худ ва маблағи пардохти андоз тартиб дода, ба мақомоти андоз супорад;
к) меъёри (ставкаи) андоз – ҳиссаи амволи андозсупоранда, ки ба мақомоти андоз супорида мешавад;
л) мўҳлати пардохти андоз – ин муддати вақте, ки тибқи қонунгузории андоз дар давоми он андозсупоранда ўҳдадорияшро оиди пардохти андоз бояд иҷро намояд;
м) тартиби пардохти андоз – ин тарзи иҷроиши ўҳдадории пардохти андоз аст;
н) сарчашмаи пардохти даромад – ин объекте, ки аз он андоз ситонида мешавад.
2.Унсурҳои ғайриҳатмӣ (иловагӣ) андоз. Набудани унсурҳои иловагии андоз ба сохтори ҳуқуқии андоз таъсир нарасонида, аммо бе онҳо ситонидани пардохтҳои ҳатмӣ душвор гардонида мешавад. Ба унсурҳои иловагии андоз дохил мешавнд:
а) имтиёзҳо аз андоз – ин пешниҳоди  имконият аз ҷониби қонунгузории андоз барои гурўҳи мушахаси андозсупорандагон оиди напардохтани андоз, кам кардани меъёри андоз ва ё дар мўҳлати дертар пардохти андоз мебошад;
б) баргардонидани андози барзиёд пардохташуда – ин ба андозсупоранда баргардонидани қисмати маблағ аз андоззи прадохташуда аст;
в) камомад – ин қисмати маблағи андоз ва ё пардохт, ки аз ҷониби андозсупоранда тибқи қонунгузории андоз дар мўҳлати муқарраршуда супорида нашудааст;
г) тартиби маҷбуран ситонидани маблағи боқимондаи андоз – ин тарзи маҷбур намудани андозсупоранда барои иҷрои ўҳдадории пардохти андоз аст;
ғ) бозгардонидани андози барзиёд ситонидашуда – ин ҷуброни зарари андозсупоранда аз ҷониби субъкти андозситон дар мавриди ғайриқонуни ситонидани андоз ва пардохтҳост;
 д) ҷавобгари барои напардохтани андоз – ин тадбиқи ҷазо нисбати ўҳдадории шахси андозсупоранда аз ҷониби давлат ва ё шахси мансабдори он барои напрадохтани андоз аст.          
Дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон унсурҳои андоз ба чунин гурўҳҳо ҷудо шуда, дар моддаҳои алоҳида иникос гардидаанд:
— тартиби муқаррар кардан, тағийр додан ва бекор кардани андозҳо (м. 7 КА ҶТ);
— андозсупоранда (м. 8 КА ҶТ);
— объекти андозбандӣ ва ё объекте, ки ба андозбандӣ алоқаманд аст (м. 9 КА ҶТ);
— манбаи андоз (м. 10 КА ҶТ);
— меъёри андоз (м. 11 КА ҶТ);
— давраи андоз (м. 12 КА ҶТ);
— мўҳлати пардохт (м. 13 КА ҶТ);
— имтиёзҳои андоз (м. 14 КА ҶТ).
Унсурҳои андоз ба мо имконият медиҳанд, ки дар маҷмўъ дар бораи андозҳои алоҳида маълумоти мушахас гирифта, онҳоро тавсиф намоем.

Дидан карданд: 1270

Мавзӯъҳои монанд:

Ҷавобгарии ҳуқуқӣ барои вайрон намудани қонунгузории андоз

Имтиёзҳо дар бахши андоз

Меъёри андоз ва тарзу усули андозбандӣ

Воҳиди андозбандӣ

Тарзҳои ба ҳисоб гирифтани манбаи андоз

Давраи андозсупорӣ

Объекти андозбандӣ.

Андозсупоранда

Мафҳум ва аҳамияти ҳукуқии таснифи унсурҳои андоз

Давраи андозсупорӣ

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: