|

Имтиёзҳо дар бахши андоз

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Алишер Фозилов

Санаи дохилгардида: 2017-11-23

Имтиёзҳои дар бахши андоз  афзалиятҳое,  ки   мутобиқи Кодекси андоз   ё шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои муқаррароти вобаста  ба  андозбандӣ  мебошанд,  ба гурўҳҳои  алоҳидаи андозсупорандагон  нисбат  ба  дигар андозсупорандагон фароҳам оварда шудаанд,  аз ҷумла бе ягон таъсири манфи ба андозсупорандаи  имтиёздор додани  имконияти  напардохтан,  ё  дар  ҳаҷми камтар,  ё дар мўҳлати нисбатан дертар супоридани андоз, эътироф карда мешаванд.
Чунин навҳои имтиёз аз андоз ҷой дорад:
1.Озод кардан аз андоз. Масалан, аз андозбанди аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ инҳо озоданд:
     — ташкилотҳои дини,  эҳсонкори,  буҷети, созмонҳои байниҳукумати ва байнидавлатии (байналмилалии) ғайритиҷорати, ба истиснои фоидае, ки онҳо аз фаъолияти соҳибкори мегиранд.  Ҳамзамон чунин ташкилотҳо  бояд баҳисобгирии  ҷудогонаи  фаъолияти  асоси (фаъолияте,  ки аз андоз аз фоида озод аст) ва фаъолияти соҳибкориро пеш баранд;
     — маблағгузарониҳои ройгон ва амволи ройгон, аъзоҳаққиҳо, хайрия ва грантҳое, ки ташкилотҳои ҷайритиҷорати мегиранд;
     — Бонки миллии Тоҷикистон ва муассисаҳои он;
     — суди  саҳмияҳое  (дивидендҳое),  ки корхонаҳои  резиденти  аз корхонаҳои резиденти мегиранд;
     — корхонаҳое, ки дар онҳо дар як вақт дар соли ҳисоботии андоз:
     а) на камтар аз 50%  шумораи кормандонро маъюбон ташкил медиҳанд, ва;
     б) на  камтар  аз  50%  маблағҳои музди меҳнат ва дигар таъминоти моддӣ, аз ҷумла натурали, барои эҳтиёҷоти маъюбон сарф карда шудааст;
     6) корхонаҳои наве,  ки дар соҳаи истеҳсоли молҳо таъсис меёбанд, дар соли бақайдгирии давлати ва аз соле,  ки баъди  соли  бақайдгирии ибтидоии  давлати  фаро  мерасад,  ҳангоми  аз ҷониби муассиси онҳо бо назардошти  ҳаҷмҳои   ҳадди   ақали инвеститсияҳои   муқаррарнамудаи қонунгузори ба фонди оинномавии чунин корхонаҳо ворид намудани ҳаҷмҳои дар поён зикргардидаи инвеститсияҳо ба мўҳлати:
     — 2  сол,  агар ҳаҷми инвеститсияҳо баробари то 500 ҳазор доллари ИМА бошад;
     — 3  сол,  агар  ҳаӣми инвеститсияҳо баробари бештар аз 500 ҳазор доллари ИМА то 2 миллион доллари ИМА бошад;
     — 4 сол, агар ҳаӣми инвеститсияҳо баробари бештар аз 2 миллион то 5 миллион доллари ИМА бошад;
     — 5  сол,  агар  ҳаӣми инвеститсияҳо баробари бештар аз 5 миллион доллари ИМА бошад.  Ҳангоми ҳисоби мўҳлати (давомнокии)  озодкуни  аз андоз  аз фоида (таътили андоз) мутобиқи ҳамин банд аз нав бақайдгирии корхона,  тағйирёбии моликони корхона,  тағйирот дар  шакли  ташкилию ҳуқуқи ва монанди ин дигар чунин тағйирот ба инобат гирифта намешавад.
2.Тағир додани мўҳлати пардохти андоз. Тағйир додани мўҳлати пардохти андоз, ҷарима ва  фоизҳо  (ба таъхир  гузоштан)  ин аз мўҳлати мутобиқи Кодекси андоз муқаррарнамудаи пардохти андоз, ҷарима ва фоизҳо, аз ҷумла пардохтҳои ҷори, ба мўҳлати нисбатан дертар гузарондани он ба ҳисоб меравад. Батаъхиргузори танҳо нисбати он ўҳдадориҳои андоз  анҷом  дода мешавад, ки мўҳлати пардохташон расидааст. Батаъхиргузори метавонад доир ба як  ё якчанд  андоз  фароҳам оварда шавад. Маблағи  андоз,  ҷарима  ва  фоизҳое,  ки ба  таъхир  гузошта шудаанд,  то  рўзи  ба  охир  расидани  давраи батаъхиргузори  ҳамчун бақияпули ба  ҳисоб  намеравад  ва  нисбати  он тадбирҳои  ситонидани маҷбурии  андоз,  ҷарима  ва фоизҳо,  ба истиснои ҳисоби фоиз,  татбиқ намегарданд. Батаъхиргузори  андозсупорандаро,  ба истиснои  ҳолатҳои  дар бандҳои 1 ва 2 қисми 10 моддаи 90 КА ҶТ пешбинишуда, аз ҷавобгарии ҳисоби фоизҳо  нисбати  маблағҳои  ба  таъхир гузошташудаи андозҳо то ба охир расидани давраи батаъхиргузори озод наменамояд. Батаъхиргузори   андозсупорандаро  аз иҷрои  ўҳдадориҳои  дар мўҳлатхои муқарраршуда пешниҳод намудани  эъломия ва  дигар  ҳисоботи муқарраршуда ба мақомоти андоз нисбати андозҳое, ки ба таъхир гузошта шудаанд, озод намекунад. Дар  давраи  батаъхиргузори ҷараёни мўҳлатҳои даъво,  ки Кодекси андоз муқаррар кардааст, қатъ мегардад. Пўшонидани маблағи ўҳдадориҳои андози ба таъхир гузошташуда аз моҳе, ки баъди моҳи давраи батаъхиргузори фаро мерасад, оғоз мегардад. Ҳамзамон  андозсупоранда  дар  баробари пўшонидани маблағи ўҳдадориҳои андози ба таъхир гузошташуда ўҳдадор аст  ба буҷет  тамоми  маблағҳои ўҳдадориҳои ҷории андозро пардозад. Ҳангоми пардохт ба буҷет  маблағҳои  барои иҷрои  ўҳдадориҳои андоз  равонашуда  аввал  барои  пўшонидани ўҳдадориҳои ҷории андоз ва қисми  боқимонда  барои  пўшонидани  ўҳдадориҳои андозҳои  ба  таъхир гузошташуда истифода мешаванд. Батаъхиргузори метавонад ба шахсе фароҳам оварда  шавад,  ки барои  он  манфиатдор  (шахси  манфиатдор) буда, ақаллан яке аз чунин асосҳо мавҷуд бошад:
     а) дар  натиҷаи офати табий,  садамаи технологи ва дигар ҳолатҳои таъсири қувваҳои рафънопазир ба ин шахс зарар расидааст;
     б) сари  вақт  аз буҷет маблағгузори нашудани ин шахс ё сари вақт напардохтани маблағи фармоиши давлатӣ,  ки  аз ҷониби  ин  шахс  иҷро шудааст;
     в) аз ҷониби  ин  шахс  гузаронидани  корҳои илмию  тадқиқоти  ё таҷрибавию конструктори;
     г) аз  ҷониби  ин  шахс  анҷом  додани фаъолияти   ҷоринамои   ё инноватсиони,   аз   ҷумла   офаридани технологияҳои  нав  ё  такмили технологияҳои истифодашаванда, кор карда баромадани ашё ё маводи нав.
             Батаъхиргузории такрории пардохти андоз, ҷарима ва фоизҳо бе пурра пўшонидани маблағҳои андози қаблан  ба таъхир  гузошташуда,  ба истиснои  ҳолатҳои  мавҷудияти асосҳои пешбининамудаи бандіои 1) ва 2) қисми 10 моддаи 90 КА ҶТ, манъ аст. Қарор дар хусуси батаъхиргузори оид ба андозҳои  умумидавлати бо  пешниҳоди  Вазорати  молияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ки  бо  мақоми ваколатдори давлати ва Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии  Тоҷикистон мувофиқа  шудааст,  аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад. Қарор  дар  хусуси  батаъхиргузори оид ба андозҳои маҳалли бо пешниҳоди мақомоти дахлдори молия ва андози  шаҳр (ноҳия)  аз  ҷониби раиси шаҳри (ноҳияи) дахлдор қабул карда мешавад.

3.Кам кардани меъёри андоз. Бо назардошти қисми 7 моддаи 2 Кодекси андози ҶТ тағйир додани меъёри андози пешбининамудаи Кодекси андоз метавонад бо роҳи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз ва  нисбати  андозҳои  маҳалли  бошад дар  асоси  қарорҳои Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи дахлдор анҷом дода шавад.

Дидан карданд: 216

Мавзӯъҳои монанд:

Ҷавобгарии ҳуқуқӣ барои вайрон намудани қонунгузории андоз

Имтиёзҳо дар бахши андоз

Меъёри андоз ва тарзу усули андозбандӣ

Воҳиди андозбандӣ

Тарзҳои ба ҳисоб гирифтани манбаи андоз

Давраи андозсупорӣ

Объекти андозбандӣ

Андозсупоранда

Мафҳум ва аҳамияти ҳукуқии таснифи унсурҳои андоз

Хусусияти андозбандӣ ҳангоми иҷроиши Созишнома оид ба тақсими маҳсулот

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: