|

Меъёри андоз ва тарзу усули андозбандӣ

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Алишер Фозилов

Санаи дохилгардида: 2017-11-23

Меъёри андоз ин бузургии ҳисобкардашудаи маблағи андозҳо мебошад, ки нисбати воҳиди ченаки манбаи андозбанди истифода бурда мешавад. Меъёри андоз бо фоиз ё (ва) маблағи мутлақ нисбати воҳиди ченаки манбаи андозбанди муқаррар карда мешавад. Масалан, бо назардошти қисмҳои 2 ва 3 моддаи 144 КА ҶТ фоидаи корхона, ки тибқи муқаррароти моддаи 160 Кодекси андози ҶТ ба маблағи зарари ба давраи дигар гузаронидашуда кам карда шудааст, аз рўи меъёри 25 фоиз андозбанди мегардад. Меъёри андоз аз арзиши иловашуда, ба истиснои содирот, 20 фоизи муомилоти андозбандишаванда ва (ё) 20 фоизи воридоти андозбандишавандаро ташкил медиҳад. Меъёрҳои андоз аз рўи тарзу усули муқарраргардида ба се намуд ҷудо карда мешавад. 1.Меъёри қатъӣ андоз- барои воҳиди андозбандӣ ба андозаи муайян муқаррар карда шудааст. Масалан меъёри андози замин (ба ҳисоби сомони барои як гектар ё метрии мураббаъ). 2.Меъёри фоизи андоз- барои андозбандии аксари андозҳо хос мебошад. Меъёри фоизӣ аз рўи моҳияти худ ба 3 намуд ҷудо карда мешавад: а) меъёрҳои марҷӣ (миргиналӣ)- дар тавсифу таърифи андоз муқаррар карда мешавад. Истилоҳи марҷӣ (миргиналӣ)- тадбиқ гардидан нисбати қисматҳои ҷудогонаи даромад, дараҷаҳои андоз мебошад. Масалан, дар тавсифу таърифи андози даромади шахсони воқеӣ -на зиёда аз музди меҳнатӣ ҳадди ақали миёна аз даромад андозбанди намешавад, зиёда аз музди меҳнатӣ ҳадди ақали миёна то 100 сомонӣ 8 фоиз, зиёда аз 100 сомонӣ 13 фоиз маблағи даромади андозбандишаванда аст. Дар ин маврид меъёрҳои 8 фоиз, 13 фоиз меъёрҳои марҷӣ (маргиналӣ) мебошанд. б) меъёри воқеӣ – ҳамчун муносибат озоди пардохта ба манбаи андоз муайян карда мешавад. в) меъёри иқтисодӣ – ҳамчун таносуби андози пардохта нисбати тамоми даромад муайян карда мешавад. 3.Меъёри омехтаи андоз. Дар як маврид ҳам меъёри қатъи ва ҳам меъёри фоизии андоз истифода карда мешавад. Тарзу усули андозбандӣ – тартиби вобаста ба афзоиши манбаи андоз тағийр ёфтани меъёри андоз мебошад. Чунин тарзу усули андозбанди ҷой дорад: 1.Баробар. Барои ҳар андозсупоранда маблағи баробари андоз муқаррар карда мешавад. Ин усул ваъзи амволии андозсупорандаро баҳисоб намегирад. Он қонеъ гардониджани талаботи умумии андозсупорандагонро ҳамчун аъзоёни ҷаъмият бо ҷиду ҷаҳди умумии баробари онҳо, бо воситаи ҷаиоварӣ кардани маблағи якхелаи андоз аз ҳар андозсупоранда пешбинӣ менамояд. Дар сурати андозбандии баробар бори вазнини андоз назар ба андозсупорандагони доро ба дўши андозсупорандагони нодортар меафтад. Қодекси андози ҶТ ин навъи андозро пешбинӣ накардааст. 2.Мутаносиб. Барои ҳар андозсупоранда на маблағи баробари андоз балки меъёри баробари андоз муқаррар карда мешавад. Меъёри андоз ба бузургии манбаъи андозбандӣ вобаста намебошад. Бо афзоиши манбаъи андозбандӣ мутаносибан маблағи андоз андозбандӣ гардидааст, ки тақсими баробари андозро дар бай ни ҳамаи андозсупорандагон мувофиқи маблағу амволи ҳар кадомашон, қудрати иқтисодӣ, қобилияти пардохти андоз таъмин менамояд. Аксари андозҳои имрўаи ҶТ(андози замин, андози соҳибони воситаи нақлиёт ва ғайра) андозбандии мутаносибанд. 3.Прогресивӣ (пешрафт). Дар баробари васеъ шудани манбаи андоз меъёри андоз меафзояд. Дар ин андозбанди манбаи андоз ба дараҷаҳои андоз аз рўи меъёри алоҳида андозбанди мегардад. 4.Регресивӣ (пастравӣ). Дар баробари афзоиши манбаи андоз ҳаҷму андозаи меъёри андоз кам мешавад.

Дидан карданд: 248

Мавзӯъҳои монанд:

Ҷавобгарии ҳуқуқӣ барои вайрон намудани қонунгузории андоз

Имтиёзҳо дар бахши андоз

Меъёри андоз ва тарзу усули андозбандӣ

Воҳиди андозбандӣ

Тарзҳои ба ҳисоб гирифтани манбаи андоз

Давраи андозсупорӣ

Объекти андозбандӣ

Андозсупоранда

Мафҳум ва аҳамияти ҳукуқии таснифи унсурҳои андоз

Хусусияти андозбандӣ ҳангоми иҷроиши Созишнома оид ба тақсими маҳсулот

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: