|

Андоз аз амволи шахси воқеӣ

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Алишер Фозилов

Санаи дохилгардида: 2017-11-08

Барои шахсони воқеӣ қонунгузории андоз ўҳдадории супоридани  андоз аз ҳисоби амволро низ муқаррар кардааст. Ашхосе воқеӣ тибқи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқҳои амволиро соҳиб буда, метавонанд онро истифода баранд, тасарруфӣ намяонд ва ё ихтиёрдорӣ кунанд.
Шахсони воқеӣ ҳамчун қоидаи маъмул дорои амволи манқул ва ғайриманқул мебошанд, ки чунин як гурўҳбандии объектҳои андозбандишавандаро дар як қатор адабиётҳои ҳуқуқӣ оиди андоз низ вохўрдан мумкин аст.
Ситонидани андоз амвол таърихан мавҷуд буда, ҳам дар шакли натуралӣ ва ҳам дар шакли аслӣ супоридани онро дар назар дошт. Фаразан, дар аморати Бухоро на танҳо андоз барои «бенамозӣ», балки андоз аз ҳосили заминҳои султонӣ аз аҳолии деҳот, ки 90 дар сади аҳолии умумии аморатро ташкил мекард, дар ҳаҷми аз даҳ чор, яъне аз сад чил ба ҳисоби хазина ситонида мешуд ва барои деҳқон аз даҳ ду ё аз даҳ се боқӣ мемонду халос, ки ба қавли Садриддин Айнӣ  чунин ситонидани хироҷу андоз «тороҷгарӣ» буд. Дар ҳолатҳои дигар ситонидани андоз дар шакли натуралӣ татбиқ мегардид, ки одатан ба меъёрҳои шариатӣ оиди закот мутобиқ гардонида шуда буд. Мавридҳое низ буданд, ки зиёд гардидани ин меъёр ба зарари аҳолӣ боиси ошўбҳои оммавӣ мегашт. Масалан, муаллифон дар мавриди ошўби соли 1903 дар воҳаи Вахони Помир ба миён омада, ки дар натиҷаи гирифтани аз 10/1 ва ҳато аз 7/1 сар бузу гўсфанди аҳолӣ (тибқи меъёрҳои шариат аз 40/1 сар муайян карда шуда буд) сар зада буд, ёдовар мешаванд.
Минбаъд ситонидани андозҳо дар шакли натуралӣ идома ёфта бошад, ҳам оҳиста-оҳиста ин намуд андозҳо вобаста ба дигаргуншавии низоми иҷтимоию хоҷагидории ҷомеа барҳам хўрда, ҳамакнун дар шакли молиявӣ ситонида мешуданд.
Супоридани андози амвол аз шахсони воқеӣ дар марҳилаҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар асоси Қонуни ҶТ «Дар бораи андозбандии дорандагони васоити нақлиётӣ ва дигар мошинҳо ва механизмҳои худрав» аз 09.01.1992 с. таҳти №494 ва Қонуни ҶТ «Дар бораи андозҳо аз амволи шахсони ҷисмонӣ» аз 27.12.1993 с. таҳти №689 ба танзим дароварда мешуд. Баъдан бо қабули аввалин санади кодификатсионии соҳаи андозбандӣ муқаррароти ин санадҳо бекор карда шуданд.
Таҳкими муносибатҳои андозбандӣ ба мукаммалгардонии низоми андозбандӣ аз амволи шахсони воқеӣ, хусусан, аз амволи ғайриманқул  оварда расонид. Кодекси андози ҶТ имрўзҳо мутаносибан супоридани андоз аз амволи шахсони воқеиро аз объектҳои ғайриманқул ва васоити нақлиётӣ пешбинӣ намудааст, ки ба андозҳои маҳаллӣ марбут дониста шуда, ҳар яке мустақилона ситонида мешаванд. Мустақилияти ин намуди андозҳо дар адабиётҳои ҳуқуқӣ низ зери шубҳа гузошта намешавад.
Анлоз аз амволи ғайриманқул мутобиқ ба талаботи боби 46 КА ҶТ ситонида мешавад.
Супорандагони андози номбурда, ҳам шахсони воқеӣ ва ҳам шахсони ҳуқуқӣ ба  ҳисоб мераванд, ки мутаносибан ҳамчун соҳибмулкон ин амволи худро истифода мебаранд.
Объекти андозбандӣ тибқи м. 326 КА ҶТ амволи зерин ба ҳисоб меравад:

  • хонаҳои истиқоматӣ;
  • квартираҳо (ҳуҷраҳо);
  • бўстонсароҳо;
  • гаражҳо ва дигар биною иншоотҳо.

Дар мавриди объекти андозбандӣ албатта тафриқотҳо дида мешаванд. Агар дар таносуб бо қонунгузории андози дигар мамолик, масалан  Федератсияи Россия гирем, пас дар ин ҷо на танҳо амволи дар боло зикргардида, балки дигар амвол ба мисли тайёраҳо, чархболҳо, теплоходҳо, яхтаҳо, катерҳо, чанаҳои моторӣ, қаиқҳои моторӣ ва дигар васоити обӣ-ҳавоиеро (ба истиснои қаиқҳои дастӣ) номбар кардан мумкин аст, ки ҳамчун объекти андозбандӣ дар ин кишвар баромад менамоянд.
Меъёри андоз айни замон вобаста ба ҳаҷми аз 10 то 50 каратаи андози замин, ки аз м. 266 ва 267 КА ҶТ бармеояд муайян карда мешавад. Андозбандӣ тибқи муқаррароти қонунгузории андоз барои ҳамаи объектони номбаршуда мутобиқи ҳаҷм, яъне дарозӣ, баландӣ ва бари биною иншоотҳо ҳисобу китоб карда шуда, бо коэфитсенти 1,25 зарб зада мешавад.
Ҳамзамон, қонунгузор ҳолатҳоеро пешбинӣ менамояд, ба тадриҷ кам ва ё зиёд шудани меъёри андозбандиро мадди назар намекунад. Масалан, агар баландии фарши таҳхона то шифти он камтар аз 2 метр бошад, пас 50% майдони андозбандӣ ба ҳисоб гирифта мешавад. Дар сурати зиёдшавии ин ҳаҷм мутаносибан меъёрҳои андоз низ ба фоидаи афзуншавӣ тағйир меёбанд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки Маҷлисҳои вакилони халқи маҳаллӣ дар ҳолатҳои алоҳида аз супоридани андоз як қатор категорияҳои аҳолиро метавонанд озод намоянд. Масалан, тибқи б. 2.7 қарори Маҷлиси вакилони халқи н. Ҳисор аз 20.12.2005 с. таҳти №41 «Дар бораи муқаррар намудани андозҳои маҳаллии ноҳия» хонаҳои истиқоматии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ашхоси ба онҳо баробаркардашуда, инчунин хонаҳои истиқоматии маъюбони тамоми гурўҳҳо, нафақахўрон дар ҳолати надоштани аъзои оилаи қобили меҳнат ва муаллимоне, ки дар  макотиби таҳсилоти ҳамагонии деҳот кор мекунанд дар давраи кори онҳо аз супоридани андоз озод карда шудаанд.
Тартиби ҳисобкунӣ ва пардохтани андоз тибқи м. 330 КА ҶТ муайян карда шуда маблағи андоз аз амволи ғайриманқули шахсони воқеӣ аз ҷониби мақомоти андоз, ки дар ҳудуди фаъолияти онҳо амволи ғайриманқул воқеъ гардидааст, тибқи тартиб ва шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ, дар асоси манбаи маълумот оид ба амволи ғайриманқул, ки дар мақомоти андоз ташаккул ёфтааст, ҳисоб карда мешавад.
Илова бар ин, маблағи андоз аз амволи ғайриманқули шахсони воқеӣ дар соли ҷории андоз дар асоси маълумот оид ба амволи ғайриманқул ба санаи 1 январи соли ҷорӣ ҳисоб карда шуда, ҳамзамон ин ҳолат нисбати объектҳои сохташуда, ки ҳуҷҷатҳои техникиашон ба қайд гирифта нашудааст татбиқ мегардад.
Андозсупорандагон – шахсони воқеӣ оиди супоридани андоз то 1 июли соли ҷорӣ аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ огоҳ карда шуда, ўҳдадоранд, ки андозро то 1 октябри соли ҷорӣ пардохт намоянд.
Тибқи тағйироту иловаҳои ба КА ҶТ ворид гардида маблағи андоз ба таври мутаносиб ва ба ҳисоби ҷамъбасти афзоянда на дертар аз 1 феврал (дар ҳаҷми 25%), 1 май (дар ҳаҷми 50%), 1 август  (дар ҳаҷми 75%) ва то охири соли ҷории андозситонӣ дар ҳаҷми 100% супорида мешавад.
    Дигар намуди андозе, ки шахсони воқеӣ месупоранд ин андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт мебошад. Андози номбурда аз ҷониби шахсони воқеие супорида мешавад, ки дорандагони чунин васоити нақлиётии тибқи муқаррароти  боби 47 КА ҶТ мебошанд. Андози мазкур аз ҷониби мақомоти Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ ситонида мешавад.
Қонунгузор ба ҳайси андозсупорандаи ин намуди андоз ҳам шахсони воқеӣ ва ҳам шахсони ҳуқуқиеро эътироф намудааст, ки тибқи м. 331 КА ҶТ соҳиби воситаи нақлиёт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воҳидҳои БДА-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба қайд гирифта шаванд,  мебошанд.
Ба сифати объекти андозбандӣ ҳама гуна воситаи нақлиётест, ки дар гурўҳи 87  (таҳти рамзҳои 8702-8705, 8711) номгўи молии фаъолияти хориҷии иқтисодӣ нишон дода шудаанд, дохил мешаванд.
Аз пардохти андози номбурда объектони зерин озод карда шудаанд     (м.333 КА ҶТ):

  • мошинҳо ва механизмҳои тасмачарх;
  • комбайнҳои муҳаррикдори ғаллағундорӣ ва махсус, аз ҷумла комбайнҳои пахтачинӣ;
  • автобусҳо ва тролейбусҳое, ки корхонаҳои нақлиёти автомобилии истифодаи омма барои мусофиркашонӣ дар шаҳрҳо истифода мебаранд;
  • мотоколяска ва автомобилҳои бо даст идорашавандаи ба маъюбон тааллуқдошта.

Меъёрҳои андоз тибқи м. 335 КА ҶТ:
Тартиби ҳисобу китоб ва супоридани андозро бошад КА ҶТ муқаррар намуда, он бояд ба буҷети дахлдори маҳаллӣ дар ҷои бақайдгирии воситаҳои нақлиётӣ  дар мўҳлати на дертар аз мўҳлате пардохта шавад, ки барои гузаштани бақайдгирӣ, аз нав бақайдгирӣ ё муоинаи ҳарсолаи техникии нақлиёти автомобилӣ пешбинӣ шудааст. Барои мисол агар шахси воқеӣ дорандаи автомошинаи боркаши КамАЗ 5312 борбардориаш 10 тонна бо иқтидори муҳаррикаш 210 қувваи асп бошад он гоҳ ҳисобу китоб аз рўи муқаррароти м. 335 КА ҶТ вобаста ба маоши ҳадди ақал, ки айни замон 20 сомониро ташкил медиҳад дар 2 вариант тибқи формулаи зерин ба амал бароварда мешавад:
Варианти 1-ум 210 х 20 х 8% =336 сомонӣ;
Варианти 2-юм 210 х 1,6 =336 сомонӣ
Мўҳлати муоинаи ҳарсолаи техникии воситаҳои нақлиётро Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи мақоми ваколатдори давлатӣ ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Вайрон намудани мўҳлати супоридани андоз барои ҳисоб намудани фоиз тибқи тартиб ва ҳаҷми муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс асос мебошад.
Бояд гуфт, ки БДА-и Вазорати корҳои дохилӣ маводҳоеро қабул менамояд, ки тибқи он таруфаҳои андоз бо Кумитаи андоз мувофиқа карда мешаванд. Чунин як мувофиқатнамоӣ 08.08.2007 сурат гирифтааст, ки супоридани андозро аз рўи 92 тамғаи автомобилӣ ва 8 гурўҳи нақлиёт вобаста ба давлати истеҳсолкунандаи асосӣ дар назар дорад. Дар нақшаи зерин номгўи як қатори онҳоро вобаста ба ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоӣ вобаста ба гурўҳ, тамға ва навъ, қувваи муҳаррик ва маблағи андоз пешкаш менамоем (ҳадди аз/то):
 Дар ҳолатҳои зерин шахсони воқеӣ андози номбурдаро намесупоранд:

  • ҳангоми дар қайд набудани васоити нақлиётие, ки бояд дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шаванд;
  • ҳангоми вайрон будан ё бо дигар сабабҳо истифода набурдани воситаҳои нақлиёте, ки аз қайди номбаршуда гузаштаанд;

3.ҳангоми аз нав ба қайд гирифтани воситаи нақлиёт андоз супорида намешавад, дар сурати аз ҷониби соҳиби пештараи он пардохт намудани андоз.
Насупоридани ин андоз баро шахсони номбурда боиси оқибатҳои ҳуқуқӣ, аз ҷумла бастани ҷарима ва ё манъ кардани муоинаи техникӣ мегардад. Дар ин ҳолатҳо кормандони БДА ҳақ доранд аз ин гуна шахсон талаби ҳучҷатҳои супоридани андозро намоянд. Дар акси ҳол андозсупорандагон аз ҳуқуқи истифодабарии ин гуна нақлиёт маҳрум кардашуда ба муоинаи техникӣ роҳ дода намешаванд..
Мўҳлати супоридани андоз вобаста ба қонугузории ҷорӣ ва пешниҳоди ҳисоботи мақомоти дахлдор оиди гузаштани васоити нақлиётӣ аз 1 – уми апрели соли ҷорӣ то 31 декабр муайян карда шудааст. Аз ин ҷо бармеояд, ки то 1 апрел андозсупоранда бояд андози мазкурро супорад.

Одатан, мавзўъ ва мўҳтавои андози мазкурро ҳамин нуқот ташкил медиҳад.

Дидан карданд: 96

Мавзӯъҳои монанд:

Қарзи андоз

Тағийр додани мўҳлати супоридани андоз

Паст кардани меъёри андоз

Мафҳум ва намудҳои имтиёзҳо дар бахши андоз

Дигар андозҳои аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ пардохтшаванда

Андоз аз амволи шахсони ҳуқуқӣ

Андоз аз фоидаи ташкилотҳои тиҷоратӣ

Аксиз

Андоз аз арзиши иловашуда

Хусусиятҳои фарқкунандаи андозбандии шахсони ҳуқуқӣ

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: