|

Андоз аз даромади шахси воқеӣ

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Алишер Фозилов

Санаи дохилгардида: 2017-11-08

 Андоз аз даромади шахси воқеӣ ба гурўҳи андозҳои умумиҷумҳуриявӣ дохил карда шудааст, ки дар аввалҳо тибқи Қонуни ҶТ «Дар бораи андози даромад аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бетабаа» аз 06.01.1992 с. таҳти №502 ситонида мешуд. Айни замон ин намуди андоз тибқи талаботҳои боби 17  КА ҶТ ситонида мешавад. Дар зери мафҳуми шахси воқеӣ ягонагии 3 унсури мустақил, яъне шаҳрвандони ҶТ, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бетабаиятро мефаҳманд.
Супорандагони ин намуди андозро дар муносибатҳои ҳуқуқии андозбандӣ ҳамчун резидент ва ғайрирезидент ном мебаранд. Қонунгузории ҷорӣ супоридани ин намуди андозро дар ду маврид пешбинӣ намудааст:

  1. ситонидани андози даромад аз шахсони воқеӣ дар манбаи пардохт;
  2. ситонидани андози даромад аз шахсони воқеӣ ҳангоми дар манбаи пардохт нигоҳ надоштани он.

Объекти андозбандӣ даромад ба ҳисоб меравад. Аммо қайд кардан лозим аст, ки на ҳама гуна даромаде, ки шахсони воқеӣ ба даст медароранд, андозбандишаванда ба ҳисоб меравад. Бинобар ҳамин ҳам, дар як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, аз он ҷумла дар м.15 Кодекси андоз мафҳумҳои фаъолияти соҳибкорӣ ва фаъолияти ғайрисоҳибкорӣ ҷой дода шудаанд. Дар ҳамбастагӣ ба ин қайд кардан зарур аст, ки ашхоси воқеӣ мутобиқи муқаррароти қонунгузорӣ ҳуқуқи конститутсионии машғул шудан ба фаъолияти соҳибкориро дороанд, ки ин дар навбати худ боиси ба даст даровардани даромад (фоида) мегардад. Қонунгузори андоз аслан мафҳумҳои «даромад» ва «фоидаро» ҳаммаъно медонад. Ҳамзамон, тибқи б.8 м.34 КА ҶТ дар зери мафҳуми даромад воридоти дар шакли пулӣ ва (ё) дар шакли аслӣ (натуралӣ) бе тарҳнамоӣ аз онҳо фаҳмида мешавад, ки аз манбаъҳои воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст дароварда шуда, гирифта мешавад. Фоидаи соф (даромади соф) бошад, тибқи б.45 м.34 КА ҶТ фоидае (даромаде) мебошад, ки аз фоидаи (даромади) андозбандишаванда тарҳ намудани андоз аз фоида (андози даромад) боқӣ мемонад. Барои резидентҳо бошад ба сифати чунин объект даромади андозбандишавандае ба ҳисоб меравад, ки он ҳамчун фарқи байни даромади  умумӣ дар соли тақвимӣ ва маблағи тарҳшудаи хароҷоти пешбинишудаи Кодекси андоз барои ҳамин давра муайян карда мешавад. Андозбандии ҳам резидентон ва ғайрирезидентон ба фаъолияти соҳибкорӣ ва фаъолияти ғайрисоҳибкорӣ вобаста дониста мешавад. Фаъолияти соҳибкорӣ фаъолияти марбут ба хариду фурўш, супоридан ё иҷораи амволро медонанд, ки ақаллан ҷавобгўи яке аз талаботҳои зерин бошад:
1.мунтазам ва муқаррарӣ ба ҷо оварда шавад;
2.молҳо (корҳо ва хизматрасониҳо) пешкаш карда шаванд;
3.чунин амалиётҳо дар доираи фаъолияти савдо ва миёнаравӣ (аз ҷумла фаъолияти дилерӣ) сурат гиранд.
Айни замон, доираи фаъолияте мавҷуд аст, ки ғайрисоҳибкорӣ номида мешавад ва инҳоро дар бар мегирад:
1.ҷойгир намудани маблағҳои пулӣ дар бонкҳо ё дар дигар муассисаҳои молиявӣ;
2.ба иҷора додани амвол;
3.ба идоракунии боэътимод супоридани амвол;
4.харидани (фурўш ё супоридани) ҳисса дар сармояи оинномавии корхона ё коғазҳои қимматноки он; харидани (фурўш ё супоридани) вомбаргҳо ё ҳама гуна дигар векселҳо; харидан  (фурўш ё супоридани) ҳисса дар фонди саҳомии инвеститсионӣ ё ҳуқуқи муаллифӣ ва ҳама гуна ҳуқуқҳои шабеҳи ба фурўшанда тааллуқдошта, ки эквиваленти фаъолияти ғайри соҳибкорӣ мебошанд;
5.иҷрои кори кироя;
6.хидмати давлатӣ;
7.фаъолияти эҳсонкорӣ;
8.фаъолияти динӣ.
Субъектони ин намуди андозро резидентон ва ғайрирезидентон ташкил медиҳанд, ки аз ҳисоби фаъолияти соҳибкорӣ ва ғайрисоҳибкорӣ даромад ба даст медароранд. Резидентон ашхосе ба ҳисоб мераванд, ки дар давоми 12 моҳи пайдарҳами соли тақвимии хотимаёбанда дар ҳудуди Тоҷикистон зиёда аз 182 рўз бошанд. Дар баробари ин ашхосе, ки шаҳрванди Тоҷикистон мебошанд ва ё барои зисти муқимӣ аризаи дахлдор пешбинӣ намудаанд, ҳамчун резидент эътироф мегарданд. Ин ҳолат дар сурате низ эътироф мегардад, ки агар чунин ашхос ба хориҷа сафар намуда, корманди сафорат, намояндагиҳои дипломатӣ, тиҷоратӣ ва ба мақоми ба онҳо баробаркардашуда, аъзои ташкилоти байналмилалӣ ва байниҳукуматӣ бошанд, инчунин аъзои оилаи онҳо. Ба сифати резидент  аъзои экипажи воситаҳои нақлиётии ба ашхоси воқеӣ ва ҳуқуқӣ мутааллиқ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони ғайринизомиии дар пойгоҳҳои ҳарбӣ, қисмҳои ҳарбӣ, гурўҳҳо, қисмҳо ва ҷузъу томҳои ҳарбии беруна аз марзи ҷумҳурӣ қарордошта дохил мешаванд. Онҳое, ки дар объектҳои моликияти ҷумҳурии мо буда, дар асоси шартномаҳои консесионӣ кор мекунанд ва ё донишҷуён, хонандагон, касбгирандагоне, ки дар давоми тамоми мўҳлати таълим ва таҷрибаомўзӣ дар давлатҳои ғайр қарор доранд. Ба ин гурўҳ ҳамчунин муаллимон ва кормандони илмӣ, ки бо мақсади таълимотӣ, машварат ва ё иҷрои корҳои илмӣ берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ қарор доранд, шомил мебошанд. Боқимонда ашхос ҳамчун ғайрирезидент эътироф карда мешаванд.
Айни замон ашхосе ҳастанд, ки ба сифати резидент ва ҳатто ғайрирезидент низ эътироф намегарданд ва таҳти андозбандӣ умуман қарор намегиранд. Ба ин ашхос инҳоро дохил намудаанд:
1.ашхоси дорои мақоми дипломатӣ ё консулгарӣ (ё аъзои оилаи чунин ашхос);
2.кормандони ташкилотҳои байналмилалӣ ё ашхосе, ки дар хизмати давлатии кишвари хориҷӣ кор мекунад (аъзои оилаи онҳо);
3.ашхосе, ки танҳо барои гузаштан аз як давлати хориҷӣ ба дигар давлати хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд, яъне транзит.
Ба ақидаи мо ягона масъалае, ки дар ин маврид баҳсталаб мебошад ин ба сифати андозсупоранда эътироф кардани дуайен (шаҳрвандони хориҷи кишвар, ки пеш аз ҳама ба Тоҷикистон омадаанд ва минбаъд дорои ҳолати ҳуқуқии сафоратӣ ва ё намояндагии дипломатию консулӣ гаштаанд) мебошад. Тибқи қонунгузории амалкунанда ҳолати чунин ашхосро дуҷониба маънидод кардан мумкин аст. Албатта, то он даме, ки чунин ашхос ба сифати корманди ё мақоми сафоратхона ва ё намояндагии давлати дигар эътироф карда гамешаванд, онҳо супорандагони андоз ба ҳисоб мераванд ва ҳолати ҳуқуқии онҳоро Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳолати ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷи» аз 01.02.1996 с. муайян месозад.
Объектони андозбанди андоз аз даромади шахсони воқеиро бошад даромадҳои зайл ташкил медиҳанд (чӣ дар шакли пулӣ ва чӣ дар шакли аслӣ):
1.даромадҳое, ки ҳамчун музди меҳнат гирифта шудаанд;
2.даромадҳое, ки аз ҳисоби кори ғайрикироя ба даст оварда шудаанд;
3.ҳама гуна даромадҳои дигар.
Яке аз гурўҳҳои асосии объектони андозбандишавандаи шахсони воқеиро даромадҳо аз ҳисоби музди меҳнат ташкил медиҳанд, ки тибқи қонунгузории меҳнатӣ аз ҷониби корфармо дар манбаи пардохт нигоҳ дошта мешаванд. Чунин даромадҳо даромадҳои мустаҳкамгардида ба ҳисоб рафта, тавассути меъёрҳои қонунгузории андоз, андозбандӣ карда мешаванд, ки дар нақшаи зерин намоён аст:
Ба даромадҳои умумие, ки аз онҳо андоз ситонида мешавад инҳо дохил мешаванд:
1.даромадҳо аз ҳисоби фаъолияти соҳибкорӣ, ки ба онҳо дохил мегардад:
а)фоида аз фурўш ё додани активҳои бо мақсади соҳибкорӣ истифодашаванда;
б)даромаде, ки барои розигӣ додан ҷиҳати маҳдуд намудани фаъолияти соҳибкорӣ ё бастани корхона гирифта мешавад;
в)маблағҳои аз ҳисоби фурўши воситаҳои асосӣ гирифташуда;
г)хароҷоти ҷуброншаванда.
2.даромадҳо аз ҳисоби фаъолияти ғайрисоҳибкорӣ, аз ҷумла:
а)даромади фоизҳо;
б)суди саҳмияҳо (дивидендҳо) ба шарте, ки дар манбаи пардохт андозбандӣ нашуда бошанд;
в)даромад аз иҷора ё кирояи амвол;
г)роялти;
д)маблағи қарзи ба андозсупоранда бахшидаи қарздиҳанда;
е)фоида аз фурўш ё додани активҳое, ки барои фаъолияти соҳибкорӣ истифода бурда намешаванд.
3.дигар даромадҳое, ки дорои маънои афзоиши арзиши активҳои софи андозсупоранда мебошанд.
Андоз аз даромади шахсони воқеӣ бо назардошт ва бе назардошти андози иҷтимоӣ ситонида мешавад. Қонунгузории андоз пардохти андози даромади ашхоси воқеиро одатан дар манбаи пардохт пешниҳод менамояд, ки тибқи муқаррароти Дастурамал «Дар бораи ситонидани андоз аз даромад дар манбаи пардохт» аз 04.08.2005 таҳти №267 ситонида мешавад.
Ситонидани андоз аз даромади ашхоси воқеӣ низ тарҳкуниҳои шахсиро аз ҳисоби ин намуди андоз дар ҳаҷми 10 музди меҳнати ҳадди ақал барои шахсони зерин пешбинӣ менамояд (б.2 м.139 КА ҶТ):
1.Қаҳрамонони Иттиҳоди Шўравӣ ва Қаҳрамонони Тоҷикистон, шахсони дорандаи 3 дараҷаи ордени Шараф, маъюбони давраи кўдакӣ ва маъюбони дараҷаи 1 ва 2;
2.иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиёни дигар амалиётҳо оид ба муҳофизати ИҶШС аз ҷумлаи хизматчиёни ҳарбие, ки дар қисмҳои ҳарбӣ, ситодҳо ва муассисаҳои ба ҳайати артиши амалкунанда шомилбуда хизмат кардаанд, собиқ партизанҳо ва ҷанговарони интернатсионалист;
3.шаҳрвандони мубталои бемориҳои шуоъ, ки дар натиҷаи оқибатҳои садамаҳо дар объектҳои  атомӣ рух дода иштирок намудаанд ва шахсони рафъкунандаи  оқибатҳои чунин садамаҳо.
Масалан, мутобиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати нерўгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд» аз 05.03.2007 таҳти №242 ҳолати ҳуқуқии шахсоне, ки дар объекти атомии ба садама дучоршудаи Чернобил хизмат кардаанд муайян карда мешавад. Ҳамзамон, қонунгузор барои ин гуна шахсон як қатор пардохтҳоеро муқаррар намудааст, ки мутаносибан аз пардохти андоз озод карда мешаванд, агар ба мазмуни қонуни мазкур дар вобастагӣ ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон назар намоем.
Ҳамчунин, қонунгузории андоз 22 ҳолатеро пешбинӣ менамояд, ки асоси озодкунӣ аз супоридани ин андоз гащтаанд (талаботи м. 141 КА ҶТ). Яке аз ҳолатҳои озод кардан аз супоридани андози даромад ин даромадҳои занбўрпарварон аз фурўши асали оилаи занбўри шахсиашон мебошад, ки бо дарназардошти талаботи м. 8 Қонуни ҶТ «Дар бораи занбўрпарварӣ» аз 08.12.2003 с. таҳти №51 андозбандӣ карда мешавад. Ё дар ҳолати дигар даромадҳое, ки аз ҳисоби супоридани хун гирифта мешаванд, мутобиқ ба Қонуни ҶТ «Дар бораи донории хун ва компонентҳои он» аз 27.12.1993 с. барои кормандони корхона, муассиса ва ташкилотҳое, ки дар онҳо зиёда аз 30% ба фаъолияти донорӣ машғуланд имтиёзҳои андозбандӣ муайян карда шудааст. Дар мавриди дигар бошад ашхосе, ки тибқи муқаррароти қонунгузории оилавии ҷумҳурӣ алимент мегиранд аз супоридани андози даромад озод карда мешаванд.
Маҷмуан, паҳлўҳои асосии андози даромадро асосан ҳаминҳо дар бар мегиранд.

Дидан карданд: 97

Мавзӯъҳои монанд:

Қарзи андоз

Тағийр додани мўҳлати супоридани андоз

Паст кардани меъёри андоз

Мафҳум ва намудҳои имтиёзҳо дар бахши андоз

Дигар андозҳои аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ пардохтшаванда

Андоз аз амволи шахсони ҳуқуқӣ

Андоз аз фоидаи ташкилотҳои тиҷоратӣ

Аксиз

Андоз аз арзиши иловашуда

Хусусиятҳои фарқкунандаи андозбандии шахсони ҳуқуқӣ

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: