|

Табиатшиносӣ ва ояндаи тамаддун

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Алишер Фозилов

Санаи дохилгардида: 2017-10-24

Агар ба таърихи инкишофи табиатшиносӣ бори дигар назар андозем, дида мешавад, ки дар ҳама давру замон вай яке аз воситаҳои асосии пешрафти ҷомеа ҳисобида мешавад. Кашфиётҳои илмӣ ва татбиқи амалии онҳо ба тақдиру сарнавишти инсон таъсири беандоза калон дорад. Кашфи қонунҳои механика дар асри 17 ва сохта шудани мошину механизмҳо, кашфи мавҷҳои электромагнитӣ дар асри 19 ва бунёди электротехника, радиотехника ва радиоэлектроника, пешниҳоди назарияи ядрои атом дар асри 20 ва истифодаи энергияи атом, кашфи асрори ирсият дар нимаи дуюми асри 20 ва бунёди муҳандисии генетикӣ ва ин гуна мисолҳоро бисёр овардан мумкин аст. Хулоса, ҳаёти имрўзаи инсонро бе истифода аз дастовардҳои илму техника тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Дар айни замон инсони асри 21 ба илму техника ва ояндаи он на танҳо бо ҳисси шавқу завқ ва эҳтиром, балки бо тарсу ҳарос низ менигарад. Мегўянд, ки илм ба инсон на танҳо хайру манфиат, балки бадбахтиву мусибат низ меоварад ва ин гуна суханҳо асос ҳам доранд. Проблемаҳои экологӣ, аз ҷумла ифлосшавии атмосфера, садамаҳо дар истгоҳҳои барқии атомӣ, нобудшавии намудҳои набототу ҳайвонот, пайдоиши бемориҳои нав ба нави табобатнашаванда ва ҳакозоро одамон бо илм алоқаманд менамоянд. Вале дар асл сабаби асосии пайдо шудани проблемаҳои экологӣ илм набуда, балки он сохторҳои ҷамъиятию давлатианд, ки самти инкишофи илм ва самти татбиқи кашфиёти илмиро муайян менамоянд.
Илм яке аз шохаҳои фарҳанги инсонист ва бино бар он бо рушду инкишофи ҷамъият вобастагии зич дорад. Мушкилоту ихтилофи вазъи имрўза иборат аз он аст, ки илму дониш дар ҳақиқат ба зуҳуроти проблемаҳои экологӣ ва масъалаҳои дигари ҳалталаби замон сабабгор аст. Дар айни замон ҳалли ин проблемаҳо бидуни илм ва инкишофи минбаъдаи он комилан ғайриимкон аст. Аз ин рў нақши илм дар ҷомеаи инсонӣ рўз аз рўз меафзояд ва дониставу надониста паст задании мақоми илм дар ҷамъият ба оқибатҳои нохуш хоҳад овард.
Аз миёнаҳои асри 20 сар карда болоравии талаботи инсон ва фаъолияти истеҳсолии вай боиси он гашт, ки таъсири инсон ба табиат рўз аз рўз афзуда истодааст. Дар натиҷаи фаъолияти инсон обанборҳои калон ва каналҳо сохта мешаванд, миқдори зиёди канданиҳои маъданӣ истихроҷ мешаванд, ботлоқзорҳо хушконида шуда, заминҳои бекорхобида ба майдони киштукор табдил меёбанд, моддаҳои нав ба нави химиявӣ истеҳсол мешаванд. Дасти инсон имрўз ба қаъри уқёнусу авҷӣ кайҳон низ расидааст. Ин корҳо аксар ба манфиати инсон аст, вале таъсири рўзафзуни инсон ба муҳити атроф оқибатҳои нохуш низ дорад.
Ҳамин тавр, фаъолияти беназорат ва пешгўинашавандаи инсон ба ҷараёни просессҳои табиӣ таъсири манфӣ расонида, ба тағйиротҳои барнагардандаи ҳам муҳити атроф ва ҳам табиати биологии худи инсон меоварад. Чунин тағйироти амалан барнагарданда тамоми муҳити атроф – атмосфера, гидросфера, қабати ҳосилхези қишри замин, олами ҳайвоноту растаниҳоро фаро гирифтааст. Дар баробари ин шумораи аҳолии рўи замин бемайлон афзоиш меёбад. Ҷолиби диқаат аст, ки мувофиқи маълумотҳои боэътимоди илмӣ дар авали солшумории милодӣ дар рўи Замин ҳамагӣ 300 млн. одамон зиндагӣ доштанд. Ин шумора дар соли 1000 – ўм ба 400 млн., дар миёнаҳои асри 17 ба 500 млн, соли 1900 ба 1,6 млрд, соли 1950 ба 2,5 млрд ва соли 1970 ба 3,7 млрд. расида буд. Ҳоло дар рўи Замин зиёда аз 7 млрд. одамон умр ба сар мебаранд. Ҳамин тавр, танҳо дар давоми 100 соли охир аҳолии рўи Замин тақрибан 4 маротиба афзудааст (1927 – 2 млрд н. дар давоми 123 сол, 1960 – 3 млрд н. дар давоми 33 сол, 1974 – 4 млрд н. дар давоми 24 сол, 1987 – 5 млрд н. дар давоми 13 сол, 1999 – 6 млрд н. дар давоми 12 сол, 2011 – 7 млрд н. дар давоми 12 сол).
Хулоса, инсон, ҷамъият ва тамаддун имрўз дар ҳолати бўҳрони шадиди экологӣ қарор дорад. Агар пеши роҳи он гирифта нашавад, фанои биосфера ва тамаддуни инсонӣ ногузир аст.
Оид ба аломатҳои асосии бўҳрони экологии замони ҳозира дар мавзўи пештара (ҳафтўм) маълумот дода будем. Боиси таассуф аст, ки дар ҷамъияти муосир ба вазъи экологии мавҷуда аҳамияти зарурӣ дода намешавад. Одамон гумон доранд, ки табиати сайёраи Замин беҳудуду адонашаванда аст. Онҳо аз офияту беҳбудии муваққатии имрўзаи худ қаноатманд буда, дар бораи он, ки наслҳои оянда дар кадом шароит зиндагӣ хоҳанд кард, фикр ҳам намекунанд. Чунин рафтори худбинона оқибат ба марги тамаддун хоҳад овард.
Принсипҳо ва роҳҳои баромадан аз бўҳрони экологӣ зеринҳоянд:
а) давраи таъсири беназорати инсон ба муҳити табиӣ ба охир расида истодааст;
б) аз истифодаи ғоратгаронаи боигариҳои табиат даст кашидан лозим аст;
в) бояд дар назар дошт, ки муносибати эҳтиёткоронаи экологӣ аз назари иқтисодӣ низ манфиатовар аст;
г) танҳо табиати сернамуду гуногунранг сермаҳсул ва устувор буда метавонад.
д) бояд аз ақидаи ғалати «инсон – шоҳи табиат» даст кашид;
е) шиори имрўза бояд чунин бошад – «инсон на шоҳи табиат, балки иҷоранишини он аст».

Дар ҳалли проблемаҳои экологӣ, ки характери умумиҷаҳонӣ дорад, саъю кўшиши якҷояи тамоми давлатҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналхалқӣ зарур аст. Беҳуда нест, ки чунин проблемаҳои минтақавӣ ба монанди проблемаи кўли Сарез ва баҳри Арал диққати олимони тамоми ҷаҳонро ба худ ҷалб кардааст. Шубҳае нест, ки дар ояндаи наздик инсоният аз ўҳдаи ҳалли масъалаҳои экологӣ ба хубӣ мебарояд.

Дидан карданд: 3028

Мавзӯъҳои монанд:

Биотехнологияи муосир ва ояндаи инсоният

Табиатшиносӣ ва ояндаи тамаддун

Консепсияи худташкилёбӣ дар илм

Хусусиятҳои табиатшиносии асри 21

Пайдоиши ҳаёт дар рўи Замин ва давраҳои эволютсияи он. Консепсияҳои пайдоиши инсон, муносибатҳои иҷтимоӣ, шуур ва забон

Табиати зинда, хусусиятҳо ва савияҳои ташаккули он

Инқилоб дар биологияи молекулавии нимаи дуюми асри 20

Самтҳои инкишофи биологияи муосир ва принсипҳои асосии он

Нишондодҳои методологии астрономияи асри

Системаи Офтобӣ ва пайдоиши он. Сохт ва таърихи геологии Замин

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: