|

Пайдоиши ҳаёт дар рўи Замин ва давраҳои эволютсияи он. Консепсияҳои пайдоиши инсон, муносибатҳои иҷтимоӣ, шуур ва забон

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Алишер Фозилов

Санаи дохилгардида: 2017-10-24

Оид ба пайдоиши ҳаёт дар рўи Замин, ки яке аз проблемаҳои муҳимтарини табиатшиносӣ мебошад, дар давраҳои гуногуни таърихи инсоният ақидаҳои мухталиф, ва аксар вақт соддалавҳона, баён шуда буданд. Аз назари илми муосир се ақида оид ба пайдоиши ҳаёт дар рўи Замин ба ҳақиқат наздик ҳисобида мешавад.
а) нишонаҳои ҳаёт дар қитъаҳои гуногуни Олам ҳама вақт мавҷуд буд;
б) нишонаҳои соддатарини ҳаёт ба Замин аз кайҳон оварда шудаанд (гипотезаи панспермия);
в) ҳаёти биологӣ хоси сайёраи Замин буда, дар марҳилаи муайяни эволютсияи он маҳз дар рўи Замин пайдо шудааст.
Табиатшиносии асри 20 дар масъалаи омўзиши ҳаёт ва пайдоиши он дар рўи Замин қадами қатъӣ гузошта, дар ҳалли ин масъала ба натиҷаҳои назаррас соҳиб шуд. Дар натиҷаи таъсири мутақобилаи соҳаҳои гуногуни табиатшиносӣ дар хатти пайвасти онҳо самтҳои нави тадқиқот, аз ҷумла биофизика, биохимия, биологияи молекулавӣ, генетика, биохимияи кайҳонӣ ва ҳоказо пайдо шуданд. Дар натиҷа оид ба моҳияти ҳаёт дар рўи Замин маълумотҳои боэътимоди илмӣ ба даст омад. Дар замони ҳозира дақиқан маълум аст, ки мавҷудоти зинда (аз соддатаринҳо то ширхўрҳо) аз ҳамон як пайвастаҳои химиявии органикӣ иборатанд ва бино бар он, пайдоиши умумӣ доранд. Ғайр аз ин мувофиқи принсипҳои илми муосир организмҳои зинда аз ғайризинда дар натиҷаи эволютсия ва бо просессҳои соф табиӣ пайдо шудааст. Ҳаёт яке аз хосиятҳои материя буда, дар як марҳилаи муайяни таърихи Замин, чун натиҷаи просессҳои тўлонӣ (миллионҳо ва миллиардҳо солро дарбар гиранда) ба вуҷуд омадааст.

Ҷадвали 3.
Намунаи гурўҳбандии организмҳои зинда

Таксонҳо

Намояндаҳо

Инсон

Муш

Гандум

Олам (царство)

ҳайвонот

ҳайвонот

растаниҳо

Тип

Мўҳрадорон

Мўҳрадорон

Пўшидатухмҳо

Синф

Ширхўрҳо

Ширхўрҳо

Якпаллагӣ

Гурўҳ

Приматҳо

Хояндагон

Ғалладонаҳо

Оила

Гоминидҳо

Мушон

Ғалла

Авлод

Одам

Муш

Гандум

Намуд

Одами бошуур

Муши хонагӣ

Гандуми сахт

 Аз ин нуқтаи назар аз се ақидаи зикршуда оид ба пайдоиши ҳаёт, ақидаи якўм, ки гўё ҳаёт дар Олам ҳамеша мавҷуд будааст, асоси илмӣ надорад ва фикри ботил ҳисобида мешавад. Вале ду ақидаи дигар, яъне б) «ҳаёт аз кайҳон ба Замин омадааст» ва в) «ҳаёт маҳсули просессҳои хоси заминӣ мебошад», аз ҳақиқати илмӣ дур нестанд. Ба тарафдории ақидаи (б) гуфтан кифоя аст, ки дар таркиби метеоритҳо ҳамон аминокислотаҳо, асосҳо, карбогидратҳо ва фосфатҳое, ки маҳз аз онҳо организмҳои зиндаи рўи Замин таркиб ёфтаанд, мавҷуд мебошад. Ба тарафдории ин ақида олимони машҳури асрҳои 19 ва 20, физики англис У. Томсон (барон Келвин), физик ва математики немис Г. Гелмголтс, физик ва химики шведӣ (муаллифи гипотезаи панспермия) С. Аррениус, табиатшинос ва мутафаккири баҷастаи рус В.И.Вернадский ва дигарон далелҳои зиёди илмӣ пешниҳод карда буданд. Баҳсҳои илмӣ оид ба афзалияти яке аз ин ду ақида то замони ҳозира давом доранд, вале аксари олимон имрўз бар онанд, ки ҳаёт маҳз дар сайёраи мо пайдо шудааст. Ба тарафдории ин ақида олимони асри 20, биохимики рус А. Н. Опарин ва физик ва биохимики инглис Ҷ. Бернал фикрҳои тозаи эътимодноки илмӣ баён кардаанд.
Ҷадвали 4
Эволютсияи олами зинда

Эраҳо

Хусусиятҳои асосии фарқкунанда

Ибтидои эра

Давомнокӣ

 

 

 

 

 

Хотимаи давраи яхбандии охирин, ба вуҷуд омадани тамаддун

11 ҳазор сол пеш

 

 

Мурда рафтани ширхўрҳои калонҷусса, пайдоиши инсон

2,5 миллион сол пеш

 

 

Падоиши аввалин маймунҳои одамшакл

34 миллион сол пеш

 

 

Пайдоиши аввалин ширхўрҳои муосир

60 миллион сол пеш

 

 

Пайдоиши ширхўрҳои халтадор ва паррандагон

200 миллион сол пеш

 

 

Аввалин динозаврҳо ва ширхўрҳои тухмзо

250 миллион сол пеш

 

Кайнозой

Мурда рафтани аксари намудҳои организмҳои зинда (қариб 95 фоиз)

300 миллион сол пеш

 

 

Пайдоиши дарахтон ва хазандагон (ангиштсанг)

360 миллион сол пеш

 

 

Пайдоиши обхокиҳо ва растаниҳои спорадор

420 миллион сол пеш

 

Мезозой

Пайдоиши растаниҳои олӣ, баромадани организмҳои зинда ба хушкӣ

450 миллион сол пеш

 

 

Пайдоиши мўҳрадорон

525 миллион сол пеш

 

Неопротерозой

Оғози тақсимшавии суперқитъа

1 миллиард сол пеш

 

 

Пайдоиши суперқитъа (хушкӣ) ва суперуқёнус

1,2 миллиард сол пеш

 

Мезопротерозой

Пайдоиши аввалин обсабзҳо

1,4 миллиард сол пеш

 

Протерозой

Пайдоиши организмҳои бисёрҳуҷайра

1,7 миллиард сол пеш

 

 

Ба вуҷуд омадани раванди фотосинтез дар ҳуҷайраҳо

2,5 миллиард сол пеш

 

Архей

Ба вуҷуд омадани аввалин организмҳои зинда (соддатаринҳои беҳуҷайра ва ҳуҷайрагӣ)

3,7 миллиард сол пеш

 

Катархей

Пайдоиши қишри Замин, уқёнусҳо

4,5 – 4,6 миллиард сол пеш

0,9 – 0,7 миллиард сол

 Ҳамин тавр, ҳаёти биологии рўи Замин маҳсули просессҳои тўлонии заминӣ ҳисобида мешавад. Агар синну соли Замин тақрибан 4,5 – 4,7 миллиард сол тахмин карда шавад, пас ҳаёт таърихи 3,8 миллиард сола дорад, зеро дар ҷинсҳои ба давраи токембрий ростоянда нишонаҳои фаъолияти организмҳои зинда ба қайд гирифта шудаанд.
Просесси пайдоиши ҳаётро дар рўи Замин ба якчанд марҳилаҳо ҷудо кардан мумкин аст:
   а) марҳилаи пайдоиши пайвастаҳои органикии соддатарин аз моддаҳои ғайриорганикӣ. Дар ин давра аз элементҳои химиявии сабуки гидроген, карбон, нитроген ва оксиген пайвастаҳои химиявии об, метан, гази ангидриди карбон, аммиак ва молекулаҳои оксигену, гидрогену, нитроген пайдо шудаанд. Дар ин марҳила атмосфераи ибтидоии Замин ба вуҷуд меояд, ки характери барқароркунанда дошт. Бо пастшавии ҳарорати сатҳи Замин буғҳои оби дар атмосфера мавҷуд буда моеъ гашта, баҳрҳо ва уқёнусҳоро ба вуҷуд овардаанд. Дар натиҷа тадриҷан дар сатҳи сайёраи Замин миқдори зиёди пайвастаҳои органикии соддатарин ҷамъ шудаанд.
б) марҳилаи пайдоиши пайвастаҳои органикии мураккаб. Да ин марҳила дар таҳти таъсири ҳарорати баланд, разрядҳои барқӣ ва таъсири нурҳои ултрабунафши Офтоб аз пайвастаҳои органикии содда пайвастаҳои мураккаб, ба монанди карбогидратҳо, аминокислотаҳо, сафедаҳо, кислотаҳои нуклеат ва ғайра пайдо мешаванд.  Имконияти ин гуна просессҳои химиявӣ бо таҷрибаҳои лабораторӣ борҳо исбот карда шудааст. Ин таҷрибаҳо, аз ҷумла, нишон доданд, ки молекулаи сафедаҳо натанҳо дар просессҳои дохилиҳуҷайрагӣ, балки дар шароити лабораторӣ аз моддаҳои органикӣ ҳосил мешаванд. Ғайр аз ин, дар ин давра бо зиёд шудани миқдори оксиген атмосфераи Замин хосияти барқароркунии худро гум карда, хосияти оксидкунанда (туршкунанда) пайдо мекунад. Дар натиҷаи оксидшавии моддаҳои органикии мавҷуда, пайвастаҳои органикии боз ҳам мураккабтар, ки асоси организмҳои зиндаро ташкил медиҳанд, ба вуҷуд меоянд. Дар давраҳои охирини ин марҳила пайвастаҳои органикие пайдо мешаванд, ки ба нахустҳуҷайраҳо монанд буда, баъзе аломатҳои ҳаётӣ зоҳир мекунанд.
в) марҳилаи пайдоиши шаклҳои соддатарини ҳаёт. Марҳилаи муҳимтарин ва аз назари маънидод мушкилтарин ба шумор меравад. Дар ин марҳила макромолекулаҳои пайвастаҳои органикии ҳосилшуда хосияти синтези матритсавии сафеда (синтези дохилиҳуҷайрагии сафеда), яъне  худафзоишёбӣ пайдо мекунанд, ки аломати нодиртарини организмҳои зинда мебошанд.  Мутаассифона, то ба ҳол механизми ин гузариш аён нест. Оид ба маънидоди ин механизм як қатор гипотезаҳо баён шудаанд, вале ҳамаи онҳо аз камбудӣ холӣ нестанд. Дар замони ҳозира яке аз гипотезаҳои боэътимод дар асоси принсипҳои назарияи худташкилёбӣ (синергетика) пешниҳод шудааст, ки мувофиқи он системаҳои кушода, ғайрихаттӣ ва диссипативӣ хосияти худташкилёбӣ зоҳир мекунанд. Аз ин нуқтаи назар организмҳои зинда объектҳои синергетикӣ мебошанд (нигар ба мавзўи 8).
Гузариш ба синтези матритсавии сафедаҳоро просесси ҷаҳишноки сифатии эволютсияи материя номидан мумкин аст. Ин просесс танҳо дар шароити муайяни муҳити атроф имконпазир буда, фаъолияти минбаъдаи организмҳои зиндаи пайдошуда ин шароитро тадриҷан тағйир медиҳанд. Бино бар он дар замони ҳозира мавҷудоти зинда танҳо ва танҳо бо роҳи афзоишёбӣ ба дунё меоянд.
Пас аз пайдоиши ҳаёт инкишофи он бошитоб суръат мегирад. Агар марҳилаи аз нахустҳуҷайра ба вуҷуд омадани ҳуҷайраҳои аэробӣ (фурўбарандаи оксиген) тақрибан 2 миллиард солро дар бар гирифта бошад, пас пайдоиши растаниҳо ва ҳайвонот таърихи ҳамагӣ 500 миллионсола дорад. Агар паррандаҳо ва ширхўрҳо тақрибан 100 миллион сол муқаддам пайдо шуда бошанд, пас приматҳо (махлуқҳои маймуншакл) ҳамагӣ 10-12 миллион сол пештар ба вуҷуд омада, ташаккулёбии инсон бошад танҳо 5-3 миллион соли охиррро дар бар гирифтааст.
Проблемаи дигари муҳимтарини табиатшиносии муосир, дар қатори проблемаҳои пайдоиши Олам, объектҳои кайҳонӣ ва ҳаёти биологӣ, пайдоиш ва ташаккулёбии инсон ва ҷамъияти инсонӣ ба шумор меравад. Бо вуҷуди он, ки ин масъала дар ҳар давру замон диққати олимонро ҷалб мекард, танҳо дар асри 18 омўзиши илмии он ба роҳ монда шуд. Масалан биологи ба мо шиноси шведӣ Карл Линней инсонро ба олами ҳайвонот дохил намуда, дар синфбандии худ дар паҳлўи маймунҳои одамшакл ҷойгир карда буд. Ў хешутабории инсону маймунҳои одамшаклро таъкид намуда, орангутангро Homo Silvetris (инсони бешагӣ) номида буд. Дар нимаи якуми асри 19 археологҳо, палеонтологҳо ва этнографҳо (этнография – таълимот оид ба урфу одати мардум) миқдори кифояи маълумотҳои таҷрибавиро ғун карда, барои бунёди назарияи илмии пайдоиши инсон ва ҷамъият (антропосотсиогенез) замина тайёр намуданд.
Соли 1871 асари Ч. Дарвин «Пайдоиши инсон ва интихоби ҷинсӣ» ба чоп расид, ки дар он муаллиф, дар асоси маълумотҳои зиёди далелнок ба ду масъала равшанӣ андохт. Ў исбот кард, ки инсон аз олами ҳайвонот ба вуҷуд омадааст ва маймунҳои одамшакли ҳозира шохаи паҳлугии эволютсияи инсон буда, худи инсон аз шохаи дигари кайҳо мурда рафта пайдо шудааст. Пас аз асари Дарвин тасаввуроти материалистӣ оид ба пайдоиши ҳайвонии инсон ба асоси далели қотеъонаи назарияи антропосотсиогенез табдил ёфт.
Азбаски инсон мавҷудоти на танҳо биологӣ, балки иҷтимоӣ низ мебошад, пайдоиш ва ташаккули вайро танҳо натиҷаи таъсири омилҳои биологӣ ҳисобидан хатост. Дар марҳилаи муайяни эволютсияи биологии аҷдоди инсон ба вай омилҳои иҷтимоӣ низ таъсир мекунанд. Омилҳои иҷтимоӣ кадомҳоянд? Ба ин савол ҷавоби саҳеҳро яке аз асосгузорони марксизм Фридрих Энгелс дар асари машҳури худ «Нақши меҳнат дар просесси аз маймун пайдо шудани инсон» додааст. Мувофиқи ақидаи ў меҳнат на танҳо воситаи дигаргун сохтани табиат ва таъмини талаботи инсон аст, балки меҳнат дар як вақт воситаи дигаргун сохтани худи инсон низ мебошад. Маҳз меҳнат омилест, ки инсонро аз аҷдоди маймуншакл ҷудо кард. Ин ақида то имрўз моҳияти хешро гум накардааст ва олимони соҳаи археология ва палеоантропология нақши ҳалкунандаи фаъолияти меҳнатиро дар ҷараёни пайдоиши инсон ва ҷамъият эътироф менамоянд.
Мувофиқи нуқтаи назари илми муосир бояд фарқи байни моҳияти биологии мавҷудияти инсон ва моҳияти авлодии иҷтимоии вай дақиқан нишон дода шавад. Муқаррар намудани ин фарқиятро сотсиобиология меомўзад. Аз ин нуқтаи назар инсон ҳамчун объекти таҳкиқи табиию илмӣ бояд дар се самт мавриди омўзиш қарор дода шавад:
Самти якум – антропология буда, кай, аз кӣ ва бо кадом роҳ пайдо шудани инсон ва фарқи инсонро аз ҳайвон меомўзад.
Самти дуюм – сотсиобиология мебошад, ки асосҳои генетикии фаъолияти инсонро омўхта, таносуби байни физиология ва рўҳияти инсонро муайян мекунад.
Самти сеюм – майнаи инсон ва шуури вайро аз назари табиию илмӣ меомўзад.
Дар асоси ин тадқиқотҳо имкон пайдо мешавад, ки монандӣ ва фарқи инсону ҳайвон муайян карда шуда, вақту замони пайдоиши инсон муқаррар гардад.
Монандии инсон ва ҳайвон пеш аз ҳама аз таркиби моддӣ, сохт ва вазифаҳои узвҳои организм бармеояд. Ғайр аз ин инсон аз ҳамон аминокислотаҳо, сафедаҳо ва кислотаҳои нуклеат, ки ҳайвонҳо соҳибанд, таркиб ёфтааст. Ниҳоят, инсон узвҳое дорад, ки дар ҳайвонот нақши муайян мебозад, вале барои инсон нолозим шуда мондааст (масалан, кўррўда).
Фарқи байни инсону ҳайвон пеш аз ҳама дар шуурнокии инсон аст. Ҳайвонот, масалан, маймунҳо то як дараҷа соҳиби тафаккуранд, ба маънои калима сарфаҳм мераванд, бо онҳо «сўҳбат» кардан мумкин аст. Вале тафаккури ҳайвон дақиқ, ё худ конкретӣ аст, ҳол он ки тафаккури инсон абстрактӣ, мавҳум, маънодор ва мантиқӣ шуда метавонад. Ҳайвон, ба монанди инсон, ҳар хел корҳоро иҷро карда метавонад, вале танҳо инсон то оғози кор нақша ва лоиҳаи корро мекашад. Ҳайвон ҳам хусусияти хурсанд ва хафа шудан, хотира, ҳисси кунҷковӣ ва ғамхорӣ дорад, вале танҳо инсон ба ҳолати худаш ва кори иҷро кардааш сарфаҳм рафта, баҳо дода метавонад.
Фарқи дигар – нутқи инсон аст. Ҳайвонот низ байни худ бо ёрии ҳар гуна сигналҳо муомила карда метавонанд, вале танҳо инсон қодир аст, ки бо сухан байни худ мубодилаи афкор намояд.
Фарқи дигари байни инсону ҳайвон – қобилияти кор иҷро кардани одам аст. Албатта, ҳайвон ҳам ягон амалеро иҷро мекунад. Масалан, маймунҳо барои афшонидани меваи дарахт аз ходачўб истифода мебаранд. Вале танҳо инсон пешакӣ нақшаи кор мекашад, олоти меҳнат месозад ва онро бомақсад истифода мебарад.
Ҳамин тавр, аломатҳои асосии фарқкунандаи инсон аз ҳайвон тафаккури маънидор, нутқ ва меҳнати бошуурона мебошанд.
Оид ба пайдоиши инсон ва ҷамъияти инсонӣ табиатшиносии муосир аз  чунин ақидаи материалистӣ бармеояд, ки инсон бо роҳи табиӣ аз намояндагони олии олами ҳайвонот, аз маймунҳои одамшакл пайдо шудааст. Инсон ва маймун то ба он дараҷа хусусияту аломатҳои монанд доранд, ки онҳоро ба як оилаи намояндагони олии ширхўрҳо – приматҳо дохил кардан мумкин аст. Зиёда аз он, 4 намуди антропоидҳои (маймунҳои одамшакли) имрўза – шимпанзе, горилла, орангутан ва гиббон мувофиқи маълумотҳои биологияи молекулавӣ аз назари таркиби сафедаҳо ва кислотаҳои дезоксирибонуклеат (КДН) на ба дигар намуди маймунҳо, балки ба инсон наздиктаранд. Мўҳлатҳои тўлонӣ оид ба намудҳои мобайнии байни маймунҳои одамшакл ва аҷдодони қадими инсон маълумотҳои боэътимод мавҷуд набуданд. Танҳо дар асри 20 кофтуковҳои палеонтологӣ имкон дод, ки боқимондаҳои ин гуна намудҳои мобайнӣ ёфта шуда, маълумотҳои боэътимод ба даст оварда шаванд.
Антропология, ки пайдоиши инсон, эволютсия ва сохти онро меомўзад, хусусан пас аз бунёди назарияи эволютсионии Дарвин босуръат инкишоф ёфт. Ҳамзамон ва пайрави ақидаҳои Ч. Дарвин, биологи немис Эрнст Геккел гипотезае пешниҳод кард, ки мувофиқи он аҷдоди қадимтарини инсон маймун набуда, балки дриопитекҳо (маймунҳои дарахтӣ) буданд, ки тақрибан 70 млн. сол пештар зиндагӣ доштанд. Мувофиқи ин гипотеза аз як шохаи дриопитекҳо шимпанзе ва горилла ва аз шохаи дигари он  инсон пайдо шудааст. Ч. Дарвин низ ин ақидаро дуруст меҳисобид.
Тахмини дигари Э. Геккел аз он иборат аст, ки дар гузаштаи дур байни шохаҳои маймуну инсон махлуқи мобайнӣ – питекантроп (маймунодам) мавҷуд буд. Соли 1891 дар ҷазираи Ява (Индонезия) боқимондаҳои питекантроп ёфт шуд, ки тақрибан 500 ҳазор сол  пештар зиндагӣ дошта, қадаш 150 см ва ҳаҷми майнаи сараш 900 см3 будааст. Питекантропҳо аз олотҳои меҳнат ба монанди корд ва табар, ки аз санг сохта шуда будаанд, истифода мебурданд ва қомати рост доштанд. Дар антропология ин махлуқҳо Ноmо erectus (Инсони ростқомат) ном гирифтанд.
Соли 1924 дар шимоли Африка боқимондаҳои аҷдоди дури инсон ёфт щуд, ки бо вуҷуди хурд будани ҳаҷми косахонаи сар (~ 670 см3), аз олотҳои соддатарини сангӣ истифода мебурданд. Онҳоро австралопитекҳо (маймунҳои ҷанубӣ) ва Homo habilis (Инсони моҳир) номиданд, ки зиёда аз 5 млн. сол пештар зиндагӣ доштанд.
Соли 1856 дар водии Неандертали Германия боқимондаҳои махлуқе ёфт шуд, ки 150 – 40 ҳазор сол пештар зиндагӣ дошт. Онҳоро неандерталҳо номиданд, ки ҳаҷми майнаи сарашон ба мағзи сари инсони имрўза (~ 1600 см3) баробар аст, дар ғорҳо зиндагӣ дошта, ба шикори мамонтҳо машғул буданд. Неандерталҳо аввалин аҷдоди инсон мебошанд, ки ҳамқавмони фавтидаи худро мегўронданд.
Соли 1868 дар ғори Кро – Манон (Франсия) боқимондаҳои махлуқоне ёфт шуд, ки тақрибан 40 – 15 ҳазор сол пештар зиндагӣ дошта, аз рўи ҳаҷми косахонаи сар ва аломатҳои дигари сохти бадан ба инсони имрўза наздиктарин мебошанд. Кроманёнҳоро Homo sapiens (Инсони бошуур) номиданд.
Ҳамин тавр, мувофиқи он маълумотҳои боэътимоди илмие, ки антропология ба даст овардааст, просесси эволютсионии пайдоиши инсонро чунин тасаввур кардан мебояд:

Ҷадвали 5

Номи аҷдодони мо

Вақти зист

1

Маймуни бешагӣ (дриопитек)

70 – 20 млн. сол пештар

2

Инсони моҳир (австралопитек)

5 – 1 млн. сол пештар

3

Инсони ростқомат (питекантроп)

500 ҳазор сол пештар

4

Инсони неандерталӣ

150 – 40 ҳазор сол пештар

5

Инсони бошуур (кроманён)

40 – 15 ҳазор сол пештар

Минбаъд инсон аз назари генетикӣ тағйир наёфтааст, вале эволютсияи иҷтимоӣ давом дошт.

 

 


Расми 38. Эволютсия инсон

Дидан карданд: 6164

Мавзӯъҳои монанд:

Биотехнологияи муосир ва ояндаи инсоният

Табиатшиносӣ ва ояндаи тамаддун

Консепсияи худташкилёбӣ дар илм

Хусусиятҳои табиатшиносии асри 21

Пайдоиши ҳаёт дар рўи Замин ва давраҳои эволютсияи он. Консепсияҳои пайдоиши инсон, муносибатҳои иҷтимоӣ, шуур ва забон

Табиати зинда, хусусиятҳо ва савияҳои ташаккули он

Инқилоб дар биологияи молекулавии нимаи дуюми асри 20

Самтҳои инкишофи биологияи муосир ва принсипҳои асосии он

Нишондодҳои методологии астрономияи асри

Системаи Офтобӣ ва пайдоиши он. Сохт ва таърихи геологии Замин

Коментари дохил карданд:

Каментарй дохил кард: Мачитиев Олимчон olimjonmachit
Санаи дохилгардида: 2019-05-01

Сохт ва эволютсияи Замин


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: