|

Кашфиётҳо дар кайҳоншиносии муосир ва аҳамияти онҳо ташаккулёбии ҷаҳонбинии шахс

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Алишер Фозилов

Санаи дохилгардида: 2017-10-19

Дар ҳама давру замон проблемаи пайдоиш ва эволютсияи Олам то ба ҳолати имрўзааш ҳам аз назари маърифат ва ҳам илму фалсафа яке аз масъалаҳои ҳалталаби асрорангез ба шумор мерафт. Бо вуҷуди он ки асри 20 бо бунёди назарияи нисбияти Эйнштейн, механикаи квантӣ, мукаммал шудани заминаҳои техникии мушоҳидаҳои астрономӣ ва оғози фатҳи кайҳон ба масъалаи зикршуда равшанӣ андохт, дар ибтидои асри 21 ҳам паҳлўҳои норавшани пайдоиши Олам боқӣ мондаанд.
Тавре дар мавзўъҳои оянда хоҳем дид, проблемаи дигари ҳамсони пайдоиши Олам проблемаи пайдоиши инсон аст. Ҳар шахсе, ки ба ин ду проблема ҳусни таваҷҷўҳ зоҳир мекунад, беихтиёрона робитаи байни онҳоро меҷўяд. Яъне саволҳои зайли бешуурона пайдо мешаванд: 1. Олам барои инсон ва зиндагию фаъолияти вай офарида шудааст, ё, баръакс инсон барои омўхтану фатҳи кайҳон? 2. Оё Оламе ки дар он ҳаётӣ биологӣ мавҷуд аст, ягона аст, ё дар кайҳон ингуна Оламҳо бисёранд? Ин гуна саволҳо зиёданд, вале илми муосир, мутаассифона, имрўз ба онҳо ҷавобҳои дақиқ дода наметавонад.
Бо вуҷуди он асри 20 ба проблемаи пайдоиш ва эволютсияи Олам равшанӣ андохта, хулосаҳое пешниҳод карда тавонист, ки бо роҳи таҷрибавӣ тасдиқ шудаанд. Ин хулосаҳоро бори дигар ба хотир меорем:
- олами ҳастӣ системаи яклухт ва комил буда, тамоми ҳодисаҳои дар он ҷараёнгиранда байни худ вобастаанд;
- Олам ибтидо дорад, дар натиҷаи таркиши бузург пайдо шудааст ва дар замони ҳозира васеъшаванда аст;
- синну соли Олам 10 – 20 миллиард сол тахмин карда мешавад.
- оид ба сенарияи ояндаи Олам ду мулоҳизаи илмӣ мавҷуд аст:
(а) Олам беохир васеъ мешавад, онгоҳ, пас аз солҳои фавқуллода зиёд, дар Олам танҳо фотонҳои фавқулдарозмавҷ ва плазмаи электронию позитронии фавқултунук боқӣ мемонад;
(б) Олам ба таври сиклӣ (даврӣ) васеъ ва фишурда мешавад, онгоҳ, пас аз як сикли пурра Олам ба ҳолати ибтидоии нав меояд ва сикли нав оғоз меёбад;

- мушоҳидаҳо ва хулосаҳои космологӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки инсоният дар ин Олам (ҳеҷ набошад, дар Галактикаи мо) яккаю танҳо аст. Ин ақида ба хулосаҳои муҳимтарини ҷаҳонбинона оид ба мақому мартабаи инсон, аҳамияту арзиши тамаддуни заминӣ ва комёбиҳои вай дар ин Олами фонӣ меоварад. Аз эҳтимол дур нест, ки инсон дараҷаи олитарини эволютсияи Олам бошад. Дар ин сурат мо, одамон, бояд масъулияти хешро оид ба поку беғаш нигоҳ доштани табиати сайёраи Замин ва инкишофи ин Олами беканор доимо аз хотирҳо фаромўш накунем.

Дидан карданд: 778

Мавзӯъҳои монанд:

Биотехнологияи муосир ва ояндаи инсоният

Табиатшиносӣ ва ояндаи тамаддун

Консепсияи худташкилёбӣ дар илм

Хусусиятҳои табиатшиносии асри 21

Пайдоиши ҳаёт дар рўи Замин ва давраҳои эволютсияи он. Консепсияҳои пайдоиши инсон, муносибатҳои иҷтимоӣ, шуур ва забон

Табиати зинда, хусусиятҳо ва савияҳои ташаккули он

Инқилоб дар биологияи молекулавии нимаи дуюми асри 20

Самтҳои инкишофи биологияи муосир ва принсипҳои асосии он

Нишондодҳои методологии астрономияи асри

Системаи Офтобӣ ва пайдоиши он. Сохт ва таърихи геологии Замин

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: