|

Синну сол ва сенарияи ояндаи Олам

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Алишер Фозилов

Санаи дохилгардида: 2017-10-19

Яке аз натиҷаҳои муҳимтарини тадқиқотҳои космологии асри 20 муайян намудани синну сол ва сенарияи эволютсияи ояндаи Олам ба шумор меравад. Дар ҳақиқат, агар Олам ибтидо дошта бошад, пас саволи муқаррарие пайдо мешавад, ки аз лаҳзаи ибтидо то имрўз чанд вақт гузаштааст, яъне синну соли Олам чанд аст? Ба ин савол қонуни Хаббл ба осонӣ ҷавоб медиҳад. Аз баробарии  дида мешавад, ки бузургии ба доимии Хаббл чаппа ченаки вақт ва маънои синну соли Оламро дорад (Дар ҳақиқат, дар механика суръати ҷисм  - ро ҳамчун нисбати масофаи тайшуда  бар вақти сарфшуда маънидод мекунанд: . Мувофиқи таърифи овардашуда дар ин формула - фосилаи вақтест, ки ҷисм бо суръати  масофаи r - ро тай кардааст, яъне  - фосилаи вақти ҳаракати ҷисм аст).  Мувофиқи маълумотҳои астрономӣ қимати доимии Хаббл ба  баробар аст. Аз ин рў синну соли Олам , ё худ тақрибан 13 миллиард сол тахмин карда мешавад. Албатта ин рақам тахминӣ аст ва аз қонуниятҳои тағйирёбии доимии Хаббл вобаста мебошад. Агар дар оянда маълум шавад, ки васеъшавии Олам рафта – рафта суст мешавад, синну соли Оламро кам кардан зарур аст. Вале агар муайян карда шавад, ки дар Олам қувваҳои космологии теладиҳӣ амал мекунанд, синну соли Оламро то 20 миллиард сол ва аз он ҳам бештар тахмин кардан мумкин аст.
Инсон натанҳо гузаштаи Олам ва синну соли онро, балки сенарияи ояндаи Оламро низ донистан мехоҳад. Барои муайян намудани сенарияи эволютсияи ояндаи Олам аз хулосаҳои космологияи релятивии ғайристатсионарӣ истифода мебаранд. Тавре қайд намуда будем, ин хулосаҳоро олими рус А.А. Фридман пешниҳод карда буд.  Ў нишон дод, ки олами пур аз моддаҳои ҷазбшаванда статсионарӣ буда наметавонад ва вай бояд ё васеъ ва ё фишурда шавад. Маълум шуд, ки ҳалли муодилаҳои космологӣ аз зичии миёнаи моддаҳои Олам  ва нисбати он ба зичии бўҳронӣ (критикӣ) , ки аз муодилаҳои Эйнштейн бармеояд, вобаста аст.
Аз ин вобастагӣ се модели эволютсияи ояндаи Олам имконпазир аст. Агар зичии миёнаи моддаҳо аз зичии бўҳронӣ хурд бошад  , Олам бо суръати афзоянда беохир васеъ мешавад (васеъшавии гиперболӣ). Агар  бощад, он гоҳ Олам бо суръати сустшаванда беохир васеъ мешавад (васеъшавии параболӣ). Ва ниҳоят, агар  бошад, Олам васеъшаванда ва фишурдашаванда мешавад. Дар ҳар се модел Олам ибтидо дорад (нуқтаи О). Дар ду модели аввала аз ҳисоби васеъшавӣ масофаи байни галактикаҳо беохир калон мешавад. Дар модели сеюм ба таври сиклӣ (даврӣ) васеъшавӣ ба фишурдашавӣ иваз шуда, дар нуқтаи О1 Олам ба ҳолати ибтидоии нав бармегардад. Дар ин ҳолат зичӣ ва ҳарорат боз ба қиматҳои фавқулодда калон соҳиб мешавад. Дар натиҷа таркиш ногузир аст ва сикли нави эволютсия оғоз мегардад.  Дар расм to замони ҳозираи эволютсияи Оламро нишон медиҳад.
Барои интихоби яке аз сенарияи имконпазир зарур аст, ки бузургии зичии бўҳронӣ () ва зичии миёнаи моддаи Олам () муайян карда шавад. Мувофиқи маълумотҳои имрўза зичии бўҳронӣ ва зичии миёнаи моддаи Олам  тахмин карда мешавад, яъне  аст. Ҳамин тавр, мувофиқи тасаввуротҳои имрўза, Олам аз рўи модели гиперболӣ васеъ шуда истодааст.
Бояд қайд кард, ки ин натиҷаҳо сад дар сад боварибахш намебошанд. Бино бар он аз эҳтимол дур нест, ки дар оянда, бо пайдо шудани тасаввуротҳо ва хулосаҳои нав, моделҳои дигари сенарияи ояндаи Олам афзалияти бештар пайдо кунанд.
Агар ояндаи Олам мувофиқи моделҳои якум ва дуюм сурат гирад, онгоҳ пас аз 1014 сол ситораҳо хомўш ва хунук мегарданд, сайёраҳо аз ситораҳо ва ситораҳо аз галактикаи худ канда мешаванд, яъне галактикаҳо нест мешаванд.
Оид ба эволютсияи минбаъдаи Олам маълумотҳои дақиқ мавҷуд нест ва он, тавре тахмин карда мешавад, аз устувории зарраи элементарии протон вобаста аст. Мо медонем, ки (нигар мавзўи 3) протон зарраи устувор аст. Агар маълум шавад, ки протон устувор набуда, мувофиқи яке аз тахминҳо пас аз  1031 сол ба γ – квант ва нейтрино таҷзия гардад, онгоҳ Олам ба маҷмўи нейтрино ва γ – квантҳо (фотонҳо) – и энергияи хурд дошта табдил ёфта, пас аз 10100 сол дар Олам танҳо омехтаи электронию позитронии зичии бениҳоят хурд дошта боқӣ хоҳад монд.
Вале агар протон зарраи комилан устувор бошад, пас аз 1065 сол тамоми моддаҳо ва ҳатто ҷисмҳои сахт ба моеъ мубаддал мегарданд. Онгоҳ ҳамаи объектҳои боқимондаи Олам ба қатраҳои моеъ табдил меёбанд ва пас аз 101500 сол ҳамаи моддаҳо хосияти радиактивӣ пайдо намуда ба оҳан мубаддал мегарданд.

Акнун ояндаи Оламро мувофиқи модели сеюм дида мебароем. Дар ин ҳолат, тақрибан пас аз 30 миллиард сол, Олам аз васеъшавӣ бозмонда, фишурдашавии он сар мешавад. Ва пас аз 50 миллиард соли дигар ба ҳолати нави ибтидоӣ (нуқтаи О1 дар расми 1) бармегардад. Сикли пурраи васеъшавӣ ва фишурдашавии Олам тақрибан 100 миллиард солро дар бар хоҳад гирифт. Пас аз он боз таркиши бузург ва боз васеъшавӣ оғоз мегардад

Дидан карданд: 1022

Мавзӯъҳои монанд:

Биотехнологияи муосир ва ояндаи инсоният

Табиатшиносӣ ва ояндаи тамаддун

Консепсияи худташкилёбӣ дар илм

Хусусиятҳои табиатшиносии асри 21

Пайдоиши ҳаёт дар рўи Замин ва давраҳои эволютсияи он. Консепсияҳои пайдоиши инсон, муносибатҳои иҷтимоӣ, шуур ва забон

Табиати зинда, хусусиятҳо ва савияҳои ташаккули он

Инқилоб дар биологияи молекулавии нимаи дуюми асри 20

Самтҳои инкишофи биологияи муосир ва принсипҳои асосии он

Нишондодҳои методологии астрономияи асри

Системаи Офтобӣ ва пайдоиши он. Сохт ва таърихи геологии Замин

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: