|

Нақш ва мақоми химия дар ҷамъияти инсонӣ

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Алишер Фозилов

Санаи дохилгардида: 2017-10-18

Вақте сухан дар бораи нақшу мақоми химия ва саноати химиявӣ меравад, ҳар як инсони ҳамзамони мо, новобаста аз он, ки оид ба ин соҳа маълумоти илмии кофӣ дорад ё надорад, албатта чанд сухане гуфта метавонад. Ба ҳамагон маълум аст, ки имрўз баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ бе истифодаи нуриҳои минералӣ ва заҳрхимикатҳо ғайриимкон аст. Вале дар айни замон истифодаи онҳо ба ифлосшавии обу ҳаво, замин ва маҳсулоти ҳосилшуда сабаб гардиданд. Аз ин рў, маҳсулотҳое, ки бе истифода аз маводи химиявӣ ҳосил шудаанд, талабот ва арзиши бештар доранд. Ҳатто ибораи «маҳсулоти аз назари экологӣ тоза» пайдо шудааст. Дар саноат истифодаи моддаҳои нави химиявӣ иқтидори истеҳсолиро ғанитар гардонид. Вале ин дастовардҳо низ ба оқибатҳои нохуши экологӣ оварданд, зеро аксарияти моддаҳои нави химиявӣ дар муҳити табиӣ ҳалнашаванда буда, муҳитро ифлос намуданд.
Имрўз химия дар саноати хўрокворӣ ва маҳсулоти рўзгору хоҷагидорӣ низ татбиқи васеъ пайдо кардааст, вале дар ин самт ҳам оқибатҳои манфии экологӣ мушоҳида карда мешаванд.
Манбаи асосии ифлоскунандаи табиат корхонаҳои металгудозии сиёҳ ва ранга, нерўгоҳҳои барқии гармӣ, воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, сўзондани пасмондаю хокрўба ва ҳоказо мебошанд. Ҳамасола ба муҳити атроф тақрибан 20 миллиард тонна гази карбонат (СО2), 300 миллион тонна гази карбон (СО), 50 миллион тонна оксидҳои нитроген (NO, NO2), 150 миллион тонна дуоксиди сулфур SO2 ва газҳои дигари зараровар, 400 миллион тонна дудаю чангу хокистар партофта мешавад. Ин рақамҳо аз сол ба сол
Тамоюли зиёдшавӣ доранд. Танҳо як мисол: гази карбонат нури офтобро пурра мегузаронад, вале гармии Заминро нигоҳ медорад. Дар натиҷа ҳодисаи «эффекти гармхона» ба вуҷуд меояд. Бино бар он зиёд шудани миқдори СО2 дар атмосфера сабаби гармшавии иқлим гардида ба обшавии яхҳои қутбҳои Замин ва пиряхҳои кўҳистон мусоидат мекунад, ки оқибатҳои бади экологӣ дорад.

  
Миқёси ифлосшавии муҳити табиӣ ба он дараҷа калон аст, ки просесҳои табиии метаболизм ва имкониятҳои ҳалкунии атмосфераи Замин ба таъсири зараровари фаъолияти истеҳсолии инсон муқовимат карда наметавонад. Дар натиҷа қобилияти худтанзимкунии биосфера, ки дар тўли миллион солҳо дар ҷараёни эволютсия соҳиб шудааст, бебозгашт рў ба таназзул овардааст. Агар ин просесс боздошта нашавад, биосфера ва дар радифи он инсоният оқибати маҳвшавӣ дорад.

Дидан карданд: 1513

Мавзӯъҳои монанд:

Биотехнологияи муосир ва ояндаи инсоният

Табиатшиносӣ ва ояндаи тамаддун

Консепсияи худташкилёбӣ дар илм

Хусусиятҳои табиатшиносии асри 21

Пайдоиши ҳаёт дар рўи Замин ва давраҳои эволютсияи он. Консепсияҳои пайдоиши инсон, муносибатҳои иҷтимоӣ, шуур ва забон

Табиати зинда, хусусиятҳо ва савияҳои ташаккули он

Инқилоб дар биологияи молекулавии нимаи дуюми асри 20

Самтҳои инкишофи биологияи муосир ва принсипҳои асосии он

Нишондодҳои методологии астрономияи асри

Системаи Офтобӣ ва пайдоиши он. Сохт ва таърихи геологии Замин

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: