|

Давраҳои асосии инкишоф ва ташаккули химияи муосир

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Алишер Фозилов

Санаи дохилгардида: 2017-10-18

Химия яке аз соҳаҳои илми табиатшиносӣ буда, мавзўи омўзиши он элементҳои химиявӣ (атомҳо), моддаҳои содда ва мураккаби аз атомҳо ташкилёфта (молекулаҳо), табдилёбии моддаҳо ва қонунҳои ин табдилёбиҳо мебошад. Химия решаҳои чуқури таърихӣ дошта, одамон ҳанўз ҳазорсолаҳои 4 – 3 пеш аз милод аллакай бо табдилёбиҳои моддаҳои гуногун шинос буда, онҳоро ба манфиати хеш истифода мебурданд. Яке аз шохаҳои қадимтарини илми химия металгудозӣ (металлургия) ба ҳисоб меравад. Гузаштагони дури мо гудохтани мис ва ҳосил намудани хўлаи мису қалъагӣ – биринҷиро аз худ намуда буданд. Сонитар, дар ҳазорсолаи 2 то милод истихроҷи маъдани оҳан ва гудохтани он ба роҳ монда шуд. Дар натиҷаи ин асбобу анҷомҳои рўзғори чўбину сангин ба асбобҳои оҳанин иваз карда шуданд, ки он барои сабук гардонидани меҳнати ҷисмонӣ мусоидат намуд. Ин ҷо зикр намудан бамаврид аст, ки аз асрҳои 6 – 5 пеш аз милод то давраи Эҳё (асрҳои 15 – 16) химия дар асоси ду таълимоти натурфалсафии атомизм ва чор унсур (обу оташу хоку ҳаво) инкишоф меёфт.
Дар асрҳои 3 – 4 милодӣ, дар заминаи химияи амалии Миср ва натурфалсафаи Юнони қадим илми кимиё (алхимия) ба вуҷуд меояд, ки ҳадафи асосии он ба даст овардани симу зар (нуқра ва тилло) буд. Кимёгарон бовар доштанд, ки дар натиҷаи бо таносубҳои  гуногун пайваст намудани симоб ва гўгирд (сулфур) металҳои гуногун, аз ҷумла металҳои асилу қиматбаҳо ҳосил намудан мумкин аст. Мувофиқи ақидаи кимёгарони араб дар табиат гўё моддаи махсус – иксир (эликсир) мавҷуд бошад, ки бо ёрии он металҳои гуногунро ба симу зар табдил додан мумкин аст. Кимёгарон дар тўли зиёда аз ҳазор сол дар ин самт тадқиқот бурданд ва бо вуҷуди он, ки ба мақсад нарасиданд (зеро он ақидаи ғалат буд), кашфиётҳое карданд, ки ба инкишофи илми химия мусоидат намуданд. Дар асрҳои миёна (хусусан, асрҳои 13 – 15) кимиё ва химия то он дараҷа ба ҳам даромехта буданд, ки якеро аз дигар фарқ намудан ғайриимкон буд. Дар байни кимёгарон, дар қатори қаллобону фиребгарон, шахсиятҳое низ кам набуданд, ки ба ақидаи хеш самимона бовар доштанд ва дар инкишофи илми химия саҳми босазо гузоштанд.
Аз нимаҳои дуюми асри 17 сар карда ақидаҳои кимиёгарӣ оҳиста – оҳиста мавқеи худро аз даст медиҳад ва тасаввуроти амиқе пойдор мегардад, ки мувофиқи он табдилёбии моддаҳо ҳадди муайяне дорад ва ин ҳудуд аз таркиби моддаҳои химиявӣ вобаста аст. Ҳамин тавр, дар асрҳои 17 – 18 химия тадриҷан ба таълимот оид ба табдилёбии сифатии моддаҳо, ки дар натиҷаи тағйирёбии таркиби онҳо ба вуҷуд меояд, мубаддал мегардад.
Ба инкишофи минбаъдаи химия эҳёи ақидаи қадимаи атомизм мусоидат намуд.  Физик ва химики англис Роберт Бойл дар қатори аввалинҳо ақидаи атомистиро инкишоф дода, онро дар химия татбиқ намуд ва ў мегуфт, ки химия канизаки косибию табибӣ набуда, балки илми мустақил аст. Ў комилан боварӣ дошт, ки хусусиятҳои сифатӣ ва табдилёбии моддаҳоро танҳо бо назардошти шаклу андоза, ҳаракат ва ҷойгиршавии атомҳо маънидод кардан мумкин аст. Бойл чунин меҳисобид, ки моддаҳои гуногуни табиатро ба моддаҳои содда (элементҳо), моддаҳои мураккаб ва омехтаҳо ҷудо кардан мумкин аст.
Қадами дигари қатъиро дар ташаккулёбии химия олими фаронсавӣ Антуан Лавуазйе  гузошт. Ў назарияи оксигении  сўзишро бунёд намуда, нишон дод, ки организми зинда ба монанди оташ моддаҳои ғизоиро сўзонда, энергияи гармиро ба вуҷуд меорад. А.Лавуазйе дар соҳаи химия инқилоби илмӣ ба вуҷуд овардааст. Вай химияро аз маҷмўаи ақидаҳои ҷудогонаи ба ҳам новобаста ба назарияи ягонае табдил дод, ки дар асоси он на танҳо ҳодисаҳою просессҳои маълум маънидод гардиданд, балки ҳодисаву просессҳои нав пешгўӣ карда шуданд.
Дар ташаккулу такомули химия нақши олими барҷастаи рус М.В.Ломоносов низ бузург аст. Маҳз бо саъю кўшишҳои вай дар миёнаҳои асри 18 дар Россия аввалин лабораторияи химиявӣ сохта шуда, дар он худи олим бо ҳалли як қатор масъалаҳои назариявӣ ва амалӣ машғул шуд. Аз ҷумла, Ломоносов бо тадқиқотҳои таҷрибавии Р.Бойл шинос шуда, онҳоро дар лабораторияи худ такрор мекунад ва дар натиҷа яке аз қонунҳои муҳимтарини табиат – қонуни бақои моддаро кашф кард.
Инкишофи таълимоти атомию молекулавӣ дар ибтидои асри 19 ба ақидаи сохти мураккаб доштани на танҳо молекулаҳо, балки атомҳо низ овард. Вале танҳо дар нимаи дуюми асри 19 (соли 1869), бо кашфиёти бузурги Д.И. Менделеев оид ба системаи даврии элементҳои химиявӣ, ақидаи сохти мураккаб доштани атомҳо тасдиқи илмӣ гирифт. Бо вуҷуди ин ҳама кашфиётҳо ва тасаввуротҳои навтарин то ибтидои асри 20 химия ҳамчун илми амалӣ боқӣ монд.   
Танҳо пас аз бунёди механикаи квантӣ (нигар мавзўи 3) ва дар асоси он сохта шудани химияи квантӣ системаи донишҳои химиявӣ асоси назариявӣ пайдо намуд.
Одатан вақте, ки шахс (аз ҷумла, донишҷў) бо мазмуну мундариҷаи илмҳои физика ва химия шинос мешавад, байни онҳо фарқи зиёде намебинад, зеро ҳам физика ва ҳам химия таълимот оид ба табиати ғайризинда мебошанд. Ин ҷо мушкилот дар он аст, ки химия ҳамон савияи ташаккули материяро меомўзад, ки дар байни ду савияи бо физика вобастаи олам (моддаҳои макроскопӣ ва атомҳо) ҷойгир шудааст.
Вақте, ки дар асри 17 химия бунёд гардид, олимон гумон доштанд, ки соҳаи омўзиши он микроолам мебошад. Вале бо бунёди физикаи атом ва физикаи ядроӣ дар асри 20 омўзиши микроолам ба ихтиёри физика гузошта шуд.
Химия просессҳои табдилёбии моддаҳо ва таъсири омилҳои беруна (гармӣ, рўшноӣ, майдонҳои физикӣ ва ғайра) – ро ба ин просессҳо меомўзад. Ғайр аз ин, химия робитаи байни атомҳои дохили молекуларо низ меомўзад. Маълум гардид, ки дар ин робита нақши электронҳо асосӣ мебошад (бандҳои химиявӣ). Бунёди механикаи квантӣ ба шохаи нави химия – химияи квантӣ асос гузошт, ки он асоси назариявии химияи муосир ҳисобида мешавад.
Яке аз комёбиҳои нодир дар химия аз он иборат мебошад, ки вай вобастагии сохтори моддаҳоро бо хосияти онҳо нишон дод. Масалан, алмос ва графит таркиби якхела доранд (ҳар ду аз карбон иборатанд), вале сохти сохтории гуногун (панҷарагӣ дар алмос ва варақ – варақӣ дар графит) ба онҳо хосиятҳои комилан фарқкунанда медиҳад: алмос яке аз моддаҳои сахттарин ба шумор меравад, вале графит, баръакс, хеле мулоим аст.
Комёбии дигари химияи асри 20 омўзиш ва истифодаи катализаторҳо мебошад. Катализаторҳо моддаҳоеанд, ки суръати реаксияҳои химиявиро тағйир медиҳанд, вале ба таркиби моддаҳои ҳосилшуда дохил намешаванд. Катализаторҳо дар просессҳои дохили организмҳои зинда гузаранда аҳамияти беандоза калон доранд. Масалан, просесси фотосинтези растаниҳо танҳо бо иштироки катализатори махсус – хлорофилл имконпазир мегардад.

  
Химия аҳамияти калони амалӣ низ дорад, зеро ҳаёти имрўзаи одамонро бе истифода аз маҳсулоти саноати химиявӣ тасаввур намудан имкон надорад.

Дидан карданд: 1409

Мавзӯъҳои монанд:

Биотехнологияи муосир ва ояндаи инсоният

Табиатшиносӣ ва ояндаи тамаддун

Консепсияи худташкилёбӣ дар илм

Хусусиятҳои табиатшиносии асри 21

Пайдоиши ҳаёт дар рўи Замин ва давраҳои эволютсияи он. Консепсияҳои пайдоиши инсон, муносибатҳои иҷтимоӣ, шуур ва забон

Табиати зинда, хусусиятҳо ва савияҳои ташаккули он

Инқилоб дар биологияи молекулавии нимаи дуюми асри 20

Самтҳои инкишофи биологияи муосир ва принсипҳои асосии он

Нишондодҳои методологии астрономияи асри

Системаи Офтобӣ ва пайдоиши он. Сохт ва таърихи геологии Замин

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: