Дата: 2017-10-18
Консепсияи атомизм, яъне а?идае ки мувофи?и он ?амаи модда?ои табиат аз зарра?ои майдатарин, ба чашм нонамоён ва дигар та?симшаванда – атом?о иборат аст, ?анўз дар асри V то милод аз ?ониби файласуфи Юнони ?адим Левкипп ва шогирди ў Демокрит пешни?од шудааст. Маънои истило?и атом та?симнашаванда аст. Он?о чунин мепиндоштанд, ки модда?ои гуногун аз атом?ои шаклу андозаи ?архела таркиб ёфтаанд. То Левкиппу Демокрит ва баъди он?о дар тўли садсола?о а?идае ?укмфармо буд, ки кулли модда?о аз чор нахустматерия (чор унсур) – обу оташу хоку ?аво иборат буда, ?ар як моддаи табиат аз як?ояшавии таносуб?ои гуногуни ми?дории ин чор унсур ?осил мешавад. ?амин тавр, зиёда аз ду ?азор сол а?идаи атомист? ба боди фаромўш? дода шуд. Тан?о дар ибтидои асри 19 барои маънидод намудани ?одисаи ?аракати броун? (?аракати бетартибонаи зарра?ои майдаи дар моеъ ё газ омехташуда, ки бо ёрии микроскоп мушо?ида мешавад), мав?удияти ?а?и?ии атом?о ?амчун ?узъи таркибии модда исбот карда мешавад. Вале то кашфи электрон атом зарраи майдатарини та?симнашаванда ?исобида мешуд.
Соли 1895 физики англис ?озеф Томсон дар аснои тад?и?и нур?ои катод? заррачаеро кашф намуд, ки аз рўи андоза ва массааш аз атоми хурдтарин - атоми ?идроген ?ам ?азор?о маротиба хурд буда, бар замми он дорои заряди электрикии манф? мебошад. Онро электрон номидаанд. Кашфи электрон ба пайдоиши ду самти нави тад?и?от замина гузошт. Физикон ба хулоса омаданд, ки модоме зарраи аз атом хурд мав?уд аст, пас:
а) атом та?симнашаванда набуда, шояд сохти мураккаб дошта бошад.
б) дар табиат зарра?ои дигари ?амтои электрон бояд мав?уд бошанд.
Дере нагузашта ?ар ду гумон ?ам тасди? шуданд. Дар нати?а назарияи сохти атом ва назарияи зарра?ои элементар? бунёд гардид, ки минбаъд ба пайдоиши шоха?ои нави физика физикаи атом?, физикаи ядро?, физикаи зарра?ои элементар? асос гузоштанд.
Консепсияи нави атомизм, ки дар асоси ин кашфиёт?о ба ву?уд омад, му?аррар менамояд, ки атом?о яке аз ?узъ?ои майдатарини модда?о мебошанд, вале он?о та?симнашаванда набуда, балки сохти мураккаб доранд ва аз объект?ои боз ?ам майдатари зарра?ои элементар? номидашаванда таркиб ёфтаанд.
Просмотр: 2819
Музыка способна оказывать известное воздействие на этическую сторону души; и раз музыка обладает такими свойствами, то, очевидно, она должна быть включена в число предметов воспитания молодежи.
© 2020 DURAHSHON.TJ. All rights reserved