|

Имлои пайвандак

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Алишер Фозилов

Санаи дохилгардида: 2017-10-13

45) Якҷо навишта мешаванд:
а) пайвандакҳои мураккаб: балки, агарчи (гарчи), азбаски (баски), вагарна (варна), чунки ва ғ.;
б) пайвандаки -у, (-ву, -ю) бо калимаи пеш: ёру рафиқ, дӯсту душман, илмиву оммавӣ, сиёсию иҷтимоӣ ва ғ.
46) Ҷудо навишта мешаванд:
а) пайвандакҳои ва, ки: устодон ва шогирдон. Забони модариро ҳама бояд хуб донанд ва гиромӣ доранд. Ӯқавл дода буд, ки фардо меояд ва ғ.;
б) ҷузъи пайвандакҳои таркибӣ: то ки, вақте ки, зеро ки, бо вуҷуди ин (он) ки, сарфи назар аз ин (он) ки, аз сабаби ин (он) ки, ба қадре ки, ба тавре ки, бе ин (он) ки ва ғ.
47) Бо нимтире навишта мешаванд:

Пайвандакҳои ва, ки дар назм ба шакли ихтисор: в-аз (ва аз), в-ӯ (ва ӯ), к-аз (ки аз), к-он (ки он), в-имрӯз (ва имрӯз), к-омад (ки омад) ва ғ.

Дидан карданд: 1248

Мавзӯъҳои монанд:

Имлои нидо

Имлои ҳиссача

Имлои пайвандак

Имлои пасоянд

Имлои пешоянд

Имлои зарф

Имлои феъли ҳол

Имлои сифати феълӣ

Имлои феъл

Имлои ҷонишин

Коментари дохил карданд:

Каментарй дохил кард: kiemiddinsukurov3 @gmail.com
Санаи дохилгардида: 2018-09-28

Пайвандак


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: