|
youtaj

Имлои ҷонишин

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Алишер Фозилов

Санаи дохилгардида: 2017-10-13

28) Якҷо навишта мешаванд:
а) ҷонишинҳои сохта: ҳамин, ҳамон, ҳамчунин, ҳамчунон, ҳамдигар ва ғ.;
б) ҷонишинҳои мураккаб: инчунин, ончунон, инҷониб, онҷониб ва ғ.;
в) бандакҷонишинҳо (-ам, -ат, -аш, -амон, -атон, -ашон) бо калимаҳои дигар: китобам, китобат, китобаш, китобамон, китобатон, китобашон ва ғ.
Эзоҳ. Бандакҷонишинҳо ҳангоми ихтисор дар назм аз калима ба нимтире ҷудо карда мешаванд: писар-м, писар-т, писар-ш ва ғ.
29) Ҷудо навишта мешаванд:
а) ҷонишинҳои таркибӣ: ин гуна, он гуна, ин қадар, он қадар, ҳар як, ҳеҷ як, ҳар қадар, чӣ гуна?, чӣ хел?, чӣқадар?, чӣ навъ? ва ғ.;
б) ҷонишинҳои саволии кӣ? ва чӣ?дар таркибҳо: чӣ хел?, чӣ гуна?, чӣ тавр?, чӣқадар? ва ғ.
30) Бо нимтире навишта мешаванд:
Ҷонишинҳои номуайянӣ: ким-кӣ, ким-чӣ, ким-киҳо, ким-чиҳо, ким-кадом ва ғ.

Дидан карданд: 2730

Мавзӯъҳои монанд:

Имлои нидо

Имлои ҳиссача

Имлои пайвандак

Имлои пасоянд

Имлои пешоянд

Имлои зарф

Имлои феъли ҳол

Имлои сифати феълӣ

Имлои феъл

Имлои ҷонишин

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: