|

Имлои исм

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Алишер Фозилов

Санаи дохилгардида: 2017-10-13

15) Исмҳои навъи зерин ду тарзи навишт доранд:
а) як гурӯҳ исмҳое, ки дар анҷом ҳамсадои ҳ доранд: роҳ-раҳ, чоҳ-чаҳ, моҳ-маҳ, коҳ-каҳ, рӯбоҳ-рӯбаҳва ғ.;
б) як гурӯҳ исмҳое, ки дар анҷом ҳарфи й доранд: рӯй-рӯ, мӯй-мӯ, кӯй-кӯ, ҷӯй-ҷӯ, пой-по, сарой-саро, шӯй-шӯва ғ.
16) Якҷо навишта мешаванд:
а) бо артикли арабии ал-: алқисса, алвидоъ, алҳазар, алҳақ, алғараз ва ғ.;
б) ҳамаи қолабҳои исмҳои мураккаб: гулдаста, садбарг, гарданбанд, падарарӯс, сарфармон-деҳ, хештаншинос ва ғ.;
в) агар ба воситаи пасванди -ӣ (-гӣ,-вӣ) аз шумораи миқдорӣ исм сохта шавад, танҳо калимаи охири шумора бо унсури -солагӣ якҷо навишта мешавад: бисту панҷсолагӣ, ду ҳазору панҷсадсолагӣ, ду ҳазору панҷсаду панҷсолагӣва ғ.;
г) исмҳое, ки дар қолаби исм+асоси замони ҳозираи феъл ва пасвандҳои -ӣ, -ак сохта шудаанд: дастгирӣ, роҳсозӣ, навсозӣ, оташгирак, обкашак, тортанак ва ғ.;
ғ) исмҳои мураккабе, ки аз шумораву исм бо пасванди -а (-я) сохта шудаанд: себарга, чоркунҷа, чоргӯша, дуоба, сепоя ва ғ.;
д) исмҳои мураккабе, ки ба воситаи миёнвандҳои -у- ва -о- аз асосҳои феъл сохта шудаанд: гуфтушунид, гуфтугӯ, рафтуомад, обутоб, гирогир, даводав, хезохез ва ғ.
17) Бо нимтире (дефис) навишта мешаванд:
а) исмҳое, ки ҷузъи шумораи онҳо бо рақам ифода шудааст: 1000-солагии зодрӯзи Абӯалӣ ибни Сино, 20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1000-солагии «Шоҳ-нома»-и Абулқосими Фирдавсӣ, 1100-солагии давлатдории Сомониён ва ғ.;
б) номи баъзе ҳизбҳои сиёсӣ ва равияҳои сиёсӣ: ҳизби сотсиал-демократӣ, сотсиал-демократ ва ғ.;
в) исмҳои мураккаби иқтибосии андоза: киловат(т)-соат, километр-соат, метр-сония ва ғ.;
г) исмҳои иқтибосии навъи: штаб-квартира, гран-при, экс-чемпион, контр-адмирал ва ғ.;
ғ) исмҳои таркибӣ аз қабили: вагон-ресторан, механик-ронанда ва ғ.;
д) дар номҳои осори классикӣ артикли ал тибқи қоидаи маъмул бо нимтире ҷудо карда мешавад: «ал-Қонун»-и Ибни Сино, «ат-Тафҳим»-и Абӯрайҳони Берунӣ, «Мантиқ-ут-тайр»-и Фаридаддини Аттор ва ғ.;
е) исмҳои иқтибосии навъи Волга-Дон, Коста-Рика, Ню-Йорк, Порт-Артур, Сан-Марино, Рио-де-Жанейро ва ғ.
18) Ҷудо навишта мешаванд:
а) таркибҳои ҷуфте, ки бо пайвандаки -у (-ю, -ву) шакл гирифтаанд: шаъну шараф, гӯшту нохун, молу ҳол, обу ҳаво, саъю кӯшиш, орзую ҳавас, дороиву сарват ва ғ.;
б) ҷузъи номҳои таркибии ҷуғрофӣ, ки дар қолаби ибораи изофӣ сохта шудаанд: Панҷи Поён, Сари Хосор, Осиёи Марказӣ, Осиёи Ҷанубӣ, Шарқи Дур, Ростови лаби Дон ва ғ.;
Эзоҳ. Агар ҳар ду ҷузъи чунин исмҳо задаи ягона дошта бошанд, якҷо навишта мешаванд: Конибодом, Шаҳринав, Шаҳрисабз, Шаҳритус, Даштиҷум ва ғ.
в) исмҳои таркибии изофии зерин: аспи гули бодом, атласи абри баҳор, гули ошиқи печон, гули намози шом ва ғ.
19) Баёнияҳо ба таври зайл навишта мешаванд:
а) баёнияҳои изофӣ ва ҳамроҳии унвон, мансаб, лақаб, нисба, ки ба маънои аслии худ корбаст шудаанд, бо ҳарфи хурд ва ҷудо навишта мешаванд: амир Исмоил, шоҳ Аббос, Саидмӯъмини паҳлавон, Шокири муаллим, Набии мироб ва ғ.;
Эзоҳ. Агар баёнияҳо пас аз исми хос бе бандаки изофӣ омада бошанд, бо исм якҷо навишта мешаванд: Аҳмадмахдум, Салимпаҳлавон, Ҳошимкорвон, Қориишкамба ва ғ.
б) баёнияҳои хешутаборӣ ва эҳтиром бидуни алоқаи изофӣ бо исми хос якҷо навишта мешаванд: Акашариф, Бибиоиша, Шарофатхола, Барноапа, Шодиамак ва ғ.;
в) баёнияҳои изофии лақаб, ки бо исми хос омадаанд, бо ҳарфи калон навишта мешаванд: Баҳроми Гӯр, Махдуми Гав, Муҳаррами Ғарч ва ғ.
20) Ному насаб ба таври зайл навишта мешавад:
а) бо бандаки изофӣ: Масъуди Саъди Салмон, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ, Ҳусайн Воизи Кошифӣ ва ғ.;
б) бе бандаки изофӣ: Раҳим Ҷалил, Ҳаким Карим, Ғаффор Мирзо, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣва ғ.;
в) бо пасвандҳои -ӣ, -зода (-зод), -иён, -пур, -духт: Сомонӣ, Асрорӣ, Мирзозода, Афсаҳзод, Довудиён, Нодирпур, Зафардухт ва ғ.;
Пасванди -ӣ тахаллус низ месозад: Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҷомӣ, Шукӯҳӣ ва ғ.
г) номи сулолаҳои таърихӣ: Ҳахоманишинҳо, Ашкониён, Сосониён, Тоҳириён, Саффориён, Сомониён, Ғазнавиён ва ғ.;
ғ) исмҳои хоси шахс дар шакли ҷамъ бо ҳарфи калон навишта мешаванд: Одинаҳо, Шоҳмуродҳо, Раҳимзодаҳо ва ғ.
Эзоҳ. Калимаҳои ибн, бинт, валад дар байни ном ва номи падар бо ҳарфи хурд ва ҷудо навишта мешаванд: Муҳаммад ибни Ҷарир, Робия бинти Каъб, Ёдгор валади Бозор ва ғ.
Калимаи ибн дар оғоз пеш аз исми хоси шахс ҷудо ва бо ҳарфи калон навишта мешавад: Ибни Сино, Ибни Рушд, Ибни Ямин ва ғ.
Исмҳои хоси шахс дар таркиби калимаи мураккаб бо ҳарфи хурд навишта мешаванд: саъдисифат, ҳофизшиносӣ, мавлавихонӣ, бедил-хонӣ ва ғ.
21) Бо ҳарфи калон навишта мешаванд:
а) номҳои Худо: Худо, Худованд, Парвардигор, Офаридгор, Яздон, Аллоҳ;
б) номи мақомоти олии давлатӣ, мансабҳои олӣ ва рамзҳои давлатӣ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғ.;
в) калимаи аввал ва исми хоси таркиби номи рутбаҳои тахассусӣ, унвонҳои фахрии давлатӣ ва мукофотҳои олӣ: Мушовири ҳақиқии давлатииҶумҳурии Тоҷикистон, Мушовири давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, Нависандаи халқии Тоҷикистон, Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синова ғ.;
Эзоҳ. Номи вазифа, мансаб, унвон, рутбаҳои давлатӣ ва ҳарбӣ, дараҷаҳои илмӣ бо ҳарфи хурд навишта мешаванд: вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиши миллӣ, доктори илм, профессор ва ғ.
г) исмҳои хоси маъмурӣ, ҷуғрофӣ ва кайҳонӣ (номи қитъа, кишвар, ҷумҳурӣ, вилоят, шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳа, уқёнус, баҳр, дарё, кӯл, обанбор, кӯҳ, сайёра) ва монанди инҳо: Осиё, Аврупо, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд, вилояти Хатлон, Самарқанд, Бухоро, Хуҷанд, Кӯлоб, Ҳисор, шаҳраки Сарбанд, уқёнуси Ором, баҳри Хазар, кӯли Сарез, дарёи Вахш, Офтоб, Моҳ, Замин, Зӯҳра, Зуҳал ва ғ.;
ғ) калимаи нахуст ва исми хоси дохили номи таркибии идора, мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва фарҳангӣ: Вазорати фарҳангиҶумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Китобхонаи миллии Фирдавсӣ ва ғ.;
Эзоҳ. Номи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ, номи факултету кафедраҳо, шӯъба ва бахшҳои муассисаҳои илмӣ, маъмурӣ ва монанди инҳо бо ҳарфи хурд навишта мешавад: мактаби таҳсилоти умумии №50 шаҳри Душанбе, факултаи ҳуқуқшиносӣ, кафедраи забони тоҷикӣ, шӯъбаи илмҳои биология ва тиб, шӯъбаи танзими истилоҳот ва ғ.
д) калимаҳои мураккаби мухтасаршуда (ихтисораҳо)-е, ки аз ҳарфҳои аввали калимаю ибораҳо сохта шудаанд: ҶТ (Ҷумҳурии Тоҷикистон), ДМТ (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон), АИ (Академияи илмҳо), БМТ (Бонки миллии Тоҷикистон) ва ғ.;
Истисно: Ҳамаи ҷузъҳои номи созмонҳои байналмилалӣ тибқи қоидаҳои маъмул бо ҳарфи калон навишта мешавад: СММ (Созмони Милали Муттаҳид), САҲА (Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо) ва ғ.
е) ҳар як калимаи номи воқеаҳои таърихӣ: Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯриши Восеъ, Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ғ.;
ё) калимаи нахуст ва исми хоси таркиби қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ: Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эъломияи ҳуқуқи башар, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғ.;
ж) калимаи нахусти анҷуман ва ҷашнҳо: Анҷумани байналмилалии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон, Ҷашни 1400-умин солгарди Борбад,Ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғ.;
з) калимаи нахуст ва исми хоси дохили номи асарҳои бадеӣ, илмӣ, маҷаллаю рӯзномаҳо, суруду мусиқӣ, филмҳо, асарҳои саҳнавӣ: «Марги судхӯр», «Писари Ватан», «Садои Шарқ», «Чӯли Ироқ» ва ғ.;

и) номи қаср, кох, китобхона, осорхона, театр, тарабхона, меҳмонхона, фурӯшгоҳ ва амсоли инҳо: Қасри миллат, Кохи Борбад, Кохи Ваҳдат, Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Фурӯшгоҳи марказӣ ва ғ.

Дидан карданд: 1888

Мавзӯъҳои монанд:

Имлои нидо

Имлои ҳиссача

Имлои пайвандак

Имлои пасоянд

Имлои пешоянд

Имлои зарф

Имлои феъли ҳол

Имлои сифати феълӣ

Имлои феъл

Имлои ҷонишин

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: