|
youtaj

Сиёсатшиносӣ ҳамчун илм

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Алишер Фозилов

Санаи дохилгардида: 2017-10-06

Нақша:
1.   Сиёсатшиносӣ ҳамчун илм ва марҳилаҳои асосии инкишофи он.
2.   Зарурияти омўзиши фанни сиёсатшиносӣ.
3.   Нақш ва моҳияти сиёсатшиносӣ дар ҳаёти ҷомеа.
Сиёсатшиносӣ дар ҷумҳуриҳои собиқ Шўравӣ предмети нав буда, ба наздикӣ ба барномаи таълимии мактабҳои олӣ дохил карда шудааст.
Зикр кардан зарур аст, ки ҳатто китобҳои дарсии сиёсатшиносие, ки имрўз дар дасти устодону донишҷўён ҳастанд, бо гуногунмазмунию гуногунмундариҷагӣ ва ҳаҷм аз ҳам фарқ доранд. Ҳатто кўшиши ба соҳаҳои фаъолияти муайян навиштани китоби сиёсатшиносӣ ба назар мерасад.
Шояд ин аз он хусус бошад, ки дар ҳама расонаҳои хабарӣ ва гуфтугўҳои муқаррарии одамон мо ибораҳои сиёсати дохилию хориҷӣ, сиёсати иқтисодию илмӣ-техникӣ, сиёсати фарҳангӣ, сиёсати экологию демографиро доимо мешунавем ва мебинем, ки ҳар кадом масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсати хосеро талаб менамояд.
Эҳтимол меравад, ки инсон ҳарчанд худро аз сиёсат дар канор гирифтанӣ шавад ҳам, вале аз ҳазорон риштаҳои ба чашм ноаён баста шуда, берун баромада натавонистанашро эътироф намуда, ҳар кадом баҳри ҳифзи манфиати халқ ё гурўҳе, хоҳ ҳизбӣ ё синфӣ ва ё хоҳ умумимиллӣ кўшиданашонро хира бошад ҳам, дарк кардааст. Одамон донистаанд, ки низоми муайяни дар ҷомиа ҳукмрон як навъ муносибати байни гурўҳхои гуногуни иҷтимоиро муқаррар намудан аст, чунки ҷомеаи инсонӣ ҳамеша низоми муайяни муносибату манфиатҳоро тақозо менамояд. Вай, яъне сиёсат ҳамчун зуҳуроти иҷтимоӣ ба инсон нигаронида шуда, мақсади нигоҳ доштани мувозинати муайяни байни манфиатҳо (шахсӣ, гурўҳӣ, қавмӣ, маҳаллӣ, синфӣ, ҳизбӣ, миллӣ)- ро дорад.
Юнониёни қадим дар ибтидо сиёсатро ҳамчун санъати идоракунии давлат медонистанд. Бо мурури тараққиёту пешрафти ҷомеа, мураккаб гаштани таркиби иҷтимоии ҷамъият, пайдо шудани синфҳою ҳизбҳо, ташаккули ҳақшиносии халқияту миллатҳо, ҳифз ва пойдор намудани ҳудудҳои миллӣ ва ғ. зарурияту таҳлилнамоии ҳамаҷонибаю хулосаи зарурӣ баровардан, ояндаи он зуҳуроту ҳодисаҳоро дида тавонистан ва онҳоро ба манфиати хеш истифода намудан барин масъалаҳо илми сиёсатшиносиро ба вуҷуд овард.
Доир ба сиёсат андешаҳои гуногун вуҷуд доранд: Афлотун онро санъати якҷоя зистан, Ленин В.И. «ифодаи таҷассумёфтаи иқтисодиёт», Вебер М. «кўшиш барои иштирок дар ҳокимият ё таъсир расонидан ба тақсими ҳокимият, дар байни хоҳ давлатҳо ва хоҳ дар дохили давлат байни гурўҳҳои сиёсӣ бошад»  номидаанд. Сиёсат, бешак, санъати идоракунии ҷамъият ва тамоми паҳлўҳои серсоҳаи ҳаёти ҷамъиятии одамон ва натиҷаи фаъолияти онҳост. Тавассути сиёсат мо ки фаъолияти одамон чӣ натиҷа медиҳанд, мардум ҳаёташонро чӣ тавр ташкил менамоянд, онҳо то кадом дараҷа манфиатҳои шахсӣ, оилавӣ, гурўҳӣ, ҳизбӣ, синфӣ ва миллиашонро бо баҳисобгирии манфиати дигарон дарк менамоянд ва инчунин муносибати байни онҳо, маҳорату малака ва усулҳои ба таври осоишта ба ҳам зистанашанро низ дониста мегирем.
Иқрор бояд шуд, ки чигунагии муносибати байни одамон бо ҳамдигар аксаран натиҷаи сиёсати шахсони алоҳидаи сиёсӣ ва пешвоёну ҳизбҳои сиёсӣ буда, ба дараҷаи ақлу фаросат, таҷрибаи андўхтаи онҳо алоқаманд аст. Ҷомеаи башарӣ гувоҳи он аст, ки дар рафти бархурди манфиатҳо, гурўҳи сиёсӣ ҳизби сиёсие ба сари қудрат меояд. Вай барои дар мўҳлати мадид дар сари қудрат монданаш як қатор санадҳои ҳуқуқӣ ва меъёрие қабул менамояд, ки режими ба амаловардаашро тағирнопазир ва кўшиши дигар намудани онро ҳамчун хиёнати давлатӣ ба ҳукми қонун медарорад.
Агар воқеан ин режим ақалан муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти ҷамъиятии одамонро ҳал мекарду ҷомеаро солим мегардонид, он гоҳ дар сари қудрат солҳои дароз монданаш ба манфиати миллату давлат мебуд. Агар зиддиятҳои иҷтимоӣ боз шадидтар гашта, ҷамъият ба балоҳои маҳалгароӣ, ришвахўрӣ, қашшоқӣ ва ғ. гирифтор гашта бошаду вале қувваи дар сари қудрати сиёсӣ буда, онро ҳамчун «муваффақият»- арзёбӣ намояд, он гоҳ дар ҷомеа фалокати иҷтимоие рух медиҳад, ки оқибаташро солҳо паси сар кардан мумкин нест.
Аз ин лиҳоз сиёсат инчунин дар мавриди муайян санъати бехунрезӣ ба хотири томияти ҷомеа аз ҳокимияти сиёсӣ ихтиёран даст кашидан ва ин ҳокимиятро ба ихтиёри қувваҳои солимтару дурандештар додан аст.
Танҳо ҳамин санъат имкон медиҳад, ки дороии моддию маънавии ҷамъиятӣ нигоҳ дошта шуда, онҳо барои пешрафти ҷомеа хизмат намоянд.
Ба мафҳуми сиёсат ҳар кадом фард аз нуқтаи назари манфиатҳо, дараҷаи ҷаҳонбинӣ, инкишофи умумифарҳангӣ бо назардошти вазъи ҷомеаю тақсимшавии қувваҳои сиёсӣ баҳо медиҳад.
Серсоҳагии сиёсат, бемалол ба он ишора менамоянд, ки дигар илмҳо ҳам вобаста ба вазифаашон дар ҷамъият масъалаҳои алоҳидаи сиёсӣ ва равандҳои онро мавриди таваҷҷўҳ қарор медиҳанд. Масалан, фалсафаи сиёсӣ, давлат ва ҳуқуқ, равоншиносии сиёсӣ, ҷуғрофияи сиёсӣ ҳар кадом оид ба масъалаҳое, ки дар доираи амалашон ҳаст, сару кор доранд.
Бар хилофи ҳамаи илмҳои дигар сиёсатшиносӣ ҳамчун илм ба ҳам пайвандкунандаи ҳамон масъалаҳоеро бо тамоми гуногунрангиаш меомўзанд, ки ба иштироки одамон дар идора намудани давлат робита доранд, бо тамоми гуногунрангиаш меомўзад. Вай илм доир ба сохтори ҳокимияти давлатӣ, иштирок дар корҳои давлат, шакл ва принсипҳои фаъолияти системаҳои сиёсӣ ва сиёсати байналхалқӣ мебошад.
Илми сиёсӣ давраҳои муайяни пайдоиш, қафоравӣ ва инкишофро аз сар гузаронидааст. Баъзе сиёсатшиносон пайдоиши сиёсат ва шуури сиёсиро ба пайдоиши синфҳо ва ба гурўҳои антагонистӣ ҷудо шудани ҷомиаи инсонӣ вобаста медонанд. 
Ба андешаи мо ин он қадар дуруст нест. Ҳанўз дар ҷомеаи обшинаи ибтидоӣ қабилаҳои гуногуне, ки бо ҳам ҳамсоя буданд, дар ҳудудҳои муайян сукунат доштанд. Онҳо байни худ оид ба халалнопазирии ин ҳудудҳо қарордод доштаанд. Вайрон кардани ин қарордод ба ҷанги байни қабилаҳо мебурд. Яъне ҷанг як навъ сиёсати ҳалли муноқишаҳо дониста мешуд. Аммо дар дохили қабилаҳо, дар муносибатҳои дохилии онҳо ҳанўз сиёсат пайдо нашуда буд. Агар ба ин андеша розӣ набошем, пас мақсаду маънии ҳамагуна ҷангҳо бароямон норавшан мемонад. Илова бар ин қабилаҳо масъалаи ҷангро низ бо ҳам муҳокима менамуданд. Масалан, қабилаҳо барои сар назадани ҷанги байнӣ қабилавӣ, агар намояндаи қабилае аъзои қабилаи дигарро мекушт, аъзоёни қабилаи зарардида, агар ба шарте тарафи дигар ихтиёран қотилро ва ё ба ҷои он каси дигарро барои ҷазо ба онҳо намедоданд, ҳуқуқ доштанд, яке аз аъзоёни онро дуздида ба қатл расонанд. Аксаран кор ба ин дараҷа намерасид. Қабилае, ки ба ҳамсояқабилааш зарари ҷонӣ расонидааст, ҷуброн мекарданд.
Чӣ тавре ки маълум мегардад, ин масъалаҳо хоҳу нохоҳ хусусияти сиёсӣ доштанд. Аз ин ру, мо инро ҳамчун марҳилаи тавлиди пеш аз илмии сиёсат меномем.
Минбаъд, бо мурури пайдо шудани нобаробарии иқтисодӣ, ки ба ташаккули синфҳои гуногунманфиат оварда расонид, марҳилаи барқароршавии он оғоз ёфт, ки дар илм бо номи давраи фалсафӣ ишора шудааст.
Камбудии марҳилабандии сиёсатшиноси амрикоӣ К. Дойч дар он аст, ин мазкур афкори сиёсӣ – фалсафии Ҳинду Чин ва Эронро ба инобат нагирифтааст. Ҳол он ки афкори сиёсию иҷтимоии ин халқҳо доир ба пайдоишу сохтори давлатӣ, идора намудани давлату нақши подшоҳ дар ҷомиа мавриди назар қарор гирифтааст.
Камбудии дигаре, ки қайд намуданаш шарт аст, ин дар баъзе давлатҳо наомўхтани сиёсатшиносӣ ҳамчун илм дар мактабҳои олист, ҳарчанд ҳеҷ ягон давлат бе сиёсатмадорону идеологҳои сиёсӣ буда наметавонист. Нисбати давлати Тоҷикистон бошад ҳаминро қайд кардан зарур аст, ки тўли солҳои ҳокимияти шўравӣ аксари идеологҳо ва сиёсатдоронаш танҳо ақидаҳои сиёсии марбут ба ҷамъияти Шўравиро, ки аз ҷониби ҳизби Коммунистӣ муайян карда мешуд, ҷонибдорӣ менамуданд. Берун аз нуқтаҳои сиёсии дар марказ муайян карда касе чизи наве гуфта наметавонист.
Албатта ин вазъият заминаи муайяни идеологӣ дошта, тибқи он ҳама бояд ҷомиаи коммунистӣ месохтанд ва дар маҷмўъ ҳама воҳидҳои сиёсии Шўравӣ баробар буданд, агарчи онҳо бисёр хусусиятҳои муштаракро молик буданд, аммо боз аз бисёр ҷиҳатҳо аз ҳам фарқ доштанд. Ҳамин фарқият дар сиёсат бояд ба инобат гирифта мешуд.
Акнун барои пешрафту инкишофи ҳамагуна давлати миллӣ зарур аст, ки сиёсатмадорону сиёсатшиносон қабл аз ҳама сохти давлатдории миллатҳои дигар, режимҳои сиёсӣ, таркиби синфию ҳизбӣ, идеологияи ҳукмрон ва ғ.-ро дониста гиранд. Онро муайян намоянд, ки байни давлати миллии хеш ва миллати дигар чӣ гуна умумият ва фарқият вуҷуд дорад. Ин бошад имкон медиҳад натиҷаи равандҳои сиёсию иҷтимоии давлатҳои дигар ва натиҷаи онҳо ҳамаҷониба омўхта шуда, аз он хулосаи зурурӣ бароранд. Ҳамин ҷамъбасткуниҳо боиси инкишофи афкори сиёсӣ мегарданд.
Барои сиёсатшиносии тоҷик имрўз шароити воқеии омўхтани таҷрибаи андўхтаи сиёсатшиносии Ғарб ва олами ислом аз як тараф, таҳлилу тадқиқи афкори сиёсии гузаштаи ватан аз ҷониби дигар, ба вуҷуд омадаанд. Ин имконият медиҳанд, ки анъанаи давлатдории ниёгон ва таҷрибаи сиёсии халқро, ки бо вуҷуди дар тули 1000 соли аз идоракунии ҳокимияти сиёсӣ дур буданаш, иродаи сиёсии истилогаронро бечунучаро иҷро намуда, натанҳо худро ҳамчун миллат аз махлутшавӣ бо туркону араб нигоҳ дорад, балки дар ҳаёти сиёсию фарҳангии истилогаронаш нақш бозаду онҳоро то андозае маданӣ гардонад, ҳамаҷониба мавриди арзёбӣ қарор гиранд.
Ниҳоят масъалаи аз ҳама муҳими сиёсатшиносӣ масъалаи фарҳанги сиёсӣ аст, ки тавассути он инсон мақоми сиёсӣ - иҷтимоиашро амалӣ мегардонад. Фарҳанги сиёсӣ қоида ва қонунҳои рафтори сиёсии одамон ва арзищҳои фарҳангии ҷамъиятиро баҳри ҳалли масъалаҳои сиёсию иҷтимоӣ истифода менамояд. 
2. Вазифаи сиёсатшиносӣ ва ба ҳам таъсиррасонии он ба дигар фанҳо
Вазифаи аввалиндараҷаи сиёсатшиносӣ ҳамчун илм таҳлил ва омўзиши таркиб ва фаъолиятномаи системаи сиёсии ҷомеа, нақши институтҳои сиёсии он дар ҳаёти сиёсии ҷомеа, ошкор сохтани манфиатҳо (давлатӣ, ҳизбӣ, синфӣ, миллӣ), нақши пешвоёни сиёсию шаклҳои режимҳои сиёсӣ, муносибати ҳокимияти сиёсӣ бо шаҳрвандон ва шаҳрвандон ба он ва ғ. иборатанд. Ба вазифаи сиёсатшиносӣ чунин масъалаҳо дохил мешавад:
1. Дарёфт ва такмил додани механизми оқилона ислоҳ нумудани системаи сиёсӣ ва унсурҳои он.
2. Таҳлили сабаби пайдоиши бўҳрон ва инкишофи системаи сиёсӣ ва роҳҳои мўътадилгардонии он.
3. Тарзи асосноки равандҳои дар системаи сиёсӣ ба вуҷуд омада, ба қонунӣ будани онҳо дар инкишофи ҷамъият:
4. Кор карда баромадани тавсияҳо барои муҳайё намудани инкишофи мўътадили системаи сиёсӣ дохил мешаванд.
Номбарнамоии ин вазифаҳо аз нақши афзудаистодаи сиёсатшиносӣ дар ҳаёти ҷамъият шаҳодат дода, нишондиҳандаи он аст, ки ин илм вазифаи пажуҳишӣ, пешгўикунӣ ва амалӣ дорад.
Аз ин рў, ба ҳам алоқамандию ба ҳам таъсиррасонии илми сиёсатшиносиро ба илмҳои дигар ҳамин вазифаҳо муайян менамоянд.
Онро асосан ду шарт муайян месозад. Аввал ба  ҳампечию ба  ҳам алоқамандии раванди инкишофи ҷамъият (иқтисодӣ, сиёсӣ, рўҳӣ ва динӣ) дар ҳаёт, дуюм, дар ҷомиа мушкилиҳо ба арзишҳои муҳими ҷамъиятӣ ба вуҷуд меоянд, ки омўзишашон дар кор карда баромадани чорабиниҳои амалии он ҳама илмҳои ҷамъитӣ иштирок менамоянд.
Муҳимтарини ин арзишҳо некўаҳволии мардум, оромии ҷамъият, бехатарии миллию озодӣ ва низоми конститутсионист.
Барои ҳамин дар амалӣ гаштани ин арзишҳо чӣ ҷамъият ва чӣ инфиридҳо ҳавасманданд.
Дарёфт ва аниқ намудани сабабҳои объекивӣ, ки асосашонро мушкилотҳои ҷамъиятӣ ташкил медиҳанд, вазифаи ҳама муассисаҳои ҷомеашиносӣ буда, аз донишмандони ин фанҳо дар дарёфту нишон додани роҳи ҳалли онҳо меҳнати якҷоя талаб карда мешаванд.
Барои ин асос аст, ки ҳамаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ вобаста ба мавзўъҳои воқеии худ ҷамъиятро меомўзанд.
Бесабаб нест, ки ҳама паҳлўҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ахлоқию рўҳӣ масъалаи сиёсӣ шуда метавонанд.
Ин дар он ҳолате рух медиҳад, ки мушкилоти ҳамон соҳаро худи он ҳал карда наметавонад. Дар чунин ҳолат зарурият ба воситаҳои сиёсии ҳалли онҳо пайдо мешавад.
Масалан, назарияи иқтисод, ки сиёсатшиносӣ ба вай робитаи қавӣ дорад, на танҳо қонунҳо, балки қонунияти инкишофи хоҷагии бозоргонӣ, худташкилкунии он, худмўътадилнамоӣ ва инчунин усулу воситаҳои сиёсати давлатиро нисбати фаъолиятнамоии системаи иқтисодии ҷамъиятӣ меомўзад.
Сиёсатшиносӣ бо таърихи сиёсӣ, сотсиология, ҳуқуқ ва дигар фанҳои ҷамъиятшиносӣ низ робита дорад.
Сиёсатшиносӣ низ чун тамоми илмҳои дигари ҷамъиятшиносӣ ба дастовардҳои илмӣ такя намуда, ҳангоми баҳо додан ба ҳодисаҳою зуҳуротҳои ҳаёти ҷамъиятӣ хулосаҳои зарурию субъективӣ мебарорад.
Масалан, таърихи сиёсӣ барои ҷамъбасти ҳодиса ва зуҳуротҳои замони муосир маводи далелӣ дода, сотсиологияи сиёсӣ имконият медиҳад, ки сиёсатшиносӣ мақсади рафтори одамон, гурўҳҳои иҷтимоӣ, афкори умумро доир ба ҳодисаю зуҳуротҳои ҷамъиятӣ ҷамъбаст намояд.
Сиёсатшиносӣ ҳамчун илм ҳангоми ба дастовардани ҳадафҳои барҷаста ва амалӣ гардонидани онҳо, ва инчунин ё амалиётҳои сиёсӣ муайян мегардад. Масалан, дар вақти кор карда баромадани роҳи сиёсии мамлакат дар ин ё он марҳила ба ҳамвобастагию ба ҳам алоқамандии сиёсатшиносӣ ба соҳаҳои дигари ҳаёти ҷамъиятӣ аз ҷиҳати илмӣ асоснок намудани ин ба миён меояд.
Намоиши барҷастаи он ки сиёсат ин илм аст, мисоли бисёрест, масалан сиёсати ислоҳотӣ дар кишварҳои тозаистиқлол, пешравию камбудиҳои он ва ғ.
Ё дар мамлакатҳои демократӣ, - мисли ИМА ҳар кадом номзад ба президентӣ ё сенаторӣ аз ҷиҳати илмӣ асоснокию амалигардии барномаашро таъкид менамояд.
Сиёсат танҳо илм набуда як навъ фаъолият аст.
Сиёсат чун санъат фаъолияти нозук ва мурракабест, ки аз барандагони худ рафтори нафис, ба ҳисобгирии рўҳӣ ва қабули қарори мушаххасро талаб менамояд.
Сиёсат ҳамчун санъат ба интуицияе монанд аст, ки имконият медиҳад дар лаҳзаҳои ҳассосу мураккаб роҳҳои созишро дарёбад ё қарори ғайри чашмдошт қабул карда шаванд, ки миллатро наҷот диҳад, монанд аст.
Сиёсатро ба ибораҳои, «сиёсати олӣ» ва сиёсати «ифлос» ном мебаранд. Бе I шак, ҳамагуна сиёсати каму беш аз ҷиҳати илмӣ асосноккардашуда нияти беҳбудии ҷамъиятро дошта, ба инкишофи ҷамъият ёрӣ мерасонад.
Аммо сиёсати нодуруст, зидди халқӣ низ дида мешавад. Масалан диктатураи фашистӣ дар Германияю Италия, миллитаризми Япония. Сиёсат ҳудуд надорад.
Аз як тараф сиёсат ба пешрафти ҷамъият мусоидат намояд, аз дигар тараф ба сари мардум фоҷиа ва фалокат меорад.
Қонуниятҳои сиёсатшиносӣ
Сиёсатшиносӣ чун тамоми илмҳои дигар дар қонуниятҳои муайян буда, тавассути дарки ин қонуниятҳо сиёсати ин ё он давлат муайян карда мешавад. 
Аксари сиёсатшиносон се гурўҳи қонуниятҳоро нишон доданд. Аз ҷумла дар китоби дарсии (Политология. М. гардарики 2004)таҳти таҳрири пофессор М.А. Василик, чунин қонуниятҳо номбар шудаанд.
Гурўҳи якуми қонуниятҳое, ки робитаҳои баҳамтаъсиррасонии соҳаи ҳаёти сиёсиро бо дигар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ифода менамоянд. аз ҷумла,  вобастагии сохтор ва вазифаҳои системаи сиёсии ҷамъият, ба сохтори иқтисодию иҷтимоияш; таъсири фаъолонаи сиёсат ва ба ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоию ҳаёти маънавии ҷомеа.
Гурўҳи дуюми қонуниятҳое, ки робитаҳои муҳим ва устувор ва муносибатҳоро бо баҳамтаъсиррасонии унсурҳои сохтории  худи соҳаи сиёсиро ифода менамоянд;
Гурўҳи сеюм –қонуниятҳои робитаҳои муҳим устувор, тамоили инкишофи тарафҳои алоҳидаи ҳаёт ва зуҳуротҳои ҳаёти сиёсии ҷамъиятро ифода менамоянд. ба онҳо: дар ҷамъияти демократӣ  тақсим намудани ҳокимият ба ҳокимияти қонунбарор, иҷроия ва судӣ; тасдиқи принципи плюрализми сиёсӣ дохил мешавад.(Политология. Учебник. М., 2004. стр. 18-19).
Ҳаминро бояд донист, ки қонуниятҳои ҳаёти сиёсии ҷамъият  нисбат ба қонунҳои табиат ҳамчун тамоил амал намуда, бо ин ё он навъ дар натиҷаи фаъолияти «бошуурона» ва ё «бешуурона»-и одамон, гурўҳҳои сиёсӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ ба вуҷуд меоянд. 
Тамоили инкишофи онҳоро шароити табиӣ – таърихӣ, вазъияти сиёсӣ – иқтисодӣ, дараҷаи камолоти фарҳангӣ-сиёсии мардум, инчунин хусусиятҳои фардии ҳар кадом  гурўҳҳои сиёсӣ  муайян месозанд.
Категорияҳои сиёсатшиносиро низ ҳама сиёсатшиносон ба се гурўҳ ҷудо кардаанд. Аз ҷумла:   
Методҳои сиёсатшиносӣ
Чун сиёсатшиносӣ ба омўзиши системаи сиёсӣ таркиби вай вазифаҳо ва хусусиятҳои худинкишофёбию худбанизоморӣ машғул шуда, робитаи онро ба дигар системаҳои ҷамъиятӣ меомўзад ва бинобар ин аз як қатор усулҳо истифода мебарад. 
1. Аз назари иниститутционалӣ омўзиши иниститутҳои сиёсӣ, ташкилотҳои вай, барномаҳои ҳукуматӣ, воситаҳои танизимӣ, фаъолияти сиёсии ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятиро объекти омўзиши худ қарор медиҳад.
2. Аз назари муқоисавӣ вай системаҳои гуногуни сиёсиро мавриди тадқиқ қарор медиҳад. Ин усул асосан дар замони ҷанги дуюми ҷаҳон пайдо шуда, роҳҳо ва воситаҳои барҳам додани режими фашистии Германияро мавриди тадқиқ қарор дод.
3. Назари таърихӣ. Вай ҳодиса ва зуҳурот II дар таърихи ҷомеъа ба вуҷуд омадаро таҷдиди назар менамояд.
4. Назари сотсиологӣ - Ба воситаи ин усул ба ҳам вобастагии протсессҳои сиёсӣ омўхта мешаванд.
Меъёри арзишӣ (нормативно, ценносинный). Ошкор сохтани моҳияти ин ё он протсессҳои сиёсӣ ва нақши онҳо дар таъмини сулҳ ва некўаҳвволии мардуманд.
Назари системавӣ – ин усул онро таҳлил менамояд, ки:
а). системаи сиёсӣ системаҳои дар таркибаш бударо таҳлил менамояд, ки ҷавҳари он ҳокимияти сиёсист.
б). Вай бисёр вазифагии онро ошкор месозад.
в). Системаи сиёсӣ ҳамеша дар тағирёбӣ буда, ба дигар системаҳо робита дорад.
5. Назари вазифагӣ (функсиянокӣ )
Инҷо механизмҳои мушаххасе, ки устувории нисбӣ, томият, баробарвазнӣ, худнигоҳдорию худмутобиқсозии системаро ба муҳити иҳотакарда меомўзад.
6.Таҳлили вазифагӣ-таркиби (функционально-структурный) Ҳар кадом унсур дар система вазифаи худро иҷро менамояд.
7. Усули бихевиористӣ – аз баски системаи сиёсии ҷамъият организми зиндаи иҷтимоист, бинобар ин ҳар кадом аз рўи қонунҳои дохилии дар змини мантиқи хеш буда амал менамоянду онҳоро ошкор месозанд. Хусусан, рафтори сиёсии субъектҳои сиёсатро.

Дидан карданд: 2047

Мавзӯъҳои монанд:

Инкишофи ақидаҳои иҷтимои - сиёсии Аврупои ғарби

Сиёсатшиносӣ ҳамчун илм

ТАҲЛИЛ ВА ПЕШБИНИИ СИЁСӢ

ЗУБДАГОНИ СИЁСӢ

ТЕХНОЛОГИЯИ СИЁСӢ

МОДЕРНИЗАТСИЯИ СИЁСӢ

РАВАНДИ ҚАБУЛИ ҚАРОРИ СИЁСӢ

МАДАНИЯТИ СИЁСӢ

ҲИЗБҲОИ СИЁСӢ ВА ҲАРАКАТҲОИ ОММАВӢ

РАВАНДҲОИ СИЁСӢ (Тартиби раванди сиёсӣ)

Коментари дохил карданд:

Каментарй дохил кард: Абубакр Asdullo.@ E-mail
Санаи дохилгардида: 2018-09-06

сиуёсатшиноси хамчун илм

Каментарй дохил кард: Idimran@mail.ru
Санаи дохилгардида: 2018-10-13

Чаро мавзухои дигар нестанд

Каментарй дохил кард: Фарҳод. Farhodabduloev99.@gmai
Санаи дохилгардида: 2019-03-03

Давлат ҳамчун иниститути сиёси


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: