|

Мукаддимаи психология (равоншиноси)

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Алишер Фозилов

Санаи дохилгардида: 2017-10-05

НАКША:

  1. Психология хамчун фан.
  2. Сохти системаи асаб ва рух.
  3. Мавкеи психология дар системаи илмхо.
  4. Сохт ва принсипхои асосии психология.
  5. Пайдоиш ва инкишофи психика дар филогенез.
  6. Шуур ва тавсифи психологии он.

«Психология» - аз калимаи юнонц гирифта шуда, «псюхе» - рух ва «логос» - таълимот аст.
Объектьои илмии омузиши фанни психология инхоянд:

  1. Далелхои мушаххаси хаёти психики, ки микдоран ва сифатан ташхис карда мешаванд.
  2. Конуниятхои психологи.
  3. Маханизмхои фаъолияти психики (рух)

Умуман, объекти асосии омузиши фанни психология рух буда, психология хамчун фан конуниятхо, механизмхои инкишофи психики, чоришавии равандхои маърифати, холатхои эхсоси – иродави хусусиятхои инфиродии шахсро меомузад.

I. Сохти системаи асаб ва рух.
Рух махсули магзи сар, натичаи фаъолияти мураккаби он аст.
Чузъиёти асосии ситемаи асаб бофтахои асаб ва нейронхоанд. Вазифаи онхо аз гузаронидани хаячон иборат аст.

Кисмхои системаи асаб инхоанд:
1.системаи асаби перифери;
2.системаи асаби вегетативи;
3.системаи асаби маркази.

Системаи марказии асаб аз 2 кисм иборат аст:
1. Майнаи сар.
2. Хароммагз.

Кисмхои асосии майнаи сар - майнаи акиб, майнаи миёна, майнаи мобайни ва майнаи пеш мебошанд.
Кисмхои мухимтарини майнаи акиб, майнаи дарозруя ва майнача мебошанд.
Майнаи дарозруя давоми хароммагзи буда, хароммагзи дар ковокии сутунмухра чойгир шудааст.
Тамоми кисмхои майна бо хамдигар алокаманд буда, фаъолияти онхо психикаи хайвонхои оли ва одамро идора мекунанд.
Аз ин чо, психикаи хайвонот ва одамро чудо мекунанд.
Алока ва мавкеи психология дар системаи илмхо.
Психология дар системаи илмхо мавкеи мустахками худро дорад.
Он хамчун фанни мустакил бо фалсафа, табиатшиноси, пешрафти илми – техники, педагогика ва илмхои алока дорад ва онхо дар тараккиёту пешрафти илми психология сахми худро гузоштаанд.
II. Психология ва табиатшиноси.

Назарияхои табиатшиносон дар фахмиши механизмхои психикаи инсон пайдоиш ва ташаккули он мавкеи асосиро ишгол мекунанд.
Назарияи рефлектории И.М. Сеченов, таълимоти у дар бораи рефлексхои шарти ва коркарди минбаъдаи онхо аз тарафи шогирдонаш, инчунин тадкики ин назария аз тарафи А.А.Ухтомский, Н.А.Бернштейн, И.С.Берашвили, назарияи И.П.Павлов дар бораи системаи сигналхо асоси илмии донишхои психологиро гузоштанд.
Умуман, муваффакиятхо дар тадкики системаи мураккаби механизмхои физиологии фаъолияти психики натичаи алокаи психология бо фанхои табии аст.
Таълимоти эволютсионии Ч.Дарвин пайдоиш хам рафторхои инстинкти ва хам дар рафти хаёт ба амал ояндаро аз чихати илми асоснок карданд.
Психологияи тибби, ки дар натичаи тараккиёти фанхои психология ва тиб ташаккул ёфт, дастовардхои илми психологияро дар ташхиси беморон, сихатмандии омма ва пешгирии беморихо истифода мебаранд.

III. Шуур, сохтор ва тавсифи
психологии он.

Руҳ (психика) ҳамчун инъикоси ҳақиқат дар майнаи сари одам якчанд дараҷа (уровень) дорад.
Дараҷаи олии психика шуур аст, ки чунин сохтору тавсифот дорад:

  1. Шуур ҳамчун ҷамъбасти донишҳо дар бораи олами атроф.
  2. Худшуурнокӣ (самосознание) – ҷудо карда тавонистани объект ва субъект. («Ман» ва «Ман не»)
  3. Шуур ҳамчун воситаи ташаккул додани фаъолияти мақсадноки одам.
  4. Шуур – ба тартиб овардани системаи муносибатҳо.

Шарти асосии ба вуҷудоӣ ва ташаккули шуур забон аст.
Дараҷаи пасти шуур бешуурӣ аст.

IV. Сохт ва принсипҳои асосии
психологияи ҳозиразамон.
Сохтори психологияи ҳозиразамонро соҳаҳои он ташкил медиҳад, ки аз рeи принсипи инкишофи психика дар фаъолият асосан чунин тавсиф дода мешавад:

  1. Ҷихати психологии инкишоф.
  2. Ҷихати психологии муносибати одам бо ҷамъият.

Принсипҳои асосии психологияи ҳозиразамон инҳоанд:

  1. Принсипи детерминизм.
  2. Принсипи ягонагии шуур ва фаъолият.
  3. Принсипи инкишофи психика ва шуур дар фаъолият.

V. Методҳои тадқиқотии психологияи
ҳозиразамон.
Методҳои психологияи ҳозиразамонро ба 2 – гурeҳ ҷудо мекунанд:

  1. Усулҳои асосӣ:
    а) мушоҳида
    б) озмоиш (эксперимент)
  2. Методҳои ёрирасон:
    а) сeҳбат
    б) пурсиш (анкета)
    в) усули генетикӣ
    г) тест
    д) усули коркарди математики.

Пайдоиш ва инкишофи шуур дар филогенез.
Психика натичаи эволютсияи материя ба хисоб рафта, шаклхои психикии инъикос инхоанд:

  1. хассосият
  2. тропизмхо
  3. шаклхои инстинктии рафтор
  4. шаклхои рафтори инфироди ба даст омада
  5. рафтори окилонаи хайвонот
  6. муошират ва «забон»- и хайвонот
  7. шуур

Омилхои асосии пайдоиши шуур инхоанд:
а) мухит (тагйиротхои табии)
б) мехнат (фаъолияти якчоя)

Дидан карданд: 4940

Мавзӯъҳои монанд:

Мукаддимаи психология (равоншиноси)

МЕТОДИ СОТСИОМЕТРИЯ ВА ОМӯЗИШИ ОН ДАР ПСИХОЛОГИЯИ ИҶТИМОӢ

ХУСУСИЯТҲОИ ИҶТИМОӢ -ПСИХОЛОГИИ ВОСИТАҲОИ КОММУНИКАТСИЯИ ОММАВӢ

Донишҷӯён ҳамчун гуруҳи иҷтамоӣ

«НАВРАСИ ДУШВОР» ҲАМЧУН ПАДИДАИ ИҶТИМОӢ – ПСИХОЛОГЙ

ОИЛА ҲАМЧУН ГУРӮҲИ ИҶТИМОӢ. МУНОСИБАТҲОИ БАЙНИШАХСӢ ДАР ОИЛА

МУОШИРАТ ВА СОХТИ ОН

МУНОСИБАТҲОИ ҶАМЪИЯТӢ ВА БАЙНИШАХСӢ. НАҚШҲОИ ИҶТИМОӢ ВА ШАХС

Тавсифи рафторҳои аз доираи коллектив берун

ХУСУСИЯТҲОИ ПСИХОЛОГИЯИ КОЛЛЕКТИВ ҲАМЧУН ГУРУҲИ ИҶТИМОӢ

Коментари дохил карданд:

Каментарй дохил кард: samikjon124
Санаи дохилгардида: 2017-10-05

психология

Каментарй дохил кард: Юсуф
Санаи дохилгардида: 2018-02-21

Шахсияти ташкилёбии бачагон


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: