|

ҚОИДАҲОИ УМУМИИ ҲУҚУҚИ МОЛИКИЯТ (Ҳуқуқи гражданӣ)

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2017-10-03

НАҚША:

  1. Моликият ва ҳуқуқи моликият
  2. Шаклҳо ва намудҳои ҳуқуқи моликият
  3. Асосҳои ба вуҷуд омадан ва қатъ гаштани ҳуқуқи моликият

АДАБИЁТ:

  1. Ҳуқуқи гражданӣ қисми I / дар зери тахияи узви вобастаи АУ ҶТ, доктори илми ҳуқуқ, профессор О.У.Усмонов. Душанбе, 2003
  2. Ҳуқуқи гражданӣ қисми I / дар зери тахияи Академики АУ ҶТ, доктори илми ҳуқуқ, профессор М.А.Махмудов. Душанбе, 2007
  3. Гражданское право часть I / под редакции доктора юридических наук, профессора  Е.А.Суханова. МГУ 1994
  4. Гражданское право часть I / под редакции доктора юридических наук, профессора  А.П.Сергеева и д.ю.н., профессора Ю.К.Толстого. ЛГУ 1997

АКТҲОИ НОРМАТИВӣ:

  1. Кодекси граждании ҶТ қисми I.
  2. Қонуни ҶТ «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 16 маи соли 1997 бо тағироту иловаҳои минбаъда
  3. Низомнаи тартиби фурӯши объектҳои моликияти давлатӣ дар музояда. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти 2004, №98 тасдиқ шудааст
  4. Низомнаи тартиби фурӯши объектҳои моликияти давлатӣ дар тендерҳо. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти 2004, №98 тасдиқ шудааст

Моликият ва ҳуқуқи моликият. Моликият ҳамчун категорияи иктисодӣ. Ҳуқуқи моликият асоси моддии ҳар як ҷамъият - муносибатҳои иқтисодии моликиятро устувор менамояд. Аз ин сабаб муносибатҳои моликият ва ҳуқуқи моликият ду категорияи ба ҳам вобаста мебошанд. Ҳуқуқи моликият ифодаи ҳуқуқӣ, яъне шакли мустаҳкам намудани муносибатҳои иқтисодии моликият мебошад. Пас, мо бояд муайян намоем, ки моликият ба маънои иқтисодй чист ва шаклҳои ҳуқуқии татбиқи он чи гуна мешавад.
Моликият - ин муносибати шахсони муайян ба неъматҳои моддӣ ҳамчун аз они худ мебошад. Лекин барои муқаррар кардани мазмуни моликият ин қоида кифоя нест. Зарур аст, ки дигар шахсон ба ин ашё ҳамчун ба ашёи бегона муносибат намоянд. Пас, моликият ин муносибати байни одамон нисбати ашё мебошад.
Моликият - ин муносибатҳои ҷамъиятӣ мебошад. Мазмуни моликият ҳамчун муносибатҳои ҷамъиятӣ ба воситаи он алоқаҳо ва муносибатҳое ифода меёбанд, ки соҳибмулк бо дигар одамон дар ҷараёни истеҳсол, тақсимот, иваз ва истеъмоли неъматҳои моддӣ дохил мешавад.
Моликият - ин муносибати молумулкӣ мебошад ва дар қатори муносибатҳои молумулкӣ мавқеи асосиро ишғол менамояд.
Моликият мазмуни иродавии худро низ дорад, чунки маҳз иродаи соҳибмулк ҳастии ашёи ба ў тааллуқдоштаро муайян менамояд.1  Барои муайян кардани мазмуни моликият шаклҳои мушаххаси ифодаи иродаи соҳибмулкро муқаррар кардан лозим аст. Лекин ҳамаи номгўи ҳаракатҳои иродавии соҳибмулкро муайян кардан номумкин аст ва ин лозим ҳам нест. Иродаи соҳибмулк нисбати ашёи ба ў тааллукдошта дар тасарруфӣ, истифодабарӣ ва ихтиёрдории он ифода меёебад, ки ҳаракатҳои иродавии соҳибмулкро ташкил медиҳанд.
Тасарруфӣ - ҳокимияти хоҷагидории соҳибмулк аз болои ашё мебошад. Истифодабарӣ маънои аз ашё ба даст овардани фоидаи он бо роҳи истифодабарии истеъмолӣ ва истеҳсолии онро дорад. Ихтиёрдорӣ, яъне иҷро намудани ҳаракатҳое, ки такдири ашёро ҳал менамояд. Ин ҳам фурўхтани ашё, ба иҷора додан, ба гарав гузоштани он ва ғайра мебошад.
Ҳамин тавр, моликият - муносибати шахс ба ашё ҳамчун ба ашёи худ мебошад, ки дар тасарруфӣ, истифодабарӣ, ихтиёрдорӣ ва инчунин бартараф кардани ҳама гуна дахолатҳои шахсони сеюм дар такдири ҳуқуқи моликият ифода меёбад.
Ҳуқуқи моликият ҳамчун категорияи ҳуқуқӣ. Танзими муносибатҳои моликият аз меъёрҳое иборат мебошанд, ки: а) худи имконияти тааллуқ доштан ва ё надоштани неъматҳои моддиро ба шахсон муқаррар намуда, ҳолати иқтисодӣ (ҳақики)-и азхудкунии онро аз чиҳати ҳуқуқ мустаҳкам менамояд; б) қоидаҳое, ки характер ва ҳадди рафтори соҳибмулкони амволро муқаррар менамояд, ба вуҷуд меоранд, яъне имкониятхои ҳуқуқии ҳокимияти хоҷагидории онҳоро аз болои амвол муқаррар менамояд; в) воситаҳои ҳуқуқии ҳифзи соҳибмулкони неъматҳои моддиро аз дахолатҳои дигар шахсон муқаррар мекунанд.
Дар илми ҳуқуқи гражданӣ ҳуқуқи моликиятро ба маъноҳои объективӣ ва субъективӣ мефаҳманд. Барои муайян кардани ҳуқуқи моликият ба маънои объективӣ хусусиятҳои хоси ҳуқуқи моликияти субъективиро фаҳмондан лозим аст.
Мазмуни ҳуқуқи моликиятро ваколатҳои ҳуқуқии соҳибмулк нисбати тасарруфӣ, истифодабарӣ ва ихтиёрдории ашё ташкил медиҳад. Ин ваколатҳои ҳуқуқӣ имконияти юридикии рафтори соҳибмулк мебошад.
Ваколатҳои тасарруфӣ - ин имконияти ҳуқуқии ҳокимияти хоҷагидории соҳибмулк аз болои ашё мебошад. Тасарруфӣ метавонад қонунӣ ва ғайриқонунӣ бошад. Тасарруфии қонунӣ чунин тасарруфие мебошад, ки асоси қонунӣ дорад. Тасарруфии ғайриқонунӣ ин гуна асос надорад. Одатан, ашё дар тасарруфи шахсе мебошад, ки ин ё он ҳуқуқро ба тасарруфи ашё дорад. Барои ҳамин ҳам, ҳангоми дида баромадани баҳсҳо оид ба ашё, қонунгузор аз эҳтимолияти қонунӣ будани соҳибмулки ҳақиқӣ муносибат мекунад. Яъне, шахсе, ки дар тасарруфии он ашё ҳаст, ҳуқуқи тасарруфи ба ашёро дорад, то он даме ки ҳолати баръаксаш исбот нашуда бошад.
Соҳибмулкони ғайриқонунӣ дар навбати худ бовичдон ва бевиҷдон мешаванд. Соҳибмулки ғайриқонунии бовиҷдон шахсест, ки намедонист ва намебоист донад, ки ҳуқуқи тасарруфиро ба ашё надорад. Соҳибмулки ғайриқонунии бевичдон бошад, медонист ва ё мебоист донад, ки ҳуқуқи тасарруфиро ба ашё надорад.
Тақсим намудани соҳибмулкони ғайриқонунӣ ба бовиҷдон ва бевичдон ҳангоми ба амал баровардани ҳисоббаробаркунӣ аз рўи даромад ва хароҷот дар ҳолатҳои талаб кардани ашё ба воситаи пешниҳод намудани даъвои виндикатсионӣ,1  ва инчунин ҳангоми ҳал кардани масъалаи ба даст даровардани ҳуқуқи моликият бо гузаштани мўҳлати тасарруфӣ2  аҳамияти калон дорад.
Ваколати истифодабарӣ - ин имконияти ҳуқуқии ба даст даровардани хусусиятҳои фоидаовари ашё дар ҷараёни истифодабарии шахсӣ ва ё истеҳсолии он мебошад. Дар бисёр ҳолатҳо як ашё метавонад ҳам бо мақсади истифодабарии шахсӣ ва ҳам бо мақсадҳои истеҳсолӣ, яъне ба даст даровардани фоида истифода шавад.
Ваколати ихтиёрдорӣ - ин имконияти ҳуқуқии ҳал кардани тақдири ашё бо роҳи иҷро кардани ҳаракатҳои ҳуқуқӣ нисбат ба ин ашёе мебошад. Соҳибмулк ҳуқуқ дорад ашёи ба ў тааллукдоштаро фурўшад, ба иҷора диҳад, ба гарав монад, ба мерос гузорад ва ҳатто онро несту нобуд намояд.
Соҳибмулки ашё ҳуқуқ дорад ҳуқуқи мулкдории худро аз дахолати шахсони сеюм ба ин ашё ҳифз намояд, инчунин ба воситаи худмуҳофизаткунӣ ҳимоя кунад.
Лекин ин маънои онро надорад, ки ҳокимияти соҳибмулк нисбати ашёи ба ў тааллуқдошта беҳудуд аст. Соҳибмулк нисбати ашёи ба ў тааллуқдошта танҳо ҳаракатҳои бо қонун иҷозатдодашударо иҷро карда метавонад. Соҳибмулк ўҳдадор аст, ҳангоми ба амал баровардани ҳуқуқи моликият, ҳамаи чораҳоеро пешбинӣ намояд, ки расондани зарарро ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон ва муҳити атроф пешгирӣ менамояд. Соҳибмулк бояд аз ҳадди ба амал баровардани ҳуқуқҳои гражданӣ берун набарояд. (м. 10 КГ ҶТ). Инчунин соҳбмулк ўҳдадор аст, ки дар ҳолатҳои бо қонун пешбинишуда, ба дигар шахсон ҳуқуқи маҳдуди истифодабарии ашёи худро имконият диҳад.
Ҳамин тавр, ҳуқуқи моликияти субъективӣ - имконияти ҳуқуқии соҳибмулк ба тасарруфӣ, истифодабарӣ ва ихтиёрдории ашё бо хоҳиш ва ба манфиатҳои худ бо роҳи нисбати ашё иҷро кардани ҳама гуна ҳаракатҳои бо қонун ва дигар санадҳои меъёри иҷозатдодашуда, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои бо қонун ҳифзшавандаи дигар шахсонро вайрон намекунад, инчунин, имконияти бартараф кардани ҳама гуна дахолати шахсони сеюм ба доираи ҳокимияти хоҷагидории соҳибмулк ба вучуд меорад.
Ҳуқуқи субъективии моликият унсури муносибатҳои ҳуқуқии мутлақ мебошад, ки дар ин муносибат бар зидди соҳибмулк ҳама гуна шахсони сеюме, ки ўҳдадоранд ин ҳуқуқро вайрон накунанд, меистанд.
Ба мафҳуми ҳуқуқи моликият ба маънои субъективӣ такя намуда, мафҳуми ҳуқуқи моликиятро ҳамчун институти ҳуқуқӣ шарҳ додан мумкин аст.
Ҳуқуқи моликият - ин низоми меъёрҳои ҳуқуқие мебошад, ки муносибатҳои соҳибмулкро нисбати тасарруфӣ, истифодабарӣ ва ихтиёрдории ашё бо хоҳиш ва ба манфиатҳои соҳибмулк, инчунин бартараф кардани дахолатҳои хдма гуна шахсони сеюмро ба доираи ҳокимияти хоҷагидории он танзим менамояд.

Шаклҳо ва намудҳои ҳуқуқи моликият. Мувофиқи м. 12 Конститутсияи ҶТ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама гуна шаклҳои моликият ва инчунин моликияти хусусй эътироф ва ҳифз мешавад. Ба шаклҳо ва намудҳо тақсим намудани ҳуқуқи моликият аҳамияти назариявӣ ва ҳам аҳамияти амалӣ дорад. Вобаста ба он ки ҳуқуқи моликият ба кадом шакл ва кадом намуд дохил карда мешавад, режими ҳуқуқи молумулкӣ, ки объекти ин ҳуқуқ ва он имкониятҳое, ки соҳибмулк нисбати ин молумуж дорад, муайян шуда метавонад.
Мувофиқи м. 236 КГ моликият дар ҶТ ба ду шакл тақсим мешавад: моликияти хусусӣ ва оммавӣ (давлатӣ). Инчунин дар ҶТ моликияти давлатҳои хориҷӣ, таппсилотҳои байналхалкй, шаҳрвандон ва шахсони юридикии хориҷӣ вуҷуд дошта метавонанд. Аз мазмуни м. 237-238 КГ ба хулосае омадан мумкин аст, ки ҳуқуқи моликияти хусусӣ ба моликияти шаҳрвандон ва шахсони юридикӣ, моликияти давлатӣ бошад, ба моликияти ҷумҳуриявӣ, ки бевосита ба ҶТ тааллуқ дорад, моликияти Вилояти Автономии Бадахшони Кўҳӣ, моликияти воҳидҳои марзию маъмурӣ ва моликияти коммуналӣ тақсим мешаванд.
Ба он ҳолат аҳамият додан лозим аст, ки на дар Конститутсияи ҶТ ва на дар Кодекси Гражданӣ номгўи пурраи шаклҳои моликият дода нашудааст. Дар қонунгузорӣ нишон дода шудааст, кӣ дар ҶТ инчунин шаклҳои дигари моликият эътироф карда мешаванд.
Қонунгузории гражданӣ (м. 14 ва 15 КГ) дар баробари моликияти хусусӣ ва давлатӣ, инчунин моликияти коллективӣ ва шахсиро ҷудо менамояд. Ба моликияти коллективӣ - моликияти шахсони юридикӣ ва ба моликияти шахсӣ - моликияти шаҳрвандон дохил мешавад. Лекин ҳам моликияти коллективӣ ва ҳам моликияти шахсӣ ба моликияти хусусй дохил карда мешаванд.
Ҳамин тавр, моликият дар ҶТ ба давлатӣ ва хусусӣ тақсим карда мешавад. Дар навбати худ моликияти хусусӣ ба моликияти шаҳрвандон ва шахсони юридикӣ тақсим мешавад.
Намудҳо ва зернамудҳои ҳуқуқи моликият
Таснифи шаклҳои хуқуқи моликият ягона нест. Ин шаклҳо дар навбати худ ба намудҳо тақсим мешавад. Масалан, ҳуқуқи моликияти шаҳрвандон ва шахсони юридикӣ ҳамчун намудҳои моликияти хусусӣ эътироф мешаванд. Таснифи моликият ба намудҳо метавонад асосҳои гуногун дошта бошад. Он метавонад аз ҳудуди як шакли моликият набарояд ё метавонад аз ин ё он шакли моликият вобастагӣ надошта бошад. Масалан, моликияти умумӣ метавонад саҳмӣ ва якҷоя бошад. Дар баробари ин ҳам моликияти саҳмӣ ва ҳам якҷоя метавонад ба якчанд шахс новобаста аз шакли моликият тааллуқ дошта бошад.
Намудҳои ҳуқуқи моликият метавонад ба зернамудҳо тақсим карда шавад, масалан, ба моликияти шахси юридикӣ, ҳамчун намуди моликияти хусусӣ, моликияти ҷамъиятҳо ва ширкатҳои хоҷагидорӣ, кооперативҳои истеҳсолӣ ва матлуботӣ, ташкилотҳои ҷамъияти якҷоя, динӣ ва ғайра. Моликияти якҷоя ҳамчун намуди моликияти умумӣ ба моликияти якҷояи ҳамсарон ва моликияти якҷояи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) тақсим мешавад ва ғ.
Ҳамин тавр, таснифи шаклҳо, намудҳо ва зернамудҳои ҳуқуқи моликият бо асосҳои гуногун ба амал бароварда мешавад ва барои таъмини омўзиши моҳияти ҳодисоти омўхташаванда равона шудаанд.

Асосҳои ба вуҷуд омадан ва қатъ гаштани ҳуқуқи моликият. Ба вуҷуд омадани ҳуқуқи моликият. Ҳуқуқи моликият дар ҳолати мавҷуд будани фактҳои юридикии муайян ё маҷмўи он ба вуҷуд омада метавонад, ки онҳоро асосҳои ба вуҷуд омадан ё қатъ гаштани ҳуқуқи моликият меноманд. Дар муомилоти гражданӣ ба вуҷуд омадани ҳуқуқи моликияти як шахс ба амволи муайян боиси қатъ гаштани ҳуқуқи моликияти шахси дигар мегардад. Барои ҳамин ҳам, як факти юридикӣ одатан ҳам асоси ба вуҷуд омадан ва ҳам қать гаштани ҳуқуқи моликият мешавад.
Дар илми ҳуқуқи гражданӣ асосҳои ба вуҷуд омадани ҳуқуқи моликиятро ба аввалиндараҷа ва муштақ тақсим менамоянд. Ба воситаи аввалиндараҷаи ба даст даровардани ҳуқуқи моликият он ҳолатҳое дохил мешаванд, ки дар он ҳуқуқи моликият ба ашё аввалинбор ва ё бархилофи иродаи соҳибмулки пешина ба вуҷуд меояд. Ба воситаи муштақи ба даст даровардани ҳуқуқи моликият он ҳолатҳое дохил мешаванд, ки дар он ба вуҷуд омадани ҳуқуқи моликият бо ирода ва бо хоҳиши соҳибмулки пешина ба вуҷуд омада метавонад.
Ба воситаи аввалиндараҷаи ба даст даровардани ҳуқуқи моликият дохил мешаванд: ба даст даровардани ҳуқуқи моликият ба ашёи нав тайёркарда (м. 252 КГ ҶТ), коркард (м. 243 КГ ҶТ), ба моликияти худ даровардани ашёи умумӣ (м. 244 КГ ҶТ), ба даст даровардани хуқуқи моликият ба амволи бесоҳиб (м. 249), ашёҳои ёфтшуда (м. 251-254), ҳайвонҳои беназорат (м. 254 -255 КГ ҶТ), ганҷина (м. 257 КГ ҶТ), бо гузаштани мўҳлати тасарруфӣ (м. 258 КГ ҶТ), ба даст даровардани ҳуқуқи моликият ба сохтмони худсарона (м. 246 КГ ҶТ).
Ба воситаи муштақи ба даст даровардани ҳуқуқи моликият дохил карда мешаванд: милликунонӣ (м. 8 КГ), хусусигардонӣ, ба даст даровардани ҳуқуқи моликият ба амволи шахси юридикӣ ҳангоми азнавташкилшавӣ ва ё барҳамхурии он, ташкили рўёниш ба амволи соҳибмулк аз рўи ўҳдадориҳои он (м. 261 КГ), ба моликияти давлатӣ дохил кардани амвол бар манфиатҳои ҷамъият (реквизитсия) (м. 266) ё ҳамчун санксия барои ҳуқуқвайронкунӣ (конфискатсия) (267 КГ), харида гирифтани амволи ғайриманқул дар ҳолати гирифтани қитьаи замин, ки дар он ин амвол мавҷуд аст (263 КГ), харида гирифтани амволи бенизом нигаҳбонишуда (м. 264 КГ), харида гирифтани ҳайвонҳои хонагӣ дар сурати ба таври дахлдор ба онҳо муносибат накардан, қать гаштани ҳуқуқи моликияти шахс ба амволе, ки ба ў тааллуқ дошта наметавонад (м. 262), ба даст даровардани ҳуқуқи моликият дар асоси бастани шартнома, ба даст даровардани ҳуқуқи моликият ҳангоми гирифтани мерос ва ғ.
Ба даст даровардани ҳуқуқи моликият ба ашёи нав тайёр карда ба воситаи аввалиндараҷаи ҳуқуқи моликият дохил мешавад, чунки ин ашё пеш аз ин тамоман вуҷуд надошт ва ҳуқуқи моликият умуман якумин бор ба ин ашё ба вуҷуд меояд. Ҳуқуқи моликиятро ба ин ашё шахсе пайдо мекунад, ки ин ашёро барои худ бо риояи меъёрҳои қонун ва ё дигар санадҳои меъёрӣ тайёр кардааст ва ё сохтааст. Ашёи нав тайёршуда метавонад ҳам манқул ва ҳам гайриманқул бошад. Ҳуқуқи моликият ба ашёи нав тайёркардаи ғайриманқул бақайдгирии давлатиро талаб мекунад ва мувофиқи моддаи 243 КГ ҶТ, ҳуқуқи моликият ба он аз лаҳзаи бақайдгирии он ба вуҷуд меояд.
Коркарди ашё ва ё спетсификатсия чунин воситаи ба даст даровардани ҳуқуқи моликият мебошад, ки дар он як шахс ашёи навро аз маҳсулоти шахси дигар тайёр менамояд. Агар дар шартнома тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, ҳуқуқи моликият ба амволи нави манқул, ки шахс бо роҳи коркард аз маҳсулоти бегона тайёр кардааст, аз тарафи соҳби маҳсулот ба даст дароварда мешавад. Ин қоида дар ҳолатҳое татбиқ карда мешавад, ки агар спетсификатор маҳсулоти бегонаро бе вуҷуд доштани шартнома байни ў ва соҳиби маҳсулот истифода мебарад. Спетсификатор танҳо дар ҳолати мавҷуд будани се шарт ҳуқуқи моликиятро ба ашёи нав пайдо карда метавонад: 1) агар арзиши мехнати сарфкарда аз арзиши маҳсулот хеле баланд бошад; 2) агар спетсификатор бовиҷдон бошад, яъне то ба охир расондани кор ў намедонист ва ё намебоист донад, ки маҳсулоти бегонаро истифода бурдааст; 3) агар спетсификатор ашёро барои худ, на барои ба даст даровардани фоида тайёр карда бошад. Агар дигар ҳолат дар шартнома пешбинӣ нашуда бошад, соҳибмулки маҳсулот, ки ҳуқуқи моликиятро ба ашёи нав пайдо намудааст, ўҳдадор мешавад, ба спетсификатор арзиши коркардро диҳад ва агар соҳибмулки ашё спетсификатор шавад, ў ўҳдадор мешавад ба соҳиби маҳсулот арзиши маҳсулотро баргардонад. Ин қоида ҳангоми умуман вуҷуд надоштани шартнома байни соҳибмулки маҳсулот ва спетсификатор низ татбиқ карда мешавад.
Ба воситаи аввалиндараҷаи ба даст даровардани ҳуқуқи моликият инчунин ашёе, ки ҷамъоварии он дастраси умум мебошад, дохил шуда метавонад (ҷамъ кардани меваҷот, моҳигирй ва ғ.). Ин ҷамъоварӣ танҳо дар ҳолатҳое, ки қонун, иҷозатномаи махсус ва ё одатҳои маҳаллӣ вуҷуд доранд, мумкин аст. Ҳуқуқи моликиятро ба ин ашё шахсе, ки ҷамъовариро ба амал баровардааст, пайдо мекунад.
Воситаи дигари аввалиндараҷаи ба даст даровардани ҳуқуқи моликият ин ба вуҷуд омадани ҳуқуқи моликият ба ашёи бозёфт, қайвонҳои бесоҳиб ва ганҷина мебошад. Ашё дар муомилоти гражданӣ ҳамчун объекти ҳуқуқ баромад мекунад ва дар баробари ин субъекти худро дорад. Лекин ҳолатҳое ба вуҷуд омада метавонанд, ки амвол бесоҳиб мемонад. Мувофиқи м. 249 КГ ҶТ ашёи бесоҳиб чунин ашёе мебошад, ки соҳиб надорад ё соҳибаш номаълум аст ва ё ин ки соҳибаш аз ҳуқуқи моликият ба ин ашё даст кашидааст. Лекин даст кашидан аз ҳуқуқи моликият, то ба шахси дигар нагузаштани он, ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои соҳибмулкро нисбати ашёи муайян қать гардонда наметавонад.
Дар КГ асосҳои ба даст даровардани ҳуқуқи моликият ба ашёи ғайриманқули бесоҳиб (б. 2 м. 249 КГ) ва ба ашёи манқуле, ки аз онҳо соҳибмулк даст кашидааст (м. 250 КГ) муайян карда шудаанд. Ашёи гайриманқули бесоҳиб аз тарафи мақомоте, ки амволи гайриманқулро ба қайди давлатӣ мегирад, мувофиқи аризаи мақомоти дахлдори давлатӣ ба қайд гирифта мешавад. Баҳисобгирӣ дар ҷои мавҷуди ин ашёи ғайриманқул ба амал бароварда мешавад. Пас аз гузаштани ду сол аз рўзи ба ҳисоб гирифтани ашёи ғайриманқули бесоҳиб, мақомоти ваколатдорӣ идораи амволи давлатӣ метавонад ба суд бо талабот оид ба моликияти давлатӣ дохилшуда эътироф намудани ин ашё муроҷиат намояд. Ашё ғайриманқули бесоҳиб, ки бо қарори суд ба моликияти давлатӣ қабулшуда эътироф нашудааст, метавонад аз тарафи соҳибмулки онро гузошта аз нав ба тасарруфӣ истифодабарӣ ва ихтиёрдорӣ қабул карда шавад ва ё мувофиқи эътибори давомнокии мўҳлати ба даст овардани ашё (м. 258 КГ ҶТ) соҳибӣ карда шавад.
Ашёи манқули партофташуда аз тарафи дигар шахсон мувофиқи б. 2 м. 250 КГ ба даст дароварда мешавад. Шахсе, ки қитъаи замин, обанбор ё дигар иншоотро дар тасарруфи дорад, онро тасарруфӣ, ихтиёрдорӣ мекунад ва истифода мебарад ва дар он ашёи партофташудаи арзишаш баробари андозаи панҷ маоши ҳадди ақал мавҷуд аст ё партовҳои металл, маҳсулоти корношоям, боқимондаҳои хула, хоктудаҳои кон ё партове, ки аз истихроҷӣ канданиҳои фоиданок мондаанд, партови истеҳсолот ё дигар партовҳо мавҷуданд, ҳақ дорад, ин ашёро соҳибӣ карда, ба истифодаи он шурўъ намояд ё дигар амалётеро иҷро намояд, ки аз тасарруфӣ ашё ба моликияти шахси гувоҳи медиҳад. Ҳангоми набудани дигар талабдорон ба ин ашё муроҷиат намудан ба суд оид ба даст даровардани ҳуқуқи моликият ба ин ашё лозим нест. Агар мувофиқи аризаи шахс ашёи партофташуда бо қарори суд бесоҳиб эътироф шуда бошад, он ба соҳибмулкии ин шахс дохил мешавад.
Режими ҳуқуқии бозёфт, ҳайвонҳои бесоҳиб ва ганҷина бо м. 251-257 КГ ҶТ танзим карда мешавад.
Ашёҳои ёфташуда ашёе эътироф карда мешавад, ки аз соҳибии молик ё дигар шахси ваколатдор бархилофи иродаи он дар натиҷаи гум кардани он баромадааст ва аз тарафи ягон шахс ёфта шудааст. Шахсе, ки ашёи гумшударо ёфтааст, мувофиқи б. 1 м. 251 ўҳдадор аст, шахси гумкардаи ашё ё дигар шахсони ба ў шиносро, ки ҳуқуқи гирифтани онро доранд, огоҳ намуда ба онҳо ашёро баргардонад. Агар ашё дар бино ва нақлиёт ёфта шуда бошад, он бояд ба намояндаи соҳиби ин бино ё воситаи нақлиёт супурда шавад. Агар соҳибмулки ашёи ёфтшуда номаълум бошад ё ҷои зисташ аниқ набошад, шахси ашёро ёфтагӣ ўҳдадор мешавад дар бораи бозёфт ба мшшса ё мақомоти дахлдори давлатӣ хабар диҳад. Шахси ашёёфта ҳуқуқ дорад, онро худаш нигоҳ дорад ё барои нигахдорӣ ба милиса, мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ё шахси муайяннамудаи онҳо супорад. Агар ашё зудвайроншаванда бошад, ё нигахдории он аз арзшпи худи ашё зиёдтар бошад, шахси ашёёфта метавонад онро фурўхта ва оид ба маблағи фурўши он далели хаттии тасдиқкунанда гирад. Маблағе, ки аз фурўши ашёи ёфташуда ба даст омадааст, бояд ба соҳибмулк ё шахси ваколатдор баргардонда шавад. Шахси ашёёфта барои гум кардан ё иллатнок кардани ашё танҳо дар ҳолатҳои ғаразнок ё беэҳтиётии дағал ва ба ақцозаи арзиши ашё масъулиятнок дорад. Агар дар давоми шаш моҳи баъд аз ба милиса ё мақомоти дахлдори давлатӣ арз кардани шахс оиди бозёфт соҳибмулки ашё ёфта нашавад, шахси ашёёфта ҳуқуқи моликиятро ба ашё пайдо мекунад. Агар шахси ашёёфта аз қабул кардани ашё даст кашад, он ба моликияти давлатӣ мегузарад.
Ғайр аз талаб карда баргардондани он хароҷоте, ки бо бозёфт вобастааст, шахси ашёёфта инчунин ҳуқуқи талаб кардани подошро дар ҳаҷми бист фоизи арзипш ашё дорад. Баргардовдани хароҷот ва ё подошро барои бозёфт шахс вобаста аз он ки ин ашё ба ки мегузарад, метавонад ё аз соҳибмулк ва ё аз мақомоти дахлдори давлатӣ талаб намояд.
Шахси ашёёфта, дар ҳолатя хабар надодан дар бораи бозёфт аз ҳуқуқи талаб кардани подош маҳрум мегардад.
Ҳолати ҳуқуқии ҳайвонҳои бесоҳиб бо моддаҳои 254-256 КГ ҶТ танзим мешавад. Ин қоидаҳо ба ҳайвонҳои беназорат ва дигар ҳайвонҳои хонагии бесоҳиб паҳн шуда, ба ҳайвонҳои ваҳшии беҳисоб (масалан, ҳайвони ваҳшӣ аз боғи ҳайвонот гурехта) паҳн намешавад. Ҳайвонқои беназорат ҳайвонҳое эътироф мешаванд, ки дар лаҳзаи боздоштанашон онҳо дар хоҷагии ҳеҷ кас набуданд. Доираи ўҳдадориҳое, ки шахси ҳайвонҳои беназоратёфта дорад, ба ўҳдадориҳои шахси ашёро ёфта монанд аст. Пешбинӣ шудааст, ки агар дар давоми шаш моҳи аз арз кардан аз боздошти ҳайвонҳои беназорати хонагӣ соҳиби он ёфт нашавад, ҳуқуқи моликиятро ба онҳо шахси ин ҳайвонҳои беназоратро ёфта пайдо мекунад. Дар сурати даст кашидан аз қабули онҳо ҳуқуқи моликият ба давлат мегузарад. Бо назардошти хусусиятҳои ҳайвонҳо ҳамчун объекти ҳуқуқ, қонунгузорӣ пешбинӣ намудааст, ки дар сурати баъди ба моликияти шахси дигар гузаштани ҳайвонот ҳозир шудани соҳиби аввалини онҳо соҳибмулк ҳақ дорад, ҳангоми эҳсоси меҳри ҳайвонот нисбат ба ў ё огоҳ шудан аз муносибати бераҳмона ва бевичдононаи соҳиби нав ба ҳайвонот дар асоси шартҳои дар созишномаи бо соҳибмулки нав басташуда баргардонидани ҳайвонот ва агар ба созиш наоянд, ба воситаи суд баргардондани онҳоро талаб намояд.
Дар сурати баргардондани ҳайвоноти беназорати хонагӣ ба соҳибмулк шахсе, ки ҳайвонотро боздоштааст ва шахсе, ки ҳайвонот зери нигаҳбонӣ ва истифодааш қарор дошт, бо назардощти фоқдаи аз истифодаи ҳайвонот ба дастоварда вобаста ба нигаҳбонии ҳайвонот ба ҷуброни хороҷоти зарурӣ аз тарафи соҳибмулк ҳуқуқ дорад (масалан, шахс метавонад ҷуброни хароҷотро барои хўрондани гов, вале бо ба ҳисоб гирифтани маблағи шири аз гов гирифта талаб намояд). Шахсе, ки ҳайвонҳои беназорати хонагиро боздоштааст, ҳуқуқ дорад, ки мувофихи қ. 2 м. 253 КГ аз соҳибмулки он подош талаб намояд.
Ганҷина - пул ва ё ашёи қиматбаҳое мебошад, ки ба зери замин ё дар шакли дигар пинҳон карда шудааст, соҳибмулки он номаълум аст ва ё мувофиқи қонун ҳуқуқи моликиятро ба он гум намудааст. Яъне бо мавҷуд будани нишонаҳои зерин ашё ҳамчун ганҷина эътироф мешавад: а) ашёҳое, ки махсус пинҳон карда шудаанд (мас., ба замин гўр карда шудаанд, дар девор пинҳон карда шудаанд ва ғ.); б) на ҳама ашё, балки танҳо пул ва чизҳои қимматнок ҳамчун ганҷина эътароф карда мешаванд (тангаҳои тиллоӣ ва нуқрагин, сангҳои қиматбаҳо, металлҳои қиматнок ва ғ.); в) бояд соҳибмулки он номаълум бошад ё ҳуқуқи моликиятро мувофиқи қонун гум карда бошад.
Ҳангоми пайдо кардани ганҷина ё ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ аз тарафи заминистифодабарандагон, соҳибмулкони иморат ва ё шахсони ганҷина ё ёдгориҳои таърихӣ ва фархангиро ёфта ўҳдадоранд, ки онро ба давлат супоранд ва дар айни замон онҳо ҳуқуқи гарифтани подошро ба андозаи панчоҳ фоизи арзиши он ҳуқуқ доранд. Подош байни онҳо мувофиқи созишномаи тарафҳо ё суд тақсим карда мешавад. Ҳамаи баҳсҳои ба арзиши ганҷина ва тақсимоти он ва ғ. дахлдор бо асосҳои умумӣ аз тарафи суд баррасй мешавад.
Воситаи аввалиндараҷаи ба даст даровардани ҳуқуқи моликият, инчунин давомнокии мўҳлати ба даст овардан, яъне бадаст даровардани ҳуқуқи моликият бо гузаштани мўҳлати тасарруфӣ низ дохил мешавад. Бо давомнокии мўхдати тасарруфӣ ҳуқуқи моликият ба ҳама гуна амвол новобаста аз шакли моликият ба вуҷуд омада метавонад. Ба даст даровардани ҳуқуқи моликиятро бо давомнокии мўҳлати тасарруфӣ ҳама гуна субъектони ҳуқуқи гражданӣ метавонанд, ба шарте ки ба даст дароварданӣ ин намуди ашё аз ҳадди қобилияти ҳуқукдории ў набарояд. Барои ба даст даровардани ҳуқуқи моликият бо давомнокии мўхдати тасарруфӣ аз шартҳои зерин заруранд:
1. Бояд мўҳлати тасарруфии бо қонун пешбинишуда гузашта бошад. Ин мўҳлат барои ашёи ғайриманқул -15 сол ва барои ашёи манқул 5 солро ташкил медиҳад. Дар баробари ин соҳибмулк хуқуқ дорад ба мўҳлати тасарруфии худ мўҳлати тасарруфии шахсеро, ки пеш аз ин ашё дар соҳибияти ў буд, васл намояд, агар ин шахс ба ашё бо риояи реквизитҳои бо қонун нишондодашуда тасарруфй намуда бошад ва ашё ба соқиби ҳозира бо тартиби ҳуқуққабулкунии умумӣ ё хусусӣ (мас., мувофиқи шартнома ё ба мерос) гузашта бошад. Лекин мўҳлати тасарруфӣ то ба охир нарасидани мўҳлати мурури даъво барои талаб кардани амвол аз соҳибии ғайриқонунии шахсе, ки ашё дар дасти ў мебошад (даъвои виндикатсионӣ) сар шуда наметавонад. Ҳуқуқи моликият ба ашёи ғайриманқул ё дигар ашёе, ки бақайдгирии давлатиро талаб мекунад, аз лаҳзаи чунин бақайдгирӣ аз тарафи шахсе, ки ин амволро ба ҳукми давомнокии ба даст овардан соҳиб шудааст, ба вуҷуд меояд.
2. Шахсе, ки дар тасарруфаш ашё мебошад, бояд ба он ҳамчун ба ашёи худ муносибат намояд.
3. Тасарруфӣ бояд бовиҷдонона бошад, яъне ў бояд надонад ва ё намебоист донад, ки ҳуқуқи моликиятро ба ашё надорад.
4. Тасарруфӣ бояд ошкоро бошад.
5. Тасарруфӣ бояд давомдор бошад. Давомнокии мўҳлати тасарруфи аз лаҳзаи пешниҳод кардани даъво оид ба баргардондани ашё ва ё иҷро кардани дигар ҳаракатҳои соҳибмулки қонунӣ, ки эътирофи ўҳдадории баргардондани ашёро шаҳодат мекунонад, канда мешавад. Баъд аз кандашавии мўҳлати давомнокии тасарруфӣ, агар реквизитҳо барои ба даст даровардани хуқуқи моликият мавҷуд бошад, давомнокии мўҳлати тасарруфӣ аз нав сар мешавад ва он мўҳлате, ки пеш аз анҷоми мўҳлати тасарруфӣ вуҷуд дошт, ба он дохил намешавад.
То пайдо кардани ҳуқуқи моликият ба амволи бо ҳукми давомнокии мўҳлат бадастовардашуда шахсе, ки амволро чун моликияти шахси дар ихтиёр дошт, ҳуқуқ дорад, моликияти марбутаашро аз шахсони сеюм, ки соҳиби амвол намебошанд, инчунин ба ин амвол ба ҳукми дигар асосҳои пешбинишудаи қонун ё шартнома ҳуқуқ надоранд, ҳифз намояд.
Меъёрҳои КГ оид ба даст даровардани ҳуқуқи моликият ба ашёи бесоҳиб, бозёфт, ҳайвонҳои беназорат ва ганҷина, татбиқнамоии бартариро нисбати меъёрҳои давомнокии мўҳлати тасарруфӣ доранд. Ин маънои онро дорад, ки агар масалан, хуқуқи моликиятро ба амвол ҳамчун ашёи бесоҳиб ба даст даровардан мумкин бошад ва инчунин имконияти ба даст даровардани ин амволро мувофиқи меъёрҳои давомнокии мўҳлати тасарруфӣ вуҷуд дошта бошад, нисбати ин муносибат меъёрҳое, ки асос ва тартиби гузариши молумулкро ба моликияти ин ё он шахс ҳамчун ашёи бесоҳиб муайян менамояд, татбиқ карда мешавад. Ин ҳолат бевосита дар м. 249 КГ пешбинӣ шудааст.
Ба воситаҳои муштақи ба даст даровардани хукуқи моликият шурўъ менамоем. Хусусияти хоси ин воситаи бадастдарории ҳуқуқи моликият дар он аст, ки дар он ба дастдарорӣ ҳама вақт дар асоси ҳуқуққабулкунӣ, яъне дар вобастагии ҳуқуқии ҳуқуқҳои соҳибмулки нав аз соҳибмулки пешина ба амал бароварда мешавад.
Яке аз воситаҳои муштақи ба даст даровардани ҳуқуқи моликият, ки дар натиҷаи ғалабаи инқилоби Октябр дар давлати мо ба вуҷуд омад - милликунонӣ, яъне ба моликияти давлатӣ дохил намудани моликияти шаҳрвандон мебошад. Мувофиқи м. 266 КГ бо роҳи милликунонӣ аз моликияти шаҳрвандон ва шахсони юридикӣ ба моликияти давлат даровардани амвол танҳо дар асоси қонунҳои мувофиқи Конститутсия қабулгардида оид ба милликунонии ин амвол ва пардохти арзшпи ин амвол ва ҷуброни дигар зиёне, ки вобаста ба миллӣ кунонидан ба молик ворид гардидааст, иҷозат дода мешавад.
Шакли дигари воситаи муштақи ба даст даровардани ҳуқуқи моликият хусусигардонӣ мебошад, ки дар натиҷаи он амволе, ки ба ҳайати моликияти давлатӣ ва маҳаллӣ дохил мешавад, ба шаҳрвандон ва шахсони юридикӣ мегузарад. Ин гузариш метавонад ҳам музднок ва ҳам бемузд бошад. Масалан, амали қонуни ҶТ «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ»1  танҳо ба ҳолатҳои ба таври музднок гузаштани (фурўши) молумулки давлатй ба моликияти шаҳрвандон ва шахсони юридикӣ паҳн мешавад. Дар баробари ин Қонуни ҶТ «Дар бораи хусусигардонии фонди манзил»2  пешбинӣ менамояд, ки хусусигардонии манзил ҳам бо роҳи бемузд ва ҳам бо роҳи фурўши манзили истиқоматӣ ба моликияти шаҳрвандон ба амал бароварда мешавад (м. 1-и Қонуни зикршуда).
Қонун «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» воситаҳои зерини хусусигардонии моликияти давлатиро пешбинй менамояд:
— фурўши амвол, инчунин саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳҳомй дар ҷараёни хусусигардонии навташкилшуда дар музойядаҳо;
— фурўши амвол дар конкурсҳои тиҷоратӣ бо шартҳои инвеститсионй ва иҷтимоӣ;
— фурўши саҳмияҳо ба коркунони ҷамъиятҳои саҳҳомии кушода, ки дар ҷараёни хусусигардонӣ барпо шудаанд;
— харида гирифтаии амволи ба иҷора гирифта;
— табдили корхонаҳои унитарӣ ба ҷамъиятҳои саҳҳомии кушода, ки дар он 100% саҳмияҳо ба моликияти давлатӣ дохил мешаванд;
— ба сифати пасандоз дохил намудани амвол ба сармояи оинномавии ҷамъиятхои хоҷагӣ.
Воситаи дигари ба даст даровардани ҳуқуқи моликият ба даст даровардани ҳуқуқи моликият ба амволи шахси юридикӣ ҳангоми азнавташкилшавӣ ва ё барҳамдиҳии он мебошад. Дар ҳолати азнавташкилшавии шахси юридшсӣ, ҳуқуқи моликият ба шахсони юридикӣ - ворисони онҳо мувофиқи акти супурдан ва баланси тақсимоти (м. 59-60 КГ ҶТ) мегузарад. Ҳангоми барҳам додани шахси юридикӣ такдири амвол вобаста аз он ки он чи тавр дар қонунгузорй ва ҳуҷҷатҳои таъсиснамоии ин шахси юридикӣ ва аз асосҳои барҳамдиҳии он ҳал карда мешавад. Инчунин ба назар гирифта мешавад, ки муассисони шахси юридикӣ ба амволи он ягон ҳуқуқ доранд ё не, агар дошта бошанд, чӣ гуна ҳуқуқҳоро доранд. Мувофиқи б. 7 м. 64 КГ ҶТ, амволи пас аз қонеъ гардондани талаботи кредиторон боқимондаи шахси юридикӣ, агар дар қонун ё ҳуҷҷатҳои таъсисии шахси юридикӣ тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, ба муассисони он, ки дорои ҳуқуқи моликият ба ин амвол ё ҳуқуқи ўҳдадорӣ нисбати ин шахси юридикӣ мебошанд, супурда мешаванд.
Воситаи дигари ба даст даровардани ҳуқуқи моликият - ин аз ҳисоби амвол ситондани қарзи молик мебошад. Мувофиқи м. 260 КГ қарзи соҳибмулк, агар дар қонун ва шартнома тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, дар асоси қарори суд аз амволи ў* рўёнида мешавад. Ҳуқуқи молике, ки қарзаш аз амволи ў рўёнида мешавад, аз лаҳзаи ба ин амвол ҳуқуқдор гаштани шахси дигар, барҳам мехўрад. Лекин ҳангоми нигаронидани рўёниш ба амвол, ба номгўи амволи шаҳрвандон ва шахсони юридикӣ, ки ба он рўёниш нигаронидан мумкин нест, навбати қонеъ гардовдани иддао ва дигар қоидаҳое, ки бо қонунгузории гражданӣ ва мурофиаи гражданӣ муқаррар карда шудааст, аҳамият додан лозим аст.
Ба воситаи муштақи ба даст даровардани ҳуқуқи моликият инчунин реквизитсия ва мусодираи молумулк дохил мешавад. Дар ҳолати офати табиӣ, садама, паҳн шудани касалиҳои сироятӣ (эпидемия), фавти ҳайвонот (эпизоотия) ва дигар ҳолатҳои фавқулодда амвол тибқи қарори мақомоти ваколатдори давлатӣ метавонад аз молик мутобиқи тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи қонун ба манфиати ҷомеа реквизитсия карда, ба ў арзиши амвол пардохта шавад. Оид ба нархе, ки мувофиқи он ба молик арзипш амвол пардохта мешавад, ба суд эътироз кардан мумкин аст. Шахсе, ки амволи ў реквизитсия шудааст, ҳуқуқ дорад, ки баъди қатъи ҳолатҳое, ки вобаста ба он амволаш реквизитсия шуда буд, ба тариқи судӣ амволи осебнаёфтаашро талаб намояд.
Дар ҳолатҳои бо қонун пешбинишуда амволи шахс метавонад бо қарори суд ҳангоми содир кардани ҷиноят ё дигар ҳуқуқвайронкунӣ бемузд ситонда шавад, - мусодираи амвол ба вучуд ояд. Ҳамин тавр, дар муқоиса аз реквизитсия мусодира ҳама вақт характери бемуздро дорад ва ҳамчун санксия барои ҳуқуқвайронкунӣ истифода бурда мешавад. Кодекси ҷиноятӣ мусодираро ҳамчун чораи иловагии ҷазои ҷиноятӣ барои ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, ки бо мақсадҳои ғаразнок содир шудааст, пешбинӣ намудааст. Он ҳама вақт аз тарафи суд дар ҳолатҳои бо Кодекси ҷиноӣ пешбинишуда татбиқ карда мешавад. Амволе, ки ба маҳкумшуда ва шахсоне дар таъминоти ў буда зарур бошад, мусодира намешаванд. Номгўи ин амвол бо қонунгузории иҷрои ҷазои ҷиноӣ пешбинӣ карда мешавад.
Дар ҳолатҳои бо қонун пешбинишуда мусодира бо тартиби маъмурӣ низ ба амал бароварда мешавад. Он ҳам ба сифати ҷавобгарии асосӣ ва ҳам ҳамчун иловагӣ татбиқ шуда метавонад.
Қатъ гаштани ҳуқуқи моликияти шахс ба амволи ғайриманқул ҳангоми гирифтани замин ва дигар захираҳои табиӣ низ амалй мегардад. Ҳуқуқи моликият ба амволи ғайриманқул вобаста ба қарори мақомоти давлатӣ, ки мақсади бевоситаи гирифтани амволро аз молик надорад, аз ҷумла гирифтани замин, ки дар он хонаи молик, дигар иморату иншоот ва дарахтзор воқеъ аст, танҳо тибқи ҳолати тартиби муқаррарнамудаи асноди қонуни қатъ гардида, ба молик амволи баробарарзиш дода, дигар хароҷоти ў ҷуброн карда ё тамоми зиёне, ки вобаста ба қатъи ҳуқуқи моликиаш ба ў расидааст, пурра баргардонида мешавад. Қарор оид ба гирифтани қитъаи замин аз тарафи мақомоти ҳокимияти иҷроия бароварда мешавад ва он бақайдгирии давлатиро талаб мекунад. Дар бораи баровардани ин гуна қарор сохибмулк бояд на дертар аз як сол пеш аз баровардани он огоҳ карда шавад. Ҳангоми норозӣ будани молик аз қароре, ки боиси қатъи ҳуқуқи моликият мегардад, он то замони бо тартиби судй яктарарфа шудани баҳс татбиқ карда намешавад. Ҳангоми баррасии баҳс инчунин ҳамаи масъалаҳои пардохти товони зарари расондашуда ба молик ҳаллу фасл мегардад (м. 263 КГ ҶТ).
Харида гирифтани амволи бенизом нигаҳбонишуда бо м. 264 КГ ҶТ пешбинӣ мешавад. Ин амвол соҳибмулки худро дорад, вале ў ба ин амвол масъулиятона муносибат намекунад, ки боиси вайрон ва ё несту нобуд шудани амвол мегардад. Агар амвол арзиши на он қадар калон дорад ва муносибати бесоҳиб он манфиатҳои шахсони сеюмро поймол намекунад, соҳибмулк ба ягон ҷавобгарӣ кашида намешавад. Лекин агар сухан дар бораи амволе равад, ки арзиши баланди иқтисодӣ, таърихӣ, фарҳангӣ, илмӣ ё дигаррро дошта бошад, қонун наметавонад дар ин ҳолат ба вайроншавии онҳо роҳ диҳад.
Агар молики сарватҳои фарҳангие, ки мутобиқи қонун ба ҷумлаи сарватҳои хеле пурарзиш ва аз тарафи қонун ҳифзшуда дохил гардидаавд, ин сарватҳоро бенизом нигаҳбонӣ кунад ва аз ин ба онҳо хавфи нобуд шудан тахдид намояд, чунин сарватҳоро давлат бенизом нигаҳбонӣ кунад ва аз ин ба онҳо хавфи беаҳамият шудан тахдид намояд, чунин сарватҳоро давлат тибқи қарори суд метавонад аз ў харида гирад ё дар савдои оммавӣ ба фурўш монад. Даъво оид ба харида гирифтани сарватҳои фарҳангиро мақомоти ваколатдори давлатӣ, прокурор ва ё ташкилотҳби ҷамъиятие, ки ба нигаҳдории он манфиатдоранд, дода метавонад. Ҳангоми харида гирифтани сарватҳои фарҳангй ба молик арзиши он ба андозаи муқаррарнамудаи созишномаи тарафҳо ва дар сурати баҳс ба андозаи муайяннамудаи суд пардохта мешавад. Ҳангоми фурўш аз тариқи савдои оммавӣ ба фурўш рафтани онҳо ба молик ба ҷуз хароҷоти савдои оммавӣ тамоми маблағи боқимонда пардохта мешавад.
Дар ин воситаи муштақи ба даст даровардани ҳуқуқи моликият аз нигоҳи аввал зиддият дар худи мафҳуми он ба назар мерасад. Лекин дар он ягон зиддият вуҷуд надорад. Ҳолатҳое вуҷуд дошта метавонад, ки ин ё он ашё дар моликияти шахс бо асосҳои қонун иҷозатдодашуда мавҷуд буд, вале ин асосҳо аз байн рафтаанд. Масалан, низоми ҳуқуқии ашё тагйир ёфт. Аз ашёе, ки дар муомилоти озоди гражданӣ буд, ашё ба гурўҳи ашёҳое, ки муомилоти гражданиаш маҳдуд аст, гузашт. Ба ин ва дигар ҳолатҳои монанд м. 262 КГ татбиқ карда мешавад.
Агар дар асосҳои иҷозатдодаи қонун шахс соҳиби амволе шуда бошад, ки аз рўи қонун ба ў тааллуқ дошта наметавонад, ин амвол дар давоми як соли ҳуқуқцор гаштани ў ба амвол аз тасарруфи худ барорад. Ин мўҳлат аз лаҳзае сар мешавад, ки асосҳои мавҷуд будани амвол дар моликияти ин шахс аз байн рафта бошад. Агар молик амволро дар давоми мўҳлати муайяннамудаи қонун аз тассарруфиаш набароварда бошад, он бо назардошти хусусият ва таъиноташ бо қарори суд, ки мутобиқи аризаи дахлдори мақомоти давлатӣ бароварда шудааст, бояд ба таври маҷбурӣ фурўхта, маблағи он ба молик дода шавад ё амвол ба моликияти давлат гузаронида, арзиши муайяннамудаи суд ба молики аввал пардохта шавад. Дар ин сурат хароҷоти аз тасарруф баровардани амвол рўёнида мешавад.
Агар таҳти моликияти шаҳрванд ё шахси юридикӣ дар асоси иҷозати қонун амволе қарор гирад, ки барои хариданаш иҷозати махсус зарур аст, вале барои додани он ба молик рад шудааст, ин амвол мутобиқи тартиби барои амвол муқарраршуда, ки наметавонад ба молики мазкур тааллуқ дошта бошад, аз тасарруфи ў бароварда мешавад.

Қатъ гаштани ҳуқуқи моликият. Дахлнопазирии ҳуқуқи моликият маънои онро надорад, ки ҳуқуқи моликият ба як ё якчанд ашё ҳама вақт ба як шахс -шаҳрванд ё шахси юридикӣ тааллуқ дорад. Гардшпи ашёҳо дар муомилоти гражданӣ маънои иваз шудани моликони онро дорад. Гузариши ашёҳо дар муомилоти гражданӣ маънои иваз шудани моликони онро дорад. Ин қатъ гаштани ҳуқуқи моликияти як шахс ва ба вуҷуд омадани ҳуқуқи моликияти дигар шахсро ба вуҷуд меорад. Аз тарафи дигар худи ашёҳо дар ҷараёни истифода-бариашон дигаргун мешаванд ва ё тамоман несту нобуд мегардавд.
Ҳуқуқи моликият бо бавуҷуд омадани фактҳои юридикии муайян қатъ мегардад. Аввалан бо ҳолатҳое, ки бо қать гаштани мавҷудияти объекти ҳуқуқи моликият вобастаги доранд (истеъмоли пурраи ашё аз тарафи соҳибмулк, несту нобуд шудани ашё ва ғ.).
Дуввум, бо қатъ гаштани мавҷудияти субъекти ҳуқуқи моликият (бо вафоти молик - шаҳрванд, ё қатъ гаштани молик -шахси юридикӣ). Дар ин ҳолат ҳуқуқи моликият қатъ мегардад, амвол бошад, объекти моликияти дигар шахсон ё давлат мегардад.
Сеюм, ҳолатҳои қатъ гаштани ҳуқуқи моликият бархилофи иродаи соҳибмулк. Дар боло ин воситаҳои қатъ гаштани ҳуқуқи моликиятро дида баромадем. Ин ҳолатҳо дар м. 259 КГ пешбини шудаанд.

Дидан карданд: 2374

Мавзӯъҳои монанд:

МАФҲУМИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ИНСОН

МОҲИЯТИ ҲУҚУҚҲОИ ИНСОН

ҚОИДАҲОИ УМУМИИ ҲУҚУҚИ МОЛИКИЯТ (Ҳуқуқи гражданӣ)

ИҶРОИ ЎҲДАДОРИҲО (Ҳуқуқи гражданӣ)

ИЛМИ ҲУҚУҚИ ГРАЖДАНӢ (Ҳуқуқи гражданӣ)

ДАВЛАТ ВА ВОҲИДИ МАРЗИЮ МАЪМУРӢ ҲАМЧУН СУБЪЕКТОНИ ҲУҚУҚИ ГРАЖДАНӢ (Ҳуқуқи гражданӣ)

ҒАНИМАТҲОИ ҒАЙРИМОЛУМУЛКӢ ВА ҲИФЗИ ОНҲО (Ҳуқуқи гражданӣ)

БА АМАЛ БАРОВАРДАНИ ҲУҚУҚҲОИ ГРАЖДАНӢ ВА ИҶРОИ ЎҲДАДОРӢ (Ҳуқуқи гражданӣ)

АҲДҲО (Ҳуқуқи гражданӣ)

Мафҳумҳои асосӣ аз фанни ҳуқуқ

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: