|

ИҶРОИ ЎҲДАДОРИҲО (Ҳуқуқи гражданӣ)

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2017-10-03

НАҚША:

  • Мафҳум, принсипҳо, намуд ва марҳилаҳои иҷрои ўҳдадориҳо
  • Субъектҳои иҷрои ўҳдадориҳо
  • Предмети иҷрои ўҳдадориҳо
  • Тарз, ҷой ва мўҳлати иҷрои ўҳдадориҳо

АДАБИЁТ:

  • Ҳуқуқи гражданӣ қисми I / дар зери тахияи узви вобастаи АУ ҶТ, доктори илми ҳуқуқ, профессор О.У.Усмонов. Душанбе, 2003
  • Ҳуқуқи гражданӣ қисми I / дар зери тахияи Академики АУ ҶТ, доктори илми ҳуқуқ, профессор М.А.Махмудов. Душанбе, 2007
  • Гражданское право часть I / под редакции доктора юридических наук, профессора  Е.А.Суханова. МГУ 1994
  • Гражданское право часть I / под редакции доктора юридических наук, профессора  А.П.Сергеева и д.ю.н., профессора Ю.К.Толстого. ЛГУ 1997

АКТҲОИ НОРМАТИВӣ:

  • Кодекси граждании ҶТ қисми I.
  • Қонуни ҶТ «Дар бораи бозори қоғазҳои қиматнок» аз 28 июни 2011 сол
  •  Қонуни ҶТ «Дар бораи мутобиқат» аз 2 августи 2011 сол
  • Қонуни ҶТ «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» аз 2 августи 2011 сол

Мафҳум, принсипҳо, намуд ва марҳилаҳои иҷрои ўҳдадориҳо. Иҷрои ўҳдадориҳо гуфта содир намудани он амалиётҳоеро меноманд, ки аз ўҳдадориҳои мувофиқи қонун ва шартномаҳои ба зимма гирифтаи иштирокчиёни он ба миён меояд. Мақсади бастани шартномаҳо аз он иборат аст, ки ба натиҷаи муайян ба монанди гирифтан, тайёр намудан ё таъмир намудани ягон ашё тарафҳои он ноил гарданд. Дар натиҷаи он ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои қарздор ва кредитор ки мазмуни ўҳдадории онҳоро ташкил медиҳад, амалӣ мегардад.
Иҷрои ўҳдадориҳо дар натиҷаи амали фаъолона, ба монанди додани амвол, иҷрои кор, супоридани пул ва содир намудани дигар пешниҳодҳои молумулкӣ амалӣ мегардад. Худдорӣ кардан аз амал ўҳдадории мустақили қарздоро ташкил надода, танҳо ўҳдадории содир намудани амали фаъолонаро пурра менамояд. Бояд қайд намуд, ки иҷрои ўҳдадориҳо аз ду аломати муҳим - амал ва мувофиқ омадани он ба ўҳдадориҳое, ки дар қонун ва шартнома ифода ёфтааст иборат мебошад. Амале, ки бояд иҷро карда шавад, фаъолона, гуногун ва аз мазмуни аниқи муносибатҳои ўҳдадорӣ вобаста мебошад. Фақат он амали қарздор (додани амвол, супоридани пул, иҷрои кор), ки бештар дар қонун ва шартнома вомехўрад, номбар карда мешаванд. Вале новобаста аз гуногунии амалҳое, ки қарздор содир менамояд, онҳо ба принсипҳои умумй итоат менамоянд.
Қоидаҳои умумии иҷрои ўҳдадориҳоро принсипҳои иҷрои ўҳдадориҳо меноманд. Қонунгузории амалкунандаи гражданӣ ду принсипи зерини ичрои ўҳдадориҳоро пешбинӣ менамояд, бо таври дахлдор иҷро намудани ўҳдадориҳо ва иҷрои реалии ўҳдадориҳо.
Мувофиқи м. 330 КГ ўҳдадорӣ бояд ба таври дахлдор иҷро карда шавад. Ин чунин маъно дорад, ки зарурати содир намудани амали дар ўҳдадорӣ пешбинишуда (худдорӣ аз содир намудани амали дар ўҳдадорӣ пешбинишуда) мутобиқи шартҳои ўҳдадорӣ ва талаботи қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳангоми набудани чунин шарт ва талабот мутобиқи анъанаҳои муомилоти корй ё талаботи муқаррарии пешниҳодгардида анҷом дода шавад.
Ба таври дахлдор иҷро намудани ўҳдадорӣ мафҳуми муракаб мебошад. Вай як қатор талаботҳоро оид ба таври дахлдор иҷро кардани ўҳдадорӣ ба монанди предмет, ҷой, вақт, тарзи иҷро ва ғайраҳо дар бар мегирад. Нишондоди пурра оиди ҳамаи масъалаҳои номбаршуда дар КГ, инчунин дар дигар санадҳои меъёрие, ки намудҳои алоҳидаи ўҳдадориҳоро (маҳсулотсупорӣ, боркашонй, маҳсулотсупорӣ барои эҳтиёҷоти давлат ва ғайраҳо) ба танзим медарорад, оварда шудаанд.
Принсипи ба таври реалӣ иҷро намудани ўҳдадориҳо дар м. 427 КГ ифода ёфтааст. Ҳамчун қоидаи умумӣ ҳатмӣ будани иҷрои ўҳдадориро дар шакли реалӣ дар назар дорад. Моҳияти принсипи бо таври реалӣ иҷро намудани ўҳдадориро аз тарафи қарздор содир намудани маҳз ҳамон амалҳое ташкил медиҳад, ки мазмуни ўҳдадориро бе ивази чунин амал ба маблағҳои пулии баробар (эквивалент) дар шакли рўёнидани зарар ва додани ноустуворона ифода менамояд.
Вале дар моддаи 427 КГ доираи амали принсипи ба таври реалӣ иҷро намудани ўҳдадориҳо маҳдуд карда шудааст. Мувофиқи он пардохти ноустуворона ва ҷуброни зиён дар сурати иҷрои номатлуби ўҳдадорӣ қарздорро аз иҷрои ўҳдадорӣ дар шакли асл, агар дар қонун ва шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, озод наменамояд ва баръакс ҷуброни зиён ва пардохти ноустуворона дар ҳолати иҷро накардани ўҳдадорӣ агар тартиби дигаре дар қонунгузорӣ ва шартнома пешбинӣ нагардида, бошад, қарздорро аз ичрои ўҳдадорӣ дар шакли асл озод менамояд.
Ҳарду принсип, чи хеле ки аз гуфтаҳои боло маълум мегардад, характери диспозитивй доранд, зеро меъёрҳои онҳоро таҷассумкунонида ба тарафҳо имконият медиҳад, ки дигар қоидаҳоро нисбати нишондоди қонун муқаррар намоянд. Барои ҳамин ҳам нақши принсипҳои умумии иҷрои ўҳдадориҳо дар он мавридҳо ифода меёбанд, ки тарафҳо қоидаҳои махсуси иҷроро муқаррар накарда бошанд ва онҳо ба принсипҳои номбаршуда мухолиф набошад.
Таносуби принсипҳои ба таври дахлдор ва реалӣ иҷро кардани ўҳдадориҳо набояд ҳамчун мартабот (субординатсия) фаҳмида шавад. Хуб мешуд, ки оид ба ҳам алоқамандии онҳо сухан ронем. Чунончи, ба таври дахдор иҷро намудани ўҳдадориро бе дар шакли реалӣ иҷро кардан тасаввур кардан мумкин нест. Аз тарафи дигар ба таври реалӣ иҷро намудан ғайри дахлдор шуданаш мумкин нест. Зеро ҳангоми инкишофи мўътадили ўҳдадорй, ба таври реалӣ иҷро намудани ўҳдадорӣ ба таври дахлдор иҷро намудани ўҳдадориро дар назар дорад. Нақши принсипи ба таври реалӣ иҷро намудани ўҳдадориҳо дар шакли пурра ҳангоми ба таври дахлдор иҷро накардани ўҳдадориҳо вақте ки иҷрои ўҳдадориҳо дар шакли асл бо додани ҷуброни пули (зарар ё ноустуворона) алоқаманд карда намешавад, зоҳир мегардад. Истисно аз ин қоида нишондоди м. 441 КГ мебошад, ки мувофиқи он мутобиқи созишномаи байни тарафҳо ўҳдадорӣ бо додани ҳаққи гузашткунӣ (пардохти пул, додани амвол ва ғ.) бар ивази иҷро метавонад қатъ гардад.
Дар шароити иқтисоди бозорӣ супоридани ҷуброни пулӣ, ҳамчун қоида ба тарафҳо имконият медиҳад, ки амвол, кор ва хизмати лозимиро аз дигар ҷой ва ё аз дигар маҳсулоттайёркунанда ба даст оваранд. Ғайр аз ин, дар натиҷаи гузаронидани мўҳлати иҷро кредитор аз иҷрои ўҳдадорие, ки ҳавасманд намебошад, метавонад даст кашад. Мисол, аз тарафи қарздор фиристодани арча шаби соли нав ё ин ки баъди он ҳамчун иҷрои ўҳдадорӣ дар шакли асл барои кредитор ҳеч гуна аҳамият надорад.
Кодекси гражданӣ баъзе ҳолатҳои маҷбуран дар шакли асл иҷро намудани ўҳдадориҳоро пешбинӣ менамояд. Чунончи, дар сурати иҷро накардани ўҳдадорӣ оиди ба кредитор додани моли муайяни инфиродӣ кредитор ҳақ дорад дар асоси шартҳои пешбининамудаи ўҳдадорӣ аз қарздор кашида гирифтан ва ба ў додани молро талаб намояд. Вале иҷро накардани ўҳдадорӣ нисбати кори муайян талабро оиди дар шакл асл иҷро кардани ўҳдадорӣ дар назар надошта, балки аз тарафи кредитор супоридани ҷуброни пулӣ ё бо супориши он аз тарафи шахси сеюм иҷро намудани онро дар назар дорад. Муносибати гуногуни қонунгузорӣ оиди дар шакли асл маҷбуран иҷро намудани ўҳдадорӣ аз табиати худи муносибатҳои ўҳдадорӣ ба миён меояд. Қарздорро барои содир намудани ягон амале, ки ў намехоҳад маҷбур кардан мумкин нест.
Ягона воситае, ки ўро барои содир намудани амали муайян маҷбур карда метавонад, муҷозоти молумулкӣ мебошад. Ин амалан маънои иваз намудани иҷрои ўҳдадорӣ дар шакли асл ба ҷуброни пулӣ мебошад. Аз ин ҷо принсипи ба таври реалӣ иҷро намудани ўҳдадориҳо бевосита нисбати ўҳдадориҳо оид ба додани ашёи муайяни инфиродӣ зоҳир гардида, дар дигар ўҳдадориҳо дар шакли асл ба принсипи ба таври дахлдор иҷро намудани ўҳдадориҳо якҷоя амал менамояд.
Дар рафти иҷрои ўҳдадориҳо ба натиҷаи назарраси иҷтимоӣ на ба воситаи иҷрои ўҳдадориҳои алоҳида, балки ба воситаи амалӣ намудан ва иҷрои маҷмўи ҳамаи ҳуқуқу ўҳдадориҳои субъективие, ки мазмуни ба таври дахлдор иҷро намудани ўҳдадориҳоро ташкил медиҳад, ба даст оварда мешавад. Аз ин ҷо иштирокчиёни иҷрои ўҳдадориҳо на танҳо дорои хуқуқ ва ўҳдадориҳои мушаххас, балки амаликунандаи шумораи зиёди ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои ба ҳам алоқаманде мебошанд, ки на танҳо бо ҳамдигар омехта намешаванд, ҳатто новобаста аз ҳамдигар вуҷуд дошта наметавонанд. Бо ҳамин сабаб шакли иҷрои маҷмўи ўҳдадориҳои бо ҳам алоқаманд гуногун мебошанд. Ба онҳо дохил мешаванд:
1. Иҷрои ўҳдадориҳои мутақобила;
2. Мувофиқати ҳуқуқ ва ваколатҳо, иҷрои ўҳдадории мушаххас дар назди рақиб.
3. Иҷрои ўҳдадорӣ дар назди давлат.
Барои иҷрои мутақобилаи ўҳдадорӣ пеш аз ҳама иртиботи ўҳдадориҳо ва иҷрои ўҳдадорӣ барои ўҳдадорӣ хос мебошад. Иҷрои ўҳдадориҳо амалӣ шудани ўҳдадориҳои мутақобилро дар назар дорад. Ба сифати маҳаки эътироф намудани ин ё он ўҳдадорӣ нисбати дигараш мутақобил ба назари мо иҷрои дутарафаи онҳо дар амалҳои мутақобил байни худ алоқаманд, ки барои ноил шудан ба натиҷа муайян равона карда шудааст, баромад карда метавонад. Бо баробари ноил шудан ба натиҷа, баҳампайвастшавии ўҳдадориҳои мутақобил ба миён меояд. Аз ин ҷо иҷрои мутақобил гуфта, содир намудани амали мутақобил, ҷавоби оиди иҷрои ўҳдадориҳои мутақобиле меноманд,ки ба зиммаи юптирокчиёни онҳо гузошта шудааст. Мураккабии алоқа ҳангоми иҷрои мутақобила дар он ифода меёбад, ки ҳар як иштирокчӣ нисбати яқцигар на танҳо ўҳдадории мутақобил дорад, балки ба ҳар як ҳуқуқи субъективӣ, ўҳдадории ҳуқукии мушаххас мувофиқ меояд. Ҳар як тарафи иҷрои ўҳдадориҳои мутақобил на танҳо ўҳдадор аст, ки ўҳдадории худро ба таври дахлдор иҷро намояд, ҳатто дар ҳолати иҷро накардани ўҳдадории худ ба тарафи дигар ҳуқуқ медиҳад, ки баргардонидани предмети иҷроро талаб намояд. Аз ин ҷо иҷрои мутақобилаи ўҳдадорӣ аз ҷониби яке аз тарафҳо шарти иҷрои ўҳдадорӣ аз тарафи дигарро дар назар дорад (м. 353 КГ).
Дар баробари ҳамин ҳангоми аз ҷониби тарафи вазифадоршуда пешниҳод нагардидани иҷрои ўҳдадории саршуда ё мавҷуд будани ўҳдадорие, ки ошкоро аз иҷро намудани он дар мўҳлати муайян гувоҳӣ медиҳад, тарафи мутақобилаи иҷрои ўҳдадориро ба зима дошта ҳақ дорад, ки иҷрои ўҳдадории худро боздорад, ё аз иҷрои он даст кашад ва товони зиёнро талаб намояд. Агар шарти иҷрои ўҳдадорӣ дар ҳаҷми пурра иҷро нашуда бошад, тарафи мутақобил иҷрои ўҳдадориро ба зимма дошта ҳақ дорад иҷрои ўҳдадориашро боздорад, ё иҷрои қисми онро рад намояд, ки баробар ба ҳаҷми иҷрои пешниҳодшудаи он аст (қ. 2, 3 - м. 353 КГ)
Дигар шакли иҷрои ўҳдадориҳо мувофиқати ҳуқуқ ва ваколатҳо, иҷрои ўҳдадории мушаххас дар назди рақиб мебошад. Ба сифати он баромад карда метавонад ҳуқуқи гирифтани хизматҳои гуногун дар шартномаи пудрати сохтмон (м. 764 КГ) ва ўҳдадорӣ оид ба пешниҳод намудани он; ўҳдадории супорищдиҳанда дар шартномаи пудрат доир ба иҷрои корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқот оиди ба пудратчӣ ҷуброн намудани хароҷотҳои зиёдатие, ки нисбат ба корҳои лоиҳакашию тадқиқоти новобаста аз ҳолатҳои ба пудратчӣ вобастабуда ба миён меояд ва ҳуқуқи пудратчӣ оиди талаби ҷуброни хароҷот; ўҳдадориҳои иттилоотӣ (м. 738 КГ) ва ғайраҳо.
Шакли сеюми иҷро ин иҷрои ўҳдадориҳо дар назди давлат мебошад. Ўҳдадорӣ дар назди давлат асосест, ки ба он такя карда, ўҳдадории дар шартномаҳо мустаҳкамкардашудаи иштирокчиёни он, инчунин ҷавобгарии онҳо дар назди ҳамдигар амалӣ карда мешавад. Ба он дохил мешавад: ўҳдадории пудратчӣ дар шартномаи пудрати сохтмон оиди риояи талаботи қонун ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ доир ба ҳифзи муҳити атроф ва бехатарии корҳои сохтмонӣ, ҳангоми амалӣ намудани сохтмон ва корҳои ба он алоқаманд (м. 767 КГ); иҷрои ўҳдадорӣ аз тарафи маҳсулотсупоранда дар шартномаи маҳсулотфиристонӣ барои эҳтиёҷоти давлат (м. 563 - 569 КГ); инчунин ўҳдадориҳои пудратчӣ дар шартномаи корҳои пудратӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ (м. 780 -785 КГ) ва ғайраҳо.
Ҳамаи шаклҳои ўҳдадориҳо бо ҳам алоқаманд буда, амалӣ шудани онҳо марҳила ба марҳила сурат мегирад.
Барои ҳамин ҳам иҷрои ўҳдадориҳо аз низоми пайдарҳами амалиётҳое иборат мебошад, ки қарздор ва кредитор содир менамоянд, яъне аз раванди муайяне, ки аз шумораи марҳилаҳои якдигарро ивазкунанда иборат аст. Вобаста аз як қатор ҳолатҳо, ба монанди характери ўҳдадориҳо, тарзи иҷрои интихобнамуда, ҷои ҷойгиршавӣ, иҷрокунанда ва ғайраҳо шумораи марҳилаҳо гуногунанд. Ҳамаи онҳоро ба чаҳор мархилаи зерин чудо намудан мумкин аст:
1. Марҳилаи ташкилию пешакӣ;
2. Марҳилаи эътино кардан;
3. Марҳилаи супоридан;
4. Марҳилаи қабул кардан.
Ду марҳилаи охирин дар баъзе мавридҳо мумкин аст бо ҳам мувофиқат намоянд.
Марҳилаи ташкилию пешакӣ ҳамон гуна амалҳоро дар бар мегирад, ки дар оянда ҳамчун замина барои содир намудани амалҳо оиди иҷрои ўҳдадориҳои асосӣ хизмат мерасонад. Мисол, дар шартномаи пудрати сохтмон ҷудо кардани қитъаи замин, додани ҳуҷҷатҳои техникӣ, таъмини рафти кор, ё дар шартномаи маҳсулотфиристонӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ пешниҳод намудани таъиноти борфиристонӣ ва ғайраҳо.
Марҳилаи эътино кардан иҷрои ҳамон амалҳоро дар назар дорад, ки мазмуни ўҳдадориҳои асосиро ташкил медиҳанду барои амали намудани ҳуқуқҳои субъективӣ равона карда шудаанд. Мисол, дар шартномаи маҳсулотфиристонӣ пеш аз он ки маҳсулотро маҳсулотфиристонанда супорад, бояд аввал онро истеҳсол намоянд, молро барои тиҷорат харад ва ғайраҳо.
Марҳилаҳои супоридан ва қабул намудан, супоридани предмет иҷрои ўҳдадориро ба дорандаи ҳуқуқи субъективӣ ва қабул намудани онро дар назар доранд.

Субъектҳои иҷрои ўҳдадориҳо. Ҳамчун қоидаи умумӣ ўҳдадориро худи қарздор иҷро менамояд. Вале ба ў ваколат дода мешавад, ки имконияти иҷроро дар ҳаҷми пурра ё қисман ба шахси сеюм диҳад. Мувофиқан ба зиммаи кредитор низ ўҳдадории қабули иҷрое, ки на танҳо қарздор, балки шахсони сеюм пешниҳод намудаанд, гузошта мешавад. Аз ин қоида истисно низ вуҷуд дорад. Мисол, ҳангоме ки ташкилот корҳои лоиҳакаширо бо институти муайян супориш медиҳад ё филармония бо овозхони муайян шартномаро барои иштирок дар консерт мебандад. Дар чунин ҳолат манфиати ташкилот ва филармония мумкин аст коҳиш ёбад, агар ба ҷои институт ва овозхони дахлдори дар ўҳдадори пешбинишуда ягон каси дигар амалиётро содир намояд. Барои ҳамин ҳам дар чунин ҳолатхо қонун талаб менамояд, ки худи қарздор ўҳдадориро бевосита иҷро намояд.
Моддаи 334 КГ имконияти аз тарафи қарздор ба зиммаи шахси сеюм гузоштани иҷрои ўҳдадориро ба шарте роҳ медиҳад, ки агар аз қонун, санадҳои дигари ҳуқуқӣ, шартҳои ўҳдадорӣ ё моҳияти он зарурати шахсан иҷро намудан ба миён наояд. Дар ҳамаи дигар ҳолатҳо ҳуқуқи қарздор оид ба гузоштани иҷрои ўҳдадорӣ ба зиммаи шахси сеюм ба ўҳдадории кредитор оиди қабули иҷрои пешниҳодкардашуда мувофиқат менамояд.
Аз рўи қоидаи умумӣ қарздор ўҳдадор аст предмети иҷроро ба кредитор диҳад. Дар баробари ҳамин кредитор ҳақ дорад аз қарздор талаб намояд, ки вай ўҳдадориро дар назди шахси сеюм иҷро намояд. Агар чунин талабот боиси хароҷоти иловагӣ барои кредитор гардад, дар чунин ҳолат онро бояд кредитор диҳад. Ҳамчун қоидаи умумӣ шахси сеюм ўҳдадориро иҷро намуда, аз рўи супорипш қарздор амал мекунад. Пас, ба сифати асоси чунин иҷро иродаи ифодаёфтаи худи қарздор хизмат менамояд.
Вале қоидаи овардашуда низ истисноро дар назар дорад. Сухан дар бораи он ҳолатҳое меравад, ки шахси сеюм нисбати иҷрои ўҳдадорй аз тарафи қарздор манфиатдор мебошад. Зеро дар ҳолати аз тарафи қарздор иҷро накардани ўҳдадорӣ шахси сеюм ҳуқуқ ба амволро аз даст медиҳад. Чунин ҳолат мумкин аст ҳангоми ба сифати шахси сеюм баромад кардани иҷорагири иловагӣ бинои анбор, он касе ки дар муносибатҳои ўҳдадорӣ бо иҷорагиранда намебошад, ба миён ояд.
Муносибатҳои номбаршуда аз муносибатҳои иҷорадиҳанда бо иҷорагиранда вобаста мебошад. Дар сурати аз бино хориҷ кардани иҷорагиранда ҳама асосҳо ба миён меоянд, ки иҷорагири иловагӣ низ аз он чо хориҷ карда шавад.
Бо мақсади ҳимояи манфиати шахси сеюм (дар мисоли овардашуда - иҷорагири иловагӣ) қ. 2 моддаи 334 КГ ба ў ҳуқуқ медиҳад, ки иҷозати қарздорро иҷорагиранда нагирифта ўҳдадориро дар назди кредитор иҷро намояд (дар мисоли овардашуда супоридани ҳаққи иҷорае, ки ба иҷорагиранда тааллуқ дорад). Баъди чунин рафторро содир намудани шахси сеюм, ба ў ҳуқуқи талабкуние, ки ба кредитор тааллуқ дошт, мегузарад. Моҳияти ин меъёр дар он ифода меёбад, ки қарздор (аз ҷумла иҷорагиранда) ҳуқуқи ба он ҳавола карданро надорад, ки шахси сеюмро супориш надодааст ўҳдадории онро иҷро намояд.
Дар иҷрои ўҳдадорӣ якчанд кредитор ва қарздор иштирок карда метавонанд (м. 344 КГ). Дар чунин ҳолатҳо сухан дар бораи иштироки бисёршахсӣ дар ўҳдадорӣ меравад. Бисёршахсй ҳуқуқи тарафи дигарро дар ўҳдадорӣ оиди бо талаб муроҷиат кардан ё якбора якчанд шахс ўҳдадориро иҷро намуданро дар назар дорад. Вале ҳуқуқ ва ўҳдадории шахсонеро, ки дар чунин ўҳдадорӣ иштирок менамоянд, вобаста ба хаҷми ҳуқуқ ва ўҳдадориҳое, ки ба ҳар як иштирокчӣ тааллуқ дорад, аз ҳамдигар фарқ менамоянд. Вобаста ба ҳаҷми ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои тарафҳо ўҳдадориҳои бо иштироки шахсони бисёрро ба ҳиссагӣ, муштарак ва иловагӣ ҷудо менамоянд.
Ўҳдадориҳои ҳиссагӣ чунин маъно доранд, ки ҳар як иштирокчӣ дар ўҳдадорӣ дорои ҳуқуқ ва ўҳдадориҳо дар доираи ҳиссаи муайян мебошад. Яъне ҳар як кредитор ҳақ дорад аз қарздор иҷрои ўҳдадориро фақат дар доираи ҳиссаи ба кредитори дахлдор тааллуқ дошта талаб намояд ё ҳар як кредитор ҳуқуқ дорад аз ҳар як ҳамқарздорон (қарздорони якҷоя) иҷрои ҳамон қисми ҳисаро талаб намояд, ки ба ҳар яке аз ҳамқарздорон рост меояд (моддаи 344 КГ). Дар чунин ҳолат қарздоре, ки ҳисаи худро дар ўҳдадорӣ иҷро менамояд, аз ўҳдадории хориҷ гардида ва ўҳдадори он иҷрошуда ҳисоб карда мешавад. Нисбати қарздорони дигар бошад, ўҳадорӣ то аз тарафи онҳо иҷро гардидани ўҳдадориҳояшон амал менамояд. Талаботи м. 344 КГ нисбати ўҳдадориҳои ҳисагӣ ҳамчун қоидаи умумӣ ҳамон вақт амал менамояд, ки дар қонун, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ё шарти ўҳадорӣ тартиби дигаре пешниҳод нагардида бошад.
Ўҳдадориҳои муштарак танҳо дар ҳолатҳои махсуе пешбининамудаи қонунгузорӣ ва шартнома ба вуҷуд омада метавонад. Мувофиқи талаботи м. 345 КГ ўҳдадориҳои муштарак дар қисмати тақсимнопазирии предмети ўҳдадорӣ, ҳангоми зараррасонии якҷоя, инчунин нисбати ўҳдадориҳое, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманд мебошанд, ба вуҷуд меоянд.
Дар ўҳдадориҳо бо иштироки кредиторони муштарак ҳар яке аз онҳо ҳақ дорад аз қарздор иҷрои ўҳдадориро дар ҳаҷми пурра талаб намояд. Мувофиқан қарздор ҳақ дорад ўҳдадории худро то иҷрои онро талаб кардани яке аз ҳамкредиторон ба яке аз онҳо иҷро намояд. Мисол, агар гурўҳи бонкҳо ба ташкилот кредит диҳанд, он гоҳ ҳар як бонке, ки ба гурўҳи бонкҳои ба ташкилот кредитдиҳанда дохилшаванда метавонад аз ташкилот баргардонидани кредити додашударо дар ҳаҷми пуррааш талаб намоянд. Ин дар навбати худ маънои онро дорад, ки ташкилоти маблаги пулиро ба яке аз бонкҳо (кредиторҳо) супорида ўҳдадориро дар ҳаҷми пуррааш иҷрокарда ҳисобида мешавад.
Дар ўҳдадориҳои муштарак қарздор ҳуқуқ надорад, ки ба муқобили талаби яке аз ҳамкредиторон, ки ба муносибатҳои қарздор бо дигар ҳамкредиторон (дар муносибатҳое, ки кредитори талаб пешниҳодкунанда иштирок надорад) асос меёбад, раддия изҳор намояд.
Он чи ки ба муносибати байни кредиторон дахл дорад, мувофиқи қисми 4 м. 349 КГ муайян карда мешавад. Мувофиқи он кредитори муштарак, ки иҷрои ўҳдадориҳои қарздорро қабул кардааст, вазифадор аст арзи ба дигар кредиторон тааллуқдоштаро, ба андозаи баробар ҷуброн намояд, ба шарте ки аз муносибати байни онҳо тартиби дигаре барнаояд.
Ҳангоми дар ўҳдадорӣ қарздорони муштарак иштирок намуданашон кредитор ҳақ дорад иҷроро аз ҳамаи қарздорон ё аз ҳар кадоми онҳо дар алоҳидагӣ, аз ҷумла ба таври пурра ё оид ба як қисми қарз талаб намояд. Агар талаби кредитор аз яке аз ҳамқарздорони муштарак пурра қонеъ нагардад, вай ҳуқуқ дорад қисми боқимондаашро аз дигар ҳамқарздорон талаб намояд (қ. 1 ва 2 м. 346 КГ).
Вале набояд ба он роҳ дода шавад, ки яке аз қарздороне, ки кредитор интихоб намудааст, зарар бинад. Барои ҳамин хам қ. 2 м. 348 КГ ба қарздоре, ки ўҳдадории муштаракро иҷро кардааст имконияти ба дигар қарздорон талаби пастдоштӣ (регрессӣ) бо ҳиссаи баробар, ва аз ҳисоб баровардани ҳиссаи худ пешниҳод намояд. Вале қарздорони мазкур нисбат ба он аллакай муштарак набуда, балки қарздори ҳиссагӣ ҳисобида мешаванд. Дар сурати яке аз ҳамқарздорон напардохтани ҳаққи қарздоре, ки ўҳдадории муштаракро иҷро кардааст, ҳамаи он чизе ки вай надодааст, ба таври баробар ба зиммаи ҳамон қарздор ва қарздорони дигар мешавад (банди «б» к. 2 м. 348 КГ).
Ўҳдадориҳои иловагӣ дорои хусусиятҳои худ мебошанд. Хусусияташ дар он ифода меёбад, ки ҳангоми аз тарафи қарздори асосӣ қонеъ намудани талаби кредитор оид ба иҷрои ўҳдадорӣ, чунин талаби қисман иҷронашуда ба қарздори дигар (қарздори субсидиарӣ) арз карда мешавад (м. 1350 КГ). Пас, қарздори иловагӣ (субсидиарӣ) ўҳдадориро дар ҳамон қисме иҷро менамояд, ки қарздори асосй иҷро накардааст. Вале кредитор талаби худро дар навбати аввал ўҳдадор аст, ки ба қарздори асосӣ пешниҳод намояд ва танҳо дар ҳолати нарасидани воситаҳои рўёниш кредитор ҳақ дорад қисми боқимондаашро аз қарздори иловагӣ талаб намояд. Уҳдадориҳои иловагӣ дар асоси қонун ва шартнома ба вуҷуд меоянд.
Хусусияти характерноки муносибатҳои иловагии қарздорон дар он ифода меёбад, ки қарздори иловагӣ ўҳдадориро ба ҷои қарздори асосӣ иҷро намуда, ҳамчун қоӣда ба қарздори асосӣ ҳуқуқи талаби регресивӣ надорад.
Дар фарқият нисбат ба иштироки шахсони сеюм дар иҷрои ўҳдадорӣ модом, ки кредитор ва қарздор аз ўҳдадорӣ намераванд, ҳолатҳое ҷой доштанаш мумкин аст, ки дар он иваз шудани кредитор ва қарздор ба вуҷуд меоянд, чунин ҳолатҳоро ивазшавии шахс дар ўҳдадорӣ меноманд.
Ҳангоми ивазшавии шахсон дар ўҳдадорӣ се саволи асосӣ ба миён меояд: чунончи, чунин ивазнамоӣ ҳамавақт имконият дорад, бо кадом тартиб гузаронида мешавад ва боиси кадом оқибатҳо мегардад. Ҷавоб аз он вобастагй дорад, ки дар ўҳдадорӣ сухан дар бораи ивазшавии кредитор меравад ё қарздор. Ивазшавии кредиторро қонун гузашти ҳуқуқҳо ба дигар шахсон ном мебарад. Ҳамчун қоида, мувофиқи қ. 1 м. 411 КГ чунин гузариш имконият дорад. Зеро талаботе, ки дар асоси ўҳдадорӣ ба кредитор тааллуқ дорад, тибқи аҳд ба дигар шахс (гузашткардани талабот) дода шуданаш мумкин аст ё дар асоси қонун метавонад ба дигар шахс гузарад, Вале доираи ҳуқуқҳое вуҷуд дорад, ки кредитор наметавонад ба дигар шахсон диҳад. Он ҳуқуқҳое дар назар дошта мешавад, ки бевосита ба шахсияти кредитор алоқаманданд. Мисол, он талабот оиди ба алимент ва ҷуброни зиёне, ки ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон расонида мешавад шуда метавонад. Дар баъзе маврӣдҳо манъи бевоситаи додани ҳуқук дар қонунҳо нишон дода мешавад. Мисол, оиннома, ва кодексҳои нақлиётӣ имконияти додани ҳуқуқро оид ба пешниҳод кардани иддао ва даъвоҳои ба боркашонӣ алоқаманд бударо шахсони сеюм иҷозат намедиҳанд. Истиснои нисбати он ҳолатҳое вуҷуд дорад, ки чунин ҳуқуқҳо аз тарафи борфиристонанда ба борқабулкунанда ё ин ки онҳо ва ташкилотҳои болоӣ ё нақлиётию экспедитсионӣ ҷой дошта бошад.
Гузаштани талабот дар асоси қонун аҳдҳое, ки дар байни кредитори аввала ва нав ба миён меояд шуданаш мумкин аст. Дар баъзе ҳолатҳо гузаштани ҳуқуқи кредитор ба шахсони дигар махсусан дар м. 416 КГ нишон дода мешавад. Мисоли он шуда метавонад, гузаштани ҳуқуқҳои умумии вориси ҳуқуқи кредитор; қарори махсуси суд оид ба гузаштани ҳуқуқи кредитор ба шахсони дигар, агар чунин ҳолат ба қонун мухолиф набошад; иҷро намудани ўҳдадории қарздор аз ҷониби зомин ё гаравдеҳ, ки аз рўи он ўҳдадорӣ қарздор намебошанд ва субрагатсия - яъне ба шахсе, ки қарзи бегонаро иҷро намудааст, гузаштани ҳуқуқе, ки ба кредитор ҳангоми суғуртакунонӣ тааллуқ дошт ва ғайра.
Вале номгўи асосҳои гузашти ҳуқуқи талабкунӣ дар асоси қонун бо ҳамин ба охир намерасад. Ивази кредиторро гузашти ҳуқуқи талабкунӣ (сесия) меноманд. Кредиторе, ки ҳуқуқи талабкунии худро ба шахси дигар медиҳад седент меноманд ва кредитори наве, ки ҳуқуқи талабкуниро ба даст медарорад, сессионер меноманд. Ҳангоми гузашти ҳуқуқи талабкунӣ новобаста аз он ки чунин ҳуқуқ ба қонун ё шартнома асос меёбад, розигии қарздор талаб карда намешавад.
Зеро барои қарздор фарқе надорад, ки пулро ба кӣ диҳад, корро ба кӣ супорад ва гайраҳо. Кредитори аввала бошад, фақат як ўҳдадорӣ дорад, ин ҳам бошад оиди ивазшавии барпонагардида ба тариқи хаттӣ ба қарздор хабар додан. Агар кредитор чунин ўҳдадориашро иҷро накунад, он гоҳ ба кредитори нав лозим меояд, ки вобаста ба ин таввакали сар задани оқибати номусоидро ба ўхда гирад. Аз он ҷумла ин дар он ифода меёбад, ки қарздор ҳақ дорад ўҳдадориро на дар назди кредитори нав, балки кредитори аввала иҷро намояд. Агар дар қонун ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ҳуқуқи кредитори аввала ба кредитори нав дар ҳаҷм ва мутобиқи шарте мегузарад, ки то лаҳзаи гузаштани ҳуқуқи мазкур мавҷуд буд. Аз ҳамин сабаб агар ягон кас дар назди кредитори аввала барои иҷрои ўҳдадории қарздор кафолат дода бошад, он гоҳ чунин кафолат барои кредитори нав қувваи худро нигоҳ медорад.
Кредитори аввала дар назди кредитори нав фақат барои талабҳои ҳақиқии гузашткардашуда ҷавоб медиҳад. Агар қарздор ўҳдадориро вайрон кунад, кредитори аввала барои он дар назди кредитори нав ҷавобгар намебошад, чунин ҷавобгарӣ танҳо дар ҳамон ҳолат рўй доданаш мумкин аст, ки агар кредитори аввала ба ҷои қарздор дар назди кредитори нав кафилиро ба зимма шрифта бошанд (м. 419 КГ). Вале бояд қайд намоем, ки КГ баъзе дигар ўҳдадориҳои ҳарду кредиторро пешбинӣ менамояд. Мисол, кредитори аввала ба кредитори нав вазифадор аст, ҳуҷҷатҳоеро диҳад, ки ҳуқуқҳои талабкунии онро тасдиқ менамояд, инчунин дигар маълумотҳоро, ки барои амали намудани ҳуқуқи талабкунӣ зарур аст, хабар диҳад. Дар навбати худ кредитори нав ўҳдадор аст, ки ба қарздор далелҳоро оиди ба ў гузаштани талаботҳои дахлдор пешниҳод намояд. Аз ин ҷо то мавриде, ки вай далелҳои заруриро нагирад қарздор ҳақ надорад, ки ўҳдадориро дар назди кредитори нав иҷро нанамояд.
Дар чунин ҳолат қарздор дар назди кредитори нав барои гузаштани мўҳлати иҷрои бавуҷудомада ҷавобгариро ба зимма намегирад. Гузашти талаб дар асоси шартнома, ки дар байни кредитори аввала ва нав баста мешавад, ё қонун амалӣ карда мешавад. Нисбати шартномаҳое, ки ба гузашти ҳуқуқи талабкунӣ равона карда шудаанд, талабҳои махсус пешниҳод карда мешавад. Яке аз онҳо аз он иборат аст, ки чунин шартномаҳо дар шакли хаттӣ баста мешаванд.
Талаби дигар ба он вобастагӣ дорад, ки шартномаи ҳуқуқҳои кредитори авваларо ба вуҷудоварда ба шакле, ки қонун пешниҳод намудааст бояд ҷавобгў бошад. Агар чунин шартнома ба қайд гирифта шавад (мисол, шартномаи амволи гайриманқул) он гоҳ гузашти ҳуқуқи тарафҳои ин шартнома ба шахси сеюм бояд ба қайд гирифта шавад. Ва дар охир бояд онро қайд намоем, ки гузашти ҳуқуқе, ки ба қоғазҳои қиматноки ордерӣ асос меёбад, бо роҳи дар онҳо кардани навиштаҷоти таҳлилӣ (индосамент) гузашт карда мешавад.
Гузаронидани қарз. Гузаронидани қарз маънои иваз намудани қарздорро дар ўҳдадорӣ дорад. Аз сабабе ки шахсияти қарздор барои кредитор аҳамияти калон дорад, аз ҳамин сабаб ивази қарздор бо розигии кредитор амалӣ гардонида мешавад. Агар ҳангоми гузаронидани қарз розигии кредитор пурсида нашуда бошад ё ҷавоби манфӣ гирифта шуда бошад, он гоҳ гузаронидани қарз номумкин буда, он чизе, ки иҷро шудааст бе эътибор эътироф карда мешавад, яъне эътибори ҳуқуқӣ надорад. Шакли гузаронидани қарз ба ҳамин қоидаҳое итоат мекунад, ки нисбати гузашти ҳуқуқи талабкунӣ татбиқ карда мешавад.
Гузаронидани қарз бояд дар ҳамон шакле содир карда шавад, ки нисбати иҷрои дигар ўҳдадориҳо талаб карда мешавад, ба монанди дар гузаронидани қарз низ ба монанди гузашти ҳуқуқи талабкунӣ қарздори нав ҳақ дорад ба муқобили кредитор эътироз намояд, чи хеле ки ба кредитори аввала қарздор чунин эътирозро карда метавонист. Мисол, агар аз тарафи кредитор ягон мавқуфгузорӣ то гузаронидани қарз ҷой дошта бошад он гоҳ қарздори нав ҳақ дорад дар ин ҳолат барои асоснок кардани зарурати зиёд намудани мўҳлати иҷро ҳавола намояд. Қарздори аз ўҳдадорӣ хориҷшуда дар назди кредитор барои иҷро накардани ўҳдадорӣ ҳеч гуна ҷавобгариро ба зимма намегирад. Ҷавобгарии вай бо интихоби ҷонишини худ махдуд гашта, кредитор барои ивази қарздор розигӣ дода бояд худи ў масъалаи аз тарафи қарздори нав иҷрошаванда будани ўҳдадориро ҳал намояд. Дар ўҳдадориҳои тарафайн ҳам, ҳуқуқи талабкунӣ ва ҳам гузашт кардани қарз дар як вақт мегузарад. Дар чунин ҳолатҳо иҷрои шартҳое, ки ҳам ба ҳуқуқи гузашти талабкунӣ ва ҳам гузаронидани қарз тааллуқ дорад, зарур мебошад.

Предмети иҷрои ўҳдадориҳо. Предмети иҷрои ўҳдадорӣ ашё, кор ё хизматҳое мебошанд, ки аз рўи ўҳдадорӣ қарздор бояд ба кредитор диҳад, иҷро намояд ё расонад.
Ўҳдадорӣ дар ҳамон вақт бо таври дахлдор иҷрошуда ҳисоб карда мешавад, ки агар қарздор ҳамон предметеро диҳад, ки пешбинӣ шуда буд. Талабот нисбати кредитор оиди иҷро мувофиқи шартҳои шартнома, талаби қонун ва дар сурати набудани онҳо мувофиқи талаботи муқаррарии пешбинишуда анҷом дода мешавад. Одатан талаботи зарурӣ ба предмети иҷро ба воситаи мафҳуми сифат ва шумора ифода карда мешавад ва агар барои ашёи мазкур стандартҳо ё шартҳои техникӣ мавҷуд бошад, он гоҳ мувофиқи талаботи онҳо ба шарте, ки дар шартнома дигар чиз пешбинӣ нашуда бошад. Ба сифати предмети шартнома ашё, ҳуқуқи талабкунй, қарз, моликияти зеҳнӣ ва ғайраҳо баромад карда метавонанд.
Нисбати иҷрои ўҳдадориҳои пулӣ ҳамчун предмети иҷро талаботи махсус амал менамояд.
Ўҳдадории пулӣ мумкин мустақил (аз рўи шартномаи қарз) ё бевосита (ба харидор додани арзиши ашёи харидашуда) бошанд. Дар зери мафҳуми ўҳдадориҳои пулӣ ифодаи маблағи пардохти он оиди ба кредитор додани маблағҳои пулӣ дар шакли пули накд ё бо тартиби ҳисоббаробаркунӣ бе пули накдро мефаҳманд.
Ўҳдадориҳои пулӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар шакли пули миллӣ (сомонӣ) ифода ёбад. Истифодаи асъори хориҷӣ инчунин ҳуҷҷатҳои пардохт ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ аз рўи ўҳдадориҳо бо асъори хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фақат дар ҳолат ва шартҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ ва ё тартиби муқарраркардашуда роҳ дода мешавад. Дар ўҳдадории пулӣ мумкин аст пешбинӣ карда шавад, ки он бо сомонӣ ба андозаи баробарарзшпи маблағ (эквивалент) бо асъори хориҷӣ ё воҳидҳои шартии пулӣ пардохта мешавад. Дар ин ҳолат, агар тибқи қонун ё созишномаи тарафҳо қурби дигар ё санаи дигар муайян нашуда бошад, маблаги ба сомонӣ пардохтшаванда мутобиқи қурби расмии асъори дахлдор ё воҳидҳои шартии пулӣ дар рўзи пардохт муайян карда мешавад (м. 340 КГ).
Вайрон кардани нишондоди м. 340 КГ (яъне ифода ё додани маблағи ўҳдадориҳои пулӣи бо асъори хориҷӣ) боиси беэътибор эътироф намудани ахд мегардад. Зеро чунин аҳд ба талаботи қонунгузорӣ (м. 193 КГ) ҷавоб намедиҳад.
Санади меъёрии асосие, ки имконият ва доираи истифодаи асъори хориҷиро муайян менамояд, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» мебошад.
Иҷрои ўҳдадориҳои пулӣ дар шароити беқурбшавӣ ва ислоҳи доимии маблагҳое, ки дар давоми давраи муайян дода мешавад талаб менамояд. Дар шартномаҳои байни шахсони ҳуқуқӣ ё соҳибкорӣ имконияти беқурбшави бевосита дар худи шартнома ба ҳисоб гирифта мешавад. Нисбати шаҳрвандон қонун қоидаи махсусро муқаррар менамояд. Ин дар он ифода меёбад, ки маблағи пулие, ки бояд дода шавад бо баробари зиёд шудани андозаи минималии музди мехдати дар қонун пешбинишуда, мутаносибан зиёд мешавад. Чунин тартибот дар сурати расонидани зарар ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, аз рўи шартномаи нигаҳдошти якумра ва дар дигар ҳолатҳои қонун пешбининамуда, татбиқ карда мешавад.
Ҳамин тариқ, барои шаҳрванде, ки бо ҳалномаи суд ба фоидаи ў маблағи пулии муайян барои нигахдошташ рўёнида шудааст, зарурати барои аз нав ҳисоб кардани маблағҳои барои нигахдошти он рўёнида мешуда намемонад. Зеро зиёдшавии маблағҳо бо таври таъҷили дар асоси м. 341 КГ амали карда мешавад.
Ҳамчун қоида ўҳдадории пулӣ ба худ шарти додани фоизро низ дар бар мегирад. Ғайр аз ин, агар ўҳдадорӣ ихтиёран иҷро карда нашавад, он гоҳ гирифтани предмети иҷро барои кредитор хароҷоти зиёдатиро талаб менамояд, ки ин боиси зиёд шудани маблагҳое мегардад, ки аз қарздор бояд рўёнида шавад. Дар сурати нокифоягии маблағҳои пардохтамешуда аз тарафи қарздор талаботи кредитор аз рўи навбат қонеъ гардонида мешавад. Мувофиқи талаботи м. 342 КГ аввал хароҷоти кредитор оид ба гирифтани иҷро, сониян барои пўшонидани маблағи асосии қарз ва сониян фоизи он дода мешавад.
Чунин қоида дар ҳолате татбиқ карда мешавад, ки нисбати тартиби нишондодашуда ягон хел созиши дигар вуҷуд надошта бошад. Аз ин ҷо қоидаи муайянкардашуда характери диспозитивӣ дошта ва тарафҳо ҳақ доранд, ки дар шартнома тартиби дигари адо кардани қарзро муқаррар намоянд.
Нисбати ўҳдадориҳои алтернативӣ низ қоидаҳои махсус муайян карда шудааст. Ҳамон ўҳдадорӣ алтернативӣ эътироф карда мешавад, ки дар он на як, балки якчанд предметҳо вуҷуд дошта бошад. Илова бар ин супоридани ҳамагуна аз он предметҳои нишондодашуда ҳамчун иҷрои дахлдор эътироф карда мешавад. Албатта ҳуқуқи интихоб намудан ба кредитор тааллуқ дорад, ба шарте ки дар қонун санади дигари ҳуқуқӣ ё шартҳои ўҳдадорӣ тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад (м. 342 КГ). Бояд қайд намуд, ки ўҳдадориҳои алтернативӣ аз ўҳдадориҳои оиди додани ашёи дорои нишонаи нави муайяншаванда фарқ менамояд. Дар ўҳдадориҳои дорои нишонаи нави муайяншаванда қарздор имконияти интихоби предмети иҷроро надорад, зеро он бо нишонаи нав муайян шудааст. Дар ўҳдадориҳои алтернативӣ ақаллан ду намуди гуногуни предмети иҷро ҳатман вуҷуд дорад.
Дар ҳолати нобудшавии яке аз предмети иҷро дар ўҳдадориҳои алтернативӣ то амали шудани интихоб иҷрои ўҳдадорӣ аз интихобе, ки шахси ваколатдор менамояд, вобаста мебошад. Агар предмети боқимонда интихоб карда шавад, он гоҳ ўҳдадорӣ нигоҳ дошта мешавад ва агар интихоб ба манфиати предмети нобудшуда карда шавад, ўҳдадорӣ бо сабаби номумкин будани иҷро қатъ мегардад.
Ўҳдадориҳои факултативӣ ба ўҳдадориҳои алтернативӣ шабоҳати муайян доранд, вале онҳо як набуда, намуди алоҳидаи ўҳдадориҳо эътироф карда мешавад. Ҳамон ўҳдадориҳое факултативй эътироф карда мешаванд, ки дорои як предмети иҷро бошанд. Дар ин ўҳдадориҳо қарздор ҳуқуқи иваз намудани чунин ўҳдадориро ба предмете, ки пешакӣ маслиҳат карда шудааст, доранд. Зеро предмете, ки бо ўҳдадории асосӣ мебояд иваз карда шавад, пешакӣ маслиҳат шудааст. Аз ин ҷо розигии кредитор барои иваз намудан талаб карда намешавад. Мисол, меросдиҳанда амволи муайянро ба бародараш васият намуда, дар баробари ҳамин ўро ўҳдадор менамояд, ки ба писараш оинаи нилгунро ба шарте диҳад, ки агар вай ба ҷои оинаи нилгун арзиши онро диҳад. Агар дар ўҳдадории алтернативӣ қарздор ҳуқуқи интихоб дошта бошад, пас дар ўҳдадориҳои факултативй хуқуқи ивазнамоӣ дорад. Ғайр аз ин, дар қиёс ба ўҳдадориҳои алтернативӣ нобудшавии предмети иҷро дар ўҳдадориҳои факултативӣ боиси қатъ гаштани ўҳдадорӣ мегардад.

Тарз, ҷой ва мўҳлати иҷрои ўҳдадориҳо. Ичро. Тартиби аз тарафи қарздор содир намудани амалиёт оид ба иҷрои ўҳдадориҳоро тарзи иҷрои ўҳдадориҳо меноманд. Чунончи, ўҳдадорӣ дар шартномаи хариду фурўш мумкин аст аз рўи як моли мушаххас ва дар шартномаи кредит бо супоридани пули муайян давра ба давра иҷро гардад.
Тарафҳо кадом тарзи иҷрои ўҳдадориро интихоб менамоянд, бояд ҳангоми бавуҷудоии ўҳдадорӣ муайян карда шавад. Дар сурати тарафҳо тарзи иҷрои ўҳдадориро муайян накардан кредитор мувофиқи м. 332 КГ ҳақ дорад иҷрои қисм ба қисми ўҳдадориро қабул накунад, ба шарте ки дар қонун, санади дигари ҳуқуқӣ, шартҳои ўҳдадорӣ, инчунин аз анъанаҳои муомилоти корӣ ва ё аз моҳияти ўҳдадорӣ тартиби дигаре ба миён наояд. Дар баробари ин радди яктарафаи иҷрои ўҳдадориҳо ва яктарафа тағйир додани шартҳои он, ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ё шартнома мумкин нест. Радди яктарафаи иҷрои ўҳдадорй, ки ба татбиқи баровардани фаъолияти соҳибкории тарафҳо алоқаманд аст, инчунин яктарафа тағйир додани шартҳои чунин ўҳдадорӣ танҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи шартнома, агар аз қонун ва моҳияти ўҳдадорӣ тартиби дигаре ба миён наояд, иҷозат дода мешавад. Мувофиқи қонун ба бадастдароваранда додани ашёҳо, ҳамчунон ба боркашонанда супоридани онҳо барои фиристонидан ё ба ташкилоти алоқа барои ба бадастоварданда ирсол кардан ҳамчун бо таври дахлдор супоридан, ирсол кардан, ҳамчун бо таври дахлдор супоридани ашёи бе ўҳдадории бурдарасонӣ аз худ дуркардашуда эътироф карда мешавад (м. 248 КГ).
Бояд қайд намуд, ки қарздор ҳақ до.рад пули қарзи гирифтааш ё қоғазҳои қиматнокашро ба депозити нотариус ва дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи суд ба депозити суд гузаронад. Чунин тартиб ба шарте мумкин аст, ки қарздор бо сабабҳои кредитор ё шахси ба қабули иҷрои ўҳдадорӣ ваколатдоршудаи он дар маҳали иҷрои ўҳдадорӣ ҳузур надошта бошад; ғайри қобили амал будани кредитор ва намоянда надоштани он; баръало аён набудани он, ки кадом шахс оид ба ўҳдадорӣ кредитор мебошад, аз ҷумла вобаста ба бахси байни кредитор ва дигар шахс дар ҳамин маврид ва саркашй намудани кредитор аз қабули иҷрои ўҳдадорӣ ё дигар хел мўҳлатгузаронӣ аз тарафи он (м. 352 КГ).
Ба депозити нотариус ё суд гузаронидани маблағ ё қоғазҳои қиматнок иҷрои ўҳдадорӣ ҳисоб карда мешавад.
Нотариус ё суде, ки ба депозиташон маблағи пулӣ ё қогазҳои қиматнок гузаронида шудааст, дар ин бора кредиторро огоҳ менамоянд.
Ҷои иҷрои ўҳдадорӣ. Аниқ муайян намудани ҷои иҷрои ўҳдадорӣ аҳамияти амалӣ дорад, аз ҷумла барои тақсими хароҷот дар байни тарафҳо оид ба кашонидани предмети иҷрои ўҳдадорӣ, муайян намудани ҷои қабул ва супоридани мол, интихоби қонуне, ки бояд татбиқ карда шавад ва ғайраҳо. Ҳамчун қоидаи умумӣ хароҷот оид ба то ҷои иҷрои ўҳдадорӣ кашонидани предмети иҷро агар дар қонунгузорӣ ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, ба зиммаи қарздор гузошта мешавад.
Одатан ҷои иҷрои ўҳдадориро мувофиқи қонунгузорӣ, шартнома, ё аз рўи анъанаи муомилоти корӣ ва ё аз моҳияти ўҳдадорӣ муайян менамоянд. Агар ҷои иҷрои ўҳдадорӣ муайян нагардида бошад он мувофиқи талаботи м. 339 КГ ба тариқи зайл иҷро карда мешавад:
а) аз рўи ўҳдадории додани амволи ғайриманқул - дар ҷои мавҷудияти амвол;
б) аз рўи ўҳдадории додани мол ё дигар амволе, ки интиқоли онро пешбинӣ мекунад - дар ҷои супоридани амвол ба боркашони якум ҷиҳати расонидани он ба кредитор;
в) аз рўи дигар ўҳдадориҳои қарздор ҷиҳати додани мол ё дигар молу мулк - дар ҷои тайёр намудани он ё нигахдошти молу мулк, ба шарте ки ин маҳал дар рўзи ўҳдадор шудан ба кредитор маълум бошад;
г) аз рўи ўҳдадории пулӣ - дар ҷои истиқомати кредитор ё агар кредитор шахси ҳуқуқӣ бошад, дар ҷои ҷойгиршавии он аз лаҳзаи ба миён омадани ўҳдадорӣ. Агар кредитор то лаҳзаи иҷрои ўҳдадорӣ ҷои истиқоматашро (ҷойгиршавиашро) тағйир дода, дар ин бора ба қарздор хабар дода бошад, он гоҳ ҷои иҷрои ўҳдадорӣ ҷои нави истиқомати (ҷойгиршавии) кредитор ҳисоб карда мешавад. Дар ин сурат ба қарздор ҳамаи хароҷотҳои вобаста ба тағйирёбии ҷои иҷрои ўҳдадориро ҷуброн менамояд.
Агар кредитор дар бораи тағйирёбии ҷои истиқомат (ҷойгиршавии) қарздорро хабар накарда бошад, қарздор ҳақ дорад иҷрои ўҳдадориро бо суроғаи пешинаи кредитор ба ҷо оварад ва дар ҳолати дар он ҷой набудани кредитор ё шахси ваколатдори он кредитор ҳақ дорад, ки иҷрои ўҳдадориро дар депозити нотариус ба ҷо биёрад.
д) аз рўи ўҳдадориҳои дигар - дар ҷои зисти қарздор ва агар қарздор шахси ҳуқуқӣ бошад, дар ҷои ҷойгиршавии он.
Мўҳлати иҷро. Мўҳлати иҷро аз рўи қонун, асосҳои бавуҷудоии ўҳдадориҳо ё мувофиқи моҳияти он муайян карда мешавад, Ўҳдадориҳоро вобаста ба мўҳлати муайяни иҷро ва мўҳлати иҷрояшон бо лаҳзаи талабкунӣ муайян-сардашуда ҷудо менамоянд.
Ўҳдадорие, ки рўзи иҷрои ўҳдадорӣ ё доираи вақте, ки дар давоми он вай бояд иҷро карда шавад, пешбинӣ ё имконияти онро муқаррар менамоянд, ба ўҳдадориҳои мўҳлати иҷрояшон муайян дохил мешаванд. Чунин ўҳдадорӣ бояд дар рўзи пешбининамудаи ўҳдадорӣ ё дар ҳар лаҳза дар доира мўҳлати муайян бояд иҷро карда шавад. Мисол, агар дар ўҳдадории тарафҳо пешбинӣ шуда бошад, ки фурўшанда ўҳдадор мешавад, ки амволро дар давоми як моҳ аз мавриди маблағи молро супоридани харидор медиҳад, он гоҳ фурўшанда ўҳдадориро бо таври дахлдор иҷро карда ҳамон вақт ҳисобида мешавад, ки агар молро ба харидор бо назардошти худ дар ҳамон рўз дар доираи мўҳлати як моҳ супорад.
Дар ҳолатҳое, ки ўҳдадорӣ мўҳлати иҷроро пешбинӣ накарда бошад ё дар он шарти муайян кардани мўҳлат ғайриимкон бошад он дар мўҳлати оқилонаи баъди ба миён омадани ўҳдадорӣ иҷро карда мешавад (қ. 2 м. 335 КГ). Дар зери мафҳуми мўҳлати оқилона доираи вақте дар назар дошта мешавад, ки барои содир намудани амали дар ўҳдадорӣ пешбининамуда зарур мебошад. Мисол, агар дар шартномаи пудрат бо созиши тарафҳо мўҳлати иҷрои кор нишон дода нашуда бошад он гоҳ он бояд дар доираи вақте ки барои иҷрои чунин кор сарф карда мешавад иҷро карда шавад. Албатта, мўҳлати оқилона мафҳуми муайян аст ва агар тарафҳо онро аниқ муайян карда натавонанд, он гоҳ онро суд муайян менамояд.
Ўҳдадорие, ки дар мўҳлати муносиб иҷро карда нашудааст, ҳамчунин ўҳдадорие, ки мўҳлати иҷрои он бо лаҳзаи пастталабӣ муайян шудааст, агар дар мўҳиати дигар иҷро кардани ўҳдадорӣ аз қонун, санади ҳуқуқии дигар, шарти ўҳдадорӣ, анъанаҳои муомилоти корӣ ё моҳияти ўҳдадорӣ барнаояд, қарздор вазифадор аст дар давоми ҳафт рўз аз рўзи иҷрои ўҳдадориро талаб кардани кредитор иҷро намояд (қ. 3 м. 335 КГ). Мўҳлати ҳафтрўза дар ҳолати иҷро накардани ўҳдадорӣ дар мўҳлати оқилона низ татбиқ карда мешавад.
Ўҳдадорие, ки иҷрояш дар мўҳлати тўлонӣ пешбинӣ шудааст, бояд ба таври мунтазам, бо назардошти давраи барои иҷрои чунин ўҳдадори мувофиқ (рўз, даҳа, моҳ, семоҳа ва ғайра) иҷро карда шавад, агар дар қонунгузорӣ ё шартҳои ўҳдадорӣ тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад ё аз моҳияти анъанаҳои муомилоти корӣ ё ўҳдадорӣ тартиби дигаре барнаояд (м. 336 КГ).
Барои ўҳдадориҳое, ки мўҳлати иҷрои онҳо тўлонӣ мебошад, мўҳлатҳои мобайни иҷро аҳамияти калон доранд. Мақсади чунин мўҳлатҳо аз он иборат аст, ки кредитор барои аз болои сари вақт иҷро намудани ўҳдадорӣ аз тарафи қарздор назорат намояд.
Барои вайрон намудани мўҳлатҳои мобайнӣ муҷозоти молумулкӣ дар шакли ноустуворона муқаррар карда шуданаш мумкин аст.
Ўҳдадорӣ бояд дар мўҳлате, ки дар қонун ё шартнома пешбинӣ карда шудааст, иҷро карда шавад. Аз ин чо пеш аз мўҳлат иҷро намудани ўҳдадорӣ ҳуқуқи тарафи ўҳдадорӣ нест. Албатта, аз қонунгузории амалкунанда, шартҳои ўҳдадорӣ, анъанаҳои корӣ ё ин ки аз моҳияти ўҳдадорӣ тартиби дигаре ба миён наояд. На ҳамаи ўҳдадориҳо пеш аз мўҳлат иҷро намуданаш он барои кредитор қобили қабул мебошад. Аз ин ҷо пеш аз мўҳлат иҷро намудани ўҳдадориҳо оид ба таъмини якумрӣ бо саробонӣ, пеш аз мўҳлат иҷро намудани ўҳдадорӣ оиди ба мўҳлати муайян нигоҳ доштани ашё, пеш аз мўҳлат фиристодани автобус ё поезд ва ғайраҳо начандон мувофиқи талаб мебошад. Вале барои иҷрои пеш аз мўҳлати ўҳдадорӣ, ки ба фаъолияти соҳибкории тарафҳои он алоқаманд мебошад, розигии кредитор зарур мебошад.
Кредитор ўҳдадориро пеш аз мўҳлат фақат дар ҳолатҳои бевосита пешбининамудаи қонунгузорӣ, шартҳои ўҳдадорӣ, анъанаҳои муомилоти корӣ ё ҳангоми аз моҳияти ўҳдадорӣ ба миён омадан иҷро карда метавонад. Ин ба он алоқаманд аст, ки фаъолияти соҳибкорӣ бояд мунтазам ва якзайл ба амал бароварда шавад. Пеш аз мўҳлат иҷро намудани ўҳдадорӣ мумкин аст барои харидор зараровар бошад. Зеро ў мумкин аст имконияти ба таври таъҷили истифода бурдани молҳоро надошта бошад, ҷои нигоҳ доштани молҳо мавҷуд набошад ва ғайраҳо. Дар чунин мавридҳо пеш аз мўҳлат иҷро намудани ўхдадорӣ, ҳамчунон вайронкунии он бо ҳамаи оқибатҳои имконпазириаш боиси даст кашидан аз қабули иҷро, бекор кардани шартнома, рўёндани зарар ва ғайраҳо гардад.
Дар сари вақт иҷро накардани ўҳдадориҳо боиси вайронкунии онҳо мегардад ва он ҳамчун мўхлатгузарони эътироф карда мешавад. Ба мўҳлатгузаронӣ ҳам қарздор ва ҳам кредитор роҳ доданашон мумкин аст. Мўҳлаттузаронии қарздор боиси ба ў гузоштани ўҳдадории оиди ба кредитор додани товони зиёне мегардад, ки дар натиҷаи мўҳлатгузаронӣ ба вуҷуд омадааст. Дар давраи мўҳлатгузаронӣ ҳолате ба вуҷуд омаданаш мумкин аст, ки боиси номумкин гардидани иҷрои ўҳдадорӣ гардад. Барои чунин ҳолат қарздоре, ки мўҳлати иҷрои ўҳдадориро гузаронидааст ҷавобгар мебошад. Агар дар натиҷаи гузаронидани мўҳлат аз ҷониби қарздор иҷрои ўҳдадорӣ барои кредитор манфиаташро гум карда бошад, ў метавонад қабули иҷрои ўҳдадориро рад кунад ва ҷуброни зиёнро талаб намояд (қ. 2 м. 436 КГ).
Мўҳлатгузаронии қарздор мумкин аст, дар натиҷаи амали кредитор ба вуҷуд ояд. Барои ҳамин ҳам то замоне, ки ўҳдадорӣ бо сабаби мўҳлатро гузаронидани кредитор иҷро нагардад қарздор мўҳлатро гузаронида ҳисобида намешавад. Ҳамчун қоида чунин ҳолатҳо ҳангоми иҷрои ўҳдадориҳои тарафайн ба вуҷуд меоянд. Мўҳлатгузаронии кредитор ҳангоми аз иҷрои дахлдори пешниҳоднамудаи қарздор даст кашидани кредитор ё иҷро накардани ўҳдадории мутақобила, ки дар натиҷа қарздор ўҳдадории худро иҷро карда наметавонад ба миён меояд (м. 437 КГ). Кредитор инчунин дар ҳолати даст кашидан аз баргардонидани ҳуҷҷати қарз ё ҳангоми надодани забонхат оид ба тасдиқи иҷрои ўҳдадорӣ аз тарафи қарздор мўҳлати иҷрои ўҳдадориро гузаронида ҳисрб карда мешавад (м. 440 КГ). Кредитори мўҳлати иҷрои ўҳдадориро гузаронвда ўҳдадор аст, ки товони зиёни ба қарздор расонидашударо диҳад. Чунин оқибат он гоҳ ба вуҷуд омаданаш мумкин аст, ки кредитори мўҳлатгузаронанда исбот карда натавонад, ки гузаронидани мўҳлат дар натиҷаи ҳолатҳое ба миён омадааст, ки барои он ҳолат на шахсан ў ва на дигар шахсони ба зиммашон ба амри қонун ё супориши кредитор қабули иҷрои ўҳдадорӣ вогузошташуда масъул намебошанд.
Аз рўи ўҳдадориҳои пулӣ ҳангоми мўҳлатгузаронӣ кредитор фоиз намесупорад.

Дидан карданд: 836

Мавзӯъҳои монанд:

МАФҲУМИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ИНСОН

МОҲИЯТИ ҲУҚУҚҲОИ ИНСОН

ҚОИДАҲОИ УМУМИИ ҲУҚУҚИ МОЛИКИЯТ (Ҳуқуқи гражданӣ)

ИҶРОИ ЎҲДАДОРИҲО (Ҳуқуқи гражданӣ)

ИЛМИ ҲУҚУҚИ ГРАЖДАНӢ (Ҳуқуқи гражданӣ)

ДАВЛАТ ВА ВОҲИДИ МАРЗИЮ МАЪМУРӢ ҲАМЧУН СУБЪЕКТОНИ ҲУҚУҚИ ГРАЖДАНӢ (Ҳуқуқи гражданӣ)

ҒАНИМАТҲОИ ҒАЙРИМОЛУМУЛКӢ ВА ҲИФЗИ ОНҲО (Ҳуқуқи гражданӣ)

БА АМАЛ БАРОВАРДАНИ ҲУҚУҚҲОИ ГРАЖДАНӢ ВА ИҶРОИ ЎҲДАДОРӢ (Ҳуқуқи гражданӣ)

АҲДҲО (Ҳуқуқи гражданӣ)

Мафҳумҳои асосӣ аз фанни ҳуқуқ

Коментари дохил карданд:

Каментарй дохил кард: Juraeva2011@mail.ru
Санаи дохилгардида: 2018-02-02

Агар як нафар шахс ба як нафар шахс Биноро фурухта баьд пинхона хамин биноро дигар шахс кать хариду фуруш карда хуччатхоро барасмият пинхона дароварда шуда бошад шахси чабрдида чи кор карданашон даркор?

Каментарй дохил кард: mustafo@mail.ru
Санаи дохилгардида: 2019-10-11

Ба суд муроҷиат намояд.


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: