|

ИЛМИ ҲУҚУҚИ ГРАЖДАНӢ (Ҳуқуқи гражданӣ)

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2017-10-03

НАҚША:

  1. Илми ҳуқуқи гражданӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои илми хуқуқшиноси
  2. Методҳои тадқиқоти зуҳуроти ҳуқуқи гражданӣ
  3. Алоқамандии илми ҳуқуқи гражданӣ бо дигар соҳаҳои илми ҷамъиятӣ
  4. Рушди илми ҳуқуқи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон

АДАБИЁТ:

  1. Ҳуқуқи гражданӣ қисми II / дар зери тахияи узви вобастаи АУ ҶТ, доктори илми ҳуқуқ, профессор О.У.Усмонов. Душанбе, 2003
  2. Ҳуқуқи гражданӣ қисми II / дар зери тахияи Академики АУ ҶТ, доктори илми ҳуқуқ, профессор М.А.Махмудов. Душанбе, 2007
  3. Гражданское право часть II / под редакции доктора юридических наук, профессора  Е.А.Суханова. МГУ 1994
  4. Гражданское право часть II / под редакции доктора юридических наук, профессора  А.П.Сергеева и д.ю.н., профессора Ю.К.Толстого. ЛГУ 1997

АКТҲОИ НОРМАТИВӣ:

  1. Кодекси граждании ҶТ қисми I.
  2. Маводҳои илмии Донишгоҳи Миллӣ ва факультет
  3. Маҷалаи илмии «Ҳаёти Ҳуқуқӣ»
  4. Қонунгузории электронии «Адлия»

Илми ҳуқуқи гражданӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои илми хуқуқшиноси. Илми ҳуқуқи гражданӣ яке аз илмҳои асосии ҳуқуқшиносӣ ба ҳисоб меравад ва категорияи ҳуқуқи гражданӣ яке аз музаффариятҳои асосии ақидаи ҳуқуқии башар мебошад. Зерс ибораи «ҳуқуқи гражданӣ» ҳанўз аз замони Рими қадим дар ҳуқуқшиносӣ маълум буд. Вай аз калимаи лотинӣ jus civil -»ҳуқуқи гражданӣ» гирифта шудааст. Ҳамон вақт зери ин мафҳум ҳуқуқи шаҳрвандони Рим фаҳмида мешуд. Ҳарчанд, ки мазмуни вай бо тағйир ёфатани ҳаёти иқтисодй, сиёси ва мадании ин ё он сохти ҷамъиятӣ дигаргун шуда бошад ҳам, дар айни ҳол ҳамаи низоми ҳуқуқи ҳозиразамон онро истифода мебаранд.
Илми ҳозираи ҳуқуқи гражданӣ сермаъноии ибораи «ҳуқуки гражданӣ»-ро қайд менамояд, зеро дар зери ибораи «ҳуқуқи гражданӣ» бисёр вақт мафҳумҳои гуногун, вале бо ҳам алоқамандро ифода менамояд».
Пеш аз ҳама, мафҳуми «ҳуқуқи гражданӣ» илм, таълимот оид ба ҳуқуқи гражданиро ифода менамояд. Илми ҳуқуқи гражданӣ аз низоми мунтазами ақидаҳои назариявӣ, гояҳо, хулоса ва муҳокимарониҳо оид ба зуҳуроти ҳуқуқи гражданӣ ва донишҳо нисбати онҳо мебошад. Вале илм аз маҷмўи донишҳои шахшуда иборат нест. Бинобар ҳамин, ба монанди илмҳои дигар, илми ҳуқуқи гражданӣ доимо дар инкишоф буда, рафти тараққиёти ҷамъиятиро ифода менамояд. Барои ҳамин ҳам фақат алоқаи бевоситаи илм бо амалия, ҳаёт метавонад илмро ба воситаи прогресси ҷамъиятй табдил диҳад.
Сониян, дар зери мафҳуми «ҳуқуқи гражданӣ» яке аз соҳаҳои ҳуқуқшиносиро мефаҳманд, яъне низоми меъёрҳои ҳуқуқие, ки муносибатҳои ҷамъиятии намуди муайянро ба танзим медарорад. Ба воситаи меъёрҳои ҳуқуқи гражданӣ муносибатҳои молумулкӣ ва баъзе муносибатҳои ғайримолумулкӣ ба танзим дароварда мешаванд. Иштирокчиёни он, ҳамчун қоида, мустақил ва соҳибихтиёр мебошанд.
Аз категорияи «ҳуқуқи граждани» ҳамчун низоми меъёрҳои ҳуқуқӣ, категорияи қонунгузории гражданӣ бояд фарқ карда шавад. Онҳо бо ҳам алоқаманд, вале ҳаммаъно нестанд. Ибораи «қонунгузории гражданӣ» низоми қонун ва дигар санадҳои расмиро дар бар мегирад, ки дар онҳо меъёрҳои ҳуқуқи гражданӣ мустаҳкам карда мешаванд.
Ибораи «ҳукуқи гражданӣ» фанни таълимӣ, курси ҳуқуқи гражданиро дар бар мегирад, яъне низоми донишҳо, маълумот оид ба зуҳуроти ҳуқуқи гражданӣ.
Аз гуфтаҳои боло маълум мешавад, ки ин мафҳумҳо бо ҳамдигар алоқаманд бошанд ҳам, аммо аз ҳамдигар фарқ менамоянд, зеро инкишофи ҳар яки онҳо ба қонуниятҳои худ итоат менамояд.
Масалан, инкишофи илми ҳуқуқи гражданӣ боиси доимо аз нав ва васеъшавии донишҳо дар бораи предмети он мегардад. Дар баробари ҳамин на ҳамаи хулосаҳои илми ҳуқуқи гражданӣ таҷассуми худро дар қонунгузории он меёбанд. Ба мо маълум аст, ки меъёрҳои ҳуқуқи гражданиро дар як санади расмӣ ҷойгир намудан мумкин нест. Аз ин ҷо низоми санадҳои расамавии сершоха лозим аст. Маҳз барои ҳамин ҳам аниқ муайян намудани сермаъногии ибораи «ҳуқуқи гражданӣ» барои тасаввуроти аниқ пайдо намудан оид ба предмети омўзиши он аҳамияти калон дорад.
Илми ҳуқуқи гражданӣ илми ҷамъиятӣ мебошад. Вай аз низоми донишҳо, назарияҳо, ғояҳое иборат мебошад, ки барои дарк намудани ҳақиқати реалӣ равона карда шудааст, он чи ки вай меомузад, дарк менамояд, эзоҳ медиҳад, предмети он шуда метавонад. Ба қонуниятҳои объективӣ ва тамоили инкишофи ҷамъият такя намуда, муносибатҳои ҷамъиятии ба рафтори шаҳрвандони алоҳида, коллективи онҳо ва инчунин ҳаёти иқтисодии ҷамъият алоқамандро меомўзад.
Дар шароити гузариш ба иқтисоди бозорӣ, барҳамхўрии низоми маъмурии идоракунй ва инкишофи муносибатҳои пулию молӣ нақши эҷодкоронаи ҳуқуқи гражданӣ меафзояд. Барои ҳамин ҳам дар чунин шароит илми ҳукуқи гражданӣ диққати худро барои тадқиқ ва коркарди категория ва мафҳумҳои аҳамияти дурудароздошта равона месозад. Зеро чунин тарзи муносибат барои ҳалли вазифаҳои амалии дигаргунсозии куллии ҷамъият зарур мебошад.
Предмети илми ҳуқуқи гражданӣ, пеш аз ҳама, ҳуқуқи гражданӣ ҳамчун соҳа мебошад. Дар баробари ҳамин, илми ҳуқуқи гражданӣ ба он восита ва усулҳое диққати махсус медиҳад, ки самаранокии танзими муносибатҳои ҷамъиятии дахлдорро таъмин менамояд. Доираи фаъолияти муҳими илми ҳуқуқи гражданӣ, инчунин омўзиши татбиқи амалии санадҳои расамавии амалкунанда, амали онҳо дар доираи вақт, фазо ва нисбати шахсон, инчунин коркарди таклифҳои илман асоснок оид ба такмил додани қонунгузории гражданӣ ва ғайраҳо мебошад.
Низоми илми хуқуқи гражданиро фикру ақидаҳои назариявӣ оид ба предмет, метод, муносибатҳои ҳуқуқӣ, субъектҳо, объектҳо, аҳдҳо, мўҳлатҳо дар ҳуқуки гражданӣ ташкил медиҳанд. Ҷои марказиро дар илми ҳуқуқи гражданӣ таълимот дар бораи моликият, ўҳдадориҳо ва намудҳои алоҳидаи онҳо, ҳуқуқ ба натиҷаи фаъолияти эҷодӣ, муносибатҳои шахсии ғайримолумулкӣ, ҳуқуқи меросӣ ва ғайраҳо ишғол менамояд.
Вазифаи асосии ҳуқуқи гражданӣ дар шароити ҳозира аз он иборат аст, ки тамоми инкишофи ҷамъиятро дуруст дарк намуда, аломатҳои ҳаёти реалиро муайян ва фаҳмад. Аз тарафи дигар бошад, ҳама он чиро ки барои инкишофи низоми нави муносибатҳои бозорӣ мамониат менамояд, бартараф кунад.
Аз ин нигоҳ, тадқиқ ва бо меъёрҳои ҳуқуқи мустаҳкам намудани шаклҳои гуногуни моликият, такмили низоми муносибатҳои шартномавӣ, мустахдам намудани ҳимояи ҳуқуқи молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкии шаҳрвандон, аз як тараф, ва аз тарафи дигар бошад, қатъиян пешгирӣ намудани сўистеъмол аз ҳуқуқҳои гражданӣ, ки дар шакли ҳукмронӣ, ғайриқонунӣ ба даст овардани даромад, риоя накардани низоми шартномавӣ ва гайраҳо ифода меёбад, аҳамияти махсус пайдо менамояд.
Предмети омўзиши ҳуқуқи гражданӣ инчунин қонунгузории граждании давлатҳои хориҷа ҳам мебошад. Ба ин васеъшавии мустақилият ва соҳибихтиёрии ташкилотҳо мусоидат менамояд. Дар баробари ҳамин омўзиши қонунгузории граждании давлатҳои хориҷа, имконият медиҳад ки аз таҷрибаи онҳо оид ба ташкил ва татбиқи низоми муносибатҳои молию пулӣ дар муомилоти дохила истифода барем.
Илми ҳуқуқи гражданӣ таърихи бисёрасраи инкишофро аз сар гузаронидааст. Ақида ва назарияҳои илмии дар таърихи тўлони ифодакардаи мутафаккирони барҷастаи ин соҳаи илми ҳуқуқ дар бисёр мавридҳо асоси инкишофи қонунгузории онро ташкил додаанд. Барои ҳамин ҳам эҷодкорона дарк намудан ва дар хаёт татбиқ намудани мероси бои илми гузаштагон яке аз вазифаҳои илми ҳозираи ҳуқуқи гражданӣ мебошад.
Ҳамин тариқ, илми ҳуқуқи гражданӣ аз низоми донишҳо, назарияҳо, ақидаҳо оид ба танзими ҳуқуқии граждании муносибатҳои ҷамъиятӣ, қонунияти инкишоф ва амалнамоии он, тарзи ноил шудан ба самаранокии он ва воситаҳои гирифтани донишҳои нави зарурӣ оид ба такмили ояндаи ҳуқуқи гражданӣ иборат мебошад.
Методҳои тадқиқоти зуҳуроти ҳуқуқи гражданӣ.Масъалаи методҳои илмию тадқиқотӣ дар марҳилаи ҳозираи инкишофи илм аҳамияти махсусан муҳим пайдо менамояд. Зеро дар шароити прогресси илмӣ - техникй ва мунтазам зиёд шудани шумораи маълумот ба натиҷаи муайяни илмӣ ноил шудан танҳо дар мавриди истифодаи методҳои дахлдори тадқиқотӣ мумкин аст. Гуфтаҳои боло пурра ба илми ҳуқуқи гражданӣ низ тааллуқ доранд. Ҳамагуна тадқиқоти илмӣ на танҳо предмет, балки усул, восита ва тарзи ҳалли ин ё он вазифаи илмиро дар назар дорад. Методи тадқиқоти илмӣ гуфта, он усулҳо ва тарзҳоеро мефаҳманд, ки дар илм барои дарк намудани предмет ва барои ноил шудан ба натиҷаи илми истифода бурда мешавад. Таълимот дар бораи методҳои дарк намудани илмро методология меноманд.
Такмили ояндаи қонунгузорӣ, аз он ҷумла гражданӣ, дар асоси Конститутсияи ҶТ ба назар гирифтани омилҳои гуногуни иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, ташкилӣ, психологӣ ва ғайраҳоро талаб менамояд. Дар баробари ҳамин гузариш ба иқтисоди бозорӣ талаб менамояд, ки ҳуқуқшиноси касбии сифатан навро тайёр намоем. Ҳуқуқшиноси имрўза на танҳо донандаи қонунҳо, балки вай коркуни эҷодӣ, қобилияти мустақилона ҳал намудани масъалаҳои ҳуқуқиро дар асоси маълумотҳои иқтисодӣ ва ҳуқуқ бояд дошта бошад. Барои он ки чунин ҳуқуқшинос ба худсарона ҳал ва тавсия додани масъалаҳо роҳ надиҳад, вай бояд дорои малакаи илмию тадқиқотӣ ва тахлили илмии ҳолати бавуҷудомада бошад. Ҳалли ҳамаи ин масъалаҳои мураккаб фақат дар асоси методологияи дурусти илмӣ мумкин аст.
Муносибат ба зуҳурот ва чараёни тадқиқоти умумиилмӣ ва хусусӣ мешавад. Аз ин ҷо методҳои тадқиқоти дар илми ҳукуқи гражданӣ ба умумиилмӣ (умумиметодологӣ) ва хусусии илмӣ ҷудо мешаванд.
Асоси методологии тадқиқотӣ зуҳуроти ҳуқуқи гражданиро диалектикаи материалистӣ ташкил медиҳад. Вай таълимот дар бораи қонунҳои умумии тараққиёти табиат, ҷамъият ва тафаккур мебошад. Ҳамчун назарияи фалсафаи умумиилмӣ, материализми диалектикӣ дар худ қонуну мафҳумҳои зиёдеро ифода менамояд. Барои тадқиқи зуҳуроти ҳуқуқи гражданӣ мавқеи муҳимро қонунҳои диалектикаи материалистӣ, ба монанди қонуни ягонаи олами моддӣ, алоқамандии предмет ва зуҳуроти моддӣ ишғол менамояд. Ба онҳо такя намуда илми ҳуқуқи гражданӣ ба зуҳуроти олами моддӣ объективӣ, ҳаматарафа ва аз нуқтаи назари таърихи тадқиқ ва муносибат менамояд. Чунин тарзи муносибат, масалан барои омўзиши муносибатҳои молумулкӣ ва шахсии гайримолумулкӣ, меъёрҳои ҳуқуқи ва ғайраҳо муҳим мебошад.
Қонуни универсалии алоқамандии зуҳуротии олами моддӣ дар навбати худ талаб менамояд, ки рафти барқароркунӣ ва тараққиёти объекти тадқиқшуда бо назардошти ҳама мухолифатҳояш пурра ифода карда шавад. Ин дар навбати худ имконият медиҳад, ки нисбати зуҳуроти тадқиқшуда эҷодкорона ва бо назардопгга инкишофи ҷараёни ҷамъият муносибат намоем.
Илми ҳуқуқи гражданӣ дар ҳамин асос таълимот дар бораи назарияи шахсони ҳуқуқӣ, ҳолати ҳуқуқии амволи онҳо, асосҳои бавуҷудоии ўҳдадориҳо ва ғайраҳоро тадқиқ намудааст.
Методи дарки зуҳуроти олами моддӣ талаб менамояд, ки қонунҳои объективии ҳақиқати реалӣ дуруст ифода ва амалӣ гардонида шаванд. Ин ба он асос меёбад, ки аз нуқтаи назарияи илми фалсафа «ҳастӣ шуурро муайян намояд». Аз ин бармеояд, ки тадқиқоти илмии ҳуқуқӣ ба тасаввуротҳои догматикй ва волюнтаристӣ дар бораи ҳақиқат асос наёфта, балки ба муносибатҳои ҷамъиятии ҳақиқие, ки дар ҷамъият вуҷуд доранд, такя менамояд, яъне ба он чи ки имрўз дар ҳаёти ҳаррўзаи мо оид ба дигаргуниҳои куллие, ки дар низоми иқтисодӣ, сиёсӣ, маънавй ва дигар муносибатҳои ҷамъиятӣ ба вуҷуд меоянд.
Илми ҳуқуқи граждани методологияи умумиилмиро асос намуда, алоқаҳои гуногуни ҳуқуқи гражданиро ба ҳаёти ҷамъиятӣ ва таъсири мутақобилаи ин алоқамандиро ба ҳуқуқи гражданӣ хаматарафа ва чуқур меомўзад. Барои ин методҳои гуногуни хусусии тадқиқотиро истифода мебарад, яъне усул ва тарзҳои ҳалли он вазифаҳои илмие, ки ба ин ё он илми конкретӣ ё гурўҳи илмҳо хос мебошад. Вале бояд, қайд намоем, ки ҳамагуна методҳои хусусии тадқиқотӣ дар ҳамон маврид натиҷаи дуруст дода метавонад, ки вай бо риояи талаботҳои асосии методологияи умумифилософӣ татбиқ карда шаванд. Ба сифати методҳои хусусии илмӣ - тадқиқотӣ методи муқоисавӣ, сотсиологӣ, тадқиқоти комплексӣ, тахлили системавӣ ва гайраҳо истифода бурда мешавад.
Методи муқоисавии ҳуқуқшиносӣ дар илми ҳуқуқи гражданӣ васеъ татбиқ карда мешавад. Ин ҳам бошад бо сабаби гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ ва коркарди қонунгузории нав аҳамияти актуалӣ пайдо намуд. Ин метод имконият медиҳад, ки дар КГ ё дигар қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурй дар асоси муқоиса ва баҳодиҳӣ, ин ё он масъала чи хел ва барои чи ҳамин тавр ҳал карда шудааст, муайян карда шавад. Дар асоси омўзиши таҷрибаи танзими ҳуқуқии ин ё он муносибатҳои дар давлатҳои мустақил ва ҷаҳон интихоб ва истифода намудани ҳамаи он чи ки ба тартиботи дохилии кишвар фоида меоварад, ба роҳ монда мешавад.
Барои пешрафти кори илмӣ методӣ тадқиқоти сотсиологӣ аҳамияти калон дорад. Зеро дар асоси истифодабарии он дар илми ҳуқуқи гражданӣ самаранокии татбиқи меъёрҳои ҳуқуқи гражданӣ нисбати ин ё он муносибати ҷамъияти муайян карда мешавад. Тахлили маълумотҳои онро, хусусан дар корҳои граждание, ки мақомоти суд ва суди иқтисодӣ дида мебароянд, инчунин ба назар гирифтани ақидаҳои доираи муайяни шаҳрвандон, кормандон ва дар асоси такмил додани қонунгузории амалкунанда ва дигар масъалаҳои муҳим ба воситаи методи мазкур ба роҳ монда мешавад.
Дар давраи ҳозира бо сабаби фаъолияти суръатноки қонунгузорӣ, нақши методи комплексии тадқиқотӣ меафзояд. Таҳлили комплексӣ аз нуқтаи назари предмет ва методология гузаронида мешавад. Аз нуқтаи назари предмет муносибати комплексӣ на танҳо проблемаи асосӣ, инчунин вазифаҳои ба он алоқамандро низ мавриди тадқиқ қарор медиҳад. Масалан, барои ба натиҷаи ниҳоии фаъолияти соҳибкори ноил шудан на танҳо бояд маҳсулот истеҳсол карда шавад, балки дар сари вақт, хушсифат ва бо риояи дигар шарту шароитҳо ба истеъмолкунанда расонида шавад. Ин чунин маъно дорад, ки барои ноил шудан ба мақсад ниҳои шартномаҳои бо ҳам алоқаманд (ба монанди маҳсулотсупорӣ, амонатнигохдорӣ ва гайраҳо) бояд риоя карда шавад. Аз нуқтаи назари методологӣ бошад, ҳалли ин ё он вазифа аз нуқтаи назари якчанд илм амалӣ гардонида мешавад. Масалан, барои роҳ надодан ба фаъолияти ҳукумронии молистеҳсолкунандагон на танҳо истифодаи қонунгузории гражданӣ, балки қонунгузории дигар соҳаҳои илм, инчунин коркарди илмии чораҳои ташкилй, иқтисодӣ ва техникӣ лозим мебошад.
Тахлили системавӣ низ ба сифати методи хусусии илми ҳуқуқи гражданӣ баромад менамояд. Дар илми ҷамъиятӣ дар зери мафҳуми «система» ташкили таъсиси иҷтимоиро мефаҳманд, ки аз қисмҳои зиёди ба ҳам алоқаманд иборат буда, бо олами беруна дар ягонаги буда, ҳам таъсири мутақобила мерасонанд. Моҳияти методи системавӣ дар таҳлили алоқаҳои дохилӣ ва берунӣ, бевосита ва баръакс, инчунин дар муайян кардани вазифаҳои функсионалии қисмҳои он, ба ҳам мувофиқ намудани амали онҳо ифода меёбад. Чунин тарзи муносибат имконият медиҳад, ки норасоиҳои амалнамоии қонунгузории гражданӣ ва муносибатҳои танзимменамудаи онро муайян намуда, роҳҳои бартараф намудани онҳоро муайян намоем.
Ҳамин тариқ методи умумиилмӣ (умумиметодологӣ) ва методҳои хусусии илмии тадқиқи зуҳуроти ҳукуқи гражданӣ имконият медихад, ки вазифаҳои дар назди илми ҳуқуқи гражданӣ дар шароити ҳозира истодаро дуруст дарк намуда ва барои амалӣ гардидани онҳо дар давраи гузариш ба иқтисоди бозорӣ тамоми усул, восита ва тарзҳои танзимнамоии ҳуққукиро истифода баранд.
Алоқамандии илми ҳуқуқи гражданӣ бо дигар соҳаҳои илми ҷамъиятӣ. Илми ҳуқуқи гражданӣ дар низоми илмҳои ҷамъиятӣ мавқеи муайянро ишгол менамояд. Вай яке аз соҳаҳои асосии ҳуқуқшиносӣ ба ҳисоб меравад. Дар баробари ҳамин ҳуқуқи гражданӣ бо дигар илмҳои ҷамъиятӣ дар алоқамандии зич мебошад. Дигар хел шуданаш ҳам мумкин нест, зеро онро зарурати барпо намудани низоми ҳуқуқии мунтазам ва ғайримухолиф, таъмини моҳиятан якхелаи танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ тақозо менамояд.
Илми ҳуқуқи гражданӣ дар алоқамандии зич бо фалсафа, иқтисодиёт, назарияи ҳуқуқ, таърихи давлату ҳуқуқ, ҳуқуқи мурофиавии гражданӣ, ҳукуқи байналхалқии хусусӣ ва ғайраҳо мебошад. Асоси ҳамагуна илмро ҷаҳонбинии муайян ташкил медиҳад. Барои ҳамин ҳам илми ҳуқуқи гражданӣ чи хеле ки дар боло қайд намудем, ба фалсафаи материалистӣ, ки асоси методологии зуҳуроти ҷамъиятӣ ва методӣ умумиилмии ҳалли вазифаҳои ҳуқуқи мебошад, такя менамояд. Раванди имрўзаи ҳаёти ҷамъиятиро бе инкишофи муносибатҳои иқтисодӣ ва ҳалли масъалаҳои назарияи иқтисодй тасаввур кардан мумкин нест. Барои ҳамин ҳам бе омўзшпи қонунҳои объективии иқтисодиёт ва назарияҳои иқтисодии ҳозиразамон, инкшпофи илми ҳуқуқи гражданӣ ғайриимкон мебошад. Аз ин ҷо ҳуқуқи гражданӣ яке аз ҳамон соҳаҳое мебошад, ки дар алоқамандии зич бо ҳаёти иқтисодии ҷамъиятӣ инкишоф меёбад.
Илми ҳуқуқи гражданӣ бо ҳамаи илмҳои ҳуқуқи алоқаи бевосита дорад, аз ҷумла бо назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ. Илмҳои мазкур барои ҳамаи илмҳои ҳуқуқӣ аҳамияти умуминазариявӣ ва умумиметодологӣ доранд. Барои ҳамин ҳам таълимот дар бораи моҳият ва мафҳуми ҳуқуқ, меъёрҳои ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҳуқуқӣ, маънидодкунӣ ва амали меъёрҳои ҳуқуқӣ, доир ба механизми муносибатҳои ҷамъиятӣ ва гайраҳо, ки аз тарафи назарияи давлат ва ҳуқуқ кор карда баромада шудааст, ибтидоест (асоси) барои илми ҳуқуқи гражданӣ. Аз категорияҳои мазкур истифода бурда, илми ҳуқуқи гражданӣ доираи донишҳоро оид ба предмети худ васеъ менамояд, муносибати худро нисбат ба хусусиятҳои номуайяни танзимнамоии ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ муайян мекунад.
Дар баробари ҳамин дар байни онҳо алоқамандии мутақобила вуҷуд дорад. Мафҳумҳои қобилияти ҳуқукдорӣ ва амалкунӣ, ҳуқуқи моликият, ҷавобгарӣ ва ғайраҳо, ки аз тарафи илми ҳуқуқи гражданӣ то дараҷае пурра коркард шудааст, дар назарияи давлат ва ҳуқуқ инкишоф меёбанд.
Ба маълумоти тадқиқоти илмии таърихи давлат ва ҳуқуқ такя намуда, илми ҳуқуқи гражданӣ имконият пайдо менамояд, ки таҷрибаи амалии ин ё он институти ҳуқуқи гражданиро аз худ намояд ва дар ҳамин асос равияҳои инкишофи ояндаи онро муайян кунад.
Илмҳои соҳавии ҳуқуқ, ки ба шумори онҳо илми ҳуқуқи гражданӣ низ дохил мешавад, танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятии навъи муайян ё гуногуннавъро дар доираи муайяни ҳаёти иҷтимоӣ меомўзанд. Аз ин лиҳоз, ба сифати предмети тадқиқи онҳо соҳаҳои қонунгузорие, ки асосан меъёрҳои як ё як қатор соҳаҳои ҳуқуқиро ифода мекунанд, мансуб мешаванд. Бо назардошти гуфтаҳои боло зарурати муайян кардани робитаи илми ҳуқуқи гражданӣ бо дигар илмҳои соҳавӣ ба миён меояд. Пеш аз ҳама, илми ҳуқуки гражданӣ ба илми ҳуқуқи конститутсионӣ, маъмурӣ, оилавӣ ва мурофиавӣ дар алоқамандии зич ва таъсири мутақобила мебошад. Бо мақсади тадқиқи комплексӣ (мучтамаъ) ва ҳамаҷонибаи танзими ҳуқуқии муносибатҳои «худи» ҳар яке аз ин илмҳо, мафҳум ва категорияҳои ин ё он илмро истифода бурда, он аҳамиятеро, ки онҳо дар илмҳои мазкур доранд, нигоҳ медоранд. Масалан, дар илми ҳуқуқи конститутсионӣ барои мустаҳкамкунии ҳуқуқии асосҳои низоми иқтисодии ҶТ, ҳуқуқи моликият ба он маъно истифода мешаванд, ки дар илми ҳукуқи гражданӣ вай то чи андоза кор карда шудааст. Дар илми ҳуқуқи гражданӣ мафҳуми рўёнидани зарари молумулкӣ ба он маъно истифода мешавад, ки дар илми ҳуқуқи гражданӣ вай яке аз мафҳумҳои асосӣ ба шумор меравад. Ва баръакс, илми ҳуқуқи гражданӣ барои ҳалли масъалаҳои худ мафҳумҳои мусодира, реквизитсияро аз илми ҳуқуқи маъмурӣ бе ягон тагйироти мазмуни истифода мебарад.
Илми ҳукуқи гражданӣ ба илмҳои ҳуқуқи оилавӣ, меҳнатӣ, кишоварзӣ ва ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ ва ғайраҳо низ алоқаманд мебошад. Ин алоқа дар омўзиши муносибатҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкии онҳо ифода меёбад. Барои ҳамин ҳам як қатор мафҳуму категорияҳое, ки дар ин илмҳо истифода бурда мешаванд, барои онҳо умумианд, ба монанди мафҳумҳои ўҳдадорӣ, шартнома, ҷавобгарии молумулкӣ ва гайраҳо. Дар баробари ҳамин мафҳум ва категорияҳои ҳуқуқи гражданӣ дар соҳаҳои номбаршуда аз нуқтаи назари ба худ хос ва бо назардошти хусусияташон дар соҳаи муайяни ҳаёти иҷтимои истифода бурда мешавад.
Дар шароити ҳозира ҳамкории иқтисодии байналмилалии байни давлатҳо инкишоф меёбад. Барои ҳамин ҳам бисёр масъалаҳои муҳими ин соҳаи муносибатҳо аз тарафи илми ҳуқуқи гражданӣ дар асоси хулосаҳои илми ҳуқуқи хусусии байналмилали омўхта мешаванд. Зеро илми ҳуқуқи хусусии байналмилалӣ он муносибатҳоеро танзим мекунад, ки дар онҳо тащкилот ё шаҳрвандони давлатҳои гуногун ширкат мекунанд.
Умуман илми ҳуқуқи гражданӣ ба дастовардҳои дигар соҳаҳои илмҳои ҷамъиятӣ, ба монанди сиёсатшиносӣ, сотсиология, соҳаҳои алоҳидаи илмҳои иқтисодӣ, ҳуқуқи молиявӣ, андоз, соҳибкорӣ ва ғайраҳо низ такя намуда, муносибатҳои молумулкӣ ва шахсии ғаиримолумулкиро ҳаматарафа мавриди тадқиқ ва баррасӣ қарор медиҳад.
Рушди илми ҳуқуқи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон. Инкишофи илми ҳуқуқи гражданӣ дар ҶТ, ба монанди ҳамаи кишварҳои дигар таърихи худро дорад. Вай дар алоқамандӣ бо илми ҳуқуқи граждании Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рущду камол ёфта, дар баробари ҳамин дорои ақидаю ғояҳои назариявии ба худ хос шудааст. Таълимот оид ба инкишофи илми ҳуқуқи гражданӣ дар якҷоягӣ бо қонунгузории гражданӣ марҳила ба марҳила мазмунан бою асоснок гардидааст.
Илми ҳуқуқи граждании Тоҷикистон ҳанўз солҳои 50-ум бо баробари ташкили маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ ба вуҷуд омад. Барои ҳамин нахустин олимони ин соҳа устодони аввалини факултаи ҳуқуқшиносии донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буданд. Дар саргаҳи илми ҳуқуқи гражданӣ олимони сивилист - В.И. Коретский, Е.М. Яковлева ва О.У. Усмонов меистанд. Фаъолияти илмии онҳо асоси тадқиқоти хусусиятҳои хоси ҳуқуқи граждании Тоҷикистонро гузоштаанд.
Баъдан мутахасисони соҳаи ҳуқуқи граждании шўравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, як қатор тадқиқоти муҳими илмӣ гузарониданд, ки он тадқиқот дар оянда асоси кодификатсияи қонунгузории гражданиро ташкил дод. Масъалаҳои низоми ҳуқуки гражданӣ, предмет, метод, ҳуқуқи моликият, ҳукуқи ўҳдадорӣ, ҳуқуқҳои муаллифӣ, ихтироот, мерос мавриди тадқиқи чуқур ва ҳаматарафа қарор гирифтанд. Як силсила рисолаҳои илмӣ ва китобҳои дарсӣ ба табъ расиданд. Ҳамаи ин барои қабули асосҳои қонунгузории граждании ИҶШС ва ҷумҳуриҳои иттифоқӣ, инчунин қабули аввалин КГ ҶТ ва ба амал ҷорӣ намудани он аз 1 январи соли 1965 асос гардид. Тадқиқоти илмии минбаъдаи олимон то дараҷае ба мукаммал гардидани чунин конструксияи ҳуқуқие равона карда шуда буд, ки таъсири планро ба муносибатҳои молию пулии дар кишвари мо бавуҷудомада таъмин менамуд. Дар баробари ҳамин дар ин давра тадқиқоти босуръати қариб ҳамаи институтҳои ҳуқуқи гражданӣ давом кард. Рисолаҳои илмӣ ва китобҳои зиёди дарсӣ ба табъ расиданд. Маънидоди асосҳо ва КГ, инчунин дигар меъёрҳои ҳуқуқӣ давом намуд. Қайд кардан зарур аст, ки аввали солҳои 70-ум ва баъдан илми ҳуқуқи гражданӣ дар ҶТ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гаштааст. Дар инкишофи илми мазкур хизмати як гурўҳ олимони намоёни ин соҳа баръало зоҳир мегардад. Ба ин гурўҳ олимон В.И. Коретский, Е.М. Яковлева, О.У. Усмонов, В.А. Ойгензихт, Ш.Т. Тагойназаров, Ш.М. Менглиев ва дигарон шомиланд. Асарҳои илмии онҳо дар қатори олимони намоёни шўравӣ дар инкишофи илми ҳуқуқи гражданӣ мавқеи сазовор доранд. Дар тадқиқоти онҳо масъалаҳои муносибатҳои ҳуқуқи гражданӣ, ўҳдадориҳо ва ҷавобгарӣ барои иҷро накардани онҳо, ҳуқуқи муаллифӣ ва манзил, назарияи шахсони ҳуқуқӣ, эҳтимолият ва алтернатива дар ҳуқуқи гражданӣ, ирода ва шаклҳои ифодаи он, муносибатҳои шахсии гайримолумулкӣ, хусусиятҳои барқароршавӣ ва инкишофи институтҳои алоҳидаи ҳуқуқи гражданӣ дар Тоҷикистон, ҳимояи ҳуқуқҳои гражданӣ, иҷрои ўҳдадориҳои мутакобила, таъмини ҳуқуқии сифат, таваккал дар ҳуқуқи гражданӣ1 ва ғайраҳо мавриди тадқиқи пурра ва ҳаматарафа қарор гирифтаанд.
Илми ҳуқуқи граждани дар солҳои охир ба марҳилаи нави инкишофи худ оғоз намуд. Гузариш аз иқтисоди планӣ ба иқтисоди бозорӣ гардиши бузург дар инкишофи ғоявии илми ҳуқуқи граждании кишвари мо гардид. Ин ҳолат аз мо талаб менамояд, ки ба консепсияҳои зиёди назариявии дар замони иқтисоди планй бамиёномада таҷдиди назар намоем. Дар ин ҷода низ як қатор тадқиқоти назаррас аз тарафи олимони тоҷик ба анҷом расонида шуд.1  Соҳибихтиёрии ҶТ, қабули қонунҳо ва хусусан қ. 1, 2 КГ ҶТ, ки дар таҳия ва коркарди онҳо олимони тоҷик О.У. Усмонов, Ш.Т. Тағойназаров, Ш.М. Менглиев, М.З. Раҳимов ширкат варзидаанд, заминаи муҳим барои инкшофу таҳаввули илми ҳуқуқи гражданӣ буда, онҳо дар назди илми ҳуқуқи гражданӣ вазифаҳои нав мегузоранд. Гуногуншаклии моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро мустаҳкам намуда, ривоҷи фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкиро кафолат медиҳанд. Ин дар навбати худ талаб менамояд, ки муносибатҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкӣ аз нигоҳи нав тадқиқ ва мавриди омўзиш қарор гиранд. Пас, илми ҳуқуқи гражданиро ҳалли вазифаҳои мураккаб, вале аз нигоҳи назарӣ ва амалӣ ниҳоят муҳим интизор аст.

Дидан карданд: 2828

Мавзӯъҳои монанд:

МАФҲУМИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ИНСОН

МОҲИЯТИ ҲУҚУҚҲОИ ИНСОН

ҚОИДАҲОИ УМУМИИ ҲУҚУҚИ МОЛИКИЯТ (Ҳуқуқи гражданӣ)

ИҶРОИ ЎҲДАДОРИҲО (Ҳуқуқи гражданӣ)

ИЛМИ ҲУҚУҚИ ГРАЖДАНӢ (Ҳуқуқи гражданӣ)

ДАВЛАТ ВА ВОҲИДИ МАРЗИЮ МАЪМУРӢ ҲАМЧУН СУБЪЕКТОНИ ҲУҚУҚИ ГРАЖДАНӢ (Ҳуқуқи гражданӣ)

ҒАНИМАТҲОИ ҒАЙРИМОЛУМУЛКӢ ВА ҲИФЗИ ОНҲО (Ҳуқуқи гражданӣ)

БА АМАЛ БАРОВАРДАНИ ҲУҚУҚҲОИ ГРАЖДАНӢ ВА ИҶРОИ ЎҲДАДОРӢ (Ҳуқуқи гражданӣ)

АҲДҲО (Ҳуқуқи гражданӣ)

Мафҳумҳои асосӣ аз фанни ҳуқуқ

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: