|
youtaj

ҒАНИМАТҲОИ ҒАЙРИМОЛУМУЛКӢ ВА ҲИФЗИ ОНҲО (Ҳуқуқи гражданӣ)

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2017-09-29

МАВЗЎЪ: ҒАНИМАТҲОИ ҒАЙРИМОЛУМУЛКӢ
ВА ҲИФЗИ ОНҲО

ПЛАН:

  1. Мафҳум ва намудҳои ғаниматҳои ғайримолумулкӣ
  2. Ғаниматҳои ғайримолумулкие, ки бехатарии ҷисмонии шахсро таъмин менамоянд
  3. Ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкие, ки ба ташаккули фардии шахс мусоидат мекунанд
  4. Ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкие, ки мухторияти шахсро дар ҷамъият таъмин менамоянд

АДАБИЁТ:

  1. Ҳуқуқи гражданӣ қисми I / дар зери тахияи узви вобастаи АУ ҶТ, доктори илми ҳуқуқ, профессор О.У.Усмонов. Душанбе, 2003
  2. Ҳуқуқи гражданӣ қисми I / дар зери тахияи Академики АУ ҶТ, доктори илми ҳуқуқ, профессор М.А.Махмудов. Душанбе, 2007
  3. Гражданское право часть I / под редакции доктора юридических наук, профессора  Е.А.Суханова. МГУ 1994
  4. Гражданское право часть I / под редакции доктора юридических наук, профессора  А.П.Сергеева и д.ю.н., профессора Ю.К.Толстого. ЛГУ 1997

АКТҲОИ НОРМАТИВӣ:

  1. Кодекси граждании ҶТ қисми I.
  2. Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои ба он вобаста» аз 13 ноябри соли 1998 бо тагироту иловаҳои манбаъда
  3. Қонунгузории электронии «Адлия»

Мафҳум ва намудҳои ғаниматҳои ғайримолумулкӣ. То солҳои охир ба ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкии гражданҳо мувофиқи моҳияти ин ҳуқуқҳо, инчунин ба шахс ва қадру қимати он ба таври зарурӣ диққат дода намешуд.Инсон дорои қобилияти басо тавоност. Аммо ҳар як шахс қобилияти худро пурра ва ҳарҷониба ба амал бароварда наметавонад. Барои иҷрои ин мақсад бояд шароити зарурӣ фароҳам оварда шавад. Маълум аст, ки дар маркази муносибатҳои ҷамъиятӣ инсон меистад. Ин водор мекунад, ки шахсият ва ҳуқуқҳои шахсии онҳо бояд ҳар ҷониба танзим карда шуда, ҳифз карда шаванд. Доир ба ин масъала дар сарчашмаҳо фикрҳои гуногун баён шудааст1 .
Дар КГ ҶТ намудҳои гуногуни ҳуқуқҳои шахсӣ танзими худро ёфтааст. Дар қонун омадааст: ҳаёт, саломатӣ, эътибори шахсӣ, шаъну шараф ва эътибори фаъолият, ном, дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ, сирри маълумотҳои шахсӣ ва оилавӣ, дахлнопазирии манзил ва дигар ҳуқуқҳои шахсӣ танзим мешаванд.
Мутобиқи моддаи 1 КГ ҳуқуқи гражданӣ се намуди муносибатқои ҷамъиятӣ - молумулкӣ ва ғайримолумулкии ба онҳо вобаста буда (м.173 КГ) ва вобаста набударо (м.170 КГ) танзим менамояд.
Таҳлили баъзе меъёрҳои КГ ва дигар санадҳои хуқуқӣ нишон медиҳад, ки муносибатҳои шахсии гайримолумулкӣ, ки ба муносибатҳои молумулкӣ алоқаманд нестанд,2  дар ҳақиқат мазмуни мусбӣ (позитивӣ) доранд ва бинобар ин санадҳои ҳуқуқи гражданӣ ба тартиб медароранд.
Ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкӣ дар асоси баробарӣ, мухторияти хоҳиши ирода ва мустақилияти субъектҳо ба амал бароварда мешавад.
Муносибатҳои шахсии ғайримолумулкие, ки меъёрҳои ҳуқуқи гражданӣ танзим мекунад, якчанд аломатҳои зерини фарқкунанда доранд:1  1. Хусусияти ғайримоддӣ; 2. Барои фардикунонии шахсият равона шудаанд; 3. Дорои объекти махсус мебошад; 4. Хусусияти хоси асосҳои ба вуҷуд омадан ва қать гаштан доранд.
Ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкй арзиши аниқ надоращ (бо пул ва нарх ифода карда намешаванд), барои онҳо хусусияти бемузд хос мебошад.
Яке аз аломатҳоимуҳими ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкӣ - ин нигаронвда шудани онҳо ба фардикунонии шахсият мебошад Ин имконият медиҳад, ки онро аз дигар ҳуқуқҳои умум ҷудо намояд.
Аломати дигари ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкӣ - ин объекти махсуси он мебошад. Худи ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкӣ ва объекти он бо ҳам алоқаманд мебошад, аммо як чиз нестанд. Объекти ҳуқукҳои шахсии ғайримолумулкӣ ҳамчун неъматҳои ғайримоддӣ баромад мекунанд. Дар қонунгузорӣ номгўи баъзе аз ин неъматҳои ғайримоддӣ оварда шудааст: ҳаёт саломатӣ, дахлнопазирии шахс, ном, шаъну шараф, дахлнопазирии маълумотҳои ҳаёти шахсӣ ва оилавӣ ва ғайраҳо.
Дар моддаи 170 КГ муқаррар шудааст, ки неъматҳои ғайримоддӣ ҷудонашаванда ва ба каси дигар дода намешаванд Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳоро фурўхтан, тўҳфа кардан, ба иҷора ва қарз додан ва ғайраҳо имконпазир мебошад.2  Имконияти мувофиқи асосҳои қонунӣ, яъне дар қонун пешбинигардида ба амал баровардан ва ҳифз намудани ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкӣ баъд аз марги шахси онҳоро доробуда, аз ҷонибн шахсони дигар ба он андеша меорад, ки баъзе аз неъматҳои ғайримоддӣ ҷудо аз худи инсон вуҷуд дошта метавонанд.
Аломати дигари ҳуқукдои шахсии ғайримолумулкӣ - ин хусусияти хоси ба вуҷуд омадан ва қатъ гардидани онҳо мебошад. Ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкӣ метавонанд дар натиҷаи ба амал омадани воқеаи муайян ба миён оянд. Масалан, дар вақти таваллуд ҳар як шахс дорои ҳуқуқҳои субъективӣ ба ном ҳаёт, саломатӣ ва ғайраҳо мегардад.
Бештари ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкӣ баъд аз марги шахси онҳоро соҳиббуда қатъ мегарданд. Аммо баъзе аз онҳо баъд аз марги шахси ин ҳуқуқҳоро доро аз ҷониби шахсе, ки ин ҳуқуқҳо ба онҳо мегузаранд, ба амал бароварда мешаванд.
Яке аз масъалаҳои муҳими ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкӣ муайян намудани меъёрҳои таснифи чунин ҳуқуқҳо мебошад. Дар назарияи ҳуқуқи гражданӣ якчанд меъёрҳои таснифи ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкӣ мавҷуданд. То имрўз таснифи ягонаи ҳуқуқҳои шахсии гайримолумулкӣ умумиэътирофшуда дар қонунгузорӣ ва илм мавҷуд нестанд. Ба сифати чунин меъёрҳо мақсад,1  неъматҳои ғайримоддие, ки аз шахсият ҷудонашавандаанд,2  табиати ҳуқуқӣ, тарзҳои ба амал баровардани онҳо ва ғайраҳо мебошанд. Бояд қайд намуд, ки доираи ҳуқуқҳои шахсие, ки ҳуқуқи гражданӣ ба танзим медарорад, васеъ шуда истодааст. Агар ба сифати меъёри таснифи ин ҳуқуқҳо мақсади ба амал баровардани ин ҳуқуқҳоро интихоб намоем, пас онҳоро ба гурўҳҳои зерин ҷудо намудан мумкин аст:
Ба гурўҳи якум ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкие, ки бехатарии ҷисмонии шахсро таъмин менамояд: ҳуқуқ ба ҳаёт, ҳуқуқ ба саломатӣ, ҳуқуқ ба беҳбудии муҳити атроф ва ғайра. Ба гурўҳи дуюм ҳуқуқҳое, ки ба ташаккули фардии шахсият дахл доранд: ҳуқуқ ба ном, ҳуқуқ ба симои шахсӣ ва нуқтаи назар, ақида, ҳуқуқ ба шаъну шараф, эътибори корӣ. Гурўҳи сеюмро ҳуқуқҳое, ки мухторияти шахсро дар ҷомеа таъмин менамояд, ташкил медиҳад: ҳуқуқ ба дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ, ҳуқуқ ба дахлнопазирии мукотибот, гуфтугуи телефони ва ахбори телеграфй, ҳуқуқ ба дахлнопазирии манзил ва ғайраҳо.
Чунин тарзи таснифи ҳуқуқҳои шахсиро тарзи ягона ва то ба охир таҳияшуда шуморидан мумкин нест. Он дар натиҷаи аниқ гардидани мазмун ва табиати баъзе ҳуқуқҳо, аз он ҷумла бо назардошти ба амал омадани ҳуқуқҳои нав мукаммал мегардад.
Таснифи васеи ҳуқуқҳои шахсӣ аз тарафи муаллифони дигар низ пешниҳод шудааст.

Ғаниматҳои ғайримолумулкие, ки бехатарии ҷисмонии шахсро таъмин менамоянд. Муносибатҳои шахсии ғайримолумулкие, ки бехатарии ҷисмонии шахсро таъмин менамоянд дар боби 2-юми Конститутсияи (Сарқонуни) ҶТ,1  Кодекси Граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 1999,2  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи сиҳатии аҳолӣ» аз 15 маи соли 1997,3  аз соли 19944  «Дар бораи додани хун ва ҷузъҳои он» ва ғайраҳо танзим карда шудаанд.
Ҳар як инсон ҳуқуқ ба ҳаёт дорад. Субъекти ҳуқуқ навзоди зиндае мебошад, ки аз батни модар ҷудо мешавад.
Ҳуқуқ ба нигоҳ доштани ҳаёти шахс дар имконияти ҳал намудани масъалаҳо розигӣ додан ё не дар бораи тагийр додани ҷинс, кўчонидани трасплантатсияи ҷузъҳои бадан ва ғайра ифода меёбад. Нигоҳ доштани ҳаёти чунин субъектҳо монанди сустакдон ва беморони рўҳӣ, шахсоне, ки дар вазъи сакта мебошанд, фарзандоне, ки онҳоро ҳайвонҳо дар муҳити табиат тарбия намудаанд, бояд бо хизматрасонии тиббӣ, нигоҳубин ва дигар чорабиниҳои иловагии зарурӣ таъмин карда шаванд.1 
Ҳуқуқ оид ба ихтиёрдории ҳаёт аз имконияти ҳаёти худро дар хатар гузоштан. Масалан, гузаронидани таҷрибаи хавфнок ба инсон, ихтиёрдории саломатӣ, имконияти ҳал намудани масьала дар бораи қатъ гардонидани ҳаёт, рад кардани бурида партофтани бандҳо дар вақти нотобиҳое, ки мумкин аст ба марг оварда расонад.
Барои ҳифзи ҳукуқ ба ҳаёт гражданин ҳуқуқ дорад талаб намоад, ки ҳаракатҳоеро, ки ба вайрон кардани ин ҳуқуқҳо таҳдид мекунанд, бартараф карда шаванд. Агар пайдо шудани касалиҳои табобатнашаванда бо гуноҳи дигар шахсон (масалан, аз беэҳтиётӣ сироят намудани вируси норасоии масунияти инсон (СПИД) дар вақти гузаронидани хун), дар ин ҳолат ҷабрдида метавонад рўёнидани зарари маънавиро талаб намояд.
Мутобиқи Оинномаи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ мафҳуми саломатӣ ҳамчун ҳолати беҳбудии пурраи ҷисмонӣ, рўҳи ва иҷтимоии инсон маънидод шудааст.
Мазмуни мусбии ҳукуқ ба соломатй аз ҳуқуқи мавҷудияти саломатӣ истифода намудан ва ихтиёрдорӣ кардани саломатии инсон иборат мебошад.
Соҳибҳуқуқӣ дар мавриди доштан ва истифода бурдани саломатии худ, воқеан доимӣ ба амал бароварда мешавад, ҳарчанд ки аз нигоҳи ҳуқуқӣ, ноайён мебошад, аммо дар ҳолатҳои махсус ва дигар вақти вайрон кардани саломатӣ он намудор мегардад. Чунончӣ, шаҳрванд имконият дорад, ки барои муолиҷа ба беморхона ва диспансер ва дигар навъи муассисаҳои тиббӣ дар бораи гирифтани ёрии тиббӣ шартнома бандад. Дар вақти дохил шудани шаҳрванд дар муносибат бо муассисаҳои тиббӣ вай (ба расонидани ёрии тиббии зарурӣ, интихоби табиб, маълумот бар бораи ҳолати саломатӣ, гузаронидани машварат ва ғайраҳо) мазмуни ҳуқуқ ба саломатиро аниқ менамояд ва ҳудуди онро аниқ мегардонад. Соҳибҳуқуқӣ оид ба ихтиёрдорӣ намудани саломатӣ дар тасвиби шартномаи донорӣ аён мегардад.
Тарзи хоси барқарор намудани ҳуқуқи вайроншуда ба саломатӣ - рўёнидани ҷуброни зарар мебошад. Зараре, ки ба саломатӣ расонида шудааст, дар шакли ба фоидаи ҷабрдида рўёнидани музди гумкардаи ҷабрдида, хароҷоти иловагӣ, зарари иловагӣ1 ва ғайра рўёнида мешавад.
Ҳолати беҳбудии экологӣ - ин ҳузури ҳаловат барои ҳаёт, саломатӣ ва муайян намудани ҳолати мўътадили ҳар як шахс мебошад.
Ҳуқуқ ба беҳбудии муҳити атроф аз соҳибҳуқуқӣ доир ба истифодабарӣ, тағйир додани муҳити атроф, гирифтани маълумот оид ба ҳолати санитарию эпидемиологӣ иборат мебошад. Соҳибҳуқуқӣ доир ба истифодабарии муҳити атроф имконияти аз ҳавои тоза нафас кашидан, истифода бурдани самара ва боигариҳои заҳролуд нашудаи табиӣ ва аз таъсири овозҳои ба асаб таъсиркунанда, ларзишҳо ва ғайраҳо эмин будан мебошад. Маълум аст, ки ҳузуру ҳаловат бурдан аз муҳити атроф байни одамон гуногун буда, аз синну сол ва дигар омилҳо вобаста мебошад. Кўшишҳо ба беҳ намудани муҳити атроф имконият медиҳад ҳаракатҳое содир карда шаванд, ки ба тоза нигоҳ доштани муҳити зист мусоидат кунанд.
Шаҳрвандон ҳақ доранд ба тариқи судӣ маҳдуд кардан, боздоштан, қатъ гардонидани фаъолияти корхона ва дигар, объектҳоеро талаб кунанд, ки ба муҳлги атроф ва саломатии инсон таъсири манфӣ мерасонанд.

Ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкие, ки ба ташаккули фардии шахс мусоидат мекунанд. Муносибатҳои шахсии ғайримолумулкиеро, ки ба ташаккули фардии шахс мусоидат мекунанд, моддаҳои 20, 174, 176 Кодекси Гражданӣ, модцаҳои 31, 33,134,136 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим медароранд.
Ҳуқуқ ба ном. Дар зери мафҳуми ном ба таври васеъ номи худи шаҳрванд ва насаби ў фаҳмида мешавад.1
Ҳуқуқи додани номро бо ҳуқуқ ба ном якҷоя кардан мумкин нест. Мазмуни ҳуқуқ ба ном соҳибҳуқуқии инсонро оид ба доштан, истифода бурдан ва ихтиёрдорӣ намудани номро ифода мекунад. Соҳибҳуқуқӣ оид ба доштани ном аз он иборат мебошад, ки шаҳрванд номи муайянеро соҳиб мешавад, ки он дар ҳуҷҷатҳои расмӣ (шаҳодатнома дар бораи таваллуд, шаҳодатномаи шахсӣ, шиноснома, дафтарчаи ҳарбӣ, ҳуҷҷатҳо доир ба маълумот ва ғайраҳо) сабт мегардад ва дар мақомоти сабти асноди ҳолатҳои гражданӣ ба қайд гирифта мешавад. Соҳибҳуқуқии истифода бурдани ном он маъноро дорад, ки шаҳрванд имконият дорад аз шахсони сеюм талаб намояд, ки онҳо ўро ба номи дахлдор шиносанд ва ном гиранд. Дар мавридҳои пешбининамудаи қонун гражданин ҳақ дорад номи худро пинҳон намуда, бе ном ё бо тахаллус баромад кунад.
Ихтиёрдорӣ намудани ном дар имконияти тағйир додани он дар васиятнома ва дигар ҳуҷҷатҳо ва ҳолатҳои дар қонун пешбинишуда истифода бурдани он ифодаи худро меёбад. Гражданин мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ҳақ дорад номи худро иваз намояд (қ. 2 м. 20 КГ ҶТ). Иваз намудани ному насаб баъди ба синни 16 - солагӣ расидани гражданин иҷозат дода мешавад ва он мумкин аст, бо сабабҳои узрнок, аз ҷумла хуб талаффуз нашудани ному насаб, хоҳиши ҳамсар барои гирифтани фамилияи умумӣ, агар дар вақти қайди ақди никоҳ ҳар кадом дар насаби тоникохии худ монда бошанд ва ғайраҳо амалӣ гардад. Иваз намудани ном барои қатъ гаштан ва тағйир додани ҳуқуқ ва ўҳдадориҳое, ки бо номи пештараи шаҳрванд вобаста аст мумкин нест. Номи худро дигар кардани гражданин барои қатъ ё тағйири ҳуқуқу ўҳдадориҳои ба номи ў тааллуқдошта асос шуда наметавонад. Тағйир додани фамилия, ном ва номи падар дар мавридҳои қонун манъ карда шуда, иҷозат дода намешавад. Масалан, агар нисбати аризадиҳанда тафтшпоти пешакӣ ва судӣ ҷараён дошта бошад, ё доги судӣ допгга бошад.
Гражданине, ки номи ў ғайриқонунӣ аз ҷониби шахси дигар истифода бурда мешавад, метавонад қатъ гардидани истифодаи номи худро талаб намояд. Шаҳрванде, ки беасос ба ў дар иваз намудани ном рад карда мешавад, ё барои иваз намудани ном маҷбур карда мешавад, ҳуқуқ дорад ин амалҳоро баҳс намояд ва бо мақсади ҳифзи ҳуқуқи худ ба суд муроҷиат намояд. Дар мавриди вайрон кардани ҳуқуқ ба ном мумкин аст, ки шаҳрванд дар бораи нашр кардани раддия оид ба номи вайроншуда оид ба рўёнидани зарари молии расонидашуда ва ҷуброни зарари маънавй талабҳо пешниҳод намоянд (қ. 3 м. 20 КГ).
Мазмуни ҳуқуқ ба симои шахс. Соҳибҳуқуқии мустақилонаи ў, тарзи истифода бурдани симо бо розигии худи шахс, тарзҳои ихтиёрдори намудани он дар ҳадци қонун ва розигии шахс ҳуқуқи аз шахсони дигар талаб намудан барои вайрон накардани дахлнопазирии симо иборат мебошад.
Сохибҳуқуқии мустақилона барои муайян намудани тарзҳои истифода бурдани симои шахс, дар имконияти мувофиқи табъ бе маҷбуркунӣ интихоб намудани тарзҳои истифодабарӣ, нигоҳ доштани он, ва гайра ифода меёбад.
Бо розигии худи шахс тарзҳои тағийр додани симои шахс ба воситаи ороиши мўи сар, грим кардан, ҷарроҳии пластикӣ, протседураҳои косметологӣ, татуировка (вашмкунй) ва ғайра паҳн гардидаанд.
Соҳибҳуқуқӣ оид ба истифода бурдани симои шахс дар имконияти додани розигӣ ё манъ намудани истифодаи он аз ҷониби шахси ҳуқукдор муайян мегардад. Дар навбати худ асари тасвирӣ, ки дар он шахси муайян тасвир ёфтааст танхо бо ризоияти худи ў ва пас аз марги ў бошад, бо розигии фарзандони ў ё ҳамсари дар қайди ҳаёт будааш иҷозат дода мешавад. Аммо розигии шахси тасвирёфта талаб карда намешавад, агар асари сабтшуда ё паҳнгардида ба манфиати давлатӣ ё ҷамъиятӣ эҷод шуда бошад ё ин ки бо розигии тасвиршуда ба ивази музд худро аккосй кунонда бошад.
Дар баъзе ҳолатҳо қонун истифода намудани тасвири гражданҳоро манъ намудааст, Масалан, дар рекламаи нўшокиҳои спиртӣ ва маҳсулоти тамоку истифода бурдани образи шахсони ҷисмонии то 35-сола, ки дар байни ноболиғон шўҳрат доранд ва шахсони то синни 21-сола манъ мебошад.1 
Ҳуқуқ ба овоз. Соҳибҳуқуқӣ оид ба истифода бурдани овози худ, инчунин оид ба ихтиёрдорӣ намудани сабти овоз ва ғайра мебошад. Шаҳрванд метавонад ба истифода бурдани овози худ дар реклама, бо роҳи сабт намудан дар лентаи магнитӣ ва пластика иҷозат диҳад.
Итиёрдорӣ намудани сабти овоз дар имконияти бастани аҳдҳои гуногун оид ба сабти овоз, додани розигӣ дар бораи ба компютерҳо сабт кардани овоз ва ғайра ифодаи худро меёбад. Мумкин аст бо роҳҳои ғайриқонунӣ овоз тағйир дода шавад.
Сабти овози шаҳрванд ё тағйир додани он бе розигии ў манъ аст. Масалан, бо қарори муфаттиш, прокурор ё суд дар вақти гузаронидани амалиёти тафтишотӣ мумкин аст сабти овоз истифода бурда шавад. Аммо шахсони дар амалиёти тафтишотӣ ва судӣ иштирокдошта ва шахсони пурсоншаванда бояд пешакӣ дар бораи мақсади истифодаи сабти овоз огоҳонида шаванд.
Шаҳрванде, ки ҳуқуқаш ба симои шахсӣ ва овози ў ваӣрон карда шудааст, ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки истифодаи симо ва овози ў дар гирифтани тасвираш (аз намоишгоҳҳо, пештахтаҳо, гирифтани ҷузъҳои чопӣ, плакатҳо ва ғайра) гирифтани лавҳаҳо аз филмҳо ва телевизионро талаб намояд. Инчунин талаб намояд, ки додани филмҳо манъ карда шуда, зарари модцӣ ва маънавӣ рўёнда шавад.
Ҳуқуқ ба шаъну шараф ва эътибори корӣ. Ҳифзи шаъну шарафи шахс ҳамчун сифатҳо ва меъёрҳои иҷтимои маънавии шаҳрванд мақбули умум ҳисобида шудааст. Дар зери мафҳуми шараф сифатҳои шахсии шахс, лаёқат, ҷаҳонбинӣ ва ғайраи ў фаҳмида мешавад. Вайрон карда шудани шаъну шарафи шаҳрванд рафтори ғариқонунӣ мебошад.
Агар дар бораи шаҳрванд маълумотҳои бадномкунандаи шаъну шараф ва эътибори корӣ паҳн карда шуда бошанд ва паҳнкунанадаи чунин маълумотҳо исбот карда натавонад, ки онҳо ба ҳақиқати ҳол мувофиқ мебошанд, шаҳрванд ҳуқуқ дорад ҳифз намудани ҳуқуқи худро талаб намояд. Аз ин рў, барои қонеъ гардонидани даъво зарур аст, ки маълумотҳо бояд: а) бадномкунанда бошанд; б) ба ҳақиқати ҳол мувофиқат накунанд; в) паҳн шуда бошанд.
Агар маълумотҳои бадномкунандаи шаъну шараф ва эътибори корй ба воситаи ахбори умум паҳн шуда бошанд, онҳо бояд ба воситаи ҳамон ахбори умум радция чоп ва паҳн кунанд. Агар чунин маълумотҳо дар ҳуҷҷатҳое ҷой дошта бошанд, ки аз ташкилотҳо баромадаанд, чунин ҳуҷҷат бояд иваз ё бозпас гирифта шаванд. Тартиби раддия дар дигар мавридҳо аз ҷониби суд бо назардошти ҳолатҳои мушаххас муқаррар карда мешавад Масалан даъвогар ба таври оммавӣ бахшиш пурсад; маълумотҳои паҳнкардаро дар ҷамъомад (маҷлис) рад кунад, ба корхонае, ки маълумотҳои бадномкунии даъвогар хабар дода шуда будаанд, раддияи хаттӣ равон кунад ва гайраҳо.
Ҳамзамон шаҳрванд ҳуқуқ дорад, ки рўёнидани зарарҳои расонидашуда ва ҷуброни зарари маънавиеро, ки паҳнкунандаи он хабарҳо расонидааст, талаб намояд.

Ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкие, ки мухторияти шахсро дар ҷамъият таъмин менамоянд. Муносибатҳои шахсии ғайримолумулкие, ки мухторияти шахсро дар ҷамъият таъмин менамоянд, бо Конунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 1997 «Дар бораи нотариати давлатӣ»1 , аз 27 декабри соли 1994 «Дар бораи алоқа»,2  аз 23 майи соли 1998 «Дар бораи фаъолияти фаврии ҷустуҷўӣ»,3  аз 27 декабри соли 1994 «Дар бораи табъу нашр»4  ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ ба танзим дароварда мешаванд.
Ҳуқуқ ба ҳаёти шахсӣ. Маълумотҳои ҳаёти шахсиро маълумотҳо дар бораи шахси муайян ташкил медиҳанд, ки онҳо ба фаъолияти касбӣ ё ҷамъиятии он алоқаманд набуда, барои баҳо додани характери ў, симо, саломатӣ, ҳолати моддӣ, тарзи зиндагӣ, баъзе далелҳои тарҷумаи ҳол, инчунин муносибати ў бо хешу таборон, шиносон ва ғайраҳо нигаронида шудаанд. Қонун махфияти табобати тиббӣ; махфияти нотариалӣ; махфияти бонкӣ; махфияти ҳуҷҷатҳои характери хусусидошта; гуфтугўи телефонӣ ва дигар хабарҳоро пешбинӣ менамояд.
Масалан, ҳар як шаҳрванд, ки ба идораи нотариат муроҷиат менамояд, аз он ҷумла шаҳрвандоне, ки дар ҳуҷҷатҳои ба нотариат пешниҳодшуда номи онҳо зикр гардидаанд, ҳуқуқ доранд, ки махфияти муҳофизати нотариалиро талаб намояд. Аммо маълумот дар бораи ҳаракатҳои содиршудаи нотариалӣ бо талаби мақомоти суд, прокуратура, тафтишот вобаста бо мавҷуд будани парвандаҳои ҷиноятӣ ё граждании дар истеҳсолоташон буда, ба онҳо дода мешавад.
Ҳар як шаҳрванд ҳуқуқ дорад ҳифзи махфияти ҳаёти шахсии худро талаб намояд.5
Ҳуқуқ ба махфияти ҳаёти шахсӣ ҳуқуқи бисёрҷабҳа аст.
Дар вақти ошкор намудани маълумотҳое, ки сирри ҳаёти шахсиро ташкил медиҳанд, ҷабрдида ҳуқуқ дорад аз вайронкунандаи он рўёнидани зарари бавуҷуд омада ва ҷуброни зарари маънавиро талаб намояд.
Дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ: дахлнопазирии озодии шахсӣ; дахлнопазирии манзил; дахлнопазирии ҳуҷҷатҳо в ғайраро дар бар мешрад.
Хуқуқ ба дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ маънои имконияти мустақилона ҳал намудани ҳамаи масъалаҳои хаёти шахсӣ ва аз тарафи шахсони дигар дахолат накарданро дар бар мегирад ба ғайр аз ҳолатҳое, ки дар қонун пешбинӣ шудаанд.

Дидан карданд: 835

Мавзӯъҳои монанд:

МАФҲУМИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ИНСОН

МОҲИЯТИ ҲУҚУҚҲОИ ИНСОН

ҚОИДАҲОИ УМУМИИ ҲУҚУҚИ МОЛИКИЯТ (Ҳуқуқи гражданӣ)

ИҶРОИ ЎҲДАДОРИҲО (Ҳуқуқи гражданӣ)

ИЛМИ ҲУҚУҚИ ГРАЖДАНӢ (Ҳуқуқи гражданӣ)

ДАВЛАТ ВА ВОҲИДИ МАРЗИЮ МАЪМУРӢ ҲАМЧУН СУБЪЕКТОНИ ҲУҚУҚИ ГРАЖДАНӢ (Ҳуқуқи гражданӣ)

ҒАНИМАТҲОИ ҒАЙРИМОЛУМУЛКӢ ВА ҲИФЗИ ОНҲО (Ҳуқуқи гражданӣ)

БА АМАЛ БАРОВАРДАНИ ҲУҚУҚҲОИ ГРАЖДАНӢ ВА ИҶРОИ ЎҲДАДОРӢ (Ҳуқуқи гражданӣ)

АҲДҲО (Ҳуқуқи гражданӣ)

Мафҳумҳои асосӣ аз фанни ҳуқуқ

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: