|
youtaj

БА АМАЛ БАРОВАРДАНИ ҲУҚУҚҲОИ ГРАЖДАНӢ ВА ИҶРОИ ЎҲДАДОРӢ (Ҳуқуқи гражданӣ)

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2017-09-29

НАҚША:

  1. Мафҳум ва тарзҳои ба амал баровардани ҳуқуқи гражданӣ ва иҷрои ўҳдадорӣ
  2. Ҳадди амалигардонии ҳуқуқҳои гражданӣ

АДАБИЁТ:

  1. Ҳуқуқи гражданӣ қисми I / дар зери тахияи узви вобастаи АУ ҶТ, доктори илми ҳуқуқ, профессор О.У.Усмонов. Душанбе, 2003
  2. Ҳуқуқи гражданӣ қисми I / дар зери тахияи Академики АУ ҶТ, доктори илми ҳуқуқ, профессор М.А.Махмудов. Душанбе, 2007
  3. Гражданское право часть I / под редакции доктора юридических наук, профессора  Е.А.Суханова. МГУ 1994
  4. Гражданское право часть I / под редакции доктора юридических наук, профессора  А.П.Сергеева и д.ю.н., профессора Ю.К.Толстого. ЛГУ 1997

АКТҲОИ НОРМАТИВӣ:

  1. Кодекси граждании ҶТ қисми I.
  2. Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои ба он вобаста» аз 13 ноябри соли 1998 бо тагироту иловаҳои манбаъда
  3. Қонунгузории электронии «Адлия»

Мафҳум ва тарзҳои ба амал баровардани ҳуқуқи гражданӣ ва иҷрои ўҳдадорӣ. Мувофиқи банди 1 м. 9 КГ шаҳрванд ва шахсони юридикӣ ҳуқуқи гражданиашонро бо салохдиди худ амалӣ менамоянд, аз ҷумла ихтиёрдорй мекунанд, яъне тамоми масъалаҳои марбут ба истифодаи ҳуқуқҳои субъективӣ, аз ҷумла ҳаҷм ва тарзҳои амалигардонии онҳо, даст кашидан аз амалӣ намудани ҳуқуқӣ ба онҳо тааллуқдошта ва ғайраҳоро мувофиқи хоҳиши худ ҳал мекунанд. Масалан, иҷорадиҳандаи хонаи истиқоматӣ баъди ба охир расидани мўҳлати шартнома метавонад иҷорагирро аз хона барорад ё минбаъд дар хона мононад. Мисоли дигар, қарздиҳанда дар шартномаи қарз метавонад аз қарздор иҷрои шартномаро талаб намояд ё аз баҳри қарз гузарад. Аммо дар чунин ҳолатҳо даст кашидани шаҳрванд ва шахсони юридикӣ аз амалигардонии ҳуқуқӣ ба онҳо тааллуқдошта, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонун, боиси қатъи ин ҳуқуқҳо намегардад. Масалан, узви ҷамъияти саҳомие, ки дар корҳои идоракунии ҷамъият иштирок намекунад, бо ҳамин асос аз ҷамъияти номбаршуда хориҷ карда намешавад. Ва баръакс, ворисе, ки баъди кушодани мерос дар муддати 6 моҳ бе сабабҳои узрнок аз хуқуқи меросиаш истифода намебарад, чунин ҳуқуқашро гум мекунад.
Ҳангоми дар бораи ба амалбарории ҳуқуқи гражданӣ сухан рондан набояд ҳолатҳои зерин аз хотир фаромўш шавад. Якум, баъзе ҳуқуқҳои субъективӣ дар як вақт вазифаҳои субъективӣ ҳам мебошанд. Масалан, мувофиқи қонунгузорӣ васӣ натанҳо барои аз номи ноболиғ бастани ахд ҳуқуқ дорад, инчунин вазифадор ҳам мебошад, ки ин амалиётро иҷро намояд, агар инро манфиати шахси дар зери васоят буда талаб намояд. Ҳамин тавр, ба амалбарории баъзе ҳуқуқҳои субъективӣ на танҳо аз ихтиёри шахси ҳуқуқдор, балки аз ҳукми қонунгузор ҳам вобаста мебошад.
Дуюм, бояд қайд намуд, ки дар чунин ҳолат сухан оид ба ҳуқуқи мушаххаси субъективӣ меравад, ки субъект ин ҳуқуқро дорад. Масалан, дар бораи ихтиёрдорй намудани ҳуқуқи субъективие, ки субъект мумкин дар оянда бояд мувофиқи қоидаи б. 3м. 23 КГ ҳал карда шавад: «пурра ё қисман даст кашидани шаҳрванд аз қобилияти ҳуқуқдорӣ ё қобилияти амал ва аҳдҳои дигар, ки ба махдуд сохтани қобилияти ҳуқуқдорӣ ё қобилияти амал равона гардидаанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки чунин аҳдҳоро қонун иҷозат додааст, эътибор надорад»,
Бисёр мавридҳо шаҳрвандон ва шахсони юридикӣ бо рохи баамалбарорӣ нисбат ба ҳукуқи худ ихтиёрдорӣ менамоянд. Дар зери мафҳуми амалигардонии ҳуқуқ ҳуқуқи субъективие, фаҳмида мешавад, ки шаҳрванд ё шахси юридикӣ бо роҳи шартномавӣ ё қонунгузорӣ ба даст овардааст. Ба таври дигар, амалигардонии ҳуқуқи субъективии гражданӣ ба таври воқеӣ аз он озодиҳои юридикие, ки давлат кафолат додааст, истифода бурдан мебошад.
Тарзҳои амалигардонии хуқуқи гражданӣ хеле гуногунанд. Бо ҳамин сабаб унсури марказии (элементи) ҳаргуна ҳуқуқҳои субъективӣ -барои амалӣ гардонидани ҳуқуқи субъективӣ интихоби озодонаи рафтори табъи дили соҳибҳуқуқ мебошад. Бинобар ин ҳуқуқи субъективии гражданӣ, пеш аз ҳама, бо роҳи фаъоли бевоситаи соҳибҳуқуқ амалӣ гардонида мешавад. Масалан, молик метавонад аз амволаш бевосита худаш истифода барад ё ба иҷора диҳад ё фурўшад ва ғ. Дар чунин ҳолатҳо барои қонеъ гардонидани манфиаташ молик ҳуқуқи моликиашро амалӣ мегардонад. Аммо ҳуқуқи амалиёти фаъол бо рафтори тарафи дигар, яъне ўҳдадор вобаста мебошад. Ҳуқуқи субъективии гражданӣ бо ўҳдадории субъективии гражданӣ алоқаманд мебошад.
Ўҳдадории субъективии гражданӣ - рафтори ҳатмии шахси ўҳдадор аст, ки аз рўи талаботи қарздиҳанда барои қонеъ гардонидани манфиати ў содир карда мешавад. Ўҳдадории ҳуқуқи гражданӣ ҳам мисли ҳуқуқи субъективӣ мазмуни гуногун дорад.
Дар муносибатҳои ҳуқуқи комил, масалан, дар муносибати ҳуқуқии моликӣ тамоми шахсони дигар ўҳдадоранд, ки манфиати моликро эҳтиром намоянд, яъне ўҳдадории онҳо характери ғайрифаъол дорад. Ва баръакс дар хуқуқи нисбатӣ бошад, масалан, дар муносибати ҳуқуқии ўҳдадорӣ қарздор вазифадор аст, ки барои қонеъ гардонидани талаби кредитор фаъолона рафтор кунад.
Интихоби тарзи амалигардонии ҳуқуқ натанҳо аз ихтиёри соҳибҳуқуқ вобаста асг, инчунин ба мазмунаш ҳам дахл дорад. Дар навбати худ мазмуни хуқуқи субъективӣ бо таъиноташ вобаста мебошад.

Ҳадди амалигардонии ҳуқуқҳои гражданӣ. Қонунгузорӣ принсипи озодона амалигардонии ҳуқуқи субъективии шаҳрвандон ва шахсони юридикиро сабт намуда, дар баробари ин талаботи муайянеро пешбинӣ менамояд, ки ҳангоми мавриди амал қарор доштани ҳуқуқи субъективӣ бояд риоя карда шавад. Мазмуни ин талабот аз характер ва таъиноти мушаххаси ҳуқуқи субъективӣ вобаста буда, хеле гуногунанд. Баробари ин қонун як қатор талаботро пешбинӣ мекунад, ки ҳангоми амалӣ гардонидани ҳуқуқи субъективӣ ҳамчун принсипи умумӣ ба дастур гирифта мешавад.
Пеш аз ҳама амалӣ гардонидани ҳуқуқи гражданӣ набояд ҳуқуқ ва манфиати қонунии дигаронро вайрон кунад. Ҳангоми амалӣ гардонидани ҳуқуқи субъективӣ (ба истиснои ҳолатҳо ва мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонун) набояд қобилияти ҳуқуқдорӣ ва қобилияти амали дигаро махдуд карда шаванд. Риоя накардани шарту тартиботи бо қонун муқарраргардида махдуд сохтани қобилияти амали шаҳрвандон ё ҳуқуқи ба фаъолияти соҳибкорӣ ё фаъолияти дигар машғул шудани онҳо боиси ҳатто беэътибор донистани асноди мақомоти давлатӣ ё мақомоти дигар мегардад, ки махдудиятҳои дахлдор муқаррар кардааст.
Ҳангоми амалигардонии як қатор ҳуқуқҳои субъективии гражданӣ шаҳрвандон ва шахсони юридикӣ бояд хирадмандона ва аз рўи виҷдон (масалан, ҳангоми бастани аҳдҳои шартӣ - м. 182 КГ; беэътибор донистани аҳдҳои бархилофи асосҳои тартиботи ҳуқуқӣ ва ахлоқ басташуда - м. 194 КГ ва ғ.) рафтор кунанд.
Ғайр аз ин, ҳуқуқи субъективии гражданӣ бояд мувофиқи мақсад ва таъиноташ истифода бурда шавад. Таъиноти ҳуқуқи субъективӣ ё бевосита бо қонуни гражданӣ ё бо шартномаи тарафҳо муайян карда мешавад, ё аз моҳияти худи ҳамон ҳуқуқ бармеояд. Масалан, таъиноти бинои истиқоматӣ зиндагӣ кардан аст, на барои фурўши мол чун мағоза истифода бурдан. Шаҳрвандону шахсони юридикӣ ҳангоми татбиқи ҳуқуқҳояшон бояд софдилона, оқилона ва одилона рафтор карда, талаби қонунӣ, принсипҳои ахлоқии ҷомеа, соҳибкорон, қоидаҳои одоби расмиро риоя намоянд. Ин ўҳдадориҳо набояд аз шартнома хориҷ ё бо шартнома махдуд карда шаванд. Муносибатҳои ҳуқуқи гражданӣ софдилй, дурандешӣ ва адолати амали иштирокчиёнашро дар назар дорад.
Ба амали шаҳрвандон ва шахсони юридикӣ, ки ба расонидани зиён ба шахси дигар, сўиистифода аз ҳуқуқ дар шакли дигар, инчунин хилофи таъинот татбиқ намудани ҳуқуқ равона шудаанд, роҳ дода намешаванд (б. 7 м. 10 КГ).

Дидан карданд: 917

Мавзӯъҳои монанд:

МАФҲУМИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ИНСОН

МОҲИЯТИ ҲУҚУҚҲОИ ИНСОН

ҚОИДАҲОИ УМУМИИ ҲУҚУҚИ МОЛИКИЯТ (Ҳуқуқи гражданӣ)

ИҶРОИ ЎҲДАДОРИҲО (Ҳуқуқи гражданӣ)

ИЛМИ ҲУҚУҚИ ГРАЖДАНӢ (Ҳуқуқи гражданӣ)

ДАВЛАТ ВА ВОҲИДИ МАРЗИЮ МАЪМУРӢ ҲАМЧУН СУБЪЕКТОНИ ҲУҚУҚИ ГРАЖДАНӢ (Ҳуқуқи гражданӣ)

ҒАНИМАТҲОИ ҒАЙРИМОЛУМУЛКӢ ВА ҲИФЗИ ОНҲО (Ҳуқуқи гражданӣ)

БА АМАЛ БАРОВАРДАНИ ҲУҚУҚҲОИ ГРАЖДАНӢ ВА ИҶРОИ ЎҲДАДОРӢ (Ҳуқуқи гражданӣ)

АҲДҲО (Ҳуқуқи гражданӣ)

Мафҳумҳои асосӣ аз фанни ҳуқуқ

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: