|
youtaj

АҲДҲО (Ҳуқуқи гражданӣ)

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2017-09-29

НАҚША:

  1. Мафҳуми аҳд ва хусуситҳои он
  2. Таснифи аҳдҳо
  3. Шартҳои боэътибории аҳдҳо
  4. Аҳдҳои беэътибор: мафҳум, намудҳо ва оқибатҳои ҳуқуқии он

АДАБИЁТ:

  1. Ҳуқуқи гражданӣ қисми I / дар зери тахияи узви вобастаи АУ ҶТ, доктори илми ҳуқуқ, профессор О.У.Усмонов. Душанбе, 2003
  2. Ҳуқуқи гражданӣ қисми I / дар зери тахияи Академики АУ ҶТ, доктори илми ҳуқуқ, профессор М.А.Махмудов. Душанбе, 2007
  3. Гражданское право часть I / под редакции доктора юридических наук, профессора  Е.А.Суханова. МГУ 1994
  4. Гражданское право часть I / под редакции доктора юридических наук, профессора  А.П.Сергеева и д.ю.н., профессора Ю.К.Толстого. ЛГУ 1997

АКТҲОИ НОРМАТИВӢ:

  1. Кодекси граждании ҶТ қисми I.
  2. Қонуни ҶТ «Дар бораи қоғазҳои қиматнок»  аз 28 июни 2011 сол
  3.  Қонуни ҶТ «Дар бораи биржаи молӣ ва савдои биржавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 23 декабри 1991 сол бо тағироту иловаҳои минбаъда
  4. Қонунгузории электронии «Адлия»

Мафҳуми аҳд ва хусуситҳои он. Инсоният ва ташкилотҳо доимо ба ин ё он маводи зарурӣ эхтиёҷ доранд ва кўшиш менамоянд, ки талаботҳои худро қонеъ гардонанд. Асоси ифодаи ирода ва кўшшпи субъектҳоро талаботи иқтисодии онҳо ва имкониятҳояшон муайян мекунанд. Масалан, ташкилотҳо барои пеш бурдани фаъолияти худ, истеҳсол намудани мол, маҳсулот ва барои фурўхтани онҳо ба бастани аҳдҳо эхтиёҷ доранд. Дар натиҷаи содир шудани ахд муносибати гражданӣ ба миён меояд. Қонунгузории гражданӣ оқибатҳоеро, ки дар натиҷаи содир шудани аҳд ба миён меоянд, муайян менамояд. Дар натиҷаи содир намудани аҳд гражданҳо ва ташкилотҳо ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои муайянро ба миён меоранд, тағйир медиҳанд ё қатъ мегардонанд. Ба воситаи аҳдҳо гражданҳо маблақҳо, даромадҳо ва молу мулки худро ихтиёрдорӣ менамоянд. Инчунин барои қонеъ гардонидани талаботи моддӣ, маданӣ ва дигар талаботи ҳаррўзаи худ ба содир намудани аҳдҳо эҳтиёҷ пайдо мекунанд.
Аҳд амали гражданҳо, ташкилотҳо ва дигар субъектҳо буда, ба воситаи иродаи онҳо ба вуҷуд меояд. Бо ин хусусияти худ ахд аз ҳодиса фарқ мекунад. Чунки ҳодиса аз иродаи шахс вобастагӣ надорад.
Моҳияти ахдро ирода ва тарзи ифода намудани иродаи субъектҳо ифода мекунад. Бе ирода ва тарзи ифода намудани он ахд вуҷуд дошта наметавонад. Характери шахс ин маҷмўи рафтори ў буда, бо ягон сабаб, ваҷҳ содир карда шуда, ба мақсади муайян равона карда мешавад.
Ҳар як ахд асоси худро дорад. Асосҳои ба вуҷуд омадани аҳд монанди худи ахд гуногунанд. Асоси ахд бояд амалишаванда бошад. Аҳди бе асос содиршуда беэътибор аст. Аз рўи асос моҳият муайян карда мешавад, яъне аҳд ба кадом мақсад ва барои бавуҷуд овардани кадом оқибати юридикӣ равона карда шудааст.
Хусусияти дигари ахд аз он иборат аст, ки он бо мақсади ба вуҷуд овардани оқибати муайяни юридикӣ равона карда мешавад. Масалан, барои қонеъ гардонидани ягон талабот гражданин ё ташкилот шартномаи кирояи молу мулк мебандад.
Максади тарафҳо - яке аз омили муайянкунандаи кўшиш ва иродаи субъектҳо мебошад. Қобилияти инсон онро водор менамояд, ки дар назди худ мақсадҳои муайянро гузорад, ки характер ва тарзи ҳаракатро муайян намоянд.
Мумкин мақсади субъектҳо гуногун бошад. Аммо мақсаде, ки дар мавриди бастани ахд пиндошта мешавад, бояд ба талаби қонун мувофиқ бошад.1
Аҳд одатан ҳаракати қонунист. Ин ҳаракатест, ки ба талаби қонун набояд зид бошад. Бо ин хусусияти худ аз ҳаракатҳои ҳуқуқвайронкунӣ фарқ мекунад. Доир ба ин масъала дар сарчашмаҳо ақидаҳои гуногун мавҷуданд. Масалан,
И.С. Претерский навишта буд, ки ахд ин ҳаракатест, ки онро қонун роҳ додааст. Ҳаракате, ки оқибати муайян ба вуҷуд оварада ҳам, ба талаботи қонун мухолиф бошад, аз тарафи қонун ҳифз карда нашавад, набояд ахд ҳисобида шавад. Чунин ақида аз тарафи М.М. Агарков низ дастгирӣ ёфт. Аммо пас аз чанд вақт доир ба дуруст будани ин ақида шубҳа пайдо шуд. Ба он сабаб, ки гўё ин ақида ба ибораи дар қонун ҷойдошта (аҳдҳои беэътибор) зид бошад. Ба ақидаи М.М. Агарков аҳдҳои беэътибор танҳо тарзи ифода намудани ирода буда, ахд ҳисоб намеёбанд. Ба ақидаи В.А. Рясенсев таркиби ахдро аз оқибати он фарқ кардан лозим аст. О.А. Красавчиков навишта буд, ки ҳаракати юридикии шахс, ки ба талаби қонун мувофиқ, нест, қатъи назар аз он ки бо ифода ва шакли зоҳирии худ ба ахд монанд аст, ахд дониста намешавад. Ҳоло мутахассисон ба хулосае омадаанд, ки ахд ҳаракати қонунӣ аст. Агар ба чунин ақида розӣ нашавем, ахду паймон доир ба содир кардани ҷиноятро ҳам ахд ҳисобидан лозим мешавад, ки дуруст нест. Ба ин монанд ҳаракатҳо бисёранд.
Аҳдро аз дигар амалиёти қонуние, ки оқибатҳои юридикӣ ба миён меорад, ё ин ки ин гуна оқибатҳо оварда мётавонад, бояд фарқ кард. Масалан, бозёфти моли шахси бегона, ёфтани ганҷина, эҷод намудани асар, ихтироот ва ғайра. Чунин ҳаракатҳо мувофиқи қонун оқибатҳои юридикӣ ба миён меоранд, ки аз иродаи шахс вобаста нест.
Ахд мумкин бевосита оқибатҳои юридики ба вуҷуд оварад ё якҷоя бо дигар фактҳои юридикӣ. Масалан, пас аз бастани созишномаи хариду фурўш ҳуқуқ ва ўҳдадории тарафҳо ба вуҷуд меояд. Барои ба вуҷуд омадани оқибатҳои юридикӣ вуҷуд дошатани васиятнома кифоя нест. Ғайр аз васиятнома, лозим аст, ки мерос кушода шавад.
Хулоса, аҳдҳо метавонанд се навъ оқибатҳои юридикӣ ба вуҷуд оваранд:
а) онҳо асоси ба вуҷуд овардани муносибатҳои гражданӣ, яъне ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои муайян мебошанд. Масалан, гражданин А. шартномаи иҷораи манзил мебандад. Ин сабаби ба вуҷуд омадани ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои иҷораи манзил мешавад;
б) мумкин асоси тағйир ёфтани муносибати тарафҳо шавад. Масалан, мумкин мўҳлати шартномаи иҷора дароз карда шавад ё хаққи иҷора зиёд ё кам карда шавад ва ғайра;
в) мумкин асоси қатъ гардидани муносибатҳо шавад. Масалан, соҳиби хонаи ба иҷорадода мумкин объекти ин шартномаро фурўшад. Дар ин ҳол муносибатҳое, ки аз иҷора ба вуҷуд омада буданд, қатъ мегардад.
Ҳамин тавр, ахд - амали шаҳрвандон ва шахсони юридикӣ мебошад, ки барои ба вуҷуд овардан, тағйир додан ё қатъ гардонидани ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои гражданӣ равона карда шудааст (м. 178 КГ).

Таснифи аҳдҳо. Вобаста аз ин ё он аломатҳо аҳдҳоро ба якчанд намуд ҷудо мекунанд. Дар мавриди муайян намудани таснифи аҳдҳо асосҳои гуногун ба назар гирифта мешаванд. Ҳар як ахд асоси худро дорост. Бинобар он дар вақти муайян намудани таснифи аҳдҳо ба ченакҳои гуногун такя карда мешавад. Ҳамин тавр, вобаста аз иродаи шумораи иштирокчиён аҳдҳо як, ду ва бисёртарафа мешаванд (м. 179 КГ).
Аҳдҳои яктарафа аҳдҳое мебошанд, ки барои ба миён омадани онҳо иродаи як шахс кифоя аст. Масалан, гузоштани васиятнома, қабул намудани мерос ва ғайра. Аммо оқибатҳои ҳуқуқии аҳди яктарафа мумкин аст ба якчанд шахс дахл дошта бошад. Масалан, молу мулке, ки васият карда мешавад, мумкин аст ба якчанд шахс дахл дошта бошад.
Аҳдҳои дутарафа (шартномаҳо) бо амал ва ифода намудани иродаи ду тараф ба миён меоянд. Дар мавриди содир намудани чунин аҳдҳо бояд розигии тарафҳо ба амал ояд. Чунин аҳдҳоро созишнома меноманд. Зеро ахд оқибат, натиҷаи бо ҳам мувофиқ шудани иродаи тарафҳост. Аҳдҳои дутарафа паҳншудатарин намуди аҳдҳост, масалан, созишномаи хариду фурўш. Як тараф мехоҳад моли худро фурўшад, тарафи дигар мехоҳад онро харида гирад.
Ба гурўҳи созишномаҳо аҳдҳои бисёртарафа ҳам дохил мешаванд. Чунин аҳдҳо аз аҳдҳои дутарафа бо он фарқ мекунанд, ки дар аҳдҳои бисёртарафа се ва аз он ҳам зиёд иштирокчиён иштирок мекунанд. Дар чунин аҳдҳо мақсади тарафҳо ба якдигар зид нест, бо вуҷуди он ки ҳар яке аз онҳо иродаи худро мустақилона ифода менамояд. Масалан, созишномаи амалиёти якҷоя оид ба ташкили ширкатҳои оддӣ, созишнома дар бораи таъсиси баъзе шахсони юридикӣ. Иродаи иштирокчиён дар чунин аҳдҳо бо ҳам мувофиқанд.
Вобаста ба гирифтан ё нагирифтан, пайдо кардан ё накардани қаноатмандии мутақобила оид ба супоридани мол, хизмати расонидашуда, кори иҷродашуда аҳдҳо музднок ва бемузд мешаванд. Музднок ё бемузд будани аҳд ба характери ахд вобастагӣ дорад. Музднок ё бемузд будани ахд дар қонун ё бо созиши тарафҳо муайян карда мешавад. Масалан, созипшомаи қарз, созишномаи кирояи молу мулк, созишномаи амонатнигохдорӣ ва ғайра.
Мафҳуми аҳдҳои музднок ва бемузд дар м. 455 КГ пешбинӣ шудааст. Аз рўи меъёри ин модда ахде, ки мутобиқи он як тараф бояд музд гарад, ё барои иҷрои ўҳдадориҳояш пасгардонии дигари мутақобилро гирад, музднок ҳисоб мешавад. Ва баракс, ахде, ки мутобиқи он як тараф ўҳдадор мешавад ба тарафи дигар бе музд ё пасгардонии чизе диҳад, ахди бемузд эътироф карда мешавад.
Вобаста аз лаҳзаи баста шудани ахд аҳдҳо ба консенсуалӣ ва реалӣ (воқеӣ) ҷудо мешаванд.
Аҳдҳои консенсуалӣ (аз калимаи лотинӣ соnsensius-созиш) аз лаҳзаи байни тарафҳо доир ба шартҳои муҳим ва дар шакли пешбинишудаи қонун ба созиш омадани тарафҳо басташуда ҳисобида мешавад. Шартномаҳои хариду фурўш, маҳсулотсупорӣ, ва ғ. ба ин намуди аҳд мисол шуда метавонанд.
Барои аҳди басташуда эътироф кардани аҳди реалӣ (реалӣ аз калимаи лотини геs-ашё) доир ба шартҳои муҳими ахд ба созиш омадани тарафҳо кифоя нест. Ғайр аз ин, зарур аст, ки предмети (объекти) аҳд дода шавад. Масалан, дар шартномаи амонатнигаҳдорӣ то он даме ки ашё ба амонатнигаҳдоранда супорида нашавад, ахд басташуда ҳисоб намеёбад. Ё худ дар шартномаи қарз қарздиҳанда бояд маблағеро, ки доир ба он байни тарафҳо созиш ба амал омада буд, ба қарзгиранда бояд супорад.
Ҳамин тавр, аҳдҳои реалӣ танҳо аз лаҳзаи ба таври реалӣ иҷро шудани предметаш ахди басташуда эътироф карда мешавад.
Вобаста ба он ки барои эътиборнокии ахд асоси ба вуҷуд омадани он аҳамият дорад ё не, аҳдҳо асоснок (каузалӣ) ва аҳдҳои норавшан (абстрактӣ) мешаванд.
Каузалӣ аз калимаи лотинии (саusа - сабаб, асос) гирифта шуда, сабабро ифода менамояд. Абстрактӣ - аз калимаи лотини аbstrаbеге - ҷудо, алоҳида, ҷудокардашуда мебошад.
Аҳдҳое, ки эътибор, яъне иқтидор, статуси юридикии онҳо аз асоси ба вуҷуд омадан ё вуҷуд доштани онҳо вобаста аст, аҳдҳои асоснок (каузалӣ) ном дорад. Одатан аҳдҳо асосноканд. Чи тавр ки дар боло ишора рафт, аҳдҳо бо мақсади муайян равона карда шуда, мувофиқи асосҳои қонунӣ баста мешаванд, масалан, васиятнома. Барои муайян намудани тақдири ояндаи молу мулк, бо мақсади амали гардонидани ҳуқуқи қонунии худ, мувофиқи хоҳиш ва розигии шахс васиятнома гузошта мешавад. Асоснок будани ахд аз мазмуни он муайян карда мешавад. Ғайриқонунӣ ва амалинашаванда будани асоси аҳдҳо ба беэътибории ахд оварда мерасонад. Масалан, бастани созишномаи хариду фурўш бе мақсади супоридани мол ба ҳуқуқи моликиятии харидор сабаби беэътибории чунин ахд мегардад. Дар аҳдҳои абстрактӣ бошад, аз мазмуни аҳд асоси ба вуҷуд омадани он маълум набуда, аз сабаби мувофиқи талабҳои расмӣ, қонунӣ содир карда шудан, қатъи назар аз асоси он, оқибатҳои юридикӣ пайдо мекунад, аҳдҳои абстрактӣ ном доранд. Масалан, вексел.1  Ҳуқуқи талаб намудани маблағе, ки дар вексел нишон дода шудааст, ҳар як шахсе, ки дорандаи вексел аст, ҳуқуқ дорад пешниҳод намояд, қатъи назар аз он ки бо кадом мақсади амиқ дар вақташ вексел ба нигахдорандаи аввал, яъне ба нигахдорандаи якумин дода шуда буд, барои баргардонидани қарз ё барои баробар кардани ҳисоб ба моли харидкардашуда ва гайра. Саркашӣ аз иҷрои ўҳдадории тасдиқнамудаи қоғази қиматнок бо сабаби асос надоштани ўҳдадорӣ ё беэътибор будани он роҳ дода намешавад (м. 161 КГ). Чунин қоида боварӣ ва эътибори тарафҳоро нисбат ба вексел зиёд мекунад ва гардиши онро қавӣ мегардонад.
Дорандаи қоғази қиматнок, ки сохтакории онро ошкор намудааст, ҳақ дорад, аз шахси қоғазро ба ў супурда ба таври дахлдор иҷрои ўҳдадориҳои тасдиқнамудаи қоғази қиматнок ва ҷуброни зиёнро талаб намояд (м. 161 КГ).
Ғайр аз он аҳдҳои одатй, яъне муқаррарӣ, маълум ва шартиро фарқ мекунанд. Дар аҳдҳои одатӣ ҳуқуқ ва ўҳдадории тарафҳо мувофиқи талаб ва мўҳлате, ки дар қонун ё созиши тарафҳо муайян карда шудааст, ба вуҷуд меоянд ва қатъ мегарданд.
Аммо дар баъзе мавридҳо дар вақти бастани ахд аниқ муайян намудани давомияти амали ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои ба миён омада ё имконияти ба вуҷуд омадани онҳо душвор аст. Дар чунин ҳолатҳо ба бастани аҳдҳои шартӣ зарурат ба миён меояд. Аҳдҳои шартӣ гуфта дар сарчашмаҳои юридикӣ чунин аҳдҳоеро меноманд, ки оқибатҳои ба вуҷуд омадан ё қатъ гардидани ҳуқуқ ва ўҳдадориҳо аз чунин аҳдҳо ба ҳолатҳое вобаста карда мешаванд, ки мумкин аст онҳо дар оянда ба вуҷуд оянд (шарти мусбат) ё ба вуҷуд наоянд (шарти манфӣ). Яъне шарт бояд аломатҳои зерин дошта бошад:
1. Чунин шарт пас аз бастани ахд бояд ба миён ояд ё наояд. Агар чунин ҳолат то бастани ахд ё дар мавриди бастани ахд ба миён ояд, чун аҳди шартӣ набояд эътироф карда шавад. Чун факти юридикӣ шарт мумкин аст ҳодиса ё амал бошад, аммо ҳатман ба оянда дахл дошта бошад. Яъне ҳолате бошад, ки ба вуҷуд омадани он маълум набошад.
2. Шарт бояд ногузир набошад. Агар шарт ногузир бошад, сифати шартӣ доштани ахд аз байн меравад. Шарт бояд номаълум бошад ва аз иродаи тарафҳо вобаста набошад. Ба миён меояд ё не. Яъне ҳолате бошад, ки ба вуҷуд омадани он маълум набошад. Агар ҳолате ногузир бошад, номуайянӣ аз байн меравад. Бояд шарти номуайян будани ҳолат вуҷуд дошта бошад. Каме эҳтимолияти ба вуҷуд омадани шарт ҳаст, аммо ногузир нест. Агар ҳолат ба вуҷуд омада бошаду тарафҳо аз он хабар надошта бошанд, ба сифати шарт эътироф карда намешавад. Шарт набояд шарте бошад, ки ба вуҷуд омадани он умуман номуайн бошад. Қатьи назар аз характери далелӣ ё юридикӣ доштан. Масалан, агар имконияти надодани алимент пайдо шавад. Чунин шарт ҳам ба талаби қонун ва ҳам ба маънавият зид аст. Шарт мумкин аст дар шакли мусбат ифода карда шавад, масалан, агар мерос гарифта шавад. Дар шакли манфӣ, масалан, агар фалон шахс хонаи худро нафурўшад, ба кори дигар мегузарад ва ғайра.
3. Аҳдҳои шарти ғайриқонунӣ шуда наметавонанд. Шарте, ки ба талабҳои қонун ва маънавият зид аст, чун шарт ҳисобида намешавад.
Мувофиқи қонун шартҳо ба ду тақсим мешаванд: шартҳои таъхирнок ва бекоркунанда (м. 182 КГ). Агар тарафҳо ба миён омадани ҳуқуқу ўҳдадориро аз шарте вобаста донанд, ки фаро расидан ё нарасидани он маълум нест, ахд бо шарти таъхирнок анҷомдодашуда этироф карда мешавад. Масалан, соҳиби бино бо хоҷагии фермерӣ дар бораи мунтазам бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин намудани он созиш мекунад, агар он дар бино барои кушодани ошхона иҷозатнома гирифта тавонад.
Агар тарафҳо қатъ гардидани ҳуқуқ ва ўҳдадориҳоро ба шарте вобаста карда бошанд, ки фаро расидан ва нарасидани он маълум нест, ахд бо шарти бекоркунанда анҷомёфта эътироф карда мешавад (қ. 2 м. 182 КГ). Масалан, сохдби бино дар бораи биноро ба иҷора додан созиш мекунад ба шарте ки ҳуқуқ ва ўҳдадории тарафҳо қатъ мегардад, агар ба вай дар барои дар ҳамин бино кушодани ошхона иҷозатнома диҳанд.
Дар қонун омадааст, ки агар ба фаро расидани шарт тарафе бевиҷдонона монеъ шуда бошад, ки фаро расидани он ба манфиаташ нест, шарт фарорасида эътироф карда мешавад (қ. 3 м. 182 КГ). Агар ба фаро расидани шарт тарафе бевиҷдонона мусоидат карда бошад, ки фаро расидани он ба манфиаташ аст, шарт фаронарасида эътироф карда мешавад (қ. 3 м. 182 КГ).
Дар баъзе сарчашмаҳо дигар намудҳои аҳдҳои шартиро низ фарқ мекунанд. Масалан, шартҳои тасодуфӣ, ихтиёрӣ ва омехта.
Муносибатҳое, ки аз аҳд ба вуҷуд меоянд, дар доираи мўҳлати муайян амал мекунанд. Баъзан ин мўҳлат хеле кўтоҳ мешавад. Масалан, дар аҳдҳое, ки вақти бастан ва иҷрои он дар як вақт амали гардонида мешавад. Бинобар он аҳдҳои бемуҳлат ва мўҳлатнокро фарқ мекунанд.
Дар аҳдҳои бемўҳлат вақти баста шудан ва қатъ гардидани он муайян карда намешавад. Масалан, шахси муайян аз мағоза китобро харидорӣ кард, арзишашро супорид. Аҳд ба вуҷуд омад ва қатъ гардид.
Одатан дар аҳдҳо вақти ба вуҷуд омадани ҳуқуқ ва ўҳдадории тарафҳо ва қатъ гардидани онҳо муайян карда мешаванд. Баъзан вақти ба вуҷуд омадани ахд муайян карда мешавад, аммо вақти қатъ гардидани он аниқ карда намешавад. Ҳолатҳои дигар ҳам ҷой дошта метавонад. Дар чунин ҳолатҳо оқибатҳои муайяни ҳуқуқӣ ба вуҷуд меоянд. Аз ин сабаб мўҳлат дар ахд аз аҳамият берун нест. Зеро муносибатҳои гражданӣ дар доираи мўҳлатҳои муайян ба миён меоянд ва қатъ мегарданд. Агар дар ахд мўхдат нишон дода нашуда бошад, чунин ахд ба мўҳлати номуайян басташуда ҳисоб мешавад. Мўҳлат дар аҳд мумкин аст бо тарзҳои гуногун, яъне бо 1) нишон додани мўҳлати аниқ, масалан, 10 сентябри соли 2000; 2) ба воситаи нишон додани вақти муайян, масалан, пас аз 10 рўз, пас аз як сол ва ғайра; 3) бо нишон додани ҳодисае, ки бояд ба миён ояд, масалан, аз вақти саршавии киштиронӣ (навигация), пас аз ҷамъ кардани ҳосил ва ғайра.
Аҳдҳои ба боварӣ асосёфтаро (фидусиариро) низ фарқ мекунанд. Фидусиарӣ - аз калимаи лотинӣ гирифта шуда, fiduca -бовариро ифода мекунад.
Дар ҳуқуқи гражданӣ шартномаҳое мавҷуданд, ки бо боварии тарафҳо асос ёфта баста мешаванд, ки тарафҳои созишнома ба якдигар боварии эътимоднок доранд. Масалан, созипшомаи супориш, идора намудани молу мулк, амонатнигоҳдорӣ ва ғайра.
Дар адабиёти юридикӣ чунин ахдро низ фарқ мекунанд. Масалан, аҳдҳои биржавӣ, фючерӣ, бонкӣ, хориҷӣ ва ғайра.

Шартҳои боэътибории аҳдҳо. Аҳдҳо бояд боэътибор бошанд. Дар сарчашмаҳо мафҳуми боэътибории ахд пешниҳод карда шудааст.
Ахд дар асоси шартҳои умумие, ки қонуни гражданӣ онҳоро эътироф кардааст, боэътибор дониста мешавад. Он шартҳо аз инҳо иборатанд:
1. Ба шартҳои гуруҳи якум шартҳое, ки ба иштирокчиёни аҳд, яъне ба худи субъектҳо равона карда шудаанд дохил мешаванд. Одатан ахдро шахсоне, ки дорои қобилияти ҳуқукдорӣ ва амалкунӣ ҳастанд, баста метавонанд. Аҳд аз тарафи субъектҳои муносибатҳои гражданӣ, яъне давлат, шахсони юридикӣ, мақомоти ҳокимият, идораҳои давлатӣ, мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ дар доираи салоҳияти худ, ки бо асноди қонунӣ, низомномаҳо ё санадҳои дигари муайянкунандаи статуси ин мақомот мукаррар гардидааст, метавонанд аз номи худ ё вохддҳои марзию маъмурӣ иштирокчии аҳдҳо шаванд ва бо амали худ дорои ҳуқуқу ўҳдадориҳои гражданӣ гарданд. Ғайр аз мавридҳое, ки мувофиқи қонун ё таъсисдиҳандагони шахсони юридикӣ, ё дар ҳуҷҷатҳои таъсиси шахси юридикӣ, дар ҳолатҳои муайян маҳдудиятҳо пешбинӣ карда шудааст. Илова бар ин барои ба баъзе намуди фаъолиятҳо машгул шудан гирифтани иҷозатномаи махсус (литсензия) зарурат ба миён меояд.
Шаҳрвандон бошад, одатан барои бастани аҳдҳо бояд дорои қобилияти амалкунӣ бошанд. Аз ин қоидаи умумӣ вобаста ба доираи қобилияти амалкунии онҳо якчанд қоидаҳои истисноӣ мавҷуд аст. Масалан, онҳо метавонанд аҳдҳои майдаи маишӣ банданд, мустақилона дар асоси иҷозат ва розигии намояндагони қонунии худ аҳдҳои дигар банданд (м.м. 22, 27, 28, 29 КГ).
Дар мавриди риоя накардани ин қоидаҳои дар қонун пешбинишуда оқибатҳои муайяни ҳуқуқӣ ба миён меояд (м.м. 197, 198, 199, 200,201, 202 КГ).
2. Ба гурўҳи дуюм талабҳое дохил мешаванд, ки ба мазмуни ахд равона шудаанд. Барои он ки ахд боэътибор дониста шавад, ахди содиркардашуда набояд аз тарафи қонун ё дигар асноди ҳуқуқӣ манъ шуда бошад. Мазмуни ҳар як ахди содиршуда набояд ба талаби қонун зид бошад. Бинобар ин ахде, ки хилофи қонун аст, эътибор надорад.
3. Ба гурўҳи сеюм талабҳое дохил мешаванд, ки мувофиқи онҳо дар ахд бояд иродаи тарафҳо ба тарзи ифода намудани иродаи онҳо мувофиқат кунанд. Дар сурати вуҷуд надоштани чунин мувофиқат иллатнок будани ирода ё тарзи ифода намудани он муайян мешавад. Мувофиқи талаби қонун бояд иродаи тарафҳо ва тарзи ифода намудани он озодона, бе дахолат, мувофиқи хоҳиши аслии онҳо ҷараён гирад. Танҳо мавҷуд будани ирода барои бастани аҳд кифоя нест. Зарур аст, ки мазмуни иродаи тарафҳо ба маълумоти шахсони дигар ё тарафи дигар расонида шавад. Лозим аст, ки хоҳиши дохилии шахсони ахдсодиркунанда ба яқдигар маълум карда шаванд. Агар хохиши онҳо маълум карда нашаванд, хоҳиши онҳо ба якдигар номаълум мемонад. Воситаҳое, ки хоҳиши дохилии шахсони ахдсодиркардаро ифода мекунанд, тарзи ифода намудани ирода ҳисобида мешавад.
Дар сарчашмаҳо се тарзи ифода намудани ирода фарқ карда мешавад: а) бевосита ифода намудани ирода. Дар ҳолате, ки тарафҳо бевосита ё ба воситаи телефон, телеграф иродаи худро ба якдигар ифода менамоянд ва дар бораи шартҳои ахд байни худ бевосита ахду паймон мекунанд; б) ифода намудани ирода ба воситаи содир кардани амали муайян. Масалан, гузоштани мол дар пештахтаи дукони молфурўш, навишта мондани нархи мол ва ғайра. Гузоштани мол дар пештахта нишон медиҳад, ки мол ба фурўш гузошта шудааст. Бинобар он дар бораи он ки мол фурўхта мешавад ё не ахду паймон лозим намешавад; в) ифода намудани ирода бо тарзи сукут кардан. Аммо сукут кардан на дар ҳама ҳолат тарзи ифода намудани ирода дониста мешавад, ғайр аз мавриди дар қонун пешбинишуда ва бо воситаи созиши тарафҳо. Агар ирода ва тарзи ифода намудани ирода бо роҳҳои ғайриқонунӣ халалдор карда шавад, ин ба беэътибор донистани ахд оварда мерасонад. Бинобар ин он дар қонуни гражданӣ дар мавридҳои иллатнок ҷараён ёфтани ирода ва тарзи ифода намудани ирода оқибатҳои ҳуқуқӣ ба таври васеъ пешбинӣ карда шудаанд.
4. Ба гурўҳи чорум талабҳое дохил мешаванд, ки ба шакли аҳд тааллуқ доранд. Дар қонуни гражданӣ омадааст, ки ахду паймони тарафҳо дар шакле, ки қонун пешбинӣ намудааст, ифода карда шаванд. Агар шакли ифода намудани ахд риоя карда шавад, дар ҳолатҳои пайдо шудани баҳс байни тарафҳо баҳс бе душворӣ ҳалли қонунии худро меёбад.
Тарзе, ки ба воситаи он иродаи тарафҳо ифодаи худро меёбад, шакли ахд номида мешавад.
Қонуни гражданӣ ду шакли асосии ахдро фарқ мекунад, шакли даҳонӣ ва хаттӣ. Шакли хаттй дар навбати худ ба шакли хаттии оддӣ ва нотариалӣ тақсим мешавад.
Аҳдҳое, ки дар қонун шакли хаттӣ пешбинӣ нашудааст, мумкин аст даҳонӣ баста шавад. Агар дар қонун тартиби дигаре муқаррар нагардида бошад, ахде, ки бо додани жетон, чипта (билет) ё аломати дигари одатан қабулшуда тасдиқи худро ёфтааст, ахди басташуда, яъне анҷомёфта эътироф карда мешавад (қ. 4м. 183 КГ).
Дар қонуни гражданӣ дар кадом мавридҳо ахд дар шакли даҳонӣ (м. 184 КГ), дар кадом ҳолатҳо дар шакли хаттии оддӣ (м. 186 КГ) ва дар кадом ҳолатҳо дар шакли нотариалӣ (м. 188 КГ) баста мешаванд, ба таври аниқ пешбинӣ карда шудааст.
Бинобар он дар мавриди риоя накардани талаби қонун оид ба шакли ахд дар қонун оқибатҳои он низ пешбинӣ шудаанд. Дар қонун созиши тарафҳо мумкин аст талабҳои иловагӣ (масалан, дар бланкаи дорои шакли муайяндошта, ифода намудани иродаи тарафҳо, имзо намудани ахд, чӣ тавр ва дар кадом ҳолатҳо аз тарафи кӣ имзо намудан, тарзҳои имзо намудани аҳд, гузоштани мўҳр, нишон додани таърихи он) ва ғайра пешбинӣ карда шудааст.
Ҳангоми бастани ахд истифодаи акси асли имзо бо ёрии воситаҳои нусхабардории механикӣ ё воситаи дигар, имзои электронию ракамӣ, ё шакли дигари имзои шахси мувофиқи тартиби пешбининамудаи қонун ё созишномаи тарафҳо роҳ дода мешавад.
Агар дар қонун ё созиши тарафҳо тартиби дигаре муқаррар нагардида бошад, мубодилаи мактуб, барқия, телефонограмма, факс ва ҳуҷҷатҳои дигари муайян намудан тарафҳо ва ифода намудани иродаи онҳо ба шакли хаттӣ анҷом ёфтани ахд баробар дониста мешавад (қ. 3 м. 185 КГ).
Агар шахс бо сабаби иллати ҷисмонӣ, беморй ё бесаводй ахдро шахсан имзо гузошта натавонад, бо хоҳиши ў дар ахд аз ҷониби шахси дигар имзо карда мешавад. Аммо имзои ин шахс аз ҷониби нотариус ё мансабдори дигари барои анҷоми чунин амали нотариалй ваколатдошта бо зикри сабабҳояш тасдиқ карда мешавад.
Дар натиҷаи риоя накардани шакли нотариалӣ ё талаботи бақайдгирии давлатӣ (м. 189 КГ) ахд беэътибор даниста мешавад. Бинобар ин шакли дар қонун пешбининамудаи ахд бояд риоя карда шавад.

Аҳдҳои беэътибор ва оқибатҳои он. Аҳдҳои беэътибор гуфта, аҳдҳоеро меноманд, ки натиҷаҳои ҳуқуқие, ки бояд тарафҳо ба он ноил мешуданд, бо сабаби ба талаби қоидаҳои қонун мувофиқ набудани онҳо ба он натиҷаҳои ҳуқуқӣ мувофиқ шуда наметавонанд.
Чи тавре ки дар боло қайд карда шуд, барои беэътибории ахд дар қонун талабҳои муайян пешбинӣ карда шудаанд. Бинобар ин дар мавриди беэътибор донистани аҳд бояд ба таври аниқ муайян карда шавад, ки ахди беэътибор ба кадом қоидаю талаби дар қонун пешбинӣ шуда зид аст ва кадом талаби қонун сарфи назар карда шудааст, ахд тамоман беэътибор аст ё қисман (м. 205 КГ), аз кадом вақт аҳд беэътибор дониста мешавад ва аз кадом вақт амали он қатъ гардонида мешавад. Агар шартҳои асосии ахд ба талаби қонун зид бошад, ахд бояд тамоман беэътибор дониста шавад. Агар ахд ба талабҳое зид бошад, ки имконияти бартараф намудани онҳо мавҷуд аст, зарурати тамоман беэътибор донистани ахд лозим нест.
Ду намуди аҳдҳои беэътиборро қонун фарқ мекунад, аҳдҳои тамоман беэътибор ва аҳдҳои баҳснок (м. 191 КГ)- Ба гурўҳи аввал аҳдҳое, ки аз вақти баста шуданашон беэътиборанд дохил мешаванд. Чунин аҳдҳо новобаста аз он ки барои онҳо ба суд муроҷиат шудааст ё не, беэътиборанд. Ба чунин аҳдҳо дохил мешаванд:
а) аҳдҳое, ки бар хилофи тартиботи ҳуқуқӣ ва ахлоқ баста шудаанд (м. 194 КГ). Дар қонун омадааст, ки ахде, ки ошкоро бар хилофи асосҳои тартиботи ҳуқуқӣ ё ахлоқ баста шудааст, эътибор надорад. Дар сурати нияти ғаразнок доштани ҳар ду тарафи чунин ахд, агар ахдро ҳар ду тараф иҷро карда бошанд, тамоми даромади аз ин аҳд бадастовардаи онҳо ба ҳисоби даромади давлат рўёнида мешавад ва агар ахдро як тараф иҷро карда бошад, аз тарафи дигар тамоми даромад ва амволи гирифтааш ва тамоми амволе, ки он мебоист ба тарафи аввал диҳад, ба фоидаи давлат рўёнида мешавад.
Дар сурати нияти ғаразнок доштани танҳо як тарафи чунин ахд он бояд тамоми даромади аз рўи ахд гирифтаашро ба тарафи дигар баргардонад, аммо даромаде, ки тарафи ғаразнок амал карда гирифтааст, ё бояд мегирифт, ба фоидаи давлат рўёнида шавад.
б) аҳдҳое, ки шахси юридикӣ берун аз қобилияти ҳуқукдориаш бастааст ва ба талаби оиннома ва ё низомномаи он зид аст (м. 198КГ);
в) аҳдҳои рўякӣ ва қалбакӣ, яъне рупўш (м. 195 КГ);
г) аҳдҳое, ки ноболига то синни 14 - сола бастааст (м. 197 КГ);
д) аҳдҳое, ки аз тарафи шахси ғайри қобили амал эътирофгардида баста шудааст (м. 196 КГ) ва ғайра.
Ба гурўҳи дуюм аҳдҳое дохил мешаванд, ки якбора беэътибор дониста нашуда, доир ба беэътибории онҳо байни тарафҳо баҳс ба миён омада, ба суд муроҷиат карда шудааст ва суд бояд дида баромада, қарори дахлдор барорад.
Ба ин гурўҳ аҳдҳои зерин дохил мешаванд, аҳдҳое, ки дар натиҷаи гумроҳӣ баста шудааст (м. 203 КГ); аҳдҳое, ки бо фиреб, зўроварӣ, тахдид, созиши бадқасдонаи намояндаи як тараф бо тарафи дигар ё шароити вазнин баста шудааст ва ғайра.
Оқибати аҳдҳои беэътибор ду хел мешавад: а) ба ҳолати аввала барқарор намудани ҳар ду тараф. Реститутсияи1  дутарафа; б) ба ҳолати аввала барқарор намудани як тараф ва аз тарафи дигар рўёнидани пурраи иҷрои ахд ва амале, ки мебоист иҷро карда шавад. Реститусияи як тарафа.
Боэътибории ахд аз унсурҳои асосии он вобаста аст. Бинобар он намудҳои аҳдҳои беэътибор ба он вобастагӣ дорад, ки кадом аз шохаҳои он иллатнок аст: қобилиятнокии шахсони ахду паймонкунанда,.тарзи ифода намудани иродаи онҳо, мазмуни ахд ё шакли ахд. Вобаста ба он намудҳо ва оқибатхои ҳуқуқии аҳдҳои беэътибор фарқ карда мешавад.

Дидан карданд: 1453

Мавзӯъҳои монанд:

МАФҲУМИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ИНСОН

МОҲИЯТИ ҲУҚУҚҲОИ ИНСОН

ҚОИДАҲОИ УМУМИИ ҲУҚУҚИ МОЛИКИЯТ (Ҳуқуқи гражданӣ)

ИҶРОИ ЎҲДАДОРИҲО (Ҳуқуқи гражданӣ)

ИЛМИ ҲУҚУҚИ ГРАЖДАНӢ (Ҳуқуқи гражданӣ)

ДАВЛАТ ВА ВОҲИДИ МАРЗИЮ МАЪМУРӢ ҲАМЧУН СУБЪЕКТОНИ ҲУҚУҚИ ГРАЖДАНӢ (Ҳуқуқи гражданӣ)

ҒАНИМАТҲОИ ҒАЙРИМОЛУМУЛКӢ ВА ҲИФЗИ ОНҲО (Ҳуқуқи гражданӣ)

БА АМАЛ БАРОВАРДАНИ ҲУҚУҚҲОИ ГРАЖДАНӢ ВА ИҶРОИ ЎҲДАДОРӢ (Ҳуқуқи гражданӣ)

АҲДҲО (Ҳуқуқи гражданӣ)

Мафҳумҳои асосӣ аз фанни ҳуқуқ

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: