|

Кор бо объекти базаи маълумот: дархостҳо. Дархости интихобӣ

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Алишер Фозилов

Санаи дохилгардида: 2017-09-05

Фарз менамоем, ки дар ташкилоти бузург базаи маълумоти калонхачми «Кадры» мавчуд аст, ки маълумоти пурра оиди хар як коргарро дар бар мегирад. Ба гайр  аз информатсияи формали база инчунин информатсияи махфиро дорад, масалан, маълумот оиди музди кор. Хар як информатсия дар чадвалхои базави нигох дошта мешавад.
Бо базаи «Кадры» кисматхои гуногуни ташкилот   метавонанд кор кунанд ва ба хамаи онхо маълумоти гуногун лозим аст. На хамаи он маълумоте, ки барои умури бехатари донистан шарт аст он  набояд ба  сардухтур дастрас боша два баръакс. Барои хамин дастрас будани  чадвалхои базавиро барои истифодабарандагон махкам мекунанд.
Барои дастрасии маълумот воситаи дигари кулай ва чандир мавчуд аст, ки он архостхо мебошанд. Барои хамон як чадвал метавонем шумораи зиёди дархостхои гуногунр тартиб дихем, ких ар яки онхо метавонанд аз чадвал танхо кисми ками инфороматсияе, ки дар айни замон лозим аст гиранд. Дар коркуни мухосибот бояд дархосте бошад, ки он дар як сол чанд руз аз хисоби бемори набудани ин ё он коргарро  муайян  менамояд, лекин у набояд дархосте дошта бошад, ки он шахс чигуна бемор шуд, дар кучо табобат намудааст ва дар сардухтур чунин дархост бояд бошад.
Дар натичаи кори дархост аз базаи ибтидои чадвали натичави тартиб дода мешавад, ки кисми информатсияе, ки ба дархост мутобикат менамояд, дар бар мегирад.
Хусусияти мухими дархостхо он аст, ки хангоми сохтани чадвали натичави  метавонем на танхо информатсияро аз база интихоб намоем, инчунин онро коркард кунем. Хангоми кори дархост маълумотхоро метавонем ба тартиб орем (сортировка), филтр намоем, муттахид созем, чудо намоем, тагйир дихем ва ба хар хол дар чадвалхои базави метавонад ягон тагйирот ба вучуд наояд.
Натичаи коркард метавонад на танхо дар таркиби чадвали натичашаванда маълум шаванд, у метавонад хислати муваккати дошта бошанд, ва баъзан онро акси фаври низ меноманд.
Ва боз яке аз хусусияти пурарзиши дархостхо  ин кобилияти ичро намудани хисоббарории чамъбастии онхо мебошад. Дархост метавонад на танхо чадвали натичашавандаро барорад, балки инчунин, масалан киммати миёна (калонтарин, хурдтарин, сумма ва г.)-ро дар ягон майдон ёбад.
Истифодабарандаи нави базаи маълумотро аксар вақт дар ҷадвалхо набудани имконияти байни кайдхо гузоштани кайди нав ба тааҷҷуб меорад.  Қайдҳо танҳо ба охири база ҳамроҳ карда мешаванд. Ба саволи барои чӣ чунин аст, ҷавоб оддӣ аст: барои он, ки ба тартиб даровардани чадвалҳо эҳтиёҷ нест.барои он дархостҳо вуҷуд доранд. Муҳим нест, ки ба чадвал ин ё он қайд таҳти рақами чанд дохил карда шудааст. Агар онҳоро дар    тартиби муайян дидан хоҳем, он гоҳ бояд дархост тартиб диҳем, ки кайдхоро аз рўи нишонаи додашуда гурўҳбандӣ менамояд.
Дархостҳои интихобӣ(на выборку)
Намудҳои гуногуни дархостҳо вучуд доранд, аммо аз ҳама соддатарини онҳо, ки бисёртар истифода мешавад- ин дархости интихобӣ мебошад.
Мақсади дархости интихобӣ ин сохтани ҷадвали натиҷавие, ки дар он танҳо маълумоти лозима аз ҷадвал, ки ба шарти дархост мувофиқат менамояд бароварда мешавад.
Монанди дигар обеъктхои Access, дархостро низ ба таври автоматӣ  ьо воситаи Мастер ё дастӣ  сохтан мумкин аст. Ва одатан дар этапи омўзиш беҳтараш аз мастер истифода набурда ба таври дасти созем.
Барои сохтани дархост ба базаи маълумот  забони махсуси дархостҳо мавҷуд аст. Он SQL(Structured Query Language — структурированный язык запросов) номида мешавад. Хурсандиовар аст, ки онҳое, ки СИБМ Access-ро истифода мебаранд метавонанд аз он истифода набаранд. Ба ҷои он  дар Access воситаи соддатарин мавҷуд аст, ки бланкаи дархост аз рўи намуна  ном дорад. Бо ёрии он метавонем дархостро бо услубҳои содда таъсис диҳем, элементҳои дархостро байни оинаҳо ҷойивазнамоем.
Интихоби ҷадвалҳои базави барои дархост
Сохтани дархост ба база аз кушодани қисми «Запросы» оинаи диалогии Базаи маълумот ва пахш намудани тугмаи «Создать» оғоз мешавад.
Дар оинаи диалогии кушодашавандаи «Дархости нав» реҷаи сохтан ба таври дастӣ «Конструктор»-ро интихоб менамоем.
Сохтани дархост дар реҷаи Конструктор аз интихоби он ҷадвалҳое, ки ба онҳо дархост асос меёбад оғоз мешавад.
Интихоби ҷадвалро дар оинаи диалогии «Добавление таблицы» иҷро менамоянд. Дар он ҳамаи ҷадвалҳои дар база буда инъикос мешаванд.
Ҷадвалҳои интихобшударо бо пахш намдудани тугмаи «Добавить» ба қисми болоии бланки дархост мегузаронанд.
Дар оинаи «Добавление таблицы» ба мавҷудияти се қисм аҳамият диҳед: Ҷадвалҳо, дархостҳо,  ҷадвалҳо ва дархостҳо. Онҳо шаҳодати онро медиҳанд, ки дархост метавонад на танҳо ба ҷадвалҳо асос меёбанд. Агар пештар дархост сохта шуда бошад, он гоҳ дархости навро метавонем ба он асос гардонем.
Пур намудани бланкаи дархост аз рўи намуна
Бланкаи дархост аз рўи намуна- воситаи хуб ва қулай барои сохтани дархост мебошад. Бланкаи дархост аз рўи натиҷа аз ду қисм иборат аст. Дар  қисми болоӣ сохтори рўйхати он ҷадвалҳое, ки ба он дархост асос ёфтааст оварда мешавад.
Сатри қисми поёнӣ сохтори дархостро муайян менамояд, яъне сохтори ҷадвали натичавиро, ки дар он маълумотҳои дар натиҷаи дархост гирифташавандаро нишон медиҳанд.
Сатри Майдон «Поле» бо воситаи кашидани майдонҳо аз ҷадвалҳои дар қисми болои бланк буда пур менамоянд. Ба ҳар як майдони ҷадвали ояндаи натиҷавӣ як сутуни бланкаи дархост аз рўи намуна  мувофиқат мекунад.
Сатри Номи ҷадвал «Имя таблицы» ба таври автоматӣ  ҳангоми ҷойивазнамоии майдон пур карда мешавад.
Агар дар сатри Сортировка пахш намоем, тугмаи рўйхати кушодашаванда пайдо мешавад, ки он намудҳои сортировкаро дорад. Агар дар ягон майдон сортировка гузорем, маълумоти ҷадвали натиҷавӣ дар ин майдон сортировка карда мешаванд.
Ҳолатҳое мешаванд, ки майдон бояд дар қисми бланкаи дархост аз рўи намуна бошад, аммо набояд дар ҷадвали натиҷавӣ инъикос шаванд. Дар ин ҳолат метавонем баромадани онро ба экран манъ намоем бо воситаи нишонаи мувофиқро катъ намудан(сбросив соответствующий флажок).
Аз ҳама сатри аҷоиб дар бланки дархост аз рўи намуна  «Условие отбора» ном дорад.  Айнан дар ҳамин ҷо он меъёре, ки аз рўи он қайдҳоро барои ба ҷадвал  дохил намудан  лозим, мавҷуд аст.  Ба ҳар як майдон метавонем шарти ҷудонамоии худро пешниҳод намоем.
Ба кор андохтани дархост бо воситаи пахш намудани тугмаи Вид иҷро менамоянд. Ҳангоми ба корандозӣ ҷадвали натиҷавӣ ҳосил мешавад.
Барои баромадан аз ҷадвали натиҷавӣ ва ба сохтани дархост баргаштан  бояд бори дигар тугмаи Вид- ро пахш намоем.
Барои чӣ нишонаи «Вывод на экран» лозим аст?
Саволи қонуние ба миён меояд, ки барои чӣ ин нишона лозим аст? Агар дар таркиби майдон бударо ба экран набаровардан лозим бошад,  он гоҳ беҳтараш онро ба майдони бланк ҳамроҳ накунем?

Ҳолате, ки иштироки майдон дар бланк зарур аст, одатан бо истифодаи ин майдон барои сортировка лозим аст. Лекин агар дар ин ҳолат маълумот оиди ин майдон махфӣ бошад, майдонро пингҳон менамоянд.

Дидан карданд: 1625

Мавзӯъҳои монанд:

Мафхуми умумии SQL, типи маълумот ва воситахои муайянкардани доменхо. Таърихи кутохи SQL

Ҳисоботҳо

Сохтан ва таҳрири майдонҳои алоқаманд

Сохтани навиштаҷот

Формаҳо ва сохтори онҳо. Кор бо формаҳо

Кор бо дархостҳо. Дархостҳои ҷамъбастӣ

Кор бо дархостҳо. Ҳисоббарорӣ дар дархостҳо

Кор бо дархостҳо. Дархост бо параметрҳо.

Кор бо объекти базаи маълумот: дархостҳо. Дархости интихобӣ

Мафҳуми «робита» дар СИБМ Соз кардани робитаи байни ҷадвалҳо.

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: