|

МУНДАРИҶАИ ФАННИ ТЕХНОЛОГИЯИ КОМПУТЕРӢ

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2017-05-12

Нақша:

  • Мақсади омӯхтани фанни технологияи компютерӣ.
  • Вазифаи омузиши технологияи компютерӣ.
  • Нақши информатсия дар технология.

Мақсад ва вазифаи фан - ин омухтани методҳои истифода бурдани технологияҳои информатсионии ҳозиразамон дар ҳамаи соҳаҳои фаолияти инсон мебошад. Вазифаи омузиши технологияи компютерӣ:
1.Истифода бурдани равандҳои информасионнӣ;
2.Истифода бурдани технологияҳои навтарин дар асоси КФ ва шабакаҳои компютерӣ;
3.Истифодаи борномаҳои амалӣ барои ҳалли масъалаҳои касбӣ (иқтисодӣ).
Дар солҳои охир суръати бадаст овардани навигариҳо ва информатсия дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ҳаёти ҷамъияти мо хеле баланд шуда истодааст. Барои ба даст овардани натиҷаҳои баланд дар иқтисодиёт ва дар системаи иқтисодии байналхалқи ҷои худро ишғол кардан аз истифода бурдани технологияи информатсии дар ҳама соҳаҳои фаъолияти инсон вобастагии калон дорад.
Асоси назариявии коркарди информатсия ба пайдошавии илми нав «Информатсиология» - илме, ки дар бораи натиҷаи ва системаи он ва дар асоси протсесси информатсияҳои ягонаро меомузад. Пеш аз ин исбот шуда буд, ки информатсия на танҳо предмети омузиш ба монанди категорияи истеҳсоли бо қувва, вазн, фазо ва вақт чен карда мешавад, информатсия низ ченаки худро дорад.
Асоси ин фанро истифодабарии МЭҲ-ҳои фарди ташкил медиҳад. Яке аз роҳҳои муҳими иҷро кардани идоракунии хоҷагии халқ ин модели иқтисодӣ - математикӣ ва хусусияти техникӣ дар проссеси техникӣ ба ҳисоб меравад. Дар замони ҳозира дар системаи идоракуни МЭҲ - ро васеъ истифода мебаранд. Ягон системаи идоракуние нест, ки МЭҲ ё дигар воситаҳои техникиро истифода набарад. Идоракунии автоматӣ дар ҳамаи хоҷагии халқ ва дар аппарати идоракунӣ зарур аст. Бинобар ин автоматикунонии идораҳо, ташкилоҳо на танҳо кори онҳоро осон мегардонад, балки зарур аст.
Информатсия дар соҳаҳои протсесси идоракунии иқтисодиёт пеш аз ҳама барои баланд бардоштани қувваи истеҳсолии коргарон ва паст кардани арзиши истеҳсоли ва инчунин баланд бардоштани квалификатсияи мутахасисони соҳа пешбинӣ карда мешавад.
Дар доираи истифодабарии технологияи информатсионӣ хеле бо иқтисодиёт ва аспектҳои гуногуни он ва хизматрасонии вобастагӣ дорад. Инчунин истифодабарии онҳо аз хизматрасонии осон cap карда то ба системаи анализ (таҳлил) ва вазифаҳои аз ҳама муҳимро дар бар мегирад.
Ҳамаи инҳо дар якчоягӣ ба фирмаҳо, ташкилотҳо, муассисаҳо ва мутахасисон имконият медиҳад, ки он информатсияи даркориро сари вакт пурра бо сурати тез гирифта, фаъолияти худро боз хубтар ва тезтар барқарор созанд. Протсесси информатсионӣ чун қувваи фаъоли иқтисодиёт бо объекти хочагидорӣ алокаманд мебошад. Яъне проссеси информатсияи барои самаранок истифода бурдани захираҳои меҳнати ва ашёҳои хом саҳми худро мегузоранд. Миқдори информатсияҳои зам шуда дар муддати ҳар панҷ сол дучанд мегардад. Ин ҳам ба доираи иқтисодӣ ва ҳам ба доираи иҷтимои таъсир мерасонад. Сифати нави хизматрасонӣ, яъне протсесси информатсионӣ ба васеъ истифода бурдани КФ-и хозиразамон ва телекомуникатсия сахт алокаманд мебошад. Вобаста ба ин ҷамъият якҷоя бо давлат бояд як катор масъалаҳои информатсиониро васеъ ҳал намояд.
Фанни технологияи компютерӣ ҳамчун фанни мустақил пас аз пайдоиши компютер дар охири солҳои 40-уми асри гузашта ба фаъолият шурӯъ намуд. Бо мафҳуми компютер аллакай мо шинос ҳастем, ки мақсади ибтидоии сохтани он ин гузаронидани ҳисобкуниҳо буд. Дар замони имрӯза соҳаеро ёфтан мушки ласт, ки дар он компютер татбиқи худро наёфта бошад.
Яке аз мафҳумҳои асосии ин фан мафҳуми ахборот (информатсия) мебошад. Ҳар як объект дар табиат нисбати худ ахбороти муайянеро дорад, ки дар асоси он мо объектро дарк менамоем. Инсон ҳама вақт бо ахборот сару кор дорад, ӯ онро дар тамоми фаъолияти ҳаёташ ҷамъ менамояд, дар ҳолати зарурӣ онро коркард намуда аз натиҷаҳои коркард истифода мебарад. Ахборотро ҳамчун ҷамъи донишҳо низ фаҳмидан мумкин аст. Инсон онро дар мағзи сари худ нигоҳ медорад ва бо ёрии майнааш коркард менамояд. 
Мафҳуми ахборот таърифи аниқ надорад. Ин термин аз калимаи лотинӣ гирифта шуда, онро ҳамчун фаҳмондадиҳи, нақлкунӣ, хабардоштан тарҷума намудан мумкин аст. Таърифи аз ҳама васеъи ахборот дар фалсафа оварда шудааст, ки онро ҳамчун инъикоси олами реалӣ (моро иҳотакунанда) мефаҳманд. Таърифи нисбатан кутоҳ ва мукаммали  ахборот дар техника оварда шудааст, ки ин мафҳумро ҳамчун маълумот мефаҳманд, ки (хабар) вай объекти нигоҳдорӣ, коркард ва табдилдиҳӣ мебошад. Ба мафҳуми ахборот мафҳумҳои сигнал (бонг), хабар ва маълумот (данние) зич алоқаманд мебошанд.
Сигнал – ин проссеси барандаи ахборот мебошад.
Хабар  (сведение) – ин ахборотест, ки ба шакли муайян оварда шудааст ва барои интиқол муайян карда шудааст.
Маълумот  (данние) – ин ахборотест, ки ба шакли муайяни формалӣ дароварда шуда барои коркард бо ёрии таҷҳизотҳои техникӣ  (масалан компютер) пешниҳод карда мешавад.
Чи  хеле, ки дар боло қайд карда шуд ахборот калимаи сермаъно мебошад. Яке аз мафҳумҳои фанн, ки роли калонро мебозад, ин мафҳуми техникаи итилоотӣ мебошад вай заминаи материалии технологияҳои иттилоотӣ мебошад.
Инсон ҳама вақт кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки таҷҳизотҳои гуногуни техникиро сохта, як қисми вазифаҳои худро ба дӯши онҳо гузорад. То пайдошавии  таҷҳихотҳои техникӣ ин асосан давраи ғун кунии ахборот буд. Инсон қисми ночизи онро коркард мекарду халос ва ба сифати техникаи информатсионӣ ручка, рангдон ва қоғаз баромад менамуданд. Дар солҳои 70 – уми асри XIX ба шарофати пайдоиши як қатор воситаҳои техникӣ ба монанди мошинкаи чопкунӣ, телефон, телеграф ва ғайра ки зинаи навӣ (аввалини)  тараққиёти техникаи иттилоотӣ оғоз гардид ва аз он вақт марҳилаи «механикикунонидашуда» коркарди ахборот оғоз гардид.
То пайдоиши компютерҳои аввалин ин марҳилаи техникаи информасионӣ идома ёфт ва аз солҳои 40 – уми асри ХХ пас аз сохтани компютерҳо эраи (давраи) технологияи комютерӣ оғоз гардид.
Акнун инсон имконият пайдо намуд ки барои коркарди ахборот  барнома бо забони компютерӣ тартиб дода, онро ба хотираи компютер сабт намояд ва бо ёрии ин программа коркарди ахборотро пурра ба амал барорад. Худи ӯ бевосита дар проссеси коркард иштирок намекунад.    
Мафҳуми технология (аз калимаи юнонии techne – санъат, малака, маҳорат) маҷмўи тарзҳои коркард, тартибдиҳӣ, тағйирёбии ҳолат, намуди ашё ва материалҳоро, ки дар ҷараёни маҳсулоти интиҳоӣ амалӣ мешаванд мефаҳмонад.
Дар технология компютерӣ бошад ба сифати ашё, борномаҳо, ҳуҷҷатҳо, файлҳо ва ғайраҳо дохил мешавад.
Аз ин сабаб технологияи компютерӣ - ин тарзи сохтаини борномаҳо, ҳуҷҷатҳо, файлҳо бо ёрии истифодаи компютерҳои фардӣ мебошад.
Компютер бошад – ин воситаи техникии информатсионии унверсалӣ мебошад, ки равандҳои информатсиониро бо тарзи автомати иҷро менамояд.
Равандҳои информасионӣ ин – амалҳои қабул, нигоҳдорӣ, коркард, ғункунӣ, барориш ва интиқоли информасия мебошад.

Масалан: лексияи донишҷӯён ин барои донишҷӯён маълумот мебошад ва вақти, ки догнишҷӯ маълуморо  хонда ба мо гуфта диҳанд дар он вақт информасия мебошад. 

Технологияҳои информатсионӣ – ин маҷмӯи тарзҳои ғункунӣ, ирсол, нигоҳдорӣ ва коркарди информатсия дар ҳамаи намудҳои имконпазири зуҳуроти он (матнӣ, графикӣ, аёнӣ, овозӣ ва ғ.) мебошад. Тарзҳои мазкур ҳоло, асосан дар системаҳои компютерӣ ва шабакаҳо амалӣ мегарданд. Бинобар он, мафҳуми «технологияҳои информатсия»-ро бо мафҳуми «технологияҳои компютерӣ» баробар менамоянд. Технологияҳои компютерӣ бо мафҳуми томаш – ин технологияҳои тартибдиҳӣ, ташкилёбӣ ва амалигардии системаҳои муосири компютерӣ ва шабакаҳо мебошад. Мақсади ниҳоии системаҳои компютерӣ ва шабакаҳо – саривақт ғункунӣ, ирсол, нигоҳдорӣ ва коркарди иттилоот мебошад. Истифодабарандаи муқаррарӣ дар амалия бо соҳаи барои технологияҳои иттилоотӣ ва компютерӣ умумӣ дучор мегардад.  Бинобар он, фарқияти ин ду мафҳум аён намебошад.
Умуман, дар информатикаи амалӣ чунин масъалаҳо дида баромада мешаванд:

  • таъминоти таҷҳизотии воситаҳои технологияҳои ҳисоббарор;
  • таъминоти барномавии воситаҳои технологияҳои ҳисоббарор;
  • воситаҳои алоқаи таҷҳизотҳо ва барномаҳо;
  • воситаҳои алоқаи одам бо техникаи ҳисоббарор – истифодабаранда бо таҷҳизотҳо, барномаҳо.

Алоқа ва таъсироти мутақобиларо интерфейс меноманд:

  • интерфейси таҷҳизот – алоқа ва таъсироти мутақобилаи байни таҷҳизотҳо;
  • интерфейси барномавӣ - алоқа ва таъсироти мутақобилаи байни барномаҳо;
  • интерфейси таҷҳизотӣ - барномавӣ - алоқа ва таъсироти мутақобилаи байни таҷҳизотҳо ва барномаҳо;
  • интерфейси истифодабаранда - алоқа ва таъсироти мутақобилаи истифодабаранда бо таҷҳизотҳо ва барномаҳо.

Дидан карданд: 5302

Мавзӯъҳои монанд:

Функсияхои Microsoft Excel

Ба кордарории компютер

Обойти пароль администратора, в учетной записи Windows 7, можно за два прохода

МУНДАРИҶАИ ФАННИ ТЕХНОЛОГИЯИ КОМПУТЕРӢ

DHCP (Dynamic Host Configuration Protocol) — чист?

Чӣ гуна Telnet -ро дар Windows 7 фаъол созем?

7 тарзи тезҳаракаткунонии Google Chrome

Замимаи зиддивирусии Panda Security худро вирус қабул кард

Чӣ тавр ҳуруфи тоҷикиро дар барномаи Microsoft Word гузорем?

Wireless Application Protocol (WAP)

Коментари дохил карданд:

Каментарй дохил кард: хурсандмурод E mail foto
Санаи дохилгардида: 2017-06-01

Дустон ва бародарон дастрас намоед сухим аст


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: