|

Кўҳҳои Фон

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Алишер Фозилов

Санаи дохилгардида: 2017-05-10

Мавсими алоҳидаи кўҳсор буда, байни қаторкўҳҳои Ҳисору  Зарафшон ва Помиру Олой  ҷойгиранд. Дар ин қаторкўҳ диққати асосиро кўлҳои зебо ва ғайриоддӣ ба худ ҷалб мекунанд.Дар ин ҷо кўли пурасрор ва афсонавии Искандаркўл мавҷуд аст,ки ба шарофати Искандари Мақдунӣ ба ин кўл номи Искандаркўлро гузоштанд. Инчунин дар ин мавзеъ кўлҳои шафофу гуногунранги ба монанди Алоуддин ва Кўликалон, дар дарраи душворгузари Зиндон бошад, кўли Аллои бузург,Ҳафткўл дар дарраи зебоманзари Шинг мавҷуданд.
Нўҳ қулла,ки баландтаринашон зиёда аз 5000 м-ро ташкил медиҳад,ба ин мавзеъ зебогии махсусро зам мекунад. Нуқтаи баландтарини  кўҳҳои Фон- Чимтарға буда, баландиаш 5489м-ро ташкил медиҳад.
Табиат ин мавзеи кўҳсорро барои алпнистон,туристони кўҳгард ва дигар дўстдорони табиат офаридааст. Даҳҳо сайрхатҳои кўҳие,ки тавассути ағбаҳои кўҳҳои Фон мегузаранд,ба сайёҳон имконият  медиҳанд,ки ба  табиати сеҳрангези он шинос шаванд ва манзараҳои дилфиреби онро аз наздик дидан намоянд.
Барои алпинистон дар ин кўҳҳо қуллаҳои зиёде, ки баландиашон аз 4000 то 5489м-ро ташкил медиҳад, вуҷуд доранд.
Барои истироҳат дар ин ҷо ба таври зарурӣ котечҳо ва алпбазаҳо бо утоқҳои ду хонагӣ, ошхона, қаҳвахона ва дигар намудҳои хизматрасонӣ барои сайёҳон муҳайё шудааст. Аз тарафи дигар проблемаи асосии инкишофи туризми кўҳсор дар Тоҷикистон он аст,ки барои инкишофи шабакаи муассисаҳои туристиву кўҳнавардӣвоситаҳои ҳаракат, шабакаи бошишгоҳҳо ва истиқоматгоҳҳои муваққатӣ ва мавсимӣ имкониятҳои маблағгузорӣ ва инженерию техникӣ ниҳоят маҳдуданд. Масалан, дар бисёр  давлатҳои Аврупову  Осиё, ки  монанди Тоҷикистон релефи кўҳӣ дорад, имкониятҳои маблағгузорӣ, шароитҳои бисёр мувофиқи нақлиётӣ, иҷтимоӣ барои сайёҳон, варзишгарон ва кўҳнавардонро ҳаматарафа таъмин менамояд. Аз он ки кўҳҳои Тоҷикистон аз нигоҳи туризм ба пуррагӣ омўхта нашудаанд, (хусусан кўҳҳои Помир) ба ҳолати ҳозираи онҳо   баҳогузорӣ кардан ғайри имкон аст.Барои дар сатҳи баланд инкишоф додани туризм дар Тоҷикистон чунин мушкилиҳо садди роҳ мешаванд:
- Набудани имконияти маблағгузорӣ.
Ҳалли ин проблема имрўз барои мамлакати мо хеле гарон аст,зеро Тоҷикистон наметавонад барои ин соҳа маблағҳои заруриро сарф кунад,чунки дигар соҳаҳои хоҷагии халқ низ ба маблағгузорӣниёз доранд.Вале инкишофи туризм яке аз роҳҳои асосии ҳали мушкилоти иқтисодиёт дар Тоҷикистон хоҳад гашт.
_Набудани  кадрҳои баландихтисоси ба талаботи ҳозиразамон ҷавобгў.
Тоҷикистон ҳоло  аз нарасидани кадрҳои баландихтисоси соҳаи туризм хело танқисӣ мекашад. Айни замон  дар 4-донишгоҳи мамлакат шўъбаҳои туризм вуҷуд доранду  мутаасифона аз сабаби нарасидани устони соҳаи мазкур ва ё  набудани   китобҳои дарсӣ сатҳи дониши донишҷўён ниҳоят паст аст.Ҳалли ин масъала андешидани чораҳои заруриро талаб менамояд, зеро дониши онҳо ба талаботи муассисаҳои туристӣ ҷавобгў нест.
-Набудани нақлиёти ҳозиразамон.
Дар ҳама давлатҳои тараққикардаи дунё  барои сайёҳон  ва умуман соҳаи туризм  нақлиёти махсуси туристӣ вуҷуд дорад. Хусусан дармамлакатҳои кўҳсор роҳҳои каннодӣ ва дигар хел имкониятҳоро ба сайёҳон муҳайё намудаанд.Тоҷикистон бошад,   кўшиш бар он дорад,ки дар ҷаҳон онро ҳамчун кишвари туризм            шиносанд,вале барои туристон нақлиёти ба талаботи ҳозиразамон мувофиқро надорад.
-Набудани роҳҳо.
Надоштани роҳи дурусти нақлиётӣ низ садди роҳи туризм дар Тоҷикистон мегардад. Зеро қисми зиёди онҳо мехоҳанд тавассути нақлиёт манзараҳои ҷолиби моро дидан намояд, вале барои онҳшароити мусоид муҳайё нест. Ҳоло он ки дар давлатҳои хориҷа барои ин гуна сайёҳон автобус ва роҳҳои махсус вуҷуд доранд.Агар туристон майли дидани минтақаи кўҳсори Тоҷикистонро кунанд ҳам, вале сифати пасти роҳҳо сабаби ноумедии онҳо мегардад.
-Набудани  шабакаи  истгоҳҳо  бошишгоҳҳои  муваққатӣ ва  озуқаи эҳтиётӣ.
Масалан, дар даврони Иттиҳоди Шўравӣ лагерҳои алпинистӣ ва сайёҳӣ дар нуқтаҳои муайян мавҷуд буданд,ки бо тамоми таҷҳизотҳои лозимӣ ,аз ҷумла хўрока таъмин буданд Имрўзҳо ин гунна шароитҳо вуҷуд надоранд. Мутаасифона баъди пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ базаҳои туристии кўҳӣ ба  харобазор табдил ёфтанд. Имрўзҳо дар ин гуна корхонаҳо  нуқтаи тиббӣ,мағозаҳо ва дигар шароитҳои барои сайёҳони кўҳгарди муҳим  дида намешаванд.
-Набудани таъминоти таҷҳизотҳои туристии кўҳнавардӣ.
Имрўз дар ҷумҳурӣ мағозаҳо ва нуқтаҳои савдо,ки таҷҳизотҳои туристиро мефурўшанд,қариб ки мавҷуд нестанд. Танҳо баъзе нуқтаҳое ҳастанд,ки либосҳои варзиширо мефурўшанду халос,ки ин талаботи сайёҳон,кўҳнавардон ва ҳавасмандони алоҳидаро қонеъ гардонда наметавонад.Ғайр аз ин имрўзҳо корхонаҳои хурди дўзандагӣ,ки барои дўхтани сару либос,хаймаҳо ва дигар лавозимоти туристӣ махсус  гардонидашуда буданд, аз фаъолият боз монданд.
-Набудани шабакаҳои хизмати тиббӣ.
Барои барқарор намудани саломатии туристон давлат ўҳдадориҳои зиёдро ба зима дорад. Агар турист ба Тоҷикистон биёяду худро суғурта кунад,давлат ўҳдадор аст,ки ҳангоми рўй додани ягон ҳодиса ба турист пайваста кўмак расонад.Новобаста аз он ки турист дар кадом нуқта қарор дорад бояд ҳатман ба вай хизмати тиббӣ расондан лозим меояд.Ҳоло он ки дар кўҳистони кишвари мо ягон намуди нуқтаҳои тибби вуҷуд надорад.Ин гуна проблемаҳо барои рушди туризми кишварамон монеаҳои зиёдеро аз пеш мебиёранд.
-Вуҷуд надоштани муассисаҳои ташкилӣ ва таблиғоти туризм.
Таблиғот дар соҳаи туризм роли калонро мебозад. Ба воситаи он мизоҷону ҳавасмандон маълумоти кофӣ ва лозимаро оиди манбаҳои туристӣ ва рекреатсионӣ, кўҳнавардиву варзишӣ пайдо мекунанд.Вале дар ҷумҳурии мо имрўз фаъолияти ташкилотҳои таблиготӣ (рекламное агенство) ба талаботи стандартӣ мувофиқат намекунанд.Танҳо дар сайтҳои алоҳида маълумотҳои мухтассар оиди ҷойҳои тамошобоби кишварамон ҷой доранду халос.

Хулоса:
Дар хулоса ҳаминро бояд гуфт, ки гарчанд туризми кўҳсор таърихи пайдоиши на он қадар куҳан дошта бошад ҳам, вале бо туфайли ташкили экспедитсияҳои гуногуни омўзишӣ- тадқиқотӣ ва фатҳи кўҳсорону қуллаҳои баланд боиси рушди ин намуди туризм гардид. Туризми кўҳсор аз дигар намудҳои мухталифи туризм бо якчанд ҷиҳатҳо фарқ мекунад. Пеш аз ҳама аз руи дар бар гирифтани иштирокчиён. Яъне дар ин ҷо на ҳамаи одамон, ё ҳавасмандони алоҳида иштирок карда метавонанд. Дар ин намуди туризм шахсоне ширкат меварзанд, ки обутоби ҷисмонӣ дошта бошанд, аз қоидаҳои роҳгардӣ дар кўҳсорон, баромадан ба қуллаҳои кўҳӣ пурра бохабар бошанд. Зеро аз таърихи ин намуди туризм воқеаю ҳодисаҳои зиёди нохушро мисол овардан мумкин аст. Масалан географи намоён Федченко ҳангоми баромадан ба куҳҳои Алп ба ҳалокат расид. Ҳол он ки вай дар чандин экспедитсияҳо ба ҳайси роҳбар иштирок карда буд ва дар ин соҳа таҷрибаи фаровон дошт. Чи хеле, ки як мақоли халқӣ садо медиҳад: «Горы не шутят».
Фарқияти дигараш дар он аст, ки дар ин намуди туризм тарзи истифодабарии асбобу анҷоми махсус (банди алпинистӣ, бели тармавӣ, карабин ва дигар лавозимотҳои махсус) - ро хуб донистан лозим аст. Зеро дуруст надонистани тарзи истифодабарии онҳо дар походҳо ва экспедитсияҳо мушкилотро пеш меорад.
Вале дар баробари ҳамаи ин бояд қайд кард, ки аз байни дигар намуди туризм- туризми кўҳсор афзалият дорад. Сол то сол шумораи дўстдорону ҳаводорони алоҳидаи туризми кўҳсор зиёд шуда истодааст. Инҳо пеш аз ҳама шахсоне мебошанд, ки дустдори табиат ҳастанд, аз зебогӣ ва нафисии он лаззат бурдан мехоҳанд.
Имрузҳо баъзе минтақаҳои кўҳcор ва марказҳои туристии кўҳӣ аз ин намуди туризм даромади калонро соҳиб мешаванд, ки ба ин пеш аз ҳама кўҳсорони Тибет,  Алп, Қрим, Қафқоз ва дигар минтақаҳо мисоли равшан шуда метавонанд. Масалан ҳар сол дар мавсимҳои алоҳида барои баромадан ба қуллаи баландтарини ҷаҳон (Ҷомолунгма) кўҳнавардон ва ҳавасмандон дар кишвари Непал ба муддати тўлонӣ навбат меистанд. Ва барои гирифтани иҷозатнома ( литсензия) барои ҳар яки мизоҷон ба маблағи 10 000 $ - и ИМА муқаррар шудаст.

Бояд гуфт, ки дар ҷумхурии мо низ захираҳои табиӣ ин намуди туризм аз ҷумла релефи кўҳӣ, ландшафтҳои гуногуни табиӣ, қуллаҳои баланди кўҳӣ ( қуллаи Сомонӣ, Ленин, Коржневский), ғорҳои кўҳӣ ва дигар шароитҳои мусоиди табиӣ мавҷуд хастанд.  Вале имруз аз сабаби набудани инфрасохтори ин соҳа туризми кўҳсор дар мамлакати мо ба таври бояду шояд рушд наёфтааст. Ҳангоми хуб ба роҳ мондани соҳаи туризм , аз ҷумла туризми кўҳсор дар оянда аз намуди туризм доромади калон ба даст овардан мумкин аст.

Дидан карданд: 1366

Мавзӯъҳои монанд:

Кўҳҳои Фон

Лавозимот Ва Таҷхизотҳои Муҳим Барои Туризми Кўҳсор

Таснифоти Туризми Кўҳсор

Захираҳои Рекреатсионии Туризми Кўҳсор

Заминаҳои Таърихии Истифодабарии Минтақаҳои Кўҳӣ

Вазъи туризми кӯҳсор

Зерсинфи ҳашароти болдор

Гурўҳи дуйуминдаҳонон ва Типи хорпeстон

Зертипи хелисерадорон ё нешчанголҳо

Болосинфи шашпойҳо ва Синфи ҳашарот

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: