|

Таснифоти Туризми Кўҳсор

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Алишер Фозилов

Санаи дохилгардида: 2017-05-10

Таснифот дар соҳаи туризм, чун дар дигар соҳаҳо талаботи ягонаи  аломатҳоро дар як меъёри муқаррар нигоҳ медорад. Мақсади таснифоти туризми замонавӣ ин омўзиши аломатҳои асосии таснифотии он мебошад.
Аломатҳои таснифот дар туризм инҳо ба ҳисоб мераванд: аломатхои географӣ, роҳхати гуруҳи туристон, мақсад, маблағгузорӣ, нақлиёт, ҷойгиркунонӣ, шумораи иштирокчиён ва шакли ташкилкунӣ. Стандарти ягонаи таснифоти туризм дар адабиётҳои илмӣ вуҷуд надорад, лекин тафриқаи (диференция) фаъолиятҳои туристиро дар нақшаҳои алоҳида  дидан мумкин аст.
Барои мисол: намуди туризме, ки бо аломатхои географӣ таснифот карда шудааст, ба дохилӣ ва байналхалқӣ ҷудо мешавад.
Вобаста ба роҳхати гурўхи туристон: туризм ба воридотӣ ва содиротӣ тақсим мешавад.  Вобаста ба мақсад: он ба рекреатсионӣ, истироҳатӣ, табобатӣ, истироҳатӣ-маърифатӣ,  дипломатӣ,  илмӣ, варзишӣ, шоп-турҳо, пурмоҷаро, зиёратӣ, экологӣ, экзотикӣ ҷудо мешавад.
Вобаста ба маблағгузорӣ туризм: ба иҷтимоӣ ва соҳибкорӣ тақсим мешавад.
Вобаста ба воситаҳои ҳаракат: туризми пиёдагардӣ,ҳавоӣ, баҳрӣ, дарёӣ,  нақлиётӣ, роҳи оханӣ, велосипедронӣ вуҷуд дорад.
Вобаста ба шумораи иштирокчиён: он фардӣ, оилавӣ ва гуруҳӣ мешавад.
Вобаста ба шакли ташкилиаш туризм ба ташкилӣ ва ғайриташкилӣ тақсим мешавад.
Туризми кўҳсор  аз соҳаҳои асосии фаъолияти туристие, ки дар боло номбар кардем оғоз гардида, ба намудҳои гуногун тақсим мешавад.
Хусусияти туризми кўҳсор бо он маҳдуд мешавад, ки он дар сохтори  худ элементи ҳар як таснифотро нигоҳ медорад. Инчунин туризми кўҳсор ба туризми пурмоҷаро, варзишӣ, экологӣ, маърифатӣ ва дигар намудҳои фаъолияти рекреатсионӣ алоқамандӣ дорад.
Туризми кўҳсор таснифоти гуногунро дорад.
Мувофиқи мақсад туризми куҳиро ба чунин намудҳо тақсим мекунанд: пиёдагардии кўҳӣ  (треккинг ва хайкинг), кўҳӣ- варзишӣ, алпинизм, дарёҳои кўҳӣ (рафтинг), кўҳӣ-ғоршиносӣ, экологии кўҳӣ, маърифатии кўҳӣ, туризми лижаронии кўҳӣ, кўҳии велосипедронӣ, кўҳии автомобилӣ  ва ғайраҳо.
А л п и н и з м –  ин сайёҳат ба кўҳ, ҳаракат аз болои қуллаҳои кўҳӣ мебошад.
Алпнизми варзишии замонавӣ –  ин намуди варзиш, ки ба баландиҳои қуллаҳои кўҳӣ алокамандӣ дошта,  мувофиқи сайрхате, ки категори душвориаш гуногун буда, дорои  нишебиҳои бузург ва яхину барфин мебошад. Роли асосиро дар алпинизм ҳаракат аз болои қуллаҳои кўҳие, ки баландиашон аз 6 000 метр зиёдтар аст мебозад.
Пайдоиши алпинизм ба соли 1786 рост меояд.  Дар ин сол аввалин бор кўҳнавардони Шветсария Ж.Бальма ва М.Паккар қуллаи Монбланро(4 807 метр) дар кўҳҳои Алп фатҳ карданд.
Алпинизм – фаъолияти туристие мебошад, ки ба туризму варзиш алоқаманд аст.
Т р е к к и н г   (аз калимаи англисии trek – сайру гашти пиёда) – сайру гашти пиёдагардӣ ва походҳо дар кўҳҳо, на фақат тайёриҳои махсуси алпинистӣ ва лавозимотро талаб мекунад, инчунин имконият медиҳад, ки ҷойҳои зеботарин ва аҷоибтаринро тамошо кунӣ. Дар кўҳҳо имкониятҳои зиёде барои омўзиши ланшафти замин вуҷуд доранд.
Х а й к и н г  (аз калимаи англисии нike – сайёҳати пиёдагардӣ) – ба треккинг хеле монанд буда, аз он бо чунин хусусияташ фарқ мекунад, ки дар ин намуд туристон худашон борҳоро мебардоранд.
Т у р и з м и   п у р м о  ҷ а р о  - ин туризм бо элементҳои таваккалӣ (риск) барои саломатӣ ва зиндагӣ, ё ки муҳити ғайриоддии сайёҳат мебошад.
Р а ф т и н г   -ин оббозӣ дар дарёҳҳои кўҳӣ ба воситаи  катамаран, байдарка, каяках  ва дигар ашёҳо барои оббозӣ мебошад. Ашёҳо барои оббозӣ дар рафтинг гуногунанд. Онхо бо тараққиёти илм ва технология тағир меёбанд.                                                                 
С п е л е о т у р и з м   (аз калимаи юнонии spelaion  гирифта шуда, маънояш ғорҳо) – фаъолият дар алоқамандӣ ва шиносоӣ бо олами таги замин, ки онҳоро ғорхо мегўянд. Дар туризми кўҳсор диққати асосиро ғорҳо ба худ ҷалб мекунанд, ки дар системаҳои кўҳӣ ҷойгиранд.
Р е к р е а т с и я  (аз калимаи лотинии recreatio  – барқароркунӣ ва франсавии recreation  – истироҳат) гирифта шуда, дар натиҷаи истифодабарии вақти холӣ барои табобат, маърифат, варзиш ва фаъолиятҳои фарҳангию дилхушии одамон дар ҳудудҳои махсус, ки дар пунктҳои аҳолинишин ҷойгир нестанд ва ҷои зисти доимии онҳо ба ҳисоб мераванд. Чуноне, ки дар боло қайд шудааст кўҳҳо захираи рекреатсионии бузург ба ҳисоб мераванд, зеро онҳо дорои обҳои минералӣ, иқлими табобатӣ, экспозитсияҳои гуногун, факторҳои табобатии ҷангалӣ, флора ва фауна мебошанд.
Т у р и з м и   кў ҳ и и   а с п с а в о р ӣ  – сайёҳати диққаталбкунанда, қисми туризми кўҳиву экологӣ мебошад. Истифодаи аспҳо ба туристон имконият медиҳад, ки ба он мавзеҳое ба сайёҳат раванд, ки барои одамон мавзеҳои хеле душворгузарӣ канори табиат ба ҳисоб мераванд. Туристҳо дар як асп савор шуда, аспҳои дигар борҳоро мекашанд.
Т у р и з м и  э к о л о г ӣ– яке аз намудҳои гуногуни туризми табии мебошад.Он диққати одамонеро,ки  бо мақсади илмиву маърифатӣ сайёҳат мекунанд ба худ ҷалб мекунад. Ба чунин туристон олами дар гирду атрофбудаашон хеле диққатҷалбкунанда метобад. Мавқеи асосиро дар ин намуди туризм минтақаҳои табиии ҳифзшаванда мебозанд. Минтақаҳои махсус ҳифзшаванда инҳо:  гурўҳи мамнўъгоҳҳо, парваришгоҳҳо, паркҳои миллии табии мебошанд.
Т у р и з м и    л и ж а р о н и и   кў ҳ ӣ  - роҳхати варзишӣ ва соҳибкорӣ ба фаъолиятҳои туристӣ, ки диққати  лижаронҳои машҳур ва  дўстдорони ин намуди туризмро ба худ мекашад. Ин намуди фаъолияти туризми кўҳӣ чунин лавозимотҳоро талаб мекунад: (лижаҳо, сноубордҳо ва ғайра…) инчунин ташкил намудани базаҳои махсус ва шароити муайяни инфраструктураро (роҳҳои каннодӣ, воситаҳои чойгиркунонӣ ва хўрока, ҷои бехавф, майдони вертолётшинонӣ ва ғайраро). Ба ғайр аз ин, туризми лижаронии кўҳӣ яке аз намудҳои фаъоли туризм ба ҳисоб меравад.
Т у р и з м и    в е л о с и п е д р о н и и   кў ҳ ӣ  - намуди туризми рекреатсионӣ ба ҳисоб меравад. Гуфтан ба маврид аст, ки пойдоршавии туризм аз ташкили чунин типпи сайёҳат оғоз ёфтааст.  Яъне, клубҳое, ки дўстдорони  велосипедро чамъ мекарданд, оҳиста-оҳиста ба яке аз намудҳои туризм табдил ёфтанд.
 Т у р и з м и   р е к р е а т с и о н ӣ  - ба инсонҳо кўмак мерасонад, ки то он нерую қувваҳое, ки  дар раванди қувваҳои фикриву ҷисмонӣ сарф кардаанд, барқарор намоянд. Ба воситаи таботати захираҳои рекреатсионӣ, ё ки тамошои барномаҳои шавқангез, ки хеле аҷоибанд, походҳои этникӣ, истеъмоли доруҳои растанигӣ ва ғайра…машғул шаванд.
Чуноне, ки қайд кардем чашмаҳое, ки оби минераливу термалии таги заминӣ доранд, дар бисёр мавридҳо дар кўҳ дучор мешаванд. Дар наздикии ин чашмаҳо одатан курортҳои баландкўҳ месозанд. Флораи кўҳӣ дар худ намудхои камёфти доруҳои растанигиро парвариш мекунад. Ҷангалҳои кўҳӣ новобаста аз он, ки ҳаворо тоза мекунанду вирусҳоро нест мекунанд, инчунин пур аз растаниҳои доругӣ мебошанд.
Ба ҳамин усул туризми кўҳӣ ва дигар намудҳои туризм байни ҳам алоқаи ногусустанӣ доранд. Асосан туризми кўҳӣ бо табиат ҳам аз ҷиҳати тараққиёти иқтисодӣ ва ҳам аз ҷиҳати пешрафти ҷамъияти инсонӣ алоқаманд мебошад.

Дидан карданд: 894

Мавзӯъҳои монанд:

Кўҳҳои Фон

Лавозимот Ва Таҷхизотҳои Муҳим Барои Туризми Кўҳсор

Таснифоти Туризми Кўҳсор

Захираҳои Рекреатсионии Туризми Кўҳсор

Заминаҳои Таърихии Истифодабарии Минтақаҳои Кўҳӣ

Вазъи туризми кӯҳсор

Зерсинфи ҳашароти болдор

Гурўҳи дуйуминдаҳонон ва Типи хорпeстон

Зертипи хелисерадорон ё нешчанголҳо

Болосинфи шашпойҳо ва Синфи ҳашарот

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: