|

Захираҳои Рекреатсионии Туризми Кўҳсор

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Алишер Фозилов

Санаи дохилгардида: 2017-05-10

Туризми кўҳсор бо паҳншавии географии системаҳои кўҳӣ алоқаманд аст. Кўҳҳо шароити мусоидро барои ба вуҷуд овардан ва тараққӣ додани туризми кўҳсор фароҳам месозанд. Хусусияти онҳо аз он иборат аст, ки сайёҳат ба кўҳоро дар шароити баландкўҳҳо ташкил намоянд.
Минтақаҳои асосии кўҳӣ дар курраи замин чун рахҳои чиндор ҷойгиранд. Ин минтақаҳои чиндор миқёси глобалӣ доранд. Дар Америка инҳо – Анду Корлдилеранд, дар Евроосиё – Алп, Пиреней, Кавказ, Помир, Тиёншон, Ҳимолой ва ғайра, дар Африка минтақаҳои кўҳӣ дар шимолу ҷануб – кўҳҳои Атлас ва Карск, дар маркази материк вулкани кўҳӣ ва нуқтаи баландтарини Калиманжаро мебошанд. Дар ҳар як материк минтақаҳое вучуд доранд, ки  барои дурнамои туризми кўҳӣ хос мебошанд. Ҳамин тариқ фаъолиятҳои рекреатсионии релефи минтақаҳои кўҳӣ хусусиятҳои фарқкунанда доранд. Релефи кўҳӣ ба 3-қисмат тақсим мешавад: барф, ях, харсанг. Дар тайёр кардани сайрхат  диққати асосӣ ба шакл ва элементҳои релеф дода мешавад.
Шаклҳои релеф – ин ташкилаҳои бузургеанд, ки аз ҷиҳати географӣ, геологӣ ва инчунин аз ҷиҳати ҳолатҳои варзишӣ аҷоибанд. Инҳо системаҳои кўҳӣ, узлы (гиреҳҳо), каторкўҳҳо ва даштҳо мебошанд. Маълумот дар бораи шаклҳои релеф одатан барои тайёр кардани сайрхат, муайян кардани вақт ва душвориҳояш  барои баромадан ба сайёҳат кифоя аст.
Элементҳои релеф – одатан дар харита тасвир нашудаанд, лекин нақши калонро мебозанд. Инҳо: нишебиҳо, теғахо, моренаҳо (тудаи пораҳои чинсҳои кўҳӣ ва сангҳо, ки аз болои кўҳ ба воситаи ҳаракати пиряхҳо мефуроянд) мебошанд, ки онҳо ҳаракати роҳро муайян мекунанд.
Аз нуқтаи назари туризми кўҳӣ барои мо номи кўҳҳое, ки типпи алпӣ доранд аҷоибанд. Кўҳҳои баланди ҷавон аз орографияи душвори каме вайроншудагӣ ва фуромадаҳои яхҳо иборатанд. Дар худуди Евроосиё зонаи асосии ташкилаҳои кўҳӣ дар роҳҳои кўҳҳои Алпу Ҳимолой ва кўҳҳои Уралу Муғул пайдо шудаанд. Қаторкўҳҳо аз қуллаҳо ва пастхамии байни онҳо иборат ҳастанд, ки онҳоро гарданаҳои кўҳӣ мегуянд. Қуллаҳо вобаста ба шаклашон, метавонанд пикшакл, гумбазшакл, манфашакл ва нўгтез шаванд, аммо қисми бузурги  қулла пик номида мешавад.  Мисол: пик И.Сомони, пик Ғалаба ва ғайра.  Дар вақтҳои охир қуллаҳоро сеюмин полюси ҷаҳон номгузорӣ кардаанд.  Дар замони муосир  ҳудуди баланди кўҳҳоро нав тадқиқ карданд. Мисол,
Қуллаи Ленин
қуллаи кўҳӣ Ҷамалунга (Эверест) дар соли 1953 тадқиқот гузаронида шуд. Ба даҳ қуллаи баландтарин: қуллаҳои Ҳимолой (Эверест, Дхаулагири, Нангаларбат, Кула-Кангари) Қароқорума (Чогори) Ҳиндукуш (Тиричмир) Дасюэшана (Гунгашан) Помир (пик И.Сомони) Тиёншон (пик Ғалаба) дохил мешаванд.

Инчунин ҳангоми шиносоӣ бо туризми кўҳӣ вулқонхо, кўҳҳо, шўълахо, дудҳо, хокистарҳо диққатҷалбкунанда мебошанд. Онҳо  барои туристону алпинистон барои баромадан ба ин ҷойҳо ҷолиб менамоянд.
Ҳамаи қуллаҳо ва вулқонҳои номбаршуда дарои таърихи тадқиқот, омўзиш ва фатҳи худашонро доранд. Минтақаҳои кўҳӣ аз ғорҳо ниҳоят бойанд ва барои дурнамои тараққиёти туризми кўҳӣ мусоидат мекунанд. Ғорхо шаклҳои гуногуни ковокии замин буда онҳо хеле калонанд. Бисёртар ғорхо барои чойи пинҳоншавӣ хизмат кардаанд ва ҷои
Вулқони Этна
аввалини зиндагонии халқҳо дар ғорҳо сар шудааст. Бисёрии ғорҳо дар натиҷаи шаклпайдокунии қаторкўҳҳо ба вуҷуд омадаанд. Аз ҳама ғори вулқонии бузург Куэва-делос-Вердес мебошад, ки дар Лансароте (чазирахои Канарск) чойгир аст. Ғорҳои дигар баъдтар бо таъсири дигар  факторҳои дохилӣ пайдо шудаанд.
Бисёрии ғорхо аз даромадгоҳҳои зиёде иборатанд, ки баъзан ин роҳҳо дар ғор танг ва баъзан васеъ мешаванд, ки дарозиашон то 100 метр  ва баландиашон то 20-30 метр баланд мешавад. Аз дохили онҳо дарёҳои таги заминӣ мегузаранд, шаршараҳо мерезанд, ки онҳо кўлҳоро ташкил медиҳанд, ки об дар онҳо ниҳоят тоза ва хунук аст. Инчунин ғорхои яхин низ вуҷуд доранд. Фаунаи ғорхо ниҳоят аҷоибанд ва барои туристон хеле диққатҷалбкунанда мебошанд.
Пирях яке аз намудҳои релефи кўҳӣ ба ҳисоб меравад. Онҳо барои туристони кўҳгард, барои шиносоии онҳо бо яхҳо хеле аҷоиб ҳастанд. Пиряхҳоро ташкилаҳои якхела меноманд, ки аз кристалҳои яхӣ иборатанд. Онҳо дар минтақаҳои хунуки курраи замин, дар ҳарорати 0 градус С пайдо шудаанд. Дар замони ҳозира яхҳо қариб 10% сайёраи моро иҳота.
Пиряхи Федченко
карда, қариб 75% шумораи умумии обро дар хушкӣ ташкил медиҳад.
Пиряхҳо ба шаклҳои кўҳӣ, системаи кўҳӣ ва рўйпуш дар ҳар маҳали полярӣ ҷудо мешаванд. 97% ҳамаи пиряхҳо рўйпўшанд ва фақат 3% ба пиряхҳои кўҳӣ мансубанд.
Минтақаҳои   кўҳӣ  дар ҳама ҷо паҳн гаштаанд. Ҳар як материк дорои ин ё он захираҳои рекреатсионии кўҳӣ мебошад. Тараққиёти туризми кўҳӣ ташкили инфраструктураи зеринро талаб мекунад: базаи лижаронии кўҳӣ, кемпинг, приютҳо, курортҳо, роҳҳои канатӣ, роҳҳои автомобилӣ, магазинҳо, пунктҳои прокатӣ, марказҳои дилхушӣ ва ғайра…

Хусусиятҳои релеф, хамчун омили  асосӣ барои тараққиёти туризми кўҳсор.
Табиати кўҳсор пур аз тақозоҳо ва гуногуниҳост. Кўҳҳо, ҳам ҷангалҳои мулоим ва қолини рангоранги кўлҳо, биёбонҳои сангзори беканор, барфҳои дар офтобӣ ҷилодиҳанда, вулқонҳои оташфишон, пиряхҳои дароз, дарраҳои беохир, платои рости васеъ, мавзеи шаршараҳо, хазинаи асосии обҳои равон мебошанд.
К ў ҳ ҳ о – ин чашмаҳо, чарогоҳҳо, анборҳои яхини оби ширини бебаҳоянд. Кўҳҳо аз захираҳои гуногуни табии: минералҳо, обҳо, заминҳо, наботот, чангалҳо хеле бойанд. Дар даҳсолаҳои охир намуди асосии туризм дар мавзеҳои кўҳӣ – яъне туризми кўҳӣ ба дараҷаи тез тараққӣ кард, ки ба ин намуд унсурҳои маърифатӣ, намуди туризми рекреатсионӣ ва фаъол дохил мешавад. Лекин ҳудудҳои кўҳиро аз нуқтаи назари фаъолияти рекреатсионӣ кам омўхтанд, аммо ин маънои онро надорад, ки кўҳҳоро  тамоман  наомўхтаанд.
Барои тараққиёти ҳамаи намудҳои туризми кўҳӣ: маърифатӣ, хайкинг, треккинг, рафтинг, алпинизм, ғоромўзӣ ва дигар намудҳо заминаҳои асосӣ хоҳ табии, хоҳ иҷтимоиву иқтисодӣ, аз он ҷумла таърихӣ  хос мебошанд. Шароити кўҳсор аз дашт фарқияти зиёд дорад. Сабабҳои алоҳидааш инҳо – зонаҳои ланшафтии баланд, экспозитсияи гуногуни нишебиҳои қаторкўҳҳо, тақсимшавии релеф, структураи душвори геологӣ ва ғайра мебошанд. Ҳамаи ин факторҳо ланшафтҳои такронашавандаи кўҳӣ ва манзараҳои кўҳиро ташкил мекунад. Кўҳҳо дар худ бардоштагиҳои васеъи қисми болоии заминро тасвир кардаанд, ки паси ҳам дар каторкўҳҳо ва биёбонҳо бисёр ҷудо-ҷудо ва дар баландии 200 м. ҷойгир шудаанд.
Мавҷудияти релеф дар фаъолияти хоҷагидории инсонҳо хеле калон аст. Интихоби ҷой барои сокин шудан, ташкил намудани шаҳрҳо, ҷои қуллай барои сохтмон, электростансияҳои атомӣ, корхонаҳои рекреатсионӣ дар мисоли курортҳои баландкўҳ, базаи лижаронии кўҳӣ, ташкил кардани сайрхатҳои кўҳӣ, ки барои омузиши релеф сафарбар мешуданд, хеле қуллайанд. Бо муайян кардани намуд ва шаклҳои релеф мумкин аст мавзеҳои барои азхудкунии хоҷагидорӣ, ҷойгиркунии чароғоҳҳо, даравкунӣ, кишту кори заминҳоро муайян кард. Релеф дар шаклпайдокунии ланшафтҳо ва иқлим мавқеи асосиро ишғол карда, фактории  асосӣ ба шумор меравад.
Системаҳои кўҳӣ ба таври анъанавӣ барои ташкил камудани фаъолиятҳои рекреатсионӣ хеле мусоиданд. Релефи гуногуни кўҳ, ҷангалзорҳо ва дигар факторҳо, диққати одамони зиёдеро барои истироҳат ва табобат ба худ ҷалб намудаанд. Шаклҳои ҳархелаи релефи кўҳии Осиёи марказӣ барои фаъолиятҳои рекреатсионӣ ҳам дар тобистон ва ҳам дар зимистон хеле мусоиданд, лекин аз сабаби норасоии омузиши баландкўҳҳо, набудани инфраструктураи рекреатсионӣ, проблемаи нақлиёт барои тараққи додани фаъолиятҳои рекреатсионӣ дар мавзеҳои баландкўҳи Осиёи марказӣ халал мерасонанд.
Заминаҳои гидрологии тараққиёти туризми кўҳсор.
Кўлҳои зиёде дар байни қаторкўҳҳо, биёбонҳо ва теғаҳо, дар шакли ҳалқавӣ дар чуқуриҳои ноайён вуҷуд доранд. Якчанд намудҳои кўлҳое вуҷуд доранд, ки махсусан барои кўҳ мувофиқанд. Аз ҳама зиёдтар кўҳои калон пайдоиши чуқури тектоникӣ доранд. Ҳавзаи кўлҳое, ки пайдоиши тектоникӣ доранд, Хоҳ дар натиҷаи фурурафтани маҳали қишри замин, хоҳ дар натиҷаи ҳаракати тектоникӣ пайдо шудаанд. Ба намуди аввали кўли чуқуртарин Байкал (1637 ) дохил мешавад, ки бо бисёр хусусиятҳояш ба кўли кўҳӣ мансуб аст, гарчанде на он қадар баланд аст (450 м). Фурўхамии қишри замин, ки дар он ҷо кўлҳои тектоникӣ ҷойгиранд, баъзан ярчкандҳо (партофтагиҳо) низ ҷойгиранд. Дар фурўхамидаи тектоникии бузург яке аз кўлҳои чуқури кўҳии Осиёи миёна Иссиккўл ҷойгир аст. Фурўхамидаҳои тектоникӣ дар ҳавзаи асосии кўли калонтарини пасикавказ кўли Савсан дида мешавад. Пайдоиши ҳавзаи тектоникӣ дар Анд, Америкаи ҷанубӣ, кўли Титикака дорад, ки яке аз кўлҳои катонтарини баландкўҳ (3812 м) ба ҳисоб меравад. Кўли Қаракул дар Помир дар баландии 3914 м аз сатхи баҳр ҷойгир аст, ки пайдоишаш тектоникист.
Дар мавзеҳои кўҳӣ замин дар баландии 1000м вокеъ аст, ки мувофиқи маълумотҳои М.И.Лвович қариб 1\5 ҳиссаи хушкиро ташкил мекунад, ки сеюмин захираи ҷаҳонии оби тоза ба ҳисоб меравад. Зичшавии шабакаи дарёҳо дар кўҳ нисбат ба дашт хеле зиёдтар аст. Дарёҳое, ки аз баландкўҳҳо сар мешаванд, аз ҳисоби пиряхҳо ва обу барфҳо ғизо мегиранд. Обҳояшон дар тобистон бисёр мешаванд. Оби дарёҳои кўҳӣ барои обёрии заминҳое, ки дар дохили биёбонҳои кўҳӣ ва ҳавзаҳо ҷойгиранд, аҳамияти калон дорад. Бо шарофати ин дарёҳо мардум биёбонҳоро обберӣ карда, дар биёбон ва нимбиёбонҳои мавзеҳои Осиёи миёна ва марказӣ, қисмати шимолу шарқии Ҳиндустон, дар Кавкази шарқӣ ва Африкаи шимолӣ зиндагӣ мекунанд. Дар  тараққиёти туризми кўҳӣ мавқеи дарёву кўлҳои кўҳӣ ниҳоят калон аст. Намудҳои фаъолияти туристӣ, дар кўҳ ташаккул додани намуди туризми рафтинг, оббозӣ дар дарёҳо ва кўлҳои кўҳӣ, варзишӣ, моҳидорӣ дар кўлҳо, ки моҳӣ доранд ва инчунин туризми маърифатӣ аҳамияти калон доранд.
Шаршараҳои кўҳӣ барои сохтмони гидроэнергетикӣ васеъ истифода мешаванд. Инчунин
  Шаршараи Ғузғарф (Варзоб)
шаршараҳо барои туристон хеле диққатҷалбкунандаанд, онҳо объектҳои асосии туристӣ ба ҳисоб мераванд.
Олами  набототи  кўҳсор.
Наботот, зонаҳои баландтарини қабати хокро иҳота кардаанд, ки геоботаникҳо ва ботанику географҳо онҳоро қабатҳои баланди хокӣ ном мебаранд. Аз сабаби тақсимшавии релеф дар кўҳ шудгор кардани қисмати болоии кўҳ назар ба дашт душвор аст. Ҷангал ҳамчун  минтақаи муътадил,  барои дарахтзоркунӣ ва  чубтайёркунӣ истифода мешавад. Сухторҳо  барои ҷангалҳои кўҳӣ зарари калон мерасонанд, лекин ба ин нигоҳ накарда наботот дар кўҳ нисбат ба дашт бештар нашъунумў меёбанд. Тарзи муҳофизатиашон гуногун аст. Он ҷо нисбат ба ҳудудхои аҳолинишин  муҳофизат камтар аст. Барои мисол  К.Каррилиндал кайд кардааст, ки дар давлатҳои европа муҳофизати табиати навбунёдёфтаи Пиренеев дар муқоиса бо дигар кўҳҳои Европа беҳтарин аст. Дар муқоиса бо онҳо ў Кавказро мисол овардааст, ки дар ин ҷо бо меъёри калон набототи табии муҳофизат шудаанд, аз ҷумла ҷангалҳо. Ҷангалҳои кўҳӣ дар равандҳои ҳаёт ва муҳофизати ланшафтҳо мавқеи асосӣ доранд. Мавқеи онҳо дар мубориза бар зидди равандҳои эрозионӣ, муҳофизати хок, ҳифзи обҳо хеле калон аст. Ҷангалҳо  мавқеи асосиро дар муҳофизати табиат мебозанд, инчунин ҳаракати тези обро сустар гардонда, аз селфароиҳо муҳофизат мекунанд. Дар минтақаҳои болои  дарахтон ҷангалро аз вайроншавӣ ва нестшавӣ муҳофизат мекунанд. Барои тараққиёти туризм ва дигар намуди истироҳатҳо дар табиат, мавқеи ҷангалҳо дар муҳофизати ҳолати аслии муҳит хеле калон аст. Онҳо аз ҳар намуди ифлосиҳо муҳитро тоза мекунанд. Дар байни рекреантҳо истироҳат дар ҷангал ҷои дуюмро мегирад, пас аз истироҳат дар об. Дар замони ҳозира анъанаи фоидаи ҷангалҳо ба саломатӣ ва захираҳои ҷангалӣ хеле паҳн шудааст. Тадқиқотчиён якчанд таъсиротҳои психоэмотсионалии ҷангалро барои саломатии инсон кор карда баромаданд.  Хусусиятҳои фоиданоки ҷангал дар он аст, ки онҳо барои истироҳат, оромкунии асаб ва табобат роли калон мебозанд. Кабудизорҳо – воситаҳои асосии  оромкунии асаб мебошанд. Факторҳои табобатӣ дар ҷангал – оромӣ, ҳавои мулоим, бўи хуш ва гиёҳои табобатӣ мебошанд. Мувофиқи таҷрибаи мутахассисон истироҳати фаъол метавонад касалиҳои дилро паст кунад  ва фишори хунро ба як андозаи муайян нигоҳ дорад. Набототи табии кўҳсор на танҳо гуногунанд, балки нисбати набототи дашт бойтаранд. Растаниҳо дар кўҳ бешубҳа бисёртар барои ҳолати аслии инсон ёри мерасонанд. Набототи чўбини кўҳ барои хоҷагии
ҷангал роли калонро мебозанд. Мавҷудияти факторҳои табобатии ҷангалҳои кўҳӣ - ин рекреатсия ва баҳои курортии онҳо мебошад.
            Олами ҳайвонот
Фаунаи кўҳҳо  нисбат ба фаунаи дашт қисман камтар аст.  Намудҳои хеле кам барои биёбонҳо, даштҳо ва кўҳҳои Осиёи марказӣ хос мебошанд. Дар кўҳҳои Қрим бисёрии ҳайвонҳо вуҷуд надоранд. Сабаби асосиаш ин ҳолатҳои гуногуни экологӣ, ба ғайр аз ин дар равандҳои эволюсионӣ бисёрии ҳайвонҳо ба шароити кўҳ ва аз ҷумла дар қаторкўҳҳо тоқат карда натавонистанд. Ҳамин тавр намудҳои махсуси
Гусфанди Марко Поло (архар)
ҳайвонҳои кўҳӣ пайдо шуданд. Ба монанди зоти бараҳои кўҳӣ дар кўҳҳои Евроосиё ва шимолу ғарбии Америка. Махсусан, хусусияти кўчиши  фаунаи баландкўҳҳо хеле маҳдуд аст. Ба ин мисол шуда метавонад: барраи кўҳии-архар, ки дар баландкўҳҳои Помир, Тиёншон ва Тарбагатая дида мешавад. Дар кўҳҳо бисёр ҳайвоноти шикорӣ ва қиматбаҳо, ки гўшт ва пашми қиммат доранд, зиндагӣ мекунанд.  Ҳайвонҳое ҳастанд, ки ба инсон зарар мерасонанд. Масъалан ба чарогоҳҳо омада, ҳайвоноти хонагиро тўъмаи худ мекунанд. Инчунин мавҷудияти наботот ва ҳайвонот барои тараққӣ додани туризми маърифатӣ, шикорӣ, биологиву экологӣ ва дигар намудҳои туризм хеле бузург аст.

 

Ланшафти кўҳсор.
Ба ланшафтҳои кўҳӣ хусусиятҳои муайяни ҳудудҳои кўҳӣ, мавзеҳои кўҳӣ, шароитҳои комплексҳои табии кўҳ таъсир мерасонанд. Зонаҳои баланди ланшафти кўҳӣ хислатҳои муайяни байни гармӣ ва намиро муқаррар мекунад. Синфи ланшафтҳои кўҳӣ ба якчанд зерсинфҳо ҷудо мешавад: баландкўҳ, миёнакўҳ, пасткўҳ, ҳавза ё чоҳҳои байникўҳӣ ва ғайра. Қонуни асосии муфассали дифференсиалии ланшафти кўҳ – зонаи баландкўҳ мебошад. Дар спектори зонаи баландкўҳ рахҳо маълум мешаванд. Ҳар як рах дорои комплекси муайяни шароити табии мебошад. Зонаҳо ба типҳои ланшафтҳои кўҳӣ тақсим мешаванд. Барои мисол дар Кавказ ланшафтҳои доманакўҳҳо ва пасткўҳҳо дар шаклҳои ҳархела фарқ мекунанд. Дар нишебии шимолии Кавкази бузург ин ланшафтҳо дар минтақаи муътадил, дашт ва дашту ҷангалҳо – дар ғарб ва марказ бошад– нимбиёбон ва дашт  мебошанд. Дар доманакўҳҳо ва пасткўҳхои Пасикавказ ланшафтҳои субтропикӣ ҷойгиранд, дар ғарб ва ҷанубу шарқӣ – ҷангалҳои намнок,  вуҷуд доранд. Дар доманакўҳҳо зонаи кўҳии ҷангалӣ ҷорист.
Хусусияти сохтори системаҳои кўҳҳои Осиёи марказӣ
Пасткўҳҳои Қазоқистони марказӣ
: Дар минтақаи майдатеппаҳои Қазоқистон, ки қисми калони Қазоқистони марказиро дарбар мегирад, дар натиҷаи нишонаҳои начандон тўлонии бардоштагиҳои тектоникӣ дар ноҳияҳои алоҳидаи пасткўҳҳо паҳн шудаанд. Пештар ба онҳо ҳамчун боқимондаҳои системаҳои кўҳии герсшакл назар мекарданд, аммо онҳо ҳамчун ҳудуди нави бардоштагиҳо мувофиққат мекунанд. Ба баландиҳои муқоисанашаванда нигоҳ накарда,дар ноҳияҳо релефи кўҳӣ ҳукмфармост, ки дар ҳудуди хеле васеъ тақсим шудаанд ва характери нишебиҳои бузурги нўгтез, ҷариҳои сангин ва шаклҳои гуногуни шамолҳоро доранд.
Кўҳҳои Кокчетавск дар минтақаи шимолии майдатеппаҳои Қазоқистон, дар байни теппаи Кокчетавск қуллаи баланди кўҳ – Синюха (947 м) ҷойгиранд. Таркиби кўҳҳо асосан аз гранит иборат аст. Зебоии асосиро ба онҳо ҷойгиршавиашон дар таги кўҳ, кўлҳои чуқури беранг ва релеф мебахшад. Ноҳияҳои  Щучинска, Борового, Зеренди ва ғайра, ки дорои ланшафи кўлӣ ва ҷангаливу кўҳӣ мебошад, барои ташкили туризм, истироҳат ва табобат истифода бурда мешаванд. Курорти Боровое байни кўлҳои Боровим ва Чебачим ҷойгир аст, хеле машҳур буда, васеъ истифода бурда мешаванд.
Ҷойгиршавии пасткўҳҳои ҷанубу шарқии Ерментау (кўҳи Ақдим 899 м)  ҷинсҳои антиклинория,  допембрийских, гранит ва нишебиҳои квасдорро доранд, ки  хоки сурхусиёҳчатоб доранд. Дар даштҳои чуқури Қазокистони марказӣ ланшафтҳои кўҳиву ҷангалӣ ҷойгиранд, ки ҳамчун мавзеҳои беҳтарин барои ташкили туризм ва истироҳат истифода мешаванд.
Маҳали Алитау дар зонаи чиндори Каледон, ки нимҷазираҳо онро иҳота кардаанд, ҷойгир мебошад. Баландии мутлақи маҳал – 1133 метр мебошад. То пайдоишашон кўҳҳо хеле васеъ ва нишеб будаанд. Қисми асосии кўҳ аз вайронаҳои гранитҳо таркиб ёфтаанд.
Балхан ва Копетдаг. Кўҳҳои Балхан дар Туркменистон дар байни нимҷазираҳои Красноводск ва Копетдаг ҷойгиранд. Дарозии Балхани бузург то 1880 м. тул мекашад. Баландии миёнаи зонаи Балхани бузург тақрибан то баландии 800 м. мерасад ва биёбонҳое, ки хокашон хокистаранги тира доранд, ишғол кардаанд. Дар ин ҷо бутазорҳо хеле кам дучор мешаванд. Дар баландии зиёда аз 800 м. зонаи биёбон ба зонаи нимбиёбон табдил меёбад ва аз ин ҳам баландтар даштҳои типчоқи чакалакзори кўҳӣ воқеанд. Ланшафтҳои биёбони кўҳҳои Балхани бузург дорои комплекси ҳайвоноти кўҳӣ ва ҳайвоноти даштӣ ва биёбонӣ, ки дар кўҳ маскан гирифтаанд мебошанд. Балхани хурд аз Балхани бузург ҷудо ҷойгир аст. Балхани хурд то баландии 779 м. тўл кашидааст. Ин ноҳияи пасткўҳи рост барои мардуми таҳҷойии Туркменистон ба сифати чарогоҳ истифода мешавад.
Копетдаг – системаи кўҳии асосии Туркменистон мебошад. Он дар канори зонаи кўҳҳои Туркменистон, Хуросон, ки доманакўҳхои шимолии Эронро ташкил медиҳад, чойгир аст. Кўҳҳо на он қадар баланд, вале хеле калон ва нишеб буда, аз тарафи шимолӣ кўҳҳои Копетдаг биёбонҳои Қарақум ҷойгиранд. Дар Копетдаг барф ва пиряхҳои доимӣ вуҷуд надоранд. Инчунин дар ин ҷо шаклҳои қадими релеф кўҳхои яхин низ вуҷуд надоранд. Аз ҳама қуллаи баланд дар қисми Копетдаг – кўҳи Шах-шах (2912 м) мебошад, ки дар ҷанубу ғарбӣ дар Ашхобод ҷойгиранд. Копетдагро системаи кўҳҳои иҳоташуда ва теппаҳои кўҳӣ ташкил кардаанд. Қисми марказии кўҳхо аз се каторкўҳи параллел таркиб ёфтаанд. Ба ҳудуди шарқии Туркменистон фақат пешкўҳҳо ва ҳудуди кўҳҳои занҷиршакл дохил мешаванд, дар қисми ғарбии Туркменистон Капетдаг релефи душвори кўҳӣ васеъ паҳн шудааст, ки 110 км тўл мекашад. Дар ин ҷо каторкўҳҳои кўтоҳи бисёре тўл кашидаанд. Дар канори ҳудуди қисмати ғарбӣ онҳо васеътар шуда, дар охир то ҷануби ғарбӣ тўл мекашанд. Ҳаво дар Копетдаг тобистон хушк аст, ки бо биёбонҳои ҳамсояи Осиёи миёна ва Эрон алоқамандӣ дорад. Тобистон дар кўҳҳо назар ба биёбонҳо салқинтар аст. Дар муқоиса бо биёбонҳои ҳамсоя баришот нисбатан зиёдтар аст (дар як сол 300 мм).
Дар Копетдаги шимолӣ чашмаҳои термалӣ ва ин инчунин кўли таги заминии Коу ҷойгир аст, ки оби гарми гидрогенусулфатдор дорад, ки дар ғори васеи наздикии маҳали Бархаден ҷойгиранд. Аз сабаби дар нишебиҳои кўҳ набудани зонаи аслии ҷангали кўҳӣ дар кўҳҳои Копетдаг зонаи ланшафти баландкўҳ хукмфармост. Дар зонаи баланди пешкўҳҳо ва қисми пасткўҳҳо (350-500 м) ланшафтҳои нимбиёбонӣ паҳн шудаанд. Дар даштҳои кўҳии Копетдаг ҷайра ва барраи кўҳӣ вомехўранд. Дар дарахтзорҳои дарраҳо хук вуҷуд дорад. Инчунин дар чашмаҳои кўҳӣ ва соҳили дарёҳо бо кобра вохўрдан мумкин аст. Асоси захираи табии Копетдаг чарогоҳҳои тобистона ва баҳори ташкил медиҳанд.
Т и ё н ш о н. Кўҳҳои Тиёншон чунин ҷойгир шудаанд: Нисфи қисмати шарқиашон дар ҳудуди Хитой паҳн шудааст. Қисми ғарбии каторкўҳҳои Тиёншон асосан ба ҳудуди ҷумҳурии Қазоқистон дохиланд, шимолу канораҳои ғарбии каторкўҳҳо дар Қазоқистон ҷойгиранд ва як қисмаш то охири ҷанубу ғарбиашон дар ҳудуди ҷумҳуриҳои Узбекистон ва Тоҷикистон дохил мешаванд. Қисми калони кўҳхои Тиёншон дорои арз ё ки субарзҳои васеъ мебошанд. Системаи кўҳӣ бо арзҳо тахминан 1200 км паҳн кашидааст. Дар шимоли Тиёншон дашти Илийск ҷой гирифтааст, дар ҷануб ҳавзаи Фарғона, дар қисмати шарқӣ  қаторкўҳҳои Тиёншон бо қаторкўҳҳои Олой ва системаи қаторкўҳҳои Ҳисору Олой зич ҷойгир шудаанд.
Қуллаи баландтарини қаторкўҳҳои Тиёншон – қуллаи Ғалаба (7439 м)мебошад, ки дар соли 1943 кашф  шудааст ва ба ифтихори ғалабаи қушуни Советӣ дар ҷанги Бузурги Ватанӣ ба қулла номи  Ғалабаро гузоштанд. Қуллаи Ғалаба дар қисмати ҷанубии Хан-Тенгри (6995 м) дар қаторкўҳи Кокшаал-Тау дар ноҳияи баландтарин ва яхпўши Тиёншони марказӣ, дар қисмати шимолии ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳамсарҳадӣ бо Хитой ҷойгир шудааст. Релефи қисми зиёди Тиёншон баландкўҳ мебошад.
Иқлим дар кўҳҳои Тиёншон тағирёбанда буда, дар зонаи баландкўҳ нисбат ба биёбон дигар хелтар аст. Дар тағаи кўҳҳо иқлими хунуки баландкўҳҳои барфу яхпўш ҷорист.. Ҳарорати миёнаи моҳи июл дар даштҳои пасткўҳҳо 20-25 дараҷа  ва дар қуллаҳои қаторкўҳҳо то 0 дараҷа С паст мешавад. Дар алоқамандӣ бо зиёдшавии иқлими континенталӣ аз шимолу ғарбӣ ба ҷанубу шарқӣ дар ин мавзеҳо роҳҳои барфӣ пайдо шудаанд. Дар Олтой ва қаторкўҳҳои Қирғизистон онҳо то баландии 3600-3800 метр, дар нишебиҳои шимолӣ то 3800-4200 метр  ҷойгир шудаанд. Дар Тиёншони марказӣ дар ноҳияи Хан-Тенгри ва қуллаи Ғалаба онҳо дар баландии 4200-4450 м ҷойгир шудаанд. Барои ҳамин махсусан Тиёншони марказӣ яхпўш мебошад. Дар ин ҷо пиряхҳои бузурги Тиёншон:Энчилчекии ҷанубӣ, ки дарозиашон қариб 60 км мебошад ҷойгир шудаанд. Майдони яхпўши Тиёншон 7326 км2-ро ташкил медиҳад. Шумораи пиряхҳо 7787-тоянд.
Дарёҳои Тиёншон дар кўли сарбастаи ҳавзаи биёбони Осиёи миёна ва Осиёи марказӣ ба охир мерасанд. Дар кўлҳои дохили Тиёншон, оби дарёҳоро барои обёри истифода мекунанд. Дарёҳо аз баландкўҳҳо оғоз ёфта, захираи барф ва яхро доранд. Обашон тобистон зиёд мешавад. Дарёҳо барои додани қувваи барқ ва обёрӣ намудани ҳавзаҳои хушку биёбонҳо хизмат мекунанд. Дар Тиёншон кўлхо зиёданд. Аз ҳама калонтаринашон Иссикўл мебошад. Чуқурии максималиаш – 668 метр, чуқурии миёнааш 278 метр. Кўл зебогии махсус дорад. Гулҳои  кабуду сабзе, ки дар обаш мавҷуданд ва ҳавзу  кўҳҳое, ки гирду атрофашро иҳота кардаанд, ба кўл зебогии махсусро зам мекунанд. Аз сабаби зиёд чуқур буданаш кўл дар зимистон ях намекунад. Обаш намак дорад. Кўлҳои дигари машҳури дохили Тиёншон Сан-кўл ва Чотир-кўл мебошанд.
Тағироти табиат дар кўҳҳои Тиёншон аз зонаҳои баланд вобаста мебошад.Дар Тиёншон се намуди асосии спектри зонаҳои баландро ҷудо кардаанд:
- Тиёншони шимолӣ;
- Ҷанубу ғарбии Тиёншон;
- Тиёншони дохилӣ.
Ба спектри шимолии Тиёншон,   соли 1857 П.П.Семенов-Тян-Шанский дар нишебии шимолии пасилойи алпӣ 5-зонаро тақсим кард, ки паси ҳам ҷойгир шудаанд ва дорои хусусиятҳои табии ва истифодаи хоҷагидории худашон мебошанд. Дар ҷанубу ғарбии Тиёншон: дар даштҳои кўҳӣ зонаи ланшафтҳои баланддаштҳои  хушк паҳн шудаанд. Дар кўҳҳо хокҳои равшани хокистаранг дучор мешаванд. Дар рахи болоӣ дар зонаи дашткўҳ даштҳои типчоқ, дар кўҳҳо хокҳои хокистаранги тира вуҷуд доранд. Боигариҳои табии Тиёншон бисёр ва хеле гуногун мебошанд. Полиметаллҳо ва рўҳ дар Тиёншони ғарби ва шимолӣ мавҷуданд, ангиштсанг – дар Фарғонаи шарқӣ, Тиёншони дохилӣ ва Иссиккули шимолӣ, ангишти сиёҳтоб – дар Тиёншони ғарбӣ, нефт – дар Фарғонаи шарқӣ ва наздикўҳҳои Фарғона, намаксанг – дар Тиёншони дохилӣ ва канори ҳавзаи Фарғона. Инчунин ҷинсҳои химиявии кўҳии гуногун ва масолеҳи сохтмонӣ вуҷуд доранд.
Ҳисору Олой, ҷанубу ғарбии Помиру Олой ва Помир.
Дар ҷанубтар аз ҳавзаи Фарғона ва қисмати шарқии биёбони Қизилқум ноҳияи васеи кўҳии Помиру-Олой ҷойгир аст, ки аз се қисмати гуногун иборат аст.
Системаи кўҳии Ҳисору Олой: ба зонаи чиндоршавии герсӣ таалуқ доранд. Таърихи тараққиёти геологии онҳо ба таърихи геологии қисми ҷанубии Тиёншон монанди дорад ва барои ҳамин геологҳо баъзан ин системаҳоро ба Тиёншон муқоиса карда, онро Тиёншони ҷанубӣ мегўянд. Системаи кўҳии Ҳисору Олой хеле васеъ буда, онҳо дар ҳудуди Узбекистон (дар ғарб) Тоҷикистон (дар марказ) ва Қирғизистон (дар шарқ) паҳн шудаанд. Қаторкўҳҳои асосии шимолии Ҳисору Олой қаторкўҳҳои Туркистон ва Олой ба ҳисоб мераванд. Аз рахи каторкўҳҳои Олойу Туркистон дар ноҳияи Матчинский, кўҳҳои Зарафшон пайдо мешаванд, ки то қисмати ҷанубу ғарбии дарёи Зарафшон тўл мекашанд. Баландии қаторкўҳҳои Зарафшон дар қисми марказӣ ба 5489 м (қуллаи Чимтарга) мерасад.
Қаторкўҳҳои Олой, Туркистон ва Зарафшон пиряхҳои зиёдро доранд. Барои онҳо чун дигар баландкўҳҳои занҷиршакл намуди релефи алпӣ бо шакли кўҳҳои яхпўш хос аст. Иқлими Ҳисору Олой бо шароитҳои гармии аз ҳад зиёд характери тағирёбанда дорад. Боришоту намнокӣ нобаробар паҳн шудааст. Дар назди кўҳҳо ва пасткўҳҳо зимистон кўтоҳ ва мулоим, тобистони дарозу гарм ҳукмфармост. Ҳарорати миёнаи моҳи июл дар таги кўҳҳо аз 24 градусС ва  то ба 28 градусС мерасад. Боришот зиёдтар аст нисбат ба биёбонҳои ҳамсоя (350-700 м). Дар баландиҳои 1500-3500 м иқлим характери кўҳӣ мегирад. Дар он ҷо ҳаво салқинтар шуда, намнокии зиёдтар ба назар мерасад. Хатҳои барф дар қаторкўҳҳои Туркистон то баландии 3600 м  мерасанд. Майдони яхҳо қариб 2300 км2-ро ташкил дода, шумораи пиряхҳо – 3859 торо ташкил медиҳанд. Аз ҳама пиряхи калон – Зарафшон, ки дарозиаш 28 км мебошад.
Дарёҳои Ҳисору Олой ғизогирии барфу яхҳоро доранд. Ғизогирии пиряхӣ асосан дар Зарафшон зиёд аст. Дар ин ҷо қулҳои кўҳии хушманзара асосан кўли Искандаркул дар нишебии шимолии қаторкўҳҳои Ҳисор, ки ба ҳавзаи Зарафшон тааллуқ дорад, ҷойгир аст. Кўли хушманзараи Марғузор низ дар ҳавзаи Зарафшон ҷойгир аст. Ба системаи кўҳҳои Ҳисору Олой зонаҳои ланшафти баландкўҳ хос аст.

                                  Кўҳҳои ҷанубу ғарбии Помиру Олой.
Ин кўҳҳоро (депрессия) пастхамии Тоҷикистони ғарбӣ, баъзан Тоҷикистони ҷанубӣ ё ки фақат пастхамии Тоҷик ном мебаранд. Инчунин онҳоро  пасткўҳҳои Тоҷикистони ҷанубӣ низ мегўянд, гарчанд бисёр қаторкўҳҳояшон то 2000 м баланд  бошанд ҳам. Калимаи «депрессия», яъне пастхамӣ ба номи ин ҳудуд на он қадар мувофиқ мебиёяд. Ин ноҳияи пасткухҳо ва миёнакўҳҳост. Ноҳия аз шимолу ғарбӣ бо қаторкўҳҳои Байсунтау ва Куштантау маҳдуд шудааст, ки аз канорҳо шохаҳои ҷанубу ғарбии қаторкўҳҳои Ҳисор онро иҳота кардаанд. Пеш ин ҳудуд ҳамааш ба канори фурухамидаи назди Помир, рахи геосинклиналии мавзеи Помиру Алпу Ҳимолой таалуқ дошт. Ҳозир бошад ба он фақат ҳудуди на он қадар васеъро дар шарқ ташкил додаасту  халос.
Қисмати асосии ҳудудаш ба Тоҷикистони ғарбӣ ва Узбекистон (қисмати ғарбиаш дар Туркменистон медарояд) рост меояд.
Помир, ё ки доманакўҳҳои Помир.
Дар ҷанубу шарқии минтақаи кўҳсори Помиру Олой, дар ҳамсарҳадӣ бо Афғонистону Хитой ҷойгир шудаанд. Дар харитаи ҷуғрофӣ Помир шакли чоркунҷаро дошта, дар қисмати ғарбиаш каме шакли буридагӣ дорад. Канори доманакўҳҳо хусусияти андак баланд шуданро доранд. Дар шимол инҳо қаторкўҳҳои Пасиолой (қуллаи Ленин 7134 м) дар шимолу ғарбӣ – қаторкўҳи Академияи илмҳо ва пас аз он дар ғарб қаторкўҳҳои Помири ғарбӣ мебошанд. Дар қаторкўҳи Академияи илмҳо нуқтаи баландтарини Помир (ва СССР пештара) қуллаи И.Сомони бо баландии 7495 м ҷойгир шудааст. Ин қулла соли 1928 дар баландкўҳҳои Помир аз тарафи экспедитсияи шўравию олмонӣ ёфт шудааст.  Дар мавзеи Помир дар рахи геосинклиналии Алпу Ҳимолой якчанд зонаҳои тектоникӣ ҷудо шудаанд:ба мисоли зонаи берунӣ, зонаи Помири шимолӣ, Помири марказӣ, ҷанубу ғарбӣ, ҷанубу шарқии Помир.
Ҳудуди Помир вобаста ба хусусиятҳои релеф ба 2-қисм ҷудо мешавад: Помири ғарбӣ ва Помири шарқӣ.
Ба Помири ғарбӣ
хусусияти системаи қаторкўҳҳои баланд хос аст. Дар шимол инҳо: қаторкўҳҳои Петр 1, ки дар ҳудуди ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ ҷойгир аст. Баъдтар ба онҳо дар шарқи қисмати охири қаторкўҳхои Академияи илмҳо, қаторкўҳи Петр 1 ва Дарвоз, ки ба ду зонаи шимолии тектоникӣ зонаи берунӣ ва шимолии Помир таалуқ доранд, дохил мешаванд.
Қаторкўҳҳои Ванҷ, ки то қаторкўҳхои Язгуломи ҷануби паҳн шудаанд, ба зонаи тектоникӣ Помири марказӣ дохил мешаванд. Дар қисмати ҷанубтар паси ҳам, ки дар зонаи ҷанубу ғарбии Помир қаторкўҳҳои Рушон (қуллаи Патхор 6083 м) Шуғнон ва Шохдара ҷойгир шудаанд.
Помири шарқи тамоман дигар хел хусусиятҳои релефашро дорад. Дар ин ҷо, дар қисмати марказии даманакўҳҳо, релефи қадим боқи мондааст. Ба релефи Помири шарқи хусусияти даштҳо ва ҳавзаҳои калону васеъ хос аст, ки то баландии 3500-4500 метр мерасанд. Байни онҳо қаторкўҳҳои баланд ва маҳалҳои кўҳӣ ҷой гирифтаанд, ки баъзан баландии онҳо зиёда аз 6000 метр мерасад (қуллаи Советских Офицеров «Афсарони Шўравӣ» дар қаторкўҳҳои Музкол 6233 метр). Дар шимолу шарқии қисмати Помир ҳавзаҳои калону ҳамвори сарбастаи бо кўлхо мавҷуданд.
Дар Помири шарқӣ ҳавзаи кўли Қарақул ба зонаи тектоникӣ Помири шимоли: қаторкўҳҳои Музкул ва мавзеи кўли Рангкул – ба зонаи марказӣ, ҳавзаи дарёи Оксу – ба зонаи ҷанубу шарқии Помир таалуқ доранд. Тамоми Помир ба рахи субтропики дохил мешавад.
Дар Помири шарқи, нисбат ба дигар ҳудудҳои кўҳии Помиру-Олой, ки боришот дар баҳор ва тобистон мешавад, дар Помири шарқи тобистон боришот зиёдтар аст. Иқлим дар Помири шарқи ниҳоят хушк, континентали мебошад (дар баландии қариб 400 метр ҳарорати миёнаи моҳи январ то 20 градус С, моҳи июл бошад +8 градус С мешавад). Дар даштҳои Помири ғарби ҳарорат баландтар (дар баландии қариб 2100 метр ҳарорати миёнаи моҳи январ -7,4 градусС, моҳи июл +22,5 градус С). Нисбат ба Помири шарқи дар Помири ғарби боришот зиёдтар мешавад, махсусан дар қисмати шимолиаш.
Хатҳои барфи дар канори шимолу ғарбии Помир дар баландии 3600-3800 метр мегузаранд. Дар мавзеи пиряхи Федченко 4200-4400 метр, дар қисмати маркази ва арки онҳо то баландии 5200-2240 метр мерасанд. Яхҳои Помир ниҳоят бузурганд, асосан дар қисмати шимоли ва шимолу ғарби. Дар Помир қариб 7100 пирях (6730 агар пиряхҳои даштиро ҳам ҳисоб кунанд) маълум аст. Майдони яхҳо тақрибан то 7500 км2 тул мекашад, ки зиёда аз 10% тамоми қисми болоии Помирро ишғол кардаанд. Бо шумора ва майдони пиряхҳо Помир ҷои якумро байни ноҳияҳои кўҳиву пиряхии И.Д.М. мегирад. Аз нисф зиёди майдони яхпуш ба қисмати шимолу ғарбии Помир рост меояд.
Дар ин ҷо ҳамаи пиряхҳои калони Помир, аз ҷумла пиряхи Федченко, ки пиряхи баландтарини И.Д.М. ва яке аз пиряхи калонтарини ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Дарозиаш 77 км, майдонаш 651,7 км2, ғавсии максималии ях дар қисмати марказӣ 1000 метр.
Пиряхи Грум-Гржимайло дарозии қариб 37 км дошта, майдонаш 143 км2. пиряхи Гармо, ки байни қаторкўҳҳои Петр 1 ва Дарвоз воқеъ аст, дарозии 30,4 км ва масоҳати 114 км2-ро дорад. Даҳ пиряхи Помир дарозии зиёда аз 20 км доранд.
Дарёҳои Помир ба ҳавзаи Амударё таалуқ доранд, ки дар қисмати болоӣ номи Панҷро гирифтаанд. Аз ҳама калонтарин Қизил-су, Сурхоб, Вахш. Канори дарёҳои Помири шарқӣ ва ҳавзаҳои Яркенда ва Нангара дохил мешаванд.
Ҳамаи дарёҳо ғизогирии барфу пиряхӣ доранд.
Кўли калонтарини Помир-Қаракўл дар Помири шарқӣ ҷойгир аст. Дар баландии 3914 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст. Чуқурии кўл то 236 метр мерасад. Обаш намак дошта, барои нушидан истифода намешавад. Дар зимистон обаш ях мекунад. Дар яке аз ҳавзаҳои Помири шарқи кўлҳои на он қадар калони Шуркўл ва Рангкул ҷойгиранд.  Кўли Шуркўл намакин аст, Рангкўл бошад қариб оби тозаи ошомиданӣ дорад. Кўлҳои равони Помир  кўли Сарез, Яшикўл ва Зоркўл мебошанд. Зоркўл аз кўлҳои дигари Помир баландтар ҷойгир аст. Дар баландии 4 125 метр. Аз ҳама кўли калони равони Помир Сарез мебошад. Дар соли 1911 дар натиҷаи ғалтидани кўҳ пайдо шудааст.
Зонаҳои баланд дар кўҳҳои Помир дар қисмати ғарбӣ ва шарқӣ гуногун тасвир ёфтаанд. Дар Помири ғарби зонаҳои баланд васеъ ҷойгир шудаанд, вале аз сабаби набудани ҷангалҳо на он қадар васеъанд. Растаниҳо ва дарахтон хеле кам дида мешаванд. Дар нишебиҳои сангин арча мерўяд, ки дарахти кўҳӣ мебошад. Дар соҳилҳои дарёҳо дарахтони ар-ар, бед ва ғайра месабзанд.

Дидан карданд: 1377

Мавзӯъҳои монанд:

Кўҳҳои Фон

Лавозимот Ва Таҷхизотҳои Муҳим Барои Туризми Кўҳсор

Таснифоти Туризми Кўҳсор

Захираҳои Рекреатсионии Туризми Кўҳсор

Заминаҳои Таърихии Истифодабарии Минтақаҳои Кўҳӣ

Вазъи туризми кӯҳсор

Зерсинфи ҳашароти болдор

Гурўҳи дуйуминдаҳонон ва Типи хорпeстон

Зертипи хелисерадорон ё нешчанголҳо

Болосинфи шашпойҳо ва Синфи ҳашарот

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: