|

Аудити ташкили баҳисобгирии бухгалтерӣ ва сиёсати баҳисобгирӣ

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2017-05-04

Нақша:
16.1.Аудити ташкили баҳисобгирии бухгалтерӣ.
16.2.Аудити сиёсати баҳисобгирӣ.

16.1.Аудити ташкили баҳисобгирии бухгалтерӣ.
Мақсади аудит муайянкунии мувофиқии ташкили ҳисоби муҳосибӣ ва сиёсати баҳисобгирӣ бо талаботҳои қонунҳои амалқунанда ва ҳусусиятҳои фаъолияти ташкилот мебошад.
Барои тафтиш чунин манбаъаҳо истифода бурда мешаванд: низомнома оиди сиёсати баҳисобгирӣ, низомнома оиди муҳосибот, дастуруламали касбии коркунони муҳосибот, ҷадвали гардиши ҳуҷҷатҳо, нақшаи кори ҳисобҳо, низомнома оиди барўйхатгирии молу маводҳо, ҷараёни коркарди ҳуҷҷатҳо (дастӣ бо воситаи компутер), натиҷаҳои пурсиши тестӣ ва ғайра.
Барои ноил шудан ба мақсад, аудиторон бояд чунин вазифаҳоро иҷро кунанд:
1.Ташаккулдеҳии мутаносибии сохти ташкилии муҳосибот ва шаклҳои баҳисобгирӣ бо шароити амалиёти ташкилот ва идорақунии он.
2.Баҳо додан ба системаи ҳуҷҷатикунонӣ ва ҷадвали гардиши ҳуҷҷатҳо.
3.Баҳодеҳӣ ба сиёсати баҳисобгирӣ ва тарзи риояи он.
Вобаста ба ҳаҷми кори муҳосибот штати муҳосибот, сохти он ва шакли баҳисобгирӣ аниқ карда мешавад. Дар асоси он маъно, андоза ва миқдори расму қоидаҳои аудит муайян карда мешавад.
Аудиторон бояд ба риоя карда шудани низомномаи касбии муҳосибон аҳамияти махсус диҳанд, зеро ки дар асоси он вазифаҳо байни муҳосибон тақсим карда мешавад. Баъд бо кадрҳо таъмин будани муҳосибот, риояи ҷадвали штатиро тафтиш меқунанд.

16.2.Аудити сиёсати баҳисобгирӣ.
Сиёсати баҳисобгирӣ – принсипҳои дақиқе мебошанд. ки дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқнамудаи роҳбарияти ташкилот, маҷмўъи қоидаҳо, усулҳо ва тартиби пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ ва тартиб додани ҳисоботи молиявиро тибқи стандартҳои байналмилалӣ ва ё миллӣ муайян менамоянд.
Сиёсати баҳисобгирӣ бояд чунин элементҳоро дар бар гирад:
1.Нақшаи кории ҳисобҳо.
2.Номгўъ ва шаклҳои ҳуҷҷатҳои аввалаи баҳисобгирӣ.
3.Тарзи гузаронидани барўйхатгирии активҳо ва ўҳдадориҳо.
4.Усулҳои баҳодеҳӣ ба активҳо ва ўҳдадориҳо.
5.Қоидаҳои гирдгардиши ҳуҷҷатҳо ва технологияи коркардабароии ҳуҷҷатҳо.
6.Тарзи гузаронидани назорати амалиётҳои хоҷагӣ.
7.Қарорҳои дигари вобаста ба ташкили баҳисобгирӣ зарур.

Дарси амалии   № 16. 
Масъалаи  № 62.
МММ «Суғд Аудит» аудити ҳисоботи молиявии МММ «Сир дарёро» мегузаронад. Дар вақти  омўзиш ва таҳлили ташкили баҳисобгирӣ инҳо муқаррар карда шуданд. МММ «Сир дарё» ба намуди фаъолияти муқаррарӣ машғул буда ба тартиби умумии андозбандӣ мувофиқат мекунад.
Дар ҷамъият ААИ алоҳида ҳисоб карда намешавад. Ғайр аз он тақсимоти ҳароҷотҳо байни намудҳои фаъолият тақсим карда намешаванд (истеҳлоки иморатҳои ҳамаи намуди фаъолиятҳо). Дар ин вақт маблағи ин ҳароҷотҳо бо тартиби умумӣ гузаронида мешаванд.
Супориш:   
1.Маълумоти пешниҳодшударо ба предмети мувофиқии талаботҳои ҳуқуқию-меъёрии ҶТ тафтиш карда бароед.
2.Нишондодҳои асосии талаботҳои ҳуҷҷатҳои ҳуқуқию-меъёриро бо мақсади баҳисобгирии муҳосибӣ ва андозӣ кушоед.
3.Натиҷаи тафтишро ба намуди пешниҳоди хаттии аудитор ба роҳбарият ба тартиб дароред.
КМРУ    № 16.
1.Тафтиши иҷроиши вазифаҳои мустақилонаи супоридашуда.
2.Пурсиш бо саволномаҳо.
3.Машваратҳо оиди иҷрои кори мустақилона

КМД   № 16.
Саволҳои назоратӣ:
1.Мақсади аудити сиёсати баҳисобгирӣ.
2.Ҳолатҳои тағирёбии сиёсати баҳисобгирӣ.
3.Мақсади тафтиши аудитории ташкили баҳисобгирии муҳосибӣ.
Масъалаи № 63.
Ташкилоти аудитории «Хуҷанд Аудит» аудити ҳисоботи молиявии ҶММ «Муҳаммад» ро мегузаронад. Ҷамъият ба савдо ва истеҳсоли коркарди маҳсулоти ширӣ машғул аст. Омўзиши сиёсати баҳисобгирии мизоҷ  дар давраи аудит нишон дод, ки дар он маълумот оиди муайянқунии усули мўҳлати манфиатбахши объектҳои воситаҳои асосӣ, ташкилкунии фонди таъмири воситаҳои асосӣ бо мақсади баҳисобгирии муҳосибӣ ва андозӣ кушода нашудааст.
Дар фаъолияти ҳуд ҷамъият мувофиқи ведомости гардишӣ дар давраи аудит воситаҳои асосиро кор мефармояд, истеҳлок ҳисоб мекунад, фонди таъмири воситаи асосиро бо инъикоси амалиётҳо дар ҳисоби 22440 «Дигар захираҳои ҳисобкардашуда» кор мефармояд. Ба фонди таъмир 25000 сомонӣ ҳисоб карда шуда 120000 сомонӣ истифода бурда шудааст. Боқимонда маблағи фонди таъмир 80000 сомониро ташкил медиҳад, ки дар баланс нишон дода шудааст. Дар вақти ташаккули базаи андозбандӣ оиди фоида маблағи ташкилдеҳии фонди таъмир ба назар гирифта нашудааст.
Супориш:
1.Маълумоти пешниҳодшударо ба предмети мувофиқии талаботҳои ҳуқуқию-меъёрии ҶТ тафтиш карда бароед.
2.Нишондодҳои асосии талаботҳои ҳуҷҷатҳои ҳуқуқию-меъёриро бо мақсади баҳисобгирии муҳосибӣ ва андозӣ кушоед.
3.Натиҷаи тафтишро ба намуди пешниҳоди хаттии аудитор ба роҳбарият ба тартиб дароред.

Супориши  № 1. Сармояи оинномавӣ мувофиқи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ дар санаи 31.12.2013 сол 170000 сомониро ташкил медиҳад. Нусҳа аз оинномаи ҶСК «Восток» дар гузориши 8 нишон дода шудааст. Дар рафти тафтиш муайян карда шуд, ки 31.12.13. он дар баланс 166000 сомонӣ нишон дода шудааст. Муҳосиб оиди ин эъзоҳ дод, ки фарқият саҳмияҳои иловагии баровардашудаи аз тарафи саҳҳомон пардоҳтанашуда мебошад.
Талаб карда мешавад:
1.Расму оинҳои аудитории амалиётҳои ташаккул ва тағъирёбии сармояи оинномавиро иҷро кунед.
Натиҷаҳои тафтишро дар ҳуҷҷатҳои кории аудиторӣ гузаронед. (гузоришҳои № 2, 37, 38)
2.Хатогиҳои муайяншударо ба предмети муҳиммияти хатогӣ бо истифодаи дараҷаи муҳиммияти хатогӣ ва салоҳияти касбии аудиторӣ баҳо диҳед.
3.Қисми маълумоти хатти аудитор ба роҳбарият ва соҳибонро оиди натиҷаҳои тафтиши ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ва ташкилдиҳии сармояи оинномавӣ ва сиёсати баҳисобгирӣ тартиб диҳед. Дар он маҳорати касбии худро оиди  саҳеҳии маълумотҳои ҳисоботи молиявии қисми сармояи оинномавӣ, захиравӣ ва иловагӣ баён намоед.
4.Оиди ин сегменти аудит баҳсу мунозираҳо гузаронед.

Тестҳо:
1.Ивазкунии сиёсати баҳисобгирӣ барои соли оянда, дар эъзоҳномаи ҳисоботи молиявӣ бояд:
1) эълон карда мешавад;   2) эълон карда мешавад;
3) бо назардошти мақомоти иҷроия эълон карда мешавад;
4) бо назардошти ҷаласаи саҳҳомон эълон карда мешавад;
2.Дар вақти ташаккули сиёсати баҳисобгирӣ, ташкилот бояд усулҳои муайяни бурдани баҳисобгирии муҳосибиро кор карда барояд, агар, дар ҳуҷҷатҳои меъёри нуқтаи асосии ҳисоби аниқи аспект муайян карда шуда:
1) муқаррар карда шуда набошад;                   
2) муқаррар карда шуда бошад;
3) эзоҳот талаб кунад;                                
4) зиддият дошта бошад.
3.Шахси ташаккулдиҳандаи сиёсати баҳисобгирӣ, дар ҳолати дар ҳуҷҷатҳои ва санадҳои меъёрии Ҷ Т пешбинӣ карда нашудани он, кӣ шуда метавонад:
 1) раиси шўрои директорон;  
2) директор;   
3) сармуҳосиб;  
4) раиси маҷаллаи саҳҳомон.
4.Давраи истифодабарии усулҳои бурдани баҳисобгирии муҳосибии дар сиёсати баҳисобгирӣ қабулкардашуда, дар ҳолати бо ягон сабаб дигар карда нашудани он:
1) аз 1 январи соли оянда, баъди тасдиқи ҳуҷҷатҳои ташкилию фармонии муайян;
2) аз 1 январи соле, ки дар он ҳуҷҷатҳои ташкилию фармонии муайян тасдиқ карда шудаанд;
3) аз 1-ў мин санаи моҳе, ки дар он ҳуҷҷатҳои ташкилию фармонии муайян тасдиқ карда шудаанд;
4) аз 1-ў мин санаи моҳи ояндае, ки дар он ҳуҷҷатҳои ташкилию фармонии муайян тасдиқ карда шудаанд;
5.Усули бурдани баҳисобгирии муҳосибие, ки бояд дар эъзоҳномаи ҳисоботи молиявӣ кушода баён карда шавад:
1) маънидор, пурмаънӣ;     
2) муҳим;     
3) актуалӣ;      
4) номуҳим.
6.Моҳияти гузораҳое, ки дар вақти дигаршавии сиёсати баҳисобгирӣ ба амал меоянд фаҳмонед:
1) Дебети ҳисоби 11100 «Истеҳлоки гуншудаи воситаҳои асосӣ»
Кредити ҳисоби 11080 «Истеҳлоки ғуншудаи воситаҳои асосии дигар»;
2) Дебети ҳисоби 44010 «Даромад аз фурӯш»  Кредити ҳисоби 10410 «Ҳисобҳо барои қабул»;
3) Дебети ҳисоби 10430 «Захираҳои қарзҳои шубҳанок»  Кредити ҳисоби 66070 «Дигар даромадҳои ғайриамалиётӣ»;
4) Ҷавоби дуруст вуҷуд надорад.
7.Фарқиятҳои суммавие, ки вобаста ба ивазкунии сиёсати баҳисобгирӣ ва истифодаи усулҳои нави бурдани баҳисобгирӣ ба амал меоянд, бурда мешавад: 
1) ба хароҷотҳои истеҳсолот;
2) ба фоидаи соф;
3) ба сармояи оинномавӣ;
4) ба хароҷотҳои истеҳсолот (муомилот).

Дидан карданд: 3098

Мавзӯъҳои монанд:

Асоси назариявии фаъолияти аудиторӣ

Аудити воситаҳои пулӣ

Аудити баҳисобгирии хароҷотҳои истеҳсолӣ, махсулоти тайёр ва фурўши он

БУХГАЛТЕРСКИЙ БАЛАНС

Аудити ташкили баҳисобгирии бухгалтерӣ ва сиёсати баҳисобгирӣ

Аудити хислатҳои амалиётии ташкилот

Тарзи тартибдеҳӣ ва пешниҳоди хулосаҳои аудиторӣ

Хулосаҳои аудиторӣ

Ҳуҷҷатикунонии аудит ва натиҷаҳои тафтишоти аудиторӣ

Системаи назорати доҳилӣ ва интихоб

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: