|
youtaj

Аудити хислатҳои амалиётии ташкилот

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2017-05-04

Нақша:
15.1.Тафтиши ҳуҷҷатҳои таъсисӣ.
15.2.Аудити ташкилёбии сармояи оинномавӣ.

15.1.Тафтиши ҳуҷҷатҳои таъсисӣ.
Дар вақти аудит мувофиқии ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ва фаъолияти ташкилот ба қонунҳои амалкунанда тафтиш карда мешавад.
Мақсади тафтиш, ташаккули фикру мулоҳиза оиди дурустии (саҳеҳии) нишондодҳои ҳисоботи молиявӣ  ва баҳисобгирии муҳосибӣ мувофиқи меъёрҳои амалкунанда мебошад.
Тафтишро пешниҳод карда мешавад, ки аз тафтиши мақоми ҳуқуқӣ доштани субъекти иқтисодӣ ва ҳуқуқи намудҳои фаъолияти дар оиннома муқарраркардашуда, ҳайъати муассисон, сохти идоракунӣ ва имконияти молиявӣ барои ноил шудан ба мақсадҳои фаъолият оғоз намуд.
Аудитор аниқ мекунад, ки то кадом дараҷа пурра, сари вақт дар ҳама давраҳои фаъолият ҳамаи ҳуҷҷатҳо ба тартиб дароварда шудаанд.
Равишҳои асосии тафтиш инҳоянд:
1.Тафтиши асоси ҳуқуқии амалиёти ташкилот.
2.Тафтиши мавҷудият ва шакли ҳуҷҷатҳои таъсисӣ.
3.Мувофиқатии маънии ҳуҷҷатҳои таъсиси бо талаботҳои қонунҳои амалкунанда.
4.Пуррагӣ ва риояи мўҳлатҳои супоридани саҳм ба сармояи оинномавӣ.
5.Тафтиши баҳодеҳии молу маблағҳои бар ивази саҳм супоридашуда.
6.Тафтиши андозбандии молу маблағҳои ба сармояи оинномавӣ супоридашуда.
7.Тафтиши қонунияти намудҳои фаъолияти ташкилот.
8.Мувофиқии андозаи сармояи оинномавӣ бо нишондодҳои ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ва қонунҳои амалкунанда.
9.Дар ҳисоби муҳосибӣ дуруст инъикос кардани амалиётҳои ташкили сармояи оинномавӣ.
10.Тафтиши ҳисоббаробаркуниҳо бо саҳҳомон ва муассисон оиди андоз ва дивидендҳо.
11.Муайянкунии асосӣ ҳуқуқии дохилшавӣ, иштирок ва хориҷшавӣ аз сармояи оинномавии дигар субъектҳои хоҷагӣ.
Манбаъи маълумот барои тафтиш:
-ҳуҷҷатҳои дохилии мизоҷ: оиннома, шартномаи таъсисӣ, шаҳодатномаи қайди давлатӣ дар мақомоти андоз, омор, фондҳои ғайрибуҷавӣ, суратҷаласаҳои маҷлисҳо.
-ҳуҷҷатҳои ҳуқуқи соҳибият доштан: шартномаи хизмати бонкӣ, ҳуҷҷати барориши саҳмия, фармонҳо, иҷозатномаи намудҳои алоҳидаи фаъолият, ҷурнали қайди боваринома, реестри саҳҳомон,
ҷурнал-ордери № 12, саркитоб, ведомости гардишӣ.
Дар вақти шиносои бо ҳуҷҷатҳои таъсисӣ аудитор аниқ мекунад:
1.шакли ташкилию ҳуқуқии ташкилот (ҶММ, ҶСК, ҶСР).
2.шакли моликият (давлатӣ, шахсӣ, хусусӣ, коллективӣ).
3.мансубият (ташкилоти давлати Тоҷикистон, муштарак, ташкилоти хориҷӣ).
4.мақоми ҳуқуқию ташкилӣ (муассисаи хурд, муассисаи духтарӣ, муассисаи тобеъ, холдинг ва диг).
5.намудҳои фаъолият.
6.мавқеъи амалиёт (масоҳати Тоҷикистон, мавқеъи озоди иқтисодӣ, мавқеъи маъмурии руст).
7.мувофиқати фаъолият бо ҳуҷҷатҳои таъсисӣ.

15.2.Аудити ташкилёбии сармояи оинномавӣ.
Дар вақти тафтиши намуди фаъолияте, ки бояд алоҳида иҷозатнома дошта бошад, аудитор мавҷудияти иҷозатнома, мўҳлати амали онро  тафтиш мекунад.
Дар вақти тафтиши шартномаи таъсисӣ бояд муайян карда шавад:
1.Додугирифти молу мулк.
2.Иштирок дар фаъолият.
3.Тақсимоти фоида ва зарар байни тарафҳо.
4.Идорақунии фаъолияти шахси ҳуқуқӣ.
5.Баромади саҳмгузорандагон аз аъзогӣ.
Дар вақти тафтиши оиннома аудитор муайян мекунад:
-номи фирмавӣ, макони ташкилот, ки бояд ҷои қайди давлатии он бошад;
-андозаи сармоя ва тақсими он байни саҳмгузорандагон;
-мақсад ва намуди фаъолият;
-тарзи таъинот ва интихоби мақомоти иҷрокунанда;
-таркиб ва подоши мақомоти идоракунии ҷамъиятӣ ва тарзи қабулкунии қарорҳо аз тарафи онҳо;
-миқдори намояндагӣ ва шўъбаҳои корхона;
-тарзи ташаккулдиҳии фондҳо;
-тарзи тақсимоти фоида.
Аудитор дар вақти тафтиши оиннома ба андозаи активҳои тоза бо воситаи муқоисакунии он бо сармояи оинномавӣ аҳамияти калон медиҳад.
Дарси амалии  № 15.
Масъалаи  № 59.
Харидорони асосии молҳои муассисаи «Correct» қисми аҳолии миёнаҳол буда аз сабаби нарх нисбатан баланд будан молҳои пешниҳодшавандаро ба миқдори лозимӣ дастрас карда наметавонад. Рақиби ягонаи «Correct» дар бозори пешниҳоди маҳсулоти ҳӯрокворӣ муассисаи «Амид» мебошад, ки дар соҳили чапи шаҳри Хуҷанд 100% мағозаҳо дорад.

Супориш: 
1.Фикри аудиторро оиди ин ҳолат, аз ҷумла хавфи савдо дар оянда, баён кунед.
2.Муайян кунед, ки аудитор бояд кадом масъалаҳоро дар вақти тартибдеҳии нақшаи умумии тафтиш таҳлил карда барояд.

 

Масъалаи  № 60.
Ташкилоти аудитории МММ «Аудит консалтинг» аудити ҳисоботи молиявии ҶСР «Сомон - Суғд» ро мегузаронад. Ҷамъият мувофиқи оиннома корҳои васлкунию таъмиркунӣ ва дигар корҳои қонунҳои амалкунанда иҷозат додаро мегузаронад, Дар бозорӣ иқтисодӣ 2 сол фаъолият мебарад. Солҳои пешина аудит гузаронида нашудааст. Дар рафти тафтиш инҳо муқаррар карда шуданд.
Сармояи оинномавии ҶСР «Сомон - Суғд» мувофиқи оиннома 150000 сомониро ташкил медиҳад. Дар як вақт мувофиқи ведомости гардиши дар давраи тафтиш ҳисоби муҳосибии 33000 вуҷуд надорад. Дар баланси муҳосибӣ дар қатори «Сармояи оинномавӣ» дар аввал ва охири давра хат кашида шудааст.
Супориш:
1.Маълумоти пешниҳодшударо ба предмети мувофиқии талаботҳои ҳуқуқию-меъёрии ҶТ тафтиш карда бароед.
2.Нишондодҳои асосии талаботҳои ҳуҷҷатҳои ҳуқуқию-меъёриро бо мақсади баҳисобгирии муҳосибӣ ва андозӣ кушоед.
3.Натиҷаи тафтишро ба намуди пешниҳоди хаттии аудитор ба роҳбарият ба тартиб дароред.

Тестҳо:
1.Ҳуҷҷате, ки аудитор дар вақти тафтиши ҳуҷҷатҳои таъсиси аслиашро барои тафтиши ҷамъияти саҳҳомӣ талаб мекунад:
1) шиносномаи муассисон;              2) шаҳодатномаи қайди давлатӣ;
3) реестри самоягузорандагон ва шаҳодатномаи қайди давлатӣ;
4) оинномаи ташкилот, ки дар он ин ҷамъият муассис нишон дода шудааст.
2.Ба ҳуҷҷатҳои таъсисии ҷамъияти масъулияташ маҳдуд дохил мешаванд:
1) шартномаи таъсисӣ ва оиннома;    2) смета;    3) оиннома; 
4) қарори таъсисёбии ҷамъият.
3.Ҳисоби муҳосибие, ки дар он даромади эмиссионӣ (аз бароиши саҳмияҳо) ҳисоб карда мешавад:
1) 33000 «Сармояи оинномавӣ»;       2) 33300 «Сармояи захиравӣ»;
3) 33100 «Сармояи иловагӣ»;           4) 33200 «Фоидаи тақсимнашуда».
4.Қарзи муассисон (сармоягузор, иштирокчӣ) дар вақти ташаккули сармояи оинномавии ҷамъият бояд инъикос карда шавад:
1) дар дебети ҳисоби 22510 «ӯҳдадориҳо дар назди муассисон»;
2) дар қредити ҳисоби 22510 «ӯҳдадориҳо дар назди муассисон»;
3) дар дебети ҳисоби 22040 «Дигар ҳисобҳо барои пардоҳт»;
4) дар қредити ҳисоби 22040 «Дигар ҳисобҳо барои пардоҳт».
5.Андоза ва тарзи ташаккули сармояи захиравии ҷамъияти саҳҳомӣ, бояд муайян карда шавад:
1) дар оинома;      
2) сиёсати баҳисобгирӣ бо мақсади баҳисобгирии муҳосибӣ;
3) дар фармони роҳбар;    
4) сиёсати баҳисобгирӣ бо мақсади андозбандӣ.
КМРУ    № 15.
1.Тафтиши иҷ роиши вазифаҳои мустақилонаи супоридашуда.
2.Пурсиш бо саволномаҳо.
3.Машваратҳо оиди иҷрои кори мустақилона

КМД  № 15.
Тестҳо:
6.Маблағи сармояи захиравии ҷамъияти саҳҳомӣ, ки дар асоси оиннома ташкил карда шудааст, истифода бурда мешавад:
1) дар ҳама ҳолатҳо барои рўйпўшкунии зарар;
2) ҳариди сармояҳои азони худӣ, вомбаргҳо ва пардоҳти дивидендҳо;
3) пардоҳти дивидендҳо;     4) рўйпўшкунии зарар дар ҳолати ноёбии дигар воситаҳо.
7. Сармояи иловагии захиравиро  оё, ҷамъияти саҳҳомӣ ташкил карда метавонад:
1) вазифадор мебошад;   2) вазифадор нест;
3) вазифадор аст, бо қарори роҳбари ҷамъият;
4) вазифадор мебошад, мувофиқи сиёсати баҳисобгирӣ.
8.Сармояи, андозаи камтарини кафолати манфиати қарзҳоҳони
ҷамъиятро инъикос кунанда ин:
1) сармояи оинномавист;  2) сармояи захиравист;  3) сармояи иловагист; 4) сармояи худӣ мебошад.
9.Илова ва дигаркуниҳо ба оинномаи ҷамъияти саҳҳомӣ, ё тасдиқи оиннома бо матни нав гузаронида мешавад, мувофиқи қарори:
1) маҷлиси умумии саҳҳомон, ғайр аз ҳолатҳои пешбинишуда;
2) маҷлиси умумии саҳҳомон ва шўрои директорон;  3) шўрои директорон;   4) мақомоти иҷроия. 
10.Фарқиятҳои қурбии ҳисоббаробаркуниҳо бо муассисон оиди саҳм, аз ҷумла ба сармояи оинномавии ташкилот, бояд дохил карда шавад:
1) ба сармояи иловагии ин ташкилот; 2) ба сармояи захиравии ин ташкилот;
3) ба сармояи оинномавии ин ташкилот    4) ба сармояи азони худии ин ташкилот;
Саволҳои назоратӣ:
1.Базаҳои меъёрию ҳуқуқии ташкил ва қайди субъектҳои хоҷагиро номбар кунед.
2.Кадоме аз ҳуҷҷатҳо қонунияти ҳуқуқи амали субъекти иқтисодиро таъмин мекунад.
3.Кадоме аз маълумотҳоро дар вақти омўзиши ҳуҷҷатҳои таъсисӣ аудитор бояд тафтиш кунад.
4.Ба кадоме аз намуди фаъолият дар вақти омўзиши ҳуҷҷатҳои таъсисӣ аудитор бояд аҳамияти махсус диҳад.
5.Тарзи ташаккули сармояи оинномавӣ чи тавр тафтиш карда мешавад. Талаботҳои асосии ташаккули сармояи оинномавиро номбар кунед.
6.Хусусиятҳои асосии аудити ҳисоббаробаркуни бо муассисон (саҳҳомон).
7.Баҳисобгирии ҳисоббаробаркуни бо муассисон (саҳҳомон) оиди саҳм.
Масъалаи  № 61.
Ташкилоти аудитории ҶММ «Сугд Аудит» аудити ҳисоботи молиявии ҶСК «Сомон» ро мегузаронад. Ҷамъият ба таъмини яклуҳтфурўшии маҳсулоти кишоварзӣ, ки қонун иҷозат додаст, машғул мебошад. Мувофиқи нишондодҳои ҳисобот оиди «Фоида ва зарар» фоидаи софи давраи аудит 360000 сомониро ташкил медиҳад, соли гузаштааш – 60000 сомонӣ. Сармояи оинномавӣ мувофиқи оиннома 150000 сомонӣ. Дар рафти аудит муайян карда шуд. Дар боби алоҳидаи оинномаи ҶСК «Сомон» ташкилкунии сармояи захиравӣ ба андозаи 5% фоидаи соф, то андозаи 15% сармояи оинномавӣ  нишон дода шудааст. Мувофиқи ведомости гардиши дар давраи тафтиш ҳисоби 33300 «Сармояи захиравӣ» аз сабаби бурда нашудани ҳисоби куллии он, вуҷуд надорад. Дар баланси муҳосиби дар қатори «Сармояи захиравӣ» дар аввал ва охири сол хат кашида шудааст.
Супориш:
1.Маълумоти пешниҳодшударо ба предмети мувофиқии талаботҳои ҳуқуқию-меъёрии ҶТ тафтиш карда бароед.
2.Нишондодҳои асосии талаботҳои ҳуҷҷатҳои ҳуқуқию-меъёриро бо мақсади баҳисобгирии муҳосибӣ ва андозӣ кушоед.
3.Натиҷаи тафтишро ба намуди пешниҳоди хаттии аудитор ба роҳбарият ба тартиб дароред.
Супоришҳо:
1.Дар моҳи феврвли соли 2013 қарор оиди зиёдкунии сармояи оинномавӣ қабул карда шуд. Мувофиқи ҳуҷҷатҳо саҳҳом Файзиев Анвар, ки соҳиби саҳми навбаромада ба маблағи 47000 сомонист, дар моҳи марти ҳамон сол бар ивази саҳм таҷҳизоте месупорад, ки мувофиқи маслиҳати тарафайн ва дигар саҳҳомон 47000 сомонӣ баҳо дода шудааст. Аудитор вайронкории санадҳои меъёриро муайян кард (мустақилона муайян кунед). Мувофиқи баҳодеҳии мутахассиси баҳодиҳандаи таклиф карда шуда таҷҳизот ба маблағи 45000 сомонӣ баҳо гузошта шуд. Аудитор маблағи хатогиро муайян кард (мустақилона муайян кунед). Арзиши боқимондаи таҷҳизот дар санаи додугирифт 40000 сомониро ташкил медиҳад. Маълумотҳои иловагӣ дар сиёсати баҳисобгирии ҶСК «Восток» дар гузориши № 9 оварда шудааст.
2.Мувофиқи нишондоди баланси муҳосибӣ маълумотҳои дар авали давраи ҳисоботии қатори «Сармояи захиравӣ», ки дар асоси қонунгузорӣ ва ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ташкил карда шудааст,  нишон дода нашудааст. Мувофиқи эъзоҳномаи роҳбари ҶСК «Восток» Дадоматов Ҳ.Г. муқаррар карда шуд, ки маблағи сармояи захиравии мувофиқи қонун ташкил додашуда  аз он сабаб вуҷуд надорад, ки дар авали сол пурра барои додани дивиденд оиди саҳмияҳои оддӣ ва имтиёзнок равона карда шудааст. Ташаккули сармояи захиравӣ ташаббуси буда, дар ҳуҷҷатҳои таъсисӣ пешбинӣ нашудааст.
Нусхае аз оинномаи ҶСК «Восток» дар гузориши 8 оварда шудааст.
Аудиторҳо вайронкориҳои ҳуҷҷатҳои меъёриро муайян карданд (мустақилона муайян кунед ва ислоҳотҳоро пешниҳод кунед).
Талаб карда мешавад:
1.Расму оинҳои аудитории амалиётҳои ташаккул ва тағъирёбии сармояи оинномавиро иҷро кунед.
Натиҷаҳои тафтишро дар ҳуҷҷатҳои кории аудиторӣ гузаронед. (гузоришҳои № 2, 37, 38)
2.Хатогиҳои муайяншударо ба предмети муҳиммияти хатогӣ бо истифодаи дараҷаи муҳиммияти хатогӣ ва салоҳияти касбии аудиторӣ баҳо диҳед.
3.Қисми маълумоти хаттии аудитор ба роҳбарият ва соҳибонро оиди натиҷаҳои тафтиши ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ва ташкилдеҳии сармояи оинномавӣ ва сиёсати баҳисобгирӣ тартиб диҳед. Дар он маҳорати касбии худро оиди  саҳеҳии маълумотҳои ҳисоботи молиявии қисми сармояи оинномавӣ, захиравӣ ва иловагӣ баён намоед.
4.Оиди ин сегменти аудит баҳсу мунозираҳо гузаронед.

Дидан карданд: 1220

Мавзӯъҳои монанд:

Асоси назариявии фаъолияти аудиторӣ

Аудити воситаҳои пулӣ

Аудити баҳисобгирии хароҷотҳои истеҳсолӣ, махсулоти тайёр ва фурўши он

БУХГАЛТЕРСКИЙ БАЛАНС

Аудити ташкили баҳисобгирии бухгалтерӣ ва сиёсати баҳисобгирӣ

Аудити хислатҳои амалиётии ташкилот

Тарзи тартибдеҳӣ ва пешниҳоди хулосаҳои аудиторӣ

Хулосаҳои аудиторӣ

Ҳуҷҷатикунонии аудит ва натиҷаҳои тафтишоти аудиторӣ

Системаи назорати доҳилӣ ва интихоб

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: