|

Тарзи тартибдеҳӣ ва пешниҳоди хулосаҳои аудиторӣ

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2017-05-04

Нақша:
14.1Тарзи тартибдеҳии хулосаҳои аудиторӣ.
14.2.Пешниҳоди хулосаҳои аудиторӣ.

14.1Тарзи тартибдеҳии хулосаҳои аудиторӣ.
Баъди санаи имзои хулосаҳои аудиторӣ ба он ягон хел маълумотҳои бо субъекти иқтисодӣ маслиҳат карда нашуда дохил карда намешавад. То санаи имзо бояд ҳамаи таҳқиқ ва таҳлилҳо, ғункунии маводҳо, исботҳои то санаи имзои хулосаҳои аудиторӣ ба итмом расонида шавад.
Ташкилоти аудиторӣ вазифадор аст, хулосаҳои аудиториро баъди санаи ба охиррасии тайёркунии ҳисоботи молиявӣ, яъне баъд аз ба оҳиррасии сохтани ин ҳисобот имзо кунад.
Дар вақти имзои хулосаҳои аудиторӣ, аудитор бояд бовории том дошта бошад, ки ҳама ҳолатҳои муҳим ҳаматарафа дида таҳқиқ карда баромада баҳо дода шудаанд.
Ташкилоти аудиторӣ бояд:
1.Фарзияти амали бефосилаи фаъолияти субъекти иқтисодӣ ва иҷро карда тавонистани ҳамаи ўҳдадориҳои онро баъди тартибдеҳии ҳисоботи молиявӣ баҳо диҳад;
2.Ӯҳдадориҳои номуайяни он, яъне имкониятҳои ояндаи ў, ки ба маблағи номаълум аз натиҷаҳои фаъолияти пешина бармеояд ва ҳолати молиявии ўро аз дар ҳисоботи молиявии нишондодашуда тамоман фарқ мекунонад бояд баҳо дода шавад.
Ин баҳодеҳӣ дар қисми ҷамъбастии хулосаи аудиторӣ нишон дода мешавад.
Ташкилоти аудиторӣ оиди рўйдодҳои баъди имзои хулосаҳои аудиторӣ, ба амал омада ҷавобгарие надорад. Баъди тамомшавии аудит ў  ягон хел таҳқиқотҳо, таҳлилҳо ё тафтишҳоро намегузаронад. Вазифаи бо маълумот таъминқунии ташкилоти аудиторӣ оиди ин ҳодисаҳо ба ўҳдаи роҳбарияти субъекти иқтисодӣ гузошта шудааст.

 

14.2.Пешниҳоди хулосаҳои аудиторӣ.
Дар баробари гузаронидани аудити ҳатмӣ дар таҷрибаи фаъолияти аудиторӣ зарурияти гузаронидани тафтишҳои вазифаҳои махсус ва додани хулосаҳои аудитории махсус, ки маънои он аз хулосаҳои умумӣ қабулкардашуда фарқ мекунад, ба миён меояд.
Мизоҷони вазифаҳои аудитории махсус шуда метавонанд:
1.Мақомоти давлатӣ ва ҳуқуқӣ, дар ҳолати дар санадҳо ва қонунҳо рўи рост пешбинӣ карда шудан;
2.Мақомоти иҷозатнома дода;
3.Дигар шаҳсони ҳуқуқие, ки дар асоси вазифаҳои шартномавӣ ҳуқуқ доранд.
Дар вақти гузаронидани тафтишоти аудиторӣ ва тартибдеҳии хулосаҳои вазифаҳои махсус, ташкилотҳои аудиторӣ новобаста аз субъекти иқтисодии тафтишшаванда ва ҳама гуна тарафҳои сеюм, аз ҷумла мақомоти давлатии ин тафтишро супоришдиҳанда мустақил мебошад ва фикру мулоҳизаи худро мустақилона дар асоси натиҷаҳои тафтиш баён мекунад. Маъно, характер ва ҳаҷми кори вазифаҳои маҳсусе, ки аудитор иҷро мекунад аз ҳолатҳо, сабабҳои пайдоиш ва зарурияти гузаронидани ин кор вобастааст.
Дар вақти банақшагирии вазифаҳои махсус аудитор бояд ба худ тасаввур кунад, ки бо кадом мақсад ба ў  иҷрои ин кор супориш дода шудааст. Таркиб ва доираи шахсоне, ки эҳтимол бо маънои хулосаҳои аудиторӣ шинос мешаванд бояд муайян карда шавад. Саволҳои иҷрои вазифаҳои махсус бояд чунин ташаккул дода шавад, ки ҷавобҳо ба онҳо маънои дутарафа дошта бошанд.
Намудҳои алоҳидаи хулосаҳои аудитории вазифаҳои махсус чунинанд:
-Оиди тафтиши қаторҳои алоҳидаи ҳисоботи муҳосибӣ;
-Оиди таҳқиқи ҷиҳатҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодии шартномаҳои мунтазамкунандаи муносибатҳои ҳуқуқию шаҳрвандӣ;
-Оиди ҳисоботи молиявии дар асоси шартҳои ҳисоботи муҳосибии фарқкунанда аз қоидаҳои баҳисобгирии муҳосибии дар Ҷ Т амалкунанда;
-Оиди ҳисоботи тайёркардашудаи якҷанд солҳои ба ҳам наздики аз ташкилотҳои давлатӣ гирифташуда

Дарси амалии  № 14.
Тестҳо:
1.Аудитор оё ба баёни фикру мулоҳизаҳои худ оиди саҳеҳии маълумотҳои ҳисоботи молиявӣ мутлақан боварӣ дошта метавонад:
1) боварии ў  маҳдуд аст;  
2) боварии ў  бо стандартҳои аудит таъмин карда шудааст;
3) мутлақан комил аст, агар, ки аудитор натиҷаҳои корӣ аудитории доҳилиро истифода барад;
4) боварибахшӣ мутлақ шуда наметавонад.
2.Тамомшавии тафтишоти аудиторӣ тахмин карда мешавад:
1) тафтиши сабткунакҳои муҳосибӣ баъди санаи тартибдеҳии баланси муҳосибӣ ва бо роҳбарият маслиҳат карда баромадани факту рақамҳои нав муайян шуда; 
2) тартибдеҳии ҳисоботи аудитор;
3) баҳодеҳии қобилияти фаъолияти ояндаи ташкилот дар ояндаи наздик;
4) тартибдеҳии хулосаҳои аудиторӣ.
3.Кадоме аз маълумотҳои зерин илова ба маълумоти хаттии аудитор ба роҳбарият дохил карда мешавад:
1) нишондиҳандаҳои ташкилоти аудиторӣ ва субъекти иқтисодӣ;
2) дар рафти тафтиш хатогиҳои муҳимми маълумшуда;
3) номгўъи танқидҳое, ки оиди нишондиҳии камбудиҳои муайянкардашуда ва пешниҳодҳо тартиб дода шудаанд;       
4) танҳо вайронкориҳои муайяншуда.
4.Ба аудитор пешниҳоди маълумоти иловагӣ рад карда шудааст. ӯ дар ин ҳолат:
1) шартномаро вайрон мекунад;    2) ҳулосаи мусбии мутлақ медиҳад;
3) ҳулосаи мусбии шартӣ медиҳад;    4) ҳулосаи манфӣ медиҳад.
5.Дар ҳолати бо сифати пасти касбӣ гузаронида шудани тафтишоти аудиторӣ, ки субъекти иқтисодӣ ба ҷаримадеҳӣ ва зарар рў  ба рў  шудааст, аз аудитор ё фирмаи аудиторӣ ҷарима ё зарар рўёнида мешавад:
1) дар асосӣ қарори мақомоти маҳаллии худидорақунӣ; 
2) суди иқтисодӣ  ё суди арбитражӣ;
3) намояндагии мақомоти маҳаллии худидорақунӣ;   
4) палатаи аудиторҳо.

Масъалаи  № 57.
Дар рафти аудити ҳисоботи молиявии ҶСК «Полет» дар давраи ҳисоботи муқаррар карда шуд, ки дар давраи тафтиш 30.04.2012 сол шартномаи № 1 баста шудааст, ки мувофиқи он хатти нави қарздеҳӣ ба маблағи 12000000 сомонӣ ба 12 моҳ то 30 апрели соли 2013 кушода мешавад.
Ба сифати таъмини қарз амвол ба гарав бо шартномаи №3 (воситаи асосӣ), ва №4 (вомбарги бонкӣ) аз 3 апрели соли 2012 дода шудааст. Маблағи гарави бо шартномаи №3 16000000 сомонӣ.
ҶСК «Полет» мувофиқи шартномаи №1 ўҳдадор аст, ки амволи гаравиашро суғурта кунад, ки маблағи суғурта аз маблағи гаравӣ кам набошад. ҶСК барои тафтиш шартномаи суғуртаи № 5009 ро аз 30.04.2012 сол пешниҳод кард. Мўҳлати амали шартномаи суғурта 12 моҳ. Маблағи суғурта 16000000 сомонӣ, мукофотпулии суғуртавӣ 24000 сомонӣ.
Мувофиқи шартномаи гаравии №4 ба сифати таъмин вомбарги бонкӣ ба маблағи 2000000 сомонӣ пешниҳод шудааст.
Дар вақти тафтиш муайян карда шуд, ки пардохти қарз мувофиқи ҷадвали шартномаи қарз ба амал омада истодааст. Дар ҳисоби берун аз балансии «Таъмини ўҳдадориҳо ва пардохтҳо» амволи гаравӣ ба маблағи 2000000 сомонӣ ҳисоб карда мешавад, ки ба арзиши боқимондаи он дар санаи бастани шартномаи гарави №3 баробар аст. Дар кредити ҳисоби берун аз баланси амволи гаравӣ мувофиқи шартномаи №3дар давраи аудит 1000000 сомонӣ хориҷкунӣ нишон дода шудааст. Дар ҳисоби берун аз балансии «Таъмин ва ўҳдадориҳои гирифташуда» объекти баҳисобгирӣдар соли 2012 вуҷуд надорад. Дар ҳисоби № 10900 «Хароҷотҳои давраи оянда» маблағи мукофоти суғуртавӣ дар 31.12.2012 сол 24000 сомонӣ бо мақсади баҳисобгирии муҳосибӣ ва андозӣ нишон дода шудааст.
Дар ҳисоби 10420  «Васиқаҳо барои қабул» вомбарги бонки ба маблағи 2000000 сомонӣ вуҷуд надорад. Дар қатори ҳисобҳои ҳисоббаробаркунӣ оиди ин вомбарг маълумот дарёфт нашуд.
Супориш:
1.Маълумоти пешниҳодшударо ба предмети мувофиқии талаботҳои ҳуқуқию-меъёрии ҶТ тафтиш карда бароед.
2.Нишондодҳои асосии талаботҳои ҳуҷҷатҳои ҳуқуқию-меъёриро бо мақсади баҳисобгирии муҳосибӣ ва андозӣ кушоед.
3.Натиҷаи тафтишро ба намуди пешниҳоди хаттии аудитор ба роҳбарият ба тартиб дароред.

КМРУ    № 14.
1.Тафтиши иҷроиши вазифаҳои мустақилонаи супоридашуда.
2.Пурсиш бо саволномаҳо.
3.Машваратҳо оиди иҷрои кори мустақилона

КМД   № 14. 
Саволҳои назоратӣ:
1.Хулосаҳои аудиторӣ кадом элементҳои асосиро бояд дошта бошанд.
2.Ба фикру мулоҳизаҳои аудитор кадом омилҳо таъсир мерасонанд.
3.Мақсади гузаронидани расму оинҳои аудиторӣ нисбати нишондодҳои муайяни ҳисоботи молиявии муқоисашаванда
4.Дар ҳулосаҳои аудиторӣ, хулосаи натиҷаи тафтиш дар асоси муқоисакунӣ чи тавр инъикос карда мешавад.
5.Ба маълумотҳои дигар мисолҳо биёред.
6.Дар ҳолати муайянкунии хатогиҳои муҳим аудитор кадом расму оинҳоро бояд гузаронад.
7.Дар кадом вақт, ҳисоботи молиявии тафтишкардашуда аз нав дида баромада мешавад.

Масъалаи  № 58.
Дар рафти аудити ҳатмии тафтиши ҳисобҳои ҷузъии ҳисобҳои даромадҳо ва хароҷотҳо, оиди қисми ташаккулёбии базаи андозбандӣ аз фоида ва ААИ муқаррар карда шуд, ки дар моҳи январи соли ҷорӣ ҷамъият қарори мусбии суди арбитражиро оиди руёнидани ҷарима мувофиқи шартномаи таҳвили (поставка) барои қувваи барқ гирифтааст.  Лекин маблаг ба ҳисоби бонкии ҷамъият дохил нашуда баъди 8 моҳ- моҳи август дохил шуда ва дар ҳисоби муҳосибӣ дар вақти дохилшави инъикоск карда шудааст.
Дар ҳамаи дигар ҳолатҳо ҳисоботи молиявии пешниҳодшуда ҳолати молиявӣ ва натиҷаҳои фаъолияти соли ҷориро саҳеҳ инъикос мекунад.
Супориш:
Қарори асоснок оиди додани хулосаҳои аудиториро қабул кунед. Қисми ҷамъбастии хулосаи аудиториро тартиб диҳед.

Дидан карданд: 1417

Мавзӯъҳои монанд:

Асоси назариявии фаъолияти аудиторӣ

Аудити воситаҳои пулӣ

Аудити баҳисобгирии хароҷотҳои истеҳсолӣ, махсулоти тайёр ва фурўши он

БУХГАЛТЕРСКИЙ БАЛАНС

Аудити ташкили баҳисобгирии бухгалтерӣ ва сиёсати баҳисобгирӣ

Аудити хислатҳои амалиётии ташкилот

Тарзи тартибдеҳӣ ва пешниҳоди хулосаҳои аудиторӣ

Хулосаҳои аудиторӣ

Ҳуҷҷатикунонии аудит ва натиҷаҳои тафтишоти аудиторӣ

Системаи назорати доҳилӣ ва интихоб

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: