|

Хулосаҳои аудиторӣ

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2017-05-04

Нақша:
13.1.Мафҳуми умумии хулосаҳоии аудиторӣ.
13.2.Намудҳои хулосаҳои аудиторӣ.

13.1.Мафҳуми умумии хулосаҳоии аудиторӣ.
Хулосаҳои аудиторӣ ин ҳуҷҷати расмиест, ки барои истифодабарандагони ҳисоботи муҳосибии (молиявӣ) субъекти иқтисодӣ, дар асоси стандартҳои фаъолияти аудиторӣ тартиб дода шуда дар шакли муқарраркардашуда фикру мулоҳизаи ташкилоти аудиторӣ ё аудитори инфиродӣ оиди саҳеҳии маълумотҳои ҳисоботи молиявӣ ва мувофиқии тарзи бурдани баҳисобгирии муҳосибӣ ба қонунгузориҳои Ҷ умҳурии Тоҷикистон  баён карда мешавад.
Дар таҳти мазмуни саҳеҳӣ аз ҳама нуқтаи назар -  дараҷаи аниқии маълумотҳои ҳисоботи молиявӣ, ки ба истифодабарандагон дар асосӣ ин маълумотҳо ҳулосаҳои дуруст бароварда, имконияти қабули қарорҳои асоснок ва муҳимро медиҳад, фаҳмида мешавад.
Тарзи батартибдарории ҳулосаҳои аудитории натиҷаҳои тафтишоти аудиторӣ, мувофиқи стандарти байналҳалқии № 700 «Хулосаҳои аудиторӣ оиди ҳисоботи молиявӣ» ба тартиб дароварда мешавад.
Хулосаҳои аудиторӣ аз нуқтаи назари баҳодиҳӣ ба ҳисоботи молиявӣ шуда метавонад: мусбии мутлақ ва намудҳои дигар. Дар навбати ҳуд намудҳои дигари хулосаҳои аудиторӣ шуда метавонанд:
1.бо қайду шарҳ;   2.радди баёни фикру мулоҳиза;     3.манфӣ.
Хулосаи аудитории мусбии мутлақ боварибаҳшии ҳисобот аз ҳар
ҷиҳат дар асоси риояи шартҳо ва усулҳои бурдани баҳисобгирии муҳосибӣ ва тайёркунии маълумот оиди ҳолати молиявӣ ва натиҷаҳои молиявии ташкилотро  мефаҳмонад, ва тасдиқ мекунад.
Дар хулосаи мусбии нисбӣ низ ҳамин тасдиқ карда мешавад, аммо ибораи «ба истиснои ҳолатҳои муайян дар хулосаи аудиторӣ» илова карда шуда, баъд ин ҳолатҳо маънидод карда мешаванд.
Дар хулосаи манфӣ нишон дода мешавад, қи вобаста ба ҳолатҳои муайян ин ҳисобот чунон тайёр қарда шудааст, қи он дар тамоми тарзҳои инъиқоси активҳо ва пассивҳои субъекти иқтисодӣ дар санаи ҳисоботӣ ва натиҷаи молиявии ин дар давраи ҳисоботӣ дар асосӣ санадҳои меъёрии ба танзим орандаи ҳисобдорӣ ва ҳисобот таъмин намекунад.
Ҳангоми даст қашидан аз ифодаи фикру ақидаи худ, дар бораи эътимоднокии ҳисоботи муҳосибӣ дар хулосаи аудиторӣ навишта мешавад, ки дар натиҷаи сабабҳои муайян аудитор чунин фикру ақидаро мувофиқи яке, аз шаклҳои муқаррарнамудаи низоми амалкунанда наметавонад баён кунад.
Хулосаи аудитории навъи дигар ҳисобида мешавад, агар, ки ба миён ояд:
1.Сабабҳое, ки ба фикри аудитор таъсир намерасонанд, лекин дар ҳулосаҳои аудиторӣ баён карда мешаванд, бо мақсади ҷалбкунии диққати соҳибон ба ягон ҳолати субъекти иқтисодӣ, ки дар эъзоҳномаи ҳисоботи молиявӣ кушода шудааст.
2.Сабабҳое, қи ба фикри аудитор таъсир мерасонад, ва ба фикри дигаре, ё ҳулосаи манфӣ ва радди баёни фикру мулоҳиза оварда мерасонад.
Аудитор метавонад, аз додани хуласаи мусбии мутлақ даст кашад дар ҳолати вуҷуд доштани яке, аз чунин суратҳо:
А) дар сурати маҳдуд карда шудани ҳаҷми аудит.
Б) дар ҳолати якдигар нофаҳмиҳо бо роҳбарият оиди:
-имконпазирии сиёсати баҳисобгирӣ;
-усулҳои истифодабарии он.
1) комилан мувофиқии кушодани маълумот дар ҳисоботи молиявӣ ҳолати дар нуқтаи «А» ба баёни  фикри хулосаи мусбии шартӣ ё радди баёни фикру мулоҳиза оварда мерасонад.
2) ҳолати дар нуқтаи «Б» нишондодашуда ба баёни хулосаи мусбии шартӣ ё манфӣ оварда мерасонад.

 

13.2.Намудҳои хулосаҳои аудиторӣ.
Дар хулосаи аудиторӣ бояд ҳамаи сабабҳои асосие, қи ба додани хулосаи аудитории мусбии мутлақ овардаанд, пурра ва равшан баён ёбад. Агар имкон бошад, баҳои арзишии ин сабабҳо ба ҳисобот бо пули миллӣ ё арз дода шавад. Хулосаи аудиторӣ бо забони давлатӣ навишта шавад ва ислоҳкунӣ манъ аст. Он бояд аз се қисм иборат бошад: муқаддимавӣ, таҳлилӣ ва ҷамъбастӣ. Ба он бояд ҳисоботи муҳосибие, қи ба он хулосаи аудиторӣ дода шудааст, ҳамроҳ карда шавад.
Аудитор ё фирмаи аудиторӣ дар қисми муқаддимавӣ нишон медиҳад:
-номгўи ҳуҷҷат – хулосаи аудиторӣ;
-нишонаи ҳуқуқии худ ё телефонҳо;
-рақами тартибии литсензия, таърихи додани он ва номи мақомоте, қи литсензия додааст, мўҳлати амали он;
-рақами шаҳодатнома дар бораи қайди давлатии фирма;
-рақами ҳисоби бонкии он;
-ному насаби ҳамаи аудитороне, қи дар тафтиш иштирок кардаанд.
Қисми таҳлилӣ – ин ҳисобот дар бораи натиҷаҳои умумии тафтиши назорати дохилӣ, ҳисобдорӣ ва ҳисобот, инчунин риояи қонунҳо ҳангоми содиршавии амалиётҳо мебошад.
Дар ин қисм нишон дода мешавад:
-номгўй (ҳисоботи аудитор ё фирмаи аудиторӣ);
-барои кӣ он пешбинӣ шудааст (масалан барои мақомоти иҷроияи идоракунандаи субъекти иқтисодӣ);
-номи субъекти иқтисодӣ;
-объекти аудит;
-системаи назорати дохилӣ;
-натиҷаҳои умумии тафтиши СНД;
-натиҷаҳои умумии тафтиши ҳолати ҳисобдорӣ ва ҳисобот;
-натиҷаҳои умумии тафтиши риояи қонунгузорӣ ҳангоми вуқўи амалиётҳои хоҷагию молиявӣ;
Қисми ҷамъбасти дар бар мегирад:
-ном (хулосаи фирмаи аудиторӣ ё аудитор);
-ба кӣ пешбинӣ шудааст;
-номи субъекти иқтисодӣ;
-субъекти аудит;
-ишора ба санади меъёрӣ, ки бояд ҳисоботи муҳосибӣ ба он мувофиқат кунад;
-тақсими масъулияти субъекти иқтисодӣ ва фирмаи аудиторӣ нисбати ҳисоботи муҳосибӣ;
-ишора ба санади меъёрие, ки мувофиқи он аудит гузаронида шудааст;
Баёни ҳолатҳои асосие, қи ба додани ҳулосаи аз ҳулосаи мусбии мутлақ фарқкунанда ва баҳодеҳии таъсири он ба ҳисоботи муҳосибӣ;
-фикру ақида оиди эътимоднокии ҳисобот;
-таърихи рўз.

Дарси амалии   № 13.

Масъалаи  № 53.
Дар рафти тафтиши аудитории ҷамъияти саҳҳомӣ муайян карда шуд, қи дар семоҳаи сеюми соли ҷорӣ бо сабаби қисман тагир додани таркиби маҳсулоти баровардашаванда бозсозии воситаҳои асоси гузаронида шуд. Хароҷотҳои бозсозӣ ба таркиби арзиши аслӣ гузаронида шуд.
Дар ҳамаи дигар ҳолатҳо ҳисоботи молиявии пешниҳодшуда ҳолати молиявӣ ва натиҷаҳои фаъолияти соли ҷориро саҳеҳ инъикос мекунад.
Супориш:
Қарори асоснок оиди додани ҳулосаҳои аудиториро қабул кунед. Қисми ҷамъбастии ҳулосаи аудиториро тартиб диҳед.

Масъалаи  № 54.
Дар рафти тафтиши аудиторӣ муқаррар карда шуд, ки дар охирҳои соли ҷорӣ дар анбори ташкилоти ба хариду фурӯш вобаста барӯйхатгирии молҳои хӯроквори гузаронида шуда, дар натиҷа дуздӣ муайян карда шуд. Бо қарори роҳбари ташкилот гумшавии муайяншуда (зиёда аз меъёри камшавии табии) ба қатори хароҷотҳои гайрифурӯш гузаронида шуд. 
Дар ҳамаи дигар ҳолатҳо ҳисоботи молиявии пешниҳодшуда ҳолати молиявӣ ва натиҷаҳои фаъолияти соли ҷориро саҳеҳ инъикос мекунад.
Супориш:
Қарори асоснок оиди додани ҳулосаҳои аудиториро қабул кунед. Қисми ҷамъбастии ҳулосаи аудиториро тартиб диҳед.

 

КМРУ    № 13.
1.Тафтиши иҷроиши вазифаҳои мустақилонаи супоридашуда.
2.Пурсиш бо саволномаҳо.
3.Машваратҳо оиди иҷрои кори мустақилона

КМД   № 13. 
Саволҳои назоратӣ:
1.Хулосаҳои аудиторӣ чиро мефаҳмонад.
2.Соҳти хулосаҳои аудиториро эъзоҳ диҳед.
3.Намудҳо ва хусусиятҳои хоси хулосаҳои аудиториро номбар кунед.
4.Ҳодисаҳои баъди санаи ҳисоботи муҳосибӣ чи тавр дар хуласаҳои аудиторӣ инъикос карда мешаванд.
5.Кадоме, аз хатогиҳо ё вайронкориҳо дар ҳулосаҳои аудиторӣ инъикос карда мешаванд.
6.Ба маълумоти хаттии аудитор ба роҳбарият чиҳо дохил карда мешавад.
7.Аудитор бояд аз роҳбарият кадом эъзоҳотҳо ё баёнотҳо талаб кунад.
8.Аҳамияти ҳуҷҷатҳои кории аудиторӣ.

 

Тестҳо:
1.Намуди хулосаи аудиторӣ инъкос карда мешавад:
1) дар номгўъи хулосаҳои аудиторӣ;       
2) дар қисми ҷамъбастии хулосаҳои аудиторӣ;
3) вобаста ба мазмуни он баён карда мешавад;    
4) дар ҳисоботи аудитор.
2.Такмилдиҳӣ – ин:
1) тайёрии зиёд оиди эътирофи хароҷотҳо ва ўҳдадориҳо нисбати даромадҳои имконпазир ва активҳое, ки заҳираҳои пинҳонӣ надоранд;
2) бурдани баҳисобгирӣ вобаста ба шароити хоҷагидорӣ ва андозаи ташкилот;
3) инъикоси фактҳои фаъолияти ҳоҷагӣ дар баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ;
4) афзалияти аз ҷиҳати иқтисодӣ ва шароит хоҷагидорӣ инъикоси фактҳои ҳоҷагӣ дар баҳисобгирии муҳосибӣ, нисбати қонуният ва ҳаққонияти онҳо;
3.Баъди бароиши ҳисоботи молиявӣ:
1) аудитор бояд ҳамаи фактҳои навтаринро муоина карда барояд;
2) аудитор ўҳдадор нест, қи фактҳои нав ба миён омадаро муоина карда барояд;
3) бояд ба ҳисобот ҳамаи тағъиротҳоро дарорад;         
4) ягон кори иловагиро намекунад.
4.Хулосаҳои аудиториро фирмаи аудиторӣ ҳатмӣ бояд пешниҳод кунад:
1) танҳо ба мизоҷ;     
2) ба мизоҷ  ва ҳамаи истифодабарандагони ҳисоботи мизоҷ  бо талаби онҳо; 
3) ба мизоҷ  ва палатаи аудиторҳо.
4) ба мизоҷ  ва мақомоти маҳаллиии идораи андоз;
5.Натиҷаи тафтишоти аудиторӣ – ин:
1) санади тафтиш аст;     
2) маълумот ба роҳбари субъекти иқтисодии тафтишшаванда аст;
3) маслиҳатҳои аудитор оиди ислоҳи хатогиҳост.   
4) ҳулосаи аудитор аст;

Супориши №10. Дар рафти тафтишоти аудититорӣ муқаррар карда шуд, ки дар моҳи деқабри соли ҷори сармуҳосиби фирма қарзи бефоиз барои ҳаридани автомашинаи сабукрави шахси ба мӯҳлати 30 рӯз гирифт. Дар охири моҳи январи соли ҷорӣ баённомаи сармуҳосиб ба роҳбарияти фирма пайдо шуд, ки дар он сармуҳосиб аз сабаби мушкилии ба пеш омада дар ҳолати молиявиаш боз ба мӯҳлати 2 моҳ дароз кардани пардоҳти қарзи бефоизро хоҳиш меқунад. Шӯрои директорон қарори мусбӣ оиди ин хоҳиш қабул мекунад. Қарз 15 апрел баргардонида шуд. Дар баҳисобгирии муҳосиби ин амалиётҳо инъикос карда нашудаанд.
Талаб  карда мешавад:
Қарори асоснок оиди додани хулосаҳои аудиторӣ қабул кунед. Қисми ҷамъбастии хулосаи аудиториро тартиб диҳед.

Масъалаи  № 55.
Дар рафти гузаронидани аудити ҳатми, оиди тафтиши ҳисоббаробаркуни бо таъминқунандагони хориҷи мушкилие аз сабаби ноёбии ҳуҷҷатҳо ба миён омад.
Дар ҳамаи дигар ҳолатҳо ҳисоботи молиявии пешниҳодшуда ҳолати молиявӣ ва натиҷаҳои фаъолияти соли ҷориро саҳеҳ инъиқос меқунад.
Супориш:
Қарори асоснок оиди додани хулосаҳои аудиториро қабул кунед. Қисми ҷамъбастии ҳулосаи аудиториро тартиб диҳед.

Масъалаи  № 56.
Дар рафти аудити ҳатми муқаррар карда шуд, ки дар давраи аз 17 август то 26 сентябри соли ҷорӣ сармуҳосиби ташкилоти савдои ба ҳариду-фурӯш вобастабуда дар ҳориҷа муолиҷа мегирифт. Дар ин давра баҳисобгирии муҳосибӣ дар ташкилот бурда нашудааст. Ба «мавсими мурда» дар фаъолияти фирма ҳавола карда роҳбари ташкилот пешниҳод мекунад, ки давраро руҳсатии меҳнатии бемузд ҳисобида дар ҳулосаи аудиторӣ қайд карда нашавад.
Дар ҳамаи дигар ҳолатҳо ҳисоботи молиявии пешниҳодшуда ҳолати молиявӣ ва натиҷаҳои фаъолияти соли ҷориро саҳеҳ инъикос мекунад.
Супориш:
Қарори асоснок оиди додани ҳулосаҳои аудиториро қабул кунед. Қисми ҷамъбастии хулосаи аудиториро тартиб диҳед.

Дидан карданд: 2146

Мавзӯъҳои монанд:

Асоси назариявии фаъолияти аудиторӣ

Аудити воситаҳои пулӣ

Аудити баҳисобгирии хароҷотҳои истеҳсолӣ, махсулоти тайёр ва фурўши он

БУХГАЛТЕРСКИЙ БАЛАНС

Аудити ташкили баҳисобгирии бухгалтерӣ ва сиёсати баҳисобгирӣ

Аудити хислатҳои амалиётии ташкилот

Тарзи тартибдеҳӣ ва пешниҳоди хулосаҳои аудиторӣ

Хулосаҳои аудиторӣ

Ҳуҷҷатикунонии аудит ва натиҷаҳои тафтишоти аудиторӣ

Системаи назорати доҳилӣ ва интихоб

Коментари дохил карданд:

Каментарй дохил кард: 915478343@mail.ru
Санаи дохилгардида: 2017-10-11

Хучати намунави нест


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: