|

Ҳуҷҷатикунонии аудит ва натиҷаҳои тафтишоти аудиторӣ

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2017-05-04

Нақша:
12.1.Тартибдеҳии ҳуҷҷатҳои кории аудиторӣ.
12.2.Баҳодеҳӣ ва ба тартибандозии натиҷаҳои тафтишоти аудиторӣ.
12.3.Маълумоти хаттии аудитор ба роҳбарият.  

12.1.Тартибдеҳии ҳуҷҷатҳои кории аудиторӣ.
Дар рафти тафтиш аудитор барои объективона баҳо додан ба маълумотҳои ҳисоботи молиявӣ, мебоист далелҳои мукаммал барои тартибдеҳии ҳулосаҳои аудиторӣ ба даст орад. Исботҳои хушсифати зарури бояд ҳуҷҷатӣ кунонида шаванд.
Дар вақтҳои зарури аудитор метавонад ҳуҷҷатҳои корӣ оиди расму оинҳои аудитории гузаронидашуда (саволномаҳо, нақшаҳо, ведомостҳо ва диг.) тартиб диҳад.
Ҳуҷатҳои аудиторӣ моликияти аудитор буда лекин маълумотҳои он махфӣ ҳисобида мешавад.
Мӯҳлат ва тарзи нигоҳдории ҳуҷҷатҳои аудиториро аудитор ё фирмаи аудиторӣ вобаста ба талаботҳои таҷрибаи аудиторӣ ё худ вобаста ба имқониятҳои ҳуқуқӣ, қасби ва инчунин  талаботҳои стандартҳои дохилӣ муайян мекунанд.
Ба ҳуҷҷатҳои кории аудиторӣ дохил мешаванд:
1.Нақша ва барномаи аудит;
2.Тавсифи расму оинҳои тафтиши фирмаи аудиторӣ истифодабурда ва натиҷаҳои он;
3.Баёнотҳо, эъзоҳотҳо ва аризаҳои субъекти иқтисодӣ;
4.Нусхаҳо аз ҷумла суратнусхаҳои ҳуҷҷатҳои субъекти иқтисодӣ;
5.Тавсифи системаи назорати дохилӣ ва ташкили баҳисобгирии муҳосибӣ;
6.Ҳуҷҷатҳои таҳлилии ташкилоти аудиторӣ.

12.2.Баҳодеҳӣ ва ба тартибандозии натиҷаҳои тафтишоти аудиторӣ.
Баъд аз гузаронидани ҳамаи расму оинҳои тафтиши аудиторӣ аудиторон бояд ба пуррагӣ ва сифати иҷроиши ҳама бобҳо ва нуқтаҳои нақша ва барномаи аудит баҳо диҳанд.
Ғайр аз он аудиторон бояд ба хелу гурӯҳбандӣ, батартибдарорӣ ва таҳлили умумии натиҷаҳои тафтишро гузаронанд.
Гурӯҳбандӣ ва батартибдарории натиҷаҳои тафтиш ин гурӯҳбандии натиҷаҳои тафтиш бо нишонаҳои мантиқӣ мунтазамӣ (пай дар паии) мебошад. Масалан:
1.Дар аввал мунтазамкунӣ мувофиқи бобҳо, баъд зербобҳои барномаи тафтиш гузаронида мешавад.
2. Сониян мунтазамкунӣ аз ҷиҳатҳои ҳарҳела (таҳлилӣ, дараҷаи боварибахшӣ, эътимоднокӣ, шубҳанокӣ ва диг.).
Дар вақти зарури хатогиҳои нисбатан муҳимро алоҳида ҷудо карда нишон медиҳанд: навиштаҷоти нодурусти муҳосиби, ғайби ҳуҷҷатҳои сазовории амалиётҳои хоҷагӣ, вайронкуниҳои қонуни андоз ва дигарҳо. Таҳлили натиҷаҳои тафтиш дар асоси маълумотҳои ба даст омада гузаронида шуда якчанд мақсадҳо дорад:
-баҳодеҳии сиёсати баҳисобгирии ташкилот;
-тасдиқи эътимоднокии дурустии бурдани баҳисобгирии муҳосибии қисмҳо ва ҳисобҳои муҳосибӣ;
-баҳодеҳии риояи қонуни андоз;
-таҳлили ҳолати молиявии ташкилот.
Ин гуна гурӯҳбандӣ ва ба тартибдарориро асосан роҳбари ташкилоти аудиторӣ дар асоси маводҳои аудиторон, ёрдамчиёни онҳо ва экспертҳо ба даст оварда мегузаронад.
Таҳлили умумии натиҷаҳои тафтиши аудиторӣ ин аз ҷиҳати илмӣ, меъёрӣ ва мантиқӣ дарк кардани корҳои таҳлилии аудиторон дар рафти тафтиш гузаронидаро мефаҳмонад.

 

12.3.Маълумоти хаттии аудитор ба роҳбарият.
Натиҷаҳои тафтиши аудитории гузаронидашударо бояд ташкилоти аудиторӣ бо роҳбари субъекти иқтисодӣ муҳокима карда баромада муаммоҳои дар рафти аудит пайдошударо ҳаллу фасл бояд кунанд. Дар ҷараёни муносибат дида баромада мешавад:
1.Муаммоҳое, қи аудиторҳо дар рафти аудит дучор шуданд;
2.Саволҳои бурдани баҳисобгирии муҳосибӣ ва тартибдеҳии ҳисоботи молиявие, ки оиди онҳо зиддият ё мухолифат байни аудиторон ва субъеқти иқтисодӣ ба амал омадааст;
3.Ислоҳоте, ки аудиторон оиди ба ҳисоботи молиявӣ даровардан пешниҳод мекунанд;
4.Ҳусусиятҳои муҳити дохилию беруна, ки ба фаъолияти ояндаи субъекти иқтисодӣ таъсири муҳим мерасонанд;
5.Ҳодисаҳои муҳиммме, ки баъди санаи имзои ҳулосаҳои аудиторӣ ба амал меоянд.
Дар асоси маводҳои тафтиши аудитории гузаронидашуда дар баробари пешниҳоди хулосаҳои аудиторӣ пешниҳоди маълумоти хатти (ҳисобот) барои роҳбарияти ташкилот тавсия карда мешавад.

Дарси амалии    № 12.
Масъалаи  № 49.
Дар асоси шартномаи басташуда бо мизоҷ ба фирмаи аудиторӣ тафтиши муассисаи савдои яқлухту чаканафурӯшӣ супориш дода шудааст. Дар боби шартнома «Шартҳои иловагӣ» муоинаи нигоҳдории пулҳои нақди хазина ва барӯйхатгирии онҳо махсус қайд карда шудааст. Дар рафти аудити амволҳои ташкилот роҳбарияти фирмаи аудиторӣ ба аудитор тавсия дода шудааст, ки албатта тавсияҳои методӣ оиди гузаронидани барӯйхатгирии амвол ва ӯҳдадориҳои молиявӣ ва инчунин стандартҳои дохилифирмавиро, ки дар он «Иштироки ҳатмии аудитор дар барӯйхатгирии захираҳои моддию молӣ» пешбинӣ шудааст риоя карда шавад.
Ғайр аз он ба аудитор ба ҳисоб гирифтани хусусияти хоси фаъолияти ташкилот яъне мавҷудияти маблағҳои калони пули савдо, ки бо воситаи аппаратҳои пулқабулкунӣ вобастааст ва паҳн будани заҳираҳои молҳо дар нуқтаҳои зиёди савдо ва шумораи зиёди шахсони моддӣ ҷавобгарро ба эътибор гирифтан супориш дода шуда буд.
Супориш:
1.Барномаи тафтиши воситаҳои пулӣ ва амволии субъекти иқтисодиро тартиб диҳед, ки дар он гузаронидани расму оинҳои тафтиш пешбинӣ карда шуда бошад:
а) то барӯйхатгирӣ;
Б) дар рафти барӯйхатгирӣ;
В) баъди гузаронидани барӯйхатгирӣ;
2.Тавсифи хатогиҳои типие, ки нишонаҳои пастсифат гузаронидани барӯйхатгириро шаҳодат медиҳанд баён кунед;
3.Таъсири ошкорношавии маълумот оиди баҳои объективи ЗММ  ба ҳолати молиявии субъектро нишон диҳед;
4.Мушкилии имконпазири муайянкунии миқдор ва маблағи захираҳоро дар вақти  гузаронидани барӯйхатгирӣ ишора кунед ва нишон диҳед.

Масъалаи  № 50.
Нишондиҳандаҳои асосии фаъолияти хоҷагию молиявии фирмаи аудитории «Аура» барои солҳои 2012-2013 чунин аст (бо ҳазор сомонӣ).


Нишондиҳандаҳо

2012

2013

Даромад аз фурӯш ва хизматрасониҳо (бо ААИ)

88

306

Аз ҷумла: даромад аз гузаронидани тафтишоти аудиторӣ

56

156

Даромад аз машваратдеҳӣ

32

150

Ҳароҷотҳои истеҳсолӣ ва фурӯш

76

273

Аз ҷумла: хароҷотҳои маводҳо

7

15

Ҳароҷотҳои музди меҳнат

43

81

Маблағҷудокуниҳои сотсиалӣ

17

30

Ҳароҷотҳои баландбардории дараҷаи касбӣ

5

21

Дигар хароҷотҳо

4

126

Натиҷаи фурӯш (фоида)

12

33

Дар соли 2012  26 шартнома оиди хизматрасонӣ баста шудааст, ки 12 тои он оиди гузаронидани тафтишоти аудитории ҳисоботи молиявии субъектони хоҷагидор ва 14-тои он оиди машваратдеҳӣ буда 2-тои он бекор карда шудааст.
Ҳайъати миёнаи коркунони фирма дар соли 2012 – 18 коргар, фонди музди меҳнат дар соли 2011   81000 сомониро ташкил дод.
Супориш:
Натиҷаҳои фаъолияти ҳоҷагию молиявии фирмаи аудиториро барои солҳои 2012 ва 2013дар асоси баҳодеҳии сохт ва динамикаи нишондиҳандаи даромад ва хароҷот таҳлил карда, аҳамияти нишондиҳандаи даромаднокиро муайян кунед:
1.Ба даромадноки кадом нишондиҳанда чи гунна таъсир расонидааст:
а) миқдори шартномаҳо;
Б) арзиши миёнаи шартномаҳо;
В) суммаи миёнаи моҳонаи аудитор;
Г) фоида ба ҳар як аудитор.
2.Тамоили тараққиёти фирмаро муайян карда оиди беҳтаршавии он пешниҳодҳо кунед.

Тестҳо:
1.Ба тарзу усулҳои гузаронидани тафтишоти аудиторӣ дохил мешавад:
1) усули гурӯҳбандӣ ва баҳодеҳии фактҳои фаъолияти хоҷагӣ ва пардохти арзиши активҳо;
2)  усулҳои ташкили гардиши ҳуҷҷатҳо ва барӯйхатгирӣ;
3) усулҳои истифодабарии ҳисобҳои баҳисобгирии муҳосибӣ, системаи сабткунакҳо, коркарди маълумотҳо;
4) ҳамаи нишондода усулҳо.
2.Ба интихоби асосноки сиёсати баҳисобгирӣ таъсир мерасонад:
1) шакли моликият ва ташкилию-ҳуқуқӣ;
2) намуди фаъолият ва мансубияти соҳавӣ;
3) ҳаҷми фаъолият ва шумораи миёнаи коргарон;
4) мавҷудияти базаи моддӣ;
3.Инъикоси фактҳои хоҷагӣ дар баҳисобгирии муҳосибӣ гузаронида мешавад, бо назардоштӣ:
1) шакли ҳуқуқии он;
2) санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ;
3) моҳияти иқтисодӣ ва шароити хоҷагидорӣ;
4) ҳамаи номбаршудаҳо ба назар гирифта мешавад.
4.Дигаргуншавиии сиёсати баҳисобгирӣ ба амал меояд, дар натиҷаи:
1) тагирёбии ташкилот (якҷояшавӣ, ҷудошавӣ, яклухтшавӣ) 
2) ивазшавии соҳибон;
3) тагирот дар системаи мунтазамкунии баҳисобгирии муҳосибӣ дар ҶТ;
4) коркардабароии усулҳои нави баҳисобгирии муҳосибӣ.
5.Ба усулҳои бурдани баҳисобгирии муҳосибӣ, ки маълумоти он бояд дар ҳисоботи муҳосибӣ кушода шавад, дохил мешавад:
1) усули бозгашти арзиши воситаҳои асосӣ, активҳои гайримоддӣ ва дигар активҳо;
2) баҳодеҳии заҳираҳо, молҳо, истеҳсолоти нотамом ва маҳсулоти тайёр;
3) эътирофи фоида аз фурӯши маҳсулот (мол, кор ва хизматрасонӣ);
4) ҳамаи номбаркардаҳо ва дигар усулҳое, ки бе он ба ҳолати мол ва молиявии ташкилот баҳои саҳеҳ додан имконнопазир мебошад.
6.Ба фармони сиёсати муҳосибӣ дохил карда мешавад:
1) саволҳои методие, ки дар ҳуҷҷатҳои меъёри баён карда шудаанд;
2) саволҳои мунтазамкунандаи фаъолияти хоҷагию молиявии аз низомномаҳои оиди баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисобот бароянда;
3) саволҳои баҳисобгирии муҳосибие, ки ҳалли аниқ ва асосноки онҳо дар ҳуҷҷатҳои меъёри нишон дода нашудаанд;
4) саволҳое, ки аз мантиқи иқтисодӣ маънои рост мебарорад.
7.Сиёсати баҳисобгирӣ тагир меёбад:
1) дар як сол яқ маротиба;
2) дар давоми сол;
3) дар мобайни ду давраи ҳисоботӣ;
4) дар ҳама вақт.
8.Аз воситаҳои асосӣ ба воситаҳои гардиш амвол гузаронида мешавад:
1) мувофиқи меъёри аз тарафи роҳбарият муқарраркарда;
2) меъёри аз 50 андозаи музди меҳнати ҳадди ақал камтарин;
3) меъёри аз 100 андозаи музди меҳнати ҳадди ақал камтарин;
4) бо муқаррароти роҳбарият ҳама гуна предметҳо, новобаста ба вақти харид ва ба истифода додан.
9.Ташкилотҳои савдои яклухт ҳисоби молҳоро мебаранд:
1) бо нархи фурӯш бо истифодаи ҳисоби 10719 «Нархи иловаи савдои молҳои ба фурӯшнарафта»;
2) бо нархи харид;
3) бо нархи миёнаи ҳақиқӣ;
4) бо нархи чакана.
10.Миқдори барӯйхатгирии давраи ҳисоботиро, вақт ва номгӯъи маводҳо ва ӯҳдадориҳои тафтишшавандаро кӣ муқаррар мекунад:
1) роҳбарияти ташкилот;
2) нишондодҳои методӣ оиди гузаронидани барӯйхатгирии амвол ва ӯҳдадориҳо;
3) ташкилоти болоӣ;
4) дар вақти гузаронидани тафтишоти аудитории ҳисоботи молиявии солона.

КМД   № 12.
Саволҳои назоратӣ:
1.Моҳияти ҳуҷҷатҳои кории аудиторӣ, он чи тавр тайёр карда мешавад ва мавқеъи он дар иҷрои кори аудиторӣ;
2,Аҳамияти ҳуҷҷатҳои кории аудиторӣ;
3.Маълумотҳое, ки аудитор дар бораи мизоҷ (досье) ғун мекунад, аз чиҳо иборат аст ва мавқеъи он дар ташкил ва гузаронидани тафтишоти аудиторӣ;
4.Мактуби маълумотӣ ба роҳбарият тайёр кунед. Мавқеъи он дар баҳодеҳии саҳеҳии ҳисоботи молиявӣ дар чист.
5. Сохти хулосаҳои аудиториро тайёр кунед ва аҳамияти ҳар як қисми онро эъзоҳ диҳед.

Масъалаи   № 51.

Факторҳое, ки аз онҳо арзиши шартномаи аудиторӣ вобастаанд номбар кунед:
- Валютаи баланс
- Ҳаҷми фурӯши мол (кори иҷрокарда, ҳизмати расонидашуда)
- Миқдори ҳисобҳои дар бонк буда
- Ҳолати баҳисобгирии муҳосибӣ ва назорати дохилӣ 
- Ҳаҷми гирдгардиши ҳуҷҷатҳо  
- Салоҳияти касбии аудиторҳо   
- Намуди фаъолият
- Имкониятҳои молиявии ташкилот
- Ҳамаи факторҳои номбаршуда
- Факторҳои нуқтаҳои …….

Масъалаи  № 52.
Мактуб ӯҳдадории ташкилоти аудиториро оиди розигии гузаронидани аудит  тартиб диҳед. Мактуб ӯҳдадорӣ бояд чунин нишондодҳои асосӣ дошта бошад:
1.оиди объект ва мақсади тафтишоти аудиторӣ.
2.оиди санадҳо ва ҳуҷҷатҳои меъёрие, ки дар асоси он аудит гузаронида мешавад.
3.оиди шакли ҳисоботе, ки ташкилоти аудиторӣ дар асоси натиҷаҳои тафтиш тартиб медиҳад.
4.оиди ҷавобгарӣ ва вазифаҳои тарафайн.
5. оиди мавҷудияти таваккали ошкорношавӣ, хатогиҳо ва камбудиҳои дар баҳисобгирӣ ва ҳисобот бо сабаби интихобӣ будани тафтишоти аудиторӣ, ва имконпазирии номукаммалии системаи назорати дохилии субъекти иқтисодӣ.
Дар мактуб ӯҳдадорӣ  маълумотҳои умумии фирмаи аудиториро хизматҳои имконпазири расонида шавандаро, маълумот оиди ҳайъати фирма ва салоҳияти касбии он, усулҳои истифода бурда шаванда дар вақти тафтиш ва ба фикри Шумо мувофиқи стандартҳо дигар маълумотҳои зарурӣ низ дохил кунед.
Масъалаи   № 53.
Номгӯъи усулҳои методии тарзи бурдани баҳисобгирии муҳосибие, ки ба ҳолати молиявӣ,  молу мулкии ташкилот ва натиҷаҳои фаъолияти он таъсир мерасонад, номбар кунед. Хатогиҳои типие, ки дар вақти ҷорикунии ин усулҳо ба амал омаданашон мумкин номбар кунед.
Масъалаи   № 54.
Барномаи тафтиши аудитории системаи баҳисобгирии идоравии ташкилотро кор қарда бароед.
Масъалаи   № 55.
Дар рафти аудити ҳатмии тафтиши ҳисоби 10520 «қарди дебитории ҳайат» чунин маълумотҳо ба даст оварда шуданд:
1 феврали соли 2013 ҶСР «Хуршед», ки ташкилоти миёнарав мебошад, ба коргари худ ба маблағи 120000 сомонӣ барои харидани хона ба мӯҳлати 1 сол бо фоизи10%  дар охири мӯҳлати шартномавӣ қарз дод.
Дар вақти тафтишоти аудиторӣ ба қарзи додашуда 15 моҳ гузаштааст, валекин қарз баргардонида нашудааст. Мувофиқи шартнома ҷазои ҷаримавӣ дар ҳолати дар вақташ барнагардонидани қарз пешбинӣ нашудааст.
Дар ҳамаи дигар ҳолатҳо ҳисоботи молиявии пешниҳодшуда ҳолати молиявӣ ва натиҷаҳои фаъолияти соли ҷориро саҳеҳ инъикос мекунад.
Супориш:
Қарори асоснок оиди додани ҳулосаҳои аудитори қабул кунед. Қисми ҷамъбастии ҳулосаи аудиториро тартиб диҳед.

КМРУ    № 12.
1.Тафтиши иҷроиши вазифаҳои мустақилонаи супоридашуда.
2.Пурсиш бо саволномаҳо.
3.Машваратҳо оиди иҷрои кори мустақилона

КМД   № 12. 
ТЕСТҲО:
1. Кадоме аз ин омилҳо ба ҳаҷм ва маънои ҳуҷҷатҳои кории аудиторӣ таъсири кам мерасонад:
1) ҳолати навиштаҷоти бухгалтерии мизоҷ;
2) баҳои аудитории таваккали назорат;
3) ҳарактери хулосаҳои аудиторӣ;
4) ҳоҳиши худи аудитор.
2.Соҳибмулки ҳуҷҷатҳои кории аудиторӣ, ки шуда метавонад:
1) аудитор;
2) субъекти иқтисодӣ;
3) саҳҳомон (соҳибон).
4) шӯрои директорон.
3. Дар фирмаи аудиторӣ ҳуҷҷатҳои корӣ, бояд чанд сол нигоҳ дошта шаванд?
1) то он соле, ки байни фирмаи аудиторӣ ва субъекти иқтисодӣ муносибатҳои шартномавӣ амал мекунад;
2) то се соли баъди тафтиш;
3) то панҷ соли баъди тафтиш;
4) то даҳ соли баъди тафтиш
4.Номгӯи маълумотҳои сирри тиҷоратии корхонаро муайян мекунанд:
1) роҳбари корхона;
2) соҳиби молу мулк;
3) раёсати ташкилот;
4) шӯрои директорон.
5.Дар ҳолати радди пешниҳоди ариза аз тарафи роҳбарият, аудитор бояд:
1) аз баёни фикру мулоҳиза даст кашад;
2) ҳулосаи манфӣ баён кунад;
3) ба шӯрои директорон муроҷиат кунад;
4) ба ин аҳамият надиҳад.
6.Радди субъеқти иқтисоди оиди пешниҳоди матуб ва баенномаҳо ба аудитор, ҳисобида мешавад:
1) ҳамxун амали асосноrи роҳбарияти субъеrти иқтисодӣ;
2) ради вазифаҳои аудиторӣ;      
3) маҳдудияти ҳаҷми аудит;
4) ҳуқуқи роҳбарияти субъекти иқтисодӣ.
7.Фирмаи аудиторӣ барои гузаронидани тафтишоти аудиторӣ бо ташкилоти калоне шартнома баст, ки саҳҳоми он мебошад, Дар ин ҳолат бастани шартнома оё мумкин аст?
1) ин ҳолатро ҳуҷҷатҳои меъёрӣ мунтазам накардаанд;
2) ин гуна шартномаро бастан айни муддаост, аз он сабаб, қи тафтиш объективона мешавад;
3) мувофиқи меъёрҳои амалқунанда чунин шартнома бастан номумқин аст;
4) дар ҳолати розигии саҳҳомон гузаронидани тафтиш мумкин аст.
8.Роҳбарият ва дигар мансабдорҳои субъеrтони иқтисодӣ вазифадоранд:
1) барои гузаронидани тафтишоти аудиторӣ шароит фароҳам оваранд (ҳамаи ҳуҷҷатҳоро барои тафтиш пешниҳод rунанд, ба саволҳои ба миён омада эъзоҳот диҳанд, тез камбудиҳои ба амал омадаро ислоҳ кунанд, барои гузаронидани тафтиш маҳдудият накунанд);
2) онҳо дар назди аудитор ягон ҳел ӯҳдадорӣ надоранд;
3) маблаги хизматро мувофиқи шартнома пурра пардозанд;
4) ба саволҳояшон машваратҳо гиранд.
9. Оё, ташкилоти аудиторӣ ӯҳдадор аст, ки дар ҳама ҳолатҳо муносибатҳои тарафҳои алоқамандро муайян кунад:      
1) дар ҳама ҳолатҳо;
2) бояд мутаносибии сарфи вақт барои ғункунии далелҳо ва нафъи он ба эътибор гирифта шавад;
3) бо талаби субъекти иқтисодӣ;
4) ин ҳолатро стандартҳо пешбинӣ накардаанд.
10.Дар кадом зинаи аудит робитаи ташкилоти аудиторӣ бо роҳбарияти субъекти иқтисодӣ пешбинӣ карда шудааст:
1) дар вақти тамомшавии аудит;
2) дар вақти саршавии аудит;
3) дар тамоми давраҳои аудит;
4) танҳо дар вақти бастани шартнома.
11. Дар давраи ҳисоботии ҷорӣ аз ҳисоби 10730 «Истеҳсолоти нотамом» чунин хароҷотҳо аз эътибор соқит карда мешавад:
1) новобаста аз оне, ки маҳсулот фурӯхта шудааст ё не:
2) ба бақияи истеҳсолоти нотамом ва маҳсулоти фурӯхташуда рост меомада; 
3) ба маҳсулоти фурӯхташуда рост оянда ва пурра ё маҳдуд баҳододашуда; 
4) ба арзиши маҳсулоти тайёр.
12.Баҳодеҳии маҳсулоти тайёр дар баланс:  
1) бо арзиши ҳақиқии истеҳсолӣ;
2) бо нархи шартномавӣ;  
3) бо арзиши аввала; 
4) бо нархи ҳақиқӣ.

Масъалаи  № 51.
Дар рафти аудити ҳатмӣ дар вақти тафтиши дурустии хароҷотҳо аудитор ҳисобҳоро бо ҳисоботҳои пешмузд муқоиса карда муайян намуд, ки хароҷотҳои сафарии хизмати ба Испания ба маблаги 2000 доллари америкои бо курси бонки миллӣ барои иштирок дар симпозиум ба роҳбари ҶСР пардоҳта шудааст. Ин маблағ ҳамчун сафари ҳизмати  ба хароҷотҳо гузаронида шудааст. Ҳуҷҷатҳои ба ҳисоботи пешмузд гузошташуда тамғаи ташкилоти сайёҳиро дорад. Дар ҳамаи дигар ҳолатҳо ҳисоботи молиявии пешниҳодшуда пурра ва саҳеҳ ҳолати молиявии ҶСР ва натиҷаҳои фаъолияти соли ҷориро инъикос мекунад.
Супориш:
Қарори асоснок оиди додани ҳулосаҳои аудиториро қабул кунед. Қисми ҷамъбастии ҳулосаи аудиториро тартиб диҳед.
 
Масъалаи  № 52.
Дар рафти тафтиши аудитории ҳатми муқаррар карда шуд, ки дар семоҳаи сеюми соли ҷорӣ  ташкилот ба ҳисоби хароҷотҳо ҳамчун хароҷотҳои умумию-маъмурӣ чунин хароҷотҳоро гузаронидааст:
-хароҷотҳои дамгирии фарзандони коркунон ба маблағи 35000 сомонӣ ҳамчун хароҷотҳои сафарии хизматӣ;
-хароҷотҳои хариди чиптаҳои нақлиёти ба маблағи 7800 сомонӣ (чиптаҳои истифодашуда ба ҳисобот гузошта нашудаанд);
-хароҷотҳои обунапулӣ ба 5700 сомонӣ;
-хароҷотҳои оиди муоинаи ҳолати хонае, ки сармуҳосиби ташкилот харидааст, ба маблағи 2488 сомонӣ бо ҳисоби ААИ.
Дар ҳамаи дигар ҳолатҳо ҳисоботи молиявии пешниҳодшуда ҳолати молиявӣ ва натиҷаҳои фаъолияти соли ҷориро саҳеҳ инъикос мекунад.
Супориш:
Қарори асоснок оиди додани хулосаҳои аудиториро қабул кунед. Қисми ҷамъбастии ҳулосаи аудиториро тартиб диҳед.

Дидан карданд: 1936

Мавзӯъҳои монанд:

Асоси назариявии фаъолияти аудиторӣ

Аудити воситаҳои пулӣ

Аудити баҳисобгирии хароҷотҳои истеҳсолӣ, махсулоти тайёр ва фурўши он

БУХГАЛТЕРСКИЙ БАЛАНС

Аудити ташкили баҳисобгирии бухгалтерӣ ва сиёсати баҳисобгирӣ

Аудити хислатҳои амалиётии ташкилот

Тарзи тартибдеҳӣ ва пешниҳоди хулосаҳои аудиторӣ

Хулосаҳои аудиторӣ

Ҳуҷҷатикунонии аудит ва натиҷаҳои тафтишоти аудиторӣ

Системаи назорати доҳилӣ ва интихоб

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: