|

Мафҳумҳои асосӣ аз фанни ҳуқуқ

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2017-05-04

Аккредитатсия – ҳуқуқи эътирофшудаи ташкилоти касбии муҳосибон, ки дар шакли муқаррарнамудаи  мақоми ваколатдори давлатӣ шаҳодатнома дорад;

Баҳисобгирии муҳосибӣ - низоми ягонаи Ҷамъоварӣ, бақайдгирӣ, ҷамъбасти иттилоот дар бораи молу мулк, дороиҳо, ӯҳдадориҳо ва сармояи ташкилот, ки аз рӯи шаклҳои муқарраршуда тартиб дода шудаанд;

 Бонк – ташкилоти қарзие (кредитие), ақалан ҳуқуқи иҷрои се амалиёти зерин: ҷалби амонату пасандозҳо, додани қарз (кредит), кушодану пешбурди суратҳисобҳои бонкиро дорад;

Бонки фаръӣ – бонке, ки зиёда аз панҷоҳ фоизи саҳмияҳои овоздиҳандаи он ба бонки дигар тааллуқ дорад;

 Буҷети давлатӣ - фонди асосии маблағҳои пулӣ, шакли ташаккул ва хароҷоти маблағҳои пулии мақомоти давлатии ҷумҳуриявӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва фондҳои мақсадноки буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад;

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, ташкили ҳокимияти давлатиро муайян мекунад.

Қонуни конститутсионӣ- санади меъёрии ҳуқуқиест, ки муносибатҳои муҳими ҷамъиятиро ба танзим дароварда, мавзўи танзим ва тартиби қабули он дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Кодекс- қонуни ягона ва мураттабгаштаест, ки тавассути он соҳаи муайяни муносибатҳои ҷамъиятӣ пурра, бевосита ва бонизом танзим карда мешавад.

Қонун- санади меъёрии ҳуқуқиест, ки мутобиқи тартиби муқарраршуда аз тарафи мақоми қонунгузор қабул мегардад ва муносибатҳои муҳими ҷамъиятиро танзим мекунад.
қонунгузорӣ –санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки муносибатҳои ҷамъиятиро дар маҷмўъ ё дар соҳаи муайян танзим мекунанд;

Кӯмаки молиявӣ  (субсидия) - маблағҳои буҷетие, ки ба буҷети сатҳи дигари низоми буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо шарти маблағгузории ҳиссавии хароҷоти мақсаднок дода мешаванд;

Кӯмаки молиявии беподош (дотатсия) - маблағҳои буҷетие, ки ба буҷети сатҳи дигари низоми буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пӯшонидани хароҷоти ҷорӣ беподошу бебозгашт ҷудо карда мешаванд;

қувваи ҳуқуқии санади меъёрии ҳуқуқӣ – хусусияти санади меъёрии ҳуқуқии мавриди амал қарордошта, ки ҳатмӣ будани татбиқи онро ба муносибатҳои ҳуқуқии ҷамъиятии дахлдор, инчунин тобеияти байниҳамдигарии онро бо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян мекунад;

Киёси қонун – бо сабаби набудани меъёрҳои қонунгузории танзимкунандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ нисбати онҳо татбиқ намудани меъёрҳои қонунгузорие, ки муносибатҳои ҷамъиятии шабеҳро ба танзим медароранд;

қиёси ҳуқуқ – бо сабаби набудани меъёрҳои қонунгузории танзимкунандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ ва меъёрҳои шабеҳи он нисбати муносибатҳои ҷамъиятӣ татбиқ намудани асосҳои умумӣ, мазмуни қонун, талаботи бовиҷдонӣ, хирад ва адолат.

Муҳосиби касбӣ – шахси воқеие, ки ихтисос ва сертификати муҳосиби касбӣ дорад;

низоми (системаи) бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои дигари қарзии (кредити) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунанда;

Фармон ва амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузорӣ дар доираи салоҳияти худ фармон мебарорад ва амр медиҳад. Санади меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли фармон бароварда мешава

ҳисоби таркибӣ – баҳисобгирии маълумоти ҷамъбастии баҳисобгирии муҳосибӣ дар бораи намудҳои молу мулк, дороиҳо, ӯҳдадориҳо ва амалиёти хоҷагидорӣ аз рӯи нишонаҳои муайяни иқтисодӣ, ки дар ҳисоби таркибии баҳисобгирии муҳосибӣ нишон дода мешаванд;

ҳисоби таҳлилӣ – баҳисобгирие, ки дар ҳисобҳои таҳлилии  баҳисобгирии муҳосибӣ бо гурӯҳбандии маълумоти муфассал оид ба молу мулк, дороиҳо, ӯҳдадориҳо ва муомилоти дохилихоҷагии ҳар кадом  ҳисоби таркибӣ дарҷ гардидаанд;
ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ - ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии муҳосибӣ, сиёсати баҳисобгирӣ, нақшаи ҳисобҳо, ҳисоботи молиявӣ, шартномаҳо ва ҳуҷҷатҳои дигари марбути баҳисобгирии муҳосибӣ ва тартиб додани ҳисоботи молиявии ташкилотҳо;

Ташкилоти муҳосибӣ – шахси ҳуқуқие, ки хизматрасониро дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ пешниҳод намуда, аъзои ташкилоти касбии муҳосибон мебошад ва дар басти вазифаҳои худ на камтар аз ду муҳосиби касбӣ дорад;

Санадҳои қонунгузорӣ – Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудаанд, қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Санадҳои зерқонунӣ – санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар асос ва барои иҷрои санадҳои қонунгузорӣ қабул мегарданд;

Санади меъёрии ҳуқуқӣ – ҳуҷҷати расмии шакли муқарраршудаест, ки бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ё аз ҷониби мақомоти давлатӣ ё худидоракунии шаҳрак ва деҳот ё шахси мансабдори ваколатдори давлатӣ қабул гардида, хусусияти умумиҳатмӣ дорад ва меъёрҳои ҳуқуқиро муқаррар менамояд, тағйир медиҳад ва ё бекор мекунад.

 Сирри муҳосибӣ – иттилооти дорои сирри тиҷоратие, ки дар ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии муҳосибӣ ва феҳристи бақайдгирии муҳосибӣ дарҷ гардидааст;

Субъектони ҳуқуқэҷодкунанда – халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми давлатӣ, шахсони мансабдор, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳуқуқи амалӣ намудани фаъолияти ҳуқуқэҷодкуниро доранд;

 Ташкилоти касбии муҳосибон – ташкилоти ғайритиҷоратии аккредитатсияшудаи иттиҳодияи муҳосибон ва (ё) аудиторон, ташкилоти муҳосибӣ ё аудиторӣ;

Умумиҳатмӣ будани санади меъёрии ҳуқуқӣ – иҷрои ҳатмии санади меъёрии ҳуқуқии бо тартиби муқарраршуда қабулгардида ва мавриди амал қарордодашуда аз ҷониби ҳамаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шахсони мансабдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

Ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) – шахсони ҳуқуқие (бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии (кредитии)) ғайрибонкӣ, ки мақсади асосиашон гирифтани фоида буда, дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон ҳама ё баъзе аз амалиёти бонкии дар Қонуни мазкур пешбинишударо иҷро менамоянд;

Фаъолияти бонкӣ - аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) анҷом додани амалиёти бонкие, ки дар Қонуни мазкур пешбинӣ гардидааст;

Фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ – фаъолияти субъекти ҳуқуқэҷодкунанда оид ба таҳия, қабул, интишор ва қатъи амали санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;

ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ – аз тарафи мақомот ё шахсони мансабдори муайяннамудаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии мақоми қонунгузор расман пешниҳод намудани лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ё таклифҳои қонунгузорӣ;

Мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ – фаъолияти ба тартиб овардани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ба низоми ягонаи таркибан мувофиқашуда даровардани онҳо;

Мусоидати молиявӣ (субвенсия) - маблағҳои буҷетие, ки ба буҷети сатҳи дигари низоми буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шахси ҳуқуқӣ барои анҷом додани хароҷоти муайян беподошу бебозгашт ҷудо карда мешаванд;

Молияи давлатӣ - маҷмӯи муносибатҳои пулӣ вобаста ба ташаккул, тақсим ва истифодаи фондҳои ҷамъшудаи воситаҳои пулӣ ва дигар захираҳои молиявӣ тавассути буҷети ҷумҳуриявӣ, буҷетҳои маҳаллӣ ва фондҳои мақсадноки давлатӣ, ки аз ҷониби мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи онҳо вогузоргардида истифода бурда мешаванд;

Низоми молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - доираи муайяни муносибатҳои молиявӣ, ки дар ҷараёни онҳо маблағҳои пулӣ  ташаккул меёбанд ва истифода бурда мешаванд. Низоми молияи давлатӣ шакл ва усулҳои ташаккул, тақсимот ва истифодаи маблағҳои пули давлатиро  муайян менамояд;

Низоми (системаи) бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои дигари қарзии (кредити) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунанда;

Норасоӣ дар қонунгузорӣ – набудани меъёрҳои ҳуқуқие, ки муносибатҳои ҷамъиятии дахлдорро танзим менамоянд ва зарурати танзими ин муносибатҳо аз шарту моҳияти мазмуни низоми ҷории ҳуқуқии давлат ва принсипу меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ бармеоянд;

Техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ – маҷмўи қоидаҳои таҳия, қабул ва ворид намудани тағйиру иловаҳо, тафсир, интишор, мураттабсозӣ, мавриди амал қарор додан, боздоштан ва қатъи амали санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;

 

Дидан карданд: 2864

Мавзӯъҳои монанд:

МАФҲУМИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ИНСОН

МОҲИЯТИ ҲУҚУҚҲОИ ИНСОН

ҚОИДАҲОИ УМУМИИ ҲУҚУҚИ МОЛИКИЯТ (Ҳуқуқи гражданӣ)

ИҶРОИ ЎҲДАДОРИҲО (Ҳуқуқи гражданӣ)

ИЛМИ ҲУҚУҚИ ГРАЖДАНӢ (Ҳуқуқи гражданӣ)

ДАВЛАТ ВА ВОҲИДИ МАРЗИЮ МАЪМУРӢ ҲАМЧУН СУБЪЕКТОНИ ҲУҚУҚИ ГРАЖДАНӢ (Ҳуқуқи гражданӣ)

ҒАНИМАТҲОИ ҒАЙРИМОЛУМУЛКӢ ВА ҲИФЗИ ОНҲО (Ҳуқуқи гражданӣ)

БА АМАЛ БАРОВАРДАНИ ҲУҚУҚҲОИ ГРАЖДАНӢ ВА ИҶРОИ ЎҲДАДОРӢ (Ҳуқуқи гражданӣ)

АҲДҲО (Ҳуқуқи гражданӣ)

Мафҳумҳои асосӣ аз фанни ҳуқуқ

Коментари дохил карданд:

Каментарй дохил кард: abdukodirovfaez@ail.com
Санаи дохилгардида: 2019-02-21

Рахмат


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: