|

МОҲИЯТ ВА ШАКЛҲОИ СОҲИБКОРӢ

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2017-04-11

Соҳибкорӣ бо худ як намуди кӯшишро оид ба ташкил ва идоракунӣ бо мақсади ноилгардӣ ба натиҷаҳои беҳтаринро аз тарафи фирма ифода мекунад. Соҳибкорӣ қисми ҷудонашавандаи хоҷагии бозорӣ буда, хусусияти асосии фарқкунандаи он рақобати озод мебошад.
Ба инкишофи таърихии соҳибкорӣ нигоҳ накарда, маънидодкунии муосири он дар давраи пайдоиш ва инкишофи капитализм ба миён омадааст. Танҳо дар арафаи асрҳои ХIX – XX иқтисодчиён аҳамияти ҳалкунандаи соҳибкориро барои пешравии иқтисодиёт эътироф намуданд. А.Маршалл ба се омили классики истеҳсолот – меҳнат, капитал ва замин омили чорумро, яъне ташкилотро дохил намуд, Й. Шумпетер бошад дар китоби «Назарияи тараққиёти иқтисодӣ» (соли 1912) ба ин омил номи муосирро, яъне соҳибкориро гузошт.
Й.Шумпетер ба сифати соҳибкор чунин ташкилотчии истеҳсолотро номгузорӣ кард, ки он роҳҳои навро дарёфт намуда, тарзҳои ҷо ба ҷо намудани навро амалӣ мегардонад.
Ҷиҳати асосии соҳибкорӣ, ки онро аз дигар шаклҳои фаъолияти хоҷагидорӣ фарқ мекунонад ин: мутсақилият, босалоҳиятнокӣ, ибтикоркорӣ, хавф, мутаҳаррикӣ ва инкишофёбӣ, ҷустуҷӯи фаъолонаи қарорҳои самаранок. Бо ифодаи кӯтоҳ соҳибкориро бо воситаҳои принсипҳои он чунин тавсир кардан мумкин аст:

  1. таъинот ба инсон – ӯ қимати асосии ҳам корхона ва ҳам ҷамъият мебошад;
  2. хизмати беғаразона ба харидор. Корхона барои харидор фаъолият карда, бо шарофати он арзи вуҷуд дорад;
  3. таъсисёбӣ ва нигоҳдории муҳити фарҳангии фирма, муҳити таовунӣ, ҳурмати ҳамдигар, анъанаҳои демократӣ, риоя намудани меъёрҳои рафтори боодобона;
  4. кӯшиши доимии пешравӣ. Пешгузаштан аз рақибон. Истифодабарии ҳадди аксари афзалиятҳои муҳити рақибонад.

Дар шароити иқтисодиёти бозорӣ соҳибкорон нақши махсусро бозида, ҳамзамон хусусияти фаъолияти соҳибкорӣ ҳамчун омили истеҳсолот инъикос меёбад.
Махсусияти фаъолияти соҳибкорӣ дар инҳо зоҳир мегардад:

  1. соҳибкор на танҳо омилҳоро дар ҷараёни истеҳсолот алоқаман мекунад, балки оид ба роҳҳои нави алоқамандкунии онҳо кӯшиш ба харҷ медиҳад;
  2. соҳибкор на танҳо ба корхона роҳбарӣ мекунад, балки оид ба идоракунии он қарорҳои гуногун қабул мекунад;
  3. соҳибкор навовариҳоро ҷорӣ мекунад ва барои хавфи иқтисодӣ ӯҳдадор аст.

Бинобар ҳамин Й.Шумпетер менависад, ки «соҳибкор гуфта мо субъектони хоҷагидориро дар назар дорем, ки вазифаи онҳо амалигардонии комбинатсияҳои нав мебошад, ки ҳамчун унсури фаъоли онҳо баромад мекунад».
Вазифаҳои соҳибкор. Ба вазифаҳои соҳибкор Й.Шумпетер инҳоро дохил мекунад:

  1. таъсис додани неъмати нави ба истеъмолкунанда номаълум бо сифатҳои нав;
  2. ҷорӣ намудани тарзи истеҳсолоти нави ба соҳаи додашуда номаълум;
  3. забт намудани бозори нави фурӯш ва ё истифодабарии васеъи бозори пештара;
  4. истифодабарии ашёи ва ё масолеҳи нимтайёри нав;
  5. ҷорӣ намудани тарзи нави ташкили кор, масалан, монополия ва ё баръакс аз байн бурдани он.

Дертар Г.Брифс ва Р.Коуз боз як вазифаи зарурии соҳибкорро муайян намуданд – назорат аз болои нархҳо ва хароҷотҳо, инчунин таносуби оқилонаи онҳо.
Ҳамин тавр, дар адабиёти муосири иқтисодӣ ба соҳибкорӣ ҳамчун захираи зарурии иқтисодӣ, ки омилҳои боқимондаро ба ҳаракат медарорад ва муваффақияти иқтисодӣ саҳми босазо мегузорад, муносибати ягона пойдор гардид.
Муҳити соҳибкорӣ. Соҳибкорӣ дар муҳити муайяни иҷтимоӣ – иқтисодӣ дар сатҳи макроиқтисодӣ амалӣ мегардад. Дар поён равияҳи асосии муҳити иҷтимоӣ – иқтисодӣ оварда мешаванд.
Муҳити иқтисодӣ – соҳибкор бояд донад, ки дар кадом давраи (фазаи) сикли иқтисодӣ, иқтисодиёти мамлакат қарор дорад, ҳолати савдои беруна чи гунааст, бекорӣ ва таваррум дар кадом сатҳ қарор дорад, устувории низоми андозӣ, сатҳи зиндагонии аҳолӣ.
Ҳолати сиёсӣ – боварӣ ба ҳукумат ва мӯътадилии он, муносибати ҳукумат ба сектори хусусӣ ва ҷамъиятӣ.
Муҳити иҷтимоӣ – мӯътадилии иҷтимоӣ дар ҷамъият, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мутобиқати сиёсати иҷтимоӣ.
Муҳити фарҳангӣ – чӣ қадаре, ки сатҳи тараққиёти фарҳанг ва маданият баланд бошад, ҳамон қадар соҳибкории пешбинишуда мӯътадил аст.
Муҳити ҳуқуқӣ – соҳибкорӣ танҳо дар ҳолати қонунгузории устувор ва мӯътадил инкишоф ёфта метавонад.
Муҳити техникӣ – технологӣ, яъне ҳолати корҳои илмӣ – тадқиқотӣ ва соҳаҳои истеҳсолоти илмӣ дар мамлакат.
Шакл ва намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ. Субъектони соҳибкорӣ пеш аз ҳама шахсони хусусӣ (ташкилкунандагони истеҳсолоти шахсӣ, оилавӣ ва ё истеҳсолоти ҳаҷман калонтар). Фаъолияти чунин соҳибкорон ҳам дар асоси меҳнати худӣ ва ҳам бо воситаи меҳнати ҷалбшуда амалӣ карда мешавад. Фаъолияти соҳибкорӣ инчунин аз тарафи гурӯҳи шахсони бо муносибатҳои шартномавӣ ва манфиатҳои иқтисодӣ алоқаманд, амалӣ шуданаш мумкин аст. Субъектони соҳибкории гурӯҳӣ ҷамъиятҳои саҳомӣ, гурӯҳҳои иҷоравӣ, кооперативҳо ва ғайраҳо баромад мекунанд. Дар баъзе ҳолатҳо ба субъектони соҳибкорӣ давлатро дар шахсиятҳои органҳои муайян низ дохил мекунанд. Ҳамин тавр дар иқтисодиёти бозорӣ се шакли фаъолияти соҳибкорӣ мавҷуд аст: давлатӣ, гурӯҳӣ, хусусӣ.
Вобаста аз таркиби фаъолияти соҳибкорӣ ва бо назардошти зиннаҳои асосии ҷараёни такрористеҳсол (истеҳсолот, тақсимот, мубодила ва истеъмолот), чунин намудҳои соҳибкориро фарқ мекунанд: истеҳсолӣ, тиҷоратӣ, молиявӣ, суғуртавӣ, миёнаравӣ.
Соҳибкории истеҳсолӣ ба намуди аз ҳама ҳам зарур ва мураккаби фаъолияти соҳибкорӣ мансубият дорад. Ин намуди соҳибкорӣ ба зудӣ ба монанди дигар намудҳои соҳибкорӣ фоидаро таъмин намекунад ва бинобар ҳамин барои оғози фаъолияти соҳибкорӣ наонқадар диққатҷалбкунанда мебошад. Дар асоси соҳибкории истеҳсолӣ офаридани неъматҳои моддӣ ва маънавӣ хобидааст.
Дар соҳибкории тиҷоратӣ, соҳибкор дар нақши савдогар, тиҷоратчӣ баромад мекунад, зеро ӯ молҳои тайёрро мефурӯшад, ки аз дигарон харидорӣ карда буд. Байни соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолот ва дар соҳаи мубодила алоқаи зич ба назар мерасад.
Соҳибкории молиявӣ – ин намуди махсуси соҳибкории тиҷоратӣ, ки дар он ба сифати ашёи хариду – фурӯш пулҳо, асъори хориҷӣ, қоғазҳои қиматнок баромад мекунанд, ки ба харидор фурӯхта ва ё ба қарз дода мешавад.
Соҳибкории суғуртавӣ дар он аст, ки соҳибкор ба суғуртакунанда бо пардохти муайян зарари имконпазири амвол, ҳаёт ва ғайраҳоро дар натиҷаи сар задании ҳодисаи нохуш рӯйпӯш мекунад.
Миёнаравӣ бо он тавсиф карда мешавад, ки соҳибкор маҳсулотро истеҳсол намекунад, бо савдои мол, қоғазҳои қиматнок машғул набуда, танҳо хизматҳои миёнаравиро ба ҷо меорад. Миёнарав барои амалигардии муомилаҳо бо воситаи муттаҳидкунии намудҳои гуногуни фаъолияти соҳибкорӣ ба як занҷири амалиёти соҳибкорӣ мусоидат мекунад.
Омилҳои соҳибкорӣ. Фаъолияти соҳибкорӣ бо худ маҷмӯаи амалҳои соҳибкорро дар назар дорад, ки пай дар пай ва ё ҳамрадиф дар давоми давраи пурраи фаъолият ба миён меоянд: аз маблағгузории ибтидоӣ то гирифтани фоида. Ҳамчун намудани фаъолияти хоҷагидорӣ, соҳибкорӣ омилҳои истеҳсолотро ба монанди замин, капитал ва меҳнат истифода мебарад. Ба таври аниқтар барои амалигардонии фаъолияти соҳибкорӣ воситаҳои асосӣ (биноҳо, таҷҳизотҳо, мошинҳо ва дастгоҳҳо, воситаҳои нақлиёт), воситаҳои гардон (ашё, масолеҳ, энергия, воситаҳои пулӣ) заруранд.

Дидан карданд: 4847

Мавзӯъҳои монанд:

МОҲИЯТ ВА ШАКЛҲОИ СОҲИБКОРӢ

Шаклҳои ташкилию хуқуқии сохибкорӣ

Ширкатҳои дорои масъулияти махдуд (ШДММ)

Таъминот бо захираҳо

Омилҳои муайянкунандаи амалиётҳои фаъолияти сохибкори

Муҳити берунаи сохибкорӣ. Бозор – мухити мавҷудияти сохибкорон

Мохияти мухити сохибкори, озодии иқтисоди – унсури пешбарандаи мухити сохибкори

Фаъолияти сохибкори дар бозорҳои қоғазҳои қимматнок ва хизматрасониҳои бонки.

Таснифоти сохибкори. Шаклҳо ва намудҳои сохибкори

Вазифаҳои сохибкори

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: