|
youtaj

Сарчашмаҳои назариявии омори байналхалқӣ

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2017-04-11

  • Мавзўъ ва усулҳои омори байналхалкӣ (ОБ) ва алоқамандии он бо дигар илмҳо.
  • Тартиби нишондиҳандаҳо ва гуруҳҳои муҳими ОБ.
  • Фаъолияти омории ташкилотҳои байналхалқӣ.

1. Мавзўъ ва усулҳои омори байналхалкӣ (ОБ) ва алоқамандии он бо дигар илмҳо.
Илми омор бо худ маҷмўи фанҳои бо якдигар алоқамандро таш кил медиҳад, ки онҳо тарафҳои миқдории равандҳо ва ҳодисаҳои иҷтимоӣ – иқтисодиро меомўзанд. Ин асосан дар хоҷагии халқии давлатҳои гуногун рўй медиҳад. Ин маҷмў ба худ як қаторсамтҳои зеринро дар бар мегирад:

  • Омори риёзигӣ;
  • Назарияи умумии омор;
  • Омори иҷтимоӣ – иқтисодӣ;
  • Омори соҳавӣ;
  • Системаи ҳисобҳои миллӣ.

Дар системаи илмҳои оморӣ мавқеи муҳимро О.Б мегирад. Вобаста ба объекти татқиқот 2 намуди мафҳуми онро ҷудо мекунем:
1). Омори байналхалқи бо маънои маҳдуд зуҳуротҳо ва равандҳои иҷтимоӣ-иқтисодиро меомўзад, ки он дар сатҳи байналхалқӣ байни мамлакатҳои гуногун ва иттиҳоди давлатҳо мегузарад (ИА – Иттиҳоди  Аврупо, ИДМ – Иттиҳоди   давлатҳои мустақил, ТҲВТИ – Ташкилоти ҳамкорӣ ва тарақиёти иқтисодӣ, ТДСН – Ташкилоти давлатҳои Содиркунандаи Нафт, ЛДА – Лигаи Давлатҳои Араб ва ғ.).
2) Омори байналхалқӣ бо маънои васеъ ҳамаи хоҷагиҳои ҷаҳониро татқиқ мекунад., яъне, равандҳо ва зуҳуротҳои иҷтимоӣ – иқтисодӣ, ки на танҳо дар байни давлатҳо ва иттиҳодҳои онҳо рўй медиҳад балки дар давлатҳои алоҳида руйдиҳанда мебошад.
Мавзўи омори  байналхалқӣ  ин омўхтани тарафҳои миқдории зуҳуротҳои  иҷтимоӣ – иқтисодӣ мебошад, ки он дар дар иқтисодиёти ҷаҳон рўй медиҳад.  Бо ҳамин сабаб О.Б. барои татқиқ кардани замина, равиш ва натиҷаҳои фаъолияти иктисодӣ оварда шудааст. Бо вуҷуди ин интихоби мавзўи татқиқоти аниқ аз мақсад ва вазифаҳои дар пеши татқиқотчиён гузошта вобаста аст. Чунончи ба сифати мавзўи татқиқот  нишондиҳандаҳои боигарии миллӣ, нишондиҳандаҳои амалиёт ва сохтори ММД (Маҷмуи маҳсулоти дохила),. Нишондиҳандаҳои сатҳи зиндагӣ ва ғайраҳо шуда метавонанд.
Объекти татқиқот дар О.Б. ин маҷмўи воҳидҳои иқтисодӣ мебошанд, ки бо аломати омўхташаванда соҳибанд. Мисол: объекти мушоҳида метавонад мамлакат ё як гурўҳ мамлакатҳо бошад; аҳолии бо кор таъмин, бекор ё ин ки аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ машғул буда ва ғайраҳо шуда метавонанд. Муайянкунии аниқи мавзўъ ва объекти татқиқот ин яке аз шартҳои асосии риояи аниқи натиҷаҳои гирифта шуда мебошад.
Омори байналхалқӣ бо як қатор фанҳои илмӣ алоқамандии зач дорад. Пеш аз ҳама  алоқамандии онро бояд бо назарияи иқтисоди муосир қайд кард, ки он муайянкунӣ ва методологияи ҳисобкунии категорияҳо ва нишондиҳандаҳои муҳими иқтисодиро коркард мекунад. Қонуният ва тамоюли тарақийти иқтисодии давлатҳои гуногунро меомўзад.
О.Б. коркардҳои назарияи иқтисодиро барои иҷрои ҳисобу китоби амалии нишондиҳандаҳои иқтисодӣ истифода мебарад. Дар баробари он омор назарияи иктисодиро бо ахбороти иқтисодӣ ва хулосаҳои таҷрибавӣ, ки дар асоси ин ахборот тайёр шудааст, бой мегардонад. Омори байналхалқӣ бо фанни баҳисобгирии муҳосибӣ зич алоқаманд аст. У усули муҳосибии сабти дутарафаро дар инъикоси амалийтҳои иқтисодӣ, хусусан дар сохтани тарртиботи хисобҳои миллӣ васеъ истифода мебарад.Омори байналхалқӣ бо як қатор фанҳое, фаъолияти иқтисодии соҳаҳои алоҳидаи иқтисодиро меомўзад, замина мебошад.О.Б. бо барномасозӣ низ алоқамандии зич дорад, ва он техникаи электрониро истифода мебарад.   
2. Мавзўъ ва объекти мушоҳидаи О.Б. қонунҳои сохти системаи нишондиҳандаҳои иқтисодию омориро, сохтор ва тартиби онро муайян мекнад.
Вобаста ба системаи нишошдиҳандаҳои О.Б, ки заминаҳои фаъолияти иқтисодиро нишон медихад бояд аз инҳо иборат бошан:

  • Нишондиҳандаҳои замин ва захираҳои табиӣ(масоҳат, шароитҳои иқлимӣ, захираҳои канданиҳои фоиданок, зах. Чангалӣ, зах. Обӣ ва гидроэнергетикӣ, боигарии дарёҳо, баҳрҳо ва уқёнусҳо, ҳайвонот ва наботот ва ғ);
  • Нишондиҳандаҳои вазъияти муҳити атроф,
  • Нишондиҳандаҳои иқтидори меҳнатии давлат(шумора, таркиб ва динамикаи аҳолии давлат),
  • Нишондиҳандаҳои сармояи асосӣ,
  • Нишондиҳандаҳои омории сармояи гардон, захираҳо ва пасандозҳои таъиноти гуногун,
  • Нишондиҳандаҳои дороиҳои чамъшудаи ахолӣ.

Ҷои муҳимро дар О.Б нишондиҳандаҳои арзиши (пулӣ) ишғол мекунад, ки чиҳати хуби онҳо дар он ас тки онҳо имкон медиҳанд, нишондиҳандаҳои чамбастӣ, иҷтимоӣ-иқтисодиро дар дилхоҳ сатҳи фаъолияти иқтисоди (барои воҳидҳои иктисодӣ, соҳаҳо ва секторҳои иқтисоди милли, минтақаҳои иқтисоди ва давлат дар пуррагӣ)гиранд. Камбудии асосии нишондихандаҳои арзиши дар он аст, ки онҳо аз сурати беқурбшавии пули давлат вобастагии сахт доранд.

  • Системаи глобалии омор бо худ маҷмўи стандартҳои байналмилалии омориро ташкил медиҳад, барои якхелакунонии муносибатҳо ба методология ва тачрибаи фаъолияти оморӣ равон шудааст; О.Б. дар айни вақт равандҳоро инъикос мекунад, ки дар чомеаи муосир рўй медиҳад ва механизмҳо ки барои ба амалбарории мутобиқати фаъолияти ташкилотҳои байналхалкӣ ва хизматҳои омории милли ва соҳаи омор иҷозат медиҳанд.

Дидан карданд: 1587

Мавзӯъҳои монанд:

Сарчашмаҳои назариявии омори байналхалқӣ

Мафҳуми омор дар давраи муосир.

Омодасозии мушохидаи омори

Мохияти мушоидаи омори. Ташкили мушохидаи омории давлати.

Омори баҳодии дараҷаи зисти аҳолӣ

Омори аҳолӣ

Омори нарх

Омори бойгарии давлат

Омори саноат

Графикхои омори

Коментари дохил карданд:

Каментарй дохил кард: Кароматулло Ра?мон?улов
Санаи дохилгардида: 2017-10-03

Ба?оди?ии восита?ои асоси ?ами мавзура дохил кунед илтимос


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: