|

Сиёсати давлати Тоҷикистон оиди дин

Тартибдиханда: Р.К. Маллаев,    Д.Р. Ҷўраева

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2017-03-17

Солҳои 1917-1992 Тоҷикистон чун давлат ба ҳайъати Иттиҳоди Шўравӣ дохил мешуд. Идеологияи давлати Шўравӣ атеистӣ - зиддидинӣ буд, ки аз он аввалин декретҳои (қонунҳои) қабулкардаи ин давлат шаҳодат медиҳад. Ҳукумати Шўравӣ декретҳои оиди «аз давлат ҷудо будани дин ва аз дин ҷудо будани мактаб» ва «Оиди бекор карда шудани никоҳи динӣ», «оиди мусодира намудани моликияти калисо барои ёрӣ ба гуруснагон» - ро баровард, на танҳо молу мулки калисои насронӣ инчунин заминҳои вақфи масҷиду мадрасаҳо ва молу мулки онҳоро мусодира намуд. Дар Тоҷикистон дар даврони Шўравӣ ҳамаи мадрасаҳо ва аксари масҷидҳо баста шуданд. Дар давлати Шўравӣ дин падидаи зараровар, аз мубориза дуркунанда, занҷири пои прогрессу инкишоф ва афюни халқ дониста шуда, бар зидди он мубориза бурда мешуд. Дар донишкадаҳои олӣ фанни «Атеизми илмӣ» чун фанни ҳатмӣ омўхта мешуд. Аз мактаби миёна то донишгоҳи олӣ тамоми таълиму тарбия характери зиддидинӣ дошт.
Бо пошхўрии давлати Шўравӣ сиёсати ҳукумати Тоҷикистон оиди дин пурра тағйир ёфт. Гарчанде, ки дар Конститутсияи Тоҷикистон  озодии виҷдон эътироф карда шуда, баробарии ҳамаи дину мазҳабҳо эълон шуда бошад ва дин кори шахсии ҳар як фард дониста шуда бошад ҳам, Ҳукумати Тоҷикистон ба роҳи дин ягон монеа нагузоштааст ва баръакс барои рушду ривоҷи дин тамоми шароитҳоро муҳайё намудааст.
Дар солҳои истиқлолият миқдори калони масҷиду мадрасаҳо кушода шуданд, на танҳо масҷиду мадрасаҳои кўҳна барқарор карда шуданд, инчунин ҳазорҳо масҷидҳои нав бунёд карда шуданд. Ба қавле миқдори масҷиду мадраса нисбат ба мактабу донишгоҳҳои дунявӣ хеле зиёдтаранд. Ҳар сол ҳазорҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳаҷ ба зиёрати Мака мераванд. Миқдори ҳоҷиён дар Тоҷикистон аз миқдори ҳаҷкардагони дигар давлатҳои собиқи Иттиҳоди Шўравӣ зиёдтар аст.
Дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо қарори Президенти Тоҷикистон  бузургдошти хотира ва таълимоти Имоми Аъзам (Абўҳанифа Нўъмон ибни Собит) ва дигар намояндагони дину фарҳанги тоҷикон аз қабили Ҷалолиддини Румӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигарон ба таври васеъ қайд карда шуда, конфронсҳо гузаронида шуданд ва оиди ҳаёту эъҷодиёти онҳо садҳо мақолаҳо ва китолбҳои илмӣ навишта шуда, ҷаҳонбинии онҳо тарғиб карда шуд.
Дар солҳои истиқлолият даҳҳо ҷунбишу ҳизбҳои калону хурд пайдо шуданд, ки ҷанбаи динӣ доштанд. Таъсири дин ба сиёсат пурзўр шуд. Аммо мутаасифона ин таъсир на ба баҳри таъмини якпорчагии Тоҷикистон, рушду равнақи он ва беҳбудии ҳаёти халқ равона шуда буд, балки баръакс ба тафриқа ва ҷудоиандозӣ, ба тундгароию экстремизм, кўшишҳои зўран ғасб намудани ҳокимият, равона шуда буд. Ҳоло мо якчанд ҳизбу ҷунбишҳои дар Тоҷикистон ҷойдоштаро дида мебароем ва вобаста ба он вазъи дину сиёсати давлатро таҳлил менамоем:
Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон 4-уми декабри соли 1991 ташкил шудааст, саромад ва идеологи он Саид Абдуллои Нурӣ ҳисоб мешуд. Ин Ҳизб дар оташ занонидани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ки дар он  ҳазорон одамон қурбон шуданд, нақши калоне бозидааст ва сарвари мухолифин, ки бар зидди давлати қонунӣ меҷангид аъзоёни ҳамин ҳизб буданд. Солҳои 1992 - 1997 Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон амал намуда, баъди бастани Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба фаъолияти ҳизб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шуда, 28 сентябри соли 1999 ва 15 октябри соли 2003 он ҳамчун ҳизби сиёсӣ, аз нав ба қайд гирифта шуда буд.
Чӣ хеле, ки прокуратураи Генералӣ ва Суди олии Тоҷикистон қайд менамояд: «Гарчанде таъиноти асосии таъсисёбии ҲНИТ, барномаи он,   аз ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ҳимояи якпорчагӣ ва тамомияти арзии Тоҷикистон, ҳимоят аз истиқрори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва ҳамзистии бародаронаи халқҳои ҷумҳурӣ иборат бошад ҳам, вале солҳои охир аъзоёни он теъдоди зиёди ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистӣ (ифротгароӣ)-доштаро содир намуда, дар байни аҳолӣ, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои ахбори омма норозигию иғво ва кинаю адоват барангехта истодаанд, ки ин амалҳои онҳо боиси халалдоршавии ҳаёти осудаи шаҳрвандон ва амнияти ҷамъиятӣ гардида, ба асосҳои сохти конститутсионӣ ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид менамояд».
Чӣ хеле, ки С. Ятимов «Шуури ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ (Шуури муқаррарӣ)» қайд мекунад: «Ҳодисаю воқеаҳое, ки дар ҷаҳон, минтақаи Осиёи Марказӣ ва аз он ҷумла дар Тоҷикистон ба амал меоянду ба ҳам алоқаманданд, ба ҳам таъсир мерасонанд, ба таҳлилу таҳқиқ ва  хулосабарории илмӣ эҳтиёҷ доранд. Чунин кишвари қафомондаю ҷангзадае ба мисли Тоҷикистон, дар муддати кўтоҳи ба даст овардани истиқлолияти миллӣ, ҳам дар соҳаи иқтисодӣ, ҳам дар соҳаи иҷтимоӣ ва ҳам дар соҳаи барпо намудани давлати миллӣ, ба муваффақиятҳои беназир комёб шудааст, чӣ душманони дохилӣ, чӣ душманони хориҷии тоҷиконро ба ташвиш наоварда наметавонист.
Давлатҳои абарқудрат тамоми гўшаю канори ҷаҳонро, ки аз онҳо ҳазорҳо фарсах дур аст, ба доираи манфиатҳои ҳаётан зарурии худ дохил менамоянд, агар ин халқу давлатҳо сиёсати мустақил бурдани шаванд, манфиатҳои миллии худро ба мадди аввал мондани шаванд, яъне инодкору гапнодаро бошанд, ҳамоно душмани демократия эълон карда мешаванду дар он ҷо «инқилобҳои демократӣ» ташкил карда мешавад, дар ин кишварҳо ҷангҳои шаҳрвандӣ ба вуҷуд оварда мешаванд ва ҳатто аз ҳуҷуми рўирост ҳам тарғибгарони «демократия» шарм намедоранд. Ҳодисаҳои дар Ироқ, Миср, Сурия ва як қатор кишварҳои дигар мисоли ин вазъият шуда метавонад.
Муаллифи мақола қайд менамояд, ки «Яке аз сабабҳои аслии рўйдод ва тағйироти сифатӣ дар самти кўшиши инкори падидаҳои мусбии рушди устувори давлатҳои миллӣ, вазъи шуури ҷамъиятӣ, аз ҷумла шуури муқаррарии қишрҳои муайяни аҳолии он кишварҳо маҳсуб мегардад». Муаллиф қайд мекунад, ки «масъалаи кор бо шуур, сохтани ҷаҳонбинӣ, акнун аз доираи салоҳият ва вазифаи як давлат берун рафтааст». Таъсиррасонӣ ба шуури омма аз хориҷи кишвар бешубҳа пурқувват шудааст чӣ тавре ки муаллиф қайд мекунад «Сохтани «Давлати исломӣ», ҳодисаҳо дар атрофи Ироқ ва Сурия, ширкати ҷавонони тоҷик дар амалиёти террористӣ, пурра ба марзҳои Тоҷикистон наздик шудани толибон, ҳодисаҳои марбут ба дастаи террористии аъзои Ҳирзби Наҳзати Ислом Ҳ. Назарзода ҳамчун раванд ғайричашмдошт нестанд. Аъмоли охирин, натиҷаи кори навбатии мақсадноки душманони давлати миллӣ, сулҳу субот ва оромӣ дар кишвар аст. Ин рўйдодҳо ҷузъи одии системаи нақшаҳои бозигарони геополитикӣ мебошанд. Ва иштироки фаъоли назарзодаҳо, кабириҳо дар ин ҷараён характери инструменталӣ, бозичагӣ, абзорӣ дорад».
Аз солҳои пуршўру шарри навадуми асри ХХ ҳоло тақрибан 25 сол сипарӣ гаштаст. Халқи азияткашидаи тоҷик, он солҳои мудҳишро, ки дар натиҷаи фаъолияти ифротгароёнаи исломиён ва хусусан ҲНИТ, ки кишварро ғарқи хун карда, ҳазорҳо тоҷикро қатли ом карда буданд, бо даҳшат ба хотир меоварад. Ҳоло тоҷик:
Кунад нафрин ба он солу маҳи шум,
Ки дурӣ додаш аз ободу аз бум.
Ҳам халқи тоҷик ва ҳам ҳукумати кишвар уммедвор буданд, ки аъзоёни ин ҳизб ва сарварони он сабақи хуби таърихӣ гирифта, минбаъд баҳри рушду нумўи кишвар, равнақу истеҳсолоту ривоҷи демократия хизмат хоҳад кард. Аммо мақсади ҲНИТ-у аъзоёни он тамоман дигар буд, онҳо мехостанд, ки бо кадом роҳе, ки набошад ҳокимияти сиёсиро ба даст оваранд, давлати исломиро аз қабили Эрон ё Афғонистон дар Тоҷикистон барпо намоянд ва тоҷиконро ба Асрҳои Миёна боз гардонанд. 
Сарвари ин ҳизб М. Кабирӣ ба саволи журналистон, пеш аз интихоботи президент соли 2013 ҷавоб дода, қайд мекунад, ки гўё ў «…тарафдори Тоҷиқистони озод, демократӣ ва дунявӣ аст. Тарафдори сохтест, ки эътиқод кори ҳар як шахс буда, озодии виҷдон тарғиб карда мешавад. Боз, гўё, ў зидди давлати теократӣ аст, ки дар он давлатро аз номи дин идора мекунанд» .
Ҳамаи ин гуфтҳо дурўғу риё мебошад, зеро солҳои охир аъзоёни ҲНИТ теъдоди зиёди ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистӣ (ифротгароӣ)-доштаро содир намуда, дар байни аҳолӣ, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои ахбори омма норозигию иғво ва кинаю адоват барангехта истодаанд, ки ин амалҳои онҳо боиси халалдоршавии ҳаёти осудаи шаҳрвандон ва амнияти ҷамъиятӣ гардида, ба асосҳои сохти конститутсионӣ ва соҳибихтиёрии ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид менамояд.
Танҳо дар 5 соли охир 45 нафар аъзоёни ҲНИТ ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, 17-тои онҳо бошанд барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти ифротгароӣ ва террористидошта, аз қабили ташкили иттиҳодияҳои ҷиноятӣ ва иштирок дар онҳо, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии ҷумҳурии Тоҷикистон ва барангехтани кинаю адовати динӣ, ки барои нооромии авзои сиёсӣ мусоидат менамоянд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.
Боз аъзоёни ин ҳизб чандин ҷиноятҳои зиёди вазнини зиддихалқию зиддидавлатӣ содир намуданд.
Ҳамин тариқ, пешвоён ва аъзоёни ҲНИТ аз номи дини Ислом, вале хилофи муқаррароти он баромад намуда, кўшиш ба харҷ додаанд, ки ваҳдати миллӣ, якпорчагӣ, соҳибихтиёрӣ ва амнияти ҷамъиятиро дар Тоҷикистон тавассути содир намудани амалҳои экстремистиву террористӣ халалдор созанд.
Оиди аз ҷониби ҲНИТ бартараф намудани қонуншиканиҳои дар фаъолияташон ҷойдошта дар давоми солҳои 2014 ва 2015 аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин маротиба огоҳномаҳо ирсол карда шудаанд, вале роҳбарияти ҲНИТ ба ин нигоҳ накарда, амалҳои ҷинояткоронаи худро ҷиҳати ғасби ҳокимияти конститутсионӣ тарҳрезӣ намуданд.
Ҳамин тариқ муайян карда шуд, ки мақсади асосии ҲНИТ аз сарнагун намудани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳибихтиёрӣ, тамомияти марзӣ ва халалдор намудани амнияти давлат иборат мебошад.
Бо дарназардошти ҳолатҳои зикргардида Суди Олӣ аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонеъ намуда, Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистонро ҳамчун ташкилоти ифротгаро (экстремистӣ) - террористӣ эътироф намуда, фаъолияти ҳизбро қатъ ва ҳамчун шахси ҳуқуқӣ барҳам дода, нашри рўзномаи «Наҷот» ва сомонаи интернетии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, ба ҳудуди қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва паҳн кардани аудио ва видеосабтҳо, истеҳсол, чопу нашри рўзномаю адабиёт ва варақаҳои ҳизб  манъ карда шуд .
Солҳои охир дар минтақаҳои гуногуни мусулмоннишин равияю ҳаракатҳои сиёсӣ ва иҷтимоие рўи кор омаданд, ки аксари онҳо хусусият ва характери ифротиву тундгароӣ доранд ва таъсири онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз он ҷумла Тоҷикистон низ ба қайд гирифта шудааст. Инҳаракатҳо ваҳҳобия, равияи салафӣ, Ҳаракати исломии Ўзбекистон ва ғайраҳо мебошанд. Ин ҳаракатҳо гоҳ ошкор, гоҳе пинҳонӣ кору фаъолият мебаранд, доираи фаъолияти онҳо аксаран наврасон ва ҷавононро дар бар мегирад, ки онҳо эътиқоду маърифати сусти динӣ доранд ва ба таблиғи онҳо зуд фирефта мешаванд. Мақсади асосии ин ҳаракатҳо на беҳбудӣ бахшидан ба вазъи диниву диндории ҷомеа ва арзишҳои исломӣ, балки тавассути дин роҳ ёфтан ба муҳити сиёсӣ ва халалдор намудани оромиву суботи ҷомеа мебошад. Қайд намудан ҷоиз аст, ки ҳамаи ин ҳаракатҳо ба шеваи диндории мардуми минтақа зид буда, ба он муносибати ревизионистӣ доранд ва мазҳабу оини пешгузаштагони тоҷикро хурофоту бидъат меноманд.
Ваҳҳобия ва салафия. Дар бораи ваҳҳобия мо дар мавзўи пешгузашта маълумот дода будем, акнун ин ҳаракат дар шакли нав, бо номи салафия маълум шуда истодааст. Салафиён худро пайравони «салафи солеҳ» (аз калимаи арабӣ салафа, - гузаштагони накўкор) меноманд ва ба баргаштан ба исломи замони муҳаммадӣ ва саҳобаҳо даъват менамоянд. Вале он равияи салафие, ки имрўз дар Осиёи Марказӣ ва аз он ҷумла Тоҷикистон густариш ёфта истодааст аз исломи замони ибтидоӣ ва салафи солеҳи он даврҳо ба таври куллӣ фарқ менамояд. Ин ҳаракат дар зери таъсир ва маблағгузории доираи динии чанде аз кишварҳои араб ба монанди Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб ва дигарон зуҳур карда бештар ҳадафҳои сиёсӣ дорад, ки ин ҳадафҳо зидди манфиатҳои миллии кишварҳои дигар аз он ҷумла Тоҷикистон мебошад. Шеваи асосии салафиҳо ҳамон шеваи ваҳҳобия мебошад, ки баъд аз мақоми худро аз даст додан ва беобрў шудани он, бо номи дигар ба саҳнаи динӣ – сиёсӣ омадааст. Фароизҳои динии ваҳҳобияю салафия як хел мебошад, он аз унсурҳои ҷузъи ва номуҳимми иҷрооти динӣ аз қабили баланд гуфтани омин ҳаногми намоз, васеъ гузоштани пой ҳангоми намоз, дар болои Сина гирифтани дастҳо ва ғайраро сармашқи худ қарор дода, ба шакли анъанавии диндории ҳанафии мардуми маҳаллӣ шубҳаомез ва бо кароҳат нигоҳ мекунанд. Онҳо чун ваҳҳобиён зиёрати мазорҳо, хондани Қуръон дар сари қабрҳо, хайру садақа ба арвоҳи гузаштагон, тўю рақсу мусиқиро пурра рад мекунанд. Таҳлили ҷиддии салафия нишон медиҳад, ки мақсади асосии онҳо Аслан бо воситаи фазои динӣ роҳ ёфтан ба фазои сиёсиву иҷтимоӣ мебошад.
Дар Т оҷикистон фаъолияти салафиҳо аз соли 2000-ум оғоз ёфта солҳои 2005-2008 пайравони онҳо дар шаҳри Душанбе ва дигар навоҳиҳои ҷумҳурӣ пайдо шуданд. Пешвоёни онҳо мусулмонони маҳаллӣ буда, дар кишварҳои бегона таълим гирифта, расму оини онҳоро байни ҷавонон тарғиб намуданро сар карданд. Дар ин муддат чаендин муноқиша ва бархўрдҳои ақидавӣ байни онҳо ва исломи анъанавӣ ба амал омада вазъи ҷумъҳуриро муташанниҷ намуд. Аз ин рў Вазорати адлияи ҷумҳурӣ соли 2009 салафияро равияи ифротӣ дониста, фаъолияти онро дар қаламрави ҷумҳурӣ манъ намуд.
Ҳизб ут-таҳрир. Ҳаракати дигари мазҳабие, ки худро ҷунбиши исломӣ меномад, ба фаъолияти ҳизби ифротию сиёсии динӣ Ҳизби таҳрир таалуқ дорад, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ хеле фаъол шудааст. Он дар охирҳои мавҷудоти Иттиҳоди Шўравӣ, дар замони бесару сомони бозсозӣ ба минтақаҳои мусулмоннишини кишвар хусусан Ўзбекистон роҳ ёфта, баъд ба дигар кишварҳо паҳн шудааст. Аз таърихи пайдоиши ин ҳизб маълум мешавад, ки он аз тарафи Тақиюддин Набҳонӣ (1909-1977) ва пайравонаш Абдулқадими Заллум, Раҷаб Биюзӣ ва Асъад Биюзӣ соли 1953 дар Ўрдун таъсис ёфтааст.
Аз аввали пайдоишаш ин ҳизб худро ташкилоти сиёсии аҳли суннат ва ҷамоат эълон карда, ба баргаштан ба тарзи ҳаёти исломӣ дар асоси меъёрҳои шариат даъват менамуд. Барои расидан ба ин мақсад ташкили хилофати исломиро, ки он бояд тамоми мусулмонони оламро ба як давлат муттаҳид созад зарур медонист. Воситаи асосии ташкили хилофатро бошад ҷиҳод меҳисобад. Мувофиқи ҳуҷҷатҳои асосии ин ҳизб ҳокимон ва сарварони ҳамаи кишварҳои мусулмонӣ кофир ва бедин эълон карда шуда, ҳамаи иллатҳои ҷомеаи мусулмониро дар набудани низоми идораи исломӣ мебинанд. Аз ҳамин ҳуҷҷатҳо бармеояд, ки аъзоёни ин ҳизб бояд барои озодкунии мамлакатҳои мусулмоннишин аз дасти ҳокимони бедин муборизаи шадидро ба роҳ монанд.
Агарчанде, ки ин ҳизб дар ягон кишвари мусулмоннишин сабт нашудааст, шўъбаҳои он дар Лубнон, Сурия, Фаластин, Миср, Туркия, Индонезия, Ўзбекистон ва як қатор кишварҳои дигар ташкил ёфта дар байни ҷавонони 18-30 сола корҳои ташвиқию тарғибӣ мебаранд. Сохтори ин ҳизб ба ташкилоти махфии ҳарбӣ монанд аст ва зинаҳои идораи он ба ҳам алоқамандии зич доранд. Ба Тоҷикистон ин ҳизб бо воситаи Ўзбекистон роҳ ёфта, бисёр ҷавононро гумроҳ намудааст. Дар Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизб бо қарори Суди Олӣ аз соли 2001 ҳамчун ҳаракати ифротию экстремистӣ манъ карда шудааст. Пайравони зиёди он дар Тоҷикистон ошкор ва аз тарафи мақомҳои қудратӣ дастгир ва маҳбас карда шуда бошанд ҳам, вале намояндагони он пинҳонӣ ба фаъолияти худ давом медиҳанд
Ҳаракати исломии Ўзбекистон. Ин ташкилот соли 1996  дар асоси ҳаракату ҷунбишҳои  ғайриқонунӣ, ҷинояткорона донисташудаи Ўзбекистон аз қабили «Ҷамъияти адолат» (Адолат уюшмасӣ), «Ҳизби исломии Туркистон», «Лашкари ислом» ва ғайраҳо пайдо шудааст. Дар худи Ўзбекистон ва дигар кишварҳо ин ҳизб ҳамчун ташкилоти экстремистию терористӣ дониста шуда, пайравони он дар ҳолати пайгирӣ ва бозҷўии ҷиддӣ  мебошанд. Онҳо борҳо вазъияти Ўзбекистонро муташанниҷ намуда ба хунрезӣ оварда расониданд. Аз ҳамин рў ин ҳизб дар хориҷа фаъолият менамояд, маркази идораи он аввал дар Қандаҳори Афғонистон буда, баъд аз шурўъи амалиётҳои зиддитерористӣ ба манотиқи дурдасти Афғонистон ва Вазиристони Покистон кўчид.
Ҳукумати Тоҷикистон ба дину эътиқодҳои мардум бо эҳтиром ва некбинона назар мекунад, он аз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, аз он ҷумла диндорон ватандўстию ватандорӣ, меҳнат намудан баҳри рушду ривоҷи кишвар, некбину таҳаммулпазир буданро таманно менамояд.

Кори мустақилона дар зери роҳбарии устод
Савоҳо оиди мустаҳкам намудани мавзўъ

1. Озодандешӣ чист?
2. Барои чӣ Суқротро озодандеш меноманд?
3. Моҳияти таълимоти Абулмаорӣ аз чат аст?
4.  Моҳияти озодандешии Ибни Ровандӣ дар чист?
5. Моҳияти ақидаҳои озодандешонаи Ибни Сино дар чист?
6. Даҳриён кистанд?
7. Барои чӣ фаъолияти ҲНИТ аз тарафи Суди Олии Тоҷикистон манъ карда шуд?

Ниг. http://islamnews.tj/interview/389-m-kabiri-ya-ne-storonnik-teokratii-gde-lyudmi-pravyat-ot-imeni-boga.html.

http://www.pressa.tj/article/ ҲНИТ - ро-суди-олӣ-террористӣ-эълон-кард.

Дидан карданд: 3121

Мавзӯъҳои монанд:

Тақвими моҳи шарифи Рамазон барои соли 2017

Сиёсати давлати Тоҷикистон оиди дин

Мақоми дин дар ҷомеаи имрўза. Сиёсат ва дин (Ислом дар ҷаҳони муосир)

Озодандешӣ ва моҳияти он. Озодандешӣ таърихи пайдоиш ва эволютсияи он

Ҳаракатҳои оммавии динӣ – сиёсӣ дар Шарқи мусулмонӣ дар асрҳои XVII-XXI

Назарияи давлат ва ҳокимият дар ислом

Масъалаи ҳуқуқ дар ислом. Илми фиқҳ; мазҳабҳо дар дини ислом ҳанафия, маликия, шофеия, ҳанбалия

Тасаввуф ва дини ислом. Фалсафаи «ваҳдати вуҷуд» ва нақши он дар ҷаҳонбинии Абдураҳмони Ҷомӣ

Тасаввуф ва дини ислом. Тасаввуфи Ҷалолиддини Румӣ

Ҷавҳари таълимоти тасаввуф. Зинаҳои асосии тасаввуф. (Шариат, тариқат, маърифат ва ҳақиқат)

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: