|

Мақоми дин дар ҷомеаи имрўза. Сиёсат ва дин (Ислом дар ҷаҳони муосир)

Тартибдиханда: Р.К. Маллаев,    Д.Р. Ҷўраева

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2017-03-17

       Шояд имрўз ҳеҷ як дине дар доираҳои илмӣ ва таҳқиқотии ҷаҳон монанди ислом мавриди таваҷҷўҳ ва баҳсу мунозираҳои зиёд қарор нагирифта бошад. Исломро метавон аз динҳои пурқудрат ва қобилияти ҳаётӣ доштаи замони муосир қалам дод.
Новобаста ба қафомонии иқтисодӣ, мушкилотҳо ва проблемаҳои  зиёди сиёсию иҷтимоӣ дар қарни ХХ, ки ҷомеаҳои мусулмонӣ бо онҳо рўбарў буданд, садаи XX-умро асри «эҳёи ислом» ва «инқилобҳои исломӣ» меноманд. Дар ин аср авҷи ҳаракатҳои миллию озодихоҳӣ дар кишварҳои мусулмонӣ, мубориза зидди мустамликадории нав, ҷунбишҳо ва инқилобҳои исломӣ, фаъолшавии исломи сиёси, бархўрдҳои арзишӣ дар раванди ҷаҳонишавии ислом ва ғайраҳо, пай дар пай мушоҳида мешаванд.
Намунаи олии ин фикрро дар мисоли тағйироти иҷтимоии кишварҳои Шарқи Наздик баъди инқилобҳои «баҳори арабӣ» дидан мумкин аст. Ҳанўз шиддати баҳсу мунозира дар атрофии инқилоби исломии Эрон ва пайомадҳои он дар минтақа ба охир нарасида буд, ки мавҷи ҷунбишҳои «баҳори арабӣ» симо ва авзои ин минтақаро дигаргун намуд. Муҳаққиқон бар сари ин андешаанд, ки ин дигаргунсозиҳои дар сохтори сиёсӣ ба вуҷуд омада, бояд ногузир дигар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиро аз қабили иқтисодиёт, маънавиёт ва ғайраро низ бояд фаро гирад. Дар акси ҳол мушкилоти мавҷуда ҳалношуда боқӣ мемонад ва заминаҳои орому босуботи инкишофи ҷомеа пайдо нахоҳад шуд.
Дар айни замон, аз тарафи доираҳои ғарбӣ пайваста ташвиқу тарғиб шудани хатари «тероризими исломӣ» ва боло рафтани исломҳаросию исломситезӣ дар ин давлатҳо, бозори баҳсу мунозираро оиди нақш ва мақоми ислом дар ҷаҳони имрўза, беш аз пештар гармтар месозад. Албатта, наметавон ба ин андеша розӣ шуд, ки ислом дини зўроварӣ ва бадбиниву адоват аст, зеро дар он намунаҳои зиёди  инсондўстию таҳаммулгароиро ҳам дар сатҳи назариявӣ ва ҳам дар сатҳи амалӣ, пайдо кардан душвор нест.
Бисёрии мутахассисон бар ин андешаанд, ки ҳамаи он воқеаҳои имрўз дар ҷомеаҳои мусулмонӣ арзи вуҷудкарда, фақат натиҷаи сиёсатҳои истеъморӣ ва забткориҳои кишварҳои Ғарб тайи асрҳои охир аст ва мусулмонон ба ҷуз муқобилият аз ин тариқи зўриву хушунат роҳи дигар надоранд.
Вале бо вуҷуди ин бояд эътироф намуд, ки мушкилоти ҷиддие, ки дар диндории имрўзаи исломӣ ва ҷомеаҳои мусулмонӣ вуҷуд дорад, намегузорад, ки ин тамаддун, ҷузъи солим ва ҳамқадами ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ бошад. Ин ҳолат равшанфикрони мусулмонро маҷбур кардааст, ки ба муайян намудани  сабабҳои пайдоиши чунин вазъият машғул шаванд. Онҳоро водор намудааст, ки роҳҳои халосиро аз ин варта ҷўянд ва роҳҳои инкишофи ояндаи ҷамъияти мусулмононро дарёбанд.
Дар ҷаҳони муосир ислом яке аз се дини бонуфузтарини ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Пайравони он, мувофиқи оморҳои созмонҳои исломӣ, имрўзҳо зиёда аз як миллиарду сесад миллион нафарро ташкил медиҳанд ва дар 128 кишвари  дунё сукунат доранд.
Аз ҷумла дар зиёда аз 40 кишвар мусулмонон аксарияти аҳолӣ ва дар 18 кишвари дигар ақалияти бонуфузро ташкил медиҳанд. Мусулмонон имрўз минтақаи васеъеро дар қитъаҳои: Осиёву Африқо (Ховари Миёна ва Наздик, Осиёи Ҷанубу Ғарбӣ, Африқои Шимолию тропикӣ ва ғайраро) ишғол кардаанд. Ақалиятҳои исломӣ дар қитъаҳои Амрико ва Аврупо, дар баъзе ҷойҳо таърихан муқимӣ ва дар баъзе ҷойҳои дигар чун муҳоҷир зиндагӣ мекунанд. Як қатор мамлакатҳо номи исломиро доранд, масалан: Ҷумҳурии исломии Покистон, Ҷумҳурии исломии Эрон, Ҷумҳурии исломии Афғонистон ва ғайра, дар ҳудуди 28 давлат бошад исломро ҳамчун дини расмӣ дар конститутсияи худ эътироф кардаанд. Ислом имрўз баъд аз пароканда шудани системаи сотсиалистӣ ва камэътибор гардидани идеологияи коммунистӣ яке аз ду мафкураи бонуфузи ҷаҳонӣ дар муқобили мафкураи идеологии яккатози истеъмории Ғарб меистад.
Ба таври умум кишварҳое, ки онҳоро ҷомеаҳои исломӣ гуфтан мумкин аст, аслан 57 давлатро дар бар мегиранд, ки дар онҳо мусулмонон ё аскарият, ё ақалияти назарраси шаҳрвандонро ташкил медиҳанд ва аҳолии онҳо тибқи омори соли 2004-ум тақрибан 1,3 млрд.-ро, ки баробари 22% аҳолиии кураи Замин мебошад, ташкил медиҳад. Аз рўи суръати афзоиши аҳолӣ ин кишварҳо дар яке аз ҷойҳои аввалин  дар ҷаҳон меистанд.
Аз ҷиҳати сарватҳо ва захираҳои табиӣ минтақаҳои исломӣ аз бойтарин мавзеъҳои ҷуғрофии олам ба шумор мераванд. Танҳо дар Халиҷи Форс то ҳудудҳои баҳри Каспий, 70% захираҳои нафти ҷаҳонӣ ва зиёдтар аз 40% захираҳои гази табии ҷаҳонӣ, ниҳон мебошанд. Аҳолии афзояндаи минтақа бошад, манбаи арзони қувваи корӣ ба шумор меравад. Диққати бисёр кишварҳои абарқудратро маҳз ҳамин сарватҳои табиӣ бештар ба худ ҷалб месозанд.
Нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва истеҳсолии кишварҳои исломӣ  ба захираҳо ва манобеи бузурги табиӣ нигоҳ накарда, хеле заиф ва ночиз мебошанд, ки онҳо аз пастии сатҳи тараққиёт ва рушди ин давлатҳо ахборот медиҳанд. Даромади умумии миллии кишварҳои исломӣ дар маҷмўъ тибқи маълумотҳои Бонки ҷаҳонӣ дар бораи пешрафти иқтисоди ҷаҳон дар соли 2006-ум, тақрбан мувофиқи табодули асъор 2 трлн. доллари амрикоиро ташкил медод. Ин рақам аз нишондиҳандаи ҷаҳонӣ дар ин самт ҳамагӣ 5%-ро дар бар мегирад. Он дар маҷмўъ баробари даромади умумии миллии солонаи як кишвари Фаронса ва қариб ниммилиард доллар камтар аз давлати Олмон мебошад.
Ҳаҷми маҳсулоти миёнаи дохилии кишварҳои исломӣ бошад, боз ҳам аз ин камтар буда, дар маҷмўъ ба нишондиҳандаҳои танҳо як давлати Фаронса баробар намешавад. Иштироки кишварҳои исломӣ дар тиҷорати ҷаҳонӣ бо арзиши табодули моли истеҳсолшуда дар соли 2004-ум ба 1,3 трлн. доллари амрикоӣ баробар мешавад, ки он 7% содироту воридоти моли ҷаҳониро ташкил медиҳад. Он аз гардиши молу колоҳои Чин, ки 1,1 трлн. доллар мебошад, андаке зиёдтар буда, аз Олмон, ки 1,6 трлн. доллар ва Амрико, ки 2,3 трлн долларро ташкил медиҳад, хеле пасттар аст. Имрўз бошад нишондиҳандаҳои Чин хеле боло рафтаанд. Истифодаи технологияи нав дар истеҳсолот ва иқтисод дар ин кишварҳо дар сатҳи аз ҳама поёнтарин мебошад.
Маркази таърихии кишварҳои исломиро 23 давлати араб ташкил медиҳад ва дар он 320 млн. аҳолӣ зиндагӣ мекунад. Давлатҳои асосии ин минтақа аз рўи нуфуси аҳолӣ Миср ва аз ҷиҳати иқтисодӣ Арабистони Саудӣ мебошанд.
Ба сифати минтақаи дуюми кишварҳои исломӣ бошад, қисмати осиёии онро ном бурдан мумкин аст, ки ба он 15 давлат аз Туркия то Бруней дохил мешавад. Ин аз ҳама минтақаи сераҳолитарини кишварҳои исломӣ ба шумор меравад ва дар он 770 млн. нафар аҳолӣ зиндагӣ менамояд. Аз ҷиҳати иқтисодӣ ин минтақа аз кишварҳои арабӣ дида пешрафттар мебошад, ба он 53% даромади миёнаи миллӣ ва55% табодули молҳои тиҷоратии кишварҳои исломӣ рост меояд. Аз ҳама кишварҳои сераҳолитарини ин минтақа ва умуман олами ислом Индонезия, Покистон ва Бангладеш мебошанд. Аз байни онҳо кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафтатар Туркия, Эрон ва Индонезия ба шумор мераванд. Аз рўи табодулоти молу ашёи тиҷоратӣ дар байни кишварҳои исломӣ Малайзия дар ҷои аввал меистад.
Ҳамин тариқа олами исломӣ таркиби хеле мураккаб дошта муносибати байниҳамдигарии онҳо низ ҳамин хел мураккаб ва пуртазод аст. Нақши иҷтимоию сиёсии ислом низ дар сад соли охир дар кишварҳои Осиёву Африқо якранг набудааст. Дар марҳалаи аввал пас аз шикасти паёпайи мамлакатҳои исломӣ дар муқобили фишори иқтисодиву зарбаҳои ҳарбию сиёсии кишварҳои ғарбӣ мусулмонон ба тадриҷ аз хобби ғафлати бисёрасра бедор шуда, аз вазъи ақибмондагии иқтисодиву сиёсӣ ва илмию техникии худ огоҳ гардиданд. Имрўз дар олами ислом се тамоюли асосӣ дар самти муносибатҳои иқтисодӣ - иҷтимоӣ ва динӣ мушоҳида мешавад:
1) тамоюли анъанавӣ-тақлидӣ;
2) тамоюли модернистӣ;
3) тамоюли ислоҳотхоҳӣ.
Гурўҳе аз ҷавонони дар Аврупо таҳсилкардаи кишварҳои мусулмонӣ аз паи ҷустуҷўи сабабу иллатҳои ақибмондагӣ ва ҷаҳолат дар кишварҳои исломӣ шуданд. Дар натиҷа онҳо ба чунин хулосаҳо омаданд:
1). Онҳо сабаби ақибмондагиро дар догмаҳои тағйирнопазири диӣ ва душмани навоварӣ будани рўҳониёни ислом диданд.
2). Дигаре сабаби ин қафомонию таназзулро аз исломи асили даврони Муҳаммад пайғамбар дур ва бегона шудани мусулмонон ба тақлиду хуруфот, бидъатҳо, ва ба ҷаҳолат олуда гардидани онҳо диданд.
Вобаста ба ҳамин ҳанўз дар нимаидуюми асри XIX ду навъи муносибат ба ислом ва ду навъи раҳоиҷўӣ аз ин вазъи ақибмондагӣ ва ҷаҳолат ба миён омад.
Тамоюли аввал роҳи халосиро дар дунявӣ кардани муносибатҳои ҷамъиятӣ, яъне аз зери таъсир ва ҳокимияти дин берун кашидани муносибатҳои иҷтимоӣ - иқтисидӣ, сиёсӣ, маданию фарҳангӣ ва илмӣ медиданд. Онҳо аксаран бо усули тақлиди кўр-кўрона ба Ғарб ва ғарбӣ кардани шарқиён роҳи наҷотро аз ҷаҳолату қафомонӣ дарёфтанӣ мешуданд. Ин гурўҳро ҷомеашиносони кишварҳои мусулмонӣ «ғарбгаро», «ғарбзада» номиданд.
Намояндагони тамоюли дуюм, бо вуҷуди дар назари аввал куҳнапараст ва суннатгаро намудан, иллатро на дар ислом, балки дар эътиқоди худи мусулмонон, шаклҳои диндорӣ ва шуури динии онҳо дида: «Ислом ба зоти худ надорад айбе, ҳар айб, ки ҳаст дар мусулмонии мост», мегуфтанд. Аз ин рў онҳо роҳи халосиро дар ислоҳи шуури динии мусулмонон ва шинохти дурусти ислом ва сарчашмаҳои он ва инчунин зинда кардани анъанаи пешқадами гузаштаи олами ислом дидани мешуданд.
Онҳо мақоми исломро дар мубориза зидди мустамликадорӣ ва зўроварии ғарбӣ хуб дарк намуда, оиди  эҳёи ифтихор ва шўҳрати фаромўшшудаи мусулмонон, аз гузаштаи илму фарҳанг ва қудрти сиёсии халқҳои кишварҳои исломӣ, сухан меронданд. Ин гурўҳ бо номи муслиҳин – ислоҳотчиёни (реформаторони) ислом дар адабиёти илмӣ машҳуранд.

Ислоҳгарон шахсиятҳои маъруф, мутаффакирони номии олами исломианд, ки то имрўз дар атрофии осори онҳо таҳқиқот ва баҳсу баррасиҳои илмӣ идома дорад. Ин мутафаккирон дар таърихи навтарини кишварҳои исломӣ, дар кори ба даст овардани истиқлолияти миллӣ, раҳоӣ аз банду баст ва таъсири оқибатҳои бади мустамликадорӣ нақши назаррасе доранд. Ба ақидаи онҳо танҳо бо воситаи ислоҳоту такмилдиҳӣ,  роҳҳои пешрафти сиёсию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва илмии ин кишварҳо дарёфтан мумкин аст.
Яке аз аввалин муборизони ҳаракати ислоҳхоҳӣ, ё эҳёи фикрию динӣ дар кишварҳои исломӣ Сайид Ҷамолуддин Афғонӣ (1839-1897), Муҳаммад Абдои мисрӣ (1834-1905), Абдурраҳмон Кавокибии мисрӣ (1849-1902) ва шоир Муҳаммад Иқболи Лоҳурии покистонӣ (1877-1938) буданд. Онҳо баҳри бедории мусулмонон, баҳри эҳёи  ифтихори фаромўшшуда, поксозии шуури динии онҳо аз хурофотҳои афюнӣ, иқдомҳои фаровоне карданд.  Даъвати Муҳаммад Иқбол, ки дар шеъри «Аз хоби гарон хез» баён карда шудааст, намунаи равшани ин мубориза ва ақидаи онҳо мебошад.
Дар Осиёи Миёна низ мисли кишварҳои дигари исломӣ, шикаст дар бархўрд бо ғарб дар симои империяи Русия ҷой дошт. Равшанфикрони ин мавзеъ ҳам қафомонии худро аз кишварҳои ғарбӣ ба хубӣ эҳсос мекарданд. Намунаи олии афкори равшанфикри ва кўшишро барои таҷдидро чӣ дар умури таълиму тарбия, чӣ дар умури сиёсӣ ва динӣ мо дар осори Аҳмад Махдуми Дониш, хусусан дар рисолаи ў «Наводир – ул - вақоеъ» дарёфт карда метавонем. Пайравони ў чун Садриддин Айнӣ, Тошхўҷаи Асирӣ, Абдурауф Фитрат ва ҷадидон дар кори бедор кардани шуури халқ, танқиди шакли диндорӣ ва ҷаҳлу хурофотпарастии аморати Бухоро, даъват ба ислоҳоту навоварӣ баҳри ривоҷи мамлакату миллат хизмати зиёде кардаанд.
Дар асри ХХ ҳаракати ислоҳталабӣ ва эҳёи фикрӣ – динӣ дар мамлакатҳои исломӣ ба ду ҷудо мешавад: яке модернизм, - ин кўшиши ба шароити нави замонавӣ мувофиқ гардондани ислом; дигаре кўшиши эҳёи исломи асил ва дарёфти роҳи махсуси, ба худ хоси инкишофи кишварҳои мусулмонӣ. То солҳои 70-уми асри ХХ ин ду равия дар кишварҳои Шарқи мусулмонӣ бартарӣ дошт, идеологияи асосии буржуазияи миллии ин кишварҳо буд. Вале аз солҳои 70-уми асри ХХ сар карда, буржуазияи миллии ин кишварҳо, ки ба капитали хориҷӣ вобаста буд мавқеи худро аз даст дод, ба майдони мубориза оммаи халқ ва намояндагони зиёиёну буржуазияи майда омаданд. Акнун шиорҳои эҳёи исломи асил, озодӣ ва истиқлоли ҳақиқӣ, худшиносӣ ва таҷдиди шуури мазҳабӣ бартарӣ пайдо карданд. Инқилоби Эрон (1979), инқилобҳои «баҳори арабӣ» (солҳои 2011-2014) натиҷаи пайдоиши ин ҳаракати нав мебошанд.
Хулоса, хусусиятҳои асосии исломи муосир афзудани нақши сиёсӣ ва идеологии он  дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад. Охири асри ХХ даврони аз нав ба саҳнаи сиёсати ҷаҳонӣ баромадани ислом мебошад. Дар ин рўзҳо тадқиқоти олимони кишварҳои исломӣ дар атрофии масъалаҳои доғи рўз қарор гирифтааст, мавзўҳои «Ислом ва сиёсат», «Ислом ва иқтисодиёт», «Ҷомеаи исломӣ» ва «Ислом ва демократия» дар тадқиқотҳои имрўзаи онҳо бартарӣ доранд.
Мо афзудани нақши ҷаҳонишавии исломро азрўи афзудани созмонҳои байналмилалии исломӣ дида метавонем. Имрўзҳо созмонҳои зерини байналмилалии ислом амал мекунанд:
1). Созмони ҳамкории исломӣ. – ин созмони байналмилалӣ соли 1969 ташкил шуда 44 давлатҳои мустақили Осиёву Африқо ва созмони озодихоҳонаи Фаластинро дар бар мегирад. Органи олии ин созмон Конфронси сарони давлатҳо ва ҳуқуматҳо мебошанд.
2). – Анҷумани олами исломӣ. – ин созмон соли 1926 дар Макка ташкил дода шуда, дар 67 кишвар намоянда дорад. Ин созмон мақоми ғайриҳукуматии машваратиро дар назди Созмони Милали Муттаҳид дорад. Дар Созмони Конфронси исломӣ мақоми нозириро соҳиб аст.
3). Лигаи олами исломӣ. – Соли 1962 дар Макка ташкил ёфта, мақоми созмони ғайриҳукуматиро дорад.
Дар замони мо ба ғайр аз ин се созмони мўътабар боз чандин ташкилотҳои байнидавлатии сиёсӣ, иқтисодӣ, илмию маданӣ ва ғайра фаолият мекунад. Масалан Бони исломии рушд, Мухобироти байналхалқии исломӣ, Маҳкамаи (суди) адолати исломӣ ва ғайра амал мекунанд. 

Дидан карданд: 5826

Мавзӯъҳои монанд:

Тақвими моҳи шарифи Рамазон барои соли 2017

Сиёсати давлати Тоҷикистон оиди дин

Мақоми дин дар ҷомеаи имрўза. Сиёсат ва дин (Ислом дар ҷаҳони муосир)

Озодандешӣ ва моҳияти он. Озодандешӣ таърихи пайдоиш ва эволютсияи он

Ҳаракатҳои оммавии динӣ – сиёсӣ дар Шарқи мусулмонӣ дар асрҳои XVII-XXI

Назарияи давлат ва ҳокимият дар ислом

Масъалаи ҳуқуқ дар ислом. Илми фиқҳ; мазҳабҳо дар дини ислом ҳанафия, маликия, шофеия, ҳанбалия

Тасаввуф ва дини ислом. Фалсафаи «ваҳдати вуҷуд» ва нақши он дар ҷаҳонбинии Абдураҳмони Ҷомӣ

Тасаввуф ва дини ислом. Тасаввуфи Ҷалолиддини Румӣ

Ҷавҳари таълимоти тасаввуф. Зинаҳои асосии тасаввуф. (Шариат, тариқат, маърифат ва ҳақиқат)

Коментари дохил карданд:

Каментарй дохил кард: 931063031
Санаи дохилгардида: 2017-10-26

коментария

Каментарй дохил кард: 931063031
Санаи дохилгардида: 2017-10-26

бисер хуб аст

Каментарй дохил кард: макоми дини ислом дар чахони м
Санаи дохилгардида: 2018-04-03

Вази дин дар чахони муосир

Каментарй дохил кард: abtj0101@gmail.com
Санаи дохилгардида: 2018-12-16

Ташаккури зиёд


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: