|

Озодандешӣ ва моҳияти он. Озодандешӣ таърихи пайдоиш ва эволютсияи он

Тартибдиханда: Р.К. Маллаев,    Д.Р. Ҷўраева

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2017-03-17

Масъалаи озодӣ ва масъулият умдатарин масъалаҳои фалсафӣ мебошанд, ки диққати файласуфонро аз замонҳои қадимтарин ба худ ҷалб кардаанд. Мазмуни истилоҳи озодфикрӣ ба ҳар як шахс бе таърифу тавзеҳ ҳам бояд равшан бошад, зеро ин мафҳум ҳама вақт ба як маъно, яъне  доштани андешаи аз ҳар гуна қайду банди динию мазҳабӣ, сиёсию миллӣ, синфю табақавӣ озод, истифода бурда мешуд. Мо дар ин ҷо  мафҳуми озодфикриро ҳамчун як истилоҳи илмҳои фалсафӣ ва диншиносӣ дида мебароем. Озодфикрӣ дар масъалаҳои динӣ ва фалсафӣ ба ҷаҳонбинии дар ҷомеа ҳукмрон мухолиф буда, ба таасуб ва ихтилофҳои гуногуни динию мазҳабӣ комилан зид ва оштинопазир мебошад. Озодандешӣ ифодакунандаи ақидаҳое мебошад, ки арзишҳои волои маънавӣ ва ғояҳои пешқадами иҷтимоию сиёсиро дар бар мегирад. Озодфикрон доимо дар сафи пеши мубориза барои рушду нумўи илм, фалсафа ва ҷомеа буданд, ҳадафи онҳо ҳама вақт таъмини беҳбудӣ ва ҳаёти беҳтарин барои ҳамаи аҳли ҷомеа буд.
Таърих гувоҳ аст, ки озодфикрӣ, маҳз ҳамон омиле будааст, ки на танҳо барои рушду такомули афкори илмю фалсафӣ, инчунин ба рушду такомули худи динҳо низ мусоидат кардааст. Ивазшавии як дину оин ба дину оини навтару пешқадамтар, пайдоиш ва ташаккулёбии ҷаҳонбинии нав, фалсафаи нав, бидуни озодандешӣ ғайриимкон аст. Бешубҳа ҳар як дини нав дар замони пайдоиши худ як намуди озодандешӣ, қадаме ба пеш сўи такомули тамаддуну маданияти умумибашарӣ будааст. Озодфикрӣ нисбат ба динҳо чӣ аз дохил ва чӣ аз хориҷи онҳо ҳамчун наҳзати мухолиф, оппозитсионӣ зуҳур карда, дар ниҳоят боиси пайдоиши афкори нави динӣ мегардад. Масалан дину оини ислом, дар замони худ, нисбат ба дину оини арабҳои бутпарасти замони ҷоҳилия қадаме калоне ба пеш буд, онро инкор мекард, ҷомеаи он замон ин ҳолатро эҳсос накарда наметавонист.
Дар таърихи башар озодфикрӣ дар шаклу қолабҳои гугогун зуҳур кардааст. Таҳқиқгарони таърихи афкори динию фалсафӣ шаклҳои зерини озодфикриро ба қайд гирифтаанд:
- Шаккокия (скептитсизм) - нобоварӣ ва шубҳа кардан ба ҳаққонияти ин ё он ҳукме, ки дар илм, фалсафа ё дин зуҳур мекунад. Асосгузори шаккокия Пиррон файласуфи Юнони Қадим ҳисоб мешавад, ки ў ба ҳаққонияти дониши инсон ба назари шубҳа менигарист.
- Ваҳдати вуҷуд (пантеизм) – таблиғи ягонагии табиат ва Худо. Ҳамахудои. Айнияти табиат ва Худоро таблиғ менамояд. Агар дар динҳои монотеистӣ Худо берун аз фазою вақт вуҷуд дошта бошад, дар пантеизм Худо бо олам ягона асту олам таҷаллии нури Худованд ҳисобида мешавад. Ба вуҷудоранда ва таблиғотгари ин назария аҳли тасаввуф аз Муҳиддин Ибн – ул – Арабӣ то Абдураҳмони Ҷомӣ мебошанд.
- Таътил (деизм) – Худо мувофиқи таълимоти деистон ба ҳаракаторанда ва офарандаи оламҳои бешумор буда, ба корҳои олам дахолат намекунад. Файласуфони аврупоии Замони Нав аз қабили Волтйер, Дидро ва Монтескё  ба ин равия мансубанд.
- Бидъатгарои (Ерес) – навоварӣ, навпардозӣ дар кори дину мазҳаб, саркашӣ аз итоат ба аҳкомҳои ҳукмрони динӣ. Дар ислом мўътазилиён ва исмоилиён, дар насрония ҳамаи мазҳабҳои протестантӣ  аз нуқтаи назари дини ҳукмрон (мазҳаби асосӣ),  бидъат ҳисоб мешаванд.
- Хирадгароӣ (ратсионализм) – дар шинохти ҳақиқат ақлро ҳаками асосӣ медонад.
- Риндӣ – нодида гирифтан, писанд накардани ахкому муқаррароти шаръи
- Зиддираҳбоният (антиклерикализм) – нобоварӣ ба рўҳбоният, калисо ва пешвоёни мазҳабӣ.
- Даҳргароӣ ва илҳод (атеизм) – инкори мавҷудоти Худо ва ҳаёти баъд аз марг.
- Таҳаммулгароӣ (толерантность) - эътирофи баробарии ҳамаи дину мазҳабҳо, танқиди таасуб ва тақлидгароӣ.
Дар байни ин шаклҳои озодфикрӣ танҳо даҳргароӣ ва илҳод (атеизм) ифротию экстремистӣ аст, аз ин рў, озодфикриро аз атеизм фарқ бояд кард, зеро аксари калони озодфикрон мавҷудоти Худоро инкор накардаанд.
Марҳалаҳои асосии пайдоиш ва интишори озодфикриро чунин муайян менамоянд: озодфикрии дунёи қадим, озодфикрии асримиёнагӣ ва даврони Эҳё, озодфикрии даврони нав (асрҳои XVII – XX).
Озодфикрӣ ҳанўз дар замонҳои қадимтарин вуҷуд дошт. Вале зуҳури озодфикрӣ дар Асрҳои Миёна, дар даврони ҳукмронии куллии дин,  ҷасорати калонеро талаб мекард. Дар ин давра теология ва фалсафа ба ҳам зич алоқаманд буданд, то дараҷае, ки фалсафа хидматгори дин ҳисобида мешуд. Дар Асрҳои Миёна, дар фалсафа масъалаҳое дида баромада шуданд, ки он дониши фалсафиро дар ин замон нисбат ба даврони антиқи ба дараҷаи баландтаре бардошт. Ин масъалаҳо: таносуби ҷуз ва кулл, эътиқод ва дониш, таносуби теология ва фалсафа, масъалаи инсон ва такомули рўҳонии ў буданд. Файласуфони озодандеш фалсафа ва илмро аз қайду банди теология озод кардани мешуданд, дар натиҷа назарияи ҳақиқати духўра ва ё назарияи ду ҳақиқат пайдо шуд, яъне  ақидае ба миён омад, ки мувофиқи он, ду ҳақиқати аз ҳам новобаста ҳақиқати динӣ ва ҳақиқати фалсафӣ вуҷуд доранд ва онҳо ба ҳам зидданд. Озодфикрон ҳақиқати илмӣ – фалсафиро ба ҳақиқати динӣ баробар ва ҳатто аз он болотар мегузоштанд. Дар Асрҳои Миёна дар Шарқи мусулмонӣ фалсафа, илм ва вобаста ба он  озодфикрӣ нисбат ба Аврупо дар зинаи хеле баландтар ҷой гирифта буд.
Мутафаккирони олами ислом ҳам дар афкори фалсафӣ, ҳам дар илоҳиёт ва ҳам дар адабиёт фикрҳои тозаю пешқадамеро бар хилофи идеологияи ҳукмрони замони худ, баён намуда, дар рушду такомули афкори фалсафӣ саҳми босазое гузоштаанд. Ҳадафи асосии мутафаккирони ин замон на инкори дин, балки ба сатҳи ақлу хирад наздик кардан, аз хурофоту тасаввуроти омиёна ва алалхусус аз таасубу ифротгароӣ берун кашидани шуури динӣ, ва бо ҳамин восита роҳ кушодан ба умури ақлӣ ва фалсафӣ будааст Табиист, ки танқиди ақливу мантиқии оину мазҳаб роҳро ба сўи ақидаҳои даҳрӣ ҳамвор карда, ба пайдо шудан ва рушд ёфтани  афкору ақидаҳои атеистӣ замина гузоштанд.
Машҳуртарин файласуфон, шоирону олимони озодфикри ин давраи Шарқи мусулмонӣ: Ибни Ровандӣ (827-864), Заккариёи Розӣ (865-925), Абўаъло ал – Маъаррӣ (973- 1057), Абўалӣ Ибни Сино (980-1037), Носири Хисрав (1004-1088) Умари Хайём (1048-1131) Ибни Рушд (1126-1198) ва ғайра мебошанд. Аввалин ақадаҳои озод дар Шарқи мусулмонӣ дар дохили худи илоҳиёти исломӣ аз тарафи пайравони ҷараёнҳои қадария, мўътазила, исмоилия ва хусусан аҳли тасаввуф пайдо шуда буданд, ки таълимоти онҳо сароғози баҳсҳои доманадоре дар доираи фарҳанги исломӣ гашта буд. Озодфикрон ҳам аз тарафи дин, ҳам аз тарафи ҳомии асосии он давлат, таъқиб карда мешуданд. Мутафаккирони тоҷик алоқаи байни дину давлат, дину сиёсатро, хеле пеш аз аврупоиён дарк карда буданд. Чӣ хеле, ки шоиру мутафаккири бузурги тоҷик Абулқосими Фирдавсӣ менависад:

Чунон дину давлат ба якдигаранд,
Ту гўӣ, ки дар зери як чодаранд.
Не бе Тахти шоҳӣ бувад дин ба пой,
Не бе дин бувад шаҳриёрӣ ба ҷой

Дар Аврупои Ғарбӣ, дар Асрҳои Миёна бо вуҷудӣ таасубу ҷаҳолати омма, ба фишору таъқиби калисои католикӣ нигоҳ накарда, чун шўълаи шамъе дар торикистон, мардони фозиле ба майдони ҳастӣ омаданд, ки афкори пешқадам инсондўстона ва тозаю бикре баён намуда, хиради инсониятро пеш бурданд. Аз ҷумлаи онҳо Сигери Брабантӣ (1235-1282), Роҷер Бэкон (1214-1292), Иоганн Дунс Скотт (1266-1308), Уилям Оккам (1300-1349) ва баъзе дигаронро метавон ном бурд.
Ҳоло мо ақидаҳои озодандешонаи баъзе аз мутафаккирони Шарқу Ғарбро дида мебароем:                                                                                                 
Аҳмад ибни Яҳё Абулҳусайн Ибни Ровандӣ (827-864) аз Марворирўд, дар Бағдод ба воя расида таҳсили илм намудааст, яке аз шогирдони боистеъдоди фақеҳи мўътазилӣ Бишр ибни ал-Мутаъмир ба ҳисоб меравад. Аввалин асарҳои худро Ибни Ровандӣ ба таблиғи ғояҳои мўътазилӣ бахшидааст, Ибни Ровандӣ, аз рўи суханони муаррихи араб  Ибни Муртазо, зиёда аз 40 асар эъҷод намуда, дертар ҳам аз мўтазилия ва ҳам аз исломи ортодоксалӣ дур мешавад ва ба танқиди онҳо мепардозад. Фақеҳони ислом чӣ аз мўътазила, чӣ аз исломи расмӣ ба асарҳои Ибни Ровандӣ раддияҳо навиштаанд, ки ба шарофати онҳо оиди ақидаҳои Ибни Ровандӣ ахборот то замони мо омада расидааст. Аз рўи гуфти фақеҳи араб Ибни Муртазо, Ибни Ровандӣ дар асараш «Китоб ал-зумурруд» ба танқиди Қуръон, пайғамбарон, аз он ҷумла Муҳаммад даст зада, догмаҳои диниро аз ақл берун мешуморад. Фақеҳони мусулмон ўро мулҳид номидаанд. Ибни Ровандӣ аз озодфикрӣ сар карда, аз он то ба дараҷаи илҳод омада расидааст.
Абўаъло ал – Маъаррӣ (973- 1057) мутафаккири Суриягӣ, дар шаҳри Маъаррат ан – Нўъмон дар оилаи ашрофони обрўманд таваллуд шудааст. Ҳанўз дар чорсолагиаш ба касрати касалии ҳасба (нағзак) нобино мешавад. Ба нобиноияш нигоҳ накарда Абулмаорӣ дар илм ба дараҷаҳои олӣ мерасад, ў дар Ҳалаб ва шаҳрҳои дигари Шом таҳсили илм намудааст.
Ду асарҳои ў «Ал-Лузумият» ва «Рисолат ал-ғуфрия» маълум аст, ки мувофиқи онҳо ў ақидаҳои озодфикронаро баён карда, ба як қатор догмаҳои ислом зид мебарояд ва дар айни замон қайд мекунад, ки рўҳониён барои манфиатҳои моддии худ шуда, аз номи Худованд халқи одиро фиреб медиҳанд. Рўҳониён ва фақеҳони ислом Абумаъорриро душмани ислом ва «зиндиқ» эълон менамоянд. Ақидаҳои озодфиқронаи Абулмаъорӣ хонандагони шеърҳои ўро ба ду гурўҳ ҷудо мекунад: агар як гурўҳ ўро шоири бузург, - мунаққиди зўҳду риё дар ислом донанд, дигарашон ўро кофиру зиндиқ ва даҳрӣ медонистанд.
Абўалӣ Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Ҳасан ибни Сино (16 августи 980,   деҳаи Афшанаи Бухоро -  18 – июни 1037, Ҳамадон), файласуф, табиб, табиатшинос ва адиби бузурги тоҷик, бузургтарин намояндаи фалсафаи машшоия аст. Озодандешӣ ба ҷаҳонбинии ў хос буда, дар асарҳояш аз нуқтаи назари илмӣ ба аксари таълимотҳои дини ислом, ки дар замони ў дини ҳукмрон буд, зид баромадааст. Дар осорҳои фалсафии ў масъалаҳои таносуби худо ва табиат, шаклҳои ҳастӣ, моддаву сурат, нафсу тан, сабабият ва маърифати олам ҳамаҷониба тадқиқ шудаанд. Асарҳои машҳураш «Ал - Қонун фит - тиб», «Китоб – ул - наҷот», «Ишорот ва танбеҳот», «Китоб – уш - шифо», «Ҳикмат – ул - машриқийин», «Ал – ҳосил ва-л-маҳсул» ва «Донишнома» мебошад. Умуман осори илмии Ибни Сино хеле бузург буда, ў дар тўли умри кўтоҳи худ зиёда аз 400 номгў асар навиштааст, ки қиммати бузурги илмӣ доранд ва то ҳоло аҳамияти худро гумм накардаанд.
Масъалаи таносуби худо ва табиат дар он замон, ба худ чунин шакли тезу тундро ба худ гирифт: оё оламро Худо офаридааст, ё ки олам аз азал вуҷуд дорад?
Ибни Сино бо далелу бурҳон исбот мекард, ки таносуби Худо ва табиат на таносуби холиқу (Худо) махлуқ (табиат) балки таносуби сабабу (Худо) натиҷа (табиат) аст. Робитаи сабабу натиҷа бошад, робитаи зарурист. Бинобар ин Худо оламро на ба ихтиёри мухтори худ, балки ба амри зарурат офаридааст. Ў ба ҳамин маънӣ навиштааст «Ҳар чӣ аз иллате ояд, ба воҷиб ояд» дар «Китоб –уш – шифо»-яш ў боз менависад: «агар замон ниҳоят дошта бошад, яъне дар гузашта оғозе ва дар оянда поёне дошта бошад, ночор он гузашта ҳам қабле ва ин оянда ҳам баъде дорад». Ибни Сино дар ин мулоҳизаҳояш мавҷудоти Худоро инкор накарда бошад ҳам ихтиёри Худоро баръакси дин ва фалсафаи «Калом» маҳдуд намуда, онро ба амри зарурат тобеъ кардааст. Ин назариёт Ибни Синоро ба сўи деизм ва ба воситаи он ба сўи материализми илмӣ – табии раҳсипор кардааст, ки ин нуктаҳо дар таълимоти ў оид ба геология ва табииёт равшан зоҳир мегардад.
Мантиқи муҳокимаҳо оиди олам Ибни Синоро ба хулосае меорад, ки «олам қадим ба замон аст, зеро биззот мутаахир аз вуҷуди воҷиб ва маълули он аст». Ин назарияи файласуф зотан ба аҳкоми динӣ ва ғояи мутафаккирони мутакаллим дар хусуси олам ва қодири мутлақ будани Худо комилан зид буд. Бинобар ин баъдтар Абўҳомид Муҳаммад ал-Ғаззолӣ дар асараш «Таҳофут ул-фалосифа» ба муқобили он баромада, тамоми фалсафаи Ибни Синоро ба 20 қисм тақсим намуда, 17-тоашро бидъат ва 3-тоашро куфр эълон кард.
Ба ин ақидаи Ғаззолӣ на ҳамаи олимону фақеҳон розӣ буданд Насируддини Тўси дар асри XI ва Ибни Рушд дар асри XIII дар асарҳояшон, ки «Таҳофут ут-таҳофут» ном дошт ақидаи Ғаззолиро зери тозиёнаи танқид гирифтанд. Аммо дар ҳаёти Шарқи асримиёнагӣ ақидаи Ғаззолӣ, ки ҳамаи илмҳоро ба ҷузъ Қуръону фиқҳ бидъат ва зараровар эълон кард, бартарӣ пайдо намуд. Ҳокимони замон ва рўҳониёни ислом ақидаи Ғаззолиро онро дастгирӣ карданд ва дар асрҳои XIII-XV илм аз мадрасаҳо ронда шуд, ин бошад ба қафомонии мамлакатҳои Шарқ аз кишварҳои Ғарб оварда расонд, ки касрати онро шарқиён то ҳоло  мебинанд.
Ақидаҳои озодандешӣ на танҳо дар фалсафа инчунин дар адабиёти классики халқи тоҷик мақоми махсусе дошт. Ақидаҳои озодандешонаи Носири Хисрав, Умари Хайём ва бисёр дигарҳоро номбар намудан мумкин аст, ки бо аксари онҳо донишҷўён ҳанўз дар мактаби миёна, аз фанни «Адабиёти классики тоҷик», шинос мебошанд. Акнун мо баъзе мисолҳоро оиди озодфикрӣ аз адабиёти классики тоҷик меорем.
Ақидаҳои озодфикронаи Носири Хисрав дар манзумаи ў «Мунозира бо Худо» равшан баён карда шудааст. Инак порчае аз ин манзума меорем:

Худоё арзу тўли оламеро
Тавонӣ дар дили мўре кашидан…
Умуми кўҳи Шарқу Мағриб 
Тавонӣ дар садаф ҷамъ оваридан.
Ту битвонӣ, ки дар як тарфат-ул-лайн
Замину Осмоне офаридан…
Ниҳоли фитна дар дилҳо ту коштӣ,
Дар оғози халоиқ офаридан.
Ту гар хилқат намудӣ баҳри тоат
Чаро боист шайтон офаридан.
Ту додӣ рахна дар қалби башарҳо
Фани иблисро баҳри танидан.
Намудӣ хилқате аз тўдаи хок
Барои заҷр дар уқбо кашидан.
Агар мехостӣ инҳо напурсам
Маро мебоист ҳайвон офаридан.
Агар некам гар бад хилқат аз туст,
Ҳалиқи хуб бояд офаридан.
Ба мо тақсири хидмат нест лозим,
Бадему бад набоист офаридан.

Дар Асрҳои Миёна на то замони Носири Хисрав, на баъд аз ў, на дар Шарқ, на дар Ғарб, касе ҷуръат накардааст, ки чунин ақидаҳоро баён намояд. Ин манзума ба фақеҳони ислом имкон дод, ки Носири Хисравро кофиру бедин эълон намоянд.
Дар асрҳои X-XI дар фалсафа ва адабиёти тоҷик равияи моддагароёнаи даҳрия маълум буд, ки онҳо то ба дараҷаи илҳод расида, ба худ тарафдорон ҳам дошт. Ҳаким Абдулмаҷиди Саноӣ дар қасидааш «Ҷидоли Бўҳанифа бо марди даҳрӣ», баҳси марди даҳриро бо имом Абўҳанифа ибни Собит, ки гўё дар ҳузури халифа ба вуҷуд омада бошад, тасвир менамояд. Мақсади Саноӣ аз ин қасида танқиди ақидаҳои даҳрия буд, вале худ нахоста, ғояҳои даҳриёнаро хеле барҷаста баён намудааст, ки он то замонаи мо омада расида, оиди ақидаҳои даҳриён маълумоти пурра медиҳад. Инак пораеро аз ин қасида меорем:

Ин чи банд аст аз шариат бар танат, гуфт, эй амир?
Ёфтастӣ подшоҳӣ, хуш хўру беғам гузор.
Рўзаву ақди никоҳу дур будан аз мурод
Ҳаҷҷу ғазву амраву ин амрҳои бешумор…
Гуфт: расми шаръу суннат ҷумла тазвиру риёст,
Сар ба сар гетӣ қадим асту надорад кирдугор…
Ҳаст олам чун чарогоҳеву мо чун манзилӣ,
Чун бирафт ин манзилӣ, гирад дигар кас марғзор.
Ку мунаҷҷим, ку мусоҳиб, гўиё маълум кун?!
Ибтидо пайдо куну мар-интиҳоро ҳуҷҷат ор…
Он ки гуфт аз роҳи одам панҷу панҷсад беш нест,
Насри воқеъ дар ҳамал чун кардаанд он ҷо нигор.
Ин ҳам зарқу фусун асту дурўғу шаъбада,
Ҳилату найранг донад ин суханро ҳушёр!

        

     Дар ақидаи ин шахси даҳрӣ дунё қадим аст, офаридгор (худо) надорад, моро касе наофаридааст, яъне мо аз рўи қонунҳои табиат бе ихтиёри худ ба олам омадаем, дар дунё инсон мавҷудоти  муваққатӣ (манзилӣ) мебошад, ҳаёти баъд аз марг вуҷуд надорад, аз ин рў дар ин дунё инсон бояд хуш, хуррам зиндагӣ кунад. Дунё аз ҳаюло, унсурҳо ва қонунҳои он иборат аст, вай ибтидо ва интиҳо надорад. Он чӣ мегўянд, ки ба офариниши одам 5500 сол шудааст, афсонаву дурўғ мебошад. Он ҳама амру фармону дабдабаву эътиқоду давлатдорӣ дар назди табиат ҳеҷ аст ва маъние надорад.  Ҳамин тариқа даҳриён дар озодандешӣ то ба дараҷаи илҳод ва инкори Худо мерасанд.
Озодандешӣ дар таърихи халқҳои Осиёи Миёна то ҳудуди қарнҳои ХIII – XIV мушоҳида карда мешавад, пас аз он дар давраи Шўравӣ дар қарни ХХ, дар шакли атеизми илмӣ, дар партави таълимоти марксистӣ аз нав нашъу намо мекунад. Сухан дар инҷо дар бораи озодфикрӣ оиди дин меравад, дар давраи Шўравӣ низ озодандешон, ононе, ки ақидаашон ба идеологияи марксистӣ яъне ба атеизм мувофиқат намекард, ҳамчунин таъқиб карда мешуданд.
Озодандешӣ дар Аврупо аз тарафи калисои католикӣ бераҳмона таъқиб карда мешуд, вале ба ҳар ҳол инкишофи он то ба дараҷаи шарқи мусулмонӣ нарасида бошад ҳам, ба таври бояду шояд вуҷуд дошт.
Яке аз чунин симоҳо Пйер Абеляр (1079-1142) мебошад, ки ба баъзе аз ақидаҳои ў калисои католикӣ чун бидъат баҳо дода, ўро таъқиб карда буд. Принсипи асосии П. Абеляр «аввал фаҳмидан, баъд эътиқод кардан» мебошад, ки бо он ў донишро аз дин ҷудо мекунад ва эътиқоди кўр-кўронаро зараровар медонад. П. Абеляр таносуби байни илм ва динро дида баромада, бартариятро ба илм медиҳад. Ў ба танқиди китобҳои муқаддас даст зада, қайд менамояд, ки баъзе аз таълимотҳо ва догмаҳои диӣ, ки дар инҷилҳо оварда шудаанд, аз ақл дуранд.
Сигера Брабантӣ (1235 —1282) бошад, қайд менамояд, ки Худо муқтадир нест, олам абадию азалӣ буда офарида нашудааст. Худо ба ақидаи ў абстрактсия, ақли кулле мебошад, ки ба оламу одам коре надорад. Ҷазою сазояшро одам дар ҳаёташ мегирад, ҳаёти ондунёгӣ вуҷуд надорад, рўҳи инсон ҳамроҳи танаш фано мешавад.
Ривоҷи ояндаи озодфикриро мо дар Аврупо, дар замони Эҳё эҳсос карда метавонем. Дар ин давра Н. Коперник назарияи геосентрикиро, ки он дар асоси космолигияи ҳамаи динҳои монотеистии сомӣ меистод, инкор намуда, назарияи нав, - назарияи гелиолсентрикиро пешниҳод намуд. Ин назария аз ҷиҳати илмӣ дертар аз тарафи Тихо Браге таҳқиқ карда мешавад, аз тарафи Иоганн Кеплер аз ҷиҳати математикӣ исбот карда шуда, чун асоси илмии ҷаҳонбинии нав баромад менамояд ва бо ҳамин ба ҷаҳонбинии динӣ зарбаи сахте мерасонад.
Дар давраи Эҳё ҷои таасубу одамбезориро гуманизм мегирад. Пико делла Мирандола (1463—1494)  дар асари худ «Сухан оиди шарафи инсон» исбот мекунад, ки инсон иродаи озод дорад, фарқи асосии инсон аз дигар мавҷудоти зинда маҳз дар доштани иродаи озод мебошад. Дар тезисҳояш Пико делла Мирандола дар бораи ҳастӣ андеша ронда, се зинаи он: малакутӣ, осмонӣ, ва элементарӣ (бо маънои моддаҳои заминӣ) фарқ мекунад. Инсон ба ягон ин се зина таалуқ надошта, дар олам мақоми махсус дорад, зеро ў метавонад ҳамчун малак ва ҳам чун ҳайвони дарранда амал намояд. Аъмоли ў аз муҳит ва тарбия вобаста аст. Таълимоти Пико делла Мирандола зидди догмаҳо калисои католикӣ буд, он таълимоти калисоро дар бораи олам ва одам инкор мекард.
Аввалин асари файласуфи замони Эҳёи немис Николаи Кузанӣ соли 1440 нашр шуда «Дар бораи донишмандии бедонишон» ном дошт. Дар ин асараш муаллиф дар бораи олам ва мавқеи инсон дар он, сухан меронад. Ў на Худоро чуноне, ки дар теологияи дини насронӣ одат шуда буд, балки инсонро ба маркази олам мегузорад.
Олими бузурги италиёи Ҷордано Бруно (1548—1600) ҳанўз дар ҷавониаш барои шубҳа ба ваҳдати салоса (триединство бога) аз тарафи калисои католикӣ  таъқиб карда мешавад ва маҷбур мешавад, ки аз Италия гурезад. Баъди бозгашт ба ватан соли 1592 бо тўҳмати ашрофи венесиягӣ Мочениго аз тарафи инквизиция дастгир карда шуда, ба куфру бидъат айбдор карда мешавад. Ў баъди 8 соли ҳабсу истинтоқу ҷазоҳои ҷисмонӣ ҳам аз ақидааш намегардад ва 17 феврали соли1600 дар «Хиёбони гулҳо»-и шаҳри Рим бо ҳамроҳи китобҳояш сўзонида мешавад.
Дар космология Ҷордано Бруно як силсила тахминҳоеро пешгўӣ кардааст, ки кашфиётҳои баъдинаи астрономӣ ҳаққонияти онҳоро исбот намуданд: дар бораи мавҷудияти сайёраҳои номаълуми системаи офтобӣ, дар бораи гардиши офтоб ва ситораҳо дар атрофии меҳвари худ, дар бораи мавҷудияти шумораи беинтиҳои ҷисмҳои ба офтоб монанди кайҳон ва ғайраҳо. Ҷордано Бруно  тасаввуротҳои асримиёнагиро дар бораи тазоди замину осмон рад карда, ба антропосентризм муқобил мебаромад, ба классисизм зид буд.
Замони Нав аз асри XVIII, аз он вақте, ки ҷамъияти буржуазӣ дар Аврупо устувор мешавад, оғоз ёфтааст. Файласуфи англис, Фрэнсис Бэкон ва франсавӣ Рене Декарт, саромадони фалсафаи Замони Наванд. Гап дар сари он аст,  ки файласуфони замони Эҳё ҳанўз фаҳмиш ё қувваи онро надоштанд, ки сохти феодалӣ, дин ва фалсафаи схоластикии онро зери тозиёнаи танқид гиранд. Онҳо ҳанўз дарк намекарданд, ки тафаккури схоластикӣ монеаи тараққиёти илм аст. Ин корро файласуфони Замони Нав иҷро карданд. Онҳо зидди суханпардозии беҳудаи схоластикӣ, ки сохти феодалӣ ва дин ҳомии асосии  он буданд,  баромаданд.
Агар дар асрҳои миёна, эътиқод аз ақл бартарӣ дошта бошад, пас дар Замони Нав сухан дар бораи инкишофи ақл новобаста ба эътиқод мерафт. Акнун, ақл аз аслиҳаи фақеҳон, ба аслиҳаи олимон табдил меёфт. Дар ин замона тафаккури фалсафӣ аз дин ҷудо шуд, олимон барои фаҳмидани табиат ва ҷомеа, методологияи маърифати илмиро кор карда баромаданд. Илми замони нав ба омўзиши қонунҳои табиат ва ба хизмати инсон гузоштани он, шурўъ кард. Табиист, ки файласуфони Замони Нав ақлро аз эътиқод ва илмро аз дин бартар дониста онҳоро аз ҳам ҷудо мекарданд, тадқиқоти онҳо асосан ба омўзиши табиат, ба инкишофи назарияи маърифат, мантиқ ва методологияи илм равона карда шуда буд.
Яке аз мутафаккирони бузурги Замони Нав, Барух Спиноза (1632— 1677) аз оилаи тоҷири яҳудӣ буда, файласуфи материалисти Голландӣ мебошад. Барои озодандешӣ ва ақидаҳои атеистонааш яҳудиёни Нидерландия ўро дар Амстердам суд карда, лаънат хонда,  ради маъракаи яҳудиён эълон карданд. Асарҳои асосии фалсафиаш «Рисолаи динию сиёсӣ» ва «Этика» мебошанд.
Спиноза иродаи инсонро бо ақлаш мусовӣ медонист, тамоми рафтору кирдори инсонро бошад, бо принсипи сабабияту зарурат  маънидод менамуд. Спиноза назарияи ҳақиқати дугонаро инкор карда, ба танқиди илмии «Библия» ва дин асос гузошт; ў тарсу ҳаросро сабаби асосии пайдоиши хурофоти динӣ медонист. Вале новобаста аз ин ақидаҳояш, ў ба дин чун ба ҷузъи ахлоқ баҳо дода,  онро барои омма зарур мешуморид.
Файласуфи дигари озодандеши ин замон Волтйер аст. Волтйер — тахаллус аст, номи аслиаш — Франсуа Мари Аруэ (1694 - 1778) мебошад. Ў дар оилаи ҳуқуқшинос, - нотариуси давлатманд ба олам омадааст. Волтйер файласуф ва адиби Франсавии даврони маорифпарварӣ, яъне асри XVIII буд. Ў дар илм ва фалсафа чун мунаққид ва тарғиботгар баромад мекунад.
Волтер дар фалсафа деист аст. Худои деистон ба муҳандис, механик ва конструктор монанд мебошад, ки ў танҳо тарҳи оламро сохта, онро ба ҳаракат медарорад. «Низоми пурҳикматонаи олам Худои пурҳикматро мехоҳад, мавҷудоти ўро на  эътиқод, балки илму фалсафа исбот менамояд», - менависад Волтер. Вале деизми Волтер  дини одамони бомаърифат аст, халқро бошад танҳо бо дини анъанавӣ, бо тарсу ваҳмҳояш идора кардан мумкин аст. «Агар Худо набошад ҳам, барои омма ўро фикр карда баровардан лозим аст, вагарна ҷомеаро идора кардан номумкин мешавад. Ў аввалин файласуфест, ки дар бораи «рўҳӣ замона» ва «зарурати таърихӣ» андеша рондааст.
Дараҷаи олии инкишофи озодфикрӣ ин материализму атеизми К. Маркс ва Ф. Энгелс мебошад, ки он гўё ҷамъбасти тамоми ақидаҳои илҳодӣ, - атеистонаи файласуфони Ғарб аст. Ба ақидаи онҳо олам моддӣ аст ва дар он барои Худо ҷой нест. Онҳо динро афюн – воситаи фиреб додан ва дар қайду банд нигоҳ доштани оммаи халқ медонистанд. Ба ақидаи онҳо Худо вуҷуд надора, таълимот дар бораи рўҳ суханони беҳуда аст. Атеизм байрақи марксизм мебошад. Назарияи ба вуҷуд овардаи онҳо ба идеологияи давлати Шўравӣ табдил ёфт ва онро коммунистон ба догма табдил доданд ва дар ин давлат низ ҳама намуди озодфикрӣ, яъне зид баромадан ба идеологияи давлатӣ, ба таълимоти К. Маркс. Ф. Энгелс, В.И. Ленин ва қарорҳои ҳизби коммунистӣ, бераҳмона таъқиб карда мешуд.
Ҳамин аст мухтасар таърих ва фалсафаи озодфикрӣ. Вале на ҳар як ақидаи нави баёнкардашаванда, ки зидди сохти ҷамъиятӣ равона карда мешавад озодандешию равшанфикрӣ аст, барои фаҳмидани он бо услубе, ки фақеҳони ислом пешниҳод намудаанд амал карда: агар оқибати он ба нек барад, қабул, агар ба бад барад, онро инкор намудан лозим. Барои ин бошад манфиати халқ ва ҷомеаро ба мадди аввал гузоштан зарур аст.  

Дидан карданд: 2811

Мавзӯъҳои монанд:

Тақвими моҳи шарифи Рамазон барои соли 2017

Сиёсати давлати Тоҷикистон оиди дин

Мақоми дин дар ҷомеаи имрўза. Сиёсат ва дин (Ислом дар ҷаҳони муосир)

Озодандешӣ ва моҳияти он. Озодандешӣ таърихи пайдоиш ва эволютсияи он

Ҳаракатҳои оммавии динӣ – сиёсӣ дар Шарқи мусулмонӣ дар асрҳои XVII-XXI

Назарияи давлат ва ҳокимият дар ислом

Масъалаи ҳуқуқ дар ислом. Илми фиқҳ; мазҳабҳо дар дини ислом ҳанафия, маликия, шофеия, ҳанбалия

Тасаввуф ва дини ислом. Фалсафаи «ваҳдати вуҷуд» ва нақши он дар ҷаҳонбинии Абдураҳмони Ҷомӣ

Тасаввуф ва дини ислом. Тасаввуфи Ҷалолиддини Румӣ

Ҷавҳари таълимоти тасаввуф. Зинаҳои асосии тасаввуф. (Шариат, тариқат, маърифат ва ҳақиқат)

Коментари дохил карданд:

Каментарй дохил кард: Сафаров Вайсиддин
Санаи дохилгардида: 2017-04-11

Ассалому-Алейкум... Имон, саломат?, ?ама хуб? Худо аз ?амаи шумо Роз? Бошад... Узри зиёд, аммо ба фикрам, шумо Номи Худоро бо ?арфи хурд навиштед... Агар хатое кардабошам, узри зиёд... Ра?мат ба шумо... Боз:"Каментария"--"Шар?", мешавад... Ра?мат, АЛЛО? Нига?бон...


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: