|

Назарияи давлат ва ҳокимият дар ислом

Тартибдиханда: Р.К. Маллаев,    Д.Р. Ҷўраева

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2017-03-17

Идеали исломии идораи давлату ҷамъият, дар назарияҳои теократӣ ифодаи худро ёфтаанд. Фақеҳон ва дигар олимони ислом дар бораи зарурати дар дасти як шахс ҷамъ овардани ҳокимиятҳоӣ динӣ ва дунявӣ, ба ҳам пайвастани дину давлат, ки он бояд тамоми олами исломро дар бар гирад, ақида баён кардаанд. Дар ҳақиқат бошад, таърих нишон медиҳад, ки ин ҳолат танҳо дар замони хилофати Уммавиён ҷой доштаасту халос.
Меъёрҳои пешниҳоднамудаи Қуръон ва Сунна, оиди шакли давлату давлатдорӣ ва сохторҳои он, тарзҳои танзими фаъолияти давлати исломиро аниқ муайян накардаанд. Ба ин нигоҳ накарда, тафсиркунандагони Қуръон, дар асоси таҳлили матнҳои муқаддас, асарҳои махсусе офариданд, ки дар онҳо назарияи ҳокимият ва давлат дар ислом, ба вуҷуд оварда шудаанд.
Ғояи асосие, ки уламои ислом дар асоси он ақидаи худро баён кардаанд, дар Қуръон оварда шудааст. Мувофиқи он:  Оллоҳ ягона қонунгузор, иҷозатдиҳандаву манъкунанда дар олам буда, танҳо Ў, сарчашмаву манбаи ягонаи ҳокимияту давлат мебошад. Ҳокимияту давлат танҳо аз Худост. Беҳуда нест, ки дар Қуръон Худованд чун подшоҳи одамон (Малик ун-нас), номбар шудааст. Ба зиммаи пайғамбари ў, танҳо вазифаи назорат намудани аниқу дуруст иҷро шудани иродаю амри Худованд дар ҷомеаи мусулмонон, вогузошта шудаасту бас.
Асари аз ҳама мўътабартарин дар мазҳаби сунниён, оиди назарияи давлат ва ҳокимият, дар асри ХI аз тарафи фақеҳи машҳур Ал – Мавардӣ навишта шудааст. Назарияи сиёсӣ – ҳуқуқии пешниҳод намудаи ў  дар асоси қонсепсияи давлату ҳокимияти мазҳабӣ суннӣ меистад, оянда он танҳо аниқу пурратар карда шудаасту халос. Моҳияти он аз чунин нуктаҳо иборат аст:

  • Давлатро сарвари ягона халифа ё имом, ки  ў сарвари дин ва дар айни замон роҳбари ҳокимияти дунявӣ мебошад, бояд идора намояд. 
  • Мусулмонон як умматанд, бинобарин бояд як ҷомеа, як давлати ягонаю мутамарказ дошта бошанд ва аз ин рў ин давлат танҳо як роҳбар дошта метавонад. Халифа, сарвари давлат, бояд чун пайғамбари ислом Муҳаммад аз қабилаи қурайшиён бошад.
  • Халифа бояд шахси сазовору донишманд, инсони комил, донандаи фиқҳу аҳкомҳои шариат бошад. Халифаро бояд халқ интихоб намояд. Агар халифаи пешин ҷонишини худро таин намуда бошад ва ҷомеаи мусулмонон онро пазируфта бошанд, он шахс метавонад бо ризоияти ҷомеа давлатро идора намояд.
  • Халифа бояд ҳомии дин бошад, вазифаи имомиро ҳангоми гузаронидани маросимҳои динӣ иҷро намояд; давлатро идора кунад, ихтилофҳоро, ки дар ҷомеаи мусулмонон ба вуҷуд меоянд бартараф намояд; андоз ҷамъ кунад; аппарати давлатиро ташаккул диҳад ва амалдоронро ҷо ба ҷо гузорад.
  • Агар халифа аз ўҳдаи идораи давлату ҷомеа набарояд  мусулмонон  метавонанд ўро сарнагун намоянд.
  • Вазифаи асосии раият бошад итоат намудан ба халифа, супоридани андоз ва кўмак расонидан дар кори идораи давлат мебошад.

 

Тарҳи давлати теократие, ки фақеҳони исломӣ онро пешниҳод менамоянд идеалӣ буда, ба воқеияти реалӣ, ба ҳаёт ягон  мувофиқат надорад.
Консепсияи хилофат дар ислом дар тўли асрҳо борҳо дида баромада шуда, дар эволютсияи он давраҳо ва самтҳои муайяне мушоҳида карда мешаванд. Дар асри XIX ду доктринаи давлати исломӣ вуҷуд дошт:
1). Доктринаи расмӣ. Мувофиқи он султони турк, ки унвони амиралмўъмининро гирифта буд, ягона ҳомии мусулмонон ҳисоб шуда, бояд хилофатро роҳбарӣ мекард.
2). Доктринаи мухолиф (оппозитсионӣ), мақсад дошт, ки хилофати арабро аз нав эҳё кунад.
Дар асрҳои XIX — XX синтези ғояҳои пантуркӣ ва панисломӣ ташаккул ёфт. Ин ғояҳо дар асари Рашид Ридо (1865 — 1935) «Хилофат ё Имомати Бузург» оварда шуданд. Идеяҳое, ки Рашид Ридо тарғиб менамуд аз ғояҳои фақеҳони асримиёнагӣ фарқи куллие надошт, ў низ аз он асос бармеомад, ки ислом шакли комили давлату давлатдориро кор карда баромадааст. Мувофиқи он халифа (яъне султони турк) «сояи Худо дар рўи замин» буда, ҳомии асосии мусулмонон мебошад. Хилофат, ба ақидаи Рашид Ридо дар кори эҳёи ислом нақши бузурге дорад, қонунӣ будани ҳокимияти султони турк аз болои ҳамаи мусулмонон ба ақидаи ў шубҳанопазир аст. Оиди он, ки оё ҳамаи мусулмонон султони туркро чун халифа эътироф доранд ё не? Барои ў аҳамият надорад. Мундариҷаи асосии давлати исломиро Рашид Ридо дар мувофиқии он ба ислом ва талаботи шариат мебинад.
Рашид Ридо муътақид аст, ки аврупоиён идеяҳои сиёсии худро аз он ҷумла парламентаризм, ҳувияти миллӣ, ҳимояи ҳуқуқии шаҳрвандон ва ғайраро аз Қуръон гирифтаанд. Ба ақидаи ў барои халосии дини ислом аз «ҷоҳилии мусулмонон ва материализми аврупоӣ» эҳё намудани хилофати исломӣ зарур аст. Ин ғояҳои Рашид Ридо ҳоло дар асоси идеяи хилофат ва консепсияи суннии ҳокимияти давлатӣ меистад. Намунаҳои гуногуни ҳокимияти исломиро  дар ҷаҳони имрўза мо дар мисоли Арабистони Саудӣ, Эрон, Афғонистон ва дигар давлатҳои «прогрессивии» исломӣ мебинем.
Консепсияи ҷанг ва сулҳ дар ислом. Ҷиҳод

Консепсияи ҷанг ва сулҳ дар ислом дар таълимот оиди ҷиҳод (ҷиҳод аз арабӣ ҷидду ҷаҳд, кўшишу ғайрат тарҷума мешавад) ифодаи худро ёфтааст. Ҷиҳод яке аз вазифаҳои муҳим ва масъултарини ҳар як мусулмон ҳисоб мешавад. Тафсири ғайриисломии истилоҳи ҷиҳод онро чун муборизаи яроқноки мусулмонон бо намояндагони динҳои дигар маънидод мекунанд, ки ин хато аст. Ҷанг баҳри дин, барои ҳимоя ё интишори он ғазо номида мешавад. Ҷиҳод дар тафсири исломӣ маъноҳои гуногун дорад, он метавонад ҷидду ҷаҳд, кўшишу ғайрат дар ҳимояи дин бошад ва ҳам кўшиши ғайрат барои пурқувват кардани дину эътиқод. Дар ибтидо ин истилоҳро ҳангоми ба ислом дохил намудани аъробиёни бутпараст истифода мебурданд, ки он ҳам бо роҳи ҳарбӣ ва ҳам бо ташвиқу тарғиб пеш бурда мешуд ва он аксаран ба хусусияти фаъолияти пайғамбари ислом дар Макаю Мадина вобаста буд.
Мувофиқи таълимоти Қуръон мусулмонон бояд:
1). Бо ҷоҳилон ихтилофу тақобул накарда, бо роҳи сулҳу салоҳ, бо сухан онҳоро ба дини ислом даъват намоянд.
2). Агар нашавад бар зидди онҳо ҷанги мудофиавӣ баранд.
3) Ҳангоми моҳҳои муқаддас аз ҷангу хунрезӣ худдори кунанд.
4). Дар дигар вақт ҳамаи воситаҳоро истифода бурда бар зидди онҳо биҷанганд.
Чӣ хеле ки дида мешавад дини ислом тарафдори бо роҳи сулҳу салоҳ ва ташвиқу тарғиб, бо роҳи гуфтушунид ҳал кардани ҳар як низоъ ва ҳар як масъалаи баҳсталаб мебошад.
Бо мурури замон консепсияи ҷиҳод тағйир ёфт ва ба худ тобишҳои гуногунро гирифт. Чунин мафҳумҳо дар ҷиҳод кор карда баромада шуданд:

  • «Ҷиҳоди қалб», - мубориза ва ҷидду ҷаҳд бар зидди рафторҳои баду ношоями худ, яъне мубориза барои покии қалб.
  • «Ҷиҳоди забон», - нигоҳ доштани забон аз алфози бад, яъне сухан танҳо ба некӣ гуфтан.
  • «Ҷиҳоди даст», - ҷазо додан ба вайронкунандагони ахлоқу ҷинояткорон.
  • «Ҷиҳоди теғ», - бурдани муборизаи яроқнок бар зидди душманони ислом.

Чуноне ки дар ин ҷо дидем аз чор тафсири ҷиҳод танҳо яктояш муборизаи яроқнокро бар зидди душманони дин дар назар дорад. Ба муҷоҳидони роҳи ислом ҷаннат ваъда дода шудааст. Мувофиқи таълимоти уламои ислом ҷиҳоде, ки барои такомули маънавӣ бар зидди камбудиҳои худи инсон равон карда мешавад ҷиҳоди кабир (бузург) асту ҷиҳоде, ки бо яроқ бар зидди душман бурда мешавад ҷиҳоди сағир (хурд).
Бо пайдоиши хилофати араб, ки халқҳои гуногун ва дину оинҳои гуногун дар қаламрави хилофат ҷамъ оварда шуда буданд, консепсияи ҷиҳод аз навдида баромада шуда бо чунин нуктаҳо пурра карда шуд:

  • «Хоки ислом» - сарзамине, ки дар он ҷо дини ислом ҳукмрон аст.
  • «Замини ҷанг» - сарзамине, ки он ҷо аз қаламрави ислом берун аст.
  • «Замини муросо» - сарзамине, ки он ҷо дигар дин ҳукмрон  буда, мусулмонон дар он ҷо озодона зиндагӣ мекунанд ва дину оини онҳо таъқиб карда намешавад.

Сиёсати динӣ дар кишварҳои истилошуда, асосан ба манфиатҳои иқтисодӣ тобеъ карда шуда буд, аксаи ҳокимон зидди ба ислом гузаштани халқҳои дигар буданд, зеро ғайримусулмонон андози хеле зиёд месупориданд, бинобарин аксаран дар кори ҷорӣ намудани дин зўроварӣ вуҷуд надошт. Намояндагони динҳои монотеистӣ ба мисли яҳудиёну насрониён бошанд дар қабули дин умуман ихтиёри озод доштанд.
Уламои ислом дар тўли асрҳо меъёрҳои муносибати байни мусулмонон ва ғайримусулмононро дар замони осоишта ва дар шароити ҷанг кор карда баромаданд. Онҳо маҷмўаи қоидаҳоро тартиб доданд, ки мувофиқи он аз ҷиҳоди яроқнок чунин шахсон озод карда мешуданд:

  • Он касоне, ки иҷозати волидонро барои иштирок дар ҷиҳод нагирифтаанд.
  • Он касоне, ки қарздоранд ва аз қарзхоҳон иҷозати иштирок дар ҷиҳодро нагирифтаанд.
  • Он касоне, ки қудрати харидани лавозимоти ҳарб (яроқро) надоранд.
  • Инчунин ходимони дин, олимону шоирон, ки қобилияти ҳарб карданро надоранд.
  • Ҳангоми ҷиҳод куштани занҳо ва ноболиғон қатъиян манъ аст.

Ин маҷмўаи қоидаҳо, ки ба ҷиҳод дахл дорад ва муносибати мусулмононро бо халқҳои дигар ба танзим медарорад, асоси «ҳуқуқи байналхалқии исломӣ»-ро ташкил медиҳанд.
Дар даврони мустамликадорӣ ғояҳои ҷиҳод чун мубориза бар зидди зўроварии мамлакатҳои Ғарбӣ истифода бурда мешуд. Ҳоло ғояҳои ҷиҳодро гурўҳу ҳизбҳои фундаменталистӣ ва терористон барои амалӣ намудани мақсадҳои ғаразнокашон истифода бурданӣ мешаванд.
Аксари калони идеолагҳои дини ислом, уламои ислом бартариятро ба он ҷиҳоде медиҳанд, ки он ба ҷангу хунрезӣ вобаста набошад. Ҷидду ҷаҳд баҳри ободию гул – гулшукуфии ватан; ба амал баровардани нақшаҳои инкишофи иқтисодию иҷтимоии кишвар; ҷидду ҷаҳд барои ба даст овардани донишу ихтисос барои хизмати оянда ба ватану волидон аз қабили ҷиҳодҳои кабир ҳисобида мешавад. 

Дидан карданд: 1386

Мавзӯъҳои монанд:

Тақвими моҳи шарифи Рамазон барои соли 2017

Сиёсати давлати Тоҷикистон оиди дин

Мақоми дин дар ҷомеаи имрўза. Сиёсат ва дин (Ислом дар ҷаҳони муосир)

Озодандешӣ ва моҳияти он. Озодандешӣ таърихи пайдоиш ва эволютсияи он

Ҳаракатҳои оммавии динӣ – сиёсӣ дар Шарқи мусулмонӣ дар асрҳои XVII-XXI

Назарияи давлат ва ҳокимият дар ислом

Масъалаи ҳуқуқ дар ислом. Илми фиқҳ; мазҳабҳо дар дини ислом ҳанафия, маликия, шофеия, ҳанбалия

Тасаввуф ва дини ислом. Фалсафаи «ваҳдати вуҷуд» ва нақши он дар ҷаҳонбинии Абдураҳмони Ҷомӣ

Тасаввуф ва дини ислом. Тасаввуфи Ҷалолиддини Румӣ

Ҷавҳари таълимоти тасаввуф. Зинаҳои асосии тасаввуф. (Шариат, тариқат, маърифат ва ҳақиқат)

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: