|
youtaj

Тасаввуф ва дини ислом. Тасаввуфи Ҷалолиддини Румӣ

Тартибдиханда: Р.К. Маллаев,    Д.Р. Ҷўраева

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2017-03-17

Барои дурусттар фаҳмидан ва дарк намудани тасаввуф ва муносибати дини радикалии ислом ба он шинос шудан бо ҷаҳонбинии бузургтарин намояндагони ин равияи исломӣ зарур аст. Бинобарин мо аз садҳо сўфиёни машҳур ду шахси бузургро, ки онҳо байни тоҷикон ва дигар халқҳои ҷаҳон маҳбубу машҳуранд, номи ҷаҳонӣ доранд, - Ҷалолиддини Румӣ ва Абдураҳмони Ҷомиро интихоб намудем. 

 Ҳаёт, эҷодиёт ва ҷаҳонбинии Ҷалолиддини Румӣ

Ҷалолиддини Румӣ баъзан ўро Балхӣ гўянд (1207, Балх – 1273, Кунияи Рум, ҳоло Туркия), шоир ва мутафаккири бузурги форсу тоҷик. Номаш Муҳаммад, лақабаш Ҷалолуддин нисбаташ Румӣ ё Балхист. Падараш Баҳоуддини Валад аз фақеҳони машҳури Балх буд. Ў дар арафаи ҳуҷуми Чингизиён аз Балх ба Нишопур фирор кард. Ҷалолиддини Румӣ дар Шом, Ҳалаб, Арзинҷон зиндагӣ карда, дар он ҷойҳо риёзиёт фиқҳ, илоҳиёт, таърих ва дигар илмҳои замонаашро омўхтааст. Соли 1232 ў мурид ва шогирди сўфии маъруф Бурҳонуддин шуда, аз ў тариқати сўфия ва шариатро омўхтааст. Ў Кунияро ҷои истиқомат қарор дода, пешаи мударрисиро ихтиёр намуд. Дар он ҷо ў бо Шамсуддини Табрезӣ ошноӣ пайдо кард ва ўро устоди худ хонд.
Футуват ё ҷавонмардӣ ифодаи беҳтарини идеалҳои ахлоқии асримиёнагӣ буда, дар байни косибон васеъ паҳн шуда буд. Аз ин рў, ў ба ин маҳфили косибон аз  наздик шинос шуда, баъди вафоти устодаш Шамси Табрезӣ Салоҳуддини Заркўбро, ки ба касби заргарӣ машғул буд, садри силсилаи мавлавия эълон кард. Ин бошад боиси норозигии аъёну ашроф ва шаёхони Куниягӣ гашт.  
Ҷалолиддини Руми аз худ осори бое дар ганҷинаи маданияти умумиҷаҳонӣ боқи гузоштааст. Ў на танҳо шоир инчунн мутафаккири бузурги замони худ буд, ки дар инкишофи озодфикрӣ ва тараққиёти тафаккури назариявӣ хизмати бузурге кардааст. «Девони кабир», «Маснави маънавӣ», «Фиҳи мо фиҳи», «Мактубот» ва ғайра шоҳиди барҷастаи он мебошанд.
Вазъияти иқтисодию сиёсӣ, сиёсати берунаи таҷовузкоронаи Салҷуқиён, ба ғазою ҷиҳод (зидди динҳо ва давлатҳои дигар) даъваткунии онҳо, дар илоҳиёт ва фалсафа баҳси доманадореро доир ба таасуби динӣ ва муносибати динҳои дигар ба «ваҳдати вуҷуд» ба миён овард.
Гурўҳе, ки манфиати аъёну ашроф ва шайхони равияҳои гуногунро ифода мекард, ҳисси бадбиниро ба халқҳои ғайри мусулмон тарғиб намуда, мусулмононро ба ҷиҳод ва ғазовот даъват менамуд.
Гурўҳи дигар ҳамаи динҳоро баробар эълон намуда онҳоро ба сулҳу салоҳ ва муросо даъват менамуд, таасуби динҳои гуногунро зери тозиёнаи танқид мегирифт. Ҷалолиддини Румӣ аз сарварони гурўҳи дуюм ва назариётчии бузурги он буд.
Баҳсу мунозара дар атрофии ин масъала чунон тезу тунд шуд, ки қисме аз уламои ислом ва аъёну ашрофи салҷуқӣ ба таҳқиру таъқиби рўирости Ҷалолиддини Румӣ гузаштанд. Ў ба ин нигоҳ накарда, заминаи назариявии ақидаи худро ҳар чӣ бештар аз ҷиҳати ақлию мантиқӣ асоснок менамуд. Асосу пояи радду инкори таасуб дар назарияи маърифати Ҷалолиддини Румӣ мушоҳида мешавад.
Худо моҳияти ғайримушаххаси олами мушаххас аст, бинобарин ягон дину оин дар бораи вай ба таври мушаххас чизе гуфта наметавонад. Азбаски Худо мавҳум ва барои идрок маълум аст, бино бар ин тасаввуроти динҳои мавҷуда маҳсули таҳайюл ва тасаввуроти субъективии одамонанд. Аз ин ҷост, ки мардум «асрори илоҳӣ»-ро баён кардани шуда, дар асл образҳои ботинии худро ба ивази асрори ноаёни аллоҳ ба миён мегузоранд.  Ў менависад, ки: «Одамон андар дил рўи ботин муҳибби ҳаққанд ва толиби ўянд ва ниёз бад-ў доранд. Ва ҷуз вай чизи дигареро қодир ва мутасаррифи худ намедонанд. Ин маънӣ на қуфр аст, на имон ва онро дар ботин номе нест. Аммо чун аз ботин сўи новадони забон он оби маънӣ равон шавад ва афсурда гардад, нақш ва иборат шавад, ин ҷо номаш неку бад ва куфру имон шавад… Пас андешаҳо, модом ки дар ботинанд, бе ном ва нишонанд Бар эшон натавон ҳукм кардан на ба куфр на ба имон. Акнун чун дар иборат омад, ин соат тавон ҳукм кардан ба куфру ислом ва неку бад».
Ақидаҳои Ҷалолиддини Румӣ зидди таасуби динӣ ва низоъу нифоқи мазҳабианд. Дар ҷаҳонбинии ў он ҳудуде, ки ислом байни мусулмонон ва дигар мардумони ғайри ислом мегузошт бардошта шудааст, яъне ҳамаи дину мазҳабҳо нишонаи эътибору эътиқод ба Худост.

Масъалаи «ваҳдати вуҷуд» дар фалсафаи Ҷалолиддини Румӣ

Нисбӣ будани тамоми таълимотҳои динӣ, доир ба моҳияти ваҳдати вуҷуд ва шинохтани он дар назарияи маърифати ў боз ҳам қавитар садо медиҳад. Мафҳуми худоро ў аз ду ҷиҳат мавриди назар қарор медиҳад: Худоро ҳамчун қувваи офаридагор аз назари теологӣ баҳо дода, тартиби оламро як навъ нишона, зуҳуроти мақсадноки ин қувва мешуморад. Дар ин роҳ диалектикаи ҷараёни меҳнати инсон, аналогияи он қарор мегирад. Бо ибораи дигар, меҳнати мақсадноки инсон аз заминаи моддии он яъне амалӣ канда шуда, ба офаридагор табдил меёбад. Минбаъд ҳамчун «моҳияти бечуну чаро» ва «бемислу монанди»-и олам қарор гирифта, ба объекти назарияи маърифат табдил меёбад.
Бидъати Ҷалолиддини Рум муқобили дини ислом ва умуман динҳои маъмули дигар аз завқи иҷтимоию сиёсии вай сар зада, бо воситаи назарияи маърифаташ ба субут мерасад. Назарияи маърифати  мутафаккир пур аз унсурҳои диалектикист, ки аз мантиқи ашё ва воқеият дар роҳи исботи ваҳдати вуҷуд сар мезанад. Ҷалолиддини Румӣ оламро таҷассуми «ақли кулл» дониста таъкид мекунад, ки ба мисли ҷон, ки ҷисмро ҳидоят мекунад,  «ақли кулл»  ҳам низоми оламро дар даст дорад:

Ў чу ҷон асту ҷаҳон чун колбад,
Колбад аз ҷон пазирад неку бад.
Ҷисм зоҳир, рўҳ махфӣ омадаст,
Ҷисм ҳамчун остин рўҳ ҳамчу даст.  

Дар таълимоти Ҷалолиддини Румӣ ба таври мавҳум диалектикаи муносибати моҳият ва ҳаводис, диалектикаи муносибати дониши конкретӣ ва абстрактӣ мушоҳида мешавад. Ҳаракати Ҷалолиддини Румӣ дар роҳи ба тамсили ваҳдати вуҷуд табдил додани низоми диалектикии олами моддӣ боиси ғолиб шудани мантиқи объективӣ бар мантиқи субъективӣ мешавад:
Нестро бинмуд ҳаст он мўҳташам,
Ҳастро бинмуд дар шакли адам.
Баҳрро пўшиду кафк кард ошкор,
Бодро пўшиду бинмудаш ғубор.
Чун манора хок печон дар ҳаво
Хок аз худ мебарояд бар ало?

Ба туфайли таҳлили таносуби моҳияту зуҳуротҳои ҳодисаҳоии воқеӣ  ва тарзи маърифати онҳо, Ҷалолиддини Румӣ беихтиёр ба сўи алоқамандии дониши ҳиссӣ, ақлӣ ва мантиқӣ назар карда, бидуни рои оқилонаи худ, ба нақши дониши дониши ҳиссӣ ва гузаштан аз ҳаводис ба моҳият қоил мешавад:
Зоҳиран гир ар чи зоҳир кам бувад,
Оқибат зоҳир сўи ботин равад.

Ҷалолиддини Румӣ тавассути мантиқи ашё ба хулосае меояд, ки равзанаи маърифати мантиқӣ ва сарчашмаи он дониши ҳиссист. Вале вақте ки ў аз тамсили ашё ба исботи «ваҳдати вуҷуд» мегузарад, эҳсос ва ҳатто ақро ба донистани он як чизи нолозим дониста, масъалаи камолоти маънавии инсонро ба миён мегузорад ва мақсади охирини инсонро васл шудан ба ақли кулл медонад:

Чун худо моро барои он фарохт,
Ки бо мо битвон ҳақиқатро шинохт.

Ақли кулли Ҷалолиддини Румӣ ҷуз тафаккури абстрактӣ дигар чизе нест, ва дар фалсафаи ў, ин тафаккури абстрактӣ аз заминаи моддиаш канда шуда, характери мутлақ гирифтааст ва ба офаридагор табдил ёфтааст. Донистани ақли кулл ба фикри ў на ба ҳар як кас муяссар мешавад. Фақат ҳамон кас ба он ноил мегардад, ки ба куллӣ муҷтаҳиди ақли кулл шуда, аз олами моддӣ даст кашад. Бо ин мақом ақли ҷузъи ба ақли кулл пайваст шуда, қатра ба баҳр ҳамроҳ шуда баҳр мегардад. Ҳамин маънӣ моҳияти асосии худшиносӣ дар афкори ирфониро дар фалсафаи Ҷалолиддини Румӣ, ифода мекунад. Ў дар ин бора навиштааст:
Гар зи ному ҳарф хоҳӣ бигзарӣ,
Пок, ки худро зи худ ҳам яксарӣ.
Хешро софӣ кун аз авсофи хеш,
То бубини зоти поки софи хеш.

Он чие ки инсонро бо Худо мепайвандад ва ба асли он айният дорад ваҳм (хаёл, тафаккури абстрактӣ) аст. Ваҳм чӣ ба маънои ақли кулл ва чӣ ба маънои ақли ҷузъ махлуқ аст, танҳо фарқ дар он аст ки намунаи офаринишро ақли ҷузъ аз ақли кулл мегирад. Аммо ақли кулл ба намуна ва омўзиш мўҳтоҷ нест. Ақли кулл барои мутафаккир рамзи Худоест, ки онро  бо эҳсос дарк кардан мумкин нест, валекин тамоми олам таҷассуми он аст.
Ваҳм махлуқ асту мавлуд омадаст,
Ҳақ назоидаасту ў лам юлад аст.
Ошиқи тасвири ҳам хештан,
Кай бувад аз ошиқони зулматан.
Ошиқи он ваҳм агар содиқ аст.
Он маҷозаш то ҳақиқат меравад.
Ҷалолиддини Румӣ аз назари методи ратсионалистӣ ба шарҳу баёни мақомоти «фано» ва «бақои» сўфиён пардохтааст, вале ў таълимоти пантеистӣро мувофиқи назарияи маърифати худаш баён мекунад. Ў ин назарияро бо он асоснок кардани мешавад, ки инсон аз ду мабдаъ иборат аст – рўҳонӣ ва ҷисмонӣ. Ҷисми инсон ба «олами сағир» ё худ олами моддӣ таалуқ дошта, рўҳи ў ба «олами кабир» ё худ малакутӣ мансуб аст:

Пас ба маънӣ олами кубро туӣ,
Пас ба сурат олами суғро туӣ.

Байни ин ду мабдаъ таноқуз вуҷуд дорад. Васл гардидани инсон бо олами улвӣ, раҳидани рўҳи ў аз ҷисм ва пайвастани он бо «ақли кулл» маънои худошиносиеро медиҳад, ки дар он пеш аз ҳама, худшиносии шахсии инсон дар назар дошта шудааст. Ҷалолиддини Румӣ бо ратсионализми худ таълимоти  «фано» ва «бақо»-ро асоснок карда, ононеро, ки Мансури Ҳаллоҷ, Ҷунайди Бағдодӣ, Айнулқуззот ва дигаронро бо азобу шиканҷа ба қатл расонида буданд душманони Худо мешуморад.

Масъалаи озодии ирода дар фалсафаи Ҷалолиддини Румӣ

Масъалаи дигаре, ки асрҳо тўл ёфта диққати мутафаккирро ба худ ҷалб кардааст, масъалаи озодии ирода мебошад. Фатализм (яъне боварӣ ба тақдир қазою қадар) меҳвари исломро ташкил медиҳад, он тақдири инсонро пурра ба иродаи Худо вобаста медонад. Ҷалолиддини Румӣ  ба ҳалли ин масъала кўшида, ихтиёрро амалиёти мақсадноку бошууронаи инсон меҳисобад. Азбаски инсон ҳар амалро бо андешаае содир мекунад. Бинобар ин ў дар амали содиркардааш мухтор ва ба оқибати он масъул мебошад. Бедоршавии ҳисси интиқом, мегўяд ў, аз мухторияти афъолу аъмоли инсон нишон диҳад. На танҳо ба ҷо овардани майлу хоҳиши инсон, балки ба ҷо овардани амру наҳйи Худо ҳам вобаста ба иродаи инсон аст. Ҷабрия аз озодии ирода, аз мухтор будани амалиёти инсон чашм пўшида, ҳамоно гуноҳашро аз Худо медонад:

Дар хирад ҷабр аз қадр расвотар аст,
З-он ки ҷабрӣ ҳисси худро мункар аст.

Мутафаккир на танҳо аз ҷиҳати назариявӣ бемантиқии пешакӣ муайян кардани тақдири инсонро аз тарафи илоҳӣ ботил месозад. Балки зарари амалии онро низ нишон медиҳад. Ў дуруст пай бурдааст, ки агар масъулияти рафтори одамон аз зиммашон гирифта шавад, ин боиси бемасъулиятии одамон ва бесару сомонии иҷтимоӣ мешавад.
Инсонпарварӣ ва халқпарварӣ оҳангест, ки тамоми эҷодиёт ва фалсафаи Ҷалолиддини Румиро фаро гирифтааст, аз ин рў тамоми халқҳои ҷаҳон, новобаста ба дину мазҳабашон, ўро мепазиранд ва эҳтиром менамоянд. Ҷалолиддини Румӣ бо таълимоти фалсафию ирфонии худ дар инкишофи афкори маънавии халқҳои Шарқ саҳми босазое гузоштааст.

Дидан карданд: 2448

Мавзӯъҳои монанд:

Тақвими моҳи шарифи Рамазон барои соли 2017

Сиёсати давлати Тоҷикистон оиди дин

Мақоми дин дар ҷомеаи имрўза. Сиёсат ва дин (Ислом дар ҷаҳони муосир)

Озодандешӣ ва моҳияти он. Озодандешӣ таърихи пайдоиш ва эволютсияи он

Ҳаракатҳои оммавии динӣ – сиёсӣ дар Шарқи мусулмонӣ дар асрҳои XVII-XXI

Назарияи давлат ва ҳокимият дар ислом

Масъалаи ҳуқуқ дар ислом. Илми фиқҳ; мазҳабҳо дар дини ислом ҳанафия, маликия, шофеия, ҳанбалия

Тасаввуф ва дини ислом. Фалсафаи «ваҳдати вуҷуд» ва нақши он дар ҷаҳонбинии Абдураҳмони Ҷомӣ

Тасаввуф ва дини ислом. Тасаввуфи Ҷалолиддини Румӣ

Ҷавҳари таълимоти тасаввуф. Зинаҳои асосии тасаввуф. (Шариат, тариқат, маърифат ва ҳақиқат)

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: