|

Мақсад, вазифа ва сохтори курси «Демография»

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Сино Эгамбердиев

Санаи дохилгардида: 2013-01-05

Нақша:
1. Мавзeъ, Мазмун, қисмҳои асосӣ ва вазифаҳои демографияи аҳолӣ.
2. Аз таърихи тадқиқоти аҳолӣ.
3. Демографияи аҳолӣ дар системаи илмҳо.

1. Мавзeъ, Мазмун, қисмҳои асосӣ ва вазифаҳои демографияи аҳолӣ
Аҳолӣ ҳама вақт яке аз объекти муҳимтарини омeзиш ва тадқиқоти олимони соҳаҳои гуногуни илм, аз он ҷумла илми қадими география ба шумор меравад. Аз давраҳои ибтидоии ташаккулёбӣ ва рушди илми география то замони мо мазмуни асосии онро Замин ва Одамон, мамолик ва сокинони онҳо ифода мекард ва карда истодааст. Онро ҳам дар китоби «Географика»-и Эротосфен (а.III. то мелод),дар «География»-и Страбону (а.I.м.) Птоломей(а II.м.) ва ҳам дар асарҳои географияи муосир ба осонӣ дидан мумкин аст.
Бо мурури гузашти вақт ва тақсими (дифференсиатсияи) илми география, ва мустақим гардидани географияи иқтисодӣ он ба омeзиши аҳолӣ ва пеш аз ҳама, ба омeзиши машғулият ва фаъолияти хоҷагии аҳолӣ ҳамчун қувваи асосии истеҳсолкунандаи ҷамъият диққат дод.
Дар замони мо ҳам яке аз вазифаҳои асосии географияи иқтисодӣ ва иҷтимоии муосир тадқиқи аҳолӣ, шумораи аҳолӣ ва тағйироти (динамика)-и он, сохтор ва ҷойгиршавии қаламрави аҳолӣ, маҳалҳои (мавзеъ ё қарияҳои) аҳолинишини типҳои гуногун, хусусиятҳои регионии (манотиқ)ии фаъолияти истеҳсолии одамон, инчунин таҳлили тағйироти ин нишондиҳандаҳо дар раванди тараққиёти ҷамъият ва пешгeӣ (пешбинӣ) кардани аҳолӣ мебошад. қисми таркибии тадқиқотҳои умумии географиро маҳз масъалаҳои номбурда ташкил дода, он бо ҳамроҳии аҳолӣ табиат ва хоҷагиро низ дарбар мегирад.
Дар айни замон, географон (географшиносон) дар ҳамкорӣ бо намояндаҳои илмҳои дигар-демографон, (аҳолишиносон) мардумшиносон (этнографҳо), ҷомеашиносон (сотсиологҳо), ва иқтисодчиён дар тадқиқи бисьёр масъалаҳои мубрами аҳолӣ низ саҳмгузор ҳастанд.
Истилоҳи «аҳолӣ» гурeҳи территории одамонро, яъне мардумони дар территорияи муайян иқоматкунандаро ифода карда, истилоҳи географӣ ба шумор меравад. Бинобар ин географияи аҳолӣ ҳамчун илм ба тариқи маҷмeӣ гурeҳи территории аҳолӣ ва системаи нуқтаҳои (маҳал,мавзеъ қарияҳо)-и аҳолинишинро, хусусиятҳои ташаккулёбӣ ва тараққиёти онҳоро дар шароитҳои гуногуни иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва табиӣ-географӣ меомeзад. Аз ин рe он қисми таркибӣ ва умдатарини географияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба шумор меравад. Бо вуҷуди он, байни олимон масъалаи мазкур мавриди баҳс аст. Бисьёр олимон географияи аҳолиро ҳамсафи географияи иқтисодӣ (на як ҷузъи асосии он) меҳисобанд. Мавзeъҳои (предмети ) тадқиқоти географияи иқтисодӣ ва геграфияи аҳолӣ аз ҳам фарқ доранд: масъала ин аст, ки географияи аҳолӣ ба омeхтани маҷмeиёти аҳолӣ (шумора ва динамикаи он,таҷдид ва сохтори аҳолӣ, ҷойгиршавии территории аҳолӣ, шабака ва системаи маҳалҳои аҳолинишин) машғул аст, вале географияи иқтисодӣ асосан шаклҳои гуногуни территорӣ ва равандҳои фаъолияти хоҷагии одамонро меомeзад. ҳамчунин олимони хориҷӣ низ ба монанди Р.М.Кабо, Г.Т.Треварта, П. Жорж ) андеша доранд, ки географияи аҳолӣ қисми сеюми география дар қатори географияи табиӣ ва географияи иқтисодӣ ҳисобида шавад.
Дар нимаи дуюми асри ХХ географияи иқтисодӣ бештар ба тадқиқоти иҷтимоиёти ҷамъият диққат дода, номи географияи иқтисодӣ ва иҷтимоиро (сотсиалиро) гирифт. Ин ҳолат сабаби боз ҳам наздикшавии географияи аҳолӣ ба географияи иқтисодӣ гардид.Олимон дарк намуданд, ки одамон, аҳолӣ, на танҳо «якумин қувваи истеҳсолкунандаи тамоми инсоният», «дастони тиллоӣ» мебошанд, балки дар як вақт ҳам истеҳсолкунанда ва ҳам истеъмолкунанда ба шумор мераванд.
Умуман, дар раванди ҷамъият аҳолӣ бо чор сифатҳои худ иштирок дорад: а) ҳамчун субъекти истеҳсолот, яъне истеҳсолкунанда; б) ҳамчун истеъмолкунандаи неъматҳои моддӣ ва маънавӣ (интелектуалӣ); в) ҳамчун таҷдидкунандаи (барқароркунандаи) насли худ; г) ҳамчун узви (звенои) асосии алоқа ва таъсири мутақобилаи байни табиат ва хоҷагӣ мебошад (зеро маҳз ба воситаи фаъолияти хоҷагии аҳолӣ таъсири табиат ба хоҷагӣ ва таъсири хоҷагӣ ба табиат амалӣ мегардад)
Бояд қайд кард, ки дар солҳои аввали ҳокимияти шeравӣ (солҳои 20-30ми а.ХХ) географияи иқтисодӣ асосан ба тадқиқи ҷойгиршавии истеҳсолот ва ноҳиябандии иқтисодӣ машғул гардида, географияи аҳолиро (ва умуман аҳолиро) сарфи назар карда буд.
Аз ин ҷост, ки Н.Н Баранский ҳолати онвақтаи географияи иқтисодиро таҳлил карда, қайд карда буд, ки «…одамро фаромeш кардаанд !!!»
Географияи аҳолӣ ҳамчун шохаи мустақими географияи иқтисодӣ дар Россия (собиқИҷШС) аз ибтидои солҳои 40-ми а.ХХ рeбаинкишоф ниҳод. Дар ин ҷода олимони рус бахусус Н.Н.Баранский,Р.М. Кабо саҳми арзанда гузоштанд. Дар шароити ҳозира географияи аҳолиро ҳамчун яке аз қисмҳои таркибии геограафияи том (умумӣ) ҳисобидан мумкин аст, ки қисми аввалини онро географияи табиат, ё худ географияи табиӣ, қисми дуюми онро географияи одам (антропогеография) ва ё географияи иҷтимоӣ номидан мумкин аст,(ки он тамоми чизҳои дар натиҷаи ҳаёт ва фаъолияти одамон ба вуҷуд омадаро меомeзад).
ҳамчунин географшиноси машҳури рус, акад. Калесник С.В. дар ин маънӣ чунин гуфта: «умуман илмҳо чун маҷмeи донишҳо дар бораи табиат, ҷамъият ва тафаккур моҳиятан ягонаанд...Аз ин лиҳоз, ҳама гуна гурeҳбандии илмҳо шартӣ аст» Бинобар ин географияи аҳолӣ ва иҷтимоиро қисми географияи иқтисодӣ шуморидан ва ё мустақил ҳисобидан саҳеҳ нест.
Бояд гуфт, ки асоси назариявии ҳар илмро объект ва предмети (мавзeи) омeзиши он муайян мекунад. Объекти интиҳоии географияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ муҳити географӣ ва ҷамъият дар таъсири мутақобила бо табиат мебошад.(муҳити географӣ-ин қисми азхудшуда ва ба фаъолияти ҳаётии ҷамъияти инсонӣ ҷалбшудаи табақаи географӣ мебошад). Ба объекти географияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ аҳолӣ, сарватҳои табиӣ ва хоҷагӣ мансубанд. Предмети ин илм-тадқиқи ҳаматарафаи аҳолӣ, сарватҳои табиӣ ва хоҷагӣ дар алоқамандии территорӣ ва фазоӣ- вақтии онҳо мебошад.
ҳамин тавр, агар географияи аҳолиро чун қисми геграфияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ҳисобем, он гоҳ мавзeи он омeхтани хусусиятҳои территории шумора, динамика, ҳайат,ҷойгиршавии аҳолӣ ва маҳалҳои аҳолинишин ба шумор меравад . Аз ин таърифот бармеояд, ки дар географияи аҳоли ду самти асосии ба ҳам алоқаманд мавҷуд аст: 1) тадқиқи аҳолӣ ва 2) тадқиқи маҳалҳои (мавзеъ, ҷой,қария,) аҳолинишин,шабака ва системаҳои он.Дар ҳар дуи самт ҳам тадқиқот дар воҳидҳои гуногуни территория- аз ҷаҳони том, регионҳои он, мамлакатҳо сар карда, то аглометатсияҳои шаҳрӣ, шаҳрҳо,деҳот ва воҳидҳои алоҳидаи сиёсӣ-маъмурӣ ва иқтисодӣ (масалан вилоятҳо,ноҳияҳои маъмурӣ, ноҳия ва зерноҳияҳои иқтисодӣ) бурда мешавад.
ҳангоми корҳои тадқиқотии худ географияи аҳолӣ аз тамоми усулҳои маълуми географӣ - иқтисодӣ ва иҷтимоӣ истифода мебарад, ки бо онҳо шумо аз фанҳои пештар омeхтаатон шинос ҳастед. Ин ҷо онҳоро фақат номбар мекунем: усулҳои таърихӣ, муқоисавӣ, тадқиқот ва мушоҳидаҳои саҳроӣ, усули омори аҳолӣ, ба харитагирии аҳолӣ,усулҳои иқтисодӣ - математикӣ ва дигарҳо.
Динамика (тағйирёбии) миқдори аҳолӣ),ҳайат, ҷойгиршавии аҳолӣ ва маҳалҳои аҳолинишин масъалаҳои зеринро дарбар мегирад:
1. Географияи таҷдиди аҳолӣ.
2. Географияи нажодҳои одамон.
3. ҳайати этникии аҳолии ҷаҳон.
4. Географияи динҳои ҷаҳонӣ
5. Сохтори иҷтимоии аҳолӣ ва сарвати меҳнат
6. Муҳоҷирати (миграцияи) аҳолӣ
7. ҷойгиршавии аҳолии ҷаҳон ва шаклҳои географии сокиншавӣ -маскуншавии аҳолӣ.
Масъалаҳои дар боло номбаршуда ду самти асосии тадқиқотҳои географияи аҳолиро ташкил медиҳанд:
а) тадқиқоти аҳолӣ. б) тадқиқоти маҳалҳои аҳолинишин, шабака ва системаҳои он.
Вобаста ба самтҳои тадқиқот географияи аҳолӣ ба ду қисми калон ҷудо мешавад:
1.қисми аввали географияи аҳолӣ масъалаҳои умумии аҳолиро (масъалаҳои демография,этнография,географияи муҳоҷирот, географияи сарватҳои меҳнат,ба харитагирии аҳолӣ ва амсоли инҳоро) дарбар мегирад.
2.қисми дуюми географияи аҳолӣ масъалаҳои шаклҳои сокиншавии аҳолӣ-маҳалҳои аҳолинишин, шабака ва системаҳои онро дарбар мегирад,
Вазифаҳои географияи аҳолӣ мухталифанд ва асоситарини онҳо инҳоянд:
-дар соҳаи назария: омeхтани тамоюл ва қонуниятҳои географияи таҷдиди аҳолӣ,таъсири мутақобилаи он бо табиат,ҷойгиршавии аҳолӣ:
- дар соҳаи амалия (дар иҷрои як қатор вазифаҳои амалӣ): ҳисобгирии аҳолӣ; тартиб додани мувозинати (баланси) меҳнат; банақшагирии сохтмони муассисаҳои хизматрасонӣ, бачагона, мактабӣ ва паҳн кардани донишҳои географияи аҳолӣ дар байни омма.
Дар қатори вазифаҳои умумии қайдшуда боз вазифае ҳаст,ки он дар ватанамон омeхтану тадқиқи аҳолиро ва умуман рушди, илми географияи аҳолиро ба дараҷаи баланди ҷаҳонӣ расонидан мебошад ва онро аз ҳар гуна каҷравиҳои идеологӣ (ба монанди аз ҳад зиёд сиёҳ кардани Малтус ва ақидаҳои он) озод кардан аст.

2. Аз таърихи тадқиқи аҳолӣ
Омeзши аҳолӣ аз замонҳои қадимулайём оғоз ёфта буд.
Дар навиштаҷотҳои қадимаи давлатҳои мухталифи ба ривоятҳои нопурраву афсонавии (аҷоибу ғароиби) сайёҳон, тоҷирон, сафирон асосёфта, муаллифони онвақта кeшиш кардаанд,ки тавсифи маҷмeии (комплексии) он давлатҳоро дар шакли табиат-аҳолӣ-хоҷагӣ ба қалам диҳанд.
Ҳанӯз дар а.III то мелод «Географика»и Эротосфен, дар а.I мелодӣ «География» и Старбон (иборат аз 17 китоб) ва ё дар а. II. мелодӣ «География»-и Птоломей навишта шуда будаанд,ки дар онҳо на танҳо табиати Замин тасвир карда шуда буд, инчунин онҳо манбаи бойи донишҳои этнографӣ ба шумор мераванд, Чунин тасвироти маҷмeии географӣ, ки дар онҳо ба аҳолӣ низ диққати ҷиддӣ дода шуда буданд, дар асрҳои миёна низ навишта шудаанд. Ва то а.ҷVIII географон аҳолиро дар чорчeбаи (ҳудуди) мамлактшиносӣ меомeхтанд. Дар омeзиши аҳолӣ дар ибтидои а.ҷVIII дифференсиатсия ба вуҷуд омада, илмҳои демография ва этнография пайдо шуданд. Дар охири а.ҷIҷ.аз ҳайати география анропогеография ҷудо мегардад. Асосгузори он географи немис Ф.Ратсел (1844-1904). буда, e дар асари «Антропогеография» вазифаи асосии антропогеографҳоро муайян карда, онро таъсири табиат ба рeҳ ва ҷисми халқҳо нишон додааст. Антропогеографҳо одамро (аҳолиро) ҳамчун организми биологӣ ҳисобида, роли ҳалкунанда бозидани таъсири муҳити табииро «ба рeҳ ва ҷисми фардҳо ва халқҳо» собит карданӣ мешаванд. Ин гуна ақидаҳо асоси детерминизми географиро ташкил медиҳад, ки мувофиқи он тамоми ҳодисаҳои ҳаёти ҷамъият ба хусусиятҳои шароити табиӣ ва мавқеи географии маҳал вобаста дониста мешавад. Фридрих Ратсел чунин мешуморад, ки шароитҳои табийи минтақаи мeътадили иқлим одамонро барои серҳаракатӣ, сохтмон, барпокунӣ маҷбур карда, махсусияти психологияи (рeҳиёти) онҳоро ташаккул додааст,ки бо фаъолиятнокиву кордонӣ, пухтакориву eҳдабароӣ фарқ дорад; майдони васеъ халқҳоро ба иқдоми қатъӣ ва бунёдкории ҷасурона ҳидоят мекунад,майдони танг бошад, баръакс, ба дудилагии буздилона ва хасисӣ маҷбур месозад; зиёд шудани аҳолӣ майдони навро талаб мекунад, вагарна ин ҳолат ба заиф шудани давлат меорад.

Скачат(118.5kb)

Дидан карданд: 4130

Мавзӯъҳои монанд:

Хусусиятҳои иҷтимои демографии, қобилият ва рафтори кормандон

Фавт ва фавтнокӣ, омилҳои ба он таъсиркунанда

Таваллуд, таваллуднокӣ ва омилҳои ба он таъсиркунанда

Таҷдиди аҳолӣ ва қонуниятҳои он

Шумора ва динамикаи миқдори аҳолӣ

Мақсад, вазифа ва сохтори курси «Демография»

Коментари дохил карданд:

Каментарй дохил кард: Сорбон Холзода
Санаи дохилгардида: 2018-10-11

Бародар Рефератора пурра партоед намешава

Каментарй дохил кард: юсуф реферат
Санаи дохилгардида: 2019-03-07

асосхои демография


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: